Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Мафҳуми агроэкология вазифа, аҳамият ва нақши он дар соҳаҳои кишоварзӣ ва муҳити зист.

Бо максади гирифтани пеши рохи ходисаи харобиовари таназзулёбии заминхо, чангалзорхо, захирахои замин, об, олами растанихои маргзорхо, истифодаи самараноки нурихои минерал ива захрхимикатхо омузиши фанни агро экология ба рох монда шуд. Фани агроэкология ин фанни нав дар таълимоти сохаи кишоварзи мебошадМАФҲУМИ АГРОЭКОЛОГИЯ ВАЗИФА, АҲАМИЯТ ВА НАҚШИ ОН ДАР СОҲАҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ.
Бо максади гирифтани пеши рохи ходисаи харобиовари таназзулёбии заминхо, чангалзорхо, захирахои замин, об, олами растанихои маргзорхо, истифодаи самараноки нурихои минерал ива захрхимикатхо омузиши фанни агро экология ба рох монда шуд.
Фани агроэкология ин фанни нав дар таълимоти сохаи кишоварзи мебошад. Омузиши фанни агроэкология дар Россия дар солхои 1960-1970 дар мактабхои Оли васеъ ба рох монда шуда буд. Аммо дар Точикистон ба ин масъала кам тавачух зохир карда шуд, ки дар натича бештар ходисахои харобиовар дар табиат аз он чумла дар сохаи кишоварзи ба миён омад. Ба хисоб нагирифтани масъалахои экологи дар заминхои кишоварзи боиси ходисахои шуршавии заминхо, лагзиши каналу заминхои дар сохилхои дарёхои Вахш, Норак, Сурхоб, Хингоб, Кофарнихон ва дар дигар минтакахо ба миён омада дар натича аз истифода баромадани заминхои кишоварзи гардид. Соли 2001 аз сабаби нодидагирии масъалахои экологии заминхои кишоварзи бештар аз 12 хазор га заминхои оби боиси харобшави гирифтор шуданд. Сол аз сол хосилнокии зироатхои кишоварзи ва сифатнокии махсулотхои кишоварзи паст фаромад, ки дар натича масъалаи таназзулёбии заминхои кишоварзиро ба миён омад. Дар суръати набудани мутахассисони аграномэколог вазъи заминхои кишоварзи, чангалзорхо, маргзорхо бад гашта бештар ходисахои таназзулёбии замин дар минтакахои Чумхурии Точикистон ба миён омаданд.
Бо максади ба танзимдарории мувозинати биологи-экологии заминхои киштшавандаи кишоварзи, чангалзорхо, богхои табию сунъи, чорводори, паррандапарвари ва бехтар намудани вазъи экологии заминхо Хукумати Чумхурии Точикистон ташкил намудани омузиши фанни агро экологияро дар ДАТ ба рох монд.
Мафхуми агроэкология- агро киштзор, эко- чои зист, хона, бошишгох, логия илм дар бораи танизими дурусти истифодабарии замин, захирахои замин, об, хок, олами набототу хайвонот ва дигар захирахои табиат мебошад, ки хангоми истифодабарии элементхои табиат, чихати хоси экологии хар як элементи табиат ба хисоб гирифта мешавад ва инчуни мувозинати биологи-экологи ба хисоб гирифта дар чорчубаи экология мегардад.
Фанни агроэкология ба фаннхои хокшиноси, химия, физиологияи растани, ботаника, растанипарвари, гинетика ва дигар фаннхои сохаи кишоварзи зич алокаманди дорад.
Ахамияти омузиши фанни агроэкология дар сохаи кишоварзи ва хифзи мухити зист:
•Гирифтани пеши рохи захролудшави ё ифлосшавии хок, растани, чорвои кишоварзи, олами паррандагон, микроорганизмхои хок;
•Ба танзим даровардани истифодабарии захрхимикатхо ва нурихои минерали дар кишоварзи;
•Заминхои киштшавандаро аз ходисаи шуршави нигох медорад.
•Пеши ходисаи биёбоншавии заминхоро дар табиат гирифта мешавад.
•Ходисаи шуршавии заминхо рох дода намешавад
•Фурурави ва лагзиши заминхо ба миён намеояд.
•Пеши рохи ходисаи захролудшавии манбаъхои оби аз партовхои саноати, кишоварзи, тандурусти, ичтимои гирифта мешавад.
•Барои бехтар намудани вазъи экологии хок, об, хавои атмосфери бештар мусоидат менамояд.
•Таъмини мувозинати биологи-экологии минтакахоро таъмин месозад.
•Амнияти бехатарии маводи гизоиро дар чамъият таъмин месозад.
•Батанзимдарории пеши рохи шуршавии заминхои оби;
•Барои захирашавии захирахои оби, таъмини бехатарии холати обанборхо ва хатхои обгузар бештар мусоидат менамояд.
•Барои бардоштани хосилхезии хок, олами растанихо, бехтаршавии сифати махсулоти кишоварзи мусоидат менамояд.
Омузиши фанни агроэкология имконияти васеъ медихад, ки сабабхои асосии ба амал омадани ходисахои харобиоварро аз худ намуда маълумоти васеъ оиди солимгардонии мухити зист мегиранд, ки дар натича донишу тачрибаи сохавии мутахассисон васеъ мегардад.

2.Омилҳои асосии таназзулёбии заминҳо, таъсири шўршавии хок, ботлоқшавӣ, фуруравии заминҳо ба ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ.
