Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Сохтор ва вазифаҳои ҳуҷайра

Ба гуногунии шаклу ҳаҷм нигоҳ накарда, сохти ҳуҷайраҳо монанд аст. Шакли ҳуҷайра асосан аз рӯи вазифаашон ва мавқеи ҷойгиршавиашон дар организм муайян карда мешавад. Ҳуҷайраҳои озод дар аксари ҳолатҳо доиравӣ ва байзашакланд, масалан ҳуҷайра-тухмҳо, ҳуҷайраҳои ҳифзи бофтаҳо ҳамвору мусатттаҳ ва бо ҳамдигар ҷафс ҷойгирандСохтор ва вазифаҳои ҳуҷайра
Ба гуногунии шаклу ҳаҷм нигоҳ накарда, сохти ҳуҷайраҳо монанд аст. Шакли ҳуҷайра асосан аз рӯи вазифаашон ва мавқеи ҷойгиршавиашон дар организм муайян карда мешавад. Ҳуҷайраҳои озод дар аксари ҳолатҳо доиравӣ ва байзашакланд, масалан ҳуҷайра-тухмҳо, ҳуҷайраҳои ҳифзи бофтаҳо ҳамвору мусатттаҳ ва бо ҳамдигар ҷафс ҷойгиранд. Ҳуҷайраҳое ҳастанд, ки шакли доимӣ надоранд, инҳо амёба, инчунин ҳуҷайраҳои хун-лейкоситҳоянд. Ҳамаи ҳуҷайраҳо низ мухталифанд ва бо ҳаҷми организм мустақиман марбут нестанд. Диаметри онҳо аз якчанд микрометр то чанд сантиметр аст. Масалан, диаметри ҳуҷайраҳои майдатаринӣ ҳайвонот ба 4 мкм, тухми мурғ ба 6 см, тухми шутурмурғ бо 20-30 см баробар аст. Дарозии ҳуҷайраи асаб бошохаҳои он 120-150 см –ро ташкил медиҳад.
Теъдоди умумии ҳуҷайраҳо дар организми наботот, ҳайвонот ё одам бо рақамҳои бузург ифода меёбад. Масалан, танҳо дар қабати берунии нимкурраҳои мағзи сар 14-15 млрд. ҳуҷайра ва ба таври умумӣ дар инсон беш аз 200 млрд. ҳуҷайра вуҷуд доранд.
Ҳамаи ҳуҷайраҳо аз ситоплазма ва ядро, ки бо ҷилд иҳота шудаанд, иборатанд. Ситоплазма (калимаи юнонӣ –ҳуҷайра ва плазмамассаи аввалӣ) ва ҳаста ситемаи ягонаро ташкил медиҳанд, ки ҳар кадомашон мустақилона вуҷуд дошта наметавонанд. Моддаи луобмонанди ҳуҷайраҳоро физиологи чех Пуркинье дар соли 1839 протоплазма (юнонӣ-аввалӣ, нахуст) номида буд. Мафҳуми ибтидоии протоплазма асосан бо мафҳуми ҳозираи ситоплазма мувофиқат пайдо мекунад.
Ҳуҷайра бо маводи дохилаи он аз муҳити беруна ва ҳуҷайраҳои ҳамсол бо сохтори сатҳи он мембранаи плазматикӣ ҷудо карда шудаанд. Он барои алоқаи ҳуҷайраҳо бо муҳити атроф боиси танзим ва ҳифз мегардад. Ситоплазма моддаи ниммоъеи ширешмонанд аз риштаҳои тунуки мембрана ва зарраҳои хурд иборат аст. Вай тамоми масоҳати ҳуҷайраро пур мекунад ва аз ду қабат иборат аст: дохилӣ-эндоплазмҳо ва сатҳи эктоплазмҳо. Дар ситоплазма гиалоплазма-матрикс, ораганоидҳо ва омезаҳоро ҷудо кардан мумкин аст. Гиалоплазма –моддаи шаффофи бесохти гомогенӣ байни органоидҳо ва омезаҳои ба ҷузъҳо тақсим шуда воқеъ аст. Дар гиалоплазма ё матрикси цитоплазматикӣ реаксияҳои биокимиёвие руй медиҳанд, ки сабабгори фаъолияти ҳаётии ҳуҷайра мегарданд ва инчунин интиқоли моддаҳо ба амал меояд.
