Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Устувории биосенозҳо

Ивазшавие ки дар биосенозхо чой дорад , ба устувории онхо вобаста аст. Чунон чи , агар як намуд нисбат ба намуди дигар мукобилият нишон дихад ва ин намуд ба гурухи доминантхо мансуб набошад, дар биосеноз ивазшавии пурра ба амал намеояд. Дар ин холат тахмони экологиро намуди дигар ишгол мекунадУстувории биосенозхо
Ивазшавие ки дар биосенозхо чой дорад , ба устувории онхо вобаста аст. Чунон чи , агар як намуд нисбат ба намуди дигар мукобилият нишон дихад ва ин намуд ба гурухи доминантхо мансуб набошад, дар биосеноз ивазшавии пурра ба амал намеояд. Дар ин холат тахмони экологиро намуди дигар ишгол мекунад. Масалан, санчоб , ки дар чангалхои сузанбарг зисти мукими дорад, чун даррандаи хамахур хурокаш хазандахои хурд, паррандахо чормагзи чалгоза замин ва чи дар болои дарахтон ёфта мехурад. Агар ду хайвон чои якдигарро дар як чангал иваз кунанд, биосеноз хосиятхои асосии худашро гумм намекунад ва устувор хохад монд.
Намудхои камшумор кисми асосии хискунандаи нозуки биосеноз ба хисоб мераванд. Популятсияи онхо кариб хама вакт дар холати нестшави карор дорад. Онхо дар навьати аввал аз таъсири омилхои антропогони нест мешаванд. Инчунин кам шудани шумораи намудхои нодир ва камшумор то хадди имкон алокахои биосенотикиро ба таври пурра иваз карда наметавонанд. Масалан, чангалхои гирду атрофии шахр новобаста аз он, ки таъсири одамон ба он назаррас аст ( чамъ кардани гулхо, мева, растанихои табобати, шикасти шохахо) солхои зиёд нашъунамо доранд. Дар чунин биосенозхо намудхои камшумор – нодир паррандахо, растани ва хашаротхо аз байн мераванд. Агар таркиби намудии ин чамоахо якбора хароб шавад, он гох устувории онхо дар мухити зист суст ва тадричан нест мешаванд. Вайроншавии якбораи чамоахои устувор хуссусияти хос ва мураккаби системави буда, аз сустшавии робитаи таркибии он вобастаги дорад.
Донистани чунин конуниятхо барои дар хочагихо омода ва ташкил кардани чамоахои сунъи ва нигох доштани биосенозхои табии, аз кабили баркароркунии даштхо, маргзорхо, чангалхо хеле мухим аст.

Таркиби гизои ва занчири гизои дар биосенозхо
Дар таркиби хар як чамоа мавкеи мухимро системаи гизои, яъне накшаи гизогирии организмхо дар биосенозхо ва робитахои гизоии онхо ишгол мекунанд. Накшаи гизои ки таркиби он мкраккаб аст, дар навбати худ аз якчанд занчири гизои иборат мебошад. Хар яки онхо рохи хоссаи гузариши мода ва энергияро доранд ки онро дар мисоли зерин дидан мумкин аст: наботот – хашароти алафхур популятсияи хашароти вахши – паррандаи хашаротхур – паррандаи дарранда. Дар ин зансири гизои рохи яктарафаи гузариши мода ва энергия аз як гурухи организмхо ба гурухи дигар ба назар мерасад.
Гурухи организмхои чамоаи биотикиро ки кобилияти истифодаи энергияи рушнои, инчунин истифодаи моддахои оддии гайриорганикиро доранд, автотрофхо ( аз юнони «авто» – худ ва «трофо» гизогири, яъне худгизогиранда) ё продусентхои аввалин меноманд.
Бокимондаи организмхоро ки сатх ё зинаи дигари гизоиро ишгол мекунанд, гетеротрофхо аз (юнони «гетеро» – гуногун «трофо» – гизогири). Гетеротрофхо дар навбати худ ба консументхо ва редусентхо таксим мешаванд. Ин гурухи организмхоро дар мачмуъ макроконсументхо ва микроконсументхо низ мегуянд.
Гурухи зиёди хайвонхо ки хамахуранд, ба ягон гурухи махсуси зинаи гизои мансуб нестанд. Ин гунна организмхо чандин зиннаи гизоиро ишгол мекунанд ва иштироки онхо дар сатхи гизои ба таркиби истифодашуда вобаста аст.

