Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Биологияи ҳуҷайраҳо

Ҳамаи организмҳое, ки маскуни сайёраи заминанд аз ҳуҷайра иборатанд. Муҳимтарин зуҳуротҳои фаъолияти зиндагии организмҳо аз қабили инкишоф ва афзоиш, фурӯъбарӣ ва ҷудокунии моддаҳои мухталиф, нафаскашӣ ва мутаасиршавӣ маҳс ба ҳуҷайраҳо вобаста аст. Тамоми хусусиятҳои материяро ҳуҷайра дорост. Аз ин рӯ онро воҳиди асосии сохтор ва фаъолияти мавҷудоти зинда, ячейкаи оддитарини ҳаёт номидан мумкин аст. Ҳуҷайра-оддитарин системаи зинда аст, ки қобилияти худтанзимкунӣ, худазнавсозӣ, худэҳёкуниро дорад. Маълум шудааст, ки ҳар як воҳиди сохтории ҳуҷайраи зинда чунон мураккаб ҷойгирифтааст, ки омӯхтани он кушишу ғайрати тадқиқотчиёни бисёреро талаб менамуд ва бар асараш тахассусоти маҳдудро ба миён овард.Ҳамаи организмҳое, ки маскуни сайёраи заминанд аз ҳуҷайра иборатанд. Муҳимтарин зуҳуротҳои фаъолияти зиндагии организмҳо аз қабили инкишоф ва афзоиш, фурӯъбарӣ ва ҷудокунии моддаҳои мухталиф, нафаскашӣ ва мутаасиршавӣ маҳс ба ҳуҷайраҳо вобаста аст. Тамоми хусусиятҳои материяро ҳуҷайра дорост. Аз ин рӯ онро воҳиди асосии сохтор ва фаъолияти мавҷудоти зинда, ячейкаи оддитарини ҳаёт номидан мумкин аст. Ҳуҷайра-оддитарин системаи зинда аст, ки қобилияти худтанзимкунӣ, худазнавсозӣ, худэҳёкуниро дорад. Маълум шудааст, ки ҳар як воҳиди сохтории ҳуҷайраи зинда чунон мураккаб ҷойгирифтааст, ки омӯхтани он кушишу ғайрати тадқиқотчиёни бисёреро талаб менамуд ва бар асараш тахассусоти маҳдудро ба миён овард.

Илме, ки ҳуҷайраро мавриди таҳқиқ қарор додаст ситология меноманд. Аз калимаи юнони «sytos»-ҳуҷайра ва «logos»-илм иборат мебошад. Ситология ба қатори илмҳои биологӣ шомил буда сохтор ва фаъолияти ҳуҷайраро меомӯзад.
Таърихи таълимот дар бораи ҳуҷайра

Таърихи пайдоиш ва ташаккули ситологӣ ҳанӯз дар асри XII зуҳур карда буд. Абуалӣ ибни Сино фарзияеро дар бораи мавҷудияти «ҳайвончаҳо» дар об ва ҳаво, ки тавасути он касалиҳои гузаранда интиқол меёбанд, иброз дошта буд ва он дар асри XVIII дар шароити лабораторӣ аз ҷониби олими Ҳоланди, ихтирогари заррабини нахустин А.Левенгук бори аввал ба таври муфассал шарҳ дода шудааст. ӯ дар илм табаддулоти бузург гузаронд, ки он барои инсоният кушодани олами нави мавҷудот ва таркибот аст, аммо ҷойгиршавии ҳуҷайрагии ин объектҳоро қайд накард.

Маълумотҳои нахустинро дар хусуси ҷойгир-шавии организмҳои растаниҳо дар ибтидои асри XVII дарёфт мекунем, ки тибқи он олими табиатшинос Р.Гук бо заррабин пустлохеро мавриди таҳқиқ қарор дода, кашф намуд, ки он аз ячейкаҳои ҷудогона иборат аст. Олим ин ячейкаҳоро ҳуҷайраҳо номид. Ин кашфиёт барои биология аҳамияти ниҳоят муҳим доштаро Р.Гук дар соли 1665 дар китобаш «Микрография» дарҷ намудааст.

