Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Митоз

Митоз, ин тақсимшавии ғайримустақим буда, дар табиат зиёдтар дучор мешавад. Бо усули митоз ҳуҷайраҳои соматикии тамоми наботот, ҳайвонот ва одам меафзояд. Аз ин сабаб митозро бештар тақсим-шавии соматикии ҳуҷайра меноманд. Ҳар як ҳуҷайраи духтарӣ дар натиҷаи митоз айнан ҳамон хромосомаеро мегирад, ки ҳуҷайраҳои модарӣ доштандМитоз
Митоз, ин тақсимшавии ғайримустақим буда, дар табиат зиёдтар дучор мешавад. Бо усули митоз ҳуҷайраҳои соматикии тамоми наботот, ҳайвонот ва одам меафзояд. Аз ин сабаб митозро бештар тақсим-шавии соматикии ҳуҷайра меноманд. Ҳар як ҳуҷайраи духтарӣ дар натиҷаи митоз айнан ҳамон хромосомаеро мегирад, ки ҳуҷайраҳои модарӣ доштанд. Адади хромосомаҳо дар ҳар ду ҳуҷайраи духтарӣ айнан баробари адади хромосомаҳои ҳуҷайраи модарӣ мебошад. Пас, аҳамияти биологии митоз дар ин аст, ки хромосомаҳо дар байни ҳастаҳои ду ҳуҷайраи духтарӣ қатъиян баробар тақсим шудаанд. Митоз ба ҳар як ҳастаи духтарӣ пурра гузаштани тамоми хабари меросӣ ё ирсиро таъмин мекунад. Тақсимшавии ҳастаи набототро бори аввал олими рус И.Д.Чистяков кашф кардааст. Ў ин протсессро дар китоби худ «Материалҳо доир ба таърихи ҳуҷайраи наботот» соли 1874 тасвир кардааст. Дар ҳуҷайраи ҳайвонот митозро соли 1878 гистологи рус П.И.Перемежко кашф кард.
Соли 1875 Э. Страсбургер дар ҳастаи тақсимшудаистодаи наботот пайдоиши таркиби риштамонандро кашф кардааст, ки бо рангкунандаҳои асосӣ ба осонӣ ранг мегирад. Ў онҳоро хромосомаҳо номид. Баъдтар соли 1882 В.Флеминг шакли риштамонанди хромосомаҳоро ба назар гирифта, истилоҳи «Кариокинезро» бо истилоҳи «митоз» иваз кард. Митоз 4 давраро аз сар мегузаронад: профаза, метафаза, анафаза ва телофаза. Дар ибтидои профаза баъзан то шурўъ шудани он центриола ба ду қисм тақсим шуда, ба қутбҳо ҳаракат мекунад. Хромосомаҳо морпеч тоб хурда кўтоҳ ва ғафс мешаванд. Ин хел тобхурии хромосомаҳо дар давоми тамоми профаза ба амал меояд. Дар ин вақт ситоплазма аз ҷиҳати физикию кимиёвӣ тағйир меёбад. Дар охири профаза ҳамаи хромосомаҳо аз якдигар ҷудо мешаванд ва андоза, шакл, сохти онҳо хуб намудор мегардад. Расми 7 Нақшаи митоз А-интерфаза, Б – Д-профаза, Е – Ж – метафаза, З – Й-анафаза, К-М- телофаза. Ин чунин миқдори онҳоро аниқ муайян кардан мумкин аст. Ба ҳамин тариқ, хромосомаҳои профазагӣ аз ду риштаи борики морпеч ё спиралмонанд-хроматид иборат мебошанд, ки онҳо ба тамоми рафти дарозии худ ба ҳамдигар зич пайвастанд. Дар протсесси профазагӣ ба спирал табдилёбии хроматид давом мекунад. Дар ин ҳолат нўгҳои спиралҳо наздик шуда, спирали калонро ташкил медиҳад. Дар ҷои калоншуда миқдори спиралҳо кам, диаметрашон бошад васеътар мешавад. Дар охири профаза ҳастача нест шуда, ҷилди ҳаста дар зери таъсири ферментҳои лизосома ҳал мешавад. Дар байни сентриолҳо торҳои борик пайдо мешаванд, ки аз сафеда иборат буда, найчаҳои хурдтаринро ба хотир меоранд. Ин торҳо якҷоя бо сентриолҳо, ки аз онҳо дур шудаанд, номи дукҳои тақсимшавиро гирифтаанд. Дукҳо ба сентромераи хромосомаҳо пайваст мешаванд.
Тадқиқоти заррабини электронӣ нишон дод, ки риштаи торҳо ин найчаи ҳуҷайра мебошад. Дар прометафаза дар маркази ҳуҷайра ситоплазма ҷойгир аст, ки он қадар ёзанда нест. Хромосомаҳо ба экватори ҳуҷайра равон мешаванд. Дар метафаза хромосомаҳо бо тартиб ҷойгир шуда, ба экватор ҳаракат мекунанд. Ҳодисаҳо дар экватори ҳуҷайра қариб дар як сатҳ дар зидди якдигар ҷойгир шуда ва дар ҳамин лаҳза ба ҳар як хромосома як торҳои дук маҳкам мешавад. Дар охири метафаза баробарвазнии хос вайрон мешавад. Ин ҳолат ҳангоми тақсимшавии сентромер, ки то ин дам хроматидҳоро ба ҳам мустаҳкам мепайваст, ба амал меояд. Баъди ин хроматид аз ҳам ҷудо мешаванд. Дар марҳалаи метафаза куллӣ хромасомаҳо хуб намоён буда, ҳисоб кардан ва шакли онҳоро омўхтан мумкин аст. Анафаза. Ибтидои дар қутбҳои ҳуҷайра ҷудо шудани хроматидҳо аломати шурўъ шудани марҳалаи ояндаи митоз-анафаза мебошад. Ҳангоми анафаза хроматидаҳо, ки онҳоро акнун хромасомаҳои духтарӣ номидан мумкин аст, ба қутбҳои ҳуҷайра ҷудо шуда мераванд. Хромосома аз ҳисоби торҳои дук, ки хромосомаҳо ба онҳо пайваст шудаанд аз экватор ба қутб ҳаракат мекунанд. Торҳои дук кашиш хўрда хромосома-ҳои духтариро ба қутбҳои муқобили ҳуҷайра мекашанд.
Дар вақти ҳаракати хромосомаҳо энергияи АТФ истифода бурда мешавад. Хромосомаҳо ҳангоми ҳаракат мисли чарх тоб хўрда, ба шакли сентромерҳо ҳаракат мекунанд, ки онҳоро тори дук ба паси сентромерҳо мекашад. Дар охири анафаза дўк ҳам ҷои худро дигар мекунад. Телофаза. Қатъиян ба қутбҳо кашол шуда рафтани хромосомаҳо ибтидои телофаза мебошад. Дар ин марҳала хромосомаҳо, ки ба қутбҳои ҳуҷайра наздик шудаанд, шакли дурусти худро гум мекунанд, печҳояшон кушода шуда онҳоро аз нав шакли торҳои дарози ба якдигар печидаро мегиранд, ки ин ба ҳастаҳои тақсимнашаванда хос аст. Умуман телофаза гўё марҳилаи баръакси профаза мебошад. Хромосома-ҳо чандон ғафс намешаванд. Дар давоми телофаза ситоплазма ҳам тақсим мешавад инро ситокинез меноманд, ки дар натиҷа ду ҳуҷайраи духтарӣ пайдо мешаванд. Сохти ин ҳуҷайраҳо ба сохти ҳуҷайраҳои модарӣ пурра монанд аст, лекин андозаашон хурдтар мебошад. Ҳастача ва ҷилди ҳаста аз нав барқарор ва пайдо мешавад. Ситокинез – баъди тамом шудани телофаза ситокинез ба амал меояд. Дар ин давра ситоплазма ва компонентҳои он дар байни ҳуҷайраҳои духтарӣ тақсим мешаванд. Дар баробари дар экватори минтақаи ҳуҷайраҳои модарӣ ташкил ёфтани девори пластинкагӣ дар байни ҳастаҳои духтарӣ ситокинез ба охир мерасад.
Пластинкаи мобайни дар натиҷаи ҳаракати тўрҳои дохилиплазмагӣ ташкил ёфта бо иштироки диктиосома-ҳо ва риштаҳои пайвастаи дукҳо ба амал меояд. Плазмодесмаҳо, ки ҳуҷайраҳоро байни ҳамдигар мепайванданд, аз аввали ташаккули деворчаи ҳуҷайра пайдо мешаванд. Ба ҳамин тариқ маънои биологии ҷудошавии митози аз баробар тақсим шудани масолеҳи ирсӣ дар хромосомаҳо мавҷуда иборат аст. Дар протсесси тақсимшавии митозии ҳуҷайра хромосомаҳо ба шарте нишонаҳои ирсиро мегузаронанд, ки агар тамоми органеллаҳои зиндаи ҳуҷайраҳо бо моддаи ҳаста алоқаи пурраи метаболӣ дошта бошанд. Дар протсесси ҳаёт на ҳамаи ҳуҷайраи организми бисёрҳуҷайра доимо тақсим мешаванд. Ҳуҷайраҳое мавҷуданд, ки хусусияти тақсимшавиро гум карданд. Яке аз онҳо ҳуҷайраҳои сурхи хунанд, ки фақат 120 рўз умр дида, мемиранд. Боз аз нав дар узвҳои хунофар ҳосил мешаванд. Моҳияти афзоиши ҳуҷайра дар дучанд зиёд кардани имкониятҳои потенсиалии худ, яъне дучандкунӣ мебошад. Мақсад аз дучандкунӣ на фақат ду баробар зиёд кардани миқдор балки ба ду воҳиди мустақил тақсим шудани ҳуҷайра фароҳам овардани имконият мебошад. Ҳамаи молекулаҳо хеле пештар аз митоз дучанд зиёд мешаванд ва танҳо баъд аз он тақсимшави ба вуҷуд меояд. Дараҷаи сабзиши ҳар як ҳуҷуйраи алоҳида ҳудуди муйаян дорад. Ҳудуди сабзиш эҳтимол ба он вобаста аст, ки як ҳаста(ядро) фақат маҳдуди моддаи зиндаро идора карда метавонад.
Миқдори материали ҳуҷайраи наботот ва ҳайвонот танҳо ду баробар зиёд шуда метавонад. изофа бар он, ҳуҷайра минъбад фақат баъди аз доираи митоз гузаштани хромосомаҳо зиёд мешавад. Амитоз. Амитозро тақсимшавии мустақим меноманд. Ҳангоми ин тақсимшавӣ ҳолати интерфазии ҳаста нигоҳ дошта шуда, ҳастача ва мембранаи ҳаста хеле хуб намоён мешаванд. Хромосомаҳо номаълум буда, баробар тақсим намешаванд. Дар ин ҳолат мода-ҳои ҳастагӣ байни ҳуҷайраҳои духтарӣ баробар тақсим намешаванд. Амитоз дар ҳуҷайраҳои бофтаҳои пир тез-тез дучор мегардад. Онро дар ҳуҷайраҳои ҷавон низ мушоҳида кардан мумкин аст. Мисол: дар мушакҳои скелетӣ, тағояк, эпителияи пуст, бофтаҳои васлкунанда ва ҷанин (эмбрион) дида мешавад. Инчунин амитозро дар организми бемор мушоҳида кардан мумкин аст. Тақсимшавии амитозро соли 1840 Н. Железнов (дар наботот) ва соли 1841 Римак (дар ҳайвонот) муайян карданд. Эндомитоз. Ҳангоми эндомитоз баъди дучандшавии (репродуксия) хромосомаҳо ҳуҷайра тақсим намешавад. Ин ба зиёдшавии адади хромосомаҳо оварда мерасонад.
Дар ҳуҷайра дучандшавии хромасомаҳо ба амал омада, вале хромосомаҳо ба қутбҳо пароканда намешаванд. Эндомитоз одатан боиси полиплоидия мегардад. Эндомитоз дар ҳуҷайра ва бофта-ҳои мухталифе, ки бошиддат фаъолият мекунанд, дучор мешавад. Мисол дар ҳуҷайраи ҷигар дида мешавад. Интишор, яъне паҳншавӣ ва механизми эндомитоз пурра муайян нашуда аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.