Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Одаткунии организм ба нашъа

Асли афюн ҳосили кукнори равғанӣ мебошад. Ва барои илми тибб аз замонҳои хеле қадим ошност. Олимон мегўянд аз нигоҳи илмӣ афюн дар таркиби худ моддаҳое дорад, ки онҳо аз қобилияти тез одаткунонандагӣ бархўрдор мебошанд. Ҳар қадаре, ки он тез-тез истеъмол гардад, суръати ба афюн одат кардани инсон ба ҳамон андоза тезтар мешавадАсли афюн ҳосили кукнори равғанӣ мебошад. Ва барои илми тибб аз замонҳои хеле қадим ошност.
Олимон мегўянд аз нигоҳи илмӣ афюн дар таркиби худ моддаҳое дорад, ки онҳо аз қобилияти тез одаткунонандагӣ бархўрдор мебошанд. Ҳар қадаре, ки он тез-тез истеъмол гардад, суръати ба афюн одат кардани инсон ба ҳамон андоза тезтар мешавад. Истеъмоли афюн низ аз марҳилаҳо иборат буда, нишонаҳои аввалини онро марҳум Минҳоҷ Ғуломов чунин тавсиф мекунад: “Баъди якчанд дақиқаи қабули нашъа дар миён ё шикам ҳисси гармие, ки мавҷнок ба тамоми бадан паҳн мешавад, пайдо мегардад. Дар сар зарбаи сабуки бедард ҳис мешавад. Сурхшавии рўй, хушкӣ дар даҳон, хориши нўги бинӣ, манаҳ ва пешонӣ ба амал меояд; гавҳараки чашм хурд мешавад, задани набз суст мегардад, фикру хаёл гум мешавад, ҳолате рух медиҳад, ки онро баъзе беморон ба эҳсосоти организм монанд мекунанд. Ҳолати тавсифёфта тақрибан ду дақиқа давом мекунад. Ҷойи барангезиши рўҳии марҳилаи аввалро сустшавӣ ишғол мекунад. Зоҳиран мастшудагон лоғар, суст, камҳаракат менамоянд. Онҳоро танбалӣ фаро мегирад, ҳар як кўшишот барои онҳо душвор ва нолозим менамояд. Агар пеш аз қабули нашъа ҳисси гуруснагӣ, ташнагӣ ва хасташавӣ вуҷуд дошта бошад, баъди мастшавӣ ҳамаашон маҳв мегарданд. Одамони гирду атроф ғайри муқаррарӣ хубу дилчасп ба назар мерасанд. Ҳисси аз олами атроф кандашавӣ, ҳаёти берун аз макону замон ва озод аз эҳтиёҷоту масъулият пайдо мегардад. Ҷараёни фикрронӣ метезад, тасаввуроти ба хаёли пуч монанд пайдо мешавад, ки онҳо чун дар клейдоскоп тез-тез ҷойи худро иваз мекунанд… Ин ҳолат ба хоби ноамиқ табдил меёбад, ки ду-се соат давом мекунад. Баъди бедоршавӣ заъифӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди сар, сарчархӣ, миҷа ба ҳам заданҳои беасос, забон, дастҳо ба мушоҳида мерасанд; кайфият паст мешавад, бесабаб ҳисси нооромӣ, тарс, ғам пайдо мегардад; хоҳиши ба коре машғул шудан нест, тамоми диққат ба ҳолати бади организм равона гардидааст”.
Дар ҳар марҳила аз марҳилаҳои нашъамандии афюнӣ инсон ба таҳаввулоти мухталифи аъзои бадан рў ба рў мегардад. Чунончӣ, дар марҳилаи дуюм бемор барои дарёфти ҳолати қаблӣ, яъне расидан ба дараҷаи мастии аввала маҷбур аст ба миқдори истеъмоли худ зам кунад вагарна он кайфиятро ёфта наметавонад. Дар ин марҳила одатан беморон сергап мешаванд, бо одамони атроф ба тезӣ унс мегиранд, вале дар рафторашон нишонаҳое аз сустии ҳаракатҳо ба мушоҳида мерасад. Хоҳиши дар ҷойи гарм нишаста истеъмол намудани нашъа маҳз дар ҳамин давра сар мезанад.
Дар марҳилаи сеюм бошад ин нишонаҳо хосанд: атсазании пайваста, равон шудани оби чашм, поён рафтани фишори хун ва набз, лоғар шудан ва ҳоказо.
