Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Ядро

Ядро ё ҳаста (аз лотинӣ «nucleus») асосан гирд, сақошакл, чӯбчамонанд, досмонанд, наълшакл, байза-вӣ, паррадор шуда метавонад. Шакли ядро аз шакли ҳуҷайраҳо вазифае, ки онҳо иҷро мекунанд вобаста аст. Баъзе ҳуҷайраҳои махсус, ки хусусиятҳои тақсимшави-ро гум кардаанд, ҳаста надоранд (мисол – эритроситҳо). Ҳаста дар реаксияҳои мубодилавии ҳуҷайра ва зиёдшавию расиши он нақши муҳим мебозадЯдро
Ядро ё ҳаста (аз лотинӣ «nucleus») асосан гирд, сақошакл, чӯбчамонанд, досмонанд, наълшакл, байза-вӣ, паррадор шуда метавонад. Шакли ядро аз шакли ҳуҷайраҳо вазифае, ки онҳо иҷро мекунанд вобаста аст. Баъзе ҳуҷайраҳои махсус, ки хусусиятҳои тақсимшави-ро гум кардаанд, ҳаста надоранд (мисол – эритроситҳо).
Ҳаста дар реаксияҳои мубодилавии ҳуҷайра ва зиёдшавию расиши он нақши муҳим мебозад. Аҳамияти муҳими ҳаста аз он иборат аст, ки вай дар протсесси тақсимшавии ҳуҷайра хусусияти ирси ё меросиро интиқол медиҳад. Ҳаста ҳамеша дар ситоплазма ҷойгир аст. Дар ҳуҷайраҳои ҷавон вай калон аст ва мавқеи марказиро ишғол мекунад. Ҳаста аз се қисм иборат аст: нуклеоплазма (кариоплазма ё шираи ҳаста), мембранаи ҳаста ё ҷилд ва ҳастача (ядроча).
Нуклеоплазма массаи асосии ядроро ташкил менамояд. Вай шаффоф ва зоҳиран гомогенӣ менамояд.
Шира ҳастаро пур мекунад вай қисми моеъ ва ниммоъеи он мебошад. Аз ҷиҳати сохти субзарабинӣ (субмикроскопӣ) шираи ҳаста ба сохтори матриксӣ ситоплазма наздик аст. Шираи ҳаста моддаи ниммоеъ буда дар зери пардаи ҳаста ҷой гирифтааст ва муҳити дохилӣ ҳаста ҳисоб меёбад. Аксари ҳуҷайраҳо як ҳаста доранд. Онҳоро ҳуҷайраҳои якҳастагӣ меноманд. Ҳуҷайраҳое низ мавҷуданд, ки 2-3 даҳҳо ва ҳатто садҳо ҳаста доранд. Масалан – ингуна ҳуҷайраҳо дар мавҷу-доти соддатарин, инчунин ҷигар, мағзи устухон, мушак ва бофтаҳои васлкунандаи ҳайвоноти муҳрадор мавҷу-данд. Сохт ва вазифаи ҳаста дар давраҳои гуногуни ҳаёти ҳуҷайра мухталифанд. Ҳастаҳое, ки тақсим нашудааст, аз чузъҳои зерин иборат аст: ҷилд, шира, ҳастача ва хромосомаҳо, пардаи ҳаста онро аз ситоплазма ҷудо нигоҳ медоранд ва аз ду парда (беруни ва дохили) иборат аст. Дар байни пардаи дохили ва берунӣ фазои танге аст, ки аз моддаи ниммоеъ пур шудааст. Сохти пардаҳои берунӣ ва даруни ҷилди ҳаста ба сохти пардаи плазмагӣ шабоҳат дорад. Пардаи ҳаста масомаҳои сершумор дорад, ки аз онҳо сафедаҳо, карбогидратҳо, равғанҳо, тезобҳои нуклеат, об ва ионҳои гуногун ба ситоплазма ва аз ситоплазма ба ҳаста мегузаранд, яъне байни ҳаста ва ситоплазма мубодилаи пайваста идома дорад. Дар шираи ҳаста, ҳастача мавҷуд аст. Ба он аз ситоплазма моддаҳои гуногун дохил мешаванд ва тамоми моддаҳое, ки аз ҳаста ба ситоплазма мебароянд ғун мешаванд.

