Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Сохт ва намуди рагҳои хунгард

Системаи рагҳои хунгард аз узви марказии гардиши хун, яъне аз дил иборат буда, кашишхурии мунтазами он боиси ҳаракати хун дар рагҳо мешавад. Рагҳое, ки хунро аз дил ба атроф, ба сўи узвҳою бофтаҳо мебаранд, артерияҳо (шараёнҳо), вале рагҳое,ки хунро аз атроф ба сўи дил меоваранд, венаҳо (варидҳо) ном дорандСОХТ ВА НАМУДИ РАГҲОИ ХУНГАРД

Нақшаи кор:
1.Системаи рагҳои хунгард.
2.Сохти рагҳои хунгард.
3.Гардиши хун.
4.Доираи хурди гардиши хун.
5.Вазифаи рагҳои хунгард.
6.Доираи калони гардиши хун.
7.Чойгиршавии рагҳои хунгард.
8.Инкишофи рагҳои хунгард.

1.Системаи рагҳои хунгард.
Системаи рагҳои хунгард аз узви марказии гардиши хун, яъне аз дил иборат буда, кашишхурии мунтазами он боиси ҳаракати хун дар рагҳо мешавад. Рагҳое, ки хунро аз дил ба атроф, ба сўи узвҳою бофтаҳо мебаранд, артерияҳо (шараёнҳо), вале рагҳое,ки хунро аз атроф ба сўи дил меоваранд, венаҳо (варидҳо) ном доранд.
Рагҳои артериявию венавии системаҳои гардиши хун тавассути ҷараёнгоҳи микросиркулятори пайваст мешаванд,ки қисми асосии ин таркиботро капилярҳо (муйрагҳо) ташкил медиҳад.
Системаи рагҳо дар бадан яке аз вазифаҳои муҳиму асосиро иҷро карда, раванди мубодилаи моддаҳоротаъмин мекунад .Таввассути моеъи рагҳо (хун ишора) моддаҳои селе зарури ғизои (сафедаҳо) карбогидратҳо, оксиген, глюкоза, витаминҳо, намакҳо бофтаҳою ҳуҷайраҳои бадан расонида мешавад.
Аввалин бор соли (384-322) пеш аз мелод Арасту ба шоҳраги системаи дилу рагҳо «аорта» ном гузошта буд.
Ба ақидаи олимони қадим гуё хуне, ки дар бадан вуҷуд дорад дар дохили рагҳои вариди (венаҳо) ҷойгир шудааст.
Системаи рагҳои хунгард аз системаи найчаҳои гуногун иборат буда, дар онҳо (дил, артерияҳо, венаҳо, ҷараёнгоҳи микросиркулятори ) хун гардиш мекунад, вале дар системаи лиморави моеи беранг, яъне лимора ҷори мешавад.
Ҳардуи ин системаро дилу рагҳо ҳам меноманд. Рагҳои хунгард фақат дар қабати эпителиявии пуст, луобпарда, мўй, нохун, қарнияи ғўзаи чашм, тағоякисатҳи бандҳо вуҷуд надоранд.
Омўхтани роҳҳои гардиши хуну лимора, яъне морфология ва физиологияи дилу рагҳо барои пизишкон аҳамияти нафақат назариявӣ, балки талаботи муосири тибби амалӣ мебошад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки гирифтори касалиҳои дилу рагҳо хеле зиёд мебошанд.Чунончи:сактаи дил, фишорбаландӣ ва ғайра.
2.Сохти рагҳои хунгард.
Тамоми артерияҳои доираи калони гардиши хун аз аорта ибтидо меёбанд,ки сохташон гуногун аст. Сохти девори рагҳои хунгард ба вазифаашон мувофикат мекунанд. Артерияҳоро мувофиқи равзану қутрашон ба тарзи шарти ба артерияҳои калон, миёна ва хурд ҷудо мекунанд.
Девори артериявӣ аз се парда иборат аст:
-пардаи дарунӣ
-пардаи миёна
-пардаи берунӣ
Пардаи дарунӣ (tunica intima) сеқабата буда, дарунтараш қабатӣ эндотелявӣ бо пардаи базалӣ аст, ки вай сатҳи суфтаи равзанаи рагҳоро ташкил медиҳад. Қабати сеюмро пардаи дарунии эластикӣ (чандири) ташкил мекунад, ки аз берунӣ қабати зериэндотелявӣ ҷойгир шудааст.
Пардаи миёна (tuniсa media) аз ҳуҷайраҳои мушакии суфтаи бисёрқабатае, ки равияи печу дар печ дорад иборат аст, ки дар байнашон нахҳои чандирию коллагенӣ во мехуранд.
