Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Асосҳои генетика

Генетика – илм дар бораи қонуниятҳои ирсият ва тағйирпазирӣ ва усулҳои омўзиши он мебошад. Мафҳуми генетикаро соли 1906 олими англис У. Бэтсон пешниҳод кардааст. Ягонагии ҳардуи ин хусусиятҳо дар дараҷаи ташаккули ҳамаи организмҳо рост меояд. Генетика асоси биологияи муосир ба шумор меравад. Ин ба қадри имкон далели тафриқа ва махсусгардонии илмҳои гуногуни биологист. Умумиятнокии қонуниятҳои ирсият ва тағйирпазирӣ барои ҳама гуна организмҳо хос аст. Усулҳои генетикӣ ба ҳама гуна тадқиқотҳои биологӣ ҷур аст. Бинобар ин конгресси 16-уми умуми-ҷаҳонии генетикҳо дар Канада (1988) зери шиори «Генетика ва ягонагии биология» амал карда будГенетика – илм дар бораи қонуниятҳои ирсият ва тағйирпазирӣ ва усулҳои омўзиши он мебошад. Мафҳуми генетикаро соли 1906 олими англис У. Бэтсон пешниҳод кардааст. Ягонагии ҳардуи ин хусусиятҳо дар дараҷаи ташаккули ҳамаи организмҳо рост меояд. Генетика асоси биологияи муосир ба шумор меравад. Ин ба қадри имкон далели тафриқа ва махсусгардонии илмҳои гуногуни биологист. Умумиятнокии қонуниятҳои ирсият ва тағйирпазирӣ барои ҳама гуна организмҳо хос аст. Усулҳои генетикӣ ба ҳама гуна тадқиқотҳои биологӣ ҷур аст. Бинобар ин конгресси 16-уми умуми-ҷаҳонии генетикҳо дар Канада (1988) зери шиори «Генетика ва ягонагии биология» амал карда буд
Аввалин дастурҳо оид ба генетика аз ҷониби А. Бойсман ва Р. Голдшмидт (1911), Е.А. Богданов (1914) ва Ю.А. Филипченко (1915) нашр гардидаанд. Китоби «Генетика»-и М.Е. Лобашов соли 1963 ва соли 1967 аз нав таҳрир ва чоп шуд.
Дар ин муддат илми генетикаи ҷаҳонӣ ва усул-ҳои омўзиши физикию кимиёвӣ ғанӣ гардид. Биологияи молекулавӣ ва биохимия дар назарияи ген захираи бебаҳое доранд. Назарияи сунъии таҳаввулотӣ тараққӣ мекард. Оқибатҳои фоҷиавии сессияи августии ВАСХНИЛ-и соли 1948 ҳокимияти зидди илмии ақида-ҳои Т.Д. Лисенко ба кори тадқиқотии биологӣ зиёни зиёде расонид. Зарари калон дар тайёр намудани мутахассисони биолог ва омўзиши генетика ворид шуд. Дар оянда генетикҳои мутахассис ба мактабҳои олӣ баргаштанд. Ин шаҳодати он буд, ки мактабҳои генети-кӣ аз байн нарафтанд. Дар замони ҳозира, баъди соли 1964 фазои холигӣ дар соҳаи адабиётҳои омўзиши генетика мукамал шуда истода аст. «Асосҳои генетикаи ҳозиразамон»-и С.М. Гершензон (1979-1983) ду маротиба нашр гардид. Китоби С.А. Алиханян, С.П. Акифеева ва В.Г. Гуляева соли 1977 ва як қатор монография-ҳои Н.П. Дубинин ба монанди «Генетикаи умумӣ» ва «Генетика» соли 1976 аз чоп баромаданд. «Курси генетикаи микроорганизмҳо»-и И.А. Захаров соли 1978, «Асосҳои генетикаи инженерӣ» Н.Е. Вибичина 1988, «Генетика ва асосҳои селексия»-и С.Т. Инге-Вегтомов (1989) аз чоп баромаданд. Қисмати ҳақиқии генетика бо назардошти махсуси омўзиши генетика барои мактаб-ҳои олии тиббӣ навишта шудааст.

Тағйирпазирӣ ин гуногунӣ дар гуногунии зиндаҷонҳо аз рўи систематика маълум аст. Мисол 286 ҳазор намуди растаниҳои гулдор маълум аст, 100 намуд занбурўғҳо, 1-1.5 млн. намуди ҳашарот ва ғайра. Дар баробари ин ҳар як намуд хусусиятҳои ба худ хосе дорад, ки аз насл ба насл мегузаранд, ин шаҳодати ирсият мебошад. Хусусиятҳои ирсият ва тағйирпазирӣ инчунин дар мисоли намудҳои алоҳида аён мегардад. Инро дар мисоли инсон мушоҳида кардан осонтар аст. Гуногуншаклии ирсияти одамон исботро металабад. Барои чӣ одамон гуногунанд? Барои чӣ одамон ба якдигар монанданд? Ба ин саволҳо генетика ҷавоб медиҳад.

Танҳо дугоникҳои яктухма ниҳоят дараҷа ба ҳам монанд мешаванд ва дар натиҷаи афзоиши нашвӣ, тақсимшавии худи ҳамон як тухмҳуҷайраи бордоршуда ба амал меояд. Лекин ингуна дугоникҳои яктухма танҳо ҳамон вақт ба ҳам монанданд, ки агар дар шароити якхела ба воя расанд. Агар онҳоро дар шароитҳои гуногун ба воя расонанд, гарчанде, ки дастаи хромосомаҳоя-шон монанд бошанд, ҳам ба тарзи зоҳирӣ фарқи зиёде ба чашм мерасад. Аз ин чунин бар меояд, ки аломатҳои организмҳо дар асоси аломатҳои ирсӣ ва дар назорати муҳити атроф ба вуҷуд меояд.

Тарзҳои ба мерос гузаштани аломатҳо ё худ нишона гирифтани генҳо, дар замони ҳозира хуб омўхта шудааст. Аз ин ҷиҳат мо назди олими чех Грегор Мендел сипосгузорем, ки вай соли 1865 ирсияти омилҳои дискретиро ё қонунҳои асосии генетикаро кашф намуд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.