Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Назорати сифати кори аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ

Аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ӯҳдадоранд, ки қоидаҳои назорати дохилии санҷишҳои гузарондаашонро муқаррар кунанд ва онҳоро риоя намоянд.1. Аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ӯҳдадоранд, ки қоидаҳои назорати дохилии санҷишҳои гузарондаашонро муқаррар кунанд ва онҳоро риоя намоянд.
2. Низоми тафтиши сифати кори аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ, ки аз тарафи тафтишкунандагони берунӣ гузаронида мешавад, мақомоти ваколатдоре муқаррар менамояд, ки он метавонад чунин тафтишҳоро бо қувваи худ гузаронад, инчунин ҳуқуқи гузаронидани чунин тафтишҳоро ба ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) касбии аудиторӣ вогузорад.
3. Саркашӣ аз гузаронидани тафтиши берунии сифати кор ё ба тафтишкунандагон пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои барои тафтиш зарурӣ ё дигар маълумоти лозима метавонанд ҷиҳати боздоштани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти аудитории аудиторони инфиродӣ (роҳбари ташкилоти аудиторӣ) асос шавад.
4. Ҳангоми тафтиши берунии сифати кори аудиторҳои инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ошкор гардидани ҳодисаҳои пайдарҳами вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё стандартҳои фаъолияти аудиторӣ аз тарафи аудиторони инфиродӣ, ташкилотҳои аудиторӣ тафтишкунандагон вазифадоранд, ки дар бораи чунин ҳодисаҳо ба мақомоти ваколатдор хабар диҳанд. Шахсони ба чунин вайронкуниҳо гунаҳкор мумкин аст мувофиқи ҳамин Қонун то худи бекор кардани шаҳодатномаи тахассусӣ ва инчунин боздоштани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти аудитории онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Моддаи 18. Аттестатсияи фаъолияти аудиторӣ
Тартиби аттестатсияи фаъолияти аудиториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 19. Асос ва тартиби бекор намудани аттестати тахассусии аудитор
1. Аттестати тахассусии аудитор дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад, агар:
– аттестати тахассусиро аз рӯи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ гирифта бошад;
– ҳукми суд оиди пешбинӣ намудани ҷазо дар шакли маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти аудиторӣ дар мӯҳлати муайян эътибори қонунӣ пайдо карда бошад;
– талаботи моддаҳои 13 ва 15 Қонуни мазкур риоя нашуда бошад;
– талаботи муқаррарнамудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки стандартҳои фаъолияти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит аз тарафи аудитор мунтазам вайрон шуда бошад;
– муқаррар шуда бошад, ки хулосаи аудиторӣ бе гузоранидани санҷиши аудиторӣ аз тарафи аудитор имзо шуда бошад;
– дар мӯҳлати ду соли тақвимӣ паи ҳам аудитор бо фаъолияти аудиторӣ машғул нашуда бошад.
2. Қарор оид ба бекор намудани аттестати тахассусии аудитор аз тарафи мақомоти ваколатдор қабул карда мешавад. Мақомоти ваколатдор нисбати бекор намудани аттестати тахассусии аудитор қарори асоснок мебарорад.
3. Шахсе, ки аттестати тахассусиаш бекор карда шудааст, ҳуқуқ дорад аз рӯи қарори қабулнамудаи мақомоти ваколатдор дар бораи бекор намудани аттестати тахассусии аудитор дар мӯҳлати се моҳ аз рӯзи қабули қарор ба суд шикоят намояд.
4. Шахсе, ки аттестати тахассусии ӯ бо асосҳои бандҳои 1, 3, 5 қисми 1 моддаи мазкур бекор карда шудааст, ҳуқуқ надорад, ки такроран дар бораи гирифтани аттестат оид ба ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ дар мӯҳлати се сол аз рӯзи қабул кардани қарор дар хусуси бекор намудани аттестати тахассусии аудитор бо ариза муроҷиат намояд.
5. Шахсе, ки аттестати тахассусии ӯ дар асоси банди 2 қисми 1 моддаи мазкур бекор карда шудааст, ҳуқуқ надорад, ки дар мӯҳлати пешбининамудаи ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, дар бораи гирифтани аттестат оид ба ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ такроран бо ариза муроҷиат намояд.

Моддаи 20. Иттиҳодияи аудиторони касбӣ
Бо мақсади таъмини шароит барои фаъолияти аудиторӣ ва муҳофизати манфиатҳои касбии аъзоёни худ, аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ метавонанд дар иттиҳоди аудиторони касбӣ, ки дар асоси ғайритиҷоратӣ амал менамояд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, муттаҳид шаванд.

Моддаи 21. Ҷавобгарии аудиторони инфиродӣ, ташкилотҳои аудиторӣ ва шахсони санҷишшаванда
Аудиторони инфиродӣ, ташкилотҳои аудиторӣ ва шахсони санҷишшаванда барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур дар рафти фаъолияти аудиторӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

Моддаи 22. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №10, моддаи 98; соли 1999, №12, моддаи 303) беэътибор дониста шавад.

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш. Душанбе 3 марти соли 2006
№170


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.