Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Оила

Сарсухан

Оила- ин тӯҳфа аз ҷониби Худост, ки ба одамизод баъд аз офариниши олам ба одам дода шуд. Ин аввалин чизе, ки Худо ба одам тӯҳфа кард.

Пеш аз он, ки Худо калисоро офарад, Ӯ оиларо офарид. Одатан одамон фикр мекунанд, ки калисо, тиҷорат ё кор мавқеъи аввалинро дар ҳаёт ишғол мекунанд, лекин он вақте, ки тиҷорат, калисо ва хушиҳои ҳаёт мавҷуд набуд оила вуҷуд дошт. Баъзеҳо чунин фикр мекунанд: Аввал бо ҳаёт ҳаловат мебарам баъд оиладор мешавам. Аммо агар Худо чунин фикр мекард, ки аввал бояд аз ҳаёт ҳаловат барем ва баъд оиладор шавем.
Артур Симонян

Оила

Мундариҷа

Боби 1 Оила чист?

Боби 2 Интихоб ва никоҳ

Боби 3 Хизмати мард дар оила

Боби 4 Хизмати зан дпр оила

Боби 5 Фарзандон

Боби 6 Вазифаи фарзандон

Якчанд маслиҳатҳо аз Каломи Худо

Сарсухан
Оила- ин тӯҳфа аз ҷониби Худост, ки ба одамизод баъд аз офариниши олам ба одам дода шуд. Ин аввалин чизе, ки Худо ба одам тӯҳфа кард.
Пеш аз он, ки Худо калисоро офарад, Ӯ оиларо офарид. Одатан одамон фикр мекунанд, ки калисо, тиҷорат ё кор мавқеъи аввалинро дар ҳаёт ишғол мекунанд, лекин он вақте, ки тиҷорат, калисо ва хушиҳои ҳаёт мавҷуд набуд оила вуҷуд дошт. Баъзеҳо чунин фикр мекунанд: Аввал бо ҳаёт ҳаловат мебарам баъд оиладор мешавам. Аммо агар Худо чунин фикр мекард, ки аввал бояд аз ҳаёт ҳаловат барем ва баъд оиладор шавем. ОИЛАРО ДАР АВВАЛ БА ВУҶУД НАМЕОВАРД. Вақте, ки Худо оиларо офарид, як ҳақиқатро медонист, ки одам дар оила бояд ҳама беҳбудиҳои ҳаётро чашад. Танҳо дар оила одам ҳаловати ҳақикиро аз сар мегузаронад.

Боби 1. Оила чист.
Оила барои одам сарчашмаи лаънат ё баракат шуда метавонад. Оила ҳаёти туро ба дӯзах ё ҷанат табдил дода метавонад . Ин аз он вобаста аст ки ту чи гуна ба он муносибат мекунӣ. Имрӯз бисёр одамонеро вохурдан мумкин аст, ки оилаи онҳо ҷудо шуда аст. Одамон ҷудо шуда хушбахтиро дар ҳаёт намебинанд. Барои он ки аз оила онҳо чизҳоеро интизоранд, ки дода наметавонанд. Никоҳ аз он ҷумла мебошад. Бисёр вақт одамон фикр мекунанд ки оиладор шуда хушбахт мешаванд, лекин ин аз ҳама дурӯғи калонтарин мебошад. Агар касе ба ман исбот кардани шавад, ки оила одамро хушбахт мекунад, ман ба ӯ исбот мекунам ки маблағ одамро тезтар хушбахт мекунад. Оила одамро хушбахт намекунад, барои он ки ин қудрат ба он дода нашуда аст. Дар Китоби Муқаддас мо бисёр ҷойҳоро хонда метавонем ки Худо ба одамизод қудрат аз болои бисёр соҳаҳои ҳаёт медиҳад, лекин он ҷойро пайдо намекунем ки гуфта бошад : «Ман ба оила кудратро медиҳам, ки одамро хушбахт кунад» Баракс гуфта шудааст «Ба ту тамоми қудрат дода шудааст» ин маънои онро дорад, ки ту қудрат дорӣ ки оилаи худро хушбахт кунӣ на ин ки баракс бошад. Агар ту интизор бошӣ ки заношӯи туро хушбахт мекунад ту хато мекунӣ. Ту бояд никоҳи худро хушбахт гардони на ин ки никоҳ туро хушбахт гардонад. Танҳо дар ин ҳолат ту хушбахт шуда метавонӣ. Бисёриҳо пеш аз оиладоршавӣ фикр мекунанд; «Ана оиладор шуда хушбахт ҳам мешавам» ва умед доранд, ки мушкилиҳои онҳо баъд аз оиладоршавӣ ҳали худро меёбад. Маҳз аз ин ҷо мушкилиҳо сар мезанад. Одамон оиладор ва ҷудо мешаванд , фоизи ҷудошавихо зиёданд. Барои чӣ ва бо кадом сабаб ин рӯй медиҳад ? Сабаб яктост: пеш аз никоҳ одамон фикр мекунанад ки оиладорӣ ба онхо хушбахтӣ меоварад ва баъд онро наёфта дилхунук мешаванд, «ин аст оиладорӣ?» Чанд маротиба ман чунин суханонро шунидаам «Шахси боақл зан намегирад». Фикр мекунам ки шумо ҳам чунин суханонро шунидаед, аммо вақте ки ба Каломи Худо муроҷиат мекунем ба мо фаҳмо мешавад, ки оила ин иродаи Худост одамон медонанд, ки оиладор шудан лозим лекин намендонанд ки чӣ хел рафтор кунанд. Ҳама аз рӯи як нақша амал мекунанд. Масалан агар ту дарзмол харӣ ба он дастурамал барои истифодаи он дода мешавад Агар телевизор хари китобчае дар бораи тарзи истифода дастурамал илова мешавад. Ҳама чиз бо тартиботи муайян амал мекунад, ки одам бояд риоя кунад. Масалан мегирем комбайнро аз он фоида аст ё не, фоида ҳаст он гандумро дарав мекунад. Агар ман гӯям «комбайн чизи хуб, бо як комбайн ту дар деҳа шахси бой ва хушбахт мешавӣ». Ту ба маслиҳати ман даромада ба сари рули он камбайн нишаста як ду се рӯз онро чарх дода ҳис мекунӣ, ки ин барои ту бадбахтӣ мебошад ва ту ин комбайнро то абад як сӯ мегузорӣ. Вақте ки ба ту дар бораи комбайн мегӯянд , ту мегӯй «ин аз хама мошини нобароре ки дар ҳаёти худ дидаам, одами боақл ба сари он намешинад ». Лекин медони мушкили дар чист? Мушкили дар он ки истифодаи онро намедонӣ – агар дони ки комбайн чи тавр кор мекунад ва бо он чи гуна гандумро ҷамъ кардан лозим аст, он барои ту баракат мешуд. Инчунон бо оила рӯй медиҳад. Ҳамин тавр бо никоҳ низ мебошад. Механизми оиладори бори аввал дар Китоби Мукаддас навишта шуда буд. Одамон медонанд ки бояд оиладор шаванд , лекин баъд аз он Китоби Мукаддасро хондан лозим аст, ва мувофиқи Калои Худо оилаи худро барпо намоянд. Одамон бошанд чи тавр рафтор мекунанд ? Онҳо оиладор мешаванд ин маънои онро дорад ки ба оила медароянд , «мисли он ки ба комбайн лекин намедонанд ки чи тавр онро ба кор дароваранд» фикри онро карда ки оиладори хушбахтӣ меоварад , як рӯз, ду рӯз, се ва чор сол тоқат мекунанд ва баъд мегӯянд «дар ин ҳеҷ чизи хубе нест» барои он ки механизми онро ба кор наовардаанд. Агар механизми онро ба кор медароваранд он баракат меоварад. Бисёр вақт шоҳиди он шудан мумкин аст, ки одамон механизми пурқуввати оиларо ба кор надаровардаанд. Китоби Муқаддас дар бораи оила бисёр сухан меронад. Дар бобати ин мавзӯъ аз китоби Ҳастӣ сар карда то китоби Ваҳӣ назар кардан мумкин аст. Ҳозир ман дар бораи хизмати мард гуфтани ҳастам барои он ки ҳар як ҷавон то зангирӣ бояд, ки мард шавад. Мард таввалуд намешавад, мард шудан лозим аст. Бисёр ҷавонон тамоми ҳаёт кӯдак монда, лекин мегӯянд; «Ман бояд, ки зан гирам» Аҷоиб, чӣ хел вай зан мегирад? Ё модар мегӯяд; Писарамро ба донишгоҳ даровардам, аллакай онро хатм кард, акнун бояд, ки зан гирон диҳам». Медонед, ҷавон ҳоло мард нашудааст, чунки дар ҳаёти ӯ модараш қарор қабул мекунад. Марди ҳақиқи худаш қарор қабул мекунад. Хислати марди ҳақиқи дар Китоби Муқаддас навишта шудааст.
Шере ки дар миёни ҳайвонот зӯровар аст ва аз пеши ҳеҷ кадоме қафо намеравад (Масалҳо 30;30)
Одатан хизмати мард ба шер монанд карда мешавад. Калом мегӯяд; Шере ки дар миёни ҳайвонот зӯровар аст ва аз пеши ҳеҷ кадоме қафо намеравад. Чунин низ мешавад, ки мард оилаи худро тарк карда аз занаш ҷудо мешавад. Чунин ҳам мешавад, ки шахси ҷавон бо духтари дӯстоштаи худ ҷудо мешавад, барои он ки духтари аз ӯ зеботарро вохӯрдааст. Ин бо хизмати шер ягон умумият надорад. Каломи Худо дар бораи хизмати мард чунин мегӯяд; «Ҳеҷ гоҳ аз роҳи пешгирифтад нагард» Чизе, ки руй надиҳад, чӣ хеле, ки мушкилиҳо набошад ӯ ба оқиб намегардад. «Чуноне, ки дар шариати Худованд навишта шудааст; «Ҳар махлуқи наринае, ки батни модарро мекушояд, муқаддаси Худованд хонда мешавад». (Луқо2;23)
Чунин дар бораи мардон навишта шудааст. Ин иродаи Худо дар бораи мардон мебошад. Каломи Худо мегӯяд; Ҳар як навзод, ҳар як навзоди ҷинси мард ба Худованд бахшида шавад ин нишонаи мардӣ мебошад ва ӯ муқаддаси Худованд на гуноҳкор балки муқаддаси Худо номида мешавад. Муқаддаси – нишондиҳандаи қуввати мардӣ аст. Гуфтан мумкин аст, ки муқаддаси ин аз ҳама қуввати тавонои марди мебошад. Марди ҳақиқӣ бояд муқаддас бошад ва чӣ хеле ки воизи дӯстдоштаи мо Эдвин Коул мегӯяд; «Марди ҳақиқӣ ин марде, ки ба Исо монанд мебошад». Марди ҳақиқӣ шудан ин маънои ба Исо монад шуданро дорад махсусан; бояд, ки дар пешонаи мо акс ёбад; Худованд муқаддас аст. Ва ҳама бояд донанд, ки он касе ки ба Худованд бахшида шудааст ӯро ҳеҷ кас аз роҳ зада наметавонад. Бо чунин тарз хислати марди ҳақиқиро, ки Китоби Муқаддас бо мо пешниҳод мекунад дида метавонем.
Ман фикр мекунам, ки одам пеш аз зангириаш қарор қабул кунад, ки марди ҳақиқи гардад, барои он ки қарори марди ҳақиқи гаштан ӯро аз хиёнатҳо нигоҳ медорад.
Ва чунин мард ва ҳама вақт қодир аст, ки ҳамроҳи Худо оилаи мустаҳкамро барпо кунад.

БА МАРДИ ҲАҚИҚИ ЧӢ ЛОЗИМ АСТ.
Якчанд хислатҳое, ки ба марди ҳақиқи лозим аст.
1.Марди ҳақиқи –ин шахсет, ки қобилияти қарор қабул карданро дорад. Агар ӯ қарор қабул кунад, ки аз қафои Исо меравад, ба калисо меравад, ба Худо хизмат мекунад, ин қарорро хеҷ кас таъғир дода наметавонад. Шахсе, ки аз хизмати Худо дур мешавад, аз хизмат дур намешавад, балки ӯ дигар мард нест. Шахсе, ки аз калисо ба ҷахон меравад обрӯи мардии худро аз даст медиҳад. Марди ҳақиқи ҳеҷ гох аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонад. Боре ба ман гуфтанд: «Ҷавононе ҳастанд, ки гоҳ ба ин духтар гоҳ ба он таклиф мекунанд, дар барои ин ҷавон ту чӣ мегӯи?». Дар ҷавоб ман гуфтам: «Ин шахс мардигии гум кардашро бояд пайдо кунад». Вақте, ки марди ҳақиқи қарор қабул мекунад, ки ба духтар таклиф мекунад ӯ хеҷ гоҳ қарори худро таъғир намедиҳад.
2 Ӯ бояд қуввати мардигии худро нишон диҳад.
Куввати худро мард на бар зидди занаш балки бар зидди шайтон ва олами рӯҳонӣ бояд, ки равона кунад. Ин хислати шер аст. Ҳар як шахс дар ҳаёти худ бояд, ки мақсад дошта бошад.
Панҷ давра мавҷуд аст, ки одам бояд дар ҳаёти худ аз онҳо гузарад.
Дар аввал вақте, ки кӯдак шахси болиғ мегардад. На танҳо дар синну сол, балки дар фикррони ва олами дохилии худ низ болиғ мегардад. Баъди балоғат ҷараёни мушкили мардигӣ шурӯъ мешавад. Бисёр вақт марди чилсоларо вохӯрдан мумкин аст, ки дар ақли худ кӯдак мебошад. Мӯйсафедони шастсоларо вохӯрдан мумкин аст, ки барои як бел ҷанҷол мекунанд. Ин дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки онҳо аз кӯдак ҳеҷ фарқияте надоранд. Инчунин занҳои шастсоларо вохӯрдан мумкин аст, ки ба якдигар мегӯянд; «Ман дигар бо ту гап намезанам» Дар кӯча кӯдаконро дидан мумкин аст, ки ба якдигар мегӯянд; «Ман дигар бо ту гап намезанам». Аз ин мебарояд, ки байни кӯдакон ва калонсолон ҳеҷ фарқияте нест. Кӯдакиро тарк кардан нишонаи ба воя расидан мебошад.
Инак аввалан кӯдак ба балоғат мерасад.
Дуюм шахси болиғ мард мешавад.
Сеюм ки аз ҳама мушкил вақте, ки мард шавҳар мешавад. Одатан ҷавонон баъди зангири мегӯянд. «Ман ҷавон, мард ва бо ин гап тамом». Не, зан гирифта даъвати нав мегирад, ӯ акнун шавҳар мебошад. Ба ҳаёти одамон пай бурда мо мебинем, ки то зангирӣ ва баъди он айни ҳамон мемонанд. Ҳол он ки баъди зангирӣ мард бояд, ки пурра таъғир ёбад. Гирду атроф ин таъғиротро бояд, ки бубинанд, бубинанд, ки мард шавҳар гардидаст.
Давраи чорум таъғиротҳои ҷиддиро талаб мекунад, ин давраи падар шудан мебошад. Каломи Худо мегӯяд, ки устодон зиёданд лекин падарон кам ҳастанд. (1Қӯринтиён 4;15). Мумкин одам ба кӯдаки худ нотасия хонад, лекин дар дили худ нисбати ӯ муносибати падариро надорад. Падарон барои фарзандони худ бояд, ки дӯст гарданд, барои идораи кардани оила ба худ масъулиятро гиранд.
Давраи панҷум инчунин осон нест вақте, ки падар бобо мегардад. Мумкин ту гӯи: Ин мушкил нест, бо гузашти солҳо худ ба худ рӯй медиҳад. Не ин на бо гузашти солҳо балки аз ҳурмат нисбати писари худ ба вуҷуд меояд, вақте, ки падар ба писари худ боварӣ карда иҷозат медихад, ки ӯ новобаста ва мустақилона оилаи худро барпо кунад. Агар бобо шудан хоҳӣ мавқеъи падарии худро бояд, ки ба писарат диҳӣ.
Мо панҷ давраро дидем.
1. Кӯдаки навзод болиғ мешавад.
2. Шахси болиғ- мард.
3. Мард- шавҳар.
4. Шавҳар-падар.
5. Падар-бобо.
Афсӯс, шахсоне ҳастанд, ки дар давоми ҳамаи панҷ давро кӯдак мемонад.

Акнун дар барои хизмати духтарон то ба шавҳар баромадан.
Кадом мавқеъро духтарон ишғол мекунад.
Дар аввал, зани ҳақиқи монанди гул аст, ки ҳеҷ кас ва хеҷ вақт поймол кардан намехоҳад. Ӯ бояд ин мавкеъи гул буданро дар худ нигоҳ дорад. «яроқи» зан аз чӣ иборат аст?
Яроқи зан-ин латофати ӯст. Одатан духтаронро дидан мумкин аст, ки ҳамчун мардон рафтор мекунад. Агар ба дискотека дароем духтаронро аз писарон фарқ кардан мушкил мешавад.
Духтарон ҳамчунон нишастаанд ё истоданд, ки аз писарон фарқ надорад. Онҳо намефаҳманд, ки «қуввати» худро гум мекунанд.
Бо латофати худ ва қуввати Худо малика Эстер гуфтан мумкин, ки шайтонро ғалаба кард ва халқи Исроилро наҷот дод. Ӯ инро на бо шиносӣ балки бо латофат ба даст овард.То ба шавҳар баромадан ӯ ба зебогии худ нигоҳ мекард. Чунин қонуне буд, ки агар шоҳ маликаро даъват накунад ӯ ҳақ надошт, ки назди шоҳ дарояд. Агар малика дарояд ва шоҳ ба ӯ чӯбдасти тиллогини худро дароз кунад малика зинда мемоннд ва шоҳ ҳар ҳоҳиши ӯро ба ҷо меовард. Малика Эстер ба Худо гапдаро буд, ӯ рӯза гирифта дуо гуфт ва ба хонаи шоҳ даромад. Шоҳ чунин зани зеборо ба марг хукм карда натованист. Малика Эстер ба чӣ машғул буд? Ва чун навбати ҳар духтар мерасид, ки назди подшоҳ Аҳашверӯш биёяд, яъне баъд аз он ки вай дар муддати дувоздаҳ моҳ русуми барои занон муқарар шударо мегузашт, зеро, ки айёми молиш додани онҳо шаш моҳ бо равғани мур ва шаш моҳ бо атриёт ва дорувори молидани занон бо ҳамин буд мешуд (Эстер 2:12). То шавҳар кардан аз рӯи анана духтарон шаш моҳ бо равғани мур ва шаш моҳ бо атриёт бадани худро мемолиданд. Инҳо аз гулҳо ва равғани гулҳо иборат буд. Гуфтан мумкин, ки ҳамоми онҳо бо гул ва равғани гулҳо пур буд. Хизмати Эстер аз қабули ҳаррӯзаи ин молиданиҳо иборат буд. Мумкин ту фикр кунӣ ин чӣ хел хизмат ва ба ки ин лозим аст? Лекин ин тайёри барои наҷоти халқи ӯ буд. Шаш моҳ ӯ молиданиро аз як намуди гул ва шаш моҳ аз намуди дигар қабул мекард. Аз малика Эстер бӯйи хуш меомад ва ӯ пур аз латофат буд. Ман такрор кардан мехоҳам куввати зан дар латофату заноногии ӯст ва вазифаи ҳар як зан ба худ нигоҳибин карда пур латофат будан аст.
Имрӯзҳо дар ду соҳаи муҳим ҷаҳон бохт медиҳад ва фоизи ин бохт то рафт меафзояд. Махсусан чист? Мардон мардигариро аз даст медиҳанд (барои он ки аз қафои рости намераванд). Занон латофатро аз даст медиҳанд. Ду қуввате, ки ба одамизод дода шудааст ва ҳар дуи он ба поён меравад.
Зан ин асрорест, ки барои ҳама пинҳон аст ва танҳо барои як нафар кушодааст. Ӯ бояд худро шиносад, қадри худро донад ва ба худ боварӣ дошта бошад.
Ин дар назди оина рӯй медиҳад. Ва духтар ба худ бояд боварӣ изҳор кунад, ки ӯ аҷоиб офарида шудааст ва назди суханони зебои асиркунанда устувор бошад. Шайтон занонро махсус ҳамла оварда мегӯяд: «Ту ба хеҷ чиз кор намои, як бор ба худат назар кун». Ман як сирро бо ту мегӯям: ягон шахсе нест, ки ба ӯ афту андомаш маъқул бошад. Фикр накун, ки ту ягона шахсе, ки ба худ назар карда камбудиҳоро мебинанд. Вақте, ки дигарон ба ту назар мекунанд беҳамтоии туро мебинанд. Агар ту чил сола бошӣ тасавур кун, ки ту сил сол камбудиҳоро мебинӣ, лекин дигарон туро бекамбудӣ мебинанд. Одатан шайтон фиреб дода мегӯяд ту ба хеҷ кас лозим нестӣ. Лекин ин дурӯғ аст. Ҳар як кас ба таври худ зебо аст. Имрӯзҳо бисёриҳо мехоҳанд хароб шаванд. Ин талаботи ҳозиразамон аст. Як духтури шинос ба ман гуфт, ки баъд аз 5 сол марг байни ҷавонон аз кам хӯрок хурдан ва диетаҳо меафзояд.
Ҷавонон барои худ якчанд зебодухтарон-(маникенщица) ҳоро интихоб карданд, ки либос ва рангубори зебо доранд, агар либосро кашанд ва рангубори худро тоза кунанд намедонем, ки ба назар чӣ намоён мешавад. Ва ҳол он ки ҳама мехоҳанд ба онҳо монанд шаванд, гӯё, ки сирри ба шавҳар баромадан дар он мебошад: барои ба ягон кас маъқул шудан хароб шудан лозим аст. Одамон фиреб хӯрдаанд. Духтари миёнаҳол фиреб хӯрда мегӯяд: «Ман фарбеҳ ҳастам». Нигоҳ карда мегӯи барои чӣ ӯ фикр мекунанд, ки фарбеҳ аст? Бисёр моделҳо бо ёрии духтурони хирург миқдори қабурғаи худро кам кардаанд. Чӣ кадар, ки хароб нашави ҳам қабурғаҳои ту мисли аз они ӯ намешаванд. Аз куҷо дурӯғ сар мешавад? Дар куҷо одамонро фиреб медиҳанд. Махсусон дар ин ҷо. Одамон аз ҳӯрок меҳаросанд ва ин аллакай тарс аст. Агар ту фарбеҳ шавӣ ин на аз хӯрок хӯрдан балки аз тарс аст. Барои ҳамин аз тарс озод шав ва ба ту иштиҳои соф. Худо хӯрокро барои хӯрдан додааст аллбата ба меъёри солим.
Ман ду дугонаҳоро медонистам ки яке камтар фарбеҳ буд дигар хароб буда пеши аввалин ҳама вақт бо худ меболид.
Аввалин шармгин буда ба дугона қомат зебои худ дар ҳар чиз гӯш андохта ба ӯ хизмат мекард. Лекин медонед чӣ рӯй дод? Духтари фарбеҳ ба шавҳар баромада ду фарзанддор шуд, ҳол он ки дугонаи ӯ ба шавҳар набаромадааст. Аз ин мебарояд, ки ҷавононе ҳастанд, ки ба онҳо духтарони фарбеҳхуш меоянд. Барои ҳамин ман мегӯям, ки ҳар шахс ба таври худ зебо мебошад. Аз ин лиҳоз фирифта нашав ба дигарон тақлид накун ба худ монанд бош. Агар ту садбарг боши ба мехчагул тақлид накун. Ором бош аз қафои суханҳои зебо нарав. Ба мардон на занони зебои қоматбаланд балки занони пурлатофат маъқул ҳастанд. Дар Китоби Муқаддас бисёр ҷойҳо ба занон бахшида шудааст.
«Чӣ гунае, ки ҳалқаи тилло дар бинии хук бошад, зани хушрӯй ва беақл он гуна аст». (Масалҳо 11;22)
Дар ин ҷо дар бораи зани зебо ва белатофат гуфта шудааст, хислати болатофат будан бо занон хос мебошад. Тамоми қувват ва ҷалоли зан дар латофат ва ҳикмати ӯст.

Боби 2
Интихоб ва никоҳ.
«Дар бораи он чи ба ман навишта будед, барои одам хуб аст, ки ба зан даст нарасонад» (1 Қӯринтиён 7;1)
Бисёр одамон ба ин ҷо нишон дода мегӯянд; «Бубинед Павлус мегӯяд, ки ба одам хуб аст, ки ба зан даст нарасонад». Дар аввал ба мо маълум нест, кт дар бораи кӣ ва дар бораи чӣ ба Павлус навиштаанд. На аз ин калима сар мешавад «Ана, Худованд мегӯяд, ки ба одам беҳтар аст, ки ба зан даст нарасонад». Дар ин ҷо навишта шудааст «Дар бораи он чи ба ман навишта будед, барои одам хуб аст, ки ба зан даст нарасонад» Ба мо маълум нест, ки ба мактуби кӣ вакил Павлус ҷавоб менавишт. Тамоми Китоби Муқаддас аз Ҳастӣ то Ваҳӣ дар бораи оила мегӯяд. Дар ин ҷо тамоми ирода Худо бо пуррагиаш нисбати калоншавии оила, афзоиши он ва пур кардани замин акс ёфтааст.
«…… барои одам хуб аст, ки ба зан даст нарасонад. Аммо барои пешгирӣ кардани зино бигзор ҳар мард завҷаи худро дошта бошад, ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад» (1 Қӯринтиён 7;1,2)
Агар мо танҳо ин ду оятро ба назар гирем, ин ба бетартибӣ дар оила оварда мерасонад, барои он ки на Китоби Муқаддасро балки ду оятро ба назар мегирем. Дар аввал Калом мегӯяд: «Марду занро офарид ва онҳо пайваст кард ва онҳо якто шуданд». Дуюмин барои гурехтани зино, барои он ки зино накунанд ҳар кас зан, шавҳари худро дошта бошад. Ба назар чунин менамоед, ки Павлус фақат барои аз гуноҳ дур шудан ба никоҳ иҷозат медиҳад. Лекин, ин сабаби асоси барои оиладоршавӣ бошад баҳар ҳол яке аз ҳамсарон ба дигарон нигоҳ мекунанд. Никоҳ аз рӯҳи зино озод намекунад. Дар инҷо дигар асрор аст. Як номаи аниқе гирифта шуда буд ва Павлус ба ин нома ҷавоб медиҳад. Баъд ӯ давом медиҳад.
«Бигзор шавҳар вазифаи заношӯиро нисбат ба зани худ ба ҷо оварад; ҳамчунин завҷа нисбат ба шавҳари худ. Завҷа бар ҷисм худ ихтиёрдор нест балки он аз они шавҳар аст;ҳамчунин шавҳар бар ҷисми худ ихтиёрдор нест,балки аз они завҷа аст. Аз якдигар каноргирӣ накунед, магар ба муддате, бо розигии ҳар ду, то ки ба рӯзаву дуо шуғл кунед ва аз нав якҷоя шавед, то ки шайтон шуморо, ба сабаби худдорӣ карда натавонистанатон, ба васваса наандозад. Лекин инро ман ба тариқи маслиҳат мегӯям, на ба тариқи фармоиш. Зеро меҳоҳам, ки ҳамаи одамон мисли ман бошанд; аммо ҳар кас лаёқати ба худ хосе аз Худо дорад, яке ин тавр, дигаре ба таври дигар. Лекин ба муҷаррадон ва бевазанон мегӯям: барои онҳо хуб аст, ки мисли ман бимонанд;» (1Қӯринтиён 7;3-8)
Дар ин ҷо чизе аниқ мешавад. Дар аввал аз таърих маълум аст, ки вакил Павлус зан дошт, аммо зани ӯ вафот кард дар акси ҳол шахси зан нагирифта он қадар бисёр дар барои оила ва никоҳ нашавишта наметавонист. Дуюмин таърих мегӯяд, ки вай ҳуқуқи овоздиҳиро дар Синидреон дошт, ин ҳуқуқро танҳо мардҳои зандор доштанд. Сарчашмаҳои таърихӣ хабар медиҳад, ки Павлус бевамард буд.
Дар ин ҷо Павлус манависад; «Ба муҷаррадон ва бевазанон мегӯям барои онҳо хуб аст, ки мисли ман бимонанд». Ин дар барои он шахсоне , ки ҳамсари онҳо вафот кардааст.
Аммо агар худдорӣ карда натавонанд, бигзор никоҳ кунанд; зеро ки никоҳ кардан аз сӯхтан дар оташи шавҳат беҳтар аст. Ба онҳое ки никоҳ кардаанд, на ман фармоиш медиҳам, балки Худованд: завҷа аз шавҳараш набарояд, – Ва агар барояд, бояд муҷаррад бимонанд, ё ки бо шавҳараш оштӣ шавад, – ва шавҳар завҷаашро талоқ надиҳад.(1Қӯринтиён 7: 9-11).
Ин боб нишон медиҳад, ки вакил Павлус ба саволи аниқе, ки дар мактуб омада аст ҷавоб медиҳад.