Аз рӯи таркиби кимиёвӣ гиалоплазма ниҳоят мураккаб аст. Дар доираи обии он моддаҳои минералӣ, сафедаҳо, чарбҳо, ангиштобҳо маҳлул шудаанд. Сафедаҳо қисми таркибии аксарияти биокатализаторҳо (тезонандаи суръати реакция) –ҳуҷайраҳо: хамирмояҳо (ферментҳо) витаминҳо ва гормонҳо аст. Органоидҳои ситоплазма –ин сохторҳо ба ҷузъҳо ҷудо шуда ва доимо вохурандаи ҳуҷайраҳоянд, ки сохти махсус дошта вазифаҳои муайянро иҷро мекунанд.

Расми 1 Сохти ҳуҷайраи ҳайвонот

Ба онҳо шабакаи эндоплазматикӣ, митохондрия-ҳо, комплекси Голҷи, заррачаҳои субмикроскопии ситоплазма -лизосомаҳо, доначаҳои дар протоплазма – рибосомаҳо, маркази ҳуҷайравӣ, пластидҳо (барои ҳуҷайраҳои наботот) дохил мешаванд Дар расмҳои 1 ва 2 ҳуҷайраҳои ҳайвонот ва наботот оварда шудааст.
Шабакаи эндоплазматикӣ (ретикулум) яке аз сохторҳои асосии ситоплазма бар асари микроскопияи электрони кашф шудааст. Он аз системаи ҷуйчаҳои бо ҳам алоқаманданд, ҳубобчаҳо, найчаҳо, систернаҳои шаклу андозаашон гуногун, ки ситоплазмаро миёнбур мекунанд, иборат аст.
Девораҳои ин найчаҳои ниҳоят борик аз парда-ҳо ташаккул ёфтааст. Таҳлилӣ электронӣ-микроскопӣ имкон додаст, ки ду намуди ретикулуми эндоплазмати-кӣ муайян карда шавад: ретикулуми дағал ё чиндор ва ретикулуми суфта.
Дар сатҳи болоии берунаи пардаи ретикулуми дағал рибосомаҳо ҷойгиранд, аз ин рӯ он аз нуқтаи назари вазифа бо протсесҳои синтези сафеда алоқаманд аст. Рибосомаҳо дар пардаҳои ретикулуми эндоплазматикии дағал дар шакли полисомӣ бо як молекулаи ахбории КРН муҷаҳҳазшуда ҷойгиранд. Вазифаи муҳим-тарини ин ретикулум ҷамъ овардан, ба ҳуҷайраҳо тақсим кардан ва гирд овардани сафедаҳои дар полисомаҳо синтезшуда мебошад. Шабакаи суфтаи ҳамвору эндоплазматикӣ аз полисом маҳрум аст. Дар он баъзе дараҷаҳои табодули ангиштоб, равғанҳо ва дигар маводи сафедадори табиат рӯҳ медиҳанд. Вай он системаи самарабахши интиқолӣ хизмат мекунад, ки аз рӯи он кӯчондани мавод ҳам ба ҳуҷайра ва ҳам аз он сурат мегирад. Хусусан, дар ҳуҷайраҳо ретикулуми суфта бештар инкишоф ёфтааст, ки моддаҳои чарбмонандро синтез мекунад.
Рибосомаҳои ғайрӣ пардаҳои органоидҳои ҳуҷайрагии куррашакл ва ё замбуруғшакли дағали диаметраш 20-30 нм мебошанд.

Расми 2 Сохти ҳуҷайраи наботот
Рибосомаҳои алоҳида дар ҳузури КРН-и ахборӣ метавонанд ба гурӯҳҳо муттаҳид шаванд ва полисомро ташаккул бидиҳанд. Онҳо дар моддаи асосии ситоплазма ҷойгиранд ва ё ба пардаҳои шабакаи эндоплазматикии дағал часпонда мешаванд. Дар ҳар ду ҳолат онҳо ҳамчун ҷои синтези сафеда хизмат мекунанд. Таркиби кимиёвии рибосома ба таври доимист. Онҳо 50% КРН-и рибосомӣ ва ба ҳамон миқдор сафедаи рибосомавӣ доранд. Ғайр аз он рибосомаҳо дар худ магнийро нигоҳ медоранд. Ба назар гирифта мешавад, ки рибосомаҳо аз ядроча ташаккул ёфта, сипас аз ядро ба ситоплазма дохил мешаванд. Дар полисомҳои озод сафедаҳо ба вуҷуд меоянд, ки барои фаъолияти ҳаётии худи ҳуҷайра, лозим аммо дар полисомҳои ин шабакаи эндоплазматикӣ часпондашуда сафедаҳои берун аз бадани ҳуҷайра мавҷуд будагӣ истифода бурда мешаванд.