Афюн бадани инсонро тезтар таҳти таъсир қарор медиҳад. Вобастагӣ аз он рўз то рўз меафзояд ва шахсро бандаи худ мекунад. “Дар танаффусҳои байни қабули нашъа хасташавии тез, паст шудани қобилияти фикриву ҷисмонӣ, тундмиҷозии аз ҳад зиёд пайдо мешаванд. Ба шавқу завқи пештара майлу рағбат гум мешавад, тамоми фикру зикр ба нашъа ва воситаҳои дастраскунии он равона мегардад. Коҳиш ёфтани хотира якҷоя бо ноустувории эмотсионалӣ ва лоғарӣ сурат мегирад. Хислати беморон ба дараҷаи назаррас тағйир меёбад: онҳо дамдузд, одамгурез, дурўғгўй мешаванд, дар муассисаи табобатӣ забонхат менависанд, ваъдаҳои бисёр медиҳанд, ки аз нашъамандӣ халос мешаванд, ҳамаро бовар мекунонанд, ки ин ваъдаашон самимист, аммо худи ҳамон замон ваъдаашонро аз хотир мебароранд”.
Афюн дар як муддати кўтоҳ симои инсонро тағйир медиҳад ва шахси мубталои ин беморӣ назар ба ҳамсолонаш пиртар менамояд, таровати табии чеҳраи ўро тарк мекунад. Ранги пўсташ хираи зардтоб мешавад ва варам мекунад. Гавҳараки чашм танг гардида, фишори хун ва набзи ў ба дараҷаи ниҳоӣ паст мешавад. Аксари онҳо баъди 2-3 сол аз дандонҳои худ маҳрум мешаванд ва ба назар мерасад, ки гўё дандонҳояшон худ аз худ мешикананд ва меафтанд.
Истеъмоли афюн аз тариқи сўзандору барои инсон хавфи бештаре дорад. Чунончӣ, ба тадриҷ шахсро мубталои склерози рагҳои хунгарди китф, рон ва зону мекунад. Гузашта аз ин хавфи мубтало гардидан ба ВИЧ/СПИД бештар мегардад. Чунончӣ, бино ба маълумоти расмӣ 70% аз ҷумлаи ба Вич сироятшудагон дар Тоҷикистон бемороне мебошанд, ки бо сўзандору маводи нашъаовар истеъмол мекунанд. Дар сар сар то сари ҷаҳон ҳамарўза 16 ҳазор ҷавонон гирифтори ВИЧ/СПИД мешаванд. Аз оғози ин эпидемия дар олам 40 миллион нафар сироят ёфтаанд.
Ба сигор истеъмол кардани он бошад кори мураттаби дил ва шушро халалдор намуда, дар занҳо ҳайзро аз байн мебарад ва зану мардро безурёд мекунад.
Афюн пештар бинобар сабаби он ки дар таркибаш морфин зиёд дорад, барои таскини дард дар тибб истифода бурда мешуд. Вале баъдан кашф шуд, ки вай хусусияти зуд одаткуниро ба миён меорад ва аз ҳамин сабаб истифодаи он дар тибб дар ин шакл манъ гардид ва ҳоло чун маҳсулоти хом барои тайёр кардани баъзе доруҳои таскинбахши дард истифода бурда мешавад.
Соли 1952 дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсоли воситаи табобатии меъда, ки аз кӯкнор омода карда мешуд, манъ гардид.
Истеъмоли дурударози афюн боиси:
• Вайроншавии бофтаҳои бадан
• Хушкӣ, зардшавии пӯст
• Харобшавии шадид
• Заъиф шудани хотира
• Суст шудани кори мағзи сар
• Печидан ба бемории саратони шуш
• Халалдор шудани роҳи нафаскашӣ
• Карахтшавии ҷисм
• Касалиҳо дар рӯдаҳо мешавад.
Номҳои дигари он:
афюн, ширка, ханка, пояи кӯкнор, омнопон, пантопон ва ғайра.

Нашъа
Истеъмоли мунтазами моддахои психоактиви (маводи нашъа) бо гузаштани вакт дар одам пайдошавии вобастагии устуворро аз моддахои истеъмолкунанда (рухи ва чисмони) ба вучуд меорад.
Вобастагии чисмони
Дар он зохир мешавад, ки организми одам наметавонад бе маводи психоактивии мазкур зиндаги кунад. Дар холати набудани он аломати бекоркуни (синдроми абстиненти)[1] авч мегирад.
Ин аз сабаби вайроншавии холати чисмони ва рухи ба вучуд меояд, ки он бо истеъмолшавии маводи психоактивие, ки як кисми чараёни мубодилаи моддахо дар организм шудаанд, алокаманд мебошад. Олимон бар он акидаанд, ки вобастагии чисмони аз таъсири маводи психоактиви дар кисми муайяни магзи сар – маркази эхсосоти мусби ба вуљуд меояд.
чараёни ташаккули вобастагии чисмониро метавонем дар мисоли истеъмоли маводи нашъаи афюни мисол оварем: таъсири афюн ба он алокаманд аст, ки молекулахои он ба моддахои табиие, ки эндофрин ном доранд ва магзи сари мо онро хосил мекунад, монанд мебошад.