Интихоб.
Ва Худованд Худо гуфт:«Худ нест, ки одам танҳо бошад; пас барояш мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, биофарам». Ва Худованд Худо ҳар ҳайвони саҳро ва ҳар паррандаи осмонро аз хок бисиришт ва назди одам овард, то бубинад, ки онро чӣ гуна хоҳад хонд, ва он чи одам ҳар ҷони зиндаро бихонад, номи вай ҳамон шавад. Ва одам ҳамаи чорпоён ва паррандагони осмонро, ва ҳамаи ҳайвонҳои саҳроро ном ниҳод; лекин барои одам мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, ёфт нашуд. Ва Худованд Худо хоби сахте бар одам овард; ва ҳангоме ки хобаш бурд, яке аз қабурғаҳои ӯро гирифт, ва гӯшт дар ҷояш пур кард. Ва Худованд Худо аз қабурғае ки аз одам гирифт, зане сохт, ва ӯро назди одам овард. Ва одам гуфт: «Ин аст устухоне аз устухонҳоям ва гӯште аз гӯштам; вай нисоъ номида шавад; зеро ки аз инсон гирифта шудааст. (Ҳасти 2: 18-23).
Мо мебинем, ки Одам худаш интихоби худро кард. Ҳеҷ кас одамро маҷбур намекард. Худо Ҳавворо офарид ва назди Одам овард, ва вақте, ки Одам ӯро дид; дӯст дошта гуфт:«Ин аст устухоне аз устухонҳоям ва гӯште аз гӯштам вай Нисоъ номида мешавад». Вай хост, ки Ҳавворо ба зани гирад. Худо ҳеҷ вакт ва ҳеҷ касро маҷбур намекунад ва ман намефаҳмам он одамоне, ки мегӯянд: Ман на он қадар дӯст медорам, вале Худо гуфта бошад…….». Ин ғайриимкон аст. Вақте, ки одам ва Хавво гуноҳ карданд, Одам ба Худо гуфт: «Он зане, ки ту ба ман додӣ…..». Ин айбдоркуни Худоро аз рӯи адолат набуд. Худо дар ҷавоб гуфта метавонист: « Ин он зане, ки ту интихоб кардӣ». Медонӣ барои чӣ одамон хукуқи интихобро ба Худо мегузоранд? Баъд вақте, ки ягон ҳодиса рӯй диҳанд гӯянд:«Худо ин он зане, ту ба ман додӣ». Онҳо намеҳоҳанд масъулиятро аз аввал гирифта гӯянд: «Худо ин он зане, ки ман интихоб кардам ва ман барои ӯ ҷавобгар ҳастам». Онҳо ҳама вақт ҳама чизро ба Худо бор мекунанд. «Худованд ин он зане, ки низ ба ман доди ва Ту бо ӯ кордор шав». Ҳама вақт дар хотир дор Худо ҳеҷ вақт ҳеҷ касро маҷбур намекунанд, ки касеро ба зани гирад. Худо никоҳро баракат медиҳад. Лекин ҳеҷ вақт намегӯяд:«Ту онро ба зани гир ту инро». Одам интихоб карда ва Исҳоқ инчунин интихоби худро кард. Дар Китоби Муқаддас бисёр интихобҳоро вохӯрдан мумкин аст. Одатан моро мепурсанд: «Дар калисои шумо одамон чӣ тавр интихоб мекунанд?». Ман ба онҳо ҷавоб медиҳам: «Дар бобати интихоб дар калисои мо одамон озод ҳастанд. Ҷавонон шинос мешаванд дӯсти пайдо мекунанд ва баъд интихоби худро мекунанд». Калисоҳое ҳаст, ки бо дигар тариқа интихоб мекунанд. Пирон ва сардорони калисои омада мегӯянд: « Ту бояд бо ин духтар оиладор шавӣ». Ман аллбата дар барои хатогиҳо мегӯям. Баъд аз ин ҳамсарони оянда набояд, ки вохӯранд. Пирони калисо барои гапзадан назди волидайн рафта розигӣ пайдо карда онҳоро оиладор мекунанд. Ақидаи ҷавонон ба назар гирифта намешавад. Ман фикр мекунам, ки ин нодуруст аства дар ин ҷо озодӣ ва иродаи Худо нест. Одам ҳуқуқи интихобро дорад, ки онро Худо ба ӯ додааст. Ман намедонам, ки то чи андоза хушбахт онҳое, ки бо интихоби дигарон оиладор шудаанд. Ман ба хушбахтии онҳо шӯбҳа мекунам. Ҳар кас бояд худаш бояд интихоб кунад, то баъд нагӯяд; «Худо ин он зане, ки ту ба ман додӣ….»
Дигар канор мавҷуд аст.
Ман чунин ҳодисаро ба хотир меорам, як шахсӣ ҷавон ба худ гуфт; «Худованд ман ба хизмагузори меравам ва он касе, ки палтои маро гирад ӯ зани ман мешавад». Он вақт хизматгузории калисо дар хона мегузашт. Вақте, ки ӯ ба хона даромад як пиразан палтои ӯро гирифта ба як сӯй овехт. Дар олами диндори одамон аз шайтон ваҳӣ мегиранд, ки пур аз тарс мебошад. «Ин иродаи Худо аст ва агар онро иҷро накунам худо маро ҷазо медиҳад».
Чунин ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки ҷавон ба духтар таклиф мекунад, духтар он таклифро раъд мекунад ва баъд ба ҳама эълон мекунад, ки ин ҷавон ба ӯ ошиқ шудааст. Дар ин ҳолат мебоист, ки ин асрор дар байни ҳардуяшон гӯронида шуда ва ин ҳолатро аз хотир бароварда бо роҳи худ равона мешуданд. Баъзан маро мепурсанд; «Оё духтар ба ҷавон таклифи оиладоршавиро карда метавонад?». Мувофиқи Каломи Худо ҳа метавонад. Биёед ин масаларо аз рӯи мантиқ ва баъд аз назари Китоби Муқаддас мебинем. Аз рӯи тадқиқотҳои психологҳо моҳияти ҷавон ва духтар фарқ мекунад. Шахси ҷавон ошиқ шуда баъд таклиф мекунад, агар таклифи ӯро раъд кунад мумкин баъд аз якчанд рӯз ин ҳодисаро аз хотир мебарорад. Лекин духтарон хислати пурқуввати бовафогиро доранд. Тасавур кунед, ки духтар ба касе ошиқ шуд ва ӯ интизор аст, ки кай ин ҷавон ба ӯ таклиф мекунад. Интизори як моҳ, ду моҳ, як сол, ду сол,давом мекунад ва баъд ин ҷавон зан мегирад. Бо ин духтар чӣ ҳодиса рӯй медиҳад? Ман духтаронеро медонам, ки баъд аз ин ҳодиса асабашон хароб шуд. Бидон, ки агар ту дӯст дошта бошӣ ва муҳаббат дар тӯли як сол дар дили ту чой дорад ва дар ин вақт муҳаббат дар дили ту реша давондааст. Баъд аз ин озод шудан хеле мушкил мебошад. Аз назари мактиқи дуруст аст, ки агар ҷавон таклиф намояд, лекин агар ӯ ин кор накунад духтар назди вай омада мегӯяд:«Ман бо ту вохӯрдан мехоҳам». Лекин ин он маъноро надорад, ки дар ин ҳолат ҷавон ба ҳама рафта ин ҳодисаро нақл мекунад. Ин асрори ду нафар аст. Мумкин, ки ту ба маслиҳати ман гӯш наандозӣ, лекин ин далел мебошад. Акнун ба Китоби Мукаддас муроҷиат мекунем. Дар ин ҷо ҳодисае оварда шудааст, ки ташаббус аз тарафи духтар меомад. Ин бибии Довуд буд. Номи ӯ Рут мебошад. Бӯаз дар барои Рут ҳатто тасавуроте надошт, ӯ бо кори худ банд буд. Шавҳари Рут вафот кард, ва модаршӯи ӯ маслиҳат дод, ки назди Бӯаз равад ва зани ӯ бошад. Рут ончунон рафтор кард. Қадами аввалро ӯ кард, ва танҳо баъд Бӯаз ба ӯ ошиқ шуд. Ва Рут зани Бӯаз шуда ба он насабномаи авлоди Довуд дохил шуд.
Ягон ҷавон ва ягон духтар ба сабаби муҳаббати ҷудонашаванда аз Худо ва калисо набояд, ки дур шавад.
Ман дар барои духтаре шунидам, ки ба як ҷавон таклиф карда раъд карда шуд. Ва баъд ӯ худро хеле ногувор ҳис кард. Ба ин ба гуфтам: «Беҳтар аст, ки якчанд рӯз худро баъд ҳис кунад нисбати он ки асаби хароб дошта бошад». Дар барои ҳисёти паст задан бошад, фикр накунед, ки фақат духтарон онро ҳис мекунанд, ҷавонон низ инро аз сар мегузаронанд вақте, ки духтарон онҳоро раъд мекунанд. Фақат мо бояд фаҳмем, ки ҷавоби «не» низ ба одам таалуқ дорад. Гуфтан мумкин аст, ки вақте, ки Одам интихоби худро мекард. Ҳавво хомӯш меистод, лекин бояд ба назар гирем, ки замонаҳо дигар мешаванд ва ҳозир мо дар асри бисту якум зиндагӣ мекунем. Бубинед, ки ба номаи Ғалотиён чӣ нависта шудааст. «….на мард ҳаст, на зан; зеро ки ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як ҳастед». Ба ивази давраҳои кӯҳна давраҳои нав меояд ва Худо обрӯи занро мебардорад. То омади Исо зан ҳеҷ кадр надошт. Ҳатто нависта шудааст, ки Иброҳим, Исҳоқро на ин, ки Сорро ӯро ба дунё овард. Бо омади Исо Худо обрӯи занро мебардорад. Агар шахс қарор қабул кунанд, ки зан мегирад ё ба шавҳар мебарояд на ин ки мавқеъро балки якдигаро бояд дар ҳаёт кобад.
Чӣ тавр интихоб кардан лозим аст.
Эй духтарони Ерусалим? Шуморо қасам медиҳам, ки маҳбубамро, то вақте ки худаш хоҳад, бедор накунед ва аз хоб нахезонед. (Суруди Сурудҳо 8:4).
Бедор накунед чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки ҳеҷ кас ҳак надорад, ки ба каси дигаре гӯяд: « Ин духтар ба ту мувофиқ аст ё ин ҷавоне, ки ба ту даркор». Калонсолон одатан мегӯянд: «Чашмони ту ба куҷо нигоҳ мекунад. Бубин, ки чи хел духтари зебо». Бо чунин тарз ба дили ягон кас тухми партофтан мумкин аст. Ин он тухми шуда метавонад, ки ба ин дил пешбинӣ нашудааст. Каломи Худо мегӯяд бедор накунед ва аз хоб нахезонед то он даме, ки дили ӯ бедор нашавад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки каси дигарро ба гап дарорад. «Гӯш кун ин ҷавон барои ту офарида шудааст бубин ки чӣ хел ҷавон аст: Ту ҳақ надори ки чунин тухмиҳоро кори. Ин дарди миллии мо аст. Чунин мешавад, ки хешавандон ҷамъ шуда ба духтар мегӯянд: « Мо як ҷавонро медонем ки ба ту хеле мувофиқ аст». Каломи Худо мегӯяд: бедор накунед, то он даме, ки худаш хоҳад. Ва вақте, ки бедор мешавад ояти навбати чи мегӯяд?
Ин кист, ки аз биёбон, бар маҳбуби худ такъя карда, сууд менамояд? Дар таги дарахти себ туро бедор кардам; он ҷо модарад туро зоидааст. (Суруди сурудҳо 8:5).
Биёбон ин ҷои холи аст. Ин монанди дил, вақте, ки бедор мешавад касе ба он ҷо меояд.
Чунин мешавад, ки ту дар интихоби худ хато мекунӣ. Бо нуқтаҳои зерин шинос шуда ту аз ин хатогиҳо эмин мемонӣ. Дар кадом ҳолатҳо барои оилаи хушбахт кафолат нест.
1.Ҳаёти худро бо беммон напайванд.
Дар хотир доред! Калисо никоҳ бо беимонро манъ намекунад балки огоҳ мекунад. Каломи Худо чӣ мегӯяд: Ту Китоби Доваронро бобҳои 13-16 омӯхта бо ҳаёти Шимшӯн назар карда метавонӣ, ки барои худ зани на аз духтарони бонӣ Исроил балки аз қабилахои бегона гирифт, ки ин сабаби марги ӯ гашт.
Китоби Ҳасти бобои 24 ояти 3 дар барои Иброҳим мегӯянд, ки ба ғуломи худ амр мефармояд, ки барои писараш зан аз биёрад ва ӯ аз қабилахои бегона набошад. Мо мебинем, ки Иброхим нез барои писараш аз халқи худ зан интихоб кард. Хеле муҳим, ки интихоб кардан ту аз халки ту бошад.
Зеро юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо шарорат чӣ алоқае дорад? Ва нур бо зулмот чӣ умимиятие дорад? Масеҳ бо блияал* чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ ширкате дорад? Ва маъбади Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро ки шумо маъбади Худои Ҳай ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст: «Андаруни онҳо сокин шуда, дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт; ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳан буд. Бинобар ин аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед, мегӯяд Худованд, ва ба чизе нопок нарасед, ва Ман шуморо қабул хоҳам кард; ( 2 Қӯринтиён 6:14-17).
Каломи Худо мегӯяд, ки нур бо торикӣ ҳеҷ укумияти надорад. Хонаи Худо бо бут номувофиқ аст. Гоҳе мешавад, ки ҷавони- масеҳи духтари беимонро ба зани гирад, лекин одатан духтарони масеҳи ба беимонон ба шавҳар мебароянд. Биёед фарқи байни духтари масеҳи ва ҷавонӣ беимонро дида мебароем. Духтари масеҳӣ Каломи Худоро медонад, ба калисо меояд, дар харакати Худо мебошад, дугонаҳо дорад дӯстон, фарқи байни неку бадро медонад, қадри дӯстиро медонад, қадри шавҳардори ва бисёр дигар чизхоро медонад. Вай бисёр намунаҳои инро медонад. Ва акнун як ҷавоне пайдо шуда ба ӯ таклифи оиладоршавиро мекунад. Ва духтар ба ӯ ошиқ мешавад. Муҳаббат кӯр аст. Ошиқ шуда ӯ дигар ҳеҷ чизро дар ҷаҳон пайхаст намекунад. Ӯ фикр мекунад, ки онҳо оиладор мешаванду ва вай ба калисо таклиф меорад, зеро, ки ӯ ба Худо боварӣ дорад. Оё дуруст намешавад, ки аввал ӯ ба калисо ояд баъд ба зани гирад. Дар дили бисер ҷавони беимон зино ҷой дорад, зеро ки дар диле, ки Худо нест он ҷо ҳама чизҳои боқимонда ҷой дорад. Ӯ метавонад ба зани худ хиёнат кунад, бадмастӣ кунад, бисёрии вақтро бо дӯстонаш гузаронад ва ғайроҳо. Баъд аз 1-2 моҳ чашмони духтар кушода мешавад ва ӯ мебинад, ки нисбат ба ӯ ба дӯстонаш диққати зиёдро ҷамъ мекунад, ва кори ӯ бошад фақат аз тайёр кардани хӯрок, рӯбучини хона иборат буда тамоми рӯз шавҳарро намебинад. Шавҳараш мошин дорад лекин дар фарқият аз дигарон зан бо он истифода намекунад. Ва ҳаёти ӯ ба дӯзах мубадал мегардад. Ӯ ба маслиҳати имондорон гӯш накард ҳар чанд Каломи Худо мегӯяд: «Нур бо торики чӣ умимияте дорад?». Ҳеҷ умимият! Бисёрҳо фикр мекунад, ки вақте, ки оиладор мешаванд ҳама мушкилиҳо ҳалли худро меёбад. Онҳо намефаҳманд, ки нури худро аз даст медиҳанд. Албатта агар ту ба ҷавони беимон шавҳар кардан хоҳи калисо ба ту манъ намекунад. Мо фақат дар барои оқибаташ огоҳ мекунем. Мумкин ҳамааш хуб мешавад ва якҷоя ба калисо меоянд, лекин то имрӯз 95 % бо чунин тарз шавҳар кардангон аз калисо рафтанд. Шавҳарон ба калисо рафтанро ба онҳо манъ карданд. Дар дил онҳо бо калисо, занг мезанад, гоҳ-гоҳ вомехӯранд, бисёр афсӯс мехӯрад, гиря мекунанд, лекин шавҳар ба ӯ иҷозат намедиҳад, ки ба калисо равад. Баъзан вақте, ки шавҳар дар хона нест дугонаҳо ба меҳмони медароянд. Бо чунин тарз шахси ҷаҳони тағдири шахси масеҳи шуда наметавонад. Тасавур кун, ки дар вақтҳои душвор ҳеҷ кас дар назди ту нест, ки дастгири карда тавонад. Навиштаҷот мегӯяд: Баъд аст ба он касе, ки вақте, ки меафтод ва касе набошад, ки бо Каломи Худо дастгири кунад. Тасавур мекунӣ? Ҳеҷ касе нест, ки туро дастгири кунад. Каломи Худо мегӯяд:
Ду нафар аз як нафар баҳтаранд, чунки барои онҳо аз меҳнаташон музди хубе пайдост. Зеро ки агар яке афтад, дигаре аз онҳо рафиқи худро бармехезонад. Валекин вой ба ҳоли он одами танҳо, вақте ки ӯ афтад, ва касе набошад, ки ӯро бархезонад! (Воиз 4:9,10).
Боре ман шоҳиди як ҳодиса будам: Шавҳар пешо пеш меравад ва занаш аз қафо дар масофаи 5 метр роҳ меравад. Ман намедонам, ки шавҳар ҳамроҳи ки роҳ мерафт дар наздаш ҳеҷ кас набуд лекин дар фикр мумкин бо дӯстони худ роҳ мерафт. Ногаҳон зан пешпо хӯрда афтод. Шавҳар рӯй гардонда гуфт: «Маро шарманда кардӣ, бархез барои чӣ хоб кардӣ?»
Тасавур мекунед афтодани зан шавҳарро шарманда кард, лекин пеш аз он вақте, ки ӯ панҷ метр пештар роҳ мерафт шарм намедошт. Боз як ҳодиса. Зан бо пойафзол кӯҳна ба берун баромад. Шавҳар инро дида дод зад. «Ту чиро пӯшиди маро шарманда кардани ҳастӣ?». Дар ҷавоб зан гуфт: «Ман дигар надорам» ба ин шавҳар ҷавоб дод. «Рав, рав ба хона». Лекин ӯ мошин дошт агар хоҳад ба занаш пайофзали нав ҳам харида метавонист.
Вақте, ки ман бо ҷавонон сӯхбат мекунам ҳама вақт мегӯям: «Шумо ӯхдадоред, ки дар барои зан ва хонаи худ ғамхорӣ кунед. Умуман, агар мард хоҳад ҳама чизро ба даст оварда метавонад. Вақте, ки гап дар барои мошинаи ҷомашӯи меравад мегӯянд, ки пул нест, аммо вақте, ки пул пайдо мешавад автомобил мехарад. Беҳтар мешуд, ки ба ин пул мошинаи ҷомашӯи харанд нисбати автомобили кӯҳна, ки хароҷотҳои зиёдатиро талаб мекунад. Навишта шудааст: Вай бар ҳоли касе, ки меафтад ва касе нест, ки ӯро бархезонад. Тасавур мекунӣ ту шавҳаре дори, ки туро дастгири намекунад ва дар вақти мушкил дар наздат нест. Худо мехоҳанд, ки масеҳиён оилаи дуруст ва хуб дошта бошанд.
2. Бо шахси ноболиғ ва наврас оиладор шудан саросима нашав.
Мо маҷбур намекунем мо пешниҳод мекунем. Агар шахси интихоб карди ту ҳаштдаҳсола бошад саросима нашав, бигзор, ки ӯ камтар ба воя расад. Маълум аст, ки наврасон аз шонздаҳсолагӣ ва барвақтар ҳам ошиқ мешаванд. Тадқиқотхои иҷтимои нишон дод, ки дар байни ҷуфтҳое, аз биступанҷ сола бола ҷудошавӣ нисбатон камтар мебошад. Камтар ҷудошави вақте, ки аз биступанҷсола ва боло оиладор шудаанд. Аз ҳама миқдори зиёди ҷудошавиҳо вақте, ки ҷавон бистуяк-бистуду сола зан мегирад ва духтар ҳаштдаҳсола-нуздаҳсола ба шавҳар мебарояд. Мо набояд, ки касеро аз бачагӣ ё ҷавони маҳрум кунем. Дар Арманистон мо одамонеро вохӯрда метавонем, ки бо саросимагӣ бачаҳои худро дар шонхдаҳ-ҳафтдаҳсолагӣ оиладор кардани ҳастанд. Дар давраҳои қадим дар синну соли барвакт оиладор мешуданд. Фаҳмидан лозим аст, ки баъд аз либоси тӯйона дигар олам мавҷуд аст. Агар духтар фақат орзуи либоси тӯйонаро дорад донед, ки ӯ модари хуб шуда наметавонад. Ман духтари зеборо медонистам, ки дар Швесия зиндагӣ мекард. Боре аз ӯ пурсиданд, ки барои чӣ ӯ шавҳар намекунад ё ҷавони мувофиқ нест? Дар ҷавоб ӯ гуфт: «Ҳаст, бисёр ҳаст, лекин ҳоло ман тайёр нестам, ки ба шавҳар бароям». Ҷавоби ӯ маро ба андеша гузошт. Духтари бистусесола мегӯяд: «Ман ҳоло барои ба шавҳар баромадам тайёр нестам». Ба саволи он ки «тайёр нестам» чӣ маъно дорад. Ҷавод дод. «Ман ҳоло мехоҳам, ки вақти худро бо дугонаҳоям гузаронам, озод бошам, ва ман медонам, ки агар шавҳар кунам бояд, ки худро ба оила пурра бубахшам ва мисли ҳозира рафтор карда наметавонам». Ман фикр мекунам, ки ин ақидаи дуруст аст. Баъд аз якчанд сол вай ба шавҳар баромад, ва фикр мекунам, ки аз ҷудошави ӯ эмин аст. Духтаронро вохӯрдан мумкин, ки андоми калонсол дорад, лекин дар хона бо хирсак ё бозичаҳои худ хоб мекунанд. Онҳо ҳоло кӯдак ҳастанд. Ҳаёти наболиғонро барбод надиҳед.
Масалан хушдоманҳое ҳастанд, ки мегӯянд: «Ҳоло он ки ӯ хурдсол аст ба назди худ мегирем?» ин чӣ маъно дорад. Агар хизматгор гирифтан хоҳи ту онро мегири, лекин ӯ ҳеҷ вақт ба писари ту дӯст шуда наметавонад. Вай зани хуб шуда наметавонад балки худро танҳо ба роли хушдамон тайёр мекунад. Вай на ба шавҳар ва на ба фарзандони худ дӯст шуда наметавонад балки фақат фикр мекунад, ки кай хушдамонаш мемираду вай ҷои ӯро ишғол мекунад. Пеш аз оиладор шавӣ дар барои синну сол ҳам фикр кунад.
3. Зан нагир, танҳо барои конеъ кардани талаботҳои сексуалии худ.
Ин набояд, ки асоси никоҳи ту бошад, чунки бад аз се моҳ ту диққати худро ба ин ҷалб намекунӣ. Ягон бор мухаббат ва сексро як чиз ҳисоб накун. Секс ва муҳаббат фаҳмиши гуногун аст. Секс ин изҳори мухаббат аст. Агар дар ту на мухаббат балки, фақат талаботи секс бошад, ин он маъноро надорад, ки секс ба мухаббат мубаддал мегардад. Секс- ин хоҳиши ҷисм ва чашм аст. Дер ё барвақт ин ҷисми туро хаста мекунад агар дар дил мухаббат набошад ҷисми хаста мешавад. Оиладори дар қимматҳои рӯҳони бояд асос ёфта бошад ки аз секс дида болотар меистанд. Афзалиятҳо аз секс бояд болотар бошад.
4. Ба шавҳар набаро (зан нагир ), бо сабаби он ки аз мушкилиҳо озод шавӣ.
Фикр накун, ки баъд аз шавҳар кардан дар барои ту намегӯянд, ки дар хонаи волидайн нишаста монд. Барои аз ягон мушкилҳо гурехтан ё ки аз сабаби гурехтан аз хонаи волидайн оиладор нашав. Агар ғайбатҳо туро бесарашҷон кунад онҳо бад аз шавҳар кардани ту низ бесарамҷон мекунад. «Ҳоло ҳеҷ чиз нест? Ту ҳоло ҳомиладор нестӣ? Ва ту ҳаракат мекунӣ, ки ҳомиладор шавӣ на бо сабаби он ки шумо ҳамсарон инро хостед балки барои он ки туро нозой нагӯянд. Кӯдак тавалуд мешавад гиря мекунад, ва гапҳо сар мешавад. «Барои чӣ гиря мекунад, барои чӣ дар гарми нигоҳ намедорӣ?». Ва тамоми ҳаёт он ту корҳоро мекунӣ, ки дар барои ту ягон гап нагӯянд. Агар ба ту гӯянд, ки ту дар хонаи падарат нишаста мондӣ. Дар ҷавоб гӯй: «Ин дурӯғи калон аст. Ман нишаста намондаам, ман озодам, ба калисо меравам, ба куҷое, ки хоҳам меравам». Медонед, ки кист ба ҳоло нишаста монд. Он касе, ки ба хона даромада як курта ва як ҷуроб мегирад ва ягон бор аз хона намебарояд. Дар Арманистон дар бисёр ҳолатҳо баъд аз тӯй либоси зебои, ки бо он ба тарабхона рафта мешавад тӯҳфа намекунид балки либоси хонагӣ барои кору бору хона тӯҳфа мекунанд. Ин пешгӯии, ки оянда чӣ гуна мешавад. Агар баъд аз шавҳар баромадан ба сифати тӯҳфа либоси зебо, пайафзол ва пул барои тарабхона гирим, он гоҳ дар барои дигар чиз фикр кардан мушкин буд лекин дар ҳолати либоси кори дигар акнун номумкин аст. Бисёр духтарон ин либосро мепӯшанд ва баъд вақте, ки ҳомиладор мешаванд ба шавҳари онҳо маслиҳат медиҳанд, ки «Зани худро ба кӯча барор ки ҳавои тоза гирад». Мисли он ки сагро ба сайругашт мебароранд. Ин далелҳои ғамгинона, лекин бисёриҳо бо ин розӣ мешаванд. Тасавур мекуни чи хел хушбахтӣ? Фақат дар вақти ҳомиладори ӯ ба сайругашт баромада метавонад. Ҳамин тавр мебошад бо касоне, ки дар хона нишаста мондаанд, ту дар хона намондаи. Ту далерона гуфта метавони: «Медонед чӣ? Бас аст? Ки ман дигар дар барои ин нашунавам. Ман дар хона намондаам, ман аз ҳама хушбахт, вақто ки хоҳам ва маро хостгори кунанд он гоҳ шавҳар мекунам». Агар ҳоло туро ҳеҷ кас хостгори накарда бошад аз хақиқат нагурез. Ин мушкили нест. Бигӯй: «Ман қайе ки хоҳам ба шавҳар мебароям». Бигӯй «Ман худам ҳаётамро барпо мекунам».
Барои ҳамин аз гурехтани мушкилиҳо ба шавҳор набаро. Мушкилиҳои худро ғалаби кун.
6. Ба интизории хушбахтии якбора оиладор нашав.
Никоҳ ягон бор хушбахт намекунад. На оила одамро хушбахт мекунад, балки одам оилаи худро хушбахт мегардонад. Ман оиладор ва ин ӯхдадории ман аст, ки оилаи худро хушбахт гардонам. Ва зани ман масъул аст, ки оилаи моро хушбахт гардонад ва инчунин фарзандони мо низ мебошанд. Агар ман чунин шуморам, ки ман бояд оилаи худро хушбахт гардонам ман чӣ кор мекунам? Ман ягон ҳаракате мекунам? Зан ва фарзандонамро ба ягон ҷой таклиф мекунам. Мо сайругашт мекунем, вақтро хуб мегузаронем ва хушбахтона ба хона бармегардам. Онҳо низ дар навбати худ фикр мекунанд, ки чӣ тавр карда маро хушбахт гардонад ягон тӯҳфаи ғайри оддӣ мекунанд. Бисёр одамон фикр мекунанд, ки барои хушбахтии оила пул лозим аст. Барои ин пул лозим нест. Ҳамту баромада бо оилаи худ барф бозӣ кун. Имрӯз барф бепул ва аз он андоз намегиранд. Ё тиромоҳ вакти хазонрез рафта бо бачаҳои худ дар байни баргҳои рехта бозӣ кунед. Агар касе аз ду нафар гӯяд, ки ӯ хаста шуд ва рафтан намехоҳанд вай романтизимро аз даст додааст. Бояд, ки ин рамантизмро барқарор кунем. Сайругашт пулро талаб намекунад. Мо бояд, ки оилаи худро хушбахт кунем на баракси он.
Биёед ба хотир орем, ки Исо чӣ гуфт, тамоми қудрат ба озамизод дода шудааст. Қудрати оилаи худро хушбахт карданро истифода баред.
7. Аз барои мансаб ё пул оиладор нашав.
Пул ё мансаб ягон бор тахкурсии хуби оила шуда наметавонанд. Ба ман дар барои як духтаре нақл карданд, ки аз барои бойигари ба шавҳар баромадааст. Боре яке дугонааш ба меҳмони омад ва ӯ ҷевони худро кушода либосҳояшро нишон дод. Ба ҳар як либос пойафзоли мувофиқе буд. Ӯ ҳар он чизе, ки дошт нишон медод; хона, ҷои истиқомат, ҷои хоб, ҳамаи ҷои шустушӯй ва дар охир ногахон ӯ гиря мекунад. Ӯ мегӯяд:« Медонӣ 80 % ин чизҳоро ман ҳоло напӯшидаам, ва дар мошини ӯ хеле кам савор мешавам, бисёртар дӯстони ӯ савор мешаванд, ӯ ба ман хиёнат мекунад дар хона хоб намекунад ё маст омада дар ягон ҷой ғел мезанад. Акнун ман мефаҳмам ки ҳеҷ касро айбдор карда наметавонам ман на ба шахсият балки ба ҳамаи ин чизҳо ба шавҳар баромадам» ва ба шароит нишон медихад.
«Маро ҳеҷ кас аз ин маҳрум накард барои чизе, ки ба шавҳар баромадаам онро дорам».
Дар хотир нигоҳ дор барои чӣ ба шавҳар барои онро ҳама вакт назди худ дорӣ.
Ман одатан мешунавам, ки ҷавонон мегӯянд: «Як духтари бойро пайдо карда ба зани мегирам ва ҳаёти ман таъғир меёбад».
Таъғир меёбад, лекин ба тарафи бад таъғир меебад.
Нависандаи машҳури Арманистон Ованес Туманян дар барои мушкили милли равшани меандозад. Ӯ дар барои Маро менависад. Ин духтари нӯҳсола фикр мекард: «Каро хуб аст, ӯ ба ман қанд, себ ва мавиз меорад». Маро барои чӣ ба шавҳар баромад: Қанд, мавиз ва себ. Ӯ Кароро ҳамчун шахсият дӯст намедошт вай ҳатто тасавур намекард, ки ҳамсар ин чӣ аст.
Имрӯз ҷавонон ва духтарон аз барои «Қанд, мавиз ва себ» на бояд, ки оиладор шаванд. Мо бояд, ки қиматҳои баладро нисбат ба бойгари дида тавонем. Пас барои пул ё молумулк оиладор нашав. (Агар барои мансаб шуда шавҳар кунӣ, фарз мекунем, ки ӯ вазир пас тамоми авлодат ба ту занг зада ёри мепурсад. Дар рӯзи сеюм шавҳар нисбат ба ту дилхунук мешавад). Мансаб, шавҳар шуда наметавонад. Инчунин низ дар калисо аст. Баъзан духтарон фикр мекунанд, ки шавҳари онҳо ақалан воиз бояд бошад. Ба воиз шавҳар накун, ба одам шавҳар кун. Дар хона ба ту воиз лозим нест, дар хона ба ту шавҳар лозим аст. Ба худ тасавур кун. Воиз ба хонаи худ медарояд кӯдаки ӯ давида омада мегӯяд: «Падар мумкин, ки ба ту ҷоеро аз номи Кӯринтиён нишон диҳам?». Ин ба он монанд аст, ки касе ба шахси ҳарбӣ ба шавҳар баромада хоне ӯ ба қисми харбӣ бо низомномаи худ мубаддал мегардад. Воиз дар хона бояд, ки падари меҳрубон бошад.
Вақте, ки занам бо ман оиладор шуд ӯ на ба пастор балки ба одам шавҳар кард (гар чанде, ки ман он вакт пастор будам). Вай ба ман шавҳар накард аз барои он ки ман мавиза мекунам. Бисёриҳо дар ҷӯстуҷӯ: «О, то он даме, ки мавиза накунад…….». Дар хона ба ту воиз лозим нест. Бидон, ки ба воиз ҳаракат кунӣ на шавҳар балки мавизаро мегирӣ. Ман зидди воизон нестам ман дар барои сабаби ба шавҳар баромадан мегӯям. Ту бояд ҳаракат куни, ки дӯсти хубро на воизи хубро дошта бошӣ. Ҳамин тариқ на аз барои мансаб оиладор шав, диққати худро ба худи шахс ҷалб кун, барои он ки ту намедони, ки ӯ чӣ гуна қобилият дорад ва фардо чӣ хел мешавад. Аз ин сабаб дар хона ба ту зан, шавҳар лозим аст на ин ки шахси обрӯманд бошад. Дар Арманистон мо ба ҷавонои мегӯям: «Гӯш андоз, пулро ба зани нагир», лекин ба ҳар ҳол ҳама ба ин ҳаракат мекунад. Ҳатто кинофилмро ба навор гирифтанд, ки мард ба зане барои хостгори меравад ва хешовандон ҷамъ шуда мепурсанд: «Ту сарчашмаи даромади иловагӣ дорӣ ё не?» Гуфтан мумкин, ки ин ҷахонбинии мо мебошад. Агар назди калонсолон рафта пурсӣ онҳо ба ту насиҳат мехонад, ки аз барои пул шуда зан гирифтан даркор нест. Лекин ҳар кадоме, ки ин суханонро мегӯяд ҳаракат дорад, ки интихоб карда фарзанди онҳо бой бошад. Мумкин имрӯз духтар ва ҷавон бой набошад, лекин аз куҷо медонӣ мумкин ту ҳаёти худро бо вазири оянда мепайванди. Имрӯз ӯ донишҷӯй аст вале дар оянда вазир ё шахси мансабдор мешавад. Аз ин сабаб барои интихоби ҳамсар на ба чизҳои зоҳири назар кун, балки бидон, ки ӯ чӣ гуна шахсият мебошад.
7.Бо шахсе, ки ваъда медиҳад, ки баъд аз никоҳ таъғир меёбад оиладор нашав.
Ман як шахси ҷавонро медонистам, ки нашъа мекашид. Бо ҳамроҳии як духтар назди ман омада маслиҳат пурсид (дар колисои мо одамон аввал қарор мекунанд, ки оиладор шаванд ва баъд назди пастор даромада маслиҳат мепурсанд). Ман аз духтар пурсидам: «Оё ту медонӣ, ки ӯ нашъаманд ва ҳоло аз нашъа даст накашида аст?». Дар ҷавоб ӯ гуфт: «Ман медонам, ӯ ба ман дар ин бора гуфтааст». Ва шахси ҷавон гуфт «Ман фикр мекунам, ки вақте, ки оиладор мешавам ман якбора аз ин вобастагӣ озод мешавам». Росташро гӯям ман ба ин суханҳо бовар накардам. Дигаре мегӯяд:«Вақте, ки оиладор мешавам – тамоку каширо мепартоям». Намепартояд. Мегӯяд, ки аз ғам тамоку мекашад. Баъд аз зангири ғами ту зиёд мешавад. Чунин ҳодисаҳо буданд, ки ҷавон бадмастӣ мекард ва ҳама он чунон волидайни ӯ мегуфтанд, ки агар ӯ зан гирад нӯшиданро мепартояд. Намепартояд. Ба он касе, ки баъд аз никоҳ ваъда медиҳад, ки таъғир меёбад оиладор нашав. Касе, ки мехоҳад таъғир ёбад аз тарси Худо таъғир меёбад на ин ки баъд аз зангири бошад. Никоҳ одамро аз ягон чиз озод карда наметавонад. Агар ҳозир ӯ қобилияти гузаштани ин мушкилҳоро надошта бошад баъд аз зангири мушкилҳо зиёд мешавад .
Дар Китоби Муқкаддас тарихи шоҳ Довуд оварда шудааст, ки вақте ӯ чупон буд, пеш аз мағулуб кардани Ҷолиёт ӯ шер ва хирсҳоро мекушт. Гуфтан мумкин, ки ин девҳои хурд буд, агар интихоб кардаи ту хирс ва шерҳоро ғалаба накарда бошад чи гуна ӯ бо Ҷолиёт мубориза мекунад. Оила- ин мубориза бо Ҷолиёт аст.
8 Ҳаёти худро бо шахси бадрашк напайванд.
Нисбати рашк ман гуфтани ҳастам, ки мо бояд мувозинат дошта бошам, ман намегӯям, ки умуман рашк накунем ин хислат аз ҷониби Худо дода шудааст. Аммо рашки аз ҳад зиёд барои барқарор шудани оила зарар дорад. Медонед, рашк чист? Рашки аз ҳад зиёд ин нишонаи нобоварӣ аст. Агар касе ба зан ё шавҳари худ боварӣ дошта бошад аз рашк азоб намекашад. Барои чӣ ту ҳаётатро ба шахсе мепайванди, ки ба ту боварӣ надорад. Дар оянда ин ба ҷанҷолҳо меорад.
Ман духтареро медонистам, ки ӯ то шавҳар кардан бо дӯстони худ бе мушкили муносибат мекард, лекин баъд аз шавҳар кардан аз муносибат бо дӯстон каноргири мекард. Боре ӯро пурсиданд: «Барои чӣ ту худро аз мо ба канор мегирӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Вақте, ки шавҳарам маро бо касе сухан гӯён мебинад ӯ дар хона ҷанҷол карда маро айбдор мекунад, гӯё ки ин машуқи ман бошад». Дӯсти ӯ танҳо бо ӯ салам кард. Бо сабаби рашк кушторҳо ҳам рӯй медиҳанд.
Як зан ба ман нақл кард, ки боре бегоҳи ӯ телевизор медид. Шавҳари ӯ ба хуҷра даромада шӯбҳакунон пурсид: «Барои чи ту ба ин мард синчакунон назар мекунӣ?». Медонед, ин аллакай касали аст. Чӣ хел ин зан фаҳмонида диҳад, ки барои чӣ ӯ нигоҳ мекунад? Ба телевизор нигоҳ карда ба ғайр аз актёрҳо боз киро дидан мумкин аст. Медонӣ рашк бо меъёраш дуруст аст. Меъёрҳои муайяни рашк аст берун аз ин чорчӯба хатарнок мешавад.
9.Оила хушбахтро кафолат додан мумкин нест, бо шахсе, ки ба фикрат барои ту дастнорас аст.
Ту худро ҳамон қадар камаҳмият мешумори, ки ба фикрат ҳеҷ вақт бо ӯ барорар шуда наметавонӣ. Ин бисёр вакт бо «ситорагон» рӯй медиҳад. Масалан, духтар бо сарояндаи- ситора ошиқ шуд, ва ӯ дар назараш чунон бузург, ки ҳеҷ вакт бо ӯ баробар шудан мумкин нест. Агар ба ту шахсе вохӯрад, ки ту ӯро аз боло гузорӣ хоҳ ситораи кино ё сароянда бошад ва ин шахсе бо ту оиладор шудан хоҳад дар аввал ту ба сатҳи ӯ баробар шав ва баъд никоҳ кунед. Олами дохилии худро таъғир деҳ ва баъд ба шавҳар баро. Ҳаётатонро ба шахсе, ки дар ҳузураш худро озодона ҳис мекунед ва бо ӯ ҷаҳонбинии якхела доред пайваст кунед. Вақте, ки мо баъдтар дар бораи муносибатҳои оилавӣ сухан меронем ту мебинӣ, ки сӯҳбат чӣ қадар роли муҳимро дорад. Агар сӯҳбат набошад оила барҳам мехӯрад.
Ман як оиларо медонам, ки шавҳар-рассом ва зан- зани оддӣ буд, ки бо санъат ҳеҷ чизи умимияте надошт ва онҳо ҳама вакт мушкили доштанд. Шавҳар ба зани худ хунукназарона нигоҳ мекард, зан фикр мекард, ки ҳеҷ гоҳ санъатро намефаҳмад. Бидон, ки ту бояд пурқувват бошӣ мавқеъи худро боло бардошта баъд оиладор шавӣ. Лекин агар фикр кунӣ ҳеҷ гоҳ бо ӯ баробар шуда наметавонӣ, бо ӯ оиладор нашав, барои он ки ту бо ӯ хушбахти намеёбӣ.