Мафхуми умуми
Аз бобу кисмхои гузашта ба мо маълум асти ки дар табиат мачмуи организмхои зинда бо мухити зист робитаи доими доранд инчунин мувофики конуниятхои табии ва чун системаи яклухт амал мекунанд.
Экосистема (аз юнони «ойкос»-хона,манзил,бошишгох) – мачмуи организмхои табиию антропогении ба якдигар алокаманд мебошанд, ки онро организмхои зинда ва махали зисти онхо ба вучуд меоварад истилохи экостистемаро олими набототшиноси англис А. Тенсли соли 1935 ба илми экология дохил кардааст.
Конуниятхои ташкилкунандаи экосистема
Дар биосенозхо организмхои зинда нафакат байни худ балки бо мухити атроф низ алокаманди дорад ва чунин алока ба воситаи моддахо ва энергия ба амал меояд.
Ворид шудани гизо, об ва оксиген ба таркиби организмхои зинда дар мачмуъ ин харакати моддахо таввасути мухити зист аст . Растанихо энергияи рушноии офтобро аввалан бе восита дар бандхои химиявии пайвасиагихои органики захира ва баъдан ба воситаи муносибатхои гизои дар биосенозхо таксим мекунанд.
Растани барои ташкили массаи худ аз 200 – 800 гр. Обро ки аз хок мегирад ба фазо хорич мекунад. Агар ба чунин пайдархамии харакати мода аз табиати гайризинда ба бадани организмхои зинда назар кунем, он гох тахмин меравад ки захирахои барои хаёт зарури унсурхои биогени кайхо бояд тамом мешуданд. Ин чараён дар биогеосенозхо дар натичаи муносибатхои гизои байни намудхои растанихое ки моддахои органикиро хосил карда, дар охир онхоро то пайвастагихои ьвюь юьбва гуногун амали мегардад. Хамин тавр, гардиши биологии модда дар табиат пайдо мешавад ва чараён мегирад .
Экосистемахои табии дорои масохату хосият ва хачми гуногунанд. Хар як экосистема ду кисмро дар бар мегирад: организмхои зинда ва мухити табии он. Экосистема дар холати гардиши моддахоро таъмин мекунад ки агар дар таркиби он чор кисми асоси ки агар дар унсурхои биогени, продусентхо, консументхо ва редусентхо мавчуд бошанд.
Консументхо истифодакунадахои моддахои органики мебошанд. Ба консументхо асосан хайвонхо мансубанд. Маълум аст, ки хаёт дар руи замин такрибан 4 млрд. сол боз вучуд дорад ва он дар системаи биологии гардиши моддахои биогени нотакрор аст вай натичаи фаолияти организмхост ва хаёти хар яки онхо ихрочи ахирахои энергиявиро талаб мекунанд.
Гуногунии экосистемахои Замин нафакат аз гуногунии организмхои зинда, инчунин аз шароити табии ва мухити географи вобастаги дорад . Шарти асосии устувории экосистема гардиши модда ва энергия ки дар руи Замин хамавакт хаёти безаволро таъмин мекунад. Халалдор карда фаолияти организмхоро дар биосенозхо аломати ивазшавии гардиши моддахо аст ва он сабаби асосии фалокатхои экологи ба мисли паст шудани хосилхезии хок , харобгардии намудхои растанихо ва хайвонхо инчунин вайроншудани пайихамии мухити табии мегардад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.