Инсонияти аз даврахои кадим бо кишти зироатхои кишоварзи, чорводори машгул гашта давра ба давра заминхои навро интихоб карда кишти зироатхои кишоварзи менамуданд. Дар бештар холатхо барои гирифтани хосили зиёд заминхои чангалзорхоро аз чангал озод карда дар он заминхо кишти зироатхоро кишт менамуданд. Ба хисоб нагирифтани омилхои экологи боиси сол то сол аз истифода баромадани заминхо дар Точикистон ва дар дигар давлатхо ба таври бояду шояд ба рох монда нашуд. Дар тулии 100 соли охир бештар аз 422 млн. га заминхои киштшавандаи кишоварзи аз истифода баромада холати экологиашон бад гаштааст.
Мувофики маълумотхои СММ хар сол аз сабаби нодуруст истифодабарии захирахои замин бештар аз 500-600 млрд. тонна захирахои табиат истифода бурда мешавад, ки аз ин танхо ба микдори 100 млрд. тонна захираи табиат аз нав баркарор мегардад.
Дигар масъалаи ташвишовар ин аст, ба хисоби миёна дар як сол ба хисоби миёна на кам аз 77 млн. га чангалзорхо бурида мешаванд, ки боиси биёбоншавии заминхо дар кураи замин мебошад.
Дар Точикистон бошад бештар аз 112 га заминхои обии киштшаванда ба ходисахои харобиовари экологи ру ба ру шуда айни хол аз истифода баромаданд. Ба хисоби миёна дар як сол бештар аз 5-6 хазор га заминхои киштшавандаи оби аз сабаби нодуруст истифода бурдан, холати экологиашон бад гаштааст, ки аз ин танхо 1-1,5 хазор га он баркарор карда мешавад.
Дар солхои 1980-1990 аз сабаби ба хисоб нагирифтани омилхои абиоти ва биоти ва дар аввал омода накардани заминхои нав ба мухити хоси парвариши зироатхои кишоварзи ходисахои бештар фуруравии замин, лагзиши замин, шуршавии замин, баланд баромадани обхои зеризамин, шусташавии хок ва дигар ходисахои харобиовар ба миён омада истодааст. Бояд кайд намуд, ки дар солхои охир дар Чумхурии Точикистон чунин ходисахои харобиовар сол то сол афзуда истодааст. Бештар ин ходисахо дар нохияхои Ёвон, А.Чоми, Н.Хисрав, Ч.Руми, Шахритуз, Кумсангир, Дангара, Фархор, Мастчох, Зафаробод, Вахдат, Рудаки ба назар мерасад. Ходисахои харобиовари дигар ин нобуд кардани чангалзорхои нохияхо. Дар тулии дахсолаи охир бештар аз даххо миллион дарахтон ва буттагихо бурида шудааст, ки бади буриши олами наботот ходисаи таназзулёбии замин дар бисёр нохияхо ба назар мерасад. Точикистон кишвари камзамин мебошад, ки дар солхои 1960 ба хисоби миёна ба хар як нафари ахолии агар 0,17 га рост меомад бади солхои 2005 бошад ин нишондод ба 0,06 га рост меояд.
Дигар масъалаи ташвишовар таъмир накардани хатхои обпартои заминхои оби мебошад. Дар тулии солхои 1990-2007 дар заминхои обии нохияхои вилояти Хатлон ва Сугд корхои таъмири хатхои махсуси обпарто ба танзим дароварда нашудааст. Танхо дар дах соли охир дар аксари нохияхои пахтакор ходисаи харобиовари лагзиши замин ва фуруравии замин 2-3 маротиба афзудааст. Ин ходисахо дар нохияхои Ёвон бештар аз 500 га, А.Чоми 300 га, Н.Хисрав 200 га, Фархор 100 га, М.А.Хамадони 200 га, Зафаробод 110 га ва ходисаи биёбоншавии заминхо бештар ба назар расида истодааст.
Омилхои асосии таназзулёбии заминҳо:
•риоя накардани меъёри обмони;
•корхои агротехники;
•буридани чангалзорхо;
•риоя накардани меъёри истифодабарии захрхимикатҳо;
•саривақт накандани захкашу захбурҳо;
•таъмир накардани системахои обмони ва обтаксимкуни;
•истифода набурдани усулхои катраги ва борони;
•паст будани донишхои экологи ва соҳа.

3. Омилҳои асосии ифлосшавии (заҳролудшавии) манбаҳои обӣ ва таъсири он ба зироатҳои кишоварзӣ ва ҳолати муҳити зист.

Захролудшавии манбаъхои оби ва хок ин таъсири фаъолияти инсон мебошад, хангоми риоя накардани фаъолияти хочагидори ба амал меояд. Новобаста аз он, ки дар Чумхури солхои охир беморихои саратони меъда, руда, чигар ва сактаи дил афзуда истодааст, аммо истифодабари ва назорат аз болои захрхимикатхо кам тавачух зохир карда мешавад. Аз сабаби набудани мутахассисони сохаи хифзи мухити зист дар нохияхои Чумхури ходисахои захролудшавии манбаъхои оби бештар афзуда истодааст.
Раванди захролудшавии манбахои оби ва хок аз захрхимикатхо бештар дар мавсими сабзишу инкишофёбии олами растанихо дар заминхои кишоварзи ба миён омада истодааст. Тачрибахо нишон доданд, ки солхои охир дар нохияхои Пахтакор ва нохияхои сабзавотпарвар новобаста аз намудхои таъсирнокии захрхимикатхои захрноки мухлаташон сипари шуда васеъ истифода бурда мешавад. Мувофики маълумотхои Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон захролудшавии хок ва об бештар дар нохияхои Ч.Руми, Шахритуз, Кумсангир, Бохтар, Сарбанд, Чиликул. А.Чоми, Рудаки, Турсунзода аз захрхимикатхои мухлаташон гузашта ва аз истифода гирифта шуда инчунин меъёри истифодабарии захрхимикатхо риоя карда намешавад. Дар аксар холатхо мухлати истифодабарии захрхимикатхо дагалона риоя карда намешавад, ки ин боиси захролуд шудани мухити зист мегардад.
