Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Сафарбаркунии қобилиятҳо

Инсон қобилиятҳои худро он вақт дарк мекунад, ки агар кӯшиш кунад онҳоро нишон диҳад.
(Санека Младший)

Як одами бой будааст. Ва ӯ як духтари зебое дошт. Ӯ мехоҳад ӯро ба шавҳар диҳад, аммо шубҳа мекард, ки ҷавонон ӯро барои муҳаббат ба занӣ мегиранд ё танҳо барои пулаш? Ва ӯ қарор кард, ки имтиҳон гузаронад. Ӯ одамонро ҷамъ кард ва гуфт: “Касе, ки ин ҳавзро шино карда мегузарад, мувофиқи хоҳишаш яке аз ин се боигарии маро мегирад: аз се як ҳиссаи заминам, аз се як ҳиссаи пулам ва ё духтарамро ба занӣ мегирад. Лекин Шумо бояд донед, ки дар ҳавз 10-то тимсоҳ шино мекунад”. Ӯ суханашро ба охир нарасонида, аллакай як ҷавонписар худро ба ҳавз партофт. Бой ҳайрон шуд – чӣ қадар мардонагӣ бояд дошт ва чӣ қадар хоҳиш ва қарордод лозим буд барои ин кор. Тимсоҳҳо аз паси ӯ дарафтоданд, лекин ҷавонписар тезтар шино мекард, тимсоҳҳо кӯшиш мекарданд, ки ба ӯро расанд, лекин ӯ боз ҳам тезтар шино мекард. Ҳамин тавр, ӯ тавонист гурезад ва ба он сӯи ҳавз барояд. Бой ҳайрон шуда, бо якчанд пушаймоние аз ҷавонписар пурсид, ки:
– Ту мехоҳӣ аз се як ҳиссаи заминамро бигирӣ?
– Не! – гуфт ҷавон. Баъд бой пурсид:
– Ту, мумкин, аз се як ҳиссаи пуламро мехоҳӣ гирӣ? Ва боз ҳамон ҷавобро шунид. Бой камтар ором шуд ва аллакай ба шунидани ҷавоби мусбат боварӣ пайдо карда, пурсид:
– Ту, мехоҳи духтари маро ба заниӣ бигирӣ? Аммо ҷавонписар боз ҷавоб дод:
– Не! – Набошад, ту чӣ мехоҳӣ? – пурсид бойи ҳайронгашта. Ва дар ҷавоб шунид:
– Ман, он муттаҳамро мехоҳам, ки маро ба ҳавз тела дод!.
Ин мисол нишон медиҳад, ки на ҳама метавонад имкониятҳои ҷисмониву зеҳнии (интеллектуалӣ) худро қадр кунанд. Аммо дар ҳолатҳои фавқуллода ин қобилиятҳо рӯй мезананд. Ин ҷавон ҳеҷ гоҳ бо хоҳиши худ худро ба ҳавз намепартофт. Ана ҳамин тавр, устози хуб маҷбур мекунад, ки он коре, ки Шумо бо хоҳиши худ ҳеҷ гоҳ кардан намехоҳед, кунед. Аммо ӯ ба Шумо ёрдам мекунад, ки қобилиятҳои худро пайдо кунед. Устози бад метавонад гӯяд: “Хуб, инро метавонӣ пагоҳ кунӣ”. Аммо ин муҳаббат нест, ин дилсӯзист. Аммо дилсӯзии ҷарроҳ беморро ба марг оварданаш мумкин аст. Ана, чиро бояд дар хотир дошт…


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.