Бо истифодабарии заррабин дар тадқиқоти илмии биологҳо ва табиатшиносҳо ҳуҷайра мавриди омӯзиши муфасал қарор мегирад.
Дар инкишофи илм дар бораи ҳуҷайра тадқи-қоти табиатшиноси итолиёви Вольф, муҳаққиқи инглис Н.Грю ва ғайраҳо қимати бузург доранд.
Анқариби асри XIX ҷойгиршавии ҳуҷайрагии организмҳо муфасал омӯхта ва эътирофкарда шуда буд, мавҷудияти ҳуҷайра хусусияти сохтори умумии ташкилоти биологиро ифода мекунанд.

Дар сли 1833 ботаники инглис Р.Броун дар ҳуҷайраҳо ядроро -«ҳаста» кашф намуд.
Дар соли 1834 олими рус П.Ф.Горяников дар асараш «Системаи табиат» ақидаи муҳимеро дар хусуси ягонагии растаниҳо ва ҳайвонот дар асоси умумияти сохти ҳуҷайрагии онҳо баён мекунад.

Дар соли 1838 ботаники немис М.Шлейден маълумотҳоеро дарҷ месозад, ки асоси назарияи ҳуҷайраҳоро ташкил менамояд. Ҳамаи ин дар маҷмӯъ имконият дод, то дониши андухтаро ҷамбаст намуда, мӯъҷази ақоиди назарияи ҳуҷайраҳоро банду баст намоянд. Таълимот дар бораи ҳуҷайра ба таври расми соли 1839 ҳангоме, ки Т.Шванн кори илмиашро таҳти унвонӣ «Тадқиқоти микроскопӣ» дар атрофи тавофуқ дар сохтор ва нумӯъи ҳайвонот ва наботот интишор медиҳад, ки дар он назарияи ҳуҷайраро тарзе мураттаб сохтааст, ки дар тибқи он ҳамаи организмҳои зинда аз ҳучайраҳо ташаккул ёфтаанд ва ҳуҷайраҳо воҳиди асосии сохти тамоми организмҳои зинда аст ва ҳуҷайраи ҳайвоноту наботот аз ҷиҳати сохт ба ҳам монанданд. Назарияи ҳуҷайрагӣ илми биология ва тибро заминаи метериалисти гузошт.
Эҷоди назарияи ҳуҷайраро Ф.Энгелс кашфиёти бузурги асри XIX шуморида бо қонуни нигоҳдорӣ ва табдили энергия ва назарияи эволютсионии Ч.Дарвин баробар мондааст.
Дар соли 1827 академики Академияи улуми Россия К.М.Бэр тухмҳуҷайраи ҳайвоноти ширхӯрро кашф намуд, ки он илова бар маълумотҳои умумии назарияи ҳуҷайра гардид. ӯ нишон дод, ки ҳама гуна организм инкишофашро аз як ҳуҷайра дар сурати тухми бордоршуда оғоз менамоянд. Ин кашфиёт нишон дод, ки ҳуҷайра на фақат воҳиди сохтор, балки воҳиди инкишофи тамоми организмҳои зинда мебошад.

Инкишофи минбаъдаи таълимот дар бораи ҳуҷайра бо номи олим, духтур ва патологӣ немис Рудольф Вирхов, ки асари машҳур «Патологияи ҳуҷайра-гӣ» -ро мураттаб сохтааст, алоқаманд аст. Дар соли 1855 олим дар заминаи маълумотҳо дар бораи тақсимшавии мунтазами ҳуҷайраҳои ибтидоӣ хуллосаеро пешниҳод кардааст, ки мувофиқи он ҳуҷайра метавонад танҳо аз ҳуҷайра пайдо шавад. ӯ ҳикматеро ба миён овард: «Ҳар гуна ҳуҷайра аз ҳуҷайра пайдо мешавад.».

Қадру қимати бузурги таълимоти Вирхов маҳз дар ҳамин аст. Бар изофаи он ӯ иброз дошт, ки процесси патологӣ дар организм –ин маҷмӯи вайроншавии фаъолияти ҳаётии ҳуҷайраҳои ҷудогона буда, протсесси локалӣ (маҳаллӣ) ҳисоб меёбад. Дар натиҷаи ин нақши организм комилан дар инкишофи беморӣ ба як тараф мемонад ва аҳамияти радд-ул-фел (реакция)-и маҳаллӣ аз будаш зиёдтар ба назар гирифта шуда, организм фақат ҳамчун маҷмӯи оддии ҳуҷайраҳо ҳисоб карда шудааст. Аммо хизмати олимро қадр карда, он корҳояшро ба назар эътибор гирифтан зарур аст, ки ӯ ба субут расондааст, на он аъмолеро, ки натавонист ва ё кӯтоҳии вақт ба иҷрои онҳо халал овард. Аз ин рӯ, таълимоти Вирховро таҳлил намуда хато будани як қатор ақидаҳояшро аниқ муайян карда гуфтан боист, ки бо вуҷуди ҳамаи онҳо патологияи ҳуҷайраҳо қимати бузург дорад, чаро ки он як инқилобест дар илми биология ва тибб.