Пардаи берунӣ ( tunica externa) аз бофтаи пайвасткунандаи нахдори пук иборат буда, нахҳои чандирию коллагенӣ ҳам дорад, ки вазифаи муҳофизатиро иҷро мекунад. Дар таркиби пардаи мазкур рагҳои хунгарду асабҳо вуҷуд дорад, ки девори рагҳоро бо ғизо таъмин мекунанд.
3.Гардиши хун.
Хун дар бадани одам тавассути ду системаи рагҳо ,яъне доираҳои хурду калони гардиши хун,ки бо дил пайвастанд,ҳаракат мекунанд.Доираи хурди гардиши хун вазифаи мубодилаи газҳоро иҷро мекунад.
Доираи калони гардиши хун бо бофтаю ҳуҷайраҳои бадан ,оксиген, моддаҳои ғизои ,намак,витаминҳо мебарад ва аз онҳо охирин мубодилаи моддаҳоро хориҷ мекунад.Дил узви ковоки мушакӣ буда ,дар ковокии қафасисина ҷой гирифтааст.Сохти дил ба вазифааш мувофиқ буда, тавассути як девори яклухти ба ду ҳисса ҳиссаҳои росту чап ҷудо мешавад,ки ҳар яки онҳо ба ду шўъбаи бо ҳам алоқаманд:шўъбаи боло даҳлези дил,шўъбаи поён –меъдачаи дил иборат аст.Хамин тариқ дили инсон монанди дили ҳамаи ҳайвоноти ширхур чорхуҷра аст. Дил мунтазам кашиш хурда хунро бо фишори зур бо артерияҳо мефиристад.

4. Доираи хурди гардиши хун.
Ба даҳлези рости дил аз венаҳои поёну боло ва инчунин аз венаҳои аслии дил хуни венавии камоксиген ворид мешавад.Меъдачаи рости дил кашиш хурда хуни венавиро ба танаи артерияи чапу рости шуш ҷудо шуда, ба суи шуш меравад,меронанд.Дар дохили шуш артерияи шуш мисли дарахт шох меронадва ба шохчаҳои артерияҳои нисбатан хурдтар тақсим мешавад.
Хангоме,ки дар капилярҳои шуш хун ҷори мешавад бо он оксиген мегузарад.Дар баробари ин аз хун гази зиёдати ангидриди карбонат ба ҳаво мебарояд,яъне хуни венави ба хуни артериявӣ табдил меёбад.Сипас хуни артериявӣ дар венаҳои дохили узви шуш ҷамъ мешаванд,баъд венаҳои шуш якҷоя шуда ,ду венаи шушро барпо мекунад.
Хуни артериявӣ аз ин ҷо тавассути сурохии даҳлезу меъдачаи чап ,ки дорои дарғоти дуқабата аст ба суи меъдачаи чапи дил мегузарад.Рагҳои хун аз меъдачаи рости дил сар шуда ,тавассути артерияҳо ҷараёнҳои микросилкулятории дил мекашад.
5.Вазифаи рагҳои хунгард.
-рагҳо барои хун ҳамчун нақлиёт хизмат мекунанд
-дар узвҳою бофтаҳо вориду баромади хунро танзим мекунанд
-дар ҳуҷайраҳою бофтаҳои узвҳо мубодилаи моддаҳоро таъмин мекунанд
-хуне,ки дар дохили рагҳо ҷори мешавад вазифаи дифоъро иҷро мекунад
-барои моддаҳои ғизоии оксиген(О2) гази карбон (СО4) ,об(Н2О) намакҳо ва барои маҳсули охирини мубодилаи моддаҳо ҳамчун нақлиёт мебошанд
-хун дар танзими ҳарорати бадан иштирок дорад
-хун бо ҳамроҳи лимора ва моеи ҳуҷайравӣ ва байниҳуҷайравӣ ,муҳити
дохилии бадан (гемостаз)
-ҳормонҳое, ки аз ҷониби ғадудҳои тарашшуҳи дохилии эндокрини ба
таркиби хуну лимора дохил шуда, ба тамоми аъзои бадан бурда расонда
мешавад
-хуне,ки дар рагҳо ҷори мешаваддар байни тамомиузвҳои бадан алоқаи моеиро таъмин мекунад
6. Доираи калони гардиши хун.
Аз меъдачаи чапи дил оғоз меёбад. Мушаки девори дил кашиш хурда, хуни артериявиро бо фишори 200мм сутунчаи симоби аз меъдачаи чапи дил ба суи артерияи калонтарини бадан ,яъне ба аорта мефиристонанд. Сипас аорта ба як силсила артерияҳои ҷуфту тоқи сершумор тақсим мешавад,китавассути онҳо хуни артериявӣ ба тамоми бадан паҳн мешавад.