Бояд хаминро кайд намуд, ки аксари намудхои захрхимикатхои истифода шаванда бо воситаи олами растанихо масалан реша, танаи растани, шохчанавда, баргу шохча ва мева боз ба хок бар мегардад, ки ин дубора захролудшавии манбахои мухити зист аз он чумла хок мегардад. Баъди обмондани заминхои кишоварзи микдори бокимондаи захрхимикатхо боз ба манбахои обхои руи замини, зеризамини, маводхои гизои бар мегардад, ки ин боиси захролудшавии боз хок ва растани мегардад.
Дар давраи собик Иттифоки Шурави ба воситаи самалетхо ва тракторхои махсус гардонида шуда захрхимикатхо пошида мешуданд, ки ин аз як тараф хуб ва камхарч инчунин сари вакт хазорхо га заминхо коркард карда мешуданд. Аммо норасоии ин коркард ин буд, ки дар бештар мавридхо як микдори захрхимикатхои ГХЦГ ё Нитрафен то саршавии заминхои киштзор аз он чумла майдонхои зироатхои кишоварзи, пахта бештар пошида мешуд, инчунин як микдори дигар захрхимикатхо бошад баъди ба итмом расидани майдон то 10-12% и захрхимикат ба мухити атроф партофта мешавад, ки ин ходиса такрор ба такрор идома меёбад.
Сабабхои асосии захролудшавии мухити зист инхо мебошанд:
•Суст будани назорати давлати дар махалхо.
•Аз истифода баромадани дорупошакхо.
•Кухна будани техникахои доруплошак.
•Набудани мутахассисони соха.
•Риоя накардани меъёри истифодабарии захрхимикат.
•Риоя накардани мухлати истифодабарии захрхимикатхою
•Истифода бурдани захрхимикатхои мухлаташон гузашта.
•Самранок истифода набурдани заххимикатхо.
•Тез обмондани замин.
•Дар вакти хавои гарм истифода бурдани захрхимикатхо.
•Дар вакти вазидани сурати 15-20 м/с зиёд будани шамол.

4.Омилҳои асосии сахтшавии хок, таъсири он ба ҳолати сабзишу инкишофёбии зироатҳои кишоварзӣ ва муҳити зист.
Сахтшавии заминхо- ин натичаи нодуруст ва самаранок истифода набурдани заминхои кишоварзи мебошад. Ходисаи сахтшавии заминхо бештар дар минтакахои ахолинишин ба назар мерасад. Дар тулии солхои 1990-2007 ходисаи сахтшавии замин ниҳоят зиёд гардидааст дар Чумҳурии Точикистон.
Бештар ходисаи сахтшавии заминхо аз сабаби нодуруст истифода бурдани техникахои кишоварзи ба назар мерасад. Дар солҳои 1980-1992 сол барои шудгор намудани заминхои кишоварзӣ, агар тракторҳои Т-4 , ДТ 75, маъмулан васеъ истифода бурда мешу два ин техникахо хангоми коркарди хок ба васл кардани сихмола, мола васл карда мешуданд, аммо баъди талаву тороч кардани техникаи кишоварзи имруз бештари заминхо бо тракторхои вазинини К-700 шудгори бесифатро мегузаронанд ва баъди он кишти зироатхои асосиро мекунанд.
Мувофики маълумотҳои ташкилотхои байналхалқии мухити зист аз 4/1 ҳиссаи микрооорганизмҳои хок дар курраи замин, яъне 25 % микрооганизмҳои хок нобуд шудааст. Агар чунин ходиса давом ёфтан гирад, баъди 25-30 соли пас алакай 50% микроорганизмҳои хок, яъне аз 4/2 микроорганизмхои хок ба нести рафта мерасад, ки ин ходисаи харобиовари мухити зист мебошад.
Бояд қайд намуд, ки мувозинати биологи-экологии хок, яъне микроорганизмҳои таркиби хок дар туллии миллионҳо сол мувозинати хоси худро таъмин намуда будаанд. Вале инсоният дар туллии 100 сол аз сабаби нодуруст истифода бурдани захрхимикатҳо ва партовҳо микроорганизмҳои хокро захролуд намуда ба нести оварда расонида истодааст.
Аз сабаби он ки аксари хочагихои дехкони имконияти истифода бурдани техникахои асосиро надоранд бештар бо техникахои вазнин шудгор карда ва ба дигар корхои технологи тавачух зохир намекунанд, ки ин боиси боз хам сахт шудани заминхои кишоварзи гардида истодааст.
Асосан сабабхои асосии сахтшавии заминхо инхо мебошанд:
•риоя накардани шудгори заминҳо бо техникахои асоси;
•дар вакти ичро кардани корхои агротеника бисер истифода бурдани техникахои гуногун;
•истифода бурдани техникахои вазнин ва кухнаву фарсуда;
•риоя накардани технологияи киштгардон;
•истифода набурдани нурихои органики;
•бунед кардани бинохои зиёди маъмури;
•бунеди роҳҳо зиёди автомобилгад;
•партофтани партовҳои зиёд ба муҳити атроф;
Ходисаи сахтшавии хок бештар дар заминхои назди дехахои ахолинишини шаҳрхо ба назар расида истодааст. Солҳои охир аз сабаби берахмона буридани чангалзорхо ва марғзорҳо биёбоншавии заминҳо бештар ба миён омада истодааст.
Баъди солхои 1955-1960 азхуд кардани заминхои бекорхобида сар шуд. Дар давраи азхуд намудани заминхои нав бисёр камбудихо рох дода шуд. Заминхои нав аз худ намуда яку якбора ба кишти зироатхои техника банд шуданд, ки дар натича баъди ду дахсола алакай онҳо аз истифода баромаданд ва дар натича холати экологии чунин заминхо хароб шуда ба холати худ бартофт шуданд. Ин заминхо дере нагузашта дар як холати вазнини механики карор гирифтанд.

