Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


АУДИТИ АКТИВҲОИ ДАРОЗМУДДАТ

Патент – ҳуқуқи истисноии истеҳсоли намуди муайяни маҳсулот (хадамот) ё истифодабарии технологияи нодир, ки ба таври юридикӣ эътироф ва қайд гардидааст. Мўҳлати зиёдтарини истифодабарии патент – 17 сол аст.Нақша:

Аудити активҳои ғайриматериалӣ.
Аудити воситаҳои асосӣ.
Аудити молиягузории дарозмуддат.
Активҳои ғайримоддӣ – ин активҳои ғайрипулии шинохташавандае, ки шакли ҷисмонӣ надорад ва ҳангоми истеҳсол ё пешниҳоди молу хизмат, барои иҷорадеҳӣ ё мақсадҳои маъмурӣ истифода мегардад. Нишонаҳои асосии активҳои ғайримоддӣ инҳоянд:

Мавҷуд набудани таҷассуми моддӣ.
Дараҷаи баланди номуайянӣ нисбати фоидаи оянда.
Барои фурўш таъйинот надоштан.
Мўҳлати тулонии истифодабарӣ.
Даркнашаванда, ҳиснашаванда ва ғайриҷисмоният. Калимаи «ғайримоддӣ»- маънои «ҳиснашаванда, даркнашаванда»-ро дорад. Ба қатори активҳои ғайримоддӣ: патент, ҳуқуқи муаллифӣ, нишони молӣ, франшиза, лизҳолд, хароҷоти ташкилӣ, гудвилл дохил мешаванд.
Патент – ҳуқуқи истисноии истеҳсоли намуди муайяни маҳсулот (хадамот) ё истифодабарии технологияи нодир, ки ба таври юридикӣ эътироф ва қайд гардидааст. Мўҳлати зиёдтарини истифодабарии патент – 17 сол аст.
Ҳуқуқи муаллифӣ – шакли ҳимоя, ки конун ба муаллифони асарҳои
адабӣ, мусиқӣ ва ғайра пешбинӣ менамояд.
Нишони молӣ – таҷассумгари ном, воситаи шинохтани корхона.
Франшиза – ҳуқуқи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшаванда оиди истифодабарии активҳо, захираҳои табиӣ ё расонидани хадамоти муайян.
Лизҳолд – ҳуқуқи истифодаи моликият аз рўи шартномаи иҷора.
Хароҷоти ташкилӣ- хароҷоти ба ташкилнамоии субъект алоқаманд.
Гудвилл – фарқи мусбии байни арзиши хариди ширкат бо арзиши бозории
активҳои он.
Ҳангоми гузаронидани тафтиши аудитории баҳисобгирии даромад ва ташкили активҳои ғайримоддӣ ба чунин талаботҳо риоя намудан ва шинос шудан ҳатмӣ мебошад.
1. Онҳо чӣ хел ва бо кадом роҳ, даромад карда шудаанд:
а) бо роҳи маблағгузориҳо дар фонди ойиннома.
б) бо роҳи ба дастдарорӣ ё бунёднамоӣ.
в) зиёдшавии қарзҳои дебиторӣ.
г) бебозгашт додан.
Даромад кардани активҳои ғайримоддӣ бо чунин навишти бухгалтерӣ инъикос карда мешавад:
Дт. сч. 04. «Aктивҳои ғайримоддӣ»(11200)
Кт. сч. 75. «Хисоббаробаркунӣ бо муассисаҳо» (10600).
Роҳи дигари даромад кардани активҳои ғайримоддӣ ин бебозгашт гирифтани онҳо аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мебошад. Дар ин ҳолат чунин навишти
бухгалтерӣ ба ҷо оварда мешавад:
Дт. сч. 04. «Aктивҳои ғайримоддӣ»( 11200)
Кт. сч. 87, «Сармояи иловагӣ» субсчёти 3 «Молҳои қимматноки беподош
гирифташуда» (33200).
Ҳангоми гузаронидани тафтиши аудиторӣ аудитор пеш аз ҳама бояд чунин ҳуҷҷатҳоро омўзад:

Акти доду гирифт.
Шартномаи хариду фурўш.
Литсензия ва ғайра.
. Сарчашмаи ахбороте, ки дар аудити воситаҳои асосӣ истифода бурда мешавад, аз сиёсати баҳисобгирии хоҷагӣ вобастагӣ дорад. Ин дар интихоби шаклҳои баҳисобгирӣ: журнал – ордерӣ, мемориал- ордерӣ, мошинӣ -перфокарточкавӣ ва ғайра инъикос меёбад. Аммо донистан зарур аст, ки дар ҳамаи шаклҳои ҳисобгирии воситаҳои асосӣ муқоисаи нишондиҳандаҳои ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ бо ведемостҳои ҳисоботӣ зарур аст. Ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи баҳисобгирии воситаҳои асосӣ инҳоянд:

Акти қабул ва боздеҳии воситаҳои асосӣ. (Шакли ОС – 1).
Акти доду гирифти объекти аз таъмир баромада. (Шакли ОС – 3).
Акти хориҷкунии воситаҳои нақлиётӣ. (Шакли ОС – 4).
Акти хориҷкунии воситаҳои нақлиётӣ. (Шакли ОС 4а).
Варақаи инвентарии баҳисобгирии воситаҳои асосӣ. (Шакли ОС – 6).
Акти қабули таҷҳизот. (Шакли ОС- 14).
Баҳисобгирии синтетикии ҳаракати воситаҳои асосӣ ва хўрдашавии онҳо дар журнал-ордери №13, 10 ва 10/1 ва дар истифодаи технологияи компютерӣ бошад, дар машинаграммаҳо бурда мешавад. Вазифаи асосии аудити баҳисобгирии воситаҳои асосӣ инҳоянд:

Назорат аз рўи ҳастӣ ва муҳофизати воситаҳои асосӣ.
Дуруст дохил намудани ашёҳо ба таркиби воситаҳои асосӣ.
Баҳодиҳии дурусти воситаҳои асосӣ дар ҳисобгирӣ.
Инъикоси дурусти амалиётҳои даромад ва хориҷкунии воситаҳои асосӣ дар
ҳисобгирӣ.
5. Ҳисобкунӣ ва инъикоси дурусти хўрдашавӣ ва таъмири воситаҳои асосӣ.Ҳангоми гузаронидани санҷиши аудитории воситаҳои асосӣ тафтиши ҳолатҳои зерин зарур аст:

Оё дар хоҷагӣ оиди қабули воситаҳои асосӣ ва қайдгирии онҳо комиссия
ташкил шудааст ё не?
Бақайдгирии шартномаи хариду фурўши воситаҳои асосӣ.
Дурустии нишондоди арзиши ибтидоии воситаҳои асосӣ дар акти қабулу боздеҳии воситаҳои асосӣ.
Роҳи осонтарин ва хушсифати таъмини муҳофизати воситаҳои асосӣ гузаронидани барўйхатгирии (инвентаризация) онҳо мебошад.
Роҳҳои асосии даромади воситаҳои ба хоҷагӣ инҳоянд:

Хариди воситаҳои асосӣ аз таъминкунандагон бо воситаи пули нақд.
Бебозгашт дохилкунии воситаҳои асосӣ.
Харидани воситахои асосии дар иҷорабуда.
Ҳангоми гузаронидани аудити баҳисобгирии воситаҳои асосӣ нақши муҳимро тафтиши дурусти азнавнархгузории воситаҳои асосӣ мебозад. Натиҷаи азнавнархгузорӣ дар счётҳои. 01.87 ва 88 инъикос карда мешавад. Натиҷаи азнавнархгузории фондҳои асосӣ бояд дар счёти. 87 «Сармояи иловагй» субсчёти 1 «Зиёдшавии арзиши амвол дар натиҷаи азнавнархгузорӣ» инъикос карда шавад, ё ки дар счёти. 88 (барои воситаҳоии асосии аҳамияти ғайриистехсолӣ дошта). Дар ин ҳолат чунин навишт тартиб дода мешавад:
Дт 01, Кт 87 – маблағи баҳодиҳии воситаҳои асосӣ (ҳангоми зиёдшавии арзиш)
Дт 87 Кт 02 – маблағи зиёдшавандаи хўрданашавандаи воситаҳои асосӣ. Ҳангоми гузаронидани санҷиши аудитории воситаҳои асосӣ тафтиши дигар ҳолатҳо ба мисоли санҷиши баҳисобгирии маблағгузориҳои асосӣ, санҷиши амалиётҳо оиди фурўш, санҷиши баҳисобгирии дурусти хароҷотҳои таъмири воситаҳои асосӣ,хориҷкуниҳо ва ғайра зарур аст.
Молиягузориҳои кўтоҳмуддат (мўҳлаташон на зиёда аз 1 сол) дар счёти 58 «Молиягузориҳои кўтоҳмуддат»(10300, (10350) ба ҳисоб гирифта мешавад.
Дар ин счёт чунин активҳо, ба монанди коғазҳои қимматноки дигар корхонаҳо,
облигатсияҳои заёмҳои дохили давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин займҳои пешниҳодкардаи дигар корхонаҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.
Баҳисобгирии аналитикии молиягузории кўтоҳмуддат аз рўи намудҳои он, дар
дохили ҳар намуд бошад- аз рўи ташкилотҳои фурўшандаи коғазҳои киматнок
бурда мешавад. Бо ин мақсад дар счёти 58 чунин субсчётҳо мекушоянд:

58/1 «Облигатсия ва дигар коғазҳои қиматнок».
58/2 «Депозитҳо».
58/3 «Заёмҳои додашуда».
Ҳангоми гузаронидани санҷиши аудиторӣ муайян карда мешавад, ки аз рўи счёти 58 – баҳисобгирии аналитикӣ бурда мешавад ё не? Инчунин дуруст инъикоснамоии амалиётҳои бухгалтерӣ муайян карда мешавад, фарқияти байни арзиши бадасторӣ ва арзиши номиналии нишондодҳои қоғазҳои қимматнок чӣ гунна инъикос карда шудааст?
Навишти ҳуҷҷатҳои ибтидоии счёти. 58 бо нишондиҳандаҳои журнал-ордери №8 ва китоби асосӣ муқоиса карда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.