Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони санҷишшаванда ва ё шахсоне, ки барои хизматрасонии аудиторӣ шартнома ба имзо расонидаанд

Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ шахсони санҷишшаванда ва ё шахсоне, ки барои хизматрасонии аудиторӣ шартнома ба имзо расонидаанд, ҳуқуқ доранд…1. Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ шахсони санҷишшаванда ва ё шахсоне, ки барои хизматрасонии аудиторӣ шартнома ба имзо расонидаанд, ҳуқуқ доранд:
– аз аудиторони инфиродӣ ва ташкилоти аудиторӣ маълумотҳоро доир ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хулосаҳои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ба онҳо асос ёфтааст, дастрас намоянд;
– аз аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ дар мӯҳлати муайяннамудаи шартномаи хизматрасонии аудиторӣ хулосаи аудиториро гиранд;
– дигар ҳуқуқҳоро дар асоси муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудаанд ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, амалӣ намоянд.
2. Ҳангоми гузаронидани санҷиши аудиторӣ шахсони санҷишшаванда ва ё шахсоне, ки барои хизматрасонии аудиторӣ шартнома ба имзо расонидаанд, ӯҳдадоранд:
– бо ташкилотҳои аудиторӣ барои гузаронидани аудити ҳатмӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдор шартнома ба имзо расонанд;
– ба аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ барои сари вақт ва пурра гузаронидани санҷиши аудиторӣ шароит фароҳам оварда, ҳамкорӣ намоянд, ба онҳо маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои гузаронидани аудит заруранд, пешниҳод намоянд, аз рӯи дархости шифоҳӣ ва хаттии аудиторон ё ин ки ташкилотҳои аудиторӣ дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ шарҳи мукаммал ва тасдиқкунанда диҳанд, инчунин аз шахсони сеюм маълумотҳои заруриро барои гузаронидани санҷиши аудиторӣ дархост намоянд;
– бо мақсади маҳдуд намудани доираи масъалаҳое, ки ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ бояд муайян карда шаванд, ҳеҷ гуна амалҳоро наандешанд;
– камбудиҳоеро, ки дар рафти санҷиши аудиторӣ аз тарафи аудиторон доир ба тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) ошкор карда шудаанд, ба таври таъҷилӣ бартараф намоянд;
– маблағи хизмати аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиториро мутобиқи шартномаи гузаронидани аудит, аз ҷумла дар ҳолатҳои хулосаи ҷамъбастии аудиторӣ ба нуқтаи назари шахсони санҷишшаванда мувофиқ набудан ва инчунин дар ҳолатҳои нопурра иҷро намудани хизматрасонии аудиторӣ аз тарафи аудиторон бо сабабҳои ба онҳо новобаста сари вақт пардохт намоянд;
– дигар ӯҳдадориҳое, ки дар асоси муносибатхои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муқаррар карда шудааст ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, иҷро намоянд.
3. Гузаронидани аудит шахсони санҷишшавандаро аз ҷавобгарии ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ набудани ҳисоботи муҳосибии (молиявии) пешниҳодшаванда ва дигар ҳуҷҷатҳо озод наменамояд.
Моддаи 12. Стандартҳои фаъолияти аудиторӣ
1. Стандартҳои фаъолияти аудиторӣ талаботи ягонаи тартиби амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ, ба расмият даровардани натиҷаҳо ва назорати сифатнокии аудит, инчунин хизматҳои ба аудит дахлдор мебошад.
2. Стандартҳои фаъолияти аудиторӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 13. Сирри аудиторӣ
1. Аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ӯҳдадоранд, ки сирри амалиёти шахсони санҷишшаванда ва шахсонеро, ки ба онҳо хизмати ба аудит дахлдорро расонидаанд, фош насозанд.
2. Аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ вазифадоранд, ки махфияти маълумот ва ҳуҷҷатҳои гирифтаашон ё тартибдодаашонро зимни амалӣ сохтани фаъолияти аудиторӣ таъмин намоянд, онҳо ҳақ надоранд, ки маълумот ва ҳуҷҷатҳои зикршуда ё нусхаи онҳоро ба шахсони сеюм диҳанд ё бе розигии хаттии шахсони санҷишшаванда, ки фаъолияти аудиторӣ нисбати онҳо амалӣ карда мешавад, инчунин хизматҳои дахлдор расонида шудааст, фош намоянд, ба истиснои мавридҳое, ки ҳамин Қонун ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
3. Мақомоти ваколатдор ва шахсони дигаре, ки аз маълумоти дорои сирри аудиторӣ воқифанд ӯҳдадоранд, ки мувофиқи ҳамин Қонун ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маълумотҳоро махфӣ нигоҳ доранд.