5. Заҳролудшавии об аз партовҳои хоҷагии қишлоқ, таъсири онҳо ба ҳосилнокӣ ва сифатнокии зироатҳои кишоварзӣ.
Таъсири партовхо дар сохахои кишоварзи ва мухити зист нихоят зиёд мебошад. Дар як сол ба хисоби мийна на кам аз 3-3,5 млн. тона партовхои гуногун ба мухити зист партофта мешавад, ки ин боиси захролудшавии манбахои оби, хок, растани, хавои атмосфери, олами хайвонот бештар мегардад. Мушохидахо нишон доданданд, ки аксари партовхои саноати имруз дар заминхои кишоварзи дар як холати харобиовар карор доранд. Хаар сол бештар аз 2-5 млн. зархои полиэтилени дар мухити зист партофта мешаванд, ки аксарияти он ба системахои обрасони, обтаксимкуни ва обсофкуни банд шуда боиси сарф шудани маблаги зиёдати барои бартараф намудани он сарф мегардад. Дар аксар холатхо ходисахои пуршавии кубурхои обгузар ва каналхо аз зарфхои полиэтилени пур мешаванд ва боиси ба вучуд овардани ходисаи ифлосшавии манбахои оби ва хок ба миён меоранд. Ин зарфхои полиэтилени аз хамаи намудхои элементхои захролудкунанда аз он чумла кислотахои органикию гайриорганики, ишкорхо, моддахои рангубори, моддахои сузишвори, захрхимикатхо ва дигар элементхои захролудкунандаи мухити зистро дар худ доранд.
Бояд кайд намуд, ки таъсири партовхои саноати ба холати мухити зист ва растанихои кишоварзи нихоят зиёд мебошад. Дар як сол ба Точикистон бештар аз 10-20 млн. дона зарфхои хурди то 10 мл. захрхимикатхо оварда мешавад, ки аз ин ба хисоби миёна 1-2 мл. он дар зарфхо боки монда ба мухити зист партофта мешавад ва ин нишондиханда ба 10-20 млн.мл. рост меояд, ки хамаи он ба холати хок, растани, микроорганизмхои хок, олами хайвоноти хочагихо, аз он чумла чорво, парранда, мохи таъсири харобиовар мерасонад.
Таъсири партовхои радиоатсиони ва партовхои сохаи тандурусти нихоят зиёд аст. Сол то сол дар Чумхури моддахои зиёди таркибашон аз элементхои радиатсиони гани буда зиёд дохил шуда истодааст. Аммо дар каламрави Чумхурии Точикистон коркарди партохои радиатсиони фаъолият намекунад.
Бояд кайд намуд, ки садхо хазор тонна партовхои радиатсиони дар хок ва об имруз карор дорад.Инчунин тачхизотхои радиатсиони дошта, ки имруз фаъолият намекунанд дар холати парокандаву харобиовар ба мухити зист партофта шудаанд.
Ба хисоби миёна хар сол дар чахон бештар аз 200 -300 хазор тона заххимикатхои дарачаи таъсирнокиашон баланд истехсол карда мешаванд. Мувофики мушохидахо бештар аз 2 % захрхимикатхои истехсолшуда дар вакти коркард ба замин омехта мегардад. Инчунин аз 1,5-2 % дигари он дар зарфхо бокимонда хангоми ба мухити атроф партофтани онхо бо об ва хаво омехта шуда ба замин ё хок омехта мешаванд.
Захролудшавии манбаъхои оби ва хок ин таъсири фаъолияти инсон мебошад, хангоми риоя накардани фаъолияти хочагидори ба амал меояд. Таъсири бокимондахои захрхимикатхои ДДТ ва ГХЦГ то имруз дар хок бокимондааст, ки боиси захролудшудани манбаъхои обхои руи замини ва зеризамин мебошад. Мо хуб медонем, ки хангоми захролуд шудани манбаъхои оби бештар ходисаи захролуд шудани олами растанихо, аз он чумла растанихои сабзавоти, полези, мевачот –ро ба миён овардааст, ки ин пеш аз хама боиси захролуд шудани инсон мегардад. Мушохидахо нишон доданд, ки хангоми дар як гектар истифода бурдани 24,2 кг захрхимикати ДДТ дар нохияи Фархор ходисаи захролудшавии модарони ширдех бештар ба назар расидааст. Бокимондаи захрхимикатхо дар хок захира шуда баъди якчанд сол дарачаи таъсирнокии онхо зиёд шуда ба растанихои пахта, офтобпараст ва чуворимака бо воситаи хок дохил шуда хангоми истифода бурдани элементхои ин ратанихо барои сузишвори, ки занхо дар оташдон оташ дар мегиронанд ва дар назди он истода идора мекнанд дар ин сурат хангоми сухтани растани моддахои захрнок хорич шуда модарон онро нафас мекашанд, ки дар натича баъди якчан сол ба касалихои астма, саратони дил, меъда, пистон, руда ва гайра бештар гирифтор мешаванд.

6.Таъсири манфии моддаҳои устувори органикӣ ба зироатҳои кишоварзӣ ва ҳолати муҳити зист.

Дар асоси маълмотхои Конвенсияи моддахои устувори органики тулии 15-17 сол аст, ки дар Точикистон захрхимикатхо дуруст истифода бурда намешаванд. Холати имрузаи нигохдори, тайёр кардани махалулхо дар чойхои махсус хос, риояи меъёри коркард, безараркунии зарфхо, нигохдории махлулхои кори ба талабот чавоб гуй нестанд. Дар аксар холатхо хочагихои дехконию фермери баъди истифода бурдани захрхимикатхо бокимондаи махлулро ба хок ё об омехта мекунанд. Дар бисёр холатхо дехконон техникаи коркарди захрхимикатхоро истифода намебаранд. Танхо бо усулхои кухна коркард менамояд, ки ин боиси захролудшавии хок, об, растани ва ҳавои атмосфериро даҳ чанд маротиба зиёд менамояд.
Хангоми коркард намудан махлулхои кори дар чойхои безарабуда омода карда намешавад, ки дар натича микдори зиёди захрхимикатхо хам ба об ва хам ба хок омехта мешавад. Аксар холатхо махлули кориро дар назди чуйхо ва кулхо омода менамоянд ва инчунин бокимондаи махлулро боз ба он мухит мепартоянд.
Солхои охир истифодабарии захрхимикатхои мхлаташон барвакт гузаштаро замин истифодабанрдагон васеъ истифода бурда истодаанд, ки ин як ходисаи харобиовари захролудшавии хок ва растани мебошад.
Масалан дар минтакахои нохияхои вилояти Хатлон захрхимикатхои аз истифода баромадаи ДДТ, ГХЦГ , ки дар гуристони нохияи Сарбанд нигох дошта мешуданд имруз ахолии онро аз зери хок канда гирифта васеъ истифода бурда истодааст, ки ин ходисаи дахчанд захролуд кардани хок, растани, олами хашаротхои фойдаовари мухити атрофро метезонад.
Бо максади роҳ надодан ба таназзулёбии заминҳои кишоварзи, ки барои бунёди боги нав, каналҳо ва барои гирифтани пеши роҳи захролудшавии манбаҳои оби, олами растанию ҳайвонот, микроорганизмҳои хок, ҳавои атмосфери пеш аз лоиҳаи фаъолияти хочагидори баҳои таъсиррасонии лоиҳахои аз нуктаи назарияи илми пурра тахлил карда мешавад ва баъдан лоиҳасози карда мешавад. Бо чалби мутахассисони сохави лоиҳа пурра сохта барои баҳогузори ба комиссияи экспертизаиэкологи пешниход мегардад. Хуччатҳои техникb барои техникаи нав, технология, масоле[ ва ашё, мол ва хизмати сертификатсияшаванда, аз xумла аз хориxа харидашаванда, мавод[ои тадrиrоти комплексии экологи пурра ба назар гирифта мешаванд. Амборҳои заҳрхимикатхо бошад на кам аз 500 м аз нуқтаи ахолинишин, 150-200 м аз манбаъхои оби ичозат дода мешаванд.
7. Истифодабарии заҳрхимикатҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ ва таъсири онҳо ба ҳолати муҳити зист ва амнияти бехатарии маводи ғизоӣ.
Захролудшавии манбаъхои оби ва хок ин таъсири фаъолияти инсон мебошад, хангоми риоя накардани фаъолияти хочагидори ба амал меояд. Новобаста аз он, ки дар Чумхури солхои охир беморихои саратони меъда, руда, чигар ва сактаи дил афзуда истодааст, аммо истифодабари ва назорат аз болои захрхимикатхо кам тавачух зохир карда мешавад. Аз сабаби набудани мутахассисони сохаи хифзи мухити зист дар нохияхои Чумхури ходисахои захролудшавии манбаъхои оби бештар афзуда истодааст.
Раванди захролудшавии манбахои оби ва хок аз захрхимикатхо бештар дар мавсими сабзишу инкишофёбии олами растанихо дар заминхои кишоварзи ба миён омада истодааст. Тачрибахо нишон доданд, ки солхои охир дар нохияхои Пахтакор ва нохияхои сабзавотпарвар новобаста аз намудхои таъсирнокии захрхимикатхои захрноки мухлаташон сипари шуда васеъ истифода бурда мешавад. Мувофики маълумотхои Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон захролудшавии хок ва об бештар дар нохияхои Ч.Руми, Шахритуз, Кумсангир, Бохтар, Сарбанд, Чиликул. А.Чоми, Рудаки, Турсунзода аз захрхимикатхои мухлаташон гузашта ва аз истифода гирифта шуда инчунин меъёри истифодабарии захрхимикатхо риоя карда намешавад. Дар аксар холатхо мухлати истифодабарии захрхимикатхо дагалона риоя карда намешавад, ки ин боиси захролуд шудани мухити зист мегардад.
Бояд хаминро кайд намуд, ки аксари намудхои захрхимикатхои истифода шаванда бо воситаи олами растанихо масалан реша, танаи растани, шохчанавда, баргу шохча ва мева боз ба хок бар мегардад, ки ин дубора захролудшавии манбахои мухити зист аз он чумла хок мегардад. Баъди обмондани заминхои кишоварзи микдори бокимондаи захрхимикатхо боз ба манбахои обхои руи замини, зеризамини, маводхои гизои бар мегардад, ки ин боиси захролудшавии боз хок ва растани мегардад.
Дар давраи собик Иттифоки Шурави ба воситаи самалетхо ва тракторхои махсус гардонида шуда захрхимикатхо пошида мешуданд, ки ин аз як тараф хуб ва камхарч инчунин сари вакт хазорхо га заминхо коркард карда мешуданд. Аммо норасоии ин коркард ин буд, ки дар бештар мавридхо як микдори захрхимикатхои ГХЦГ ё Нитрафен то саршавии заминхои киштзор аз он чумла майдонхои зироатхои кишоварзи, пахта бештар пошида мешуд, инчунин як микдори дигар захрхимикатхо бошад баъди ба итмом расидани майдон то 10-12% и захрхимикат ба мухити атроф партофта мешавад, ки ин ходиса такрор ба такрор идома меёбад.
Сабабхои асосии захролудшавии мухити зист инхо мебошанд:
•Суст будани назорати давлати дар махалхо.
•Аз истифода баромадани дорупошакхо.
•Кухна будани техникахои доруплошак.
•Набудани мутахассисони соха.
•Риоя накардани меъёри истифодабарии захрхимикат.
•Риоя накардани мухлати истифодабарии захрхимикатхою
•Истифода бурдани захрхимикатхои мухлаташон гузашта.
•Самранок истифода набурдани заххимикатхо.
•Тез обмондани замин.
•Дар вакти хавои гарм истифода бурдани захрхимикатхо.
•Дар вакти вазидани сурати 15-20 м/с зиёд будани шамол.
Ин нишодихандахо бештар боиси захролудшавии хок ва манбахои оби мегардад.
8. Заҳролудшавии об, хок ва зироатҳои кишоварзӣ аз партовҳои иҷтимоӣ ва тандурустӣ ва таъсири онҳо.
Захролудшавии хок ин як ходисаи харобиовар мебошад, ки бо таъсири моддахои дарачаи таъсирнокиашон баланд ба мухити хок омехта шуда ба холати экологи-биологи ва механики хок таъсири манфии худро мерасонанд. Дар Точикистон захролудшавии хок бештар ба воситаи захрхимикатхо ва нурихои минералию партовхои саноати ба амал меоянд. Ходисаи захролудшави ин як ходисаи харобиовар мебошад, ки бештар бо таъсири инсон ба амал меояд.
То солхои 1990-1992 истифодабарии захрхимикатхо дар хочагихои кишоварзи ва хочагихои ёрирасони ташкилоту идорахо бо воситаи апаратҳои махсус гардонидашуда васеъ истифода бурда мешуд, ки дар натича то 0,8-1,5% заҳрхимикатҳо ба манбаъҳои мухити зист партофта мешуд. Аксар ҳолатҳо захрхимикатҳо бо воситаи трактори МТЗ-80, Т-28 бо воситаи ОВХ 14, ОВХ 14А ва дигар намуди асбобҳои дорупоши васеъ истифода мегардид. Баъди коркард бошад, зарфхои дорупошак дар чойхои махсус тоза ва безарар мегардид.
Аммо баъди дигаргун шудани структураи кишоварзи бештар аз 40000 хочагии деҳконию ба амал омад, ки аксари онхо яъне бештар аз 90-95% онҳо маълумоти истифодабарии ахрхимикатҳоро надоранд, бештар вақт бо воситаи чоруб захрхимикатхо пошида мешавад, ки дар натича ба хисоби миёна 50-60% захрхимикат ба мухити зист, аз он чумла хок, растани, об, ҳаво омета мегардад.
Захролудшавии хок, растани, об, ҳаво ва олами ҳайвонот дар Чумҳури 2-3 маротиба афзудааст, ки ин боиси заҳролудшудани мухити зист гардидааст.
Мувофики маълумотҳои ташкилотхои байналхалқии мухити зист аз 4/1 ҳиссаи микрооорганизмҳои хок дар курраи замин, яъне 25 % микрооганизмҳои хок нобуд шудааст. Агар чунин ходиса давом ёфтан гирад, баъди 25-30 соли пас алакай 50% микроорганизмҳои хок, яъне аз 4/2 микроорганизмхои хок ба нести рафта мерасад, ки ин ходисаи харобиовари мухити зист мебошад.
Бояд қайд намуд, ки мувозинати биологи-экологии хок, яъне микроорганизмҳои таркиби хок дар туллии миллионҳо сол мувозинати хоси худро таъмин намуда будаанд. Вале инсоният дар туллии 100 сол аз сабаби нодуруст истифода бурдани захрхимикатҳо ва партовҳо микроорганизмҳои хокро захролуд намуда ба нести оварда расонида истодааст.
Захролудшавии хок ва растани дар заминхои кишоварзи якбора ба амал меояд. Хангоми коркард намудан аввал растани ва ҳамон лаҳза хок, яъне дар вакти коркарди растани як микдори захрхимикат ба элементҳои растани мерасад ва аз сабаби он ки бо таври механиконии махсус истифода намегардад, захрхимикат бо воситаи катрахои махлул чори шуда ба болои хок мешинад. Дуюдарачаи захролудшави ин хангоми обмондани замин мебошад. Дар бисёр холатхо баъди захрхимикат пошидан, хамон лахза ба замин об мемонанд, ки дар натича захролудшавиии хокро дучанд афзун менамояд. Мушоҳидахо нишон доданд, ки дар холати пошидани заххимикат, як микдори заххимикатхо ба хаво тез хорич шуда хавои атмосфериро захролуд менамоянд, ки ин мусоидати сеюбора захролуд намудани растани, олами хайвонот, хок ва ба дигар элементхои мухити зист бештар мусоидат менамояд.
Дар Тоҷикистон бештар аз 23 ҳазор тонна заҳрхимикат дар хок нигох дошта мешавад, ки дарачаи таъсирнокии он хеле зиёд мебошад. Бештари заҳрхимикатҳои ДДТ, ГХЦГ , Холорофос, Нитрафен дар давраи солҳои 1980-1990 васеъ истифода гардиданд ва имруз таъсири онҳо дар хок боқимондааст. Мушоҳидаҳо нишон доданд, миқдори зиёди заҳрхимикати солҳои 80 уми асри 20 истифода бурдашуда дар қабати хок такшин шуд, имруз хангоми зиёд об мондан бо манбаъхои оби омехта гардида истодаанд, ки боиси ифлос ва захролудшавии манбаъхои оби гардида истодааст.
Дар сураъти заҳролудшудани хок, таркиби биологии он тағйир меёбад, ки дар натиҷа қобилияти об нигоҳдори, обгузарони, гарминигоҳдори ва дохилшавии гази оксиген ва хоричшавии гази карбон тағйир меёбад ва ҳодисаи шуршавии заминҳо, баландшавии обҳои зеризаминӣ, зиёд шудани ҳодисаҳои лағзиши замин, фуруравии замин, паст шудани хосилнокии хок ва паст шудани маҳсулнокии хок –ро ба миёнмеоварад.
Бояд қайд намуд, ки натанхо хок, об, растани ва чорвои кишоварзи аз заҳрхимикатҳо заҳролуд мешавад, Инчунин аз партовҳои корхонаю муассисаҳо, партовҳои оби, аз корхонахои саноати бештар ба назар мерасад.
Барои гирифтани пеши роҳи ҳодисаи заҳролудшавии хок, растани, об ва чорвои кишоварзи аз моддахои химиявии заррарасон:
Васеъ истифода бурдани методҳои мубориза ба мукобили хашаротхои заррарасон ва касалихои растанихои кишоварзи бо усули биологи ва механики;
•риоя намудани технологияи истифодабарии захрхимикатхо;
•риоя намудани мухлат ва меъёри истифодабарии захрхимикатхо;
•истифода бурдани технологияи комплексии захрпошакхо.
•истифода набурдани захрхимикатхои мухлаташон гузашта.
•чамъовари, кашонидан ва коркарди партовхои саноати ва кишоварзи.
•ба танзим даровардани амборхои захрхимикатхо ва гуронидани захрхимикатхои мухлаташон гузашта.
•ба заминхои кишоварзи пошидани нурихои саб ва нурихои органики.

9. Рушду устувории ҷангалзорҳо дар хоҷагии кишлоқ, муҳити зист, вазъи имрўза ҷангалзорҳо, роҳҳои асосии бунёд ва ҳифзу нигоҳдории онҳо.
Чангалзорхо дар хифзи мухити зист ва сохаи кишоварзи ахамияти бузург дорад. Асосан чангалзорхои Точикистон танхо бо максади хифзи хок аз шусташави ва гирифтани пеши рохи ходисахои харобиовари сел, омадани ярч, шамолхои дарачаи таъсирнокиашон харобиовар, захира кардани микдори зиёди об, нигохдории нами хок, аз ходисахои лагзиши замин, фуруравии замин ва гирифтани растанихои доруворию махсулотхои чангал васеъ парвариш карда мешавад.
Батанзимдарории захирахои чангал яке аз усулхои асосии сохаи мухити зист мебошад, ки бо максади гирифтани пеши рохи ходисахои харобиовари мухити зист мебошад ва таъмини мувозинати экологи-биологи ташкил карда мешавад.
Дар Точикистон бо максади ба танзимдарории захирахои чангал хар сол ба микдори 2000 га чангалзорхои нав бунед карда мешавад.
Мувофики маълумотхои собик Кумитаи давлатии хочагии чангал то солхои 1947 майдони чангалзорхои Точикистон ба 23 % рост меомад. Аммо баъди 2-3 дахсола ин майдони чангалзорхо яку якбора ба нестшави омада расиданд, ки Айни холл масохати он на кам аз 2,8-3% ро ташкил менамояд, ки ин дар минтакаи кухи нихоят кам мебошад.
Майдони чангалзорхо дар Точикистон новобаста аз он ки хар сол ба микдори 1-1,3 млн нихолхои намудхои гуногун шинонида шавад, хам аммо аз сабаби нигохубини хуб накардан бештар аз 35-40-50% и онхо хар сол хушк мешавад. Ин нишондихандаи хеле зиёд аст, ки хар сол хушк мегардад. Инчугнин буриши гайриконунии чангалзорхо дар Точикистон хар сол афзуда истодааст, ки ин нихоят ташвишовар мебошад.
Сабабхои асосии буриши чангалзорхо дар Точикистон инхо мебошанд:
•Суст будани назорати давлати дар махалхо.
•Хамохангсозии масъалахои чангалзорхо дуруст ба рох монда нашудааст.
•Таксим кардани чангалзорхо ба хочагихои хурд ва дехкони.
•Набудани кувваи барк дар махалхо.
•Кам будани масолехи сохтмони.
•Паст будани донишхои экологи ва марифатнокии ахолии.
•Зиёд шудани хашаротхои заррарасон ва касалихои растанихои чангал ва гайра.
Ходисаи нобуд кардани чангалзорхо дар чахон имруз хеле афзоиш ёфтааст. Мувофики маълумоти Созмони миллии Муттахид дар як сол дар чахон зиёда аз 14,6 млн.га чангалзорхо нобуд карда мешавад, ки танхо 5,2 млн.га дар як сол баркарор карда мешавад. Дар кураи замин аз сабаби буридани чангалзорхо хар сол ба хисоби миёна 77 млн.га заминхо ба биёбон гирифтор мешавад, ки таъсири манфии он пеш аз хама ба сохаи кишоварзи расида истодааст. Сурати биёбоншавии заминхо дар Точикистон новобаста аз хар сола бунёд кардани чангалзорхо сурати зиёд гирифта истодааст. Дар тулии 50-57 соли охир аз сабаби беахмиятии сохахои масъул дар каламрави Чумхурии Точикистон бештар аз 12-15 % чангалзорхо несту нобуд гардиданд.
Таъсири харобиовари чангалзорхо дар махалчойхо хеле зиёд имруз ба назар расида истодааст. Бояд кайд намуд, ки ходисаи лагзиши замин ва фурурави замин дар аксари нохияхои Чумхури афзоиш ёфта истодааст. Бештар ходисахои эрозияи оби ва шамоли авч гирифта то 15% заминхои кишоварзи имруз ба биёбон мубадал гаштаанд ва бештар аз 80% он дар холати бади экологи карор дорад.
Баъди солхои 1992 буриши гайри конунии чангалзорхо дар минтакахои чанубии Точикистон бештар авч гирифт. Ходисаи буриши чангалзорхо то солхои 2000-2005 тамоми худуди Точикистонро фаро гирифт, ки ин боиси кам шудани захираи об дар обанборхо гардида истодааст, имруз. Асосан буриши чангалзорхо дар минтакахои нохияхои Шахритуз, Кумсангир, Ч.Руми, Панч, Фархор, Чиликул, А.Чоми, Н.Хисрав бештар ба назар расида истодааст. Аз сабаби нобуд кардани чангалзорхо ходисахои фуруравии замин, лагзиши замин, несту нобудшавии минтакахои табиии хоси экосистемаи табиии дошта, кам захирашавии нами, нобудшавии олами набототу хайвонот, ба амал омадани эрозияи обию шамоли, омадани ходисахои харобиовари сел ва пахн шудани хашаротхои заррарасон дар заминхои кишоварзи бештар афзуда истодааст.
Солхои охир ба амал омадани ходисаи харобиовари гармсел, гирд бод, вазиши чангугубори давомнок, пахншавии хашаротхои заррарасонхои кишоварзи ва кам захирашави бештар афзоиш ёфта истодааст.
Хукумати Чумхурии Точикистон бо максади ба танзим дарории захирахои чангал соли 2005 ум Барномаи давлатии рушди чангалро дар Точикистон барои солхои 2006-2015 кабул намуд. Инчунин лоихаи кодекси чангалро низ омодаи тасдик гардонидан тайёр намудааст.
Ахамияти чангалзорхо дар сохаи кишоварзи ва хифзи мухити зист нихоят зиёд мебошад.
•Хама сола як микдори муайяни обро дар хок нигох медорад.
•Пеши рохи ходисахои эрозияи оби ва шамолиро мегирад.
•Пеши рохи ходисахои вазидани гармсел ва туфонхоро ба танзим медарорад.
•Табиатро бо гази оксиген таъмин менамояд, ки хаёти хар як олами набототу хайвонот ва инсоният аз он вобастагии калон дорад.
•Гази карбонро доимо дар табиат безар намуда таъмини мувозинати биологии онро нигох медорад.
•Пеши рохи ходисахои лагзиш ва фуруравии заминхоро мегирад.
•Аз захирахои чангал микдори зиёди растанихои шифобахш, хурданибоб, сохтмони, ороиши истифода бурда мешавад.
•Мувозинати биологи-экологии мухити зистро ба танзим медарорад.

10.Таъсири заҳрхимикатҳо ба сабзишу инкишофёбии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳолати муҳити зист
Захролудшавии хок ин як ходисаи харобиовар мебошад, ки бо таъсири моддахои дарачаи таъсирнокиашон баланд ба мухити хок омехта шуда ба холати экологи-биологи ва механики хок таъсири манфии худро мерасонанд. Дар Точикистон захролудшавии хок бештар ба воситаи захрхимикатхо ва нурихои минералию партовхои саноати ба амал меоянд. Ходисаи захролудшави ин як ходисаи харобиовар мебошад, ки бештар бо таъсири инсон ба амал меояд.
То солхои 1990-1992 истифодабарии захрхимикатхо дар хочагихои кишоварзи ва хочагихои ёрирасони ташкилоту идорахо бо воситаи апаратҳои махсус гардонидашуда васеъ истифода бурда мешуд, ки дар натича то 0,8-1,5% заҳрхимикатҳо ба манбаъҳои мухити зист партофта мешуд. Аксар ҳолатҳо захрхимикатҳо бо воситаи трактори МТЗ-80, Т-28 бо воситаи ОВХ 14, ОВХ 14А ва дигар намуди асбобҳои дорупоши васеъ истифода мегардид. Баъди коркард бошад, зарфхои дорупошак дар чойхои махсус тоза ва безарар мегардид.
Аммо баъди дигаргун шудани структураи кишоварзи бештар аз 40000 хочагии деҳконию ба амал омад, ки аксари онхо яъне бештар аз 90-95% онҳо маълумоти истифодабарии захрхимикатҳоро надоранд, бештар вақт бо воситаи чоруб захрхимикатхо пошида мешавад, ки дар натича ба хисоби миёна 50-60% захрхимикат ба мухити зист, аз он чумла хок, растани, об, ҳаво омета мегардад.
Захролудшавии хок, растани, об, ҳаво ва олами ҳайвонот дар Чумҳури 2-3 маротиба афзудааст, ки ин боиси заҳролудшудани мухити зист гардидааст.
Мувофики маълумотҳои ташкилотхои байналхалқии мухити зист аз 4/1 ҳиссаи микрооорганизмҳои хок дар курраи замин, яъне 25 % микрооганизмҳои хок нобуд шудааст. Агар чунин ходиса давом ёфтан гирад, баъди 25-30 соли пас алакай 50% микроорганизмҳои хок, яъне аз 4/2 микроорганизмхои хок ба нести рафта мерасад, ки ин ходисаи харобиовари мухити зист мебошад.

Барои гирифтани пеши роҳи ҳодисаи заҳролудшавии хок, растани, об ва чорвои кишоварзи аз моддахои химиявии заррарасон:
•Васеъ истифода бурдани методҳои мубориза ба мукобили хашаротхои заррарасон ва касалихои растанихои кишоварзи бо усули биологи ва механики;
•риоя намудани технологияи истифодабарии захрхимикатхо;
•риоя намудани мухлат ва меъёри истифодабарии захрхимикатхо;
•истифода бурдани технологияи комплексии захрпошакхо.
•истифода набурдани захрхимикатхои мухлаташон гузашта.
•чамъовари, кашонидан ва коркарди партовхои саноати ва кишоварзи.
•ба танзим даровардани амборхои захрхимикатхо ва гуронидани захрхимикатхои мухлаташон гузашта.
•ба заминхои кишоварзи пошидани нурихои саб ва нурихои органики.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.