Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Мейоз

Дар ҳастаи нопухтаи ҳуҷайраҳои соматикӣ ҳамаи хромосомаҳои ҷуфт дастаи хромосоми дучанда (2n) яъне диплоидӣ мебошанд. Дар протсесси пухта расидани ҳуҷайраҳои ҷинсӣ тақсимшавии редуксионӣ-мейоз мегузарад, ки дар ин вақт адади хромосомаҳо кам мешаванд(n), яъне гаплоидӣ мешаванд. Мейоз (аз юнонӣ «meiosis»- камшавӣ) дар вақти гаметогенез мегузарадМейоз
Дар ҳастаи нопухтаи ҳуҷайраҳои соматикӣ ҳамаи хромосомаҳои ҷуфт дастаи хромосоми дучанда (2n) яъне диплоидӣ мебошанд. Дар протсесси пухта расидани ҳуҷайраҳои ҷинсӣ тақсимшавии редуксионӣ-мейоз мегузарад, ки дар ин вақт адади хромосомаҳо кам мешаванд(n), яъне гаплоидӣ мешаванд. Мейоз (аз юнонӣ «meiosis»- камшавӣ) дар вақти гаметогенез мегузарад. Ин усули тақсимшавӣ ҳам дар намояндагони олами набототи ибтидоӣ ва ҳам дар намояндагони олами ҳайвоноту набототи олӣ-ташаккул дучор мегардад. Лаҳ-заи ба амал омадани тақсимшавии мейозӣ, сарфи назар аз ин ки организми серҳуҷайра мебошад., ба олами муайяни расиш вобаста аст. Тамоми протсесси мейоз паи ҳам аз ду бор тақсимшавии ҳаста иборат аст. Тақсимшавии якўм хеле мураккаб аст, зеро дар ин вақт редуксияи хромосомаҳо ба амал меояд. Тақсимшавии дуюм бошад. ҳамчун тақсимшавии оддии митозӣ ба амал меояд. Дар натиҷаи тақсимшавии мейозӣ чор ҳуҷайраи гаплоидӣ ба вуҷуд меояд. Ҳар ду тақсимша-вии мейоз ҳамон марҳалаҳое, ки митоз дошт, яъне профаза, метафаза, анафаза, телофазаро дар бар мегирад. Пеш аз тақсимшавии якўми мейоз дар ҳуҷайра-ҳои ҷинсӣ, ки дар зонаи балоғат ҷойгир шудаанд, синтези КДН, яъне дучанд шудани хромосомаҳо ба амал меояд, ҳар як хромосома аз ду хроматид иборат аст. Марҳалаи тақсимшавии мейозро ин тавр тасвир мекунанд.

Нақшаи 1.
Тақсимшавии якум Интерфаза I
Профазаи I
Метафазаи I
Анафазаи I
Мейоз Телофазаи I
Тақсимшавии дуюм Интерфазаи II
Профазаи I I
Метафазаи I I
Анафазаи I I
Телофазаи I I

Дар интерфазаи 1 (дар давраи сабзиш) дучандшавии адади хромосома бо роҳи дучандшавии молекулаи КДН ба амал меояд. Аз ҳамаи марҳалаҳо профазаи 1 тақсимшавии дурудароз аст ва ба якчанд давра тақсим мешавад.
Лептонема ё давраи риштаҳои борик. Дар ин давра хромосомаҳо ташаккул меёбанд. Танҳо хромосомаҳои пайдошуда аз риштаҳои борики хроматин иборатанд. Онҳо дар шакли кулўла тоб хўрдаанд. Дар ин давра миқдори хромосомаҳо ба дастаи диплоиди мувофиқанд.
ТАҚСИМШАВИИ ЯКУМ

ТАҚСИМШАВИИ ДУЮМ

Зигонема ё давраи зигонемагӣ аз ҷуфт-ҷуфт наздикшавии хромосомаҳои гомологӣ (конъюгатсия) иборат аст. Дар аксар маврид хромосомаҳои наздикшуда пайваста мегарданд.
Пахинема ё давраи риштаҳои ғафс. Риштаҳои хромосом кўтоҳ шуда, ғафс мегарданд ва чилликшавии (кроссинговер) хромосомаҳои гомологӣ ба амал меояд.
Аз ин сабаб миқдори хромосомаҳои ҷуфт ду баробар кам мешаванд. Табиати дубораи хромосомаҳо чандон аён намешавад. Баъзан хромосомаҳои ҷуфт ба ҳам тоб хўрда, гўё чўбчаи риштаҳои ғафси тугундор (кроссинговер)-ро ташкил медиҳанд. Дар вақти чилликшавӣ хроматидҳои тобхўрда қисмҳояшонро иваз мекунанд ва дар ин ҳолат хромосомаҳо аз участкаи хромосомаҳои гуногун иборат мешаванд.
Диплонема ё давраи диплотенӣ. Дар ин давра ҳар як хромосомаҳои гомологӣ комилан ба ду хроматид ҷудо мешаванд. Дар натиҷа ҳар як ҷуфти гомологӣ аз чор хроматид иборат мешавад. Дар баъзе ҷойҳо хроматидҳо пайвастанд. Ингуна минтақаҳо хиазма номида мешаванд. Чӣ қадаре, ки хромосомаи диплонема дароз бошад, хиазма ҳам ҳамон қадар зиёд аст. Хиазмаҳо ба мубодилаи қисмҳои байни хроматидҳо ёрӣ мерасонанд.
Диакинез давраи охирини профазаи тақсимша-вии аввалини мейоз мебошад. Дар ин давра хромосомаҳои ду тақсимшуда якбора кўтоҳ ва ғафс мешаванд. Хромосомаҳои ҷуфт-ҷуфт пайвастгардидаи гомологӣ айнан намоён мешаванд, зеро онҳо дар экватори ҳуҷай-ра рост ҷойгиранд. Хромосомаҳои ҷуфти мейози бивалент номида мешаванд. Миқдори онҳо дар диакинез гаплоидӣ аст ва онҳоро ба осонӣ шумурдан мумкин аст. Баъди ин марҳилаҳои метафазаи-1, анафазаи-1 ва телофазаи-1 ба амал меояд. Тақсимшавии мейоз идома меёбад ва итерфазаи-2 оғоз мешавад. Тақсимшавии дуюм мейоз аз марҳилаҳои профазаи – 2, метафазаи-2, анафазаи-2 ва телофазаи-2 иборат мебошад. Дар натиҷаи мейоз чор ҳуҷайраи гаплоиди ҳосил мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.