Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Корро аз куҷо бояд оғоз кард?

Тақдири худро худат роҳбарӣ кун, вагарна каси дигар бо он машғул мешавад. (Ноел Тичи)
Сараввал бояд идора кардани пули камро ёд бигиред, то он даме, ки идоракунии пули камро ёд нагиред, пули зиёдро идора карда наметавонед. Мувофиқи омор аз ҳар як сад нафар шонздаҳ нафар сарватманд мешаванд, аммо танҳо як нафар метавонад бойгарии худро то охири ҳаёт нигоҳ дорад. Ва маҳз ӯ одами бой ба ҳисоб меравад.
“Пул кор кардан осон аст, нисбат ба нигоҳ доштани он”.
Касе, ки бисёр сарватманд шудан мехоҳад, бояд ин қоидаи асосиро дар хотир нигоҳ дорад:
“Имкониятҳои худро аз пул боло гузоред – он вақт пул ба назди шумо меояд ва барои шумо хизмат мекунад, агар шумо имкониятҳои худро аз пул поён гузоред – он вақт пул муайян мекунад, ки шумо чӣ хӯред, чӣ пӯшед, ба куҷо барои истироҳат равед, чӣ барои наздикон тӯҳфа кунед. Имкониятҳои худро аз пул боло гузоред, то ки шумо худатон сифати ҳаёти худатонро муайян созед”.
Ин қоидаро якчанд маротиба хонед ва оиди он фикр кунед. Инро бояд аз худ кард ва тез-тез такрор кард. Шумо кори худро дӯст медоред? Аммо барои он, ки ба чизе бирасед, дӯст доштан кам аст. Эҳсосот лозим аст. Ба эҳсосот, хафашавӣ, зиқӣ ва ҳатто дард кашидан хос аст, агар ким чӣ, ё чизе ҳам нашавад. Барои орзуҳои худ ба эҳсосот тамоман дода шудан, хос мебошад. На ин ки қисман, балки пурра. Ҳастанд инсонҳое, ки танҳо барои зарурат кор мекунанд. Онҳо дар вақташ ба кор меоянд, дар вақташ аз кор мераванд, ӯҳдадориҳои худро хуб иҷро мекунанд, лекин нисбати кор ягон хел ҳиссиёт надоранд. Ба онҳо муҳим аст, ки дар раванд (протсес) бошанд. Ин гуна одамон орзу карданро ҳам бас мекунанд. Ва дар ҳисоби охир ба чизе намерасанд. Агар Шумо хоҳед, ки сарватманд шавед, ҳеҷ гоҳ одами дар раванд буда набошед.
“Муваффақиятро танҳо одамоне ба даст меоранд, ки аз дохили ҳамаи душвориҳо ва монеаҳо, натиҷаи охиронро мебинанд ва дар як вақт орзуҳои аввалини худро фаромӯш намесозанд”.
Ягон кас барои некӯаҳволии Шумо ӯҳдадорӣ ҳис намекунад – на мамлакат, на давлат ва на қонунҳо. Ҳеҷ кас ғайр аз худи Шумо. Барои он, ки ба мақсадҳои гузоштаи худ бирасем, барои мо дигар раванди фикрронӣ, дигар ҷаҳонбинӣ, дигар таҷриба, дигар қолаби (трафарети) фикрронӣ лозим аст.
98%-и атрофиёни мо бо стереотипҳои кӯҳна ва кӯҳнашуда фикрронӣ мекунанд. Инҳо наздикони мо, дӯстон, шиносҳои моянд. Ҳама тахминан чунин мегӯянд: “Агар пул мебуд ман кори худро сар мекардам, аммо пул, ки нест ҳеҷ кор карда намешавад”. Аммо ҳақиқат дар фаҳмиши қоидаи баналист:
“Барои он, ки бой шуд, бояд амал кард. Барои он, ки орзуи худро дар ҳаёт татбиқ кард, хазинаи нави донишҳоро пайдо кардан зарур аст”.
Худро пурсед – одамон аввал бой мешаванд ва баъд доно ё аввал доно ва танҳо баъд бой? Албатта, аввал доно баъд бой. Барои ҳамин, донишҳое, ки одамони сарватманд ва муваффақ тақсим мекунанд, пайдо кунед, аз онҳо омӯзед ва ҳатман муносибати пурэҳсоси худро нисбати орзуи худ, кори худ ва худатон ташаккул диҳед. Ва амал кунед.
“Агар хоҳед, ки бой шавед, ҳеҷ гоҳ одами дар раванд (протсес) буда набошед – одами натиҷаоваранда бошед”.

Достони “Тасаввур кардани ҳал”

Дар яке аз рӯзҳои хунук ва туман ду писарбачае дар болои ҳавзи обаш яхкарда яхмолакбозӣ мекарданд. Ғавсии ях дар ҳама чо якхел набуд, аммо кӯдакон ба ин аҳамият намедоданд. Нохост дар як ҷой ях мешиканад ва яке аз писарбачаҳо ба даруни об меғӯтад ва ба зери ях фурӯ меравад. Дигараш саросема нашуда, зуд як сангеро гирифту бо тамоми қувват ба рӯи ях задан гирифт ва яхро шикаста дӯсташро баровард.
Вақте, ки наҷотдиҳандагон омаданд ва диданд, ки чӣ ҳодиса шудааст, онҳо аз писарбачаи наҷотдиҳанда пурсиданд.
– Ту инро чӣ хел кардӣ? Охир ях дар ин ҷо хеле ғафс аст, бо ин санг ва ин дастони хурдакак шикастан имконпазир буд…
– Дар ҳамин вақт муйсафеде ба назди онҳо меояд ва хандида мегӯяд:
– Ман медонам, ки ӯ чӣ хел кард.
– Чӣ хел? – пурсиданд онҳо.
– Дар паҳлӯи ӯ касе набуд, ки ба ӯ гӯяд, ки ин имконнопазир аст.

Эйнштейн мегӯяд, ки:
“Агар тасаввур карда тавонӣ, иҷро карда ҳам метавонӣ”.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.