Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Баъзе сабабхои проблемаҳои экологӣ

Насли калонсоли имрӯза сардии муносибатҳои байни-давлатии солҳои 1960-70 – умро, ки огози ҷанги нави ҷаҳонӣ эҳтимолнок буд, ба ёд дорад. Аз баландии охири асри 20 манзараи ин рӯйдодҳо аёнтар аст. Дар ибтидо, то солҳои 50-ум, яроқи атомӣ монополияи Амрико будНасли калонсоли имрӯза сардии муносибатҳои байни-давлатии солҳои 1960-70 – умро, ки огози ҷанги нави ҷаҳонӣ эҳтимолнок буд, ба ёд дорад. Аз баландии охири асри 20 манзараи ин рӯйдодҳо аёнтар аст. Дар ибтидо, то солҳои 50-ум, яроқи атомӣ монополияи Амрико буд. Вале сонитар, бархилофи чашмдошт дар фосилаи нисбатан кӯтоҳ ба амал омадани озмоишу таркишҳои пай дар паи шуравӣ нисбат ба дидани оқибатҳои марговар хоҳиши ис-роркоронаи намоиши кудратро дар ҳарду торафт пурзӯртар намуд. Ҳоло вазъият дигар аст. Ба қатори дав-латҳои ядроӣ, ғайри ИМА ва Руссия, Англия, Фаронса, Чин низ дохил шудаанд. Ба замми ин 30 давдати дигарест, ки ба ҳалли масъалаи муайян кардани андозаи иқтидори ядроӣ машғуланд. Хушбахтии насли имрӯза бештар аз он рӯст, ки бидуни дарки пурраи оқибатҳои харобиовараш ҷанги атомӣ ба амал наомад. Бо вуҷуди ин устувории пур-раи сулҳи ҷаҳонӣ фақат зоҳирист, зеро то рафт бештар шу-дани хатари экологии ба чандин наслҳои оянда таҳдидкунанда мудҳиштар аст. Масалан бо роҳи нафас ба организми одам дохилшавии 10 мкг плутоний – 239 сабаби ногузории гирифтории саратони шуш мешавад. Яъне кураи андозаи як анор доштан ин моддаи радиоктив бидуни ҳеҷ таркиш тамоми аҳолии сайёраро маҳв карда метавонад. Ҳол ин ки бо чунин суръати инкишофи энергетикаи атомӣ баъди 150 сол миллионҳо килограмми ин модда бояд ҳосил карда шавад.

Дар ибтидои асри нав 20 давлати мутараққӣ яроқи кимиёвӣ 15 давлат мушакҳои баллистикӣ, 10 давлат – яроқи биологӣ доранд, ки барои сохтани яроқи ядроӣ заминаи кофист. То соли 2007, ба ақидаи мутахассисон, «клуби ядроӣ» 15 давлатро дар бар мегирад.

Ҷолиби диққат аст, ки кӯшиши мустақилияти сиёсӣ ва устувории халалнопазир доштани давлати алоҳида сабаби ноустовортаршавии сулҳи чаҳонӣ мешавад. Масалан, дар Ҳиндустон озмоишҳои ядрой ва санҷиши мушакҳои баллистикии миёнапарвоз аз соли 1974 давом доранд. Тавоноии заводҳои мавҷудаи истеҳсоли плутоний имконият медиҳанд, ки то соли 2007 Ҳиндустон соҳиби 265-285 адад яроқи ядроӣ шавад. Ғайр аз ин онҳо дар тараддуди сохтани бомбаи ҳидрогенианд.

Мувофиқи маълумоти экспертҳои МАГАТЭ чунин корҳо дар Покистон низ аз авали солҳои 90-ум оғоз ёфтаанд. Дар мавриди худро расман чун давлати ядроӣ эълон кардани Ҳиндустон тараддуди Покистон низ бештар мешавад.Чунин манзараи сиёсии барҳамзании монополияи минтакавии яроқи ядроӣ байни Исроил ва мамлакатҳои Шарқи Наздику Эрон, байни Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубд, байни Бразилия ва Аргентина мушоҳида мешавад.

Ба шартномаи (с.1968) паҳн накардани яроқи ядроӣ то с. 1990 бештар аз 140 давлати ҷаҳон имзо гузаштаанд, вале дар ҳама конфронсҳои минбаъда (1975, 1980, 1985, 1990, 1995) пурра иҷро нашудани моддаҳои алоҳидаи аҳдномаро кайд намуданд. Дар чунин дунёи ядроии «бисёрқутба» ва мавҷудияти мушакҳои миёнапарвози радиуси таъсирашон бештар аз 2500 км ё мушакҳои баллистикй ба ақидаи мута-хассисон, гунаҳкори аввалинро муайян кардан номумкин мешавад. Касе ҳам кафолат дода наметавонад, ки баъди содир шавии он гуноҳ (зер кардани тугмаи аввалин) зарурияти муайян кардани гунаҳкор аз байн намеравад, зеро бо потенсиали ядроии мавҷуда на танҳо Замин, балки якчанд ҷирми осмонии ба сайёраи мо хамандозаро низ пурра тар-кондан мумкин аст.

Омили дигари таназзули биосфера, дар катори инкишофи саноат, афзоиши аҳолии сайёра аст. Тахмин мекунанд, ки ҳатто нисбат ба кашфиётҳои илмии соҳаи энергияи ядро ва кибернетика ин омил оқибатҳои ногувортар дорад. Едовар мешавем, ки аҳолии сайёра с. 1900 – 1,5 млр. с. 1950-2,3 млрд. с. 1970 – 3,7 млрд. с. 1990 бештар аз 5 млрд. нафар буд. Аз ин рақамҳо суръати экспоненсяалии афзои-ши аҳолии сайёра аён аст. Ҳоло дар ҳар километри мураб-баи сайёра ба ҳисоби миёна 26 нафар одам зиндагӣ дорад. Зичии калонтар дар Миср ба қайд гирифта шудааст, зеро ахолӣ (35 млн.) танҳо дар соҳили Нил (35000 км2) зиндаги мекунанд ва ба ҳар километри мураббаъ 1000 нафар рост меояд. Масоҳати боқимонда (966000 км2) биёбон аст. Ис-тифодаи илму техника имрӯз ва коркарди на хамеша сама-раноки замин ба нигоҳдошти шакли табиии экосистемахо мувофиқ нест, зеро тазъиқи демографии инсоният ба био-сфера аз ҳадди эътидол гузошта истодааст. Холо маълум нест, ки аҳолии сайёра кай ва ба кадом микдор доимӣ мемонад. Ба ақидаи як гуруҳи экспертҳо ин рақам 12-13 млрд. ба акидаи дигаре 15 млрд. аст.

Байни омилҳои гуногуни фавти одамон ҷанг, гуруснагӣ ва эпидемия таъсири бештар доранд. Дар ҷанги дуюми ҷаҳон 50 млн. нафар ва дар ҳар давраи гуруснаги ё эпидемияи бемориҳои вабо, нағзак, домана ва ғайра якчанд миллион одамон дучори марг шудаанд. Дар давоми асри 14 дар Аврупо микдори аҳолии аз вабо фавтида то 25 млн. нафар расида буд. Дар Англия ва Чин, мувофиқан, 200 ва 1828 давраи гуруснагӣ ба қайд гирифта шудааст. Танҳо дар гуруснагии солҳои 1769-1770 дар Ҳиндустон 3 млн. нафар фавтиданд.
Шояд аз ҳисоби истиснои баъзе омилхои номбурда суръати афзоиши аҳолии сайёра дар асри 20 нисбат ба ҳама давраҳои пешин зиёдтар аст. Масалан, дар давоми як сол тапиши дили одам то 38 млн. бор ва афзоиши аҳолии сайёра 50 млн. нафар аст. Афзоиши солонаи аҳолии танҳо Ҳиндустон ба ҳамаи аҳолии Австралия баробар аст.

Афзоиши вокеии аҳолӣ нисбат ба баҳои демографҳо ҳамеша бештар буд. Масалан, мувофиқи акидаи экспертҳо (с. 1948) аҳолии сайёра то с. 1960 бояд камтар аз 2,5 млрд. нафар мешуд, вале вай ба 3 млрд. расид. Гурӯҳи дигари иктисодшиносон ва демографҳо с. 1950 изҳор доштанд, кй то с. 1990 ин ракам ба 3,5 млрд. мерасад, вале 20 сол пештар (с. 1970) ба 3,66 млрд. расид.

Дар баробари афзоиши босуръати аҳолӣ тамоили шаҳрӣ шудани мардум (урбанизатсия) низ шиддат мегирад. масалан, с. 1970 аҳолии шаҳри Токио 16 млн. нафар буд, вале ҳоло ба 40 млн. наздик шудааст. Аз рӯи баҳои экс-пертҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳоло бештар аз нисфи аҳолии сайёра шаҳрианд ва бо мурури замон ҳама сокинони шаҳрхо мешаванд.
Баъзе муаллифон сабаби асосии нокифоя шудани маҳсулоти хӯроквории давлатҳои сусттараққикардаро дар афзоиши дучандаи аҳолӣ мебинанд. Илова бар ин, бархилофи акидаи экспертҳои СММ, афзоиши демографии мин баъдаро номумкин мешуморанд. Дар ин масъала маҳвшавии оммавии популятсияи хояндагонро далел меоранд, ки сабаби он ҳангоми зичии аз ҳад зиёд бештар эҳтимолнок шудани харобии эндокринӣ аст. Хушбахтона ин ақидаро тадкиқоти охирини физиологҳо рад мекунанд\’ зеро қобилияти ба шароитҳои нав мутобиқшавии инсон аз набототу ҳайвонот ҷиҳатҳои фарқкунанда дорад. Бо вуҷуди ин «таркиши» демографӣ дар проблемаҳои экологй беосор намешавад. Барои ин ёдрас намудани чунин амри вокеъ кофист, ки ҳаҷмиистеҳсолоту истеъмоли ҳамагуна ашёи зарурӣ мувофикан бояд афзояд. Вале ҳаҷми истеҳсолот вобастаи доираи имкониятҳои табиӣ буда, беинтиҳо шуда наметавонад. Илова ба ин ҳаҷми бештари истеҳсолот сабабгори вайроншавии бештари меъёрҳои экологӣ мегардад. Дар ин бора дар бобҳои авали ин дастур маълумоти кифоя оварда шудааст.

Хулоса, афзоиши аҳолӣ, зиёдшавии истеҳсолоти моддӣ, кӯшишҳои истеҳсолу истифодаи яроқи ядрой ва намудҳои дигари яроки катлиом дар тезу тундшавии проблемаҳои глобалии экологӣ сабабҳои асосианд ва ҳалли ингуна масъалаҳо ба кӯшиши тамоми бошандагони сайёра вобаста аст. Танҳо -ҳамкории умумисайёравӣ суръати номатлуби бӯҳрони экологиро каме суст карда метавонад. Таъхир дар ин кор «ба истиқболи марги хеш бағал во кардан» аст. ,


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.