Артерияҳо тамоми узвҳою бофтаҳоро аз ҷумла дилро ҳам ба хуни артериявӣ таъмин мекунанд.Сохти артерияҳои дохилиузвӣ аз инкишофи сохту вазифаҳои узвҳо вобаста аст. Доираи сеюми гардиши хун.Ин доираи гардиши хун ба доираи гардиши калони хун иловаги буда, ба худи дил хизмат мекунад.доираи хунгардиши дил аз ҷавҳаи пиёзаки аорта тавассути ду артерияи аорсари дил (a a coronaria corolis dextra et ginestra) ибтидо меёбанд, ки онҳо ҳамаи қабатҳои девори дилро аз хуни артериявӣ таъмин мекунад,ки онҳо бо ҷавори варидии дил (sinus coronaries coloris) ҷори мешавад.
7.Ҷойгиршавии рагҳои хунгард.
Ҷойгиршавии рагҳои хунгард дар бадани одам ба қонунияти муқаррарӣ тобеъ аст, ки онро аввалин бор анатомии бузурги рус П.Ф.Лесҳафт мухтасар ифода карда буд. Масалан: сохти системаи рагҳои артерияӣ ба шакли умумии бадани инсон мувофиқат мекунанд,ки ба вай мавҷудияти склети меҳварии мутамарказии системаи асаб симметрия(баробари) –и тарафайнро мавҷудияти дасту пои ҷуфт ва мавқеи асимметриявӣ аксарияти узвҳои дохилихос мебошанд.
Артерияҳо одатан ба суи узвҳо бо роҳи наздиктарин мераванд ва ба онҳо аз самти даруниашон наздик омада , ворид мешавандРагҳои артериявии дасту пой дар самти қатъшавандаашон ҷойгир шуда, дар гирду атрофии бандҳои дасту пой абакаҳои артериявӣ ташкил медиҳанд,ки онҳо ҳангоми ҳаракати бандҳо гардиши муттасили хунро таъмин мекунанд.
8.Инкишофи рагҳои хунгард.
Дил аз ду мабдаи мутаносиби баргакҳои венавӣ ,ки дар доираи гардан якҷоя шуда , як найчаи дилро таъсис медиҳанд,инкишоф меёбанд.Аввалин бор задани дил аз ҳафтаи сеюми инкишофи батн оғоз меёбад.Пардаи дарунии дил аз баргаки эндодерма гузошта мешавад,ки минбаъд аз он эндокард,вале пардаи берунии дил бошад аз багаки мезодерма миоэпикард ба вуҷуд меояд,ки сипас аз он эжшокарду эпикард инкищоф меёбад.
Халқаи «S» монанди дил аз қисми тангтарини пеши артериявӣ ё меъдачавие,ки ба танаи артериявӣ мегузарад ва аз қисми ақиби васеи венавӣ ё даҳлезие,ки ба вай венаҳои нофу масориқавӣ дохил мешаванд, иборат аст.Минбаъд қисми венавӣ аз ҷо ба ҷо шуда, қадре болотару қисми артериявӣ поёнтар меравад.Дар натиҷаи ин беҷошавиҳо найчаи дил шаклашро тағир медиҳад.Чунин дил дили ҳуҷайрави аст,зеро ки қисми венавии он аз қисми артериявиаш ҷудо мешавад .Дертар девораҳое пайдо мешаванд,ки қисми венавиро бо ду даҳлези росту чапи дил тақсим мекунанд.
Ба намуди артерияҳои мушаки артерияҳои узвҳои дохилие, ки ҳаҷмашонро доранд.Ба намуди артерияҳои омехта (мушакию чандири ) артерияҳои хоб , зери қулорак ва ғайра мансубанд.
Артерияҳои узвҳое, ки дар марҳалаи инкишоф яклухт ҷойгиранд(шуш, ҷигар, гурда, испурч, гиреҳҳои лиморавӣ ) ба қисми марказиашон ворид шуда , сипас мувофиқи сохтору сигментҳояшон шох меронанд.
Артерияҳои узвҳое, к ибо тариқи найчашакл (канали ҳозима , маҷроҳои хориҷкунандаи узвҳои шошаю таносул, мағзисару ҳароммағзва ғайра) ҷойгиранд.
Артерияҳои дохилиузвӣ тадриҷан паи ҳам дар мағзи он бо шохаҳо таҷзия мешаванд.Капилярҳо мисли торҳои муйбориктарин буда, қутрашон аз 6 то 40-50мкм меояд ва ғафсии девораш ба 1мкм баробар аст.Суръати ҷойгиршавии хун дар капилярҳое, ки фишорашон ба 15-20мм сутунчаи симоби баробар аст.
Девори капилярҳо аз як қабат ҳуҷайраҳои эпителли таркиб ёфтааст.Моддаҳои аз плазмаи хун маҳлулшуда аз ин девори капилярҳо ворид шуда , ба таркиби моеи бофтаҳо мегузарад ва сипас ба ҳуҷайраҳо дохил мешаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.