Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Сарватҳои табиии Тоҷикистон

Бо вуҷуди кишвари камзамин буданаш Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сарватҳои нодири табиӣ буда, байни давлатҳои ҳамсоя аз ҷиҳати ҷуғрофию экологй макоми махсус дорад. Дар баробари табиати бою рангин захираҳои зеризаинии зиёде дорад, ки истифодаи амалии баъзе аз онҳо чун дурнамои рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ба қалам до-да мешавад.Бо вуҷуди кишвари камзамин буданаш Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сарватҳои нодири табиӣ буда, байни давлатҳои ҳамсоя аз ҷиҳати ҷуғрофию экологй макоми махсус дорад. Дар баробари табиати бою рангин захираҳои зеризаинии зиёде дорад, ки истифодаи амалии баъзе аз онҳо чун дурнамои рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ба қалам до-да мешавад.

Дар айни ҳол бештар аз 400 кони канданиҳои фоидано-ки ҷумҳурӣ маълуманд, ки 17 намуди ашёи хом доранд ва бештар аз 200 манбаи обҳои минералии гуногун ошкор карда шудааст. Манбаи буги родоние, ки ҳоло дар табобат-гоҳи Хоҷа Оби гарм ҳангоми муолиҷаи беморон истифода мешавад, дар тамоми сатҳи сайёраи мо дуюм аст. Чаш-маҳои оби гарми шаҳраки Оби гарм ва гармчашмаи Ба-дахшон низ шифобахши беморони зиёданд. Ғайр аз ин чашмаҳои обҳои минералй (нарзанӣ)- и Хоҷа Сангхок, Ан-зоб, Навобод, Сист, Лангар, сулфидӣ- Хочилёр, Хуҷӣ, Тошбулок, Пушиён, навъи боржомӣ – Бахмир, Мёҳмонҷулӣ, Ҷартигумбаз, йоду бромӣ – Хоҷаикон, чаш-махои шӯри Мингбатман, Ҷигарсӯхта, Шаршар ва гайра маълуманд, ки дар таркибашон фтор, сезий, рубидий, литий, мис, марги муш, руҳ, қургошим ва бисёр элементҳ0и зарурии дигар доранд.

Чунин конҳои лоҷуварде, ки истеҳсоли саноатиаш ба роҳ монда шуда бошад, гайр аз қисми ҷанубу гарби Поми-ри Точикистон танҳо дар территорияи Руссия, Чили ва Афгонистон ошкор карда шудаанд. Бо 78 пуди лоҷварди бадахшонӣ оро ёфтани дохили бинои калисои ҷомеи Исҳоқи Санкт- Петербург ифодаи овозадории ин санги қиматбаҳои кишвари мост. Дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна кони шпинели нафиси Кӯҳи лаъли Помири мо ягона аст. Муқаррар карда шудааст, ки дар ҷумҳурии мо инчунин сангҳои қиматбаҳои яшм, санги мор (серпемтинит – маъда-ни сабзранг), даҳнаҷ (малахит), лаъли кабуд (аметист), ёкути сурх, забарҷад (топаз), турмалин, ақиқи сурх (гранат) ва гайра хеле зиёданд. Умедворем, ки дар мавриди ба роҳ мондани коркарди мувофиқ аз ин сарвати бебаҳо ба ҷумҳурӣ манфиати зиёд хоҳад расид.

Аз рӯи хулосаи мутахассисон дар ҷумҳурӣ захираи умумии геологии нафт бештар аз 450 млн. т. ва газ 1000 млрд.м3 аст. Ҳоло аз ин захираҳо 9% нафт ва 3,5% газ исти-фода шудаасту халос. Масалан, соли 1997 аз ин захираҳо танҳо 26 ҳазор т. нафт ва 38 млн. м3 газ истифода шуд.

Ғайр аз ин 35 кони ангиштсанг ба кайд гирифта шуда-аст, ки аз рӯи тахминҳои пешакй захираи 4 млрд. т. доранд. Азимтарини онҳо кони Фон-Яғноб аст, ки захирааш ба 800 млн. т. баробар мебошад. Аз рӯи ҳама нишондиҳандаҳои физикиву кимиёвй ангиштсанги кони Назарайлоқ (бо захи-раи бештар аз 200 млн.т.) чун антратсити кони Ха-Туи Вет-нам аст.
Аз рӯи захираҳои ошкоршудаи сурма Тоҷикистон яке аз давлатҳои аввалини ҷаҳон аст. То солҳои 90-ум истих-роҷи сурма дар комбинати маъдани Анзоб ба чоряки ис-техсоли тамоми давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) ва 7%-и истеҳсоли ҷаҳонӣ баробар буд. Базаи ашёи хоми за-води гидрометаллургии Исфара -кони Ҷалтош дар тамоми Осиёи Марказӣ калонтарин аст. Дар ҳавзаи кӯҳии Қарамазор яке аз конҳои калонтарини нуқра маълум аст.

Захираҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ 32,3 млн. кВт ё кариб 300 млрд. кВт соатро ташкил медиҳанд, ки ба 8,5% -и чахираҳои гидроэнергетикии ИДМ баробаранд.
Манбаи асосии парваришу истеҳсоли навъҳои мақиннахи пахта ва меваҳои субтропикӣ будани водии Нахши ҷумҳурӣ низ дер боз маълум аст.

Бешак истифодаи оқилонаи чунин сарватҳои табиӣ, ки ганҳо микдори хеле ками онҳоро болотар ёдовар шудем ва иқлиму табиати нотакрори сарзамини мо имконият ме-диҳад, ки дар ояндаи наздик ҳамрадифи кишварҳои мута-раккии ҷаҳон шавем.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.