Рибосомҳои шумораашон бисёртарро дар ҳуҷайраҳои бофтаҳои босуръат зиёдшаванда, яъне дар ҳуҷайраҳои ҷанин, хуҷайраи узвҳои барқароркунии организмҳо дарёфт кардан мумкин аст.
Митохондрияҳо сохторҳое мебошанд, ки шакли чӯбча, пуфак, линзачаҳо, ресмончаҳои миқёсашон аз 0,2 то 7 мкм доранд. Онҳо дар аксари ҳуҷайраҳо вуҷуд доранд ва шумораашон аз 150 то 1500 нусха аст. Девораҳои митохондрия аз ду парда –дохилӣ ва берунӣ иборат аст. Пардаи дохилӣ шумораи зиёди ҷинсҳо, монеъаҳо, найчаҳо, шонаҳои ба ном «кристро»-ро ташаккул медиҳад, ки холигии дохилии митохондрияро ба бурришҳо ҷудо мекунад. Байни кристҳо матрикс ҷой гирифтааст, ки дар он теъдоди асосии хамирмояҳо (ферментҳо) вуҷуд дорад. Ғайр аз ин дар кристҳо ва дар таркиби пардаи беруни сафедаҳо миқдори зиёди чарбмонандҳо, витаминҳо, рибосомаҳо, КРН, КДН мавҷуданд. Мавҷудияти рибосомаҳо ва КДН ба мухторияти муайяни митохондрияҳо мусоидат мекунад. Вазифаи асосии митохондрияҳо аз он иборат аст, ки дар онҳо таъмини ҳуҷайраҳо нерӯ (энергия), табдили неруи робитаҳои кимиёвии маводи ғизогиранда ба робитаҳои макроэнергии АТФ дар протсесси нафасгирии ҳуҷайрагӣ амалӣ мешавад. Дар ин ҳолат энергия барои истифодааш дар фаъолияти ҳаётии ҳуҷайра, аз ҷумла синтези моддаҳо боз ҳам дастрастар мегардад. Ташаккули АТФ асосан аз ҳисоби бо фосфор омехташавии оксид зуҳур меёбад. Маҳз дар митохондрияҳо ҷудоша-вии туршкунандаи карбогидратҳо, кислотаҳои равғанӣ, аминокислотаҳо бо озодкунии энергия ва табдили минбаъдаи он ба энергия АТФ рух медиҳад. Аз ин ҷиҳат митохондрияро бесабаб маркази барқии ҳуҷайра номгузорӣ нанамудаанд.
Комплекси лавҳашакли Голҷи бори нахуст соли 1898 дар ситоплазмаи ҳуҷайра аз ҷониби олими итолиёвӣ К.Голҷи кашф шуда ба номи ӯ гузошта шудааст. Ин сохтори мураккабест, ки аз пардаҳои доначаҳо ва ҳубобочаҳо иборат аст. Онро ҷисмчаҳои майда-диктиосомаҳо ташаккул додаанд, ки миқдори онҳо дар ҳуҷайра аз якчанд сад то якчанд ҳазор мерасад. Тахмин меравад, ки он пайваста пардаи шабакаи эндоплазматикиро ба вуҷуд меорад. Комплекси Голҷи дар дохилаш партовҳои фаъолияти ҳаётии ҳуҷайра, усора (афроа)-ҳое, ки аз берун дохил шудаанд, моддаҳои заҳрнок ва изофаҳои об, ки бебоист аз ҳуҷайра ихроҷ карда шаванд, гирди ҳам овардааст. Ба он синтези полисахарид-ҳо, липидҳо (чарбмонандҳо), ба вуҷуд омадани донаҳои зарда дар ситоплазма алоқаманд аст. Дар комплекси Голҷии лавҳашакл заррачаҳои субмикроскопии ситоплазма-лизосомаҳо ибтидоӣ ташаккул меёбанд. Ҳанго-ми тақсими ҳуҷайра қисми комплекси лавҳашакл аз ҳуҷайраи модарӣ ба ҳуҷайраи духтарӣ мегузаранд, ҳамин тариқ, ин органоид пайдоиши авлодӣ дорад.
