Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи фаъолияти аудиторӣ

Қонуни мазкур асосҳои умумӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ҷараёни амалӣ сохтани фаъолияти аудиториро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аудиторҳо ва ташкилотҳои аудиторӣ ба амал меоянд, ба танзим медарорад.Бо Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15-уми феврали соли 2006, № 271
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, соли 2006, № 2, моддаи 82)
қабул гардидааст.

Бо Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24-уми феврали соли 2006, № 186
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, соли 2006, № 2, моддаи 48)
ҷонибдорӣ гардидааст.

Қонуни мазкур асосҳои умумӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ҷараёни амалӣ сохтани фаъолияти аудиториро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аудиторҳо ва ташкилотҳои аудиторӣ ба амал меоянд, ба танзим медарорад.

Моддаи 1. Фаъолияти аудиторӣ
1. Фаъолияти аудиторӣ, аудит ин фаъолияти соҳибкорӣ дар масъалаи санҷиши мустақилонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибии (молиявии) соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ (минбаъд – шахсони санҷишшаванда) мебошанд.
2. Ба доираи фаъолияти аудиторӣ ва аудит санҷиши баҳисобгирии муҳосибии муассисаҳои буҷетӣ дохил намешаванд.
3. Санҷиши аудиторӣ амалӣ намудани назорати давлатии эътимоднокии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ)-ро, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад, истисно намекунад.
4. Мақсади фаъолияти аудиторӣ изҳори ақида дар бораи эътимоднокӣ ва дараҷаи аниқии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ)-ро ифода менамояд, ки ба истифодабарандаи ҳисобот барои баровардани хулосаҳои дуруст дар бораи натиҷаҳои фаъолияти хоҷагӣ, вазъи молиявӣ ва моликияти шахсони санҷишшаванда имкон медиҳад.
5. Аудиторҳои инфиродӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ, ки фаъолияти аудиториро ба амал мебароранд, хизматҳои зерини ба аудит дахлдорро расонида метавонанд:
– ташкил, барқарор сохтан ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ), маслиҳати муҳосибӣ;
– тартиб додани нақшаҳои дурнамои марбут ба андоз, машварати марбут ба андоз;
– таҳлили фаъолияти молиявии хоҷагии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, машваратҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
– машварати идорӣ, аз ҷумла такмили сохтори таркиби ташкилот;
– автоматиконии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ;
– баҳодиҳии нархи амвол;
– таҳия ва таҳлили барномаҳои сармоягузорӣ, таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ;
– иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ дар соҳаҳои марбут ба фаъолияти аудиторӣ, интишори натиҷаи онҳо;
– мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таълим додани мутахассисон дар соҳаҳои марбут ба фаъолияти аудиторӣ;
– расонидани дигар хизматҳо доир ба фаъолияти аудиторӣ.
6. Ба аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ машғул шудан ба ин ё он намуди фаъолияти соҳибкорӣ, ба ғайр аз гузаронидани аудит ва расонидани хизматҳои ба он дахлдор, манъ карда мешавад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти аудиторӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти аудиторӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти аудиторӣ
Иҷозатномадиҳии фаъолияти аудиторӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.

Моддаи 4. Мақомоти ваколатдори танзими давлатии фаъолияти аудиторӣ
1. Мақомоти ваколатдори танзими давлатии фаъолияти аудиториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки он чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:
– дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти аудиториро танзим менамоянд, қабул мекунад;
– стандартҳои фаъолияти аудиториро таҳия мекунад;
– аз тарафи аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ риоя намудани шарту талаботи иҷозатномавиро назорат менамояд;
– риоя намудани стандартҳои фаъолияти аудиториро аз тарафи аудиторони инфиродӣ ва ташкилотхои аудиторӣ зери назорат мегирад;
– ҳаҷм ва тартиби ба мақомоти ваколатдор пешниҳод намудани ҳисоботҳоро барои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ муайян менамояд;
– феҳристи бақайдгирии давлатии аудиторонеро, ки соҳиби аттестати тахассусӣ ва иҷозатнома мебошанд, пеш мебарад.

Моддаи 5 . Шартҳои асосии фаъолияти аудиторӣ
Шартҳои асосии фаъолияти аудиторӣ инҳо мебошанд:
– мустақилият;
– воқеият;
– салоҳияти касбӣ;
– махфӣ нигоҳ доштани натиҷаҳои аудит.

Моддаи 6. Аудитор
1. Аудитор шахси воқеиест, ки ба талаботи тахассусии муқаррарнамудаи мақомоте, ки танзими давлатии фаъолияти аудиториро иҷро менамояд (минбаъд – мақоми ваколатдор) ҷавоб дода, аттестати дахлдори тахассуси аудиторӣ дорад.
2. Аудитор ҳуқуқ дорад, ки фаъолияти аудиториро ба сифати аудитори инфиродӣ ё корманди ташкилоти аудиторӣ, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб шудааст, фаъолияташро бе ташкили шахси ҳуқуқӣ амалӣ намояд.