Эндрофинхоро инчунин «гармонхои хурсанди» меноманд, чунки онхо дар ташаккулёбии таъби хуш, хиссиёти бехбуди, ороми ва бовари ба худ накши калонро бози мекунанд. Асосан эндрофинхои бисёр дар холатхои рухбаланди, мухаббат, комёби ба вучуд меоянд.
Дар натичаи воридшавии доимии афюн организм ба таври назаррас коркарди эндофринхои худро бенихоят кам мекунад. Дар бадани хар як одам ресепторхои афюни вуљуд доранд. Ин минтакахои махсуси системаи асаб мебошанд, ки ба эндорфинхо эътино мекунанд ва аз ин бар меояд, ки онхо инчунин ба маводи нашъаи гуруххои афюни эътино мекунанд. Дар холати мунтазам ворид шудани маводи нашъа ба бадан кобилияти эхсоси ресепторхои афюни паст мешаванд, ки ба зарурияти зиёд кардани воя (доза) барои ноилшави ба таъсири баланд оварда мерасонад.
Хамон вакт дар бораи мавчудияти гирифтории чисмони гуфтан мумкин аст, ки холатхои зерин дигар боиси шубха набошанд:
1. Майли чисмони, ки дар хохиши сахт ба истеъмоли маводи нашъа ифода меёбад. Ин майли хеле сахт мебошад, сахтар нисбати гушнаги ё ташнаги. Он таъби одамро муайян мекунад, рафтори уро идора менамояд, назоратро дар кабули моддахои психоактиви зери таъсири худ мегирад. Дар ин гуна холат одам хусусиятхои аз руи акл амал кадан, «бетараф» ё «зид» будан, окилона андеша карданро гум мекунад, зеро тамоми кушишу гайрат танхо бар он равона карда мешавад. ки чи тавр, бо кадом рох тамоми монеахоро бартараф намуда, маводи нашъадор ёфта истифода намояд.
2. Аломати абстиненти (аломоти бекоркуни) – ин вайроншавихо дар организм, ки баъди катъи якбораи истеъмоли маводи психоактиви ривоч меёбанд. Организми одам, ки ба маводи захрдор одат кардааст, дар холати вориднашудани маводи психоактиви хабар медихад, ки вояи (дозаи) навбати зарур аст. Аломати абстиненти метавонад бо роххои гуногун зохир шаванд ва он аз намуди маводи психоактивии кабулшаванда вобастаги дорад.
3. Аломати дигаршудаи кобилияти ангехт (реактивность) аломатхои зеринро дар бар мегирад:
• дигаршавии максади истеъмол (масалан: одам доруи хобро бо максади муътадил намудани хоб истеъмол мекард, баъдтар у доруи хобро барои расидан ба холати масти истеъмол карданро сар мекунад).
• дигаршавии тобовари. Дар холати истеъмоли мунтазами маводи психоактиви тобовариро ба ин моддахо бештар мегардад. Вояи (доза) мукаррари дигар холати дилхох (кайф)-ро дода наметавонад ва шахси истеъмолкунанда вояро зиёд менамояд. Организми у ба тобоварии вояхои (дозахо) калон, ки барои одами солим марговар мебошанд, одат мекунад;
• гум шудани таассурхои (реаксияхои) химоякунанда дар вакти кабули вояи калон (передозировка). Таассурхои (реаксияхои) химоякунанда (дилбехузури, кайкуни, хориши пусти, аракшо шудан, хиккак, рафтани оби дахон, хира шавии рушноии чашм) – бонги хатари организм, ки дар холатхои зиёд кардани вояи (дозаи) бехатар пайдо мешаванд. Хангоми гузаштан ба истеъмоли мунтазами маводи психоактиви аз сабаби мутобик шудани организм таассури химояви нест мешавад;
• дигаргуншавии аслии мастшави нисбати чашмдошт (доруи хобовар ба чои хоб ба хаячон меорад).

Хар се падидаи зикршуда дар чамъбаст аломати вобастагии чисмониро ташкил мекунанд.

Вобастагии руҳи
Хангоми истеъмоли моддахои психоактиви дар одам дигаргунихои гуногуни рухи ба вучуд меоянд:
• рухафтодагии эхсоси;
• паст шудани серхаракати ва потенсиали энергетики;
• аз миён бурдани шавку рагбат ва талаботхои харруза бо хоњиш ба моддахои психоактиви;
• паст шудани акл;
• бад шудани хотира ва паст шудани махсулнокии фаъолияти зехни;
• тахлука, рухафтодаги ва зудранчи;
• пайдошавии газаб ва адоват;
• танг шудани доираи шавку хавас, паст шудани хохиши ягон чизи нав омухтан;
• аз байн рафтани хохиши ягон кор кардан;
• хасташави баланд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.