Лизосомаҳо – чун воҳидҳои пардагии дохили ҳуҷайравӣ аз тарафи биохимик Де Дюв соли 1955 кашф карда шуда буд. Онҳо аз ҳубобчаҳои пардаҳои маҳдудшудаи диаметраш то 2 мкм. иборат мебошанд. Лизосомаҳо бо гурӯҳи хамирмояҳои (ферментҳо-гидролазаҳо) гидролитикии турш, ки сафедаҳо, кислотаҳои нуклеинӣ , полисахаридҳо ва чарбмонандҳо (липидҳо) ба ҷузъҳо тақсим мекунанд, дороянд. Дар байни зарраҳои лизосомаҳои аз ҷиҳати морфологӣ (таълимот дар бораи сохт ва шакли мавҷудот) мухталиф чор намудашро муайян мекунанд: лизосомаҳои ибтидои, сонӣ, аутофагосомаҳо ва боқимондаҳои ҷисмчаҳои майда. Гуногунии морфологии лизосомаҳо аз он сабаб аст, ки вазифаи лизосомаҳо-ин ҳал намудани пайвандҳо ва сохторҳои кимиёвии дохилиҳуҷайрагӣ ва ҳамчунин вакуоли (ҳубоб-ча) мураккаби ғизоҳалкунандаи баромадашон ҳам экзогенӣ (берунӣ ҳуҷайравӣ) ва ҳам эндогенӣ (дохили ҳуҷайрагӣ) –ро ба вуҷуд меоранд. Лизосомаи ибтидои органеллҳои ғайрифаъоланд, ки аз онҳо лизосомаҳои сонӣ, ки дар онҳо протсесси ҳосилшавии ғизо сурат мегирад, пайдо мешаванд. Лизосомаҳои сонӣ ба гетеролизосомаҳо ва аутолизосомаҳо тақсим мешаванд. Аввалин моддае, ки ба ҳуҷайра аз хориҷ тавассути пиноситоз ва фагоситоз дохил мешванд маҳлул мегарданд, сониян сохтори худи ҳуҷайраҳо нобуд мешаванд. Лизосомаҳои сонӣ, ки дар онҳо протсесси ҳалшави ба охир расидааст, ҷисмчаҳои хурди боқимон-да номида мешаванд. Дар онҳо гидролазҳо вуҷуд надоранд ва моддаи ҳалнашуда нигоҳ дошта мешавад. Лизосомаҳо аз ҳисоби фаъолии ретикулуми эндоплазматикӣ ва апарати Голҷи ташкил меёбанд. Миқдори зиёди лизосомаҳо дар лейкоситҳо (ҷисмчаҳои сафеди хун) ҳастанд.
Маркази ҳуҷайра – ин маҷмӯи сентриолаҳо ва сентросфераҳо аст. Сентриолҳо шакли нимсилиндри диаметраш қариб 0,15 мкм. ва дарозиаш 0,3-0,5 мкм. дорад. Ин органоид аз ду ҷисмчаи чӯбчашакл иборат аст, ки диплосомаро ба вуҷуд меоранд. Девораҳои сентриола аз 9 сегонаҳои найчаҳои хурд сохта шуда, бо минтақаи равшантари ситоплазма иҳота шудааст, ки аз он риштаҳои борик (сентросфера) ба ҳар сӯ паҳн мешаванд. Сентриолаҳо дар ҳучайраҳои тақсимшаванда дар ташаккули дукҳои тақсим ширкат варзида дар қутбҳои онҳо ҷой мегиранд, аммо дар ҳуҷайраҳои тақсимнаша-ванда онҳо одатан қутбияти ҳуҷайраҳои эпителия «луобпарда»-ро муайян карда дар наздикии апарати Голҷи ҷой мегиранд. Чунин иртиботи сентриолҳо бо апарати Голҷи барои ҳуҷайраҳои хун ва асаб хос аст. Бисёр вақт сентриолаҳо дар наздикии ҳаста ҷой мегиранд.
Микроҷисмчаҳо – ҳубобчаҳои микроскопианд, ки бо пардаи як қабата маҳдуд карда шудаанд. Дар онҳо аксари ҳолатҳо сафедаи кристалшакл мавҷуд аст. Дар иртибот ба вазифаи иҷрошаванда ва мавҷудияти хамирмояҳо микроҷисмчаҳоро ба перикисомаҳо, ки ба ҷузъҳо тақсимкунии H2О2-ро ба уҳда дорад, ҷудо мекунанд. Ин реаксияҳо дар силсилаи (сиклҳо) –табодули моддаҳои гуногун, масалан дар табодули тезоби кислотаи пешоб дар гурда ва ҷигар истифода бурда мешаванд.
Микронайчаҳо – структураи доимии ситоплазма буда, парда надоранд, шакли найчаи андозааш 2,5 мкм – ро дорад. Мумкин ки онҳо риштаҳои тақсимшавӣ, маркази ҳуҷайра (сентриолҳо), қамчинакҳо, мижгонакҳо ҳосил кунанд. Теъдоди зиёди онҳоро дар изофаи ҳуҷайраҳои асаб пайдо карданд. Компоненти ҷузъи асосии микронайчаҳо сафедаи тубилин ва ғайр аз он қариб 20 сафедаҳои мухталиф мавҷуд аст. Микронайчаҳо дар тақсимшавии митоз ва мейоз ҳангоми аз ҳам дур шудани хромосомаҳо иштирок мекунанд. Онҳо дар ҳуҷайра ситоскелетро ташкил дода, шакли ҳуҷайраро нигоҳ медоранд. Микронайчаҳо аз таъсири колхитсин вайрон мешаванд.
Пластидҳо – органоидҳои хеле калон (баъди ҳаста) буда ба ҳуҷайраи наботот хос мебошанд. Дар ҳуҷайраи ҳайвонот пластидҳо нестанд. Андозаи онҳо аз 1 то 12 мкм аст. Дар зери заррабини равшани онҳо шакли чубча, пулакча ва донача доранд. Пластидҳо асосан 3 навъ мешаванд. Хлоропластҳо, хромопластҳо ва лейкопластҳо. Хлоропластҳо маъмултарин пластид-ҳо буда дар табиати зинда аҳамияти калон доранд. Онҳо дар торики тамоми массаи ситоплазмаро баробар фаро мегиранд. Сохти хлоропласт хеле мураккаб аст. Аз берун хлоропласт бо ҷилд ё пардаи 2 мембранагӣ пӯшида шудааст. Асоси хлоропластҳо сафедаҳо (қариб 50%), хлорофилл (9-10%), каротоноидҳо (1,2%), ферментҳо ва қисмҳои на чандон калони КРН ва КДН ташкил менамоянд. Вазифаи асосии хлоропластҳо ба пигменти таркибаш яъне хлорофилл вобаста аст. Дар ибтидои асри ХХ олими рус М.С.Цвет 2 шакли гуногуни хлорофилро ҷудо кард: хлорофили «А» -и пигменти сабзу кабуд ва хлорофили «Б» -и зарду сабз. Чунон ки нишон дода шуд, дар таркиби хлоропластҳо боз пигменти сурху норинҷии каротин ва пигменти зарду тиллоранги ксантофилл дохил мешавад. Олимон М.С.Цвет ва В.Н.Любименко (1921) алоқаи кимиёвии хлорофилро бо сафедаҳои хлоропласт муайян карданд.
Хромопластҳо дорои ранги зарди норинҷи ва сурхчаи пигменти гуруҳи каротиноидҳо мебошанд. Онҳо дар ситоплазмаи ҳуҷайраи узвҳои мухталифи наботот (гул, мева, поя, барг) мавҷуданд. Вазифаи хромопласт-ҳо аниқ муайян карда нашудааст. Тахмин мекунанд, ки онҳо хлорофилро аз оксидшави нигоҳ медоранд.
Лейкопластҳо –пластидҳои беранг буда дар онҳо ангиштобҳо, сафедаҳо ва равған ҷамъ мешаванд. Онҳо дар ситоплазмаи узвҳои беранги наботот, яъне поя, реша, лунда мавҷуданд. Лейкопластҳо шаклан мухталиф мешаванд. Лейкопластҳои лундаи картошка, ки дар онҳо донаҳои ангиштобҳо ғун мешаванд, хеле маъмуланд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.