Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Мавзўъ: Моҳият, қоида ва ақидаҳои асосии маркетинг.

1.Моҳият ва мафҳуми маркетинг.
2.Мақсад ва мазмуни асосии маркетинг.
3.Қоидаҳои маркетинг.
4.Ақидаҳои маркетинг ва давраҳои таҳаввули он.
1.Маркетинг – ин фалсафа ва санъати соҳибкори дар мамлакатҳои иқтисоди бозории мутарақки мебошад. Маркетинг кутоҳ идоракунии тақозо номидан мумкин аст.
1.Моҳият ва мафҳуми маркетинг.
2.Мақсад ва мазмуни асосии маркетинг.
3.Қоидаҳои маркетинг.
4.Ақидаҳои маркетинг ва давраҳои таҳаввули он.
1.Маркетинг – ин фалсафа ва санъати соҳибкори дар мамлакатҳои иқтисоди бозории мутарақки мебошад. Маркетинг кутоҳ идоракунии тақозо номидан мумкин аст.
Маркетинг аз қалимаи англиси буда, аз ду қисмат иборатест, яъне «Market» ва «inq». Ба забони тоҷики тарҷумаи «Market» бозор буда,«inq» бошад, забони англиси ҳаракатро ифода мекунад. Аз ин сабаб маркетинг ба забони тоҷики маънои «Фаъолияти пайваста ба бозор» – ро дорад.
Маркетолог машҳури амрикои Филлип Котлер ба маркетинг чунин таъриф додааст: «Маркетинг – яке аз намудҳои фаъолияти инсон буда, бо воситаи мубодила қонеъ намудани эҳтиёҷоту талаботи одамон равона карда мешавад».
Маркетинг пеш аз ҳама бо мафҳумҳои эҳтиёҷоту, талабот, тақозо, мол мубодила, аҳд ва бозор алоқа дорад. Донистан ва аниқ намудани ин мафҳумҳо сарфам рафтан ба маркетинги ҳозира – замон лозиманд.
Эҳтиёҷот – ин ҳиссиёти шахс дар бораи нарасидан ва ё танқиси кашидан аз ягон чизи зарури барои гузоронидани ҳаёт аст.
Талабот – эҳтиёҷотест, ки мувофики ҳолати имрўзаи дараҷаи инкишофи иқтисодиёту маънавиёт шакли мушахасро мегирад.
Мол – мувофиқи нишондоди Ф. Котлер «Мол – ин ҳамаи он чизест, ки ягон эҳтиёҷоти ё талаботро қонеъ мегардонад ва ба бозор бо мақсади ҷалб намудани диққати одамон барои харидан ва истеъмол намудани онҳо пешниҳод шудаанд».
Аҳд – ин ивази тиҷорати қиматҳо дар байни тарафҳои мухталиф, одатан фурушандаю харидор мебошад.
Бозор – ин маҷмуи муносибатҳо дар байни истеҳсолгарон ва истеъмолгарон оид ба хариду – фурўши мол мебошад. Онро ҳамчун маҷмуи пешниҳоди молу хадамот ва талаботи қобили харидори доштаи истеъмолгарон низ шарҳ додан мумкин аст.
Фармудаҳои маркетингро чунин тавсиф кардан мумкин аст: «Талаботро ёфта, онро қонеъ гардонед?», «Моле бояд истеҳсол кард, ки онро харанд?», «Мизоҷонро бояд дустдошт, на моли худро?» ва ғ…
2.Мақсади асосии маркетинг – ин қонеъ намудани тақозо ба бозор пешниҳодшудаи истеъмолгарон ва аз ҳисоби он гирифтани фоидаи зиёдтари имконпазир мебошад.
Маркетинги микс чаҳор «Р» – ро ифода мекунад:
1.Product (Мол)
2.Price (нарх)
3.Place (ҷой)
4.Promotion (ҳавасмандгардонии хариду-фурўш).
3.Нахуст қоидаи маркетинг созгори буда, талаб мекунад, ки фирма молҳоеро истеҳсол бояд намояд, ки ба тақозои харидор ҳатман мувофиқ бошанд. Риоя намудани ин қоида ба фирмаҳо имконияти ба рақобат тобовар будан ва инкишофи истеҳсолоту тиҷоратро муҳайё месозад.
4.Таҳаввули ақидаи маркетинг марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад ва чунин ном доранд:
Давраи якум. Ақидаи такмили истеҳсолот ном дошта солҳои 1860-1920-ро дар бар мегирад мақсади асоси ва хотимавии он гирифтани фоида аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми фурўш ба воситаи такмили истеҳсолот ва сарфаи хароҷот мебошад. Ин ақида дар вақти ҷой доштани ду ҳолати иқтисодӣ истифода бурда мешавад:
• Агар дар бозор тақозои харидорон назар ба таклифи мол зиёд бошад.
• Агар арзиши аслии маҳсулот аз ҳад баланд бошаду зарурати паст кардани он вазифаи асосии корхона ҳисобида шавад.
Давраи дуюм. Ақидаи такмили мол 1921-1930 рост меояд.
Мақсади ин ақида гирифтани фоида аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми фурўш бо воситаи мунтазам мукаммалгардони хусусиятҳои истеъмолии молҳо мебошад.
Давраи сеюм. Ақидаи фурўш солҳои 1931-1950-ро дар бар мегирад. Мақсади ин ақида гирифтани фоида аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми фурўш бо воситаи ҷидду ҷаҳди тиҷорати ва ҳавасмандгардонидани харидор мебошад.
Давраи чорум. Ақидаи маркетинги муқаррари ё анъанавӣ ном дошта, ба солҳои 1951-1980 рост меояд. Мақсади ин ақида гирифтани фоида аз ҳисоби таъмин намудани қаноатмандии истеъмолгарони бозорҳои ба мақсад мувофиқ ба воситаҳои чорабиниҳои мукаммали маркетинг, омухтан ва таъсир расонидани ба тақозо мебошад.
Давраи панҷум. Маркетинги иҷтимои-аҳлоқию оқилонаи ҳозиразамон буда, аз соли 1981 оғоз ёфтааст. Мақсади ин ақида гирифтани ин фоида гирифтани ин фоида аз ҳисоби қонеъ намудани тақозои истеъмолгарон, ҷомеа ва ҳифзи табиат бо назардошти эҳтиётнамудани захираҳои инсонӣ, моддӣ ва энергетикӣ мебошад.
Мавзўъ: Вазифаҳои маркетинг.
1.Вазифаҳои асосии маркетинг ва тавсифи он
2.Зервазифаҳои маркетинг.
1.Вазифаҳои ба маркетинг хос чунинанд.
1.Таҳлилӣ
2.Истеҳсолӣ
3.Фурўш
4.Идора ва назорат.
Ҳар як вазифаи маркетинг дар навбати худ зервазифаҳо дорад. Масалан, вазифаи таҳлили чунин зервазифаҳоро дорад.
1. Тадқиқи бозор.
2. Тадқиқи истеҳсолгарон.
3. Тадқиқи мол.
4. Тадқиқи муҳити дохили фирма ва ғ…
Вазифаи истеҳсолии маркетинг чунин зервазифаҳоро дорад:
1. Ташкили истеҳсоли моли нав.
2. Ташкили таъминоти модди-техникӣ.
3. Идоракунии сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти тайёр.
Вазифаи фурўши маркетинг чунин зервазифаҳоро дорад:
1. Ташкили низоми харакати мол.
2. Ташкили ҳизматрасонӣ.
3. Ташкили низоми ташаккули тақозо ва ҳавасмандгардони фурўш.
4. Гузаронидани сиёсати молӣ ба мақсад мувофиқ.
5. Гузаронидани сиёсати нархии ба мақсад мувофиқ.
Вазифаи идора ва назорати маркетинг чунин зервазифаҳоро дорад:
1. Ташкили тарҳрезии стратегӣ ва фаври дар корхона.
2. Таъмини идоракунии маркетингӣ бо иттолоот.
3. Ташкили низоми робитаҳо дар корхона.
4. Ташкили назорати маркетинг.

Аз руи чунин аломатҳо маркетинг тасниф карда мешавад:
1. Вобаста ба соҳаи истифодабарӣ.
2. Вобаста ба мақсади ташкил
3. Вобаста ба гирифтани фоида
4. Вобаста ба андози корхона
5. Вобаста ба ояндабинӣ
6. Вобаста ба соҳтори ақидаи маркетинг
7. Вобаста ба миқёс
8. Вобаста ба тақозо ва ғ…
Вобаста ба соҳаи истифодабари маркетингро ба чунин намудҳо ҷудо мекунанд:
1. Маркетинги молҳои истеъмоли халқӣ.
2. Маркетинги маҳсулоти таъиноти истеҳсолӣ-теҳникӣ
Маркетинги хадамот.
Вобаста ба мақсади ташкил чунин намудҳои маркетинг ҷой дорад.
1. Маркетинги ба мол нигаронидашуда
2. Маркетинги ба истеъмолгар, харидор нигаронидашуда.
Вобаста ба гирифтани фоида маркетинги тиҷорати ва ғайри тиҷорати мешаванд.
Вобаста ба андози корхонаҳои калон, маркетинги корхонаҳои миёна, маркетинги корхонаҳои хурд фарқ карда мешаванд.
Вобаста ба ояндабини чунин намудҳои маркетинг ҷой доранд: маркетинги муосир ва стратегӣ.
Вобаста ба сохтори ақидаи маркетинг чунин намудҳои маркетинг ҷудо карда мешаванд.
1. Маркетинги менеҷери (идоравӣ).
2. Маркетинги бихейвориси (равияи маркетинг, ки бо таҳлили сабабнокӣ робита дорад).
3. Маркетинги интигратсионӣ (мусоидаткунанда).
4. Маркетинги инноватсиони (навовариҳо).
5. Маркетинги бевосита.
6. Маркетинги стратегӣ (ояндабинӣ).
7. Маркетинги экологи (муҳити зист).
8. Маркетинги умумибашарӣ.
Вазифа ба тақозо намудҳои маркетинг чунинанд.
1. Маркетинги конверсиони (табилдеҳ). Вазафаи ин аз он иборат аст, ки агар дар бозор тақозои манфӣ ба молҳои ширкат ҷой дошта бошад, он гоҳ ба воситаи чорабиниҳои зарури (таъғир додани баъзе ҳусусиятҳои мол ё тамоман аз нав созии мол, арзон намудани нархи мол то он дараҷае, ки мол фурухта шавад, ҳавасмандгардонии харидорон ба монанди: ба ҳонаи харидор бурда расонидани мол, ҳариду фуруш ба воситаи телефон ё интернет ва г….) онро ба мсбат табдил додан аст.
2. Маркетинги ривочдеҳ, вазифаи асосии ин намуд ба воситаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои лозими тақозои эҳтимолиро бештар ба тақозои ҳакики додан аст.
3. Маркетинги ҳавасмандгардон – вазифаи он аз он иборат аст, ки агар дар бозор тақозои харидорон ба моли ширкат тамоман ҷой надошта бошад, онро бо воситаи чорабиниҳои маркетинги ҳавасмандгардон пайдо намудан аст.
4.Ремаркетинг – ҷойгиркунии тақозо буда вазифаи он ба сустшавии тақозо роҳ надода, майли пастшавии онро боздоштан мебошад.
5.Демаркетинг (сустгардон) – сусткунии тақозо мебошад. Агар дар бозор тақозои харидори ба молҳои ширкат аз ҳад баланд бошад, он гоҳ онро бо воситаи чорабиниҳои зарури (нархи баланд гузоштан ба мол, боздоштани рекломи мол, ҳавасманд накунонидани фурўш ва ғ…) суст кардан аст.
6. Маркетинги мухолифи – ин кам намудан ва агар имконият бошад, тамоман барҳам додани тақозои нооқилона (ғализ) мебошад. Малолан, тақозо ба нушокиҳои спиртӣ, тамоку маводи мухадир ва ғайраҳо.
7. Маркетинги нигоҳдоранда – вазифаи асосиаш дараҷаи тақозо дар сатҳи мавҷуда мебошад. Ин намуди маркетинг ба ҳолати тақозои қонеъгардидаҳост аст.
8. Маркетинги ҳамоҳангсоз – вазифаи ин намуди маркетинг-мувофиқсозии тақозою пешниҳодот дар муҳлати муайян мебошад. Маркетинги ҳамоҳангсоз дар ҳолати пасту баландшавии тақозо истифода бурда мешавад.
Мавзўъ: Муҳити маркетингӣ ва сохтори он
1. Мафҳуми муҳити маркетингии корхона .
2. Омилҳои асосии микромуҳити маркетинги корхона
3. Омилҳои асосии макромуҳити фаъолияти корхона.
1.Муҳити маркетинги корхона гуфта, ин омилҳо ва қувваҳоеро меноманд, ки ба фаъолияти маркетинги корхона таъсири бевоситаё бавосита мерасонад.
Вобаста ба тарзи таъсиррасонии ин омилҳо ба фаъолияти маркетинги корхона ду намуди муҳити онро ҷудо кардан мувофики мақсад аст.
1. Микромуҳити маркетингӣ, ин гурўҳи омилҳоеро меноманд, ки ба фаъолияти корхона бевосита таъсир мерасонад, дар бар мегирад.
2. Макромуҳити маркетингӣ ин гуруҳи омилҳоеро меноманд, ки фаъолияти корхона бавоситаи унсурҳои микромуҳити он таъсири худро мерасонад, дарбар мегирад.
2. Омилҳои асосии микромуҳити маркетингии корхона.
Ба микромухити маркетинги чунин омилҳое таъсир мерасонанд:
1.Таъминоти моддӣ ва техникӣ.
Корхона барои пешбурдани фаъолияти худ бо ашёи хом, сўзишворӣ, қувваи барқ, таҷҳизот дастгоҳҳо таъмин набошад, у фаъолияти худро оғоз карда наметавонад. Таъминкунадагонро дар шаклҳои корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои таъминотӣ ва ё ашхоси алоҳидае, ки ба офариниш тавлидот ва тақсимоти воситаҳои истеҳсоли сару кор доранд, баромад мекунанд. Барои таъминкуни, корхона онҳоро омухта, бастани шартнома ва аз онҳо ҳариди воситаҳои истеҳсоли ба амал бароварда мешавад.
2. Миёнаравҳои маркетингӣ. Миёнаравҳо ин ашхос ё ташкилоту ширкатҳои махсусе мебошад, ки дар байни истеҳсолгарон фаъолият карда, дар амалигардонии тақсимот ва мубодилоти мол кўмаки бевосита мерасонад.
3. Вазифаи асосии онҳо расонидани кўмакҳои бевосита оиди омўзиши ҳолати бозорҳои фурўши мол, таъмини корхона савдо бо мол, ташкили молнигоҳдорӣ ва фурўши он иборат аст.
Истеъмолгарон. Истеъмолгарон ин шахсан ё ташкилотҳое, ки истеъмолкунандагон охири маҳсулоти корхонаи соҳибкориро ташкил мекунанд. (Фарқи истеъмолгару харидор, нонфурўш).
4. Рақобат. Ин муборизаи мол истеъмолкунадагон дар бозори фурўши мебошад, ки он муҳити ҳалкунадаи бозоргониро ташкил мекунад. Рақобат дорои се шакл мебошад:
а)Рақобати монополисти шакли рақобатест, ки дар бозорҳои фурўши маҳсулотҳои муайян шумораи маҳдуди корхонаҳо фаъолият карда, ҳар яке аз онҳо бо барномаи муҳталифи худ амал мекунад.
б) Рақобати логополисти – рақобатест, ки дар бозор якчанд корхонаҳои бузурге мавриди қарор дошта, ҳадди аксари ҳаҷми фурўши маҳсулотҳоро назорат мекунад. (Мисол ҶТ. Мошинҳои корх. Автовод. АЗЛҚ назорат мекунад).
в) Рақобати тоза (озод) – шакли рақобатест, ки дар бозор шумораи зиёди корхонаҳои соҳибкори ба фурўши маҳсулотҳои якхела машғуланд. (Мисол: Қомбинати нонпази ва кисмизиёди нонвойҳонаҳо).
3.Омилҳои асосии мақромуҳити фаъолити корхона
Ба макромуҳити маркетинги корхона чунин омилҳо таъсир мерасонанд:
1. Муҳити иқтисодӣ. Ин сатҳи инкишофи иқтисодии ҷумҳури, нархи молҳо, дараҷаи инфилятсия, музди меҳнат, бозор ва ғ-ро дар бар мегирад.
2. Муҳити ҳуқуқӣ. Ин маҷмўи қонунҳои амалкунандаеро, ки фаъолияти бозоргониро ба танзим медарорад дар бар мегирад.(Қонунҳои ҶТ. Дар бораи ғайридавлати дар бораи корхонаҳо ва ғ…)
3. Муҳити сиёси. Азбаски сиёсат ифодаи якҷоякардашудаи иқтисод мебошад, пасон нақши муҳитро дар инкишофи сиёсати бозоргони мебозад.
4. Муҳити фарҳанги. Яъне ин тарзи хуроқворию либоспушӣ, расму мароисимҳо, тўю маъракаҳо ва ғ… зоҳир мегардад. Соҳибкорон хусусиятҳои миллиро бояд ба эътибор гирад.
5. Муҳити дини. Ин қоидаҳои ширкатро дар бар мегирад, ки ба фаъолияти соҳибкорон таъсир мерасонад.
6. Муҳити табии. Ин боигариҳои зеризамини, обу ҳаво, мавқеи ҷуғрофӣ ва дигар омилҳоро дар бар мегирад. Мисол дар Тоҷикистон дар як сол 300 рўзи офтобист, ки ин имконияти фароҳам барои инкишофи бизнеси индустрияи саёҳати дар дараҳои Варзобу Ромиту Помир ё соҳибкории аграрии бо ғунучини ду-се ҳосил дар як сол мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.