Ҳастача( ядроча) –сохтори доимӣ надорад, он дар аввали тақсимшавии ҳуҷайра аз байн меравад ва дар охири тақсимшавӣ пайдо мешавад. Ҳангоми тақсимшудани ҳаста хромосомаҳо ба риштаи хеле борик шабоҳат доранд ва аз ин рӯ онҳоро бо ёрии заррабинӣ равшанӣ дида метавонем. Хромосомаҳои риштамонанди ҳастаҳое, ки тақсим нашудаанд дар шираи ҳаста ҷойгир мешаванд ва ба якдигар мепечанд. Ҳар хромосомаро алоҳида фарқ кардан имконпазир аст. Хромосомаҳои риштамонанде, ки хеле дароз шудаанд, инчунин ҷузъҳои онҳо бо ёрии зарабинӣ электронӣ хуб аён мешаванд. Ҳастача дар таркибаш сафедаи турш ва КРН дорад. Аҳамияти ҳастачаҳо дар ҳаёти ҳуҷайра хеле калон аст. Миқдори зиёди КРН имконият медиҳад, ки онҳоро сохторҳои дар синтези сафедаи ҳаста иштироккунанда ҳисоб кунем. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки синтези сафедаи ҳуҷайра асосан аз ҳисоби фаъолияти КРН –и сохтори ҳаста ва аз ҷумдла ҳастача ба амал меояд. Ҳастача инчунин дар синтези нуклоетидҳо ва КРН аҳамияти калон дорад. Ин барои тамоми ҳуҷайра ҷиҳати асосии синтези КРН мебошад. Ғайр аз ин ҳастача дар протсесси митоз иштирок мекунад.
Хромосомаҳо – ҳангоми тақсимшавии ҳуҷайра дар онҳо ҷисмчаҳои на он қадар калон намоён буда, бо ранги махсус ранг карда мешаванд. Аввалин маротиба онҳоро соли 1888 олими олмонӣ В.Валдейер муайян карда буд. ӯ онҳоро хромосома номида буд (аз юнонӣ «chroma»-ранг, «soma»-ҷисм). Дарозии хромасома аз 0,2 то 50 мкм, диаметраш аз 0,2 то 2 мкм мебошад. Хромасома сентромер ва китф дорад. Вобаста аз ҷойгирии сентромер се хел хромасомаҳо шуда метавонанд: акросентрикӣ, метасентрикӣ ва субметасентрикӣ.

Расми 3 Сохт ва шаклҳои хромосомаҳо
А-сохти зоҳирӣ: 1-сентромера, 2-китфи кӯтоҳ, 3-китфи дароз, 4- , 5-ҳамроҳак, 6- дуки тақсим; Б-Сохти дохилии хромосома: 4-сентромера, 5- хромонема; В-Шаклҳои хромосомаҳо: 1-акросентрики, 2-субметасентрики, 3-метасентрики, а-китф, б- сентромера.
Хромосомаҳои акросентрикӣ шакли чубча дошта, сентромера дар канор ҷойгир аст(3.1). Дар хромосомаҳои метасентрикӣ сентромера дар мобайн ҷойгир буда, онҳо ба китфа баробар шабоҳат доранд(3.3). Дар хромосомаҳои субметасентрикӣ сентромера аз марказ дуртар ҷойгир шуда китфаш нобаробар ҷойгир мебошад(3.2).
Дар китфҳои – хромосом қисми ғафстари ранга –хромомерҳо ҷойгир мебошанд. Барои ҳамин хромосомаҳо ба риштае, ки ба он шаддаи муҳра нобаробар андохта шудааст, ба хотир меоварад. Таркиби компоненти хурдтарини хромосома миофибрилли нуклеопротеиди буда онро (лот. фибрилла-нах) дар зери заррабини электронӣ дидан мумкин аст. Нуклеопротеид ин пайвастагии сафеда (гистон) ва тезоби кислотаи нуклеин, яъне КДН аст. Қад-қади хромасома микрофибрилл морпеч (спиралвор) тоб хурда як ё якчанд ҷуфт ришта-хромонемро ҳосил мекунад.
Ҷадвали 1
Адади хромосомаҳои баъзе намудҳои наботот
ва ҳайвонот

Наботот Адади хромосома Ҳайвонот Адади хромосома

Олу
Тамоку
Обсабзи- спирогира
Шолӣ
Тут
Санавбар
Ҷуворимакка
Харбуза
Пиёз
Нахуд
48
48
24
28
24
20
18
15
14
Плазмодияи вараҷа
Ҳидра
Нонхӯрак
Харчанги дарёи
Магаси хонагӣ
Шимпанзе
Харгӯш
Кабутар
Қурбоқаи сабз
Моҳии окун
2
32
48
116
12
48
44
80
26
28
Чи хеле, ки аз ҷадвал маълум аст, адади хромосомаҳо дар намудҳои гуногуни наботот ва ҳайвонот баробар нест. Адади хромосомаҳо дар ҳастаи ҳуҷайра ба ҳамаи организмҳо, ки ба як намуд мансубанд доими мебошад.
Ба ғайр аз хромасомаҳои муқаррарӣ боз хромасомаҳои бузург (гигантӣ) ё политенӣ мавҷуданд, ки аз ҷиҳати дарози ва паҳни якчанд маротиба калонанд. Онҳо ҳангоме, ки теъдоди хромонема дар хромосома зиёд мешаванд, ҳосил мешаванд. Таҷзияи хромосома ба амал намеояд ва онҳо ғафсу калон мешаванд. Хромосомаҳои бузург (гигантро) барои омӯзиши вазифаи генҳо дар онтогенез (инкишофи фарди) истифода мешаванд. Хромосомаҳо аз рӯи меҳвар (оси) ҳам аз руӣ хосияти кимиёвӣ, физикӣ ва генетикӣ гуногун мебошанд. Ҳамон қисм ё порчаи хромосома, ки нағз ранг мешавад – гетерохроматин ном дошта он қисме, ки суст ранг мешавад – зухроматин ном дорад. Гетерохроматин ва зухроматин хосияти генетики гуногун доранд.
Гетерохоматин қариб, ки ген надорад ва инерти мебошад. Порчаи гетерохроматин ба тамоми дарозии хромасома интишор шудааст, лекин бисёртар дар наздикии сентромер ҷой мегирад. Дар қисми эухроматин генҳои сохтори ҷойгир мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.