Оила.
Оила, ин дар ибтидо -ин механизиме буд, ки одам бояд онро биомӯзад. Гуфтан мумкин аст, ки одаме, ки оиладор мешавад мисли он ки ба хонадони донишгоҳ қабул мешавад. Одаме, ки қобилият ва хоҳиши хонданро надорад оилаи хушбахт дошта наметавонад. Вақте, ки гап дар барои оила меравад баъзеҳо фикр мекунад, ки дар ин соҳа онҳо ҳама чизро медонад ва ҳоҷати омӯхтан надоранд. Ман мегӯям, ки ин мағрури аст. Каломи Худо мегӯяд:
Агар касе гумон кунад, ки ягон чизро медонад, ӯ ҳанӯз ҳеҷ чизро ончунон ки донистанаш лозим аст, намедонад; (1 Кӯринтиён 8:2).
Дар хотир доред, ки оила худ аз худ бино намегардад, оила ба воситан омӯзиш бино мегардад, донишро мо хонда ба даст меорем. Оиди сарчашмаи он дониш ба мо аз ҳама тасавуроти дурустро дар барои оила Китоби Муқадас медиҳад. Сабаби он ки ман далерона мегӯям, ки Каломи Худо ҳақиқат аст дар он мебошад, ки муалиф ва асосгузорӣ оила Худои Тавоно мебошад.
Акнун биёед меомӯзем, ки Каломи Худо дар бораи оила чӣ мегӯяд.
Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд. Ва ҳар ду, Одам ва занаш, бараҳна буданд, ва хиҷил намешуданд. (Ҳастӣ 2;24-25)
Ба фикрам ин калом пешгӯии пурқувват нисбати оянда мебошад. Дар аввал Худо мардро офарид ва баъд занро офарид баъди оиладоршавии онҳо Худо иродаи худро нисбати оила эълон кард.
Худо аҳкоми худро нисбати оила эълон кард.

Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд. Ва ҳар ду, Одам ва занаш, бараҳна буданд, ва хиҷил намешуданд. (Ҳастӣ 2;24-25)
Дар ин ҷой ду аҳком аст;
1. Тарк кардан
2. Пайваст шудан
Одам тарк мекунад ва одам пайваст мешавад.
Масъулият ба мард таалуқ дорад, лекин аз дигар тараф ҳам мард ва ҳам зан одам мебошад ва ин калом ба ҳарду таалуқ дорад. Мард падру модари худро тарк карда ва ба зани худ пайваст мешавад ва онҳо хушбахт мешаванд. Ин калом ба зан ҳам таалуқ дорад, ӯ низ бояд, ки чизеро тарк кунад. Дар бисёр ҳолатҳо одам намехоҳад, ки хонаи падару модарро тарк кунад ва оилаи алоҳидаро ташкил карда ҳаёти навро оғоз кунад. Ду канор ё ду мушкили вуҷуд дорад. Барои чӣ одам тарк карда наметавонад? Асосан ду сабаб вуҷуд дорад.
1. Тарс «Чӣ тавр ман зиндагӣ мекунам?»
2. Худпарастии волидайн. «Барои чӣ фарзанди ман алоҳида зиндагони мекунад?»
Дар бораи мушкилии аввал Каломи Худо мегӯяд; «Ғам нахӯред ва нагӯед; чӣ мехӯрем? ё чӣ бинӯшем?
Ман филмеро дидам, ки дар он қаҳрамон дар байни созандагони намоишҳо (шоу) ба воя расид. Ӯ дар саҳна калон шуда ҳатто фикри онро надошт, ки тамоми ҳаёти ӯ намоиш (шоу) аст ва дигар одамон ӯро дар ин ҳолат нигоҳ медоранд ва ин қаҳрамон ҳатто тасавур намекард, ки он тарафи саҳна дигар олам мавҷуд аст. Ва вақто, ки ӯ аз саҳна баромадани хоҳад ҳама аз ақиби ӯ дод мезанад:«Ту бе нафас мемонӣ, ту зиндагӣ карда наметавонӣ». Ва қаҳрамон дар даҳшат монда маҳбус мешавад, берун аз саҳна дар барои мавҷудияти олам ва зебоии он ҳатто тасавуроте надошт.
Инчунин ман он волидайнонро намефаҳмам, ки фарзандони худро метарсонад:«Ҷудо шав, мебинем, ки чи хел ту зиндагӣ мекунӣ?».
«Чӣ мехури, чӣ кор мекунӣ? Вақте, ки гурусна монӣ бармегардӣ». Ин баракати падари нест, ин баракати волидайн нест. Ин доруи зарарнок ки мо аз кӯдаки ба фарзандони худ медиҳем. Бо чунин суханҳои манфӣ волидайн фарзанди худро суст мекунад.
Ман фикр мекунам, ки маслиҳате дурусти волидайн бояд чунин бошад. «Ту ба пеш меравӣ, ҳамааш дастат меояд ва ту ғолиб мешавӣ». Ба ӯ бигӯӣ:«Аз дасти ман омад ту бошӣ аз ин ҳам беҳтар метавонӣ». Баракати волидайн бояд, ки аз суханҳои мусбӣ иборат бошад. Одатан фарзандон комёб нестанд барои он ки волидайн баракат надоданд. Худо ба баракати волидайн хеле ҷои муҳимро ҷудо мекунад. Одамон мехоҳанд як оилаи калони умимиро бо писари худ, ки зан гирифта аст ташкил диҳад, лекин Худо мехоҳад, ки ҳар сардори оила бояд, ки оилаи худро роҳбарӣ кунад. Оилаи мустаҳкам дар таҳкурсии илоҳии муҳабат ва муносибат асос меёбад. Умуман ҳаёти оилавӣ се намуди муносибатро дар бар мегирад. Агар яке аз ин намудҳо муносибат мавҷуд набошад оила ба хаос (бетартиби) табдил меёбад ва мухмим нест, ки сабаби ҷудошавӣ ҳаст ё нест. Баҳсҳо мешаванд, лекин на ҳама вақт сабаби ҷанҷолҳо дар пул аст. Одамон ҳастанд, ки мушкилии маблағи надоранд, лекин шабу рӯз ҷанҷол доранд.
Се намудӣ муносибат.
1. Ҷисмони, муносибати сексуалӣ.
Бе муносибати ҷисмони дар оила ҳамавакт нафаҳмиҳо мешаванд ва ҳамсарон намефаҳманд ки барои чӣ ҷанҷол мекунанд.
Худо одамро офарида, фармуд:
Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт:«Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва абр ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазанд, ҳукмрон бошед». (Ҳастӣ 1:28).
Вакил Павлус навиштааст:
Бигзор шавҳар вазифаи заношӯиро нисбат ба зани худ ба ҷо оварад; ҳамчунин завҷа нисбат ба шавҳари худ. (1 Кӯринтиён 7:3).
Дар ин ҷо Китоби Муқадас муносибати сексуалиро дар назар дорад.
Чи хел шумо фикр мекунед, барои чӣ Каломи Худо ба муносибати сексуалӣ байни зану шавҳар чунин аҳамият медиҳад? Ҳатто вакил менавиаст, ки ин қарз аст, ки бояд онро ба ҷо оварем. Худо маҳлуқоти худро медонад ва медонад, ки онҳо ба чӣ мӯхтоҷ ҳастанд. Ана ин аст сабаби ин ахком. Байни ҳамсароне, ки муносибати сексуалӣ надоранд, ҷанҷолҳои беохир рӯй медиҳанд. Акнун тасавур кунед, ки дар хонаи ду хуҷрагӣ се келин бо шавҳарони худ, ҳатто агар дигар шароатҳои зиндагӣ мисли он ки далез ба хона табдил додигӣ бошад ҳам ба ҳар ҳол онҳо муносибати озодона надоранд. Ин оилаҳо барҳам мехӯранд.
2. Муносибати ҷонӣ.
Муносибати ҷони дар ҳаёти одам нисбат ба муносибати ҷисмонӣ аҳамияти калон дорад. Муносибати ҷони байни ҳамсарон –сӯҳбатҳои беохир оиди ҳар мавзӯъ мебошад. Вақте, ки шавҳар аз кор бармегардад ӯ дар даст рӯзномаро гирифта назди телевизор хоб намекунад ва зан бошад ба муносибат бо шавҳараш сериалҳоро авло намедонад. Ва аз ҳама муҳимаш ҳамсарон озодона муносибат мекунанд вақте, ки дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекунанд.
3. Муносибати рӯхонӣ.
Муносибати рӯҳонӣ дар оила бе шубҳа аз ҳама муҳим мебошад. Дуои розигии ҳамсарон ин бениҳоят муҳим аст; барои якдигар дуо кардан, барои кӯдакон дуо кардан, барои ҳалли мушкилиҳо дуо кардан ва ғайраҳо.
Ҳеҷ чиз он қадар оиларо мустаҳкам карда наметавонад ҳамчун дуо, барои он ки адолат, сулҳу осоиштагӣ ва шодмонӣ дар Руҳи Муқаддас ба воситаи дуои розигӣ вориди оила мешавад. Бе дуо оила ба бетартибиҳои (хаос) калон дучор мешавад. Ин чунон ба оилаи умумӣ муносибати рӯҳонӣ ғайриимкон аст. Ҷисм ба муносибатӣ сексуалӣ, ҷон ба розигӣ ва рӯҳ ба дуо мӯҳтоҷ аст. Вақте, ки ҳамсарон имконият доранд, ки дар ҳар се соҳа муносибат кунанд он гоҳ ягон мушкилиҳои рӯзгор сабаби ҷанҷол шуда наметавонад, онҳо ба ҳар як бурида нон хурсанд мешаванд.Онҳо барои хӯрдан зиндагӣ намекунанд, балки мехӯранд барои он ки зиндагӣ кунанд. Ҳаёт дигар маъни мегирад. Вақте, ки ҳамсарон алоҳида зиндагӣ мекунанд ва дар се намуди муносибатҳо мемонанд он гоҳ баракати Худо ба онҳо омада мерасад. Дар Арманистон пай бурдан мумкин аст, ки дар вақти калонсоли байни ҳамсарон мушкили пайдо мешавад онҳо муносибатро бо якдигар гум мекунанд. Сабаб дар чист? Сабаби ин мушкилиро чунин маънидод кардан мумкин аст. Аксарият (на ҳама) фарзандони худро оиладор карда аз ҳамон рӯз сар карда чашмонашон ба сӯи фарзандон нигаронида шудааст. Онҳоро таълим медиҳанд, ки чӣ тавр бояд зиндагӣ кард. Албатта ба фарзандон вақт ҷудо кардан маслиҳат додан лозим аст, ин вақт набояд, ки аз ҳисоби муносибати заношӯи ҳамсарон бошад. Махсусан ба фарзандон дахолати касе ҳатто волидайн вақте ки ба корҳои онҳо ҳамроҳ шуда бо ҳаёти оилавии онҳо зиндагӣ мекунанд табъи дили онҳо намебошад. Гуфтан мумкин аст, ки дар ин вақт ду оила барҳам мехӯрад. Ҳеҷ гоҳ ба он бовар накунед, ки агар дар як хона се келин бо шавҳарони худ зиндагӣ мекарда бошанд, падару модари онҳо тоҷирои бузург ё мутахасисони хуб мешуда бошанд. Дар чунин оилаҳо одамон дар дохили худ махкам шуда ба амалиётҳои худ суст мешаванд. Як оиларо дида мебароем, ки се нафар писарон бо волидайни худ зиндагӣ мекунанд. Волидайн қарор мекунанд, ки онҳоро бояд оиладор кард. Онҳо дар хонаи ду ҳуҷрагӣ зиндагӣ мекунанд. Медонед, волидайн аз тарси он ки писарони худро аз даст медиҳанд, ногувориҳои шароити хонаро пайхаст накарда фикр мекунад, ки «ҳеҷ гап не одат мекунем».
Агар шумо пайхаст карда бошед модарон ба писарони худ рашк мекунад. Мумкин ту бо ман розӣ нашавӣ, лекин ҳаёт дар барои ин шаҳодат медихад.
Ин воқеъаро давом медихам. Писари калони зан мегирад ва иродаи Худо дар он аст, ки ӯ ҷудо шуда оилаи навро созад. Лекин онҳо дар хонаи волидайн монда ҳаракат мекунад, ки оилаи умумиро барпо кунанд. Албатта оилаи умумиро дар ин ҳолат писар барпо намекунад (гарганде қудрат ва баракати бино кардани оиларо Худо ба ӯ додааст) бо ин кор асосан модар банд аст. Ва албатта дар чунин оила муносибат, мухаббати ҳақиқи ҷой надорад ва онҳо ҳеҷ гоҳ ба якдигар хизмат карданро ёд намегиранд. Барои он ки дар оилаи умумӣ қонун ва тартиботҳои дигар мавҷуд аст. Дар аввал ҷомашӯиро хушдоман мекунад, келин бошад хонаро рӯбучин мекунад, хӯрок мепазад, писар ба кор меравад. Баъд чунин мешавад, ки писар ба хона баргаштан намехоҳад.
Сабабро медонед? Ду зан дар ошхона ин бисёр, хеле бисёр аст. Ман тадқиқот гузаронда боварӣ изҳор кардам, ки байни келин ва хушдоман мушкили на дар он аст, ки кӣ чи гуна ҷомашӯи мекунад, балки вазифа дар он аст, ки якеро назди дигар фурӯтан месозад. Тарзи тайёр кардани хӯрок низ сабаби ҷанҷол шуда метавонад. Келин угроро аввал мезирбонад ва баъд меҷӯшонад. Хушдоман бошад ба дигар тарз тайёр мекунад. Хушдоман мефаҳмад, ки угрои зирбонда бомазза аст, аммо мехоҳад, ки ҳама аз рӯи сухани ӯ рафтор кунанд. Одам дар зери тафаккури худ ситемаи муҳофизатро дорад. Дар вақти баҳсҳо ин системаи муҳофизат ба кор медарояд. Ва ин як дег угро баҳонаи ҷанҷолҳои калон мешавад. Агар зан фурӯтан шудан нахоҳад, ҳеҷ кас ӯро фурӯтан сохта наметовад, келирн бошад фақат ба шавҳари худ тобеъ шудан мехоҳад. Лекин модари шахси ҷавон мехоҳад, ки келин ба оилаи умумӣ тобеъ бошад. Ва бубинед, ки аз ин чӣ ҳодиса рӯй медиҳад. Бегоҳи вақте, ки писар ба хона бармегардад, модараш ба ӯ мегӯяд; «Маро гӯш кун, як занатро ба ҷояш гузор, лекин нагӯй ки ман чизе ба ту гуфта бошам». Шавҳар дар бероҳа мемонад. Чи хеле, ки мегӯяд:«Инҷо рави ҳам азони худи, он ҷо рави ҳам озони худи». Чӣ бояд кард? Баъд ба хона падари ӯ меояд, ки писарашро тарбия диҳад. Ин бора падар ба писари худ ба хашм омада дигар ҷавононро ба намуна мегузорад, ки «чӣ тавр онҳо занҳои худро тарбия мекунанд». Писари ба хашм омада аз ҳуҷра даромада тамоми ғазаби худро ба занаш меборонад.
Зан мебинад, ки ягона муҳофизатчии ӯ шавҳараш ӯро ба танҳои гузошта ба тарафи волидайнаш гузаштааст, ҳаракат мекунад, ки шавҳари аз даст додаашро баргардонад. Ва мебинад, ки дар ин ҷанг ӯ танҳо ва ҳеҷ чиз аз дасташ намеояд модари худро ба ёрдам ҷеғ мезанад. Шумо чӣ тавр фикр мекунед, вақте, ки модар ин қушуни бузургро бар зидди духтари худ мебинад тарафи киро мегирад.
Аллбата тарафи духтари худро мегирад. Ва бо чунин тарз ҷанг байни ду оила оғоз меёбад.
Албатта чунин ҳодиса баъд аз як моҳи тӯй рӯй надиҳад ҳам баъд аз ду-се моҳ рӯй медихад. Ин оғози фоҷиаи умумӣ мебошад. Дар чунин ҳолати муташаниҷ ва пур аз талотуб онҳо якчанд сол зиндагӣ мекунад. Ва ногаҳон дар ин вакт писари дуюм зан мегирад. Ва дар наздики ду келин забон як карда бар зидди хушдоман мебароянд. Баъд писари сеюм зан мегирад: дар қушуни муқобилатчиён боз як нафар зиёд шуд. (Ман хотиррасон карданиам, ки дар ин хона ду ҳуҷра. Ва дар ин чунин шароит шавҳар бояд, ки бор занаш муносибат кунад).
Акнун биёед тасавур мекунем, ки дар хона чӣ рӯй медиҳад: шавҳарон ба кор мераванд, дар хона модар ва се келин мемонанд ва дар ҳайрат мондан лозим нест, ки дар он ҷо вазият муташаниҷ мебошад. Вақте, ки шавҳарони ба хона баргаштан намехостаро бинед ҳайрон нашавед, барои он, ки ин барои онҳо дӯзах аст. Тасавур кунед, ки шавҳарон ба хона бармеарданд ва занҳо ҳар як дар алоҳидагӣ ба шавҳари худ шикоят карданро сар мекунад. Онҳо натанҳо аз хушдоман балки аз якдигар низ шикоят мекунанд. Ба якдигар наффат пайдо мекунанд. Ва оила ба чор қисм ҷудо мешавад. Чор майдони ҷанг дар як оила аст. Ва ҳамаи ин натиҷаи риоя накардани аҳкоми Худо мебошад. Иродаи Худо чӣ гуна аст? Вақте, ки писари дуюм ва сеюм зан гирифтан онҳо низ бояд, ки ҷудо мешуданд. Волидайн танҳо монда тамоми диққати худро ба якдигар ҷалб мекарданд.
Дар Арманистон гапҳоро оиди ин мавзӯъ хуш намепазироянд, лекин ин ҳақиқат аст. Ҳақиқати талх аз дуруғи ширин беҳтар аст.
«….одам падару модари худро тарк карда ба зани хоҳад пайваст» (Ҳастӣ 2:24). Дар ин ҷо мо мебинем, ки Худо ду ақком медиҳад: ТАРК КАРДАН, ва ПАЙВАСТ ШУДАН. Биёед аҳкоми аввалро дида мебароем.
1 «Тарк кардан». Ин калима ба забони ибронӣ «азаэ», ки се маъно дорад.
А) Мунонибатро суст кардан, ки маънои онро дорад, ки баъд аз зангири писар бо волидайн муносибаташро суст мегардонад.
Б) Хайру хуш кардан. Албатта ин бисёр гиряро талаб мекунад.
В) Гузоштан. Роҳи бозгашт нест. Ҳаёти пештараро гузоштан ин ҳам доираи дӯстон ва ҳам хешовандон мебошад. Одам бояд тайёр бошад, ки баъд аз оиладоршавӣ ҳаёти навро бо зан ё шавҳари худ оғоз кунад. Башоратчии машҳур Карл Густав боре ба ман дар бораи оилаи худ нақл кард. Вақте, ки фарзандони ӯ оиладор шудан мехостанд барои онҳо хонаҳо бино накард ва писараш мехост, ки алоҳида зиндагӣ кунад ва падар аз ӯ пурсид; «Шумо чӣ хел зиндагӣ мекунед?». Хело муҳим, ки ту фарзандатро водоркуни, ки ӯ дар бораи кори мекардааш фикр кунад. Вақте, ки писараш зан гирифт ҳар гоҳ назди волидайн омада мегуфт, ки корҳояш на он қадар хуб аст ва ба пул мӯҳтоҷ аст, падар бошад пул намедод. Ҳатто падар таъмин ёфта бошад ҳам, лекин намегуфт; «Ман ба рӯзгори шумо пул медиҳам». Не, ӯ мепурсид; «Хайр ту чӣ кор кардани ҳастӣ, чӣ гуна рафтор мекунӣ? Рафта ин корро санҷида бин…..».Баъд аз он падар ба воситаи дӯстонаш ба писари худ пул мефиристод ва ин маблағгузориро ба пинҳонӣ нигоҳ медошт. Писар хурсанд шуда пулро ба кори фикр кардааш мегузошт, ба ақидаи он ки Худо дуои ӯро шунида ба ӯ баракат фиристод. Дар бораи ин кор ҳатто ба падараш омада нақл мекард. Ба ҳар ҳол падар сирро ошкор намекард. Ӯ хирадмандона рафтор карда ипсарашро дастгири мекард ва ӯро аз худ вобаста нигоҳ намедошт. Ӯ имконият дод, ки ин оилаи ҷавон дар ин ҷаҳон ғалаба дошта бошад. Дар Арманистон нав оиладор шудагон ҳатто дар зери назоратӣ хешовандон низ мебошанд. Тӯҳфаи тӯйонаи худро онҳо фурӯхта ё бо ягон кор гузошта наметавонанд. «Ин ангуштарини бибиам ногаҳон ӯ омада бинад, ки он нест чӣ мешавад?». Мо арманиҳо намоишҳоро хеле дӯст медорем, дӯст медорем, ки кори кардаи мо ба ҳама маълум бошад, ҳатто тӯҳфаҳои тӯйонаро бо рақсу бозӣ месупорем, то ки ҳама бохабар бошанд. Савол ба миён меояд. Барои чӣ? Ҷавоб аниқ аст; дар аввал барои он ки ҳама донанд, ки ӯ тӯҳфа овард ва махсусан чиро тӯҳфа кард. Дуюмин барои он ки ҷуфти ҷавонро ба вобастагӣ гузоранд, ҳар даъфа имконият барои пурсидани он бошад, ки ангуштарини тӯҳфа кардаи онҳо дар куҷост. Ман ин шахсонро маҳкум намекунам, онҳо он чиро, ки дидаанд онро ёд гирифтаанд. Аниқ аст, ки онҳо ғуломи ананаҳои нодурустӣ мо шудаанд.
Ананаҳои нодурустӣ мо бояд барҳам дода шаванд. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҷавонон аз лаҳзаи никоҳ сар карда озодии аз ҷониби Худо додаро аз даст дода ғуломи анапаҳо мешаванд.
Дигар мисол: як гурӯҳи занон барои оро додани арӯс мераванд ва ба хона омада ба як хуҷраи алохида даромада бо рақсу суруд либоси арӯсро кашида ва баъд либосҳои оро додаро мепӯшонанд. Ин кор инсонро паст зада аз озодӣ маҳрум мекунад. Биёед иҷозат медиҳем, ки одам худро худаш ородоа чӣ тавре ки мехоҳад ҳамон тавр либос пӯшад. Биёед ананахои нодурустро барҳаммедиҳам.
Боз як мисоле меорам. Ман намедонам, ки кадом одами девона ин фаҳмиши «себи-суръ»-ро* фикр карда баромадааст. Тасавур кунед, ки одам то чӣ андоза ба шавҳат дода шуда бошад, ки ин ананаи «себи-сурх»-ро фикр карда барояд. Ин анана оилаҳоро барҳам медиҳад. Мумкин духтар дар ҳаёти худ хато карда бошад, шайтон ӯро фиреб дода бошад, акнун ӯ Исоро қабул карда ҳаёти навро оғоз кардааст ва ҷавон ӯро дӯст медорад. Мо бовар мекунем, ки Худо ӯро хушбахт кардан мехоҳад.
Барои чӣ ананаи «себи-сурх» танҳо ба духтарон таалуқ дорад? Барои чӣ ин анана ба ҷавонон дахл надорад?
Дар асл ман зидди алоқаи то никоҳи иродаи Худо дар он аст, ки одамон худро то никоҳ хоҳ духтар ва хоҳ ҷавон бошад дар бокирагӣ нигоҳ дорад.
Агар ҳаёти одам шикаста ва ӯ фирефта шуда бошад чӣ? Худо марҳамати кофи дорад ки ба онҳо ҳаёти нав диҳад. Имрӯз ман на бар зидди одамои балки бар зидди ананаҳое мебароям, ки онҳоро аз озодӣ маҳрум мекунад.
Як зани армани, ки дар амрико тавалуд ёфтааст китобе нашр кардааст, ки дар он сабаби ғамгинии чашмони арманиҳоро дар геносиди (несту нобуд кардани халқ) ҳалки арманистон мебинад.
*«себи сурх»-ба волидайни арӯс баъди шаби аввал тӯҳфа карда мешавад, ки ин нишонаи тасдиқи бокирагии арӯс мебошад. Агар ин тӯҳфа набошад барои оилаи арӯс ҳамчун шармандагӣ ҳисоб меёбад.
Баъзеҳо маро пурсидан, ки ақидаи ман оиди ин китоб чӣ гуна мебошад. Ман гуфтам, ки бо ин ақида розӣ нестам, барои он ки насли ҳозира шоҳиди геносид (несту набуд кардани ҳалк) набуд, лекин бо чашмони ғамгин таваллуд мешаванд. Сабаб дар чист? Сабаб- ананаҳои мост. Дар шароити мо кӯдак аз лаҳзаи тавалуд аз озодӣ маҳрум аст. Аз рӯзи тавалуд дар зери болишти ӯ ҳар гуна чизҳеро мегузорад, то ки ягон фалокат рӯй надиҳад ва бо ин кӯдакро ба ҷодугарии алоқамонд мекунанд. Бар гавҳора тӯмор мовезанд то ки чашм нарасад. Азизон донед, ки ин решаи дини исломӣ дорад.
Ман ба фарзандони худ ягон хел тӯмор наовехтам онҳо ба бисёриҳо маъқул мешуданд, лекин ҳеҷ чиз рӯй намедод, чунки ман ба «чашмигири» бовар намекунам. Ман ба он бовар мекунам, вақте, ки ба ман мегӯянд «Фарзанди ту боақл» ва албатта онҳо ҳақ мебошанд. Ту ба чӣ боваркуни онро мегирӣ.
Биёед азизон ин ананахои шайтонро мегузорем, ки нафрати Худои моро меорад.
Мо аҳкоми аввалро дидаем «тарк кардан» ва ин иродаи Худо мебошад.
2.Одам ба зани худ хоҳад пайваст.
«Пайвастан» бо забони яҳуди «дабаг» ва се маъноро дорад.
А) Давидон, таъқиб кардани зан.
Агар мард, шавҳар аз оқиби занаш надавад каси дигар ёфт мешавад, ки аз оқиби ӯ медавад. Нисбати дигарон беҳтар, ки ин шавҳар бошад. Зан ҳама вакт ба ин мӯҳтоҷ аст. Вай ҳама вақт мехоҳад, ки дар маркази диққати мард бошад.
Ман мехоҳам, ки шумо тасавуроти дуруст дошта бошед, гап дар сари он нест, вақте, ки мегӯянд: «душболгари занҳо» ё «аз қафои ҳар зан медавад». Не, мо дар барои муносибатҳои солим дар оилаи мустаҳкам сухан меронем. Гуфтан мумкин аст, ки мо дар барои асрори хиёнати зан сухан меронем: вай аз мард чиро интизор аст.
Ҳурмат кардани зан –хислати марди ҳақиқӣ мебошад.
Б) Бо ӯ ҳамроҳ шудан.
Як тан шудан, тани ҷудо нашаванда гаштан. Агар касе бар зидди ӯ барояд, ин маънои онро дорад, ки бар зидди ту мебарояд.
Медонед мо бо занам дар ягонагӣ ҳамон қадар пурқувват ҳастем, ки ҳатто фарзандони мо моро ҷудо карда наметавонад. Фарзандони мо медонанд, ки барои тарафгири онҳо бо бар зидди якдигар намебароем.
В) Якдигарро махкам нигоҳ доштан.
Одамон ҳастанд, ки баъд аз зангири ҳама чизро тарк мекунад, лекин дӯстони худро тарк карда наметавонанд. Ҳол он, ки ҳама чизро тарк карда оиларо махкам нигоҳ доштан лозим аст.
Дар Швесия як анана ҳаст. Пеш аз тӯй дӯстони ҷавон ва духтар бо онҳо рӯзӣ ҳайратоварро мегузаронанд: домоду арӯс ҳар хоҳиши дӯстонро бояд иҷро кунанд. Баъд ба тарабхона рафта ба онҳо хайру хуш карда мегӯянд:« Шумо дигар аз даврои мо намебошад, мо бо шумо хайру хуш мекунем, акнун шумо ба якдигар дӯст мешавад!». Ин қонун аст. Албатта оиладор шуда онҳо дӯст мемонанд, лекин мефаҳманд, ки онҳо мисли пештара намебошанд акнун онҳо банд ҳастанд. «Одам падару модари худро тарк кард ба зани худ хоҳад пайваст».
Ин аҳкоми Худованд, як аз шартҳои асосии оила мебошад. Ин аҳком тахҳурсии оиларо мегузорад.

Боби 3.
Хизмати мард дар оила.
Шавҳар- сардори оила ва ин аниқ мебошад.
Ба зан гуфт: «Ранҷи туро дар ҳомиладории ту бисёр афзун мегардонам; бо дард фарзандон хоҳи зоид; ва иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд, ва ӯ бар ту ҳукмрони хоҳад кард». (Ҳасти 3:16).
Шавҳар дар хонадон бояд, ки хӯҷаини кунад. Худо бо одам аҳком додааст. Вақте, ки Худо ба Одам муроҷиат карда мепурсад, ки барои чӣ ӯ гапнодаро буд, Одам суханҳои худро раъд карда бо он мардонагии худро аз даст медихад. Марди ҳақиқи барои корҳои худ ҷавобгар мебошад. Агар, ки Одам мегуфт:« Худовандо, бубахш» он гоҳ Худо ӯро ва ӯ ҳаёти нав пайдо мекард. Лекин ӯ Худо, ва занашро айбдор карда гуфт: «Зане, ки Ту ба ман доди ба ман меваи манъ шударо дод». Аз ҳама роҳи осон ин дигаронро айбдор кардан аст.
Мард сардори оила мебошад. Ӯ сароянда аст, чӣ гуне навозад ҳамон гуна оила рақс мекунад.
Эфсусиён 5:21 мефармояд: « Бо тарси Худованд ба якдигар итоат намоед».
А) Занҳо итоат кунед.
Б) Шавҳорон дӯст доред.
Биёед натанҳо калимаи «соҳибқудрат» балки маънои онро дида мебароем. Соҳибқудрат будан чӣ маъно дорад? Марди соҳибқудрат дар назди худ намунаи дурахшон дорад, ки ин Исои Масеҳ мебошад. Исо ягон бор мавкеъи худро ба дигаре намедихад.
Хизмати марди ҳакиқӣ дар чист ва аз болои чӣ ӯ ҳукм меронад.
Хизмати марди ҳакиқи дар он, ки ӯ аввалан шавҳар бошад. Ӯ дар оила худ бояд падар бошад. …..90% зинокорон, нашъамандон, гомосексуалистон (бачабозон) –натиҷаи бепадари аст.
Вақте, ки падари Сталин вафот кард, писари ӯ бо модараш аз хурсандӣ рақс мекарданд, барои он ки ӯ дар хона на падар балки диктатор буд.
Муссолини-асосгузорӣ фашизм дар Италия, аз падари худ нафрат дошт. Ӯ маззаи бачагиро начашид. Вақте, ки падари ӯ дар хона буд, фақат дар бораи сиёсат, ин ё он ҳизб гап мезад. Ӯ танҳо ба сиёсат шавқ дошт. Муссолини қӯрбонӣ бепадари гашт.
Вақте, ки дар оила мавқеъи соҳибқудрат мавҷуд нест, модар ҳаракат мекунад, ки ин ҷойро ишғол карда маҷбур мешавад, ки ҳама чизро ба дасти худ гирад. Бепадари аз ҳама чизи даҳшатнок аст.

Мард бояд ҳукм ронад.
1. Аз болои мушкилиҳо.
Вақте, ки дар оила мушкили пайдо мешавад, шавҳар бояд, ки ҳалли мушкилиро ба дӯши худ гирад. Ва мушкили бо Каломи Худо бояд ҳалли худро ёбад. Мард бояд Каломро донад, то ки оилаи худро аз мушкили барорад. Аз мушкили на бо ҷанҷол ё доду фиғон балки бо итоат ба Худованд мебарояд. Медонед, ҷидолҳое, ки аз мушкил пайдо мешавад дар навбати худ боз мушкили пайдо мекунанд.
2. Аз болои бемориҳо.
Вақте, ки яке аз аъзои оила бемор мешавад, мард имон ва тадҳини фавқултабби барои шифо додан дорад. Исо гуфт: «Даст ба беморон гузоранд ва онҳо шифо хоҳанд ёфт».
Ман дар барои он чизе, ки дар оила мо рӯй дод шаҳодат додан мехоҳам. Якчанд сол пеш духтари хурди ман хароб шуда торафт аҳволаш баъдтар мешуд. Мо бо занам ӯро ба духтур барои азназаргузарони бурдем, баъд ба мо гуфтанд, ки гурдаи ӯ бемор аст. Бегоҳи ман бо духтарам гапзанон карда фаҳмонидам, ки ӯ чи гуна бемори дорад ва илова карда гуфтам, ки Исо ӯро шифо дода метавонад. Ӯ гуфт, ки то ки мо барои шифо ёфтани ӯ дуо гӯем.
Мо даст гузошта барои шифои дуо гуфта бо равған тадҳин кардем. Пагоҳи мо боз духтарамонро барои азназаргузарони ба беморхона бурдем ва аллакай ӯ шифо ёфта буд. Анализҳо инро тасдиқ карданд. Вақте, ки падар дуо мегӯяд, ана чӣ гуна қудрат дорад.

3. Аз болои шароитҳо дар оила
Мард идора кардани оиларо бояд, ки ба дасти худ гирад. Ҳар як оила ба ҳар гуна шароитҳо дучор мешавад. Худо ба мард ҳамчун ба сардори оила қудрат додааст, ки шароитҳои ногуворро ҳал кунад. Масалан ба маҷлиси волидайн падар ба ҷои худаш занашро фиристода мегӯяд. «Бирав аз паи бачаат шав». Ӯ суханҳои бадро шунидан намехоҳад (албатта агар бача дар мактаб мушкили дошта бошад). Мувофиқи Каломи Худо зан зарфи заиф аст ва бо ӯ ҳамчун зарфи заиф хуш муомила кардан лозим аст. Аз ин сабаб ба дӯши ӯ бори гарон ва корҳои масъулиятнокро бор кардан лозим нест.
Боз як мисол. Телефон занг мезанад ва шавҳар медонад, ки ӯро мепурсанд ва ин бо ягон мушкили алоқаманд аст ба зан мегӯяд? «Гӯшакро гирифта гӯй, ки ман нестам, ягон чӣ ҷавоб деҳ». Дар хотир дор, ту бояд масъулиятро ба худ грифта барои рафторҳоят шахсан ҷавобдиҳӣ ва занатро маҷбур наку, ки дурӯғ гӯяд. Худо ба мард қудрат додааст, ки ҳамаи мушкилиҳои оиларо ҳал кунад, зан бошад танҳо ёрдамчӣ аст. Фақат аз болои шароитҳои хуб соҳибқудрат набош.
4. Мард бояд чунон ҳукм ронад, ки нашъунамо ба даст орад.
Ҳолатҳое мешаванд, ки мард орзуҳои беасос дорад. Ӯ орзу мекунад, ки кам кор карда, лекин бисёр пул гирад. Ҳамёни ӯ холист, лекин чунон сухан меронад, ки тайёр аст ҳозир як корхона калонро харида гирад. Дар асл ҳамааш дигар хел аст; то он даме, ки ӯ аз хоб бедор шавад, занаш як соат пеш хеста бачаҳоро ба мактаб бурд, хонаро рӯбучин мекунад, хӯрок тайёр мекунад, то ки ба кор-савдо дар бозор дер намонад. Баъд ба хона омада ёрӣ медиҳад, ки бачаҳо вазифаи хонагиро иҷро кунанд, ҷомашӯи мекунад, бегоҳӣ хаста шуда хоб мекунад, то ки нисфи шаб ба бозор рафта бор барои пагоҳина савдо харад, дар он вақте, ки шавҳараш бо дӯстони худ мехӯраду менӯшад, тамоку кашида назди телевизор нишаста гапзанон мекунад. Кӣ идоракунандаи ин хона аст?. Албатта зан идоракунанда мебошад. Шавҳар кист? (ин оилаи реалие, ки дар Арманистон зиндагӣ мекунад). Шавҳар дар бораи миллионҳо сухан меронад, ҳол он ки тамокуро ба ӯ занаш харида меорад. Агар аз ҳаёти ӯ занашро гирем вай бекорчӣ ва оворагард мешавад. Ин марде, ки мавқеъ, қудрати худро аз даст додааст. Фикр мекунам, ки ин шахс орзуҳои беасоси худро гузошта кори занашро иҷро кунад беҳтар мешуд. Шавҳар бояд барои кор дуо гӯяд, кор кобад. Агар одам кор надошта бошад, онгоҳ кори ӯ ба худ кор пайдо кардан аст. Ман бар зидди он нестам, ки зан кор кунад. Онҳо пули худро ҷамъ карда якҷоя сарф мекунанд, онҳо дӯстон мебошанд. Ман инчунин он ҳолатҳоро дар назар надорам, ки шавҳар аз кор холи мешавад, ва то кор ёфтанаш зан кор мекунад. Дар байни зану шавҳар дӯсти бояд авлотар бошад. Ман бар зидди онҳое, ки барои нашъунамои оилааш масъулиятро ба дӯши худ намегирад. Мард тадҳин шудааст, ки нашъунамо ёбад, танҳо ӯ қарор қабул карда сӯи нашъунамо равона шавад. Худо ба ӯ ба таври фавқултабии ёрӣ мерасонад,худо барои нашъунамо ёфтан қувват медиҳад.
5.Мард аз болои шайтон ҳукм мероанд.
Худо мардро сардори оила гузоштааст ва вақте, ки сар мақеъи худро гум мекунад дар оила бетартиби рӯй медиҳад. Шайтон, бади маҷуд аст, ки оиларо ҳуҷум мекунад ва вазифаи соҳибқудрат дар он аст, ки нагузорад, ки шайтон ба хона дарояд. (фаҳмед, ки ин чизҳои рӯҳони аст) Шавҳар масъул аст, ки қуввати шайтонро бибандат. Агар мард дар бораи қудрати худ аз болои шайтон хабардор набошад, аниқ аст, ки ӯ девҳоро ронда наметавонад.
«Ё касе чӣ гуна ба хонаи шахси зӯроваре даромада, чизҳои вайро ғорат карда метавонад, бе он ки аввал он зӯроварро бибандад ва пас аз он хонаи вайро ғорат кунад?» (Матто 12;29)
Калом мегӯяд, ки ҳеҷ кас ба хонаи зӯровар даромада ва хонаи ӯро ғорат карда наметавонад, агар ӯро набандат. Шайтон фиреб дода соҳибқудратро мебандат ва баъд ба оилаи ӯ дохил мешавад. Ягон бор шайтон оиларо ғорат ва бадбахт карда наметавонад то он даме, ки зӯроварро дар он хонадон набандад.
Хизмати мард- рондани шайтон аз хонаи худ
«Аз киштзори шахс коҳиле мегузаштам ва аз токзори одами беақл, ва инак ҳамаи инро хорҳо зер кардааст рӯяшро газна пӯшидааст ва товараи сангинаш вайрон шудааст. Ва ман назар кардам, диққат додам, дидам, сабақ гирифтам, «андак хоб, андак ғанаб, андак даст дар бағал хобидан». Вале бенавоии ту мисли роҳзан хоҳад омадва мӯҳтоҷии ту – монанди шахси яроқнок.» (Масалҳо24;30-34)
Девори сангин-ин муҳофизати рӯҳонии мо, яъке муҳофизати фариштагон, ки бо дуо сохта мешавад.
Чунин мешавад, ки дар хона ҳама чиз ҳаст аммо вақте, ки шавҳар ба хона бармегардад тамоми оила бесарамҷон мешавад. Девори сангин барҳам хӯрдааст ва дар ҳар ҷой шайтон сайру гашт мекунад. Одамон мегӯянд: гарму хунук кардаанд, бемориҳо, аз ҳар ҷо хабари марг ва онҳо бесарамҷон намедонанд, ки чӣ кор кардан даркор аст. Шайтон меояд, то ки ғорат кунад.
Масъулияти шавҳар ба Исо бовар кардан, қудрати рӯҳониро гирифта ба ҳуҷра даромада дуо гуфтан аст. Бигзор бигӯяд: «Шайтон, ман туро ба номи Исо меронам». Шайтонро рода ӯ девори сангин яъне муҳофизати фариштагонро нигоҳ медорад. Мард бояд барои зан ва фарзандон дуо гӯяд. Худо ба мард овоз додааст, то ки ӯ на ба зан ва фарзандон балки ба шайтон балад кунад. Шайтон аз овози мард метарсад, вақте, ки ӯ дуо мегӯяд. Ҳама вақт дар оилаи худ Подшоҳии Худо: адолат, сулҳу осоиштагӣ хурсанди дар Рӯҳи Муқаддасро эълон кун. Ин хизмати соҳибиқудрат дар оилаи худ мебошад. Дар хотир дор, ҷавоби ҳар дуои худро дар оилаат мебинӣ. Дар гирду атрофи оилаи худ деворимустаҳками рӯҳониро бино кун ва хонаи ту аз хушбахтӣ пур мегардад.
6.Шавҳар дар оила шахси рӯҳонӣ (коҳин) мебошад.
Ӯҳдадорӣ мард дар оила ҳамчун шахси рӯҳонӣ ҳар моҳ як маротиба таоми шоми Худовандро қабул кардан медарояд. Касе аз шахсони бузург гуфтааст шаршараи Ниагара ин мӯъҷизаи олам нест балки мӯъҷиза вақте ки падар Китоби Муқаддасро мехонад зан ва фарзандонаш нишаста ӯро гӯш мекунанд. Ин аз ҳама мӯъҷизаи калон мебошад. Исо кори калони рӯҳониро дар ҳаёти мо амалӣ мегардонад. Гуфтан мумкин, ки оилаи ин калисои хурд аст, ин калисо аз они ту ва ту пастори он мебошӣ.
Мувофиқи Каломи Худо марде, ки дар оилаи худ шахси рӯҳони шуда наметавонад, ӯ на бояд, ки дар калисо хизматгузор бошад. Агар ӯ дар оилаи худ пастор шуда натавонад, пастори калисои калон низ шуда наметавонад.
7.Шавҳар—шифодиҳандаи оила, ӯ дили шикастаи зан ва фарздонашро шифо медихад.
Агар дили зан шикаста бошад, дар хотир доред, ки вақт онро шифо намедиҳад. Танҳо шавҳар тадҳин дорад, ки дили шикастаи занро шифо диҳад, дар дохили мард каломи пурқуввате мавҷуд аст, ки на танҳо дили шикастаи зан балки аз они тамоми оиларо шифо диҳад. Вай олами дохилии занро барқарор карда метавонад. Мувофиқи Коломи Худо калисо ин-арӯс, Исо- домод мебошад. Биёед мисли Исо мешавем. Дар вақтҳои мушкил ҳангоме, ки дили калисо шикастааст, ки онро шифо медиҳад? Ё вақте, ки калисо дар мушкили чӣ рӯй медиҳад?. Ногаҳон Худо каломи нубуват медиҳад ва калисо барқарор мешавад. Мард дар оила бояд чунин бошад.
Ва издиҳоми бегонаҳое, ки дар миёни онҳо буданд, булҳавасӣ зоҳир намуданд, ва банӣ-Исроил низ боз гириста, гуфтанд; «Кист, ки моро гӯшт бихӯронад!» (Ададҳо11;4)
Дар ин ҷо мебинем, ки мардон овози худро баланд бардошта ва бо гиря ба Худо муроҷиат карданд.
Барои Худо овози фиғонкунандаи марл муҳим аст. Гиря мард беҷавоб намемонанд. Мард дар ҳар соҳаи ҳаёт масъулиятро бояд, ки ба дӯши худ гирад. Мард ва зан оиладор шуда, якҷоя зиндагӣ карда лекин ба ҳамсарон монанди надоштанашон мумкин аст. Мард зани худро ҳурмату эҳтиром мекунад. Аз ҳама оилаи хушбахт он аст, ки мард ба дили зан роҳ дорад ва зан ба дили мард. Онҳо якдигарро аз дохил медонанд. Баъзан зан ба шавҳараш мегӯяд; «Ақалан як соат бошад ҳам мехоҳам, ки ту маро фаҳмӣ». Зан чунин суханонро мегӯяд, барои он ки инро аз сар гузаронидааст. Он касе, ки дар наздаш ӯро намефаҳмад. Худо ба ҳар як мард барои фаҳмидани зани худ ҳикмати фавқултаббии додааст. Ва агар ӯ фаҳмад, он гоҳ ёрдам дода метавонад, агар ёрдам диҳад, он гоҳ дили шикастаи зан шифо меёбад. Вақте, ки шифо ёбад хаёти мард ба ҷанат табдил меёбад. Фикр мекунам, ки маънои соҳибқудрат будан ва дар хонаи худ ҳукм рондан чӣ маъно дорад мо фаҳмидем. Ман шӯбҳа намекунам, ки чунин сохибқудрат ба зан ва ҳам ба фарзандон мақбул мешавад. Байни соҳибқудрат ва ҳукмфармо (диктатор) фарқи калон мавҷуд аст.
Агар ту зане бошӣ, ки ин сатрхоро мехонад ва чунин мушкилиҳоро дар оилаи худ мебинӣ, ба маҳкумкардани шавҳарат нашитоб, ба ҳар ҳол бо маҳкумият ӯ таъғир намеёбад, дар хотир дор, ки ӯ сардори оила ва ту ҳак надори, ки ҳатто дар фикри худ ӯро паст занӣ. Беҳтар, барои ин ту дуо гӯй то ки чашмони ӯ кушода шуда Худоро шиносад, новобаста аз он ки ӯ имондор аст ё не. Ва беҳтар мешуд, ки агар ту давомашро дида дар барои хизмати зан хонда бидонӣ..