Бо мурури замон аз хатогиҳо вораҳонида ва бо кашфиёти нав мукаммал гузаронидашуда, он ҳамчун заминаи ақидаи муосир дар бораи сохти ҳуҷайраҳои организм мегардад.
Назарияи ҳуҷайраҳо дар шакли ҳозира чанд маротиба мавриди тафтиш қарор гирифта, бо маводи хеле зиёди материалӣ дар бораи сохт, вазифаҳо, таркиби химиявӣ, зиёдшавӣ ва инкишофи ҳуҷайраҳои организмҳои мухталифшакл тавассути тадқиқоти зарраби-нӣ (микроскопӣ) мукаммал карда шуд. Назарияи муосири ҳуҷайраҳо аз бандҳои зерин иборат аст:

– Ҳуҷайра -воҳиди асосии сохт ва инкишофи ҳамаи организмҳои зинда ва воҳиди хурдтарини мавҷудияти зинда аст;
– Ҳуҷайраи ҳамаи организмҳои якҳуҷайра ва бисёрҳуҷайра аз ҷиҳати сохт, таркиби кимиёвӣ, зуҳуро-ти асосии фаъолияти зиндагӣ ва табодули моддаҳо монанданд;
– Афзоиши ҳуҷайраҳо дар натиҷаи тақсимшавии онҳо руҳ дода, хар як ҳуҷайраи нав бар асари тақсим-шавии ҳуҷайраи аввалӣ (модарӣ) ташаккул меёбад;
– Дар организмҳои мураккаби бисёрҳуҷайра аз ҷиҳати иҷрокунии фаъолият онҳо махсус гашта, бофтаҳоро ташкил медиҳанд;
– Аз бофтаҳо узвҳо ташаккул меёбанд, ки байни ҳамдигар зич алоқаманд. Онҳо ба воситаи системаи асаб ба ҳамдигар тобеъ карда шудаанд.

Дониши назарияи ҳуҷайраҳоро истифода бурда, метавон якхела пайдошавии ҳаётро дар Замин исбот намуд. Ба хотири он ки ба ҳар як ҳуҷайра хусусияти қодир будан барои нумӯъ, зиёдшавӣ, нафаскашӣ, иҷрокунӣ, истифода ва табдили энергия мансуб аст, онҳо нисбат ба мутассири аксуламал (реакция) доранд. Ҳамин тариқа ҳуҷайраҳо дорои ҳама гуна маҷмӯъи хусусиятхои барои зиндагӣ заруранд, баъзе қисмҳои онҳо ҳамаи комплекси фаъолияти ҳаётиро иҷро карда наметавонанд., танҳо маҷмӯи сохтор, ки ҳуҷайраҳоро ташаккул додаанд, ҳамаи нишонаҳои ҳаётро зоҳир месозанд. Аз ин рӯ, фақат ҳуҷайра сохтори асосӣ ва воҳиди асосии организмҳои зинда ба ҳисоб меравад. Дар организмҳои бисёрҳуҷайра (наботот, ҳайвонот, занбурӯғҳо) бошад, ҳуҷайраҳои алоҳида бо ҳамдигар зич ва бо тартиб ҳамкорӣ мекунанд.

Ҳуҷайраи ҳамаи организмҳо таркиби кимиёвии монанд доранд. Ҳуҷайраҳои организмҳои якҳуҷайра ва бисёрҳуҷайра сохти якхела доранд. Асоси ҳамаи онҳоро ҷилд, ядро ва ситоплазма ташкил медиҳад. Дар ситоплазма баъзе органидҳои ҳуҷайрагӣ ҳастанд. Сохти аксарияти органоидҳои ҳуҷайрагӣ дар ҳамаи ҳуҷай-раҳо хеле монанд ҳастанд.
Умумияти таркиби кимиёвӣ ва сохти ҳуҷайраҳои воҳиди асосии сохтори ва фаъолияти организмҳои зинда нишондиҳандаи он аст, ки пайдоиши ҳамаи мавҷу-доти зинда дар замин ягона аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.