Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


Шакли ғайриҳуҷайравии ҳаёт. Вирусҳо.

Соли 1892 олими рус Д.И. Ивановский дар тамоку касалиеро мушоҳида кард. Барангезандаи он ғайриоддӣ буда, дар баргҳои тамоку доғҳои гуногун пайдо мегардад. Барангезанда қобилияти аз филтр гузаштанро дошт. Бинобар ин, растаниҳои солими тамокуро бо шираи аз филтр гузаштаи растаниҳои касал сироятнок кардан мумкин аст. Баъди чанд сол олимон Л. Леффлер ва ПШакли ғайриҳуҷайравии ҳаёт. вирусҳо.

Соли 1892 олими рус Д.И. Ивановский дар тамоку касалиеро мушоҳида кард. Барангезандаи он ғайриоддӣ буда, дар баргҳои тамоку доғҳои гуногун пайдо мегардад. Барангезанда қобилияти аз филтр гузаштанро дошт. Бинобар ин, растаниҳои солими тамокуро бо шираи аз филтр гузаштаи растаниҳои касал сироятнок кардан мумкин аст. Баъди чанд сол олимон Л. Леффлер ва П. Фрош ангезандаи касалии охсилро пайдо карданд, ки он дар ҳайвонот, аз ҷумла, дар чорво дида шуда, ангезандааш аз филтр мегузарад. Охири соли 1917 бактериолог аз Канада Ф.де Эрелл бактериофагро кашф намуд, яъне вирусҳое, ки бактерияҳоро маҳв месозанд.Ҳамин тариқ вируси растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо кашф карда шуд.Ҳамаи ин боиси пай- доиши илми нав – вирусология гардид.Вирусҳо дар ҳаёти инсон нақши хеле калонро мебозанд. Онҳо ангезандаи бисёр касалиҳои хавфнок, масалан, зиққи нафас, зардпарвин, энсефалит, сурхакон, сурхча, девонагӣ, зуком ва ғайра ме- бошанд. Вирусҳо фақат дар хуҷайраҳо фаъолият мекунанд, бинобар ин, онҳоро паразита дохилиҳуҷайравӣ меноманд.Онҳо озод ва берун аз муҳити ҳуҷайра фаъолият ва афзоиш карда наметавонанд. Агар дар ҳамаи организмҳои ҳуҷайрадор ҳамон ду шакли кислотаи нуклеинии КДН ва КРН дида шавад, дар вирусҳо фақат яке аз онҳо вомехурад. Бинобар ин, вирусҳо бо ду гуруҳи калон ҷудо карда меша- ванд, яъне вирусҳои дорандаи КДН ва вирусҳои дорандаи КРН. Вирусҳо ба ҳуҷайра фақат ахбори генетикии худро мегузаронанд. Аз қолаби КРН ё КДН вируси КРН ахбори худ¬ро синтез мекунанд, ки ин замина барои синтези сафедаҳои рибосомаҳои ҳуҷайраҳои бо вирус гирифторбуда хос аст. Молекулаи КДН ё геноми он дар геноми соҳиби ҳуҷайра ҷойгир аст ва дар ҳолати оромӣ муддати дуру дароз меистад.Ҳамин тари, хусусияти муфтхури вирус хосияти хосро дошта, ҳамчун паразит дар дараҷаи генетики ба ҳисоб меравад. Таркиби химиявии вирусҳо. Вирусҳо аз нуклеопротеидҳо, яъне аз кислотаҳои нуклеинат (КДН ва КРН), инчунин аз чанд сафеда, ки пардаи атрофи кислотаҳои нуклеинатро иҳота кардаанд, ташаккул ёфтаанд. Пардаи сафедагиро ғиофа (капсула; аз лотинии capso – ғунҷоиш) меноманд. Ба чунин вирусҳо вируси доғҳои тамоку мисол мебошад, ки ғилофа – қабати сафедаи он аз як сафедаи начандон калон иборат аст. Вирусҳои ташаккулашон мураккаб пардаи иловагӣ доранд, ки аз сафеда ё липопротеин сохта шудааст. Баъзан дар пардаи берунии вирусҳои мураккаб ангиштобҳо дида мешаванд, масалан, дар вируси ангезандаи зуком ва табхол. Пардаи берунии онҳоро қисмҳои мембранаи ядро ва ситоплазмаи ҳуҷайраҳои соҳиб (ҳомил) ташкил кар¬да, вирус аз он ба муҳити берун мебарояд. Геноми вирусҳо аз як молекулаи яктора ё дутораи КДН ва КРН иборат аст. Ба КДН-и дутора вируси бемории нағзаки одам, гусфанд, хук, адиновирусҳои одам дохил мешаванд. КРН-и дутора ҳамчун қолаби генетикӣ барои баъзе вирусҳои ҳашарот ва ҳайвонот хизмат мекунад. Хамчунин вирусҳои КРН-и яктора васеъ паҳн гаштаанд, ба монанди вируси энсефалит, сурхакон, сурхча, девонагӣ, зуком ва гайра. Таъсири тарафайни вирус ба ҳуҷайра. Ҳангоми ба