Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Предмет ва методи баҳисобгирии муҳосибӣ

Предмет ва методи баҳисобгирии бухгалтерӣ. Гурӯҳбанди воситаҳои хоҷаги ва манбаи ташаккули онҳо. Дар зери мафҳуми ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ дар маҷмӯъ низоми шароитҳо ва элементҳои сохтани раванди баҳисобгирӣ бо мақсади ба даст овардани итилооти боваринок ва саривақтӣ оид ба фаъолияти хоҷагидории корхона ва бурдани назорат аз рӯи истифодаи оқилонаи амволи корхона фаҳмида мешавад«Предмет ва методи баҳисобгирии муҳосибӣ»

Нақша:

Предмет ва методи баҳисобгирии бухгалтерӣ. Гурӯҳбанди воситаҳои хоҷаги ва манбаи ташаккули онҳо.
Методҳои баҳисобгирии муҳосибӣ.
Низоми иттилоотии баҳисобгирии муҳосибӣ.

