Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Давраи ҷамъбастии санҷиши аудиторӣ.

Банизомдарории натиҷаҳои санҷиш гуфта, батартибдарории пай дар ҳамии муайяни ҳамаи натиҷаҳои бадастомадаро мефаҳманд.Баҳодиҳии аудитории натиҷаҳои санҷиш.
Хулосаи аудиторӣ
Давраи хотимавии санҷиши аудиторӣ бо гузаронидани чорабиниҳои зерин татбиқ карда мешавад:

Банизомдарории натиҷаҳои санҷиш.
Таҳлили натиҷаҳои санҷиш.
Тартибдиҳии хулосаи аудиторӣ.
Банизомдарории натиҷаҳои санҷиш гуфта, батартибдарории пай дар ҳамии муайяни ҳамаи натиҷаҳои бадастомадаро мефаҳманд. Вобаста аз мақсади санҷиш банизомдарории аниқи натиҷаҳоро ба роҳ мондан зарур аст. Чунин батартибдарориро роҳбари гурўҳи аудиторон ба зиммаи худ бояд гирад.
Нишондиҳандаҳо аз рўи чунин гурўҳҳо ба низом дароварда мешавад: 1. Мавзўи санҷиш (Баҳисобгирии воситаҳои асосӣ, захираҳои молу масолеҳ). 2. Қисматҳои дохилии мавзўъ: (Аломатҳои ҷузъӣ-аналитикӣ)
Таҳлили натиҷаҳои санҷиш- баъди бадастории маълумотҳо гузаронида шуда, якчанд мақсадҳо дорад:

Таҳлили умумии сиёсати баҳисобгирии мизоҷ қабулкарда.
Дурустии бурдани баҳисобгирӣ дар гурўҳҳо ва счётҳои алоҳида.
Риоякунии қонунгузориҳои андоз.
Таҳлили ҳолати молиявии мизоҷ.
Хулосабарории аудиторӣ оиди ҳисоботи бухгалтерии субъектҳои иқтисодӣ ақидаҳои фирмаҳои аудиториро нисбати боварибахшии ин ҳисобот тасдиқ менамоянд.
Хулосабарории аудиторӣ – ин ҳуҷҷат бо статуси юридикӣ барои ҳамаи шахсони юридикӣ ва воқеӣ, ташкилотҳои ҳокимияти давлатӣ ва аудиторӣ, ташкилотҳои худидоракунии маҳаллӣ ва судӣ мебошад.
Хулосаи аудиторӣ аз се қисм иборат аст: Муқаддима, қисми таҳлилӣ ва қисми ҷамъбастӣ.
Дар қисми муқаддимавии хулосаи аудиторӣ ба аудитор ва фирмаи аудиторӣ маълумоти пурра дода мешавад. Ҳамин тавр, барои фирмаи аудиторӣ нишонаҳои ҳуқуқӣ ва телефон, маълумот оиди литсензия (рақам, санаи литсензиядиҳӣ, номи ташкилот, ҷои литсензиядиҳӣ, мўҳлати литсензия) нишон дода мешавад. Барои аудиторони алоҳида бошад: ному насаб, собиқаи корӣ, литсензия ва дигар нишонаҳо маълумот дода мешавад.
Қисми таҳлилии хулосаи аудиторӣ- ҳисоботи фирмаи аудитории субъекти иқтисодиро оиди натиҷаи санҷиши ҳолати назорати дохилӣ, ҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи субъектҳои иқтисодӣ ва инчунин аз рўи қонунҳо мутобиқ будани фаъолияти ташкилотро ифода менамояд.
Қисми ҷамъбастии хулосаи аудиторӣ- ақидаи фирмаҳои аудиториро оиди боваринокии ҳисоботи бухгалтерии субъекти иқтисодӣ ифода мекунад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.