Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


Аудити баҳисобгирии натиҷаи молиявӣ ва истифодабарии он

Барои гузаронидани тафтиши аудитории натиҷаи молиявӣ бояд пеш аз ҳама тартиби бурдани баҳисобгирии синтетикӣ ва аналитикии счётҳои 80, 81, 88 тафтиш кардан зарур аст.Тартиби гузаронидани санҷиши аудитории баҳисобгирии натиҷаи молиявӣ.
Ҳуҷҷатҳои асосии меъёрӣ.
Назорати тақсимоти фоида дар соли ҳисоботӣ.
Барои гузаронидани тафтиши аудитории натиҷаи молиявӣ бояд пеш аз ҳама тартиби бурдани баҳисобгирии синтетикӣ ва аналитикии счётҳои 80, 81, 88 тафтиш кардан зарур аст. Муайянкунии натиҷаи молиявӣ ин даври охирини амалиёти корхонаҳо дар охири соли ҳисоботӣ ба ҳисоб меравад, ки корхонаҳо ба фаъолияти яксолаи худ баҳо медиҳанд. Натиҷаи молиявии кори корхонаҳо – инъикоскунандаи фоида ё зарари балансии хоҷагӣ мебошад: фоида (зарар) аз фурўши маҳсулоти тайёр (кор ва хизматҳо), фоида (зарар) аз дигар фурўш ва маблағи даромадҳо ё аз дастдеҳии онҳо. Баҳисобгирии натиҷаи молиявӣ дар счёти активӣ -пассивии 80 «Фоида ва зарар» бурда мешавад. Барои осонии баҳисобгирӣ ва сохтани ҳисоботҳо ба ин счёт счётҳои иловагӣ кушода мешавад.
1.Натиҷаи молиявӣ аз фурўши махсулот (кор ва хизматҳо).
2.Натиҷаи молиявӣ аз дигар намуди фурўшҳо.
3.Натичаи молиявӣ аз даромадҳо ва хароҷотҳои гайрифурўшӣ.
Аудитор муайян мекунад, ки дар асоси сиёсати ба ҳисобгирии хоҷагӣ натиҷаи молиявӣ аз фурўши маҳсулот, кор ва хизматҳо чӣ гуна ҳисоб карда мешавад:
1.Дар асоси нишондоди ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунӣ
Дт счёти 62 Кт сч46
2.Дар асоси нишондиҳандаҳои ҳуҷҷатҳои пардохтӣ
Дт сч 50,51,52, Кт сч 46
Аудитор ҳуҷҷатҳои аналитикӣ, регистрҳои баҳисобгирӣ (дар шакли журнал-ордерии ҳисобгирӣ –журнал-ордери №15)-ро тафтиш мекунад. Аудитор қонунӣ, дурустӣ ва боваринокии маблағи нишондодашудаи фоида ва зарарро муайян менамояд.
Натиҷаи молиявӣ аз фурўш ин фарқияти байни даромад аз фурўш ( гардиши дебитии счёти № 46),бе андоз аз арзиши иловашуда ва акцизхо ва арзиши аслии ҳақиқии маҳсулоти фурўхташуда, кор ва хизматхо ( гардиши дебетии счёти № 46)мебошад. Бақия ба счёти 80/1 фоида (Дт сч №46 Кт сч №80/1), зарар (Дт сч № 80/1 Кт сч№46) бурда мешавад.
Агар корхона маҳсулоти худро бо асъори конвертии озод ба фурўш барорад, онгоҳ даромади гирифташуда аз асъори конвертии озод (Дт сч № 62, 52 Кт сч № 46) дар асоси пули миллӣ андозбандӣ карда мешавад. Аудитор дар ин ҳолат дурустии мубаддалкунии асъори хориҷиро бо пули миллӣ, қонуниятии ивазкунии асъор ва инъикоскунии онро дар счётҳои 80 ва 83 муайян менамояд.
Дар ҳолати дигар аудитор диққати махсусро ба тафтиши маблағи даромадҳо ва аз дастдеҳии амалиёти ғайрифурўшӣ медиҳад.
Ба даромадҳои ғайрифурўшӣ инҳо дохил мешаванд:

Даромад аз воситахои ба иҷора додашуда
Даромад аз навнархгузории ( масолеҳо) захираҳои истеҳсолӣ.
Арзиши воситаҳои аз дигар тараф бебозгашт гирифташуда.
Арзиши воситаҳои зиёдатие, ки ҳангоми гузаронидани барўйхатгирӣ ошкор шудаанд.
Даромад аз иштирок дар фаъолияти дигар корхонаҳо.
Зиёдшавии қурби асъор ва гайра.
Ба хароҷотҳои ғайри тиҷоратӣ инҳо дохил мешавад:

Хароҷотҳои соқиткунии супоришҳои истеҳсолӣ.
Зарар аз амалиётҳо бо зарфҳо.
Хароҷотҳои судӣ ва муҳокиматҳои арбитражӣ.
Зарари амалиётҳои соли гузошта.
Фарқияти манфии асъори хориҷӣ.
Зарари нодуруст бастани шартномаҳо, баргардонидани зарарҳо, ҷаримаҳо ва
ғайра.
7.Ба ҳуҷҷатҳои асосии меъёрии аудити баҳисобгирии натичаҳои молиявӣ инҳо дохил
мешаванд:

Кодекси шаҳрванди ҶТ.
Нақшаи счётҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ – (5-03-04. №26)
Кодекси андози ҶТ
Қонуни Ҷумхурии Точикистон дар бораи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ дар ҶТ».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҳисоботи молиявӣ» ( 4.11.02 с. №428).
Дастурамал оиди ҳисоббаробаркуниҳо бо бюҷет ва ғайра.
Шакли №1 «Баланси бугалтерӣ»
Шакли №2 «Ҳисобот оиди натиҷаҳои молиявии фаъолияти хоҷагӣ»
Шакли №3 «Ҳисобот оиди ҳаракати воситаҳои пулӣ»
Назорати тақсимоти фоида дар давоми соли ҳисоботӣ бо ёрии счёти активии ба танзимдарорандаи 81 «Истифодабарии фоида», ки дорои ду счёти иловагии 80/1 «Пардохт ба буҷет аз фоида»,81/2 «Истифодабарии фоида ба дигар мақсадҳо» аст ба низом дароварда мешавад. Аудитор ҳолати дурустии инъикоснамоии маблағгузорихо ба бюджет, пардохти андозҳо аз фоида (Дт сч 81/1 Кт 68, Дт 68 Кт 51 ) ва инчунин андозҳои маҳаллию гуногун, андоз аз фурўши воситаҳои нақлиётӣ, дурустии тиҷорат ва ғайраҳоро санҷад. Ҳар як хоҷагӣ бояд баъди анҷоми соли ҳисоботӣ реформатсияи балансро ба амал барорад. Реформатсияи баланс чунин ба амал бароварда мешавад: бо анҷомрасии давраи ҳисоботӣ счёти 80 ва счёти 81 пўшида мешавад. Ҳамаи фоидаи камшудаи дар счёти 80 ва маблағи истифодабурдашудаи он дар счёти 81 соқит карда мешавад. Тафтиши аудиторӣ бояд истифодабарии фоидаро таҳти назорад гирад ва муайян намояд, ки оё дар хоҷагӣ фоидаи ба даст омада мақсаднок истифода мешавад ё не. Ба ғайр аз счётҳои 80, 81 ва счёти 88 «Фоидаи тақсимнашуда, (зарари рўйпуш нашуда)» тафтиш карда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.