вуҷуд омадани вакулаҳои пиноситозӣ ҳамроҳи қатраҳои моеи муҳитибайниҳуҷайравӣ ба даруни ҳуҷайра тасодуфан вирусҳо дохил мешаванд. Онҳо дар муҳити моеъгардиш мекунанд. Ворид шудани вирусҳо ба ситоплазмаи ҳуҷайра бо чанд зинаҳои паиҳамалоқаманд ба амал меояд. Сараввал, вирус бо сафедаи ретсептории махсус, ки дар болои пардаиҳуҷайра ҷойгир аст, пайваст мешавад. Ин амал бо ёрии сафедаҳои махсус, ки дар болои заррачаҳои вирусӣ мавҷуданд, ба амалмеояд. Сафедаҳо ретсепторҳои ба худ мувофиқро, ки дар болои ҳуҷайра ҷойгиранд,мешиносанд. Он қисми болои ҳуҷайра, ки бо вирус пайваст шудааст, дар ситоплазма фурурафта, ба вакуола табдил меёбад. Вакуола, ки девораи он аз мембранаи ситоплазмавӣ сохташудааст, метавонад бо дигар вакуолаҳо ё бо ядро якҷоя шавад. Бо ҳамин роҳ вирусба тамоми ҳуҷайраҳо бурда мешавад. Механизми ретсептории воридшавии вирус ба ҳуҷайра бохусусияти махсуси раванди сироятёбӣ вобаста аст. Аз ин ҷост, ки вируси ҳепатити А ва В танҳо ба ҳуҷайраҳои ҷигар дохил шуда, афзоишмеёбанд. Адиновирус ва вируси зуком дар ҳуҷайраҳои луобпардаи роҳи нафас, ви¬руси саркомдар ҳуҷайраҳои асаб, вируси ханозир (бунгӯшӣ) фақат дар ҳуҷайраҳои назди гуш ва ғадуди обидаҳон вомехуранд. Раванди сироят аз лаҳзаи дохил шудани вирус ба ҳуҷайра оғоз меёбад.Вирус афзоиш карда, геноми он дучанд мешавад ва баҳри худ капсид месозад. Дар вақти дучандшавӣ (редупликатсия) кислотаи нуклеинат аз пардаи капсидӣ ҷудомегардад. Баъди синтези молекулаи нави кислотаи нуклеинат бо сафедаи вируси дар ситоп-лазмаи ҳуҷайраи ҳомил синтезшуда иҳота мешавад ва капсидро ташкил мекунад. Дар натиҷа,вирусҳо афзуда, аз ҳуҷайра берун мешаванд. Ин ҳолат дар баъзе вирусҳо дар шакли таркиш баамал омада, ҳуҷайраҳо маҳв мешаванд. Хориҷ шудани вирусҳои дигар мисли муғчабандист ваҳуҷайраҳои ин организмҳо муддати мадид қобилияти ҳаёти худро нигоҳ медоранд. Роҳи дигариба ҳуҷайра дохил шудани вирусҳои бактерияҳо, яъне бактерофагӣ мебошанд.Қабати ғавсибактерия имкон намедиҳад, ки сафедаи ретсептор ба вирус пайваст шуда ба ситоплазма роҳёбад, мисли он ки дар ҳуҷайраҳои сироятноки ҳайвонот ба амал меояд. Барои ҳаминбактериофаг думчаи худро ба девораи ҳуҷайраи бактерия холонда КДН ё КРН-и дар саракдоштаи худро ба ситоплазмаи бак¬терия ворид мекунад. Ҳамин тавр, геномибактериофаг фуру рафта, капсиди он дар берун мемонад. Геном дар ситоплазмаи ҳуҷайраибактерия дучанд шуда, ба синтези сафеда ва капсид асос мегузорад. Баъди чанд муддат ҳуҷайраи бактерия маҳв гашта, заррачаҳои фагҳои пухтарасида ба берунмебароянд ва метавонанд бактерияи дигарро нобуд кунанд. Пайдоиши вирусҳо. Вирусхо ҳамчун сохтори генетикӣ худмухтор буда, бе-рун аз ҳуҷайра қобилияти инкишофёфтан надоранд, яъне ҷисми беҷонанд. Чунин мешуморанд, ки вирусшо ва бактериофагҳохамчун унсури генетикии вудогонаи ҳучайра буда, хамроҳи дигар шаклҳои хаёти ҳуҷайравӣинкишоф ёфтаанд.

Истилоҳот:
1. Вирус – шакпи ғайриҳуҷайравии ҳаёт.
2. Бактериофаг – вирусҳое, ки бактерияҳо ё фагаҳои онхоро маҳв месозанд.
3. Сироят – роҳи интикрли ангезаҳо аз як организм ба организми дигар.
4. Бо роҳи уфуқӣ гузаштан – роҳи гузаштани омили сирояткунӣ бо ҳуҷайраҳои ҷинсӣ, ки дар хромосомаи он маводи ирсӣ вирус ҷойгир мешавад.
5. Бо роҳи амудӣ гузаштан – раванди бо ҳамтаъсиркунии вирус ва организми соҳиб, ки ҳамчун муфтхур дохил шуда, афзоиш карда, ба муҳити беруна мебарояд.
6. Назарияи хуҷайрагӣ – яке аз хулосахри муҳимтарини биологӣ, ки мувофиқи он ҳамаи организмхр сохти ҳуҷайрагӣ доранд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.