4. Ҳангоми фош карда шудани маълумоти дорои сирри аудиторӣ аз ҷониби аудиторони инфиродӣ ва ташкилоти аудиторӣ мақомоти ваколатдор, инчунин шахсони дигаре, ки аз маълумоти дорои сирри аудиторӣ воқиф гардидаанд, шахси санҷишшаванда ва шахсе, ки ба он хизмати ба аудит дахлдор расонида шудааст, инчунин аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ дар асоси Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд аз шахси гунаҳкор ҷуброни зарари расонидашударо талаб намоянд.
Ҳуҷҷатҳои дар ихтиёри аудитори инфиродӣ ва ташкилоти аудиторӣ қарордоштаи дорои маълумот оид ба амалиёти шахсони санҷишшавандае, ки бо онҳо дар бораи расонидани хизматҳои ба аудит дахлдор шартнома имзо шудаст, танҳо бо қарори суд ба шахсе, ки бо ҳамин қарор ваколатдор шудааст ё ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти онҳо пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 14. Хулосаи аудиторӣ
1. Хулосаи аудиторӣ ҳуҷҷати расмие мебошад, ки барои истифодабарандагони ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахсони санҷишшаванда пешбинӣ гардида, мувофиқи стандартҳои фаъолияти аудиторӣ тартиб дода шудааст ва ақидаи аудиторони инфиродӣ ё ташкилоти аудиториро дар бораи эътимоднокии ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахси санҷишшаванда аз рӯи шакли муқарраршуда, мувофиқати тартиби пешбурди баҳисобгирии муҳосибиро ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода менамояд.
2. Шакл, мазмуну мундариҷа ва тартиби додани хулосаи аудиторӣ мувофиқи стандартҳои фаъолияти аудиторӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдор муайян карда мешаванд.
Моддаи 15. Мустақилияти аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ
1. Фаъолияти аудиторӣ дар мавридҳои зерин амалӣ карда намешавад:
– аз тарафи аудитороне, ки муассисони (ё иштирокчиёни) шахсони санҷишшаванда, роҳбарон, муҳосибон ва кормандони дигари онҳо буда, барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) масъул мебошанд;
– аз тарафи аудитороне, ки бо муассисони (ё иштирокчиёни) шахсони санҷишшаванда, шахсони мансабдори онҳо, муҳосибон ва кормандони дигар барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) масъул, хешу табор (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони падару модар, фарзандони зану шавҳари онҳо) мебошанд;
– аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ, роҳбарон ва шахсони дигари мансабдори онҳо, ки муассисони (ё иштирокчиёни) шахсони санҷишшаванда мебошанд ва ё шахсони мансабдори онҳо, муҳосибон ва шахсони дигари барои ташкилу пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) масъуланд;
– аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ, роҳбарон ва шахсони дигари мансабдори онҳо хешу табори наздики (падару модар, ҳамсар, бародар, хоҳар, фарзандон, инчунин бародарону хоҳарон, падару модарон ва фарзандони ҳамсарони) муассисони (иштирокчиёни) шахсони санҷишшаванда мебошанд ва ё шахсони мансабдор, муҳосибон ва шахсони дигари ба ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) масъуланд;
– аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ нисбати шахсони санҷишшаванда, ки муассисони (иштирокчиёни) онҳо мебошанд, нисбати шахсони санҷишшаванда, ки барои онҳо ин ташкилоти аудиторӣ муассис (иштирокчӣ) мебошад, нисбати корхонаҳои фаръӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои тобеи шахсони санҷишшавандаи зикршуда, инчунин нисбати ташкилотҳое, ки бо ин ташкилоти аудиторӣ муассисии (иштирокчии) умумӣ доранд;
– аз тарафи аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ, ки дар давоми се сол бевосита аз санҷиши пештара дар бобати барқарор сохтан ва ба роҳ мондани баҳисобгирии муҳосибӣ, инчунин тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) ва пешбурди ҳисоботҳои муҳосибӣ (молиявӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – нисбати ин шахсон хизмат расонидаанд.
2. Тартиби пардохт ва ҳаҷми хизматонаи аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ барои гузаронидани аудит (аз ҷумла аудити ҳатмӣ) ва расондани хизматҳои аудитӣ мувофиқи шартномаҳои расондани хизматҳои марбута муайян карда мешавад ва набояд ба иҷрои ин ё он талаби шахсони санҷишшаванда дар бораи мазмуну мундариҷаи хулосаҳое вобаста карда шавад, ки дар натиҷаи санҷиш бароварда мешаванд.

Моддаи 16. Суғуртаи фаъолияти аудиторӣ
1. Аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ӯҳдадоранд, доир ба масъулияте, ки дар натиҷаи расонидани зарар (вайрон кардани шартҳои шартнома) ҳангоми амалӣ намудани аудит ба миён меоянд, шартномаи суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ ба имзо расонанд.
2. Суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.