Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, принсипҳо ва қоидаҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, муносибатҳои ин соҳаро танзим менамояд.Моддаи 15. Баҳисобгирии молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳо
1. Молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳо барои инъикос намудани онҳо дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ аз тарафи ташкилот ба китоби ворида сабт карда мешаванд.
2. Молу мулк ва дороиҳои воридшуда ба китоби ворида бо тартиби зерин сабт карда мешаванд:
– молу мулки харидашуда – бо роҳи ҷамъ кардани хароҷоти воқеӣ;
– молу мулки ба тарзи ройгон гирифташуда – бо арзиши бозорӣ дар рӯзи ба китоби ворида сабт шудани он;
– молу мулки дар худи ташкилот истеҳсолшуда – бо арзиши аслии он.
3.Истеҳлоки воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддӣ новобаста ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагӣ дар давраи ҳисоботӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
4. Тартиби дигари даромад намудани молу мулк, аз ҷумла бо роҳи захиракунонӣ, дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки санадҳои меъёрии мақоми ваколатдори давлатӣ пешбинӣ карда бошанд.
5. Баҳисобгирии муҳосибии ҳисобҳои асъории ташкилотҳо ва амалиёт бо асъори хориҷӣ ва миллӣ дар асоси ҳисоби асъори хориҷӣ бо қурби мубодилавии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи гузаронидани амалиёт амалӣ мегардад.

Моддаи 16. Барӯйхатгирии молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳо
1. Барои таъмини боэътимоди маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ташкилотҳо ӯҳдадоранд, ки молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳояшонро ба рӯйхат гиранд. Дар асоси он мавҷудияти ин молу мулк, ҳолат ва нархгузории онҳо санҷида, бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ карда мешаванд
2. Тартиб ва мӯҳлати барӯйхатгирии молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳоро роҳбари ташкилот муайян мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки барӯйхатгирӣ ҳатмӣ мебошад.
3. Дар ҳолатҳои зерин барӯйхатгирӣ ҳатмӣ мебошад:
– ҳангоми супурдани молу мулк ба иҷора ва хариду фурӯш;
– пеш аз тартиб додани ҳисоботи солонаи муҳосибӣ;
– ҳангоми дигар шудани шахсони масъули моддӣ;
– ҳангоми ошкор гардидани ҳолати дуздӣ, суиистифода ва ё хароб кардани молу мулк;
– ҳангоми офатҳои табиӣ, сӯхтор ва ё ҳолатҳои дигари фавқулодда;
– ҳангоми азнавташкилдиҳӣ, ҷудо кардан ё барҳамдиҳии ташкилот;
– дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузорӣ.
4. Ҳангоми барӯйхатгирӣ фарқи муайяншудаи байни мавҷудияти воқеии молу мулк, дороиҳо ва нишондиҳандаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ аз рӯи тартиби зерин инъикос карда мешавад:
– молу мулк ва дороиҳои зиёдатӣ дар китоби ворида навишта шуда, маблағи дахлдор ба натиҷаҳои молиявии ташкилот гузаронида мешаванд;
– камомади молу мулк ва дороиҳо, вайроншавии он дар ҳудуди меъёри камшавии табиӣ аз ҳисоби истеҳсолот ё муомилот ва дар сурати зиёда аз меъёр будан аз ҳисоби шахси гунаҳкор ҷуброн карда мешавад. Агар шахсони гунаҳкор муайян нашуда бошанд ё ки суд рӯёнидани товони зиёнро аз ҳисоби онҳо рад намояд, пас камомади молу мулк, дороиҳо ва молу мулки вайроншуда аз натиҷаи молиявии ташкилот аз ҳисоб бароварда мешавад.
5. Ҳангоми ошкор гардидани дуздӣ, камомад, қасдан нобуд ё хароб намудани арзишҳои моддӣ, товони зиён аз ҳисоби шахси гунаҳкор ситонида мешавад.

Моддаи 17. Таркиби ҳисоботи муҳосибӣ
1. Таркиби ҳисоботи муҳосибӣ оид ба баҳодиҳии ҳолати молиявӣ аз молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва сармоя иборат мебошад.
2. Ҳамаи ташкилотҳо вазифадоранд, ки дар асоси маълумотҳои ҳисоби таркибӣ ва ҳисоби таҳлилӣ ҳисоботи муҳосибиро тартиб диҳанд.
3. Таркиб ва ҳаҷми ҳисоботи муҳосибиро барои ташкилотҳо мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
4. Ба ташкилотҳои нашрия дар матбааҳо зиёд кардан, тайёр намудан ва ба фурӯш баровардани варақаҳо ва шаклҳои ҳисоботи муҳосибӣ ва молиявӣ бе иҷозати хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ манъ аст

Моддаи 18. Соли ҳисоботӣ
1. Барои ҳамаи ташкилотҳо соли ҳисоботӣ барои ҳисоботи молиявӣ аз 1 январ то 31 декабр шуморида мешавад.
2. Барои ташкилотҳои азнавташкилшуда соли аввали ҳисоботӣ давраи аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ то 31 декабр шуморида мешавад.
3. Ҳисоботи ҳармоҳа ва семоҳа фосилавӣ буда, бо ҷамъбасти афзоишӣ аз аввали соли ҳисоботӣ тартиб дода мешавад.

Моддаи 19. Тартиб ва мӯҳлати пешниҳод кардани ҳисоботи муҳосибӣ
1. Ҳамаи ташкилотҳо (ба истиснои ташкилотҳои буҷетӣ) ҳисоботи солонаи муҳосибиро мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ба муассисон ё соҳибони молу мулк пешниҳод менамоянд.
2. Вазорату идораҳо ҳисоботи ҷамъбастии муҳосибии семоҳа ва солонаро ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар мӯҳлатҳои муқарраркарда месупоранд.
3. Мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ, бонкҳо ва дигар истифодабарандагон ҳисоботи муҳосибро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
4. Ташкилотҳои буҷетӣ ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа ва солонаи муҳосибиро ба мақоми болоӣ дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи онҳо месупоранд.

Моддаи 20. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ
1. Ташкилотҳо вазифадоранд, ки ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва феҳристи баҳисобгирии муҳосибиро дар ҳомилҳои коғазӣ ва ё электронӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доранд.
2. Барои ташкили нигаҳдории баҳисобгирӣ, феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ роҳбар ва сармуҳосиби ташкилот масъул мебошанд.

Моддаи 21. Сирри муҳосибӣ
1. Маълумоти ҳуҷҷатҳои аввалия ва феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ сирри тиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, онро танҳо шахсоне, ки иҷозати роҳбари аввали ташкилотро доранд ва шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда метавонанд.
2. Шахсоне, ки ба сирри тиҷоратӣ дастрасӣ доранд, барои ошкор сохтани он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
БОБИ 3. ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ
Моддаи 22. Ҳисоботи молиявӣ
1. Ҳисоботи молиявӣ маълумотро дар бораи ҳолати молиявӣ, натиҷаи фаъолият ва тағйироти вазъи молиявии ташкилотҳо, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва ё миллӣ тайёр карда шудаанд, дар бар мегирад. Ташкилотҳо ӯҳдадоранд, ки барои ҳар як давраи ҳисоботӣ ҳисоботи солонаи молиявӣ ва фосилавиро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ё миллӣ тартиб диҳанд.
2. Қоидаҳои тартиб додани ҳисоботи молиявӣ ва талаботи иловагӣ ба он тибқи стандартҳои байналмилалӣ ё миллӣ ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ муқаррар карда мешаванд.
3. Ҳаҷм, шакл ва тартиби тайёр намудани ҳисоботи молиявии субъектҳои дорои манфиати умум, ба истиснои ташкилотҳое, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва Қонуни мазкур муайян карда мешаванд.
4. Ҳаҷм, шакл ва тартиби тайёр намудани ҳисоботи молиявии бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва молиявии хурдро Бонки миллии Тоҷикистон муайян менамояд.
5. Ҳисоботи молиявиро роҳбари аввали ташкилот ва сармуҳосиб имзо мекунанд.

Моддаи 23. Пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ
1. Ҳисоботи молиявӣ бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.
2. Ташкилот ҳисоботи молиявиро ба муассис тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва мақоми ваколатдори давлатии соҳаи омор дар ҷои қайди давлатӣ пешниҳод менамояд.
3. Ҷамъиятҳои саҳомӣ ва дигар ташкилотҳое, ки ҳисоботи молиявиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ тартиб медиҳанд, вазифадоранд ҳисоботи молиявии солонаро бо хулосаи аудиторӣ бо тартиб ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба маҳфуздоранда пешниҳод намоянд.
4. Ташкилотҳо ҳисоботи молиявиро то 30 апрели соли баъд аз соли ҳисоботӣ пешниҳод менамоянд.

Моддаи 24. Нашри ҳисоботи молиявӣ
Ҷамъиятҳои саҳомӣ, бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ, суғуртавӣ, биржаҳо, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, фондҳои сармоягузорӣ ва дигар фондҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ ташкил шудаанд, вазифадоранд ҳисоботи солонаи молиявиро дар мӯҳлати на дертар аз 1 июни соли баъд аз соли ҳисоботӣ аз ҳисоби худашон дар воситаҳои ахбори омма нашр намоянд.

БОБИ 4. ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ НИЗОМИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ

Моддаи 25. Танзими баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ
1. Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ба танзим дароварда мешавад.
2. Танзими давлатии низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии бонкҳо, ташкилотҳои қарздиҳӣ ва молиявии хурд аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 26. Назорат дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ
1. Назорат дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар шакли санҷиш гузаронида мешавад.
2. Санҷиш дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 28. Дар бораи аз эътибор соқит намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999 «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №5, мод. 63; с. 2006, №11, мод. 473) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе,
25 марти соли 2011,
№ 702


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.