Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Флора ва фаунаи Тоҷикистон

Сарзамини кӯҳсор будани ҷумҳурии мо ба ҳамагон маълум аст. Фонди замини вай ҳамагӣ 14,2 млн.га мебашад ва майдонҳои киштбоби кишоварзӣ нисбатан каманд. То солҳои наздик дар ҷумҳурй ҳамагӣ 4,236 млн.га (30% масоҳати ҷумҳурӣ) ва аз ҷумла 759 ҳазор га замини обёришаванда буд. Масоҳати чарогоҳҳо то 3,6 млн.га ва ҷангалҳо то 1,8 млн.га мерасадСарзамини кӯҳсор будани ҷумҳурии мо ба ҳамагон маълум аст. Фонди замини вай ҳамагӣ 14,2 млн.га мебашад ва майдонҳои киштбоби кишоварзӣ нисбатан каманд. То солҳои наздик дар ҷумҳурй ҳамагӣ 4,236 млн.га (30% масоҳати ҷумҳурӣ) ва аз ҷумла 759 ҳазор га замини обёришаванда буд. Масоҳати чарогоҳҳо то 3,6 млн.га ва ҷангалҳо то 1,8 млн.га мерасад. Танҳо 40 ҳазор га заминҳои ҷумҳурӣ барои тайёр кардани хӯроки дурушти ҳайвонот ба максад мувофиқанд. Ба сифати чарогоҳҳои тобистона 1,7 млн. гектар замин истифода мешавад. Дар ҷумҳурӣ бештар аз 6000 намуди растаниҳо ва 20 тип наботот ба қайд гирифта шудааст. Аз тарафи мутахассисон омӯзиши 5 ҳазор растаниҳои гулдиҳанда, қариб 1000 намуди обсабзҳо, бештар аз 1500 намуди замбӯругҳо, 500 намуди ушна ва гайра ба анҷом расонда шудааст. Муқаррар карда шудааст, ки кариб Ю ҷинс ва бештар аз 1000 намуди онҳо танҳо дар территорияи Тоҷикистон хуб нашъу намо меёбанд ё берун аз худуди он хеле кам дучор меоянд. Бештар аз 200 намуди онҳо ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» ворид карда шудаанд.

Амалан ҳоло 400 намуди набототи дорувориро аҳолй истифода мебарад. Дар талу теппаҳо бештар аз 100 намуди набототи ғизоӣ ва витаминдор, қариб 60 намуди растаниҳои эфирдор, 120 намуди декоративй ва ғайра мерӯяд. Кариб 30% – и флораи табиӣ чун гизои ҳайвонот хизмат мекунад.

Захираҳои умумии ашёи хоми дорувории набототй дар чумҳурӣ 4354 т аст, вале на ҳамаи ин микдор то талабгорон мерасад. Масалан, дар водии Зарафшон танҳо 929 т чамъоварй мешавад.

Дар богҳои ботаникии Академияи улуми ҷумҳурй 4500 намуд, Хуҷанд – 2900 намуд, Кӯлоб – 250 намуд, Помир -2000 намуд набототи нодиру маҳаллӣ парвариш карда мешаванд. Микдори умумии растаниҳое, ки ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд, ба 226 мерасад, ки ба 126 намуду 52 оила мутаалликанд ва 47 намуди онҳо доруворианд.
Олами ҳайвонот (фауна)-и ҷумҳурӣ аз 11 ҳазор сутунмуҳрадорон ва ҳашарот иборат аст. Дар территорияи ҷумҳурии мо 49 намуди моҳй, 2 намуди обхокиҳо, 47 намуди хазандагон, 82 намуди ширхорон, 310 намуди паранда-гон ба қайд гирифта шудаанд.
Ба «Китоби сурхи ИДМ» 16 намуди ширхорон, 26 намуди парандагон, 4 намуди хазанда, 5 намуди моҳиҳо ва бештар аз 45 намуд ҳайвоноти бесутунмуҳраи фаунаи Тоҷикистон дохил карда шудаанд.

Ба максади ҳифзи минбаъдаи олами ҳайвоноти ҷумҳурӣ кариб 1,7 млн. гектар (11,7% – и територияи он) таҳти назо-рати доимӣ карор дода шудааст, ки аз 3 мамнӯъгоҳ (85,74 ҳазор гектар), 14 парваришгоҳ (500 гектар), 24 хоҷагии варзишиву шикорӣ (1,1 млн га) ва гайра иборат аст.

Мамнӯъгоҳи аввалини ҷумҳурӣ – «Бешаи палангон» ба шумор меравад, ки омузиши флора ва фаунаи вай с.1932 огоз ёфта буд. Масоҳати ибтидоии барои мамнӯъгоҳ пешбинишуда 50 ҳазор га буд.

Сонитар ин масоҳат то 7 ҳазор гектар кам шуд. Соли 1959 масоҳати онро аз нав 41 ҳазор гектар зиёд намуда, ба ихтиёри Кумитаи давлатии ҷангалпарварии ҷумҳурӣ доданд. Ҳоло вай дар масофаи 40 км масоҳати 49,9 ҳазор гектарро ишгол менамояд, ки 16,7 ҳазор гектари он бо ҷангалзорҳо пӯшонида шудааст. Дар обанборҳои мамнуъгоҳ 20 намуд обхокиҳо дучор меоянд. Дар территорияи он 35 намуд хазандагон, 34 намуд ширхорон, бештар аз 150 намуд парандагонро ба кайд гирифтаанд.
Барои мамнӯъгохи «Ромит» дар нишебиҳои ҷанубии каторкӯҳҳои Ҳисор с.1959 масоҳати бештар аз 16 ҳазор га ҷудо карда шуда буд. Мамнӯъгоҳ дар баландиҳои 1176-3195 м ҷойгир буда, бештар аз 3700 гектараш бо ҷангалзорҳо пушонида шудааст.
Дар мамнӯъгоҳи «Даштиҷум» ҳам, ки масоҳати 19,7 ҳазор га дорад, қариб 3 ҳазор га ҷангалзорҳо мавҷуданд.

Дар ин мамнӯъгоҳҳо бузи кӯҳӣ (морхӯр), гӯсфанди кӯҳии бухороӣ паланг, саги обӣ, хирс, бургут, мори афъӣ, гавазни бухорой ва ғайра нисбатан камшумор мондаанд ва аз ин рӯ ба «Китоби сурх» дохил карда шудаанд.
Парваришгоҳҳои «Искандаркӯл», «Алмосй», «Зоркӯл», «Камаров», «Қаратог», «Зарафшон», «Норак», «Даштиҷум», «Чилдухтарон», «Сангвор», «Сарихосор» масоҳати 487,7 ҳазор га доранд, ки ба 3,3%- и территорияи ҷумҳурӣ баробар аст.
Дар нашри аввали «Китоби сурхи Тоҷикистон» (с.1988) 58 намуд ҳайвоноти бесутунмухра, 4 намуд моҳӣ, 21 намуд хазанда, 37 намуд парранда, 42 намуд ширхурон дохил карда шуда буд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.