Боби 4.
Хизмати зан дар оила.
Минатдоран ба хизмати Исо, мавқеъи зан дар оила ва калисо бардошта шуд. То давраи масеҳият қариб дар ҳар ҷо занҳоро паст мезаданд фақат дар давраи масеҳият обрӯи зан бардошта шуд.
Мувофиқи номаи Ғалотиён, Павлус дар Осиё эълон кард: «….на ҷинси мард ва на ҷинси зан мавҷуд нест: зеро, ки дар Исои Масеҳ ҳама як ҳастанд». Дар он давра ин суханҳои Павлус хислати ревалюсиони дошт, ӯ ҷои худро дар Инҷил ишғол карда мавқеъи занро дар ҳаёти ҷамъият бардошт. Гуфтан мумкин аст, ки зан ба боғи Адан баргашт. Дар давраҳои қадим, то асос ёфтани империяи Рум, синну соли занро аз вақти оиладоршави ӯ сар карда ҳисоб мекарданд. Дар Юнони Қадим занҳо то шавҳар кардан ҳатто насаб ва тобеъият надоштанд. Онҳо ҳама вақт паст зада мешуданд. Байни мард ва зан мубориза бурда мешуд. Мард ҳаракат мекард, ки занро дар ҳудуди рузғору ошхона нигоҳ дорад. Занҳо дар навбати худ хоҳиш доштанд, ки мавкеъи худро мустаҳкам карда, исбот кунанд, ки мард бе зан зиндагӣ карда наметавонад.
Ин мубориза то ҳол давом дорад. Занҳо ба тамоми ҷахон исбот кардан мехоҳанд, ки онҳо баробар ҳастан, мардҳо бошанд бо онҳо розӣ намешаванд. Мо ин ҷанги беохири байни марду занро бояд боздорем. Ин мубориза ба нафрат нисбати ҷинси муқобил оварда мерасонад ва одамон мавқеъи носолим ба мухаббати якҷинса пайдо мекунанд. Мувофиқи Каломи Худо мард ва зан барои якдигар офарида шудаанд.
Зан кист? Барои чӣ ӯ офарида шудааст ва кадом мавқеъро дар ҳаёти мард ишғол мекунад?
Ва Худованд Худо хоби сахте бар одам овард; ва ҳангоме ки хобаш бурд, яке аз қабурғаҳои ӯро гирифт, ва гӯшт дар ҷояш пур кард. Ва Худованд Худо аз қабурғае ки аз одам гирифт, зане сохт, ва ӯро назди одам овард. (Ҳасти 2:21-22).
Одам комил офарида шуда буд, лекин баъди офариниши Ҳавво аз ӯ чизе гирифта шуд. «Қабурға» ба забони ибронӣ «сутун» ин синоними калимаи «таҳкурсӣ» ин он маъноро дорад, ки Худо яке аз сутунҳои Одамро гирифта аз он ва дар ин асос Ҳавворо офарид.
Инак кӣ ба кӣ лозим аст? Ҳарду ба якдигар лозим мебошанд. Мард он чиро дорад, ки дар зан нест ва зан он чиро дорад, ки мард надорад барои он ки Одам аз чизе маҳрум шуд Ҳавво чизеро пайдо кард ва ин далел мебошад. Масалан аз як даста гул мард ба ҳаяҷон намеояд, лекин занро ҳамон дастаи гул хушбахт карда метавонад. Мард аз ин талабот маҳрум шудааст зан баракс ин талаботро пайдо кардааст. Марду зан якдигарро пурра мекунанд. Он чизе, ки мард дорад зан надорад ва он чизе, ки зан дорад мард надорад. Инчунин ҳарду ба якдигар мӯҳтоҷ ҳастанд. Биёед дида мебароем, ки Одам ва Ҳавво чигуна мавкеъро ишғол мекарданд.
Ин аст китоби насаби Одам: дар рӯзе ки Худо одамро офарид, ба шабоҳати Худо ӯро сохт. Нару мода онҳоро офарид, ва онҳоро баракат дод, ва онҳоро, дар рӯзи офариниши онҳо, одам ном ниҳод. (Ҳасти 5:1-2).
Номи ҳарду «Одам» буд, ҳарду мавқеъи баробар доштанд. Номи«Ҳавво» баъди гуноҳ кардан пайдо шуд. Баъд аз гуноҳ кардан мавқеъи онҳо ҷудо шуд, лекин ҳарду ба якдигар лозим ҳастанд.
Ҳикмати зан хонаи варо бино мекунад, вале зани аблаҳ бо дасти худ онро вайрон мекунад. (Масалҳо 14:1).
Зани бо хирад хонаи худро бино мекунад, зани бефаҳм хонаи худро барҳам медихад. Боз мо мебинам, ки зан дар оила ҷои охиринро ишғол намекунад балки яке аз мавкеъи муҳимро дорад.
Ва Худованд Худо гуфт: « Хуб нест, ки одам танҳо бошад; пас барояш мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, биофарам». (Ҳасти 2:18).
Зан ҳамчун ёрдамчии мард офарида буд. Мо бояд фаҳмем, ки ёрдамчӣ чӣ маъно дорад. Ёрдамчӣ-ин хизмагузор нест. Вақти он расидааст, ки одамон дар тамоми ҷахон маънои библиявии ибораи: зан ёрдамчии шавҳарро дарк кунад. Масалан, барои вохӯри вақте, ки назди президент меравӣ ва ба ту мегӯяд, президент нест, лекин ту метавони бо ёрдамчии ӯ вохӯри чӣ хел фикр мекуни оё ба пешвози ту шахсе бо пешдоман ва дар даст кафгирдор мебарояд? Албатта не. Ту шахсеро мебини, ки мисли президент либос пӯшидааст, ва ба ҳамаи саволҳои ту ӯ ҷавоб медиҳад, мисли он ки худи президент ҷавоб медода бошад. Акнун вақте, ки дар барои ёрдамчии шавҳар сухан меронем, киро ба худ тасавур мекунем? Дар ҳотир доред! Зан-ягона ёрдамчии шавҳар, ки Худо ба ӯ додааст.
Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед». (Ҳасти 1:28).
Ин оят дар бораи он мегӯяд, ки Худованд ин қудрат ва ин аҳкомро ба ҳардуи онҳо додааст. Ҳарду бо баракати Худо баракат ёфта буданд. Ва ҳарду мавқеъи махсус дода шуда буд, махсусан кадом?
1 Боровар шавед
2 Афзун шавед
3 Заминро пур кунед
4 Онро тасаруф кунед ва ҳукмрон бошед
Ба ҳарду қудрати якхела дода шуда буд. Хизмати занро то офариниши олам Худо чунин медид. Зан низ ҳамчун мард дар хизмати оила масъулият дорад.
1. Хизмати зан дар он аст, ки барои иҷро шудани орзуи шавҳараш мадад расонад.
Масалан; Мард аз кӯдакиаш орзу дошт, ки мошиин дошат бошад ё ягон чизи дигар ва бо ин орзу худ бо занаш тақсим мекунад. Дар барои мошин ва нақшаҳои худ мегӯяд. Аксарон дар чунин ҳолатҳо зан муқобилат мекунад ва хуб қабул намекунад, онро дарк накарда, ки шавҳар дар барои он чи гуфт, ки дар ҳаёти худ орзу мекард. Ин муносибати хунукназоранро нисбати орзуи худ дида, шавҳар барои зани худ махкам шуда дӯстеро пайдо мекунад, ки ба орзуи ӯ бо эҳтиромона муносибат мекарда бошад. Яке аз вазифаҳои зан-ба шавҳаре худ барои дастрас кардани орзуяш мадад расонад. Ман як ҳодисаи воқеъиро нақл кардан мехоҳам. Шавҳар як маблағи муайянро барои харидани мошин ҷамъ кард. Вақте, ки дар барои қарори худ ба занаш нақл кард ӯ ҳатто фикр накарда гапи шавҳарашро гардонид. Албатта мошинро нахариданд ва пулҳо сарф карда шуданд. Ва ҳозир бо ин мард гап заде пайхас кардан мумкин, ки ӯ нисбати занаш бовариро гум кардааст ва эҳтимолон даъфаи оянде вай фикри занашро намепурсад. Ва барои чӣ муҳим аст, ки мард орзуи худро дастрас кунад? Барои он ки бо ҳамин тарз зан метавонад мадад кунад, ки шавҳар даъвати худро дастрас кунад. Дар Китоби Мукаддас мо занҳоеро дида метавонем, ки ба шавҳари худ мадад кардаанд, ки орзу ва даъвати худро дастрас кунад. Чунин занҳоро занҳои пешбаранда гуфтан мумкин аст. Зани Иброҳим, Сорро низ чунин буд.
«Бо имон ӯ дар замини мавъуд, мисли замини бегона, ғарибона маскан гирифт, ва бо Исҳоқ ва Яъқуб, ки ҳамирсони ҳамон ваъда буданд, дар хаймаҳо зиндагӣ кард; Зеро ӯ мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад, ва меъмору бинокори он Худост. Бо имон худи Сорро низ барои қабули насл қувват пайдо кард ва баъд аз фарсудагиаш зоид; зеро Ваъдадиҳандаро амин донист. Бинобар ин аз як нафар, ки он ҳам мисли беҷон буд, ончунон бисёр аст, ва чунон ки реги лаби баҳр бешумор аст.» (Ибриён 11:9-12).
Дар инҷо аввалан дар барои ҳаракати Иброҳим барои дастрас кардани ваъдаи Худо гуфта шудааст, дар ояти 11-ум дар барои имони Сорро гуфта шудааст. Бо имон ӯ фарзанд таваллуд карда орзуи Иброҳимро амали гардонид. Зани Довуд, чунон рафтор накард, балки ӯро танқид мекард. Таърихӣ ин оила бо чӣ тамом шуд? Албатта он барҳам хӯрд. Чунин зане бош, ки ба шавҳари худ мадад мерасонад, то ки орзу ва даъвати худро дастрас кунад. Албатта ман орзуҳои солим ва реалиро дар назар дорам на ин ки хаёлҳои хом ва орзуҳои беасос бошад. Чи хел мо орзуии дурустро фарқ карда метавонем, оне, ки одам дастрас кардан мехоҳад? Дар хотир доред: орзухои солим оне, ки аз дили одам мебарояд, лекин на аз ақли ӯ, дар дил ҳама вақт ду ё се орзуи пурқувват ҷой доранд, баъд аз иҷрои он бисёр чизҳо таъғир меёбанд. Мардоне низ ҳастанд, ки дар дили худ умумон орзу надоранд. Дар чунин ҳолат зан бояд дуо гӯяд, ки шавҳар орзу ва даъват аз ҷониби Худо пайдо кунад.
2.Зан- ҳамкори мард.
Зан бояд бо корҳои мард ёри расонад. Барои офаридани зан Худо қабурғаи Одамро гирифта аз он занро ба вуҷуд овард. Албатта савол ба миён меояд: барои чӣ махсусан қабурға? Ман фикр мекунам, ки вай аз дигар чизҳо дида ба дил наздик аст. Бале, Худо занро аз соҳаи дил на аз соҳаи ақл гирифт. Ин маънои онро дорад, ки ҷои зан бояд дар дили шавҳар на дар ақли ӯ бошад. Зан бояд доимо бо розигии дили ӯ бошад, на ин ки ба ақли ӯ таъсир расонад.
Бисёр намунаҳо мавҷуд аст вақте, ки баъд аз ба шавҳар баромадан зан ба дили шавҳар ҷой намегирад, балки бо ақли ӯ таъсир мерасонад, азбаски зан мавқеъи худро ишғол накард чунин оила барҳам мехӯрад. Фаҳмед, ки мард одатан холигиро дар дил ҳис мекунад, на дар сар, бо сараш ӯ мушкили надорад. Дар он ҷо ҳамааш дар ҷояш: зеро Худо аз он ҷо ҳеҷ чиз нагирифтааст. Ба мард дар соҳаи дилаш ёри лозим аст, зеро баъд аз офариниши зан дар ин соҳа холигӣ ба вуҷуд омадааст. Биёед якчанд намунаҳоро дида мебароем. Шавҳар харид кард ё ки чизе аз бозор харида ба хона баргашт. Зан бо диққат харидро дида шикоят мекунад: дар он вақте, ки оҳиста фаҳмонида дода аз дастааш харидро гирифта ягон чиз таёйер кардан мумкин буд.
Боре як зан шикоят кард, ки шавҳари ӯ ҳеҷ вақт гул тӯҳфа накардааст, ҳол он ки ба ӯ маълум шуд, ки шавҳараш машуқа дорад ва барои ӯ доимо гул мехарад.
Ин маро ба фикр кардан водор кард: мард барои гул хари қобилият дорад, лекин онро ба машуқааш тӯҳфа мекунад ин далелро тадқик карда, ман ба хулосае омадам, зан ягон бор ҳаракат накардааст, ки ҷои худро дар дили шавҳараш ишғол кунад. Ин зан ба майнаи шавҳари худ ҷой гирифтааст ва аз баски дили ӯ холи монд дер ё барвақт онро касе бояд ишғол мекард. Ин даҳшатнок ва дардовар аст вақте, ки дили шавҳаронро фоҳишаҳо забт мекунад, ин аз дасти онҳо меояд, азбаски онҳо барои амали гардонидани орзуи ин мардҳо қуввати худро дареғ намедоранд. Аниқ аст, ки ман зидди мардоне, ки машуқа доранд ва онҳое, ки мустаҳкамии оилаи худро нигоҳ надошта оилаи навро барпо мекунад. Марди ҳақиқи бояд ҳама чизро гузашта ва оилаи худро нигоҳ дорад.
Боре аз телевизор баромади як фоҳишаро нишон медонанд. Ӯ нақл мекард, ки мизоҷони сарватдори ӯ на ҳама вақт барои алоқаи ҷинси ба ӯ пул медоданд. Ҳолотҳое мешавад, ки барои сӯҳбати гарм меоянд, ба онҳо касе лозим аст, ки мушкилиҳои онҳоро гӯш мекарда бошад. Ин фоҳиша сӯҳбати худро бо чунин суханон хотима дод: «Ман бо ин мардон чунон рафтор мекунам, ки зани онҳо бояд чунон рафтор кунад».
Хизмати зан аз он иборат аст, ки назди шавҳар буда ба ӯ ёри расонад. Ӯ на бояд, ки ин ҷойро ба каси дигар диҳад. Ва мард ҳам бояд дарк кунад, ки зан ба ӯ бо маслиҳати худ кӯмак расонида метавонад.
3. Зан бояд, ки ба шавҳари худ гапдаро бошад.
Ба якдигар дар тарси Худованд итоат кунед (Эфсусиён 5:21).
Тобеъ будан ба забони Юнони «упастос» ин калима се маъно дорад.
А) Зан бояд мавқеъи худро назди шавҳар пайдо кунад.
Б) Шавҳарро шахси обрӯманд эътироф кунад, сухани ӯро иззат кунад ва ба он сухан вазн диҳад.
В) Зан бояд худаш худро мутеъи шавҳар гардонад.
Табиати тобеъиятро Худо ба зан гузоштааст ва ҳар як зан бояд ҳаракат кунад, ки даъвати худ расад.
Мард мавқеъи худро месозад, зан бошад мавқеъи худро назди шавҳараш ишғол мекунад.
Дар хислати зан чунин сифате ҳаст, ки ба воситаи он шавҳарашро ҳамчун роҳбар эътироф мекунад, ва мувофиқи он ӯ бояд мавқеъи худро ишғол карда ба ӯ тобеъ бошад. Ин он мавқеъи, ки калисо нисбати Исо ишғол мекунад.
«Занҳо, мутеъи шавҳрони худ бошед, мисли он ки ба Худованд бошад». (Эфсусиён 5:22).
Ин аҳкомро Худо ба зан медиҳад. Дар ин ҷо навишта нашудааст: «Мардҳо занҳои худро тобеъ кунед». Не, не! Ин ҷой фақат ба зан таалуқ дорад. Барои он ки агар зан тобеъ шудан нахоҳад ҳеҷ кас ӯро тобеъ карда наметавонад; на шавҳар, на хушдоман, на ягон каси дигар. Мумкин касе мегӯяд, ки зани худро бозӯри тобеъ кардааст……
Дар ин бобат ман мехоҳам як ҳодисаро нақл кунам. Боре яке аз дӯстони ман ба писараш гуфт, ки ба ҷояш шинад. Кӯдак розӣ набуд ва итоат намекард. Падар овози худро баланд карда амр кард, ки ӯ шинад. Кӯдак аз тарс нишаст ва баъд ба падар нигоҳ карда гуфт; «Ман нишастам, лекин дониста бош, дар дохил ман рост истодаам». Инак бо зӯровари ту танҳо чунин гапдароиро ба даст меорӣ. Лекин гапдароии ҳақиқи он гоҳ мешавад, чӣ хеле, ки Каломи Худо мегӯяд вақте, ки зан худаш худро назди шавҳар фурӯтан месозад.
«Эй занон, ба шавҳарои худ итоат намоед, чунон ки дар Худованд муносиб аст» (Қӯлассиён 3;18)
Дар Калом навишта шудааст «мисли он ки ба Худованд бошад».
«Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад» (Эфсӯсиён 5;22)
Дар ин ҷой илова шудааст; ба шавҳари худ итоат кардан, на ба бегона балки ба шавҳари худ.
Ту ба Худованд чӣ хел итоат мекунӣ?. Мо бо хурсандӣ итоат мекунем. Бо ҳамон хурсандӣ ба шавҳари худ итоат кун.
«Аммо чӣ тавре ки калисо ба Масеҳ тобеъ аст, ҳамон тавр занон низ бояд аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ тобеъ бошед» (Эфсӯсиён 5;24)
Дар ҳама чиз.
Албатта, агар ин гуфтаҳо аз чорчӯбои одобу ахлоқ берун набарояд.
4.Шавҳарро бо латофати худ ба даст овардан.
Ҳамчунин шумо, эй занон , ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки, агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд. (1 Петрус 3:1).
Китоби Муқаддас занҳоро таълим медихад, ки чи гуна бе калом шавҳаронро тобеъ гардонанд.
Беҳтар, ки хонаи хурд ва бо он сулҳу осошитагӣ нисбати хонаи калон ва зани серҷанҷол дошта бошем. Занҳои сарҷанҷол ҳастанд, ки агар бо шавҳари худ ғурбат накунанд ба кӯча баромада бо ҳамсояҳо ҷанҷол мекунанд. Шумо чӣ фикр мекунед дар ҷамъият дар барои онҳо чӣ мегӯенд? Кӣ вай бохирад ва болатофат аст? Не дар барои ӯ суханҳои бадро мегӯянд, азбаски ӯ латофати худро гум кардааст.
Латофат бесухан ҳам таъсир расонида метавонад-шавҳари худро бо хоксории худ бо даст овардан лозим аст. Дар Китоби Муқаддас дар боари малика Эстер гуфта мешавад, ки бо латофати худ ғалаба ба даст овард. Рафтор бо забон ҳеҷ чизи умумият надорад, рафтор бозебогии бадан алоқаманд нест, рафтор ин моҳияти одам аст.
«Бигзор зебоии шумо на ороиши зоҳирӣ; гесӯ бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пӯшидан» (1 Петрус 3;3)
Бисёр калисоҳои диндорӣ ин оятро маънидод карда ба занҳо зебу зевар карданро маън мекунанд, ҳол он ки ин оят тамоман дигар маъноро дорад. Ин оят занҳоро таълим медиҳад, ки шавҳарони худро на бо зебу зевар ва на зебогӣ ба даст орад, чунки ин дер давом намедиҳад. Дар ин ҷой сухан дар бораи ба абадият ба даст овардан меравад.
«Балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост» (1 Петрус 3;4)
Зан дар моҳияти худ бояд ҳалиму фурӯтан бошад –ин латофат аст. Латофат бо зебогии зоҳирӣ ҳеҷ чизи умумӣ надорад. Бисёр духтарони зебо ҳастанд, ки белатофат мебошанд. Зебогӣ ва латофат – мафҳуми гуногун аст. Имрӯз тамоми ҷаҳон аз қафои зебогӣ меравад, одамон фикр мекунанд, ки зебогӣ ин латофат аст.
Одоби занона мавҷуд аст. Дар давраи қадим ҳатто ба тарзӣ нишасти зан диққати калон ҷалб карда мешуд. Ҳозир бисёр духтарон худро озодақида ҳисоб карда бо рафтори худ ба мардон монандӣ доранд. Онҳо ба суханҳои худ ва тарзӣ суханрони эътибор намедиҳад.
Мард бояд мардоногие, ки аз тарафи Худо ба ӯ дода шудааст ёбад, зан бошад латофате, ки аз ҷониби Худо ба ӯ дода шудааст пайдо кунад ва ҳама чиз дар ҷои худаш меистад.
«Зеро ки шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед;» (1 Петрус 2:21).
Як генерали Худо буд ,ки таърихи тавба кардани ӯ бисёриҳо дар ҳайрат гузошт. Вақте, ки ӯ беимон буд, вай доимо зани худро барои имонаш таъқиб мекард. Ӯ манъ мекард, ки занаш ба калисо равад. Ва боре вақте, ки занаш ба калисо рафт ӯ дарро махкам кард то занаш баргашта ба хона даромада натавонад. Ба хона баргашта зан мебинад, ки дар махкам аст. Пагоҳӣ вақте, ки шавҳар ба кор рафтани шуда дарро кушода дид, ки занаш дар остона нишастааст. Зан ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «То он даме, ки ноништа накунӣ ман туро ба ҳеҷ ҷой рафтан намемонам». Аз чунин муносибат дили шавҳар ба ларзе омад, ӯ тавба карда ҳаёти худро ба Худо бахшид, ва дар натиҷа шахси тадҳин шудаи Худованд гашт. Ин «шавҳарони худро бо рафтор ба даст оред» ном дорад.
Агар ту ин китобро хонда истода дар ҳаёти оилавии худ бетартибиро мебинӣ, он гоҳ нагӯй: «Ҳамаш дуруст. Дар ҳаёти ман бетартибӣ ин чунин аст, инчунин…..». медонӣ ту бояд дигар хел фикрронӣ. Беҳтар, ки гӯи: «Худованд, Худо раҳмат ба Ту ки ба ман имконият медиҳи, ки оилаи худро барқарор кунам».
Медонӣ ин ба он монанд аст, ки ту хонаи қадимона дорӣ, ки деворҳои он шӯр задааст, ҳама ҷой афтида фарш инчунин ифлос аст. Ва ту ба хонаи нав сохта шудаи касе медарои, ки сохти он хона ба сохти хонаи ту монанд аст ва дар он ҷо ҳама ҷиз зебо ҷой гирифтааст. Ту мебини, ки имконияти намуда хонаатро таъғир доданро дори ва ту намегӯи: «Оҳ Худованд барои чи дигарои доранду ман надорам». Не, ту мегӯи : «Худованд чӣ гуна хуб шуд, ки ман дидам чи тавр хонаамро зебо карда метавонам вақте, ки пул пайдо шавад хонаамро таъмир карда онро тозаю зебо мекунам».
Вақте, ки мо ин калимаҳоро мехонем Худо моро на барои алама монро овардан мегӯяд: «Мана бубини ки чӣ гуна оила доштан мумкин аст». Не, Худо моро таълим медиҳад, ки кори навро дар хонаи худ пайдо кунем. Ин имконияти хуб мебошад.
Ва ман фикрҳои худро дар барои хизмати зан бо ин Каломи Худо хулоса кардани ҳастам.
«Зани солеҳа тоҷи шавҳари худ мебошад, вале зани нанговар мисли фасоде дар устухонҳои ӯст». (Масалҳо 12:4).
Каломи Худо мегӯяд, ки зани накӯкор тоҷи шавҳари худ мебошад, зане, ки нангмеоварда мисли фасоди устухонҳост. Ман имон дорам, ки занони масеҳи бояд накӯкор бошанд.
Махсусан Каломи Худо оиларо ба тартиб меорад ва таълим медиҳад, ки чи гуна ҳаёти хушбахтона дар хонаи худ дошта бошем.

Боби 5.
Фарзандон.
Хуб шуд, ки мо дар барои чи гуна интихоб кардани ҳамсар, дар барои хизмати шавҳар ва зан сухан рондем, лекин шумо медонед, ки ин ҳоло намунаи оилаи пурра намебошашад.
Дар оила инчунин фарзандои таввалуд мешаванд.
Барои чӣ фарзандон таввалуд мешаванд? Ҳеле саволи хуб. Шумо медонед, ки фарзандон барои пурра кардони дизайн ё барои аз ғайбатҳо озод шудан таввалуд намешаванд: то ки нагӯянд, ки ту нозой ҳастӣ.
Фарзандон барои мақсади муайян таввалуд мешаванд, ва онҳо аз рӯзи таввалуд набояд, ки раъдшуда бошанд. Волидайн ӯҳдадоранд, ки фарзандони худро рӯҳбаланд кунанд. Дар Арманистон бисёр фарзандони раъдшударо дидан мумкин аст.
Оё шумо медонед, ки кай раъдшавӣ пайдо мешавад? Вақте, ки падару модар аз паи фарзандони худ намешаванд. Волидайн бо маслиҳатҳои худ бояд ба пешравии кӯдак ёри расонад.
Аз як рассоми машҳур пурсидан, минатдоран бо чӣ ӯ ҳамчун рассом машҳур гашт? Дар ҷавоб гуфт: Вақто, ки ман хурдсол будам ба девор расмкаширо дӯст медоштам. Модарам инро дида мегуфт: «Чӣ хел зебо ту расм мекашӣ!». Ва ин суханҳои рӯҳбаландкунандаи модарам сабаб шуд, ки ман рассом шавам».
Медонед, барои ба девор расм кашидан одатан ҷазо медиҳад, на ин ки мукофот медиҳад.
Кӯдак-ин мисли варақи тоза, ки қалам ба ӯ нарасидааст ва масъулияти волидайн, ки он варақро бо ҳусни хатӣ худ пур кунанд. Имрӯзҳо бисёр падару модарон барои фарзандони худ вақт надоранд. Онҳо кӯдаки худро яъке ин варақи тозаро ба кӯча ё телевизор медиҳад, ки онҳо пур кунанд. Кӯдак доимо ба маълумот мӯҳтоҷ мебошад ва барои ин назди падараш меояд, то ки ба саволҳои худ ҷавоб гирад. Дар ҷавоб мешунавад: «Рафта аз модарат пурс». Кӯдак ба ошхона рафта саволҳои худро ба модараш медиҳад. Модараш бо ҳамсояҳо банд аст: «Ба ҳуҷрат рафта бозӣ бикун».
Ва ин ҳодиса чанд бор такрор мешавад ва ин нишонаҳои аввали раъдшавӣ мебошад.
Дар асл чи рӯй медиҳад? Аз ҳама даҳшатнокаш он аст, ки кӯдак ба хуҷраи худ рафта ба саволҳои худ худаш ҷавоб медиҳад. Ӯ медонад, ки ба ғайр аз худаш ба саволҳои ӯ ҳеҷ кас ҷавоб намедиҳад, волидайн барои ӯ вақт надоранд. Барои бозии лото, назди телевизор нишастан, маҷала хондан, баҳс кардан вақт ҳаст лекин барои кӯдак вақт нест. Барои кӯдак ҳама чиз шавқовар аст, инчунин чӣ гуна ӯ ба ин дунё омадааст. Ман намедонам барои чӣ лекин дар Арманистон вақте, ки ба кӯдак фаҳмонидани мешаванд, ки ӯ чи гуна ба дунё омадааст худро ногувор ҳис мекунанд. Магар шумо зарбу масалеро намедонед: «Он чӣ таббии аст, шармовар нест».
Масалан вақте, ки ман хурдсол будам мехостам донам, ки ман чӣ тавр таввалуд ёфтаам.
Медонед, чи гуна ҷавобхои гуногунро ман гирифтам? Модарам мегуфт, ки маро дар ҷангал ёфтаанд. Бобоям мегуфт, ки маро лаклак овардааст, бибиам мегуфт, ки маро мавҷи баҳр ба соҳил партофтааст. Кӯдак фаҳмида наметавонад, ки кадом аз ақидахо дуруст аст ва одатан ҳамаи онро қабул мекунад. Ман чунин фикр мерондам: аз ин мебарояд, ки лаклак маро оварда ба баҳр афтонид, мавҷҳо маро ба соҳил бароварда ба ҷангал партофтаанд ва дар он ҷо маро пайдо карданд. Медонед, ки ҳақиқатро дар барои таввалуди худ чӣ гуна фаҳмидам?
Ман дар барои ин дар синфи сеюм бо таври бад ва иҳотаи бад фаҳмидам. Ва дар барои падару модари худ чизҳои бадро фикр кардам. Медонед ҳеҷ чизи шармовар нест, вақте, ки падар ба писараш ва модар ба духтараш фаҳмонида медиҳанд, ки чигуна онҳо таввалуд шудаанд. Тасавур кунед, ки шумо савол доред ва ба шумо дурӯғ мегӯяд ё умуман ҷавоб намедиҳанд. Дар гирду атрофи мо ҳама чизро маънидод кардан лозим.
Ва бо чунин раъдшавӣ як шахси ҷавон ба воя мерасад. Дар дигар хона як духтар чунин бо воя мерасад ӯро ҳам мефиристан, ки бо корҳои худ машғул шавад: «Рав, бозӣ кун, рафта дарсатро тайёр кун, намебини мо банд ҳастем». Барои чӣ фарзандон шудан лозим аст, агар барои онҳо вақт набошад? Ва чунин ҳолат духтар ба воя расида шахси болиғ мешаванд, баъд бо якдигар вохӯрда оиладор мешаванд. Шумо чи гуна фикр мекунед, дар оилаи худ дар барои мушкилиҳо ба якдигар мегӯянд? Албатта на ҷавон ва на духтар намегӯянд, барои он ки онҳо шахсони ба худ махкам мебошанд.
Ҷавон медонад, ки агар ӯ бо мушкилҳои худ тақсим кунад, ба ҳар ҳол занаш ба ӯ кӯмак намерасонад. Вай ҳатто ба Худо муроҷиат намекунад. Ӯ ҳамаи мушкилиҳоро дар доҳили худ ҳал мекунад, барои он ки ба саволҳои худ худаш ҷавоб диҳад. Духтар пурсида метавонад: «Барои чӣ ту ғамгин ҳастӣ? Бигӯй, ки бо ту чӣ рӯй дода додааст? Чӣ?». Ба ҳар ҳол ҷавоб намебарояд. Ин аллакай дар зери шуури ӯ гузашта шудааст.
Инчунин духтар низ мушкили дошта метавонад ва ҷавон мегӯяд: «Хайр ягон чиз гӯй, барои чӣ ту асабонӣ шудӣ? Бо ту ягон чиз рӯй дод?» Ба ҳар ҳол духтар бовари дорад, ки ҳеҷ кас ба ӯ ёри дода наметавонад.
(Агар ту имрӯз ин китобро хонда ҳис кунӣ, ки бо ту чуни ба ин ҳодиса рӯй дода истодааст бидон, ки Худо мехоҳад ба ту ёри диҳад, аз ҳамин рӯз сар карда қадаме бикун, то ки барои одамон кушода бошӣ. Чӣ гунае, ки ба ту душвор набошад ҳам, ба ҳар ҳол касеро ёфта ба ӯ дилатро холӣ кун, ба одамон бовар бикин, албатта гап дар барои одамони бовафо меравад, ки ба ту ёрӣ дода метавонад).
Акнун шумо мебинед, ки аз куҷо решаи раъдшави бармеояд. Ҳар гуна решаҳо аз оила сар мезананд, мисли он ки дарёҳо сарчашмаи худро аз кӯҳҳо мегиранд.
Мо бояд ба тарбияи фарзандони худ бо диқкат бошем. Чанд-то фарзанд тарбия карда метавонем, бояд ҳамон нафар таввалуд кунем. Тарбия кардан, на ин ки машқ додан мисли ҳайвонотро: бишин, бархез, об биёр он корро бикун.
Тарбия кардан-ин вақт ҷудо кардан мебошад. Агар ту вақт надошта бошӣ он гоҳ барои бадбахт кардани ягон кӯдак ту ҳак надорӣ.
Қарзи ҳар як падару модар-ин хушбахт кардани фарзандаи худ мебошад. Мо бовар мекунем, ки фарзандон ин тӯҳфа ва файз аз ҷониби Худованд мебошад, хоҳ писар ва хоҳ духтар бошад.
Волидайни мӯхтарам, вақти қимматбаҳои худро ба фарзанди қимматбаҳоятон тӯҳфа кунед ва ба наздики мебинед, ки шумо ба ҷаҳон шахси қимматбаҳоро тӯҳфа кардаед.
Дар барои раъдшавӣ гуфта қайд кардан зарур аст, ки дар мамлакати мо духтарҳо ба худ онро бисёртар ҳис мекунанд.
Агар аввалин духтар шавад ҳоло ҳеҷ гап намешавад, лекин агар дуюмаш ҳам духтар шавад….
Аллакай аз рӯзи таввалуд духтар фарзанди нохост мешавад. Дар хотир доред, сухан дар барои модарҳои оянде меравад, ки худашон низ фарзандор шуда ва онҳоро бо воя расонида муҳити хубро дар оила бояд фароҳам кунанд.
Лекин агар духтар раъдшуда таввалуд ёбад чи гуна миллат метавонад хушбахт бошад? Ана барои чӣ фарзандони мо чашмони ғамгин доранд. Духтар одатан нохост мебошад. Махсусан агар ин дуюмин ё сеюмин бошад, он гоҳ ин сабаби дилсӯзи мешавад. Медонед, дарднок аст дидани он ки бисёр афсӯс хӯрон худи занҳо мебошанд. Ин дар барои он мегӯяд, ки дар Арманистон занҳо худашонро ҳурмат намекунанд, дӯст намедоранд ва дар натиҷа ин беҳурмати нисбати онҳо аз тарафи мардон низ зоҳир мешавад. Дар Арманистон ҳолатҳое мешаванд, ки шавҳар ҳатто ба таввалудхона рафта занашро ба хона намеовард барои он ки ӯ духтар таввалуд кардааст.
Мо бояд бовар кунем, ки дар асл фарзандонро хоҳ писар ва хоҳ духтар бошад Худо ба мо медиҳад.
Ман ду духтар дорам. Ҷалол ба Худо барои онҳо. Агар сеюмаш шавад ҳам, ҷалол ба Худо. Агар панҷ-то шавад ҳам, ман ва занам айни ҳамон волидайни хушбахт мешавем. Тассавур мекунед, вақто ки духтари аввалинам Анна таввалуд шуд мо хеле хурсанд будем лекин назди ман баъзеҳо омада мегуфтанд: «Ҳеҷ гап не дуюмаш писар мешавад». Онҳо ба хурсандии ман шарик намешуданд, намедонам барои чӣ, лекин мехостанд, ки маро ором кунанд.
Медонед, чӣ ҳайратовар аст? Вақте, ки духтари дуюмам таввалуд шуд, ман аз ягон мард нашунидам, он чиро ки ба ман занҳо мегуфтанд: «Ҳеҷ гап не Худо ба ту писар медиҳад ва ҳамааш хуб мешавад». Ва ман фикр мекардам: «Чӣ хел зан фикр карда метавонад, ки духтар-ин хуб нест. Барои чӣ зан ҷинси худро қадр намекунад?»
Аз куҷо ин ақида, ки зидди духтарон аст? Мо доимо мебинем, ки дар ҷаҳон чӣ рӯй медиҳад. Вақте, ки волидайн калонсол ё бемор мешаванд. Писар метавонад онҳоро нигоҳу бин накунад, лекин духтар ҳама вақт дар назди падару модар аст. Ӯ онҳоро тарк намекунад ҳама вақт дар наздашон новобаста аз он ки ин волидайни худаш ё аз они шавҳараш бошад. Чӣ хеле кимебинем духтарро раъд крдан ин ахмақи аст. Пай бурдан мумкин аст, ки ҳатто тарбияи писарон ва духтарон аз ҷониби волидайн фарқ мекунад. Агар аввал духтар ва дуюмин писар таввалуд ёбад, номаълум бораи чӣ (лекин чунин ҳолатҳо вомехӯранд) ин писар эрка мешавад, он вақте, ки қадри духтар паст зада мешавад. Хоҳар бояд, ки ба бародари худ об диҳад, барои ӯ хизмат кунад чунки дар хона «шоҳ» таввалуд шуд. Ман боври дорам, ки мо нисбати фарзандон бояд фикрронии худро тақир диҳем, он гоҳ ин кӯдакон барои одамизод баракат мешаванд.
Агар кӯдак аллакай дар батн раъд шуда бошад…….. Оё шумо медонед, ки дар батн кӯдак қобилияти шинохтани падару модарашро дорад?
Чунин таҷриба гузаронида шуд; Зани ҳомиладорро ба хонаи торик гузошта чашмони ӯро бастанд, то ки дида натавонад ки аз наздаш кӣ мегузарад ва ба тапиши дили кӯдак назар мекарданд. Назди зан бо навбат бист мард омада меистоданд. Бисту якум падари кӯдак буд ва он лаҳза дили кӯдак тезтар ба тапиш даромад. Ӯ қобилияти ҳис карданро дар батни модар дорад.
Бисёр духтурон мегӯянд, ки аз нуқтаи назари илм ҷисми таввалуд ҳоло кӯдак намебошад. Ин дурӯғ аст. Мо зидди ба таври сунъи қаът кардани ҳомиладори (аборт) мубориза мебарем. Тақрибан баъд аз се соати ҳомиладоршавӣ дар батн кӯдаки зинда мавҷуд мебошад. Модар барои кӯдаки таввалуднашуда-муҳофизат мебошад. Агар дар бораи кӯдак суханҳои манфӣ гӯянд ӯ дар батн буда ҳисёти раъдшавиро аз сар гузаронида метавонад. Ҳолатҳое мешаванд, ки волидайн таввалуди писарро интизоранд, лекин духтар таввалуд мешавад. Модар дилхунук гашта ҳатто пайхас намекунад, ки ба кӯдак ҳисётӣ раъдшавиро «мерезад». Инчунин падар овзи кӯдакашро шунида ба назди ӯ нарафта дод мезанад; «Ӯро хомӯш кун, ки ман овозашро нашунавам». Духтарак барои волидайн нохост мебошад. Чунин ӯ ба воя расида, ҳангоме ки ба роҳ медарояд хизматгори хонадон мешавад; об мебиёрад, амрҳои дигар аъзоёни оиларо иҷро мекунад. Ҳама ба ӯ хашми худ ба ӯ ҳамла мекунанд. Агар падару модар ба хона бадҷаҳл баргарданд, ин кӯдак албатта барои ҳама чиз айбдор мешавад. Агар ӯ ягон чизро пурсад тамоми ғазаб ба ӯ меборад. То он дараҷае мерасад, ки духтарчаи хурдакакро «девона» мегӯянд. Ӯ аз ҷониби падараш бӯса намегирад, ҳатто вақте, ки ӯ аз сафар баргардад ҳам ба духтари худ нигоҳ намекунад. Духтарак аз хурдсолиаш камбудии муҳаббатро аз ҳис мекунад. Имрӯз дар замони мо ҳамаи фоҳишаҳо, зинокорон ва ҷинояткорон натиҷаи раъдшави ва норасогии муҳаббат мебошад. Онҳо ақалан муҳаббати ягон мардро доро шудан мехоҳанд. Мекобанд ва ягон бор онро намеёбанд. Албатта вақте, ки мо назди Худо меоем чунон муҳаббатро мегирем, ки моро пурра ва қонеъ мегардонад, лекин Худо мехоҳад, ки ҳар як шахс муҳаббати падар яъне муҳаббати волидайнро аз сар гузаронад. Фарзандони раъдшуда-ин қурбонӣ ин ҷаҳон мебошанд. Дар аксарияти ҳолатҳо ин фарзандоне, ки таввалуди онҳоро намехостанд ва имрӯз сафи онҳо зиёд мебошад. Дар барои фарзандон гуфта мо дар барои ояндаи худамон, ояндаи мамлакат, ояндаи калисо, ояндаи одамизод, оянда роҳбарон мегӯем. Ба қариби онҳо ҷои моро ишғол мекунанд. Мо имрӯз киро бо пой мегузорем?. Киро бо имрӯз бо воя мерасонем? Духтарони раъдшуда ва писарони эркаро?….. Ман бовар мекунам, халқе ҳаст- масеҳиён, ки бояд ин лаънати аз ҷониби шайтон омадаро боздоранд. Албатта одамон намефаҳманд, ки чӣ гуна онҳо ба фарзандони худ рафтор мекунанд, лекин ин далеле ки мо назди он меистем. Ту андомҳои ғамгинро мебинӣ ва дар ҳайрат мондан лозим нест, ки арманиҳо чашмони ғамгин доранд. Ман намедонам барои чӣ лекин дар суръатҳо кӯдакон ҳама вақт бо чашмони ғамгин мебошанд. Мумкин ту фикркуни, ки арманиҳо чашмони қамгин доранд бо сабаби он ки геносид (несту нобуд кардани халқ, миллат) аз сар гузаронидаанд. Не, на аз барои ин аст. Ва ба ғайр аз ин геносид-ин вақте, ки кӯдак ҳаст, лекин волидайн ӯро ба назар намегиранд.
Пеш аз он ки давом диҳем ман ба ту хонандаи азиз муроҷиат карданиам агар ту ҳискуни, ки дар ҳаёти худ раъд шуда буди ва бачагии ту ба ин монанд буд аз ту хоҳиш мекунам, ки ҳамаи инро хонда дар худ махкам нашав. Ҳаракат бикун, ки худро барои одамон бикушои. Ҳаракат бикун, ки барои шавҳарат, занат ё дӯсти худ кушода бошӣ. Кушода шав, дилатро холӣ бикун. Дар дохили худ азоб кашиданро бас кун.
Ман фикр мекунам, ки гиряҳои ҷамъ шударо, ки туро пур мекунад бояд озод кард. Кушода шав, барои он ки имрӯз ҳаёти нав сар мешавад. Агар волидайнат туро раъд карда бошанд, ҳаракат карда онҳоро бубахш. Боварӣ дошта бош, ки онҳо намефаҳмида бо ту чунин рафтор мекарданд. Агар мо масеҳӣ намебудем ва Худоро намешинохтем мо ҳам аз ҳамаи ин бехабар монда мисли онҳо рафтор мекардем. Азбаски мо дар худо ва Ӯ ба мо ҳикмат медиҳад мо ҳамаи инро аз худ мекунем. Худо дар назди мо оламро мекушояд, то ки мо дар он сарфаҳм рафта дуруст амал кунем.
Тарбияи фарзандон
Акнун дар бораи тарбияи фарзандон сухан меронем. Чӣ гуна онҳоро мувофиқи Каломи Худо тарбия кунем?
Дар аввал волидайн бояд танҳо бо суханҳои мусбӣ фарзандони худро ба пеш равона кунанд.
Дар хотир доред ман қайд карда будам, ки баъзе волидайн ба фарзандони худ мегӯяд; «Хайр, бирав, ҷудо шав, ман мебинам, ки ту чӣ хел бе мо зиндагӣ мекунӣ?». Падар ба ҳаёти писараш эътирофмекунад; «Дар бораи як бурида нони қоқ орзу мекунӣ». Чӣ гуна пешгӯии пурқувват ба ҳаёти кӯдак!. Агар ин муҳаббати падари бошад, он гоҳ миллати мо аз муҳаббат маҳрум аст. Баракати падар, баракати волидайн аҳамияти калон дорад. Ман бисёр мисолҳоро аз Китоби Муқаддас оварда метавонам, ки онҳо равшан нишон медиҳанд, ки баъд аз баракати волидайн бо фарзандон чӣ рӯй медиҳад. Волидайни арманиҳо бошанд дигар хел рафтор мекунанд. Ба писарони зан гирифта ва аз онҳо ҷудо шудаи худ баракати охиринро дода мегӯянд. «Равед, фардо гурусна монда бармегардед!». Волидайн бояд, ки фарзандони худро баракат диҳанд; «Бо осоиштагӣ бирав. Аз дасти мо омад, аз дасти шумо ҳам меояд. Мо ҳаёти шуморо баракат медиҳем, таслим нашавед, ҳамааш хуб мешавад». Шахсан ман фарзандони худро чунон тарбия медиҳам, то ки онҳо ба воя расида шахсони мустақил шаванд. Ва ман ҳаракат мекунам, ки онҳо натанҳо маро балки Падари осмони худро низ шиносад.
Ман дӯсти ҳаёти онҳо буда ба онҳо қадру қиммати ҳаётро нишон додан мехоҳам. Ман мехоҳам, ки онҳо оиди ҳар масъала бо мо ростқавл бошанд.
Ман боварии онҳоро нигоҳ доштан мехоҳам, то ки дар вақтҳои мушкил онҳо дар худ махкам нашуда бевосита назди ман омада ба ман ҳамчун ба дӯсти худ гуфта тавонанд. Волидайн дар ҳар ҳолат бояд, ки фарзанди худро дуруст фаҳмида тавонад. Боре вақте, ки духтари калониам панҷсола буд, ӯ ба ман гуфт, ки ошиқ шудааст.
Чӣ хел шумо фикр мекунед, ман ба хашм омада гуфтам: «Ҳоло барвақт аст, дар барои чӣ ту мегӯйи?» Не. Як қадами нодуруст ва боварии ӯро ман аз даст медодам. Ман оддӣ ҷавоб додам: «Чи хел хуб. Агар ту дӯст дошта тавонӣ ин хеле хуб. Бо ту ҳама чиз хуб. Ман барои ту хурсанд мебошам».
Лекин медонед, ӯ панҷсола буд (Росташро гӯям инро шунида ман наонқадар хурсанд будам). Баъд ман дар барои муҳаббати худ нақл кардам, чи хел дар хурдсоли ошиқ шудам. Дар барои аввалин муҳаббати кӯдакии худ нақл кардам. Баъд нақл кардам, ки то ба воя расидан чунин ҳисёти ошиқи такрор мешавад.
Ӯ аз ман пурсид: «Дадо, азони ман ҳам ҳамин тавр мешавад?». Ман ҷавоб дода гуфтам: «Ба фикирам, ҳа».
Баъд мо сӯҳбатро давом додем. Баъд шавқманд шуда пурсидам, ки ин писарбача кист ва маслиҳат карда хислатҳои хуби ӯро дида баромадем. Баъд ман ба духтарам фаҳмонида додам, ки муҳаббат чист, ки ин масълумияти калон, ки ба он одам бояд тайёр бошад ва тайёри дар тӯли солҳо давом меёбад.
Баъд аз он ки духтарам дар барои қадру қиммати муҳаббат гӯш кард ба ман гуфт: «Агар росташро, гӯям ман фикр мекунам, ки барои ман ҳоло барвақт аст». Баъд аз якчанд рӯз гуфт: «Не, дадо ман дигар дӯст намедорам».
Ва медонед, ин гуна тӯҳфаҳоро фарзандонамон доимо ба мо меоранд. Мо волидайн барои дуруст фаҳамонида додан бояд, ки тайёр бошем ва фарзандонамон маро аз худ дур накунем. Мо набояд, ки бо фикронии танг ва ғазаби худ роҳе, ки сӯи фарзанд мебарад бандем. Зеро Худое, ки Падари мо мебошад ҳеҷ гоҳ роҳи маро намебандад. Мо ба ӯ оиди ҳар масъала муроҷиат карда метавонем. Исо омад ва роҳро назди Падар кушод. Биёед мо ҳам роҳҳои боварии ба назди фарзандонам мебурдаро набандем.
Хело муҳим, ки волидайн фарзанди худро фаҳмад ва ӯро чи хел, ки ҳаст қабул кунад. Вақте, ки ӯ хурсанди мекунад, то ӯро бояд хурсанд қабулкунӣ, вақто, ки ӯ ошиқ шудааст, шахси ошиқро қабул кун. Ҳамчун волидайн, мо масъул ҳастем, ки ба фарзандони худ чизҳои муҳимро нишон дода ба онҳо дӯст бошем.
Тарбияи дуруст ва нодуруст вуҷуд дорад. Тарбияи нодуруст вақте, ки кӯдак ба ҳоли худ гузашта шудааст. «Чӣ , ки хоҳӣ бикун. Ба куҷои, ки хоҳӣ бирав». Фарз мекунед, ки ӯ мегӯяд: «Намедонам, ки акнун чӣ кор кунам, ин хел ё он хел?». Ту мегӯи: «Бирав, ҳар чӣ хоҳӣ бикун» «Намедонам, чӣ бихӯрам инро ё онро» -«Бирав ҳар чӣ хоҳӣ бихур». Агар кӯдак омада гӯяд: «Намедонам, ки чӣ бихӯрам, афлесун ё себ?». Ҷавоб додан мушкил аст: «Ман фикр мекунам, ки ҳозир барои ту себ фоиданок аст, барои он ки вай чунин витаминҳоро дар худ дорад». Ту қадру қимматашро нишон медиҳӣ. Ӯ мегӯяд: «Намедонам, чӣ кор кунам ин ё онро?». Бубин, ки дар чӣ афзалият аст ва онро маслиҳат деҳ. Тарбияи дуруст он, ки вақте ба кӯдак қадру қимматро дар ҳаёти ӯ нишон медиҳанд. Ту набояд кӯдакро водоркунӣ, ки он корҳоеро кунад, ки аз куввати ӯ боло аст. Баъзе волидайн аз рӯи худпарастии худ кӯдакро маҷбур мекунанд, ки аз се солагиаш ҳарфҳоро аз худ кунад, аз панҷ солагӣ дар пианино бозӣ кунад, дар шаш солагӣ рақс кунад. Албатта сабаби ин ба дигарон нишон додан мебошад. Волидайнфахр кардан мехоҳад, ки кӯдаки ӯ чунон хуб аст ва дар айни ҳол хубии худро нишон додан мехоҳад.
Ин дуздӣ аст. Волидайн аз кӯдак давраи бачагиашро медуздад. Барои чӣ волидайн он қадар саросема? Дарднок аст дидани он ки кӯдакони се-чор сола дар колеҷҳо ҳарфҳоро аз ёд карда азоб мекашанд, дар айни ҳол онҳо бозӣ кардан мехоҳанд.
Дӯстони азиз, як чизро фаҳмед давраи бачагии ин кӯдак дигар такрор намешавад. Ин бадбахти аст вақте, ки кӯдаки ту давраи бачагиашро гум мекунад. Баъзеҳо мегӯянд; «Бачаи ман болаёқат (вундеркинд) вай бо бозичаҳо бозӣ карданро дӯст намедорад, ӯ масъалаҳоро ҳал кардан мехоҳад». ӯро аллакай то ба ин оварда расонидаанд. Ҳама чиз аз тухми бар меояд. Ин кӯдак дер ё барвақт бо бозичаҳо бозӣ мекунад, лекин ин аллакай дар калонсоли рӯй медиҳад. Ба ҷои туфангчаи бозичагӣ ӯ бо аслиаш бозӣ мекунад, айни ҳамон бо дигар чизҳо низ мебошад. Мо бояд иҷозат диҳем, ки кӯдак кӯдак бошад, ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ӯро аз ин ҳаловат бурдан маҳрум созад. Одатан волидайн фарзандони худро аз ҳаловати бачагӣ маҳрум месозанд. «Дод назан, надав, ҷасту хез накун». Ба хона меои бача ҷасту хез мекунад: «хомӯш нишин, дод назан, ҷасту хез накун«. Ба боғчаи бачагон дар он ҷо мурабиён: «ҷасту хез накунед, меафтед, дод назанед». Ба хона бибиаш меояд: «дод назан ҷасту хез накун».
Саволи ба миён меояд: кай кӯдак ҷасту хез кунад? Кай дод занад?
Боре ман пайхас кардам, ки духтари хурдиам дар хона баланд дод мегӯяд, ман ӯро ба мошин савор кардаам ва мо берун аз шаҳр рафтем. Ӯ маро пурсид:
Дадо барои чӣ мо бо ин ҷо омадем?
Дар ҷавоб гуфтам.
Омадем, то ки дод гӯем-ва бо овози баланд дод задам. Ва духтарам низ дод мезад ва баъд ханда карда пурсид:
Дадо барои чӣ мо дод мегӯем?
Ҷавоб додам:
Барои он ки ту ҳамин тавр мехоҳӣ.
Ӯ ба ман гуфт:
Росташро гӯям , ин хеле хуб-ва мо бо ӯ боз бисёр дод задем.
Баъд маро пурсанд: «Барои чӣ фарзандони ту қобил ҳастанд?» медонед барои чӣ? Барои он ки ман онҳоро аз ҳаловат маҳрум намекунам.
Яке аз шиносони ман боре ба калисо омада гуфт: Гӯш кун, ҳамааш хуб, бо тамкин, лекин баъзеҳо маро ба васвасе меандозанд.
Ман дар ҳайрат мондам:
Ту чиро дар калисои мо дидаӣ?
Ӯ ба фаҳмонида дод:
Ман даромада ба қафо назар андохтам дар он ҷо духтари бисту шаш-бисту ҳашт сола истода бо овози баланд дод мезад. Ҳама оромона дуо мегӯянд вай бошад дод мезанад, ман аз ин тарсидам.
Дар ҷавоб ман гуфтам:
Биё ба ту фаҳмонида медиҳам: ба ин духтар дар давраи хурдсолаш дод заданро манъ карданд. Ҳозир вай ба калисо омадааст, ки ҳама чиз иҷозат дода шудааст, ҳозир ӯ озод мешавад. (Албатта гап дар барои дуои баланд намеравад, барои он ки ҳамаи мо баланд дуо мегӯем. Ман дод заданҳои баланди бе маъноро дар назар дорам). Акнун вай озод мекунад он чӣ, ки аз кӯдакиаш ба ӯ манъ мекарданд. Агар ту ба кӯдаки худ ҷасту хезро манъкунӣ, вақте, ки ӯ як-дусола пойҳои ӯ мехоҳад ҷасту хез кунад. Баъд аз якчанд вақт ӯ калонсол мешавад, ва кай ӯ ҷасту хез кунад? Барои чӣ ӯро ғорат кунем? Ту мегӯи: «Ҳамсояҳо шикоят мекунанд». Ба он ҷое бар, ки ҷасту хез кардан мумкин аст, бигзор чи қадаре, ки хоҳад ҳамон қадар ҷасту хез кунад, то даме, ки сер нашавад. Бо ӯ шароитҳои лозимиро созед. Аз кӯдак давраи бачагиашро надуздед. Мо дар барои он мегӯем, ки аз кӯдак давраи бачагиашро дуздидан лозим нест, ва волидайн аз ҳама хуб на он аст, ки кӯдак дар шаш солагӣ навишта ва хонда метавонад балки он кӯдаке, ки ӯ бо ҷавониаш қаноатманд мебошад он вақте, ки давраи он шудааст, ки худаш волидайн гардад. Ин муносибати дуруст мебошад. Аз ин мебарояд, ки ту бояд кӯдаки худро бо давраи бачагӣ таъмин кунӣ. Ягон бор фикр накунед, ки фарзандон ҳамин хел бояд зиндагӣ кунад, ки чӣ хел шумо зиндагӣ кардед. Онҳо ҳоло ба воя нарасиданд. Шумо синну соли онҳоро аз сар гузарондед онҳо ба синну соли шумо ҳоло нарасиданд. Аз ин мебарояд, ки онҳо ӯҳдадор нестанд, ки шуморо фаҳманд, шумо ӯҳдадор ҳастад, ки онҳоро фаҳмед. Медонӣ, ба кӯдаки панҷсола мушкил аст, ки падари сивупанҷсоларо фаҳмад, нисбати он ки падари сивупанҷсола писари панҷ солаи худро фаҳмад.
Биёед якум номаи Тимотиюс боби 5-уро мехонем. Мо дар барои бепадари сухан меронем, вақте, ки волидайн диқкатро ба кӯдаки худ ҷамъ намекунад. Барои-чӣ дар Арманистон зери калимаи «ғам хӯрдан» фақат таъминот бо либос ва хӯрок фаҳмида мешавад. Агар фақат хӯрокро ғамхорӣ шуморем… Ғамхорӣ -ин инчунин муносибат. Ғамхорӣ ин таъмин кардани ҳисётҳои рӯҳони, ҷони ва ҷисмони инро аз хотир набароред. Боре вақте, ки ман дар Швесия будам маро ба хӯроки нисфирӯзи таклиф кардан. Ман бо хӯҷаини хона сӯҳбат мекардам. Мо сӯҳбати шавқовар доштам он вақте, ки писари ӯ бо як савол назди мо омад (ӯ аз бозичаи лего чизе месохт ва омад, ки аз падараш пурсад). Падар узр хоста баромада рафт то ки ба писараш фаҳмонида диҳад. Дар чунин ҳолатҳо аз рӯи «одоби» арманӣ мо мегӯем: «Рафта коратро бикун, то он даме, ки меҳмон наравад». Ӯ рафта саволи писарашро ҳал карда ба ӯ вазифаи наверо дод. Медонед, дар назари аввал ин ба ман ҳайратовар намоид лекин баъд ман фаҳмидам, ки ин муносибат дурусти волидайн мебошад. Акнун вақте, ки мо худамон фарзандор шудем, гап дар сари он нест, ки чи гуна гурӯҳи дӯстони худро нигоҳ дорем лекин дар он аст, ки чи гуна фарзади худро дуруст тарбия кунед.
«Аммо агар касе ба хешу табораш ва алалхусус ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимонон бадтар аст». (1 Тимотиюс 5:8).
Чӣ хеле, ки ту масеҳии хуб набошӣ, агар дар барои оилаат ва фарзандонад ғамҳорӣ накунӣ мувофиқи Каломи Худо ту аз имон гаштаи ва баъдтар аз беимон ҳастӣ. Ин он маъноро дорад, ки аз беимон бисёртар ҳосил интизор шудан мумкин аст нисбати ин гуна имондор. Мумкин ин имондор дар калисо хуб рафтор кардааст ва ҳама мегӯяд, ки чи гуна ӯ имондори хуб мебошад, лекин ба хона омада оилаи худро бесарамҷон мекунад. Ӯ дар барои оилааш ғамхори намекунад ба ӯ на зан ва на фарзандон лозим нестанд. Калом мегӯяд, ки ӯ аз беимон ҳам хатарнок аст. Ӯ шахсе, ки аз имон гаштааст. Худо моро даъват мекунад, ки мо аз болои хона ва оилаи худ назорати волидаёниро дошта бошем. Муҳити хуб дар оила, на бо мебели хуб, на бо таъмир, на бо дигар ороишҳо сохта намешавад. Муҳити хуби оила бо муносибатҳои хуб ва ҳузури Рӯҳи Худо сохта мешавад.

Қобилият.
«Бачаро бо роҳе ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо; пир шавад ҳам, аз он дур намешавад». (Масалҳо22;6)
Каломи Худо мегӯяд: Бачаро дар роҳе, ки ба ӯ муввофиқ аст тарбият намо, на ин ки ба роҳе, ки ба ту муввофиқ бошад. Мо бояд қобилияти фарзандонамро аён кунем ва ба ин қобилият мувофиқ маълумот диҳем.
Духтари калонии ман ба либосҳо шавқ дорад. Ӯ ба ман маслиҳат медиҳад, ки чӣ тавр либос пӯшам, кадом рангҳо мувофиқ аст. Агар бо муруӣ замон шавқи ӯ тағир наёбад аз эҳтимол дур нест, ки ӯ касби чевариро интихоб мекунад. Ман ӯро маҷбур намекунам, ки духтур шавад ба мамлакати мо махсусан коргарони телевизон, барандаҳо мӯҳтоҷи чеварони хуб мебошад. Мо одатан шоҳиди он мешавем, ки фарзандон бо рағбат бозӣ мекунанд, мо волидайнон бошем онҳоро маҷбур карда мегӯем: «Нишаста доиро навоз». Кӯдак итоат мекунад, лекин афсӯс ӯ доирачӣ намешавад ва навохтани доираро аз худ намекунад. Доира душмани ӯ мегардад, барои он ки вай ӯро аз бозичаҳояш махрум кард. Намедонам барои чӣ, лекин бисёриҳо мехоҳад, ки фарзандони онҳо асбобҳои мусиқиро навохта тавонад.
Ман ҳама вақт савол доштам: Барои чӣ дар Арманистон конструкторони хуб, мошинсозан, моделерҳо нестанд (агар бошанд ҳам, машҳур нестанд). Олмониҳо ҳар сол як модели нави мошинро пешкаш мекунанд. Мо фақат як моделро дорем «Ер-АЗ» ва то имрӯзҳо хомӯши давомонок боқӣ мондааст. Дар давлатҳои хориҷи агар кӯдак расмӣ мошин кашиданро дӯст дорад ба ӯ мегӯянд: «Расмкаширо давом деҳ». Дар мо бошад чунин кӯдакро ҷароҳ мекунанд, ошпазро мусиқачӣ мекунанд. Росташро гӯям ман ба ошпазӣ шавқ дорам, барои ҳамин он дар зери назари ман мебошад. Таомҳои нави армани хеле кам пайдо мешавад. Агар рӯйрост гӯем, ошхонаи армани бо таомҳои гуногун бой намебошад.
Мумкин ту гӯи «долма чӣ?» ин хӯракро бисёр хақҳо тайёр мекунанд. Ту мегӯи «хаш»- чӣ ин хӯроки миллии мо аст. Агар ин азони мо бошад ҳам, дигар миллатҳоро бо «хаш» дар ҳайрат намегузорӣ. Ту мегӯи «кабоб» чӣ. Кабоб ин таоми шарқи аст. Мегӯи «бастурма?». Оё дар ҳақиқат ин калимаи арманӣ аст? Не. Ба давлатҳои Арабистон Туркия равед он ҷо бастурмаи ҳақиқиро мебинед. «Суджух» пайхас кунед, ки ин калима ҳатто садои арманӣ ҳам надорад. Ба давлатҳои мусулмони равед ва дар он ҷо суджухи ҳақиқиро мебинед. Кӯфта, кабоб, лағмон оё ин номҳои арманӣ мебошад?
Ба хориҷа сафар кунед, ки дар он ҷо ҳақиқиашро тайёр мекунанд ва аз он ҷо ин таомҳо гирифта шудааст. Мо таомҳои гуногунро надорем сабаби ин дар он аст, ки мо шахсони маҳорати ошпази доштаро маҷбур мекунем, ки мусиқачӣ, духтур ё ҳуқуқшинос бошанд. Мумкин аз хурдсоли ба онҳо ошпази мақул бошад. Вақте, ки модар дар ошхона кор мекард дар наздаш истода мегуфтанд: «Мумкин-мӣ ман боз кунам». «Мумкин-мӣ ман ин корро кунам». Дар ҷавоб модар мегуфт «Рафта дигар корро бикун». Ва назди пианино мешинондан. «Ту бояд навохтани фортопианоро аз худ кунӣ». Ана барои чӣ мо ошпазонро надорем. Ошпазӣ моҳир ин мукофот барои миллат мебошад. Миллатро на танҳо маданият балки ошхонаи милли низ машҳур мекунад. Бисёриҳо бо маданияти Хитой шиносои надоранд, лекин таомҳои Чинои ба бисёриҳо маълум аст.
Чӣ? Фарзанди ман ошпаз шавад-мӣ? Барои чӣ не? Тасавур бикун ки фарзанди ту чунон ошпаз мешавад, ки ҳар моҳ дар бо маҷалаю телевизион таоми навро пешкаш мекунад. Ин фикронии эҷодкор, ӯро бошад назди пианино мешинонад. Мо қобилияти кӯдаконро медӯзем. Дар хотир дорад Каломи Худо мегӯяд: «Ҷавонро ба роҳҳи ба ӯ муввофиқ гузор». Ва ин тарбият бояд, ки бо қобилияти ӯ муввофиқ бошад. Ман як ҷавонро медонам, ки аз шаш солагиаш сар карда тамоми номгӯи доруҳоро медонад. Дар ҳаштсолагиаш пизшик (укол) мекард. Тамоми дикқати ӯ ба соҳаи тиб равона шуда буд. Лекин афсӯс, ки ин ҷавон ба донишгоҳи тибби дохил шуда натавонист сабаб дар норасогии маблағ буд. Медонӣ, ки дохил шуд? Он касе, ки маблағи лозимаро ё ки ба гурӯҳи тиҷорати хондашро дошт.
Мумкин, ки ин шахсони ҷавон-ошпаз, конструктор, чеварҳои оянда? …..лекин волидайн хостанд, ки онҳо ҷарроҳ шаванд. Масъулияти волидайн дар он аст, ки қобилияти фарзанди худро дида ва онро кушоянд. Бо худпарастии волидайни худ мо роҳбари карда, мо иқтидори мамлакатро аз даст медиҳем. Боре ман мошини худро барои таъмир кардан бурдам. Усто кор карда ва якбора бо ман сӯҳбат мекард: «Таги мошин бисёр ифлос аст. Шумо ба куҷо рафтед?» ман ба ӯ ҷавоб додам: «Бо ки он ҷо рафтед?». Ман боз ҷавоб додам «Шумо дар он ҷо чӣ кор мекардед?». Дар вақти таъмири мошин ӯ тамоми рӯзи кории маро фаҳмида гирифт. Медонед ман фикр кардам, ки дар ӯ қобилияти муфатиш гузошта шудааст.
Лекин сад афсӯс, ки муфатиши пуриқтидор мошинҳоро таъмир мекунад, қасобон бошанд муфатиш шуда кор мекунад. Мо қобилияти худро истифода бурда наметавонем, барои он ки миллат бо Каломи Худо шинос нест. Бисёр шахсон «шикорчии» дипломҳо мебошанд. Дипломгири кори онҳо гаштааст. «Чӣ хел мумкин, ки бачаи ман пианино навохта натавонад. «Фарзанди ман … чӣ хел мумкин, ки фарзанди ман…?». ҳамон замоне, ки пул пайдо мешавад, мо чунин фикр мекунем: «Фарзанди ман бояд, ки ба факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил кунад».
Одатан пулҳо қобилияти фарзандони моро медузданд. Ӯ наметавонад он касе, шавад, ки бояд мешуд. Мумкин, ки ӯ барои летчик шудан таввалуд ёфтааст, ин дар ӯ гузошта шудааст, лекин пулҳо ӯро архитектор мекунанд. Калом мегӯяд: Фарзанди худро дар аввали роҳаш тарбият намо, яъне аз хурдсоли мебошад. Дикқат намо, ки фарзанди ту чиро дӯст медорад.
Ба наздики як шахсе, ки писараш ҳайвонот ва автомошинаҳоро дӯст медорад ба ман гуфт: «Ман мехоҳам муаллимро киро кунам, то ки ба писарам программа созиро ёд диҳад» (Ба он нигоҳ накарда, ки писари ӯ ба компютор ҳеҷ шавқу рағбат надорад). Фикр карда мегӯи: «Худовандо, ҳайванот, мошинҳо ва программасози чӣ қадар соҳаҳое, ки аз якдигар дур мебошанд»
Биёед фарзандонро мувофиқи қобилияти онҳо таълим медиҳем ба он чизҳое, ки онҳо шавқу рағбат дорад. Қобилияти фарзанду худро маълум бикун. Ин вазифаи волидайн мебошад.
Гуфтан мехоҳам, ки агар кӯдаки ту сартарош шавад ин бад нест. Ҳар одам инро мехоҳад ё не ба хизмати сартарош мӯҳтоҷ аст. Ягон бор ба ӯ нагӯй «Ту одам нашудӣ». Чӣ маъно дорад одам нашудӣ? Ман гуфтан мехоҳам, ки ин ту ёрдам надоди, ки ӯ одам шавад. Медонӣ, чӣ аз ҳама чизи нохӯш барои фарзандон? Вақте, ки волидайн дигар кӯдаконро ба намуна мегузорад: «Ана бубин, ки чӣ гуна фарзандони Вардан дарс мехонанд. Ба бачаҳои Сурум назар бикун… ту чӣ?» Ва кӯдак ҳама вақт худро паст ҳис карда фикр мекунад, ки дигарон аз ӯ беҳтар мебошанд. Имрӯз бисёр волидайнҳои арманӣ чунин мегӯянд: «Ту одам намешавӣ. Аз ту ҳеҷ чиз намебарояд». Бо ин суханон фарзандони худро «метарсонанд». Фарзанди касе баҳои аъло мегирад, азони ту хӯроки болаззат тайёр мекунад, хонаро тоза рӯбучин мекунанд ва мумкин, ки он аълохон ин корҳоро карда наметавонад.
Аз хурдсоли кӯдакро дар бандҳо нигоҳ медоранд, баъд вақте, ки ба воя мерасад ҳангоми зангири ба интихоби ӯ таъсир мерасонанд; «Ту ӯро ба зани намегирӣ». Вай мегӯяд: «Ман Каринаро дӯст медорам». «Не, ту Анаидаро ба зани мегирӣ. Мо падару модари ӯро нағз намешиносам». Ва ин ҷавон Анаидаро ба зани мегирад. «Ба қариби кӯдак таввалуд мешавад…. ин либосро напӯшон он либосро пӯшон…». ва шумо мӯхтарам волидайнон дар ҳаёти писар ва келин худ ҳукмфармо мешавед. Шумо чунин суханонро шунидаед. «Барои он ки модарамро хафа накунам, барои он ки падарам инфаркт нашаванд ман ба ин донишгоҳ дохил шудам. Ва чунин ҳодиса нисбати муносибати фарзандон ва волидайн вуҷуд дорад. «Модари ман писарро мехост, падари ман писарро мехост барои ҳамин ман ба дунё омадам, то ки онҳоро хафа накунам. Модарам маро парпеч кардан намехост. Барои он ки бибам хафа нашавад маро парпеч карданд. Баъд вақте, ки ман калон шудам модарам гуфт, ки ман ба ин боғчаи бачагон меравам, падарам мегуфт, ки ман ба боғчаи бачагони русӣ биравам. Барои падарамро ба хашм наовардан ман ба боғчаи бачагони русӣ рафтам. Баъд ман бо дӯстони худ қарор кадам, ки бо техникаи ҳозири замон шинос шавам ва ба гурӯҳи техники ҷавон равам. Лекин модарам гуфт, ки ман ӯро то ба инфаркт оварда мерасонам. Падарам гуфт, ки ман ӯро ба хашм меоварам. То ки падарамро ба хашм наорам ва модарамро ба инфаркт нарасонам ман ба гурӯҳи мусиқӣ рафтам. Баъд ман хостам, ки бо дӯстони худ ба сайру гашт рафта як рӯзро дар ҳавои тозаи ҷангал гузаронам. Модарам гуфт, ки ман ӯро то ба инфаркт оварда мерасонам падарам гуфт, ки ман ғазаби ӯро меоварам. Барои он ки модарамро то ба инфаркт оварда нарасонам, ва ғазаби падарамро набиёрам ман нарафтам. Ман бо воя расида баъд аз тамом кардани мактаб ба донишгоҳи политехникӣ дохил шуда программист шудан мехостам: ман техникаро дӯст медоштам. Модарам гуфт, ки ман ӯро то ба инфаркт оварда мерасонам, падарам гуфт, ки аз ман рӯй мегардонад, барои он ки ман бояд духтур шавам. Барои он ки модарамро ба инфаркт нарасонам, ва падарамро бадбахт накунам ман ба донишгоҳи тибби дохил шудам. Баъд аз хатми донишгоҳ ман ба як духтар ошиқ шуда ӯро бо волидайни худ шинос кардам. Падарам гуфт, ки агар ман ӯро ба зани гирам вай аз ман рӯй мегардонад. Модарам гуфт, ки ман ӯро то ба инфаркт оварда мерасонам. То ки хашми падарамро наорам ва модарамро то ба инфаркт оварда нарасонам ман бо ин духтар ҷудо шудам. Бо маслиҳати онҳо ман дигар духтарро ба зани гирифтам. Ман фикр мекардам, ки алоҳида зиндагӣ карда оилаи худро барпо карда дар охири охирон мустақил мешавам. Модари ман гуфт: «Фақат баъд аз марги ман». падарам гуфт, ки тамоми умр ғами маро мехӯранд акнун бошад ман тайёрам, ки онҳоро партоем. Ман фаҳмидам, ки ман аз онҳо қарздор мебошам. Барои он ки модарам намирад ва қарзро назди падари худ соф кунам ман ба хонаи онҳо мондам.
Ҳозир ман шастсола мебошам. Танҳо дар хона нишастаам. Ман оила надорам. Аллакай се моҳ аст, ки ба ман нафақа меоранд ман дигар кор надорам. Ман танҳо. Тамоми умр ман чунон зиндагӣ мекардам, ки модарамро ба инфаркт оварда нарасонам ва падарамро ба хашм наорам».
Волидайн фарзандони худро то ба ин гуна фоҷиа оварда расонида метавонанд.

Оё фарзандонро ҷазо додан мумкин аст?
Ин савол дар тамоми ҷаҳон муҳокима карда мешавад. Оё фарзандонро ҷазо додан мумкин аст? Дар Амрико ва давлатҳои Аврупо ба волидайн барои ҷазо додани фарзандон иҷозат дода нашудааст, ҳатто кӯдакон ҳуқуқ доранд, ки аз болои рафтори волидайни худ ба суд муроҷиат кунанд. Лекин ин ба ҳақиқати Китоби Муқаддас рост намеояд. Барои чӣ шайтон намехоҳад, ки волидайн фарзандони худро ҷазо диҳанд. Шайтон инро намехоҳад аз барои он ки агар волидайн ҷазо надиҳанд ахмақии кӯдак аз ӯ дур намешавад.
«Аз бача ҷазоро дареғ надор; агар ӯро бо чӯб занӣ, намемирад: Ту ӯро бо чӯб мезанӣ, ва ҷони ӯро аз дӯзах халос мекунӣ». (Масалҳо 23:13-14)
Каломи Худо мегӯяд, ки ту ӯро бо чӯб ҷазо дода ҷони ӯро аз дӯзах раҳо медиҳӣ. Чӣ гуна кӯдакро бояд ҷазо дод?. Ин хеле саволи муҳим аст. Дар аввал, кӯдакро ҷазо додан мумкин нест ҳангоме, ки ту дар ғазаб ҳастӣ. Ту ҳақ надорӣ, ки ғазаби худро ба кӯдак резӣ. Табъи бад, ғазаб- ин аллакай «ранги сурх», то ки ба кӯдак наздикшавӣ. Новобаста аз он ки кӯдак чӣ кор кардааст. Масалан ман дар чунин ҳолатҳо ба ҳуҷраи худ даромада ором шуда дуо мегӯям. Ман доимо фарзандони худро бо табассум дар рӯй ҷазо медиҳам. Ман ханда мекунам, онҳо гиря мекунам. Ман мегӯям; «Ҳозир ман туро ҷазо медиҳам, ҳоло туро мезанам». Ӯ ҳатто бовар намекунад, ба ман забонашро нишон медиҳад, аммо ҳангоме, ки калтак мехӯрад ба рӯи ман нигоҳ мекунад. Ӯ гиря мекунад ман механдам. Медонед барои чӣ ханда мекунам? Барои он ки вақте, ки ӯ ба воя мерасад, вай хандаю ман гиря накунам. Бигзор ки ин имрӯз рӯй диҳад. Фарзандро набояд, ки дар ғазаб ҷазо диҳем. Ту бояд фаҳмонидда диҳӣ, ки ӯро барои он ҷазо медиҳӣ ки «ӯ дигар ин корро накунад» лекин на барои он ки ғазаби худро ба ӯ мерезонӣ. Барои бо калтак ҷазо додани кӯдак бояд синну сол ва ҷинсӣ ӯ ба назар гирифта шавад. Ҷазои ҷисмонии кӯдак то он синну сол иҷозат дода мешавад, ки ӯ қобилияти аз хотир бароварданро дорад. Баъди ҷазо додан ба ӯ қанд медиҳи ва ӯ аз хотир мебарорад. Волидайн бояд донанд, ки кай ба рафтори кӯдак ханда бояд кард, кай бо калтак ҷазо додан ва кай бе калтак бо сухан ҷазо додан лозим аст. Баъзе вақт худи волидайн кӯдакро ба рафтори бад водор мекунанд. Масалан падар мегӯянд: «Канӣ ин амакашро як дашном деҳ». Кӯдак дашном медиҳад ва волидайн ханда мекунанд. Баъд вақто ки кӯдак калон мешавад, бадгӯйи ба вай чизи одди мешавад, мисли бадмастӣ, тамоку кашӣ ва дар ҳаштдаҳ солагиаш зери панҷара мешавад. Волидайн мегӯяд:«Барои чӣ ин рӯй дод?. Ҳама кори аз дастамон меомадаро барои ӯ кардем дар ҳеҷ чиз ӯ ками надошт». Одамон намефаҳманд, ки ғамхори нисбати хӯрок ва либос ин ҳоло тарбия намебошад. «Ба ҳеҷ чиз не нагуфтем, ҳама чизро барои ӯ кардем. Барои чӣ ӯ ба маҳбас афтод?». Баъд писар аз маҳбас мебарояд ва аллакай ӯ ханда мекунад волидайн бошанд гиря мекунанд. Албатта вақте, ки кӯдак хурд аст гапи бача онҳоро ба ҳаяҷон меорад, хатто калимаҳои бади ӯ чунон ширин менамояд, ки волидайн механданд. Ҳол он, ки барои чунин суханон бояд чунон калтакори кард, ки тамоми умраш аз хотир набарорад, ки чунин калимаҳоро гуфтан мумкин нест. «Канӣ ин тамокуро каш, ки амакаш бинанд». Чи хел ахмақ шудан лозим аст….. ва волидайн бо андоми хурсанд ба кӯдак нигоҳ мекунанд. Кӯдакро то синну соли муайн бо калтак ҷазо додан мумкин аст. Каломи Худо мегӯяд: ту ӯро бо калтак ҷазо медиҳӣ ва ахмақӣ аз ӯ мебарояд. То он даме ки кӯдак хурд аст, волидайн ба рафтори ӯ ханда карда ӯро мебахшанд ва ҳангоме, ки 10-12 сола мешавад ӯро қамчинкор мекунанд. Дар ин ҳолат волидайн дер кардаанд. Вақти калтак гузашта вақти тарбия кардан бо сухан омада расидааст.
Боре ман шоҳидӣ як ҳодисае гаштам, ки он маро ба ҳайрат гузошт. Падар аз духтари ҳаштдаҳсолаи худ пурсид, ки як пиёла об биёрад. Духтар обро оварда камтарашро ба замин резонид. Падараш «ахмақ» гуфта оҳиста ба сараш зад. Ӯ нафаҳмид, ки бо чунин рафтор обрӯи духтарашро резонид. Оё бо духтари ҷавон чунин рафтор кардан мумкин аст?. Барои бисёр волидайн дод гуфтан ё задан як чизи оддӣ мебошад. Фарзанди ту бояд чунон тарбия ёбадқ, ки каме таъғирот дар овози ту ӯро ҳушёр кунад ва вай фаҳмад, ки хато рафтор кардааст. Барои бисёр кӯдакони арманӣ доду зарбаҳо чизҳои одатӣ мебошад. Дигар муносибатро онҳо ҳатто интизор нестанд. Кӯдаконе аз ҳастанд, ки дар хотир надоранд, ки волидайн онҳоро ҷазо дода бошанд. Лекин вақте, ки бо волидайни онҳо сӯҳбат мекунӣ, онҳо мегӯяд, ки аз кӯдакаш фарзанди худро ҷазо медоданд. Медонӣ барои чӣ кӯдакон дар хотир надоранд? Барои он ки волидайн онҳоро бо калтак дар вақти дуруст ҷазо доданд. Лекин кӯдакон вомехӯранд, ки ба ғайр аз ҷазо дигар ҳеҷ чизро дар хотир надоранд.
«Падарон фарзандони худро ба хашм наоред…..»
«Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимоти ва насиҳати Худованд тарбия кунед» (Эфсӯсиён 6:4).
Болотар мо оиди мавзӯъи ҷазо додани фарзандон сухан рондем, дар барои он ки кӯдаконро бе ҷазо гузаштанд мумкин нест лекин вақто, ки писарон ҷавон мешаванд. Навиштаҷот мегӯяд: «Эфсӯсиён 6:4». Вақти тарбия додан бо сухан меояд: Бо таълимоти ва аҳкоми Худованд.
Замонҳо дигар шуданд. Шайтон на бояд, ки бо дастони ту фарзанди туро бизанад. Ӯ ба фарзанди ту қасд дорад мехоҳад туро истифода бурда фарзанди туро занад. Ту дар ғазаб фарзанди худро мезанӣ, шайтон бо хурсандӣ тамошо мекунад. Дар хотир доред Каломи Худо мегӯяд: «Бо таълимот ва фароизи Худованд тарбия намо». Бидон ки фарзандат ба ту халал намерасонад. Ту доимо вақт ёфта ӯро тарбия карда метавонӣ. Волидайн бояд доимо вақт ёбанд то ки аз фарзанди худ ҷавобро талаб кунанд:
«Барои чӣ ту чунин рафтор кардӣ?»
Ӯ бояд ҷавобро шунида ва баъд ба гуфтаҳо дуруст баҳо диҳад: «Гӯш кун, ман ба ту барои ҳалли ин мушкили кӯмак кардан мехоҳам».
Барои ба фарзандат сӯхбат кардан Худо ба ту ҳикмати фавқултаббии медиҳад. Дар хотир доред! Мо бояд, ки ба фарзанди худ доимо дӯст бимонем.
Ягон бор шарм надор, ки аз фарзандат бахашиш бипурсӣ, агар рафтори шумо нодуруст бошад ва агар онҳо аллакай бахшида тавонанд.
Масалан, духтари хурдиам аз калониоли дида чолуктар аст. Боре ӯ чизе кард ва вақте, ки ман пурсидам: «Инро , ки кард?» ӯ ба ман гуфт «Инро Анна кард». Ман ба ӯ бовар кардам. Аннае, ки аз ин воқеъа бехабар буд ба ҳуҷра даромад ва ман бо хашми худ ба ӯ огоҳи кардам ва аз рӯи ӯ ман фаҳмидам, ки ӯ айбдор намебошад. Агар кӯдак айбдор набошад баланд дод мезанад, барои он ки намедонад, ки боз чӣ кор бикунад. Вақте, ки айбдор аст хеле нағз медонад, ки чи гуна гиря кунад. Аз рӯи рафтори Анна ман фаҳмидам, ки ӯ айбдор нест. Як бора ба хурдиаш нигоҳ кардам ӯ ҳамон замон гиря кард. Ман ӯро дукарата ҷазо додам: барои фиреб ва барои рафтори нодуруст. Баъд назди духтари калониам омада аз ӯ бахшиш пурсида гуфтам:«Гӯш кун, ту маро бахшида метавонӣ? Ман хато кардам». Дар ҷавоб ӯ гуфт:«Ман туро мебахшам».
Медонӣ, ин хеле муносибатҳои хуб мебошад. Ман хато кардам ва барои ин бояд бахшии бипурсам. Ин маро паст назад.
Хурди ҷазо гирифта дар кунҷи хона меистод. Ман ӯҳдадор будам, ки шароитро ба духтари хурдиам низ фаҳмонида диҳам, барои он ки ӯ фаҳмад, ки барои чӣ дар кунҷи хона меистад. Вақте, ки ӯ истода шуд, ман ба ӯ гуфтам:«Ту бояд бахшиш бипурсӣ». Ӯ бахшии пурсид. Баъд ман ба ӯ гуфтам:«Ту медонӣ барои чӣ дар кунҷи хона истодӣ?». Дар аввал дуруғи ту ба ман маъқул нашуд. Каломи Худо мегӯяд, ки дуруғ аз шайтон аст. Ту ба гапи шайтон даромада дуруғ гуфтӣ. Дуюмин ту бад рафтор кардӣ ва пеш аз ҳама ту бояд, ки аз ман бахшиш бипурсӣ. Вай боз бахшиш пурсид. «Ва барои дуруғи худ ба дигар хона рафта аз Исо бахшиш бипурс, барои он ки ту ба гапи шайтон даромадӣ».
Вай рафта аз Исо бахшиш пурсид. Хеле муҳим аст, ки фарзандро ёд диҳӣ, аз кӣ ва барои чӣ бахшии пурсидан лозим аст. Барои пиёлаи шикаста аз волидайн бахшиш мепурсанд, лекин барои дуруғ….. ин аллакай гуноҳи рӯҳонӣ мебошад мефаҳмед? Ӯ бояд фаҳмад, ки дар чунин ҳолатҳо аз Худо бахшиш пурсидан лозим аст. Мо бояд фарзандонро ба қадру қимматҳо ҳаёт таълим диҳем.
«Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо онҳо маъюс нашаванд». (Қӯласиён 3:21).
Инро чунин тавр гуфтан мумкин аст:«Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, то ки онҳо дилхунук нашаванд». Вақте, ки мо ноадолатона фарзандонро ҷазо медиҳам, вақте, ки мо аз онҳо бахшиш намепурсам ҳамаи ин кӯдакро дилхунук карда ва ӯ дар хаёт суст мешавад. Баъд нагӯй: «Гӯш кун, ба ғайр аз ту ҳама дар ҷаҳон одам шуданд». Ҳама кӯдакон одамони хуб шуда метавонанд танҳо волидайнӣ дуруст ва тарбияи дуруст лозим аст. Фарзандони мо ин акси оинагии худи мо мебошанд. Чи гунае, ки ту фарзанди худро имрӯз мебинӣ ин он чизест, ки ту дирӯз барои ӯ кардӣ. Кӯдаки кам фаъол ба ҳама чиз шавқи худро гум мекунанд. Волидайн одатан ба ӯ мегӯянд:«Гӯш кун ту дар ҳоли худ нестӣ. Канӣ ба худ биё». Волидайнро кам фаъолии кӯдак хавотир мекунанд лекин сабаби пайдоиши онро ӯ намефаҳмад.
……« Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоред, то ки онҳо афсурда хотир нашаванд». Кай кӯдак ба хашм меояд? Вақте, ки ӯро носазоворона ба ягон кор айбдор мекунанд. Ба 2 номаи Тимотиюс 3:15 диққат кунед, ки ба мо нишон медиҳад, ки чӣ гуна Тимотиюс тарбия ёфтааст.
«Ва аз кӯдакиат Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ,ки метавонад туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои масеҳ аст.» (2 Тимотиюс 3:15).
Вакил Павлус мегӯяд, ки ӯ аз хурдсоли Навиштаҳои Муқаддасро медонад. Ин гуна мо бояд, ки фарзандони худро бо Навиштаҳои Муқаддас таълим диҳем. Тимотиюс аз хурдсоли Навиштаҷотро медонист. Ӯ вакили хеле хуб шахси хеле хуб буд.
Волидайн бояд, ки вақти махсусро барои фаҳмонида додани Навиштаи Муқаддас ба фарзандони худ ҷудо кунанд, ба фарзанд нишон диҳанд, ки чи тавр ӯ бояд, ки дар ин ҷаҳон рафтор кунад. Ва ҳамаи инро бояд, ки дар асоси воқеъахои Библиявӣ таълим диҳанд.
Масалан, гуфтан мумкин аст, ки чи гуна чӯпонӣ нек гӯсфандӣ гум шудаи худро пайдо кард. Лекин бояд оҳиста шудан лозим аст, ки ин ба маъни- додкунии диндори гузашта наравад. Инро чунин тасавур кардан мумкин аст:
«Як рӯзи офтоби буд, ҳама чиз хуб менамоид». Гӯсфандон зери назоратӣ чӯпон мечариданд. Дар байни онҳо як гусфандчаи хурдакак худро назди чӯпон хушбахт ҳис мекард, мисли он ки ту ҳозир худро ҳис мекунӣ. Ва вай фикр кард: «Ман ҳозир аз ин ҷо рафта мебинам, ки дар ҷаҳон чӣ рӯй медиҳад». Ва вай рафиқони худро тарк карда рафт…… Медонӣ, рамаи ин гӯсфандон –рамзи калисо мебошад. Калисоро тарк карда рафт ва ногаҳон дар роҳ пешпо хӯрда афтод. Чӯпон нишаста найи худро менавохт, дигар гӯсфандон бо якдигар сӯҳбат мекарданд, худоро ҷалол медоданд, лекин ногаҳон он гӯсфандча ба як ҷои торик фурӯ рафта аз баландии кӯҳ ба поён ғелид. Ногоҳон зоғони сиёҳ парида омаданд, девҳо ба тези ба ӯ наздик мешуданд. Гӯсфандча дод зада ба ёрӣ ҷеғ зад ва чӯпон овози ӯро шунида тамоми рамаро гузошта ба ёрии як гӯсфандча шитоб кард. Ӯ он гӯсфандчаро гирифта боз ба он ҷой, ки ҳаво хуб буд ва худоро ҷалол медоданд овард.
Чӣ хел шумо фикр мекунед кӯдак инро мефаҳмад?
Албатта! Барои он ки воқеъа ба тарзи хеле дастрас нақл карда шуд. Ва кӯдаконро бо ҷодугарон ё бо бобои халтадор, ки бачаҳои гапнодароро мегирад тарсондан лозим нест. Беҳтар, ки ба ӯ Каломи Худоро хонда диҳед. Ман шабона ба фарзандони худ хоби ширин хоҳиш карда мегӯям; «Фариштагони Худо шуморо ҳимоя мекунанд. Ҳеҷ чизи бад бо шумо рӯй намедиҳад. Шумо хоби нағз мебинед. Ҳеҷ чизи бад ба шумо наздик намешавад барои он, ки худо шуморо муҳофизат мекунад, акнун вақти хоб аст». Дар асл ман он волидайноне, ки фарзандони худро тарсонида хӯрок мехӯронанд ё хоб меравонанд намефаҳмам. Боре ман аз назди як кӯдак мегузаштам, ки гиря мекард. Ногаҳон мешунавам, ки модараш мегӯяд: «Хомӯш шав, дар акси ҳол ба ин амак мегӯям туро мезанад». Ман ба ӯ гуфтам: «Хоҳари азиз, хуб шуд, ки шумо нагуфтед «ӯ туро мехӯрад» ». Ӯ ба ман гуфт: « Хайр чӣ кор кунам? То он даме ки чунин гапро нагӯям хомӯш намешавад». Ҳолати ин кӯдакро тасавур мекунед? Ӯ доимо дар тарс мебошад: бобо бо халта меояд, ин меояд, он меояд,……. ин амак туро ҷанг мекунад, холааш туро мехӯрад, ин биби туро медуздад, милиса туро мегирад. Кӯдак дар тарс калон мешавад. Ҳатто дар калонсолиаш ин тарс дар зери шуури ӯ мемонад. Ман ба кӯдакони худ фаҳмонида додаам, ки милисионерҳо барои ҳимоя кардани мо кор мекунанд. Онҳо шахсони хуб ҳастанд, инчунин шахсони ҳарбӣ низ барои ҳимояи мо хизмат мекунанд ва аз онҳо тарсидан лозим нест. Биёед фарзандони худро ба таври дуруст таълим медиҳем.
Асари Аванес Туманян «Лориес Сако»-ро ба хотир меорем. Ин таърихи шавқовар, ки Ованес Туманян онро ба таври аҷоиб ба мо нақл мекунад. Ӯ Сакоро мисли як паҳлавони бузург нишон медиҳад. Кӣ бар зидди ӯ ҳеҷ кас истода наметавонист. Саг ва паланг ӯро дида гурехта мерафтанд. Сако дар кӯҳҳо чӯпони мекард, ӯ марди далер буд.
Ва боре нисфи шаб Сако як худаш назди оташ нишаста ҷӯроби худро хушк мекард. Ва нагоҳон афсонаҳои бибии пирашро ба хотир меовард. Ва кӣ фикр карда метавонист, ки дар дили ин марди бузург ҳоло тухмии тарсе, ки бо афсонаҳои бибиаш корида боқӣ мондааст. Ва ӯ ба хотир меорад, ки чӣ гуна дар он афсонаҳо хона бо ҷодугарҳо пур мешуданд ва ҳангоме, ки ӯ ба хотир меовард ногаҳон оташ ба ҷунбиш медарояд ва ӯ аз тарс дод мезанад: «Кӣ ба оташ санг партофт? Ин кист? Ҷавоб деҳ барои чӣ хомӯш ҳастӣ?. Ӯ девҳоро, аҷинаҳои рақс карда истодаро мебинад…… ва асари Туманян бо чунин суханон ба охир мерасад. «Боз доред, дар он ҷо Сакои девона пинҳон шуд». Ана ба шумо натиҷаи афсонаҳои оча, ба чӣ ҳолат оварда расонид. Биёед номаи ба Ибриён 12;11-ро мехонем.
«Ҳар ҷазо дар замони ҳозира ба назари кас на шодӣ, балки андӯҳ менамояд; лекин оқибат ба онҳое ки ба воситаи он таълим ёфтаанд, самараи осоиштаи адолатро меоварад»
Мумкин, ки ҷазои ту ба фарзандонат хурсандӣ намеорад, лекин ба ҳар ҳол он самараи адолатро ба вуҷуд меоварад. Аз як китоб ман маълумотҳои аҷоиби омориро гирифтам. Зан-воиз бо номи Элизабет Дутс, шавҳари ӯ низ воиз, онҳо ёздаҳ-то фарзанди худро дар асоси принсипҳои Китоби Муқаддас тарбия кардаанд. Баъд ин зан набераю ибераҳои худро дуруст тарбия карда ҳаёти худро ба ин кор бахшида ба ҷаҳон шасту паҷ-то професор, сӣ-то ректор, сад-то адвокат, сӣ-то судя, шасту шаш-то духтур, ҳашт-то вазир, се-то ҳокими шаҳр, се-то ҳокими вилоят, як-то сенатор, як-то сарвазирро тӯҳфа кардааст. Ин мероси бойи гузоштаи ӯ натиҷаи тарбияи дуруст мебошад.
Дар ҷойҳои мо дигар ҳодисаро дидан мумкин аст: падар духтур аст, писараш бояд, ки кори ӯро давом диҳад, инчунин набера ва ибера: «Ин кор ба хуни мо гузошта шудааст». Он зане, ки дар борааш гуфта гузаштем ба фарзандони худ қадру қиммати дурустро гузошт. Ӯ ба онҳо нагуфт: «Падаратон воиз шумо низ бояд, ки воиз шавед». Ё мусиқачӣ шумо низ бояд, ки мусиқачӣ бошед. Волидайн бояд шавқи кӯдак ва қобилияти ӯро фаҳмида ба он мувофиқ маълумот ва тарбия диҳанд.

Боби 6.
Вазифаи фарзандон.
Чи гунае, ки волидайн нисбати фарзандон вазифадор мебошанд ончунон фарзандон низ нисбати волидайн вазифае доранд. Биёед номаи Эфсӯсиён 6:1-3-ро дида мебароем.
«Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст. «Падар ва модари худро иззат намо», ин аст ҳукми аввалин бо чунин ваъда: «То ки некӯаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинӣ».
Агар умри дароз дидан хоҳи падару модаратро ҳурмат кун. Каломи Худо мегӯяд: Падару модаратро ҳурмат кун. Бо волидайни худ гапдаро бош. Мумкин, ки ту гӯи: «Волидайнам, ҷудо нашав, доимо бо мо зинадагӣ кун мегӯянд». Медонӣ волидайнро ҳурмат кардан ва аҳкомро риоя накардан ин мафҳумҳои гуногун мебошад. Калом мегӯяд: Волидайнро гӯш кун ва онҳоро ҳурмат кун. Албатта ту гуфта метавонӣ: «Ман шахси болиғ, волидайнам бошанд ба ман иҷозат намедиҳанд, ки ба калисо равам». Медонӣ, шахси болиғ худаш қарор қабул мекунад, ки чӣ тавр бояд зиндагӣ кунад. Волидайнро ҳурмат кардан ин ҳаракат карда онҳоро фаҳмидан аст барои он ки онҳо калонсол мебошад. Ҷавонон на бояд, ки бар зидди насли калонсол шӯриш бардоранд. Ҷавонони ҳозира исёнгар мебошанд, фикр мекунанд, ки калонсолон онҳоро намефаҳманд. Дар хотир доред! Ба наздики шумо ҳам ба синну соли онҳо мерасед. Дар вақташ онҳо ҳам ҷавон буданд. Чӣ коред онро медаравед.
Панҷум аз даҳ аҳком чунин аст.
Падари худ ва модари худро иззат намо, то ки умри ту бар замине ки Худованд Худои ту ба ту медиҳад, дароз шавад. (Ҳуруҷ 20:12). Имрӯзҳо бисёрҳо мепурсанд:«Барои чӣ одамони умри кӯтоҳ мебинанд?». Барои он ки падар ва модари худро ҳурмат намекунанд. Ин аҳком аст. Касе, ки умри дароз дидан мехоҳад бояд, ки падару модари худро ҳурмат кунад. Агар ту шавҳар карда бошӣ ва бо шавҳарат алоҳида зиндагӣ мекунӣ ин маънои онро надорад, ки шумо волидайни худро ҳурмат намекунед. Агар шумо волидайне, ки мебинед ҳурмату эҳтиром карда натавонед. Худое, ки намебинед чи тавр ҳурмат карда метавонед. Оё медонед, вақте, ки оиладор мешавед шумо як тан мешавад ва аз ин боис волидайнро аз ҳарду тараф падару модар мегӯянд. Баъд аз оиладоршавӣ волидайни ҳарду волидайн якдигар мешаванд. Баъзе вақт мо суханҳои бадро нисбати хусуру хушдоман мешунавем, лекин ҷавонон низ муқаддас намебошанд. Чи гунае, ки хушдоману хусури ту шахси бад набошанд ҳам ту ҳақ надори, ки дар барои онҳо чизҳои бадро паҳнкунӣ. Ҳатто агар падари ту бадмаст ё хислати бад дошта бошанд ҳам ту ҳақ надори, ки ӯро дашном диҳӣ. Ту ӯҳдадор, ки ӯро ҳурмат кунӣ ва ҳамчун волидайн ҳурмат кунӣ. Дар замон қадим қонуни махсус нисбати падарон ва фарзандон буд.
Биёед дар Такрори Шариат 21:18-21 мехонем.
«Агар касе писари саркаш ва беитоате дошта бошад, ки сухани падар ва модари худро нашнавад, ва ҳар чанд варо ҷазо диҳанд, ба онҳо гӯш наандозанд, -Бигзор падар ва модараш варо гирифта, назди пирони шаҳраш, ба дарвозаи маконаш берун оваранд, ва ба пирони шаҳраш гӯянд:«Ин писари мо саркаш ва беитоат аст, сухани маро намешунаванд, пурхӯр ва майзада аст». Ва бигзор варо тамоми мардуми шаҳраш сангсор кунанд, то ки бимирад, -ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод; ва тамоми Исроил инро шунида, ҳаросон хоҳанд шуд.
Ин бисёртар ба онҳое, ки ҳоло оиладоро нестанд таалуқ дорад, барои он ки шахси болиғ аллакай алоҳида зиндагӣ мекунад. Каломи Худо мегӯяд: бадиро аз байни худ нест кун, беҳтар, ки куши нисбати он ки ӯ хосилҳои худро биёрад. Дар давраҳои гузашта қонунҳо хело сахт буданд. Имрӯз ин қонунҳо мавҷуд нестанд, лекин олами рӯхонӣ мавҷуд аст. Имрӯз «пурхӯр ва майзада» дар ҷавонӣ аз касалии ҷигар ё дар ҷангӣ кӯчагӣ мемирад.
Касе ки падару модари худро дашном диҳад, чароғаш дар торикии зулмот хомӯш мешавад (Масалҳо 20:20).
Касе, ки волидайнро дашном диҳад, агар ҳатто ин хушдоман ё хусур бошад ҳам мувофиқи Каломи Худо, ҳаёти худро дар торикии зулумот ба охир мерасонад.Оила-ин чароғдон аст, агар дашном диҳи он хомӯш шуда зулумот фаро мегирад. Ана барои чӣ оилаҳои бадбахт ҳастанд, ки чароғи онҳо ягон бор дар намегиранд.Волидайн, агар шумо фарзандони худро ба хашм оварда бошед аз ҳамин рӯз гӯед:«Маро бубахш. Аз ҳамин рӯз сар карда ҳаёти навро шурӯъ мекунем». Фарзандон, агар шумо волидайни худро диққат карда бошед рафта онҳоро ба оғӯш гиред. Ҳамаи мо одам ҳастем ва мефаҳмем. Ба онҳо бигӯй: «Падар ва модар, биёед чизҳои пештараро аз хотир мебарорем. Биёед ҳаёти навро шурӯъ мекунем». Волидайн ҳама вақт фаҳмида метавонад, ӯ ҳама вақт чизҳои бадро аз хотир бароварда метавонад.Волидайн ҳама вақт бахшида ва аз хотир бароварда метавонад. Агар шумо ҳамсароне бошед, ки алоҳида зиндагӣ карда бо хусуру хушдомани худ ҷанҷол мекунад, ба хонаи онҳо рафта бигӯед:«Биёед ҳама чизро аз хотир бароварда ҳаёти навро оғоз мекунем. Мо шуморо дӯст медорем». Ё агар ту домоде бошӣ, ки аз хушдомони худ нафрат дорӣ ва иҷозат намедиҳи ки занат ба хонаи падару модараш равад, занатро гирифта назди онҳо бирав ва бигӯӣ: Биёед ҳаёти навро оғоз мекунем. Ҳаёти ман аз нав сар мешавад. Ва ҳама чизро бо сулҳу осоиштагӣ оғоз бикун.Агар шумо фарзандони худро хафа карда бошед, бахшиш пурсида ва ба онҳо қадру қиммти ҳаётро нишон диҳад. Ва акнун биёед ҳамаи инро хулоса мекунем. Азизон ҳозир ман мехоҳам, ки ҳамаи ин навиштаҳоро дида баромада хулосаи охиринро барорам.
1. Эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, чунон ки ба Худованд муносиб аст (Қӯласиён 3:18).
2. Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгир набошед (Қӯласиён3:19)
3. Эй, фарзандон ба падару модарони худ дар ҳар бобат итоат намоед зеро, ки ин писандидаи Худорванд аст (Қуласиён 3:20).
4. Эй, падарон фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо онҳо маъюс нашаванд. (Қуласиён 3:24).
Оила дар ин чор асос барқарор меёбад.
«Ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, мисли он ки барои Худованд бошад, на барои одамон, чун медонед, ки аз Худованд меросро мукофот хоҳед гирифт, зеро ки ба Масеҳи Худованд ҳизмат мекунед». (Қуласиён 3:23, 24).
Барои ҳеҷ кас рӯйбине нест. Агар ту ҳамаи инро ба ҷо овари ту одил ҳасти. Дар ин чор асос барқарор мешавад. Агар ту фикркунӣ «Дар оилаи ман бетартибӣ ҳеҷ чиз тағир намеёбад» беҳтар, ки бигӯй: «Худое Худовандо, раҳмат ба ту барои имконияти он, ки ҳаёти навро оғоз карда метавонам».
Ва акнун дуо гуфта барои он имкониятҳо ва ваҳиҳое, ки аз ин китоб гирифта Худо минатдори бикун.
Дуо гӯе, пеши Худованд тавбаъ бикун ва қарор кун, ки ҳаёти навро оғоз мекунӣ.
Дуоро сар кунед:
 Худовандо фикрронии моро тағир бидеҳ. Моро бубахш агар мо барои фарзандони худ вақти кам ҷудо карда бошем, агар ба якдигар вақти кам ҷудо карда бошем. Худованд бубахш агар ба волидайнамои низ кам вақт ҷудо карда бошем. Бубахш, Худо ва оилаи маро барқарор бикун. Худоё, Худовандо ҷалолро ба Ту медиҳем. Падар барои ҳама чиз аз Ту минатдорам. Бигзор хуни Ту мо ва оиламонро тоза кунад. Бигзор фариштаҳои Ту маро ҳимоя кунанд. Барои ҳама чизе, ки ба мо ишкор шуд минатдорем ва кӯмак бирасон то ки оилаи дурустро барпо карда тавонем. Ба мо қувват бидеҳ, ки бо якдигар дар розигӣ бошем. Ҷалол ба Ту, Худованд Худо барои ҳама чизе, ки Ту дар ҳаёти мо мекунӣ.

Якчанд маслиҳатҳо аз Каломи Худо.
«Касе, ки рӯзгори хонаи худро хароб кунад, бод насибаш мешавад». (Масалҳо 11:29).
Дар ин калимаҳо ҳақиқат ҳаст. Одатан саволе ба миён меояд: Барои чӣ одамон мерос надоранд ё ҳама коре, ки онҳо аз пайаш меравад ба пеш намеравад. Каломи Худо мегӯяд, ки хонаи худро хароб накун (азоб надеҳ).
Албатта ягон одам дарк намекунад, ки оилаи худро азоб медиҳад ӯ фикр мекунад, ки ҳак мебошад. Як чизро фаҳмед: агар рафтори ту ба ёри ту маъқул набошад аллакай ин барои ӯ азоб мебошад.
Ҳар яке аз ҳамсарон бояд якум шуда ҷанҷолро пешгири карда проблемаи пайдо шударо ҳал кунад.
«Аз лабҳоят шаҳд мечакад, эй арӯс! Асал ва шир дар таҳти забони туст, ва роиҳаи пероҳанат мисли роиҳаи Лубнон аст». (Суруди Сурудҳо 4:11).
Аз даҳони зан бояд, ки асал ҷорӣ шавад. Бисёр духтарони зеборо вохӯрданд мумкин, лекин вақте, ки бо онҳо сӯхбат мекуни торафт зебогии онҳо ноаён мешавад.
Худо мехоҳад, ки зан дар оила мавқеъи дурустро ишғол кунад. Дар хотир доред. Аз даҳони зан бояд, ки асал ҷорӣ шавад.
«Чунон ки савсан дар миёни хорҳост, ончунон ёри ман дар миёни духтарон аст». (Суруди Сурудҳо 2:2).
Мувофиқи Каломи Худо баъд аз зангири барои мард танҳо занаш савсан ҳисоб меёбад, боқимонда духтарон хорҳое мебошанд, ки мехаланд.
«Чунон ки дарахти себ дар миёни дарахтони ҷангал аст, ончунон маҳбуби ман дар миёни амрадон аст; дар сояи ӯ бо иштиёқ нишастам, ва меваи ӯ барои коми ман ширин аст». (Суруди Сурудҳо 2:3).
Барои зан як дарахт ва як дарахти себ ин шавҳари ӯст ва ягона ҷои устувор мебошад. Дигар мардон барои ӯ дарахташ ёбои ва бемева мебошанд.
«Хона ба ҳикмат бино меёбад ва бо хирад барқарор мегардад». (Масалҳо 23:3).
Мувофиқи Каломи Худо бо дониш ғаладони ту пур мегардад ва баъд аз ин хӯрок ва либос меояд. Дар оила бояд, ки «ганҷ» бошад ва ин ганҷ на тилло балки дониш дар барои оила мебошад.
«Дар ҳаққи ёри худ андешаи бад накун, вақте ки вай пеши ту бо эътимод нишаста бошад». (Масалҳо 3:29).
Ҳамсарон ин дӯстон ва барои ҳамин барои якдигар бади фикр кардан манъ аст. Бисёр вақт оила аз сабаби хоф бурдан барҳам мехӯрад. Ҷуфти ҳамсарон бояд, ки бо якдигар бовар карда якдигарро дастгири кунанд. Мувофиқу Каломи Худо бо чунин тарз механизми оила кор мекунад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.