Моддаи 7. Намудҳои аудит
1. Фаъолияти аудиторӣ намудҳои санҷиши ҳатмӣ ва ташаббусиро дар бар мегирад.
2. Аудити ҳатмӣ – санҷиши ҳарсолаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахсони ҳуқуқӣ мебошад. Аудити ҳатмӣ аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ гузаронида мешавад.
3. Бо аудити ҳатмии ҳарсола инҳо фаро гирифта мешаванд:
– бонкҳо;
-ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ки шаклҳои алоҳидаи муомилоти бонкиро анҷом медиҳанд ва ташкилотҳое, ки ба хариду фурӯши коғазҳои қиматнок машғуланд;
– ҷамъияти саҳҳомии кушода;
– ташкилотҳои суғуртавӣ;
– фондҳои ҷамъиятӣ;
– субъектҳои монополияи табиӣ;
– биржаҳои молӣ ва фондӣ, фондҳои сармоягузорӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии дорои ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ.
4. Аудити ташаббусӣ бо ташаббуси субъектони санҷишшаванда бо назардошти вазифа, мӯҳлат ва ҳаҷми санҷиши мушаххас гузаронида мешавад, ки дар шартномаи байни шахсони санҷишшаванда ва аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ пешбинӣ карда шудааст.
5. Санҷиши аудитории шахсони санҷишшавандае, ки дар ҳуҷҷатҳои муҳосибии (молиявии) онҳо маълумоти дорои сирри давлатӣ мавҷуд аст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Моддаи 8. Ташкилоти аудиторӣ
1. Ташкилоти аудиторӣ – ташкилоти тиҷоратӣ буда, санҷишҳои аудиторӣ ва хизматҳои ба аудит дахлдорро амалӣ менамояд.
2. Ташкилоти аудиториро дар ҳар кадом шакли ташкили – ҳуқуқӣ таъсис додан мумкин аст, агар тарзи ташкилию ҳуқуқии он барои ташкилотҳои тиҷоратӣ ба истиснои ҷамъиятҳои саҳҳомии кушода, кооперативҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ мувофиқат кунад.
3. Ташкилоти аудиторӣ фаъолияти худро оид ба гузаронидани аудит баъди гирифтани иҷозатнома бо тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.
4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар асоси талаботи ҳамин Қонун метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои аудиторӣ ташкил намоянд ва ё ба сифати аудиторони инфиродӣ ба фаъолияти аудиторӣ машғул шаванд.
5. На кам аз 70 фоизи шумораи кормандони ташкилоти аудиторӣ бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон бошанд. Дар ҳолати роҳбари ташкилоти аудиторӣ будани шаҳрванди хориҷӣ бояд на кам аз 75 фоизи кормандони онро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намоянд.
6. Аз миқдори умумии ҳайати кормандони ташкилоти аудиторӣ шумораи аудиторони соҳиби иҷозатнома бояд на кам аз 70 фоиз бошад. Ташкилотҳои аудиторӣ метавонанд шахсонеро, ки аттестати тахассусии аудиторӣ (ва иҷозатнома) барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ надоранд, ба сифати ёрдамчии аудитор ба кор қабул намоянд.

Моддаи 9. Ҳуқуқҳои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ
1. Дар вақти гузаронидани санҷиши аудиторӣ аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ҳуқуқ доранд:
– мустақилона шакл ва методҳои гузаронидани аудитро муайян намоянд;
– тамоми ҳуҷҷатҳои муҳосибии ба фаъолияти молиявӣ – хоҷагии ташкилоти санҷишшаванда вобаста буда, инчунин мавҷудоти ҳақиқии ҳама гуна амволи дар ин ҳуҷҷатҳо нишондодашударо санҷида бароянд;
– аз шахсони мансабдори шахси санҷишшаванда тавзеҳот ва маълумотҳои барои санҷиши аудиторӣ заруриро дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ дархост намоянд;
– дар сурати пешниҳод накардани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз тарафи шахсони санҷишшаванда ва дар рафти санҷиши аудиторӣ ошкор намудани ҳолатҳое, ки ба хулосаи ташкилоти аудиторӣ ё ин ки аудиторони инфиродӣ дар баҳо додани дараҷаи мукаммалии ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахсони санҷишшаванда таъсир мерасонанд ё метавонанд таъсир расонанд, аз гузаронидани санҷиши аудиторӣ ё ин ки ибрози ақида дар хулосаи аудиторӣ дар бораи саҳеҳии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) даст кашад;
– мутахассисони дахлдорро ба истиснои онҳое, ки дар объекти санҷишшаванда кор мекунанд ё бо роҳбари корхона ягон робитаи хешу таборӣ ё ин ки манфиатҳои умумии молиявӣ доранд, дар асоси шартнома ба кор ҷалб намоянд;
– дигар ҳуқуқҳоро дар асоси муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудааст ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур мухолиф нестанд, амалӣ намояд.
2. Ба фаъолияти аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ дахолати мақомоти давлатӣ, шахсони санҷишшаванда ва шахсони сеюм роҳ дода намешавад.

Моддаи 10. ӯҳдадориҳои аудиторони инфиродӣ ва ташкилоти аудиторӣ
Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ӯҳдадоранд:
– санҷиши аудиториро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун амалӣ намоянд;
– бо талаботи шахсони санҷишшаванда маълумоти заруриро доир ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ дахл доранд, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мулоҳиза ва хулосаҳои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ба он асос ёфтааст, пешниҳод намоянд;
– дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартномаи хизматрасонии аудиторӣ хулосаҳои аудиториро ба шахсони санҷишшаванда ва ё ин ки ба шахсоне, ки бо онҳо шартномаи хизматрасонии аудиторӣ баста шудааст, супоранд;
– муҳофизати ҳуҷҷатҳоеро, ки дар рафти тафтишҳои аудиторӣ гирифта ва истифода карда шудаанд, таъмин намуда, мазмун ва моҳияти ин ҳуҷҷатҳоро бе розигии шахсони санҷишшаванда ва ё шахсоне, ки ба онҳо шартномаи хизматрасонии аудиторӣ баста шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ошкор насозанд;

дигар ӯҳдадориҳоро дар асоси муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудаанд ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, иҷро намоянд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.