Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Аудити уҳдадориҳои ҷорӣ

Баҳисобгирии қарзҳо, займҳо ва маблағгузориҳои мақсаднок дар боби 9-и нақшаи счётҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ «Қарзҳои бонк ва маблағгузорӣ» ҷараён мегирад.Аудити баҳисобгирии қарзҳо.
Аудити ҳисоббаробаркуниҳо бо буҷет.
Аудити ҳисоббаробаркуниҳо бо шахсони ҳисоботдеҳ.
Аудити ҳисоббаробаркуниҳо аз рўи музди меҳнат.
Баҳисобгирии қарзҳо, займҳо ва маблағгузориҳои мақсаднок дар боби 9-и нақшаи счётҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ «Қарзҳои бонк ва маблағгузорӣ» ҷараён мегирад. Вобаста ба таъинот ва мўҳлати бозгардонии қарзҳо, онҳоро ба ду гурўҳ: кўтоҳмуддат ва дарозмуддат ҷудо менамоянд. Баҳисобгирии амалиётҳои қарзӣ дар счёти 90 ва 92 бурда мешавад. Аудитор уҳдадор аст, ки ба ҳолатҳои зерин диққати ҷиддӣ диҳат:

Қарз бо мақсади таъиншуда истифода бурда мешавад ё не?
Қарз чӣ гуна гирифта шудааст ва фоизи он чӣ гуна пардохт карда мешавад.
Ба кадом счётҳо маблағи фоиз аз истифодабарии кредитҳо тааллуқ дорад.
4. Дурусти бурдани баҳисобгирии синтетикӣ ва аналитикӣ дар счётҳои 90 ва 92, мувофиқаткунии маблағҳои ҷамъбастии журнал-ордери №4 бо китоби асосӣ ва баланс. Ҳангоми санҷиши нишондиҳандаҳои счёти 93 «Қарзҳои бонк барои коргарон», 94 «Заёмҳои кўтоҳмуддат», 95 «3аймҳои дарозмуддат» бояд, ки диққати ҳатмӣ ба он дода шавад, ки қарзҳои ба коргарон додашуда конунист ё не, қонунӣ будани қарзгирӣ бо ҳуҷҷат тасдиқ карда мешавад. Барои дурустии инъикоси маблаггузорӣ ва даромади максаднок нишондихандаҳои журнал-ордери №12 санҷида мешавад.
Ҳисоббаробаркунихо аз рўи пардохти андозҳо ва ба бюдчет супоридани он вазифаи ҳатмии кормандон ба шумор меравад. Бо ин мақсад дар нақшаи счётҳои баҳисобгирӣ- счёти 68 \”Ҳисоббаробаркуниҳо бо буҷет \” пешбинӣ шудааст.
Баҳисобгирии аналитикӣ оиди счёти 68 аз рўи намудхои гуногуни андоз бурда мешавад. Оиди счёти 68 субсчётхои зерин кушодан мумкин аст:

Ҳисоббаробаркуниҳо аз рўи андоз аз даромади шахсони воқеӣ.
Ҳисоббаробаркуниҳо аз рўи фоида.
Ҳисоббаробаркуниҳо аз рўи андоз аз арзиши изофа.
Ҳисоббаробаркунихо аз рўи андози молу мулк.
Ҳисоббаробаркунихо аз рўи андоз оиди нигоҳдории сармояи манзилӣ ва объектҳои муҳити иҷтимоӣ-маданӣ.
Ҳисоббаробаркуниҳо аз рўи андоз оиди таблиғот ва ғайраҳо.
Аудитор бояд муайян намояд, ки аз рўи кадом пардохтхо ва андозхо корхона ба бюжет ҳисоббаробаркуниҳо мекунад.
Баҳисобгирии синтетикӣ оиди счёти. 68 дар журнал-ордери №8 ва баҳисобгирии аналитикӣ дар ведомости №7, ё ин ки варакаҳо бурда мешавад. Аудитор илова бар ин тартиби ҳисоббаробаркунихо бо бюҷетро дар шаклхои хисобӣ: Баланс (шакли №1), ҳисобот оиди натичаи молиявӣ (шакли №2) месанҷад.
Ҳангоми гузаронидани санҷиши аудитории ҳисоббаробаркунихо бо шахсон аз рўи музди меҳнат, тафтиши счёти 70 зарур аст. Ҳангоми баҳисобгирии шакли журнал-ордерӣ гардишҳои кредитии счёти 70 аз рўи нишондиҳандаҳои журнал-ордери №10 ва 10/1 ва гардишҳои дебитиаш бошад, аз рўи нишондиҳандаҳои журнал-ордери №1 ва журнал-ордери №2 (ҳисоббаробаркуниҳо бо бюҷет ва депонентҳо), санҷида мешавад. Гайр аз ин нишондиҳандаҳои чамъбастии журнал-ордерҳои номбаршуда бо нишондиҳандаҳои ҷамъбастии китоби асосӣ муқоиса карда мешавад. Барои назорати ҳисоббаробаркунихо аз рўи музди меҳнат чунин ҳуҷҷатҳо истифода бурда мешаванд:Ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ оиди бахисобгирии корхо ва музди меҳнат, ведомостҳои пардохтӣ, счётҳои шахсии коргарон ва гайра. Пардохтхо аз фонди музди меҳнат, ки ба арзиши аслии махсулот ҳамроҳ карда мешаванд бо тарафи дебети счёти 20,23, 25, 26, 29, 08 бурда мешавад.
Ҳангоми гузаронидани санҷиши аудиторӣ, дурустии пардохти андоз ва ҳисоббаробаркуниҳо бо бюҷет тафтиш карда мешавад.
Масалан, пардохти андози наклиётӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, таъминоти нафақа, суғуртаи тиббӣ ва ғайра.
Маблағҳои ҳисоботдиханда гуфта, пешпардохтҳои куллиро меноманд, ки ба коргарони корхонаву ташкилот аз хазина барои хароҷотхои хурди хоҷагӣ, маъмурӣ ва амалиётӣ дода мешавад. Ин пешпардохтҳоро бо шакли гайринақдӣ додан мумкин нест. Ба маблағҳои ҳисоботдиханда хароҷотҳои сафари хизматӣ низ дохил мешавад. Ҳисоббаробаркунихо бо шахсони ҳисоботдеҳ мавқеи амалиро дар ҳар хоҷагӣ даромад ва гуногунанд:

Бадастории қисмҳои эҳтиётӣ, сўзишворӣ, молҳои идоравӣ.
Пардохти таъмири ҷории техникаҳо, воситаҳои нақлиётӣ.
Хароҷоти сафари хизмати ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз марз.
Ҳамаи ин амалиётҳои хоҷагӣ бо пардохти пул аз хазинаи хоҷагӣ, ё ки бонк алокамандӣ дорад. Ҳуҷҷатҳои асосие, ки ҳангоми гузаронидани санҷиши аудитории ҳисоббаробаркуниҳо бо шахсони ҳисоботдеҳ тафтиш карда мешаванд, инҳоянд:

Ҳисоботҳои авансӣ.
Журнали бақайдгирии хисоботхои авансӣ.
Фармонҳо оиди сафарбаркунии кормандон ба сафари хизматӣ.
Руйхати шахсоне, ки оиди гирифтани пули нақд аз хазина иҷозат дода шудаанд.
Фармонҳо оиди тасдиқи сметахои хароҷоти пешниҳодшуда.
Амалиётҳои бисер ва гуногунмаънои ҳисоббаробаркуниҳо бо шахсони ҳисоботдеҳ дар
регистрҳои синтетикии зерин ва ҳисоботҳо инъикос карда мешаванд:

Баланси ташкилот (ш №1)
Ҳисобот оиди ҳаракати воситаҳои пулӣ (ш №4)
Китоби асосӣ.
Журнал-ордери №7.
Хатогиҳои асосие, ки ҳангоми гузаронидани санҷиши аудитории ҳисоббаробаркуниҳо бо шахсони ҳисоботдеҳ ба чашм мерасонанд, инҳоянд:

Додани маблағ аз ҳазина ба шахсони ҳисоботдеҳ, ки корманди ин ташкилот нестанд.
Мувофиқат накардани хараҷоти маблағи гирифташуда ба он максаде, ки пул гирифта шудааст.
Додани пули накд аз хазина ба шахсоне, ки оиди онхо фармони роҳбари корхона вуҷуд надорад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.