Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Оилаи Кукноргулҳо

Ба оилаи кукноргулҳо, тақрибан 600 хели растаниҳо таалуқ доранд. Онҳо гиёҳҳои яксола, бисёрсолаи алафӣ, баъзан нимбуттаву бутта ва дарахтони на он қадар калон мебошанд. Пояашон сершоха буда, аз берун бо мӯякчаҳои дурушт пӯшида гардидаанд. Xойгиршавии баргашон дар поя навбатӣ буда, паҳнаки парг пармонанди ба ҳиссаҳо xудо шуда мебошад
Оилаи Кукноргулҳо

Ба оилаи кукноргулҳо, тақрибан 600 хели растаниҳо таалуқ доранд. Онҳо гиёҳҳои яксола, бисёрсолаи алафӣ, баъзан нимбуттаву бутта ва дарахтони на он қадар калон мебошанд. Пояашон сершоха буда, аз берун бо мӯякчаҳои дурушт пӯшида гардидаанд. Ҷойгиршавии баргашон дар поя навбатӣ буда, паҳнаки парг пармонанди ба ҳиссаҳо ҷудо шуда мебошад.
Гули кӯкноргулҳо калонандозаи рангин буда, тоқа-тоқа ё дар хушагул ҷойгиранд. Гулпӯши гул дучанд аст. Дуто косатарг доранд, ки барвақт меафтанд. Тоҷбаргҳо аз чор гулбарги рангаш сурх, зард ё ширчоймонанд иборатанд. Миқдори гардбаргҳо хеле зиёд буда, тухмдон аз 1-2 ё ин ки аз мевабаргҳои бисёр таркиб ёфтааст.
Fӯра яклонагӣ ё қалбак бисёрлонагӣ мебошад. Меваашон ғӯзамонанди сертухм аст. Дар таркиби тухмашон миқдори равған ва сафеда хеле зиёд аст.
Аксарияти намояндагони оилаи кӯкноргулҳо растаниҳои заҳрнок ба ҳисоб мераванд. Лекин як қисми муайяани онҳо ба сифати растаниҳои давоӣ, хӯрокӣ(истеъмолӣ) ва ороишӣ мавриди истифодаанд. Баъзе хелҳои он чун алафи бегона дар киштзорҳои кишоварзӣ васеъ паҳн гардидаанд.
Лолаарӯсак дар минтақаҳои марғузор, бешазори паҳнбарг, нимбиёбон ва дар боғҳо нашъунамо карда, қариб 110 хели растаниҳоро дар бар мегирад. Аксари онҳо худрӯянд. Хусусан, лолаарӯсак дар байни кишти зироатҳои хӯшадору лӯбиё чун алафи бегона бо авҷ гул карда майдони киштзорро чун қолини сурх гулпӯш мегардонад. Пояи онҳо шохронда буда, бо мӯякчаҳо пӯшида мебошад. Гули онҳо калони лоламонанд аст (беҳуда нест, ки дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳуриямон онро чун “гули лола” низ ном мебаранд) ва рангҳои гуногун доранд. Тухмдон аз миқдори зиёди мевабаргҳо иборат аст. Гардгирак бошад бевосита дар болои ғӯра нишастааст (яъне тухмдон сутунча надорад). Мевағӯзааш сертухми байзашакл аст.
Ҳаминро бояд қайд кард, ки аксари ин растаниҳо давраи рӯшду нумӯяшон ниҳоят кӯтоҳ мебошад. Онҳо дар як муддати кӯтоҳ гул карда, тухму мева ҳосил мекунанд. Сипас аз сабзиш боз монда хушк мешаванд. Дар баҳори оянд бшад, аз тухми базамин афтодаи онҳо лолаарӯсакҳои зиёде сабзида мебароянд.
Лолаарӯсак гиёҳи заҳрнок аст. Дар таркиби решаю поя, баргу гул ва ғӯзаи он алкалоидҳои гуногун мавҷуд аст. Агар дар давраи гулшукуфташ онро чорво истеъмол кунад, заҳролуд мешавад. Инчунин, ба ин оила чунин гиёҳҳои заҳрнок аз қабили кӯкноргиёҳ, лолақазак ва ғайраҳо дохил мешаванд. Кӯкноргиёҳ растаниҳои як ду ё бисёрсоларо дар бар гирифта поя ва баргашон кабуду-сабз мебошад. Гулҳои кӯкноргиёҳ зарди баланд ё зарду сурх буда, дар нӯги навдаҳо пайдо мешаванд. Миқдори гардбаргҳо бисёр буда, тухмдон аз ду мевабарг таркиб ёфтааст. Мевааш ғилофаки ҷадвалмонанди рост ё камоншакл аст. Ҳангоми кушодашавӣ аз боло ба поён, ё аз поён ба боло ба ду пала тақсим мешавад.
Кӯкноргиёҳ дар пастхамиҳои кӯҳсор, соҳили дарё, ҷариҳои зардхок, заминҳои бекорхобида, дар арчазори пароканда ва дар баёни зироатҳо мерӯяд. Кӯкноргиёҳ низ растании заҳрнок буда, дар узвҳои нашвӣ ва мевааш алкалоидҳои гуногун дорад.
Дар байни растаниҳои оилаи кӯкноргулҳо фақат хели кӯкнори хобовар ё хошхош ҳамчун растании мазрӯъ парвариш карда мешавад (дар майдони махсус ҷудо карда шуда ва зери назорати кормандони ҳукуматӣ қарордошта барои ба даст овардани доруҳои табобатӣ).
Одамоне, ки ба парвариши ғайриқонунии (барои ба даст овардани маводи нашъамандӣ) машғуланд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Кӯкнор растании камшохронда буда, баландии пояааш то 150см мерасад. Гулаш калон-калон аст. Ранги гулбаргҳояш бунафш, гулобӣ, сурх ва сафед мешавад. Мевағӯзааш калони сӯфта буда, бо мӯякчаҳо пӯшида нашудааст. Тухмаш майда ва гуногунранг (сафед, хокистарранг, сиёҳтоб, ҷигарӣ, зардча ва кабудтоб) аст. Дар таркиби тухми кӯкнор 55% равған мавҷуд аст, ки онро дар саноати қаннодӣ, нонпазӣ, консервбарорӣ, истеҳсоли рангу лак ва ғайраҳо истифода мебаранд.
Дар узвҳои рӯизаминии кӯкнор ширраи сафеди ширмонанд (ки хосияти нашъаоварӣ дорад) дида мешавад, ки он аз алкалоидҳо (қариб 20 хел) иборат аст. Аз ширра ва алкалоидҳои кӯкнор доруҳои гуногуни табобати истеҳсол мекунанд ва дар таҳти назорати қатъии духтурон барои табобабти касалиҳо истифода мебаранд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.