Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Биосинтези сафедаҳо

Яке аз протсесси марказии метоболизми ҳуҷай-ра ин алоқаманди бо ҷараёни моддаҳо, энергия ва ахбор ва синтези сафеда мебошад. Дар ин ҷараён ахбор аз КДН ба сафеда интиқол дода мешавад. Ин просесс дар ситоплазмаи ҳуҷайра феълан дар рибосомаҳо бо иштироки КРН-а ба амал омада, дар зери назорати КДН-и ҳаста мебошадЯке аз протсесси марказии метоболизми ҳуҷай-ра ин алоқаманди бо ҷараёни моддаҳо, энергия ва ахбор ва синтези сафеда мебошад. Дар ин ҷараён ахбор аз КДН ба сафеда интиқол дода мешавад. Ин просесс дар ситоплазмаи ҳуҷайра феълан дар рибосомаҳо бо иштироки КРН-а ба амал омада, дар зери назорати КДН-и ҳаста мебошад. Сафеда дар рибосомаҳо ҳосил мешавад, ахбор оид ба сохти ибтидоии сафеда бошад дар КДН, ки дар ҳаста ҷой гирифтааст, рамзӣ шудааст. Молекуллаи КРН дар КДН чун дар қолаб (матритса) синтез мешавад. Пора ё қисми молекуллаи КДН, ки ҳамчун қолаб (матритса) барои синтези як занҷири сафеда хизмат мекунад, ген ном дорад. Барои ҳамин ахборе, ки КДН дорад, ахбори генетикӣ дар сатҳи молекулярӣ сабт шудааст ва синтези сафеда аз рӯи сатҳи қолаб (матритса) иҷро мешавад. Онро якумин маротиба солҳои 20 биологи машҳури рус Н.Кольцов муайян кардааст. Ахборе, ки дар КДН-и ҳуҷайра мавҷуд аст, на ин ки аз ҳуҷайра, балки аз волидайн ба насл интиқол дода мешавад. Барои он ки чи тавр дар КРН-а рӯбардор шудани тартиб ва пай дар пай ҷойгир шудани нуклеотидҳои генро фаҳмем, қоидаи комплементариро, ки дар асоси он молекулаи дузанҷираи КДН ташаккул ёфтааст, ба хотир меорем. КРН-а низ дар асоси ҳамин қоида ҳосил мешавад.
Дар муқобили ҳар кадом нуклеотиди яке аз силсилаҳои ген нуклеотиди комплементии КРН-а мебошад. Ҳамин тариқ ахборе, ки дар ген ҷой гирифтааст, гуё дар КРН-а навишта мешавад. Протсесси «транскрипсия» ё «нусхабардори»-и ахборе, ки дар КДН дар шакли генҳои ҷудогона мебошад, ба амал меояд. Аз нусхаи аслии молекуллаи КДН гуё нусхааш бардошта мешавад илова бар он адади чунин нусхаҳо назарияи беҳудуд шуда метавонад. Дар рибосома нуклеотид-ҳои «нусхабардошташуда» дар силсилаи КРН тартиби аминокислотаҳои дахлдорро дар силсилаи сафеда бевосита муайян мекунад. КРН-ҳои нақлиёти (КРН-н) кодонҳои КРН-и ахбориро аз рӯи қитъаҳои антикодони комплементарие, ки дар канори молекуллаи мутақоби-лаи аминокислота ҷойгир шудаанд, муайян мекунанд. Аминокислотаҳо бо якдигар пайваст шуда, вале КРН-и нақлиёти дур мешавад, баъд КРН-и нақлиётии нав, ки дар кодони ҳамсоя ҷойгир шудааст, ба аминокислотаи худ имконият медиҳад, ки ба силсилаи бунёд шуда истода дохил шавад. Ҳар кадом аминокислота ба рибосома ҳамроҳи КРН-и махсуси нақлиёти (КРН-н) дохил мешавад.
Аминокилотаи аланинро КРН-и нақлиётии аланинӣ, аминокислотаи валинро КРН-и нақлиётии валинӣ мекашонад ва ҳоказо.
Синтези сафеда дар рибосома ба амал меояд. Ахбор дар бораи сохти сафеда ба рибосома тавассути КРН-а интиқол дода мешавад. Рафти ҳамин ҳодисаро «транслятсия» яъне кучидан меноманд. Механизми кӯчиш –ин тавр ба амал меояд, КРН, яъне аз алифбои 4 ҳарфа ба алифбои 20 ҳарфаи силсилаи сафеда гузаронида мешавад.
Ин протсесс бо иштироки рибосома, КРН-и ахборӣ ва КРН-и нақлиётӣ мегузарад. Ин таъсири дутарафа аз рӯи принсипи комплементарӣ ба амал меояд. Чунон чӣ агар порчаи силсилаи КРН-и ахборӣ, ки дар ҷои муайяни рибосома воқеъ шудааст, тартиби нуклеотидии ГУУ дошта бошад, пас ба ин триплет силсилаи КРН-и нақлиёти, ки дар қитъаи худ триплети САА дорад, ба тариқи комплементарӣ пайваст мешавад. Чунон ки маълум аст, ба молекуллаи КРН-и нақлиёти дорои ҳамин гуна триплети САА фақат аминокислотаи валин пайваст шуда метавонад, бинобар ин триплети ГУУ

Расми 5 Нақшаи биосинтези сафеда
А-марҳилаҳои синтези сафеда, Б-КРН-нақлиётӣ,
В-ҳосилшавии занҷири аминокислотаҳо,
Г-схемаи амали ахбори ирсӣ.
КРН-и ахборӣ ба рибосома даромадан ва аз рӯи принсипи комплементарӣ маҳз ба валин пайвастани КРН-и нақлиётиро муайян мекунад. Сабаби ба триплети силсилаи (КРН-а) мувофиқ омадани аминокислотаи муайян дар ҳамин аст. Рибосома дар КРН-а аз триплет ба триплет мегузарад, аммо ин на ба таври муттасил, балки бефосила, қадам ба қадам ба амал меояд. Баъди кӯчонидани як триплет вай ба триплети ҳамсоя меҷаҳад ва лаҳзае боз меистад. Амали кӯч «транслятсия» дар муддати хеле кӯтоҳ ба охир мерасад ва силсилаи полипептидӣ ба андозаи як банд дароз мешавад. Минбаъд рибосома «қадам ба қадам» ба триплети ҳамсоя мегузарад, боз андак ором мегирад ва ҳамин тавр то охири роҳи КРН-а такрор меёбад. Бояд қайд кард, ки дар рибосома ба ғайр аз молекуллаи КРН-н, ки ба он аминокислота овезон, боз як молекуллаи КРН-н аст. Вале бар хилофи молекуллаи КРН-н бо нугӣ худ ба нӯги силсилачаи сафедае, ки дар протсесси синтез мебошад, васл шудааст. Якҷоя шудан дар ҷараёни ахбор ва ҷараёни материал дар ҳиссаҳои синтезкунандаи сафедаи ҳуҷайра-рибосомаҳо лаҳзаи асосии протсесси биосинтези сафеда мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.