Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Шахспарастӣ ва оқибатҳои он

Солҳои ҷанг демократияи ҷомеаи сотсиалистӣ дар мамлакат то як андоза маҳдуд гардида буд. Пас аз ба даст омадани вазъияти осоишта аз як тараф ба қонунияти шўравӣ риоя карда мешуд, аз тарафи дигар бошад, демократия дар ҷомеа инкишоф меёфт. Вале дар мамлакат шахспарастӣ амал карда, тарзи идоракунии фармонфармоӣ-маъмурӣ ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ халал мерасондШАХСПАРАСТӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

Солҳои ҷанг демократияи ҷомеаи сотсиалистӣ дар мамлакат то як андоза маҳдуд гардида буд. Пас аз ба даст омадани вазъияти осоишта аз як тараф ба қонунияти шўравӣ риоя карда мешуд, аз тарафи дигар бошад, демократия дар ҷомеа инкишоф меёфт. Вале дар мамлакат шахспарастӣ амал карда, тарзи идоракунии фармонфармоӣ-маъмурӣ ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ халал мерасонд. Оқибатҳои манфии шахспарастӣ дар ҷумҳурии мо низ ҳис карда мешуд. Ҳанўз дар солҳои 30-40 ум ва авали солҳои 50 ум як қисми шаҳрвандони бегуноҳи Тоҷикистон ба ҷойҳои дурдасту ноободи Қазоқистон ва Сибир бадарға гардиданд. Бо рўйхати КТБ (Комитети бехатарӣ) шахсони «хавфнок» аз мансаб дур карда шуда, ҳабс мешуданд, баъзе ходимони фарҳанг, зиёиён асарҳои худро чоп карда наметавонистанд.
Дар Тоҷикистон ходимони намоёни давлатӣ, фаъолони ҳизбию ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба монанди Н. Махсум, А. Раҳимбоев, Ш. Шоҳтемур, Ч. Имомов, И. Исмоилов, С. К. Шадунс, У. Ашўров, А.Т. Федин ва бисёр дигарон гирифтори шахспарасти гардида, бегуноҳ ҷазои сиёсӣ диданд. Ҳамчунин дастнависҳои нодири қадимаи соҳаи адабиёт, санъати халқи тоҷик, сарчашмаҳои таърихӣ гирифтори идеологияи шахспарастӣ шуда, нобуд гардиданд.
Шахспарастӣ инчунин дар солҳои баъдиҷангӣ ба инкишофи ҳаматарафаи ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ зарари худро низ расонид. Масалан, гарчанде Тоҷикистон аз канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ғанӣ ва табиати он барои инкишофи кишоварзӣ қулай бошад ҳам, вале то Анҷумани ХХ ҲКИШ маблағгузорӣ ва азхудкунии он қаноатбахш набуд. Бинобар он, як қисми объектҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ сари вақт ба кор намедаромаданд. Ҳатто дар сохтмони манзилгоҳҳо, биноҳои маъмурӣ архитектураи замонавӣ истифода шуда, ба нақшу нигори қадимаи ниёгон диққат дода намешуд.
Сохтмони сотсиализм дар мамлакат ва хусусан ғалаба дар Ҷанги Бузургӣ Ватани обрў ва эътибори И.В. Сталинро боз ҳам баланд гардонд. Дастгоҳи идеологӣ бошад барои инкишофи шахспарастӣ кўмак мерасонд. Вале, ҷамъият талаб мекард, ки дар мамлакат ҳарчи зудтар ба қонун ва меъёрҳои муайяншудаи ҷомеаи шўравӣ риоя карда шуда, ба тарзи идоракунии колективонии мамлакат, барқарор намудани номи неки онҳое, ки ҷазои сиёсӣ диданд, васеъ намудани ҳуқуқи ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ диққат дода шавад.

Тадбирҳо оид ба бартарф намудани оқибатҳои шахспарастӣ
Анҷумани ХХ ҲКИШ (феврали соли 1956) масъалаи бартараф намудани парастиши шахсияти Сталин ва оқибатҳои онро муҳокима намуд. Бо мақсади ба шаҳрвандон фаҳмонда додани шахспарастӣ ва такрор нашудани он Комитети Марказии ҲКИШ 30 июни соли 1956 қарорро «Дар бораи бартараф кардани шахспарастӣ ва оқибатҳои он» қабул кард. Дар ин ҳуҷҷат сабабҳои бавуҷудоии шахспарастии Сталин таҳлил гардида, роҳҳои барҳам додани оқибатҳои он пешниҳод шуда буд. Ташкилотҳои ҳизбӣ, шўравӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон баҳри иҷроиши қарорҳои Анҷумани ХХ ва дигар ҳуҷҷатҳо доир ба шахспарастӣ сайъу кўшиш намуданд.
Маҳкум кардани шахспарастӣ ва амалӣ гардидани қарорҳо оиди ин масъала дар ҷомеаи шўравӣ муҳити эҷодкорӣ фароҳам овард. Кори ташкилотҳои сиёсӣ-ҷамъиятӣ ҷоннок гардид. Дар Тоҷикистон барои барқарор кардани номи неки ходимони давлатӣ, ҳизбӣ, комсомолӣ, иттифоқҳои касаба, ки аксарияти онҳо ноҳақ маҳкум шуда буданд, кўшишҳои зиёд карда шуд.
Барои барҳам додани оқибатҳои шахспарастӣ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон пас аз Анҷумани ХХ ҲКИШ бар зидди он қувваҳое, ки қонунҳои давлатиро вайрон карда, молу мулки ҷамъиятиро тороҷ менамуданд ва ба бюрократизм роҳ дода, услубҳои коллективона ба органҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ роҳбарӣ намуданро вайрон мекарданд, мубориза бурд. Дар фаъолияти комитетҳои ҳизбӣ принсипи роҳбарии колекктивӣ устувор шудан гирифт, методҳои маъмуриятчигӣ барҳам дода мешуданд. Дар пленумҳои комитетҳои ҳизбӣ масъалаҳои гуногуни кори ҳизбӣ-сиёсӣ ва хоҷагӣ гузошта мешуданд. Ҳисобдиҳии комитетҳои ҳизбӣ дар дар назди оммаи коммунистон беҳтар гардид, алоқаи ташкилоти ҳизбии ҷумҳурӣ бо табақаҳои васеи меҳнаткашон мустаҳкам мешуд.
Комиссияҳои босалоҳият ҳуҷҷатҳои ходимони давлатӣ ва ҷамъиятиро, ки ҷазои сиёсӣ дида буданд, бо диққат омўхта таклифҳои худро оиди сафед кардани онҳо пешниҳод намуданд. Дар натиҷа номи неки ҳазорҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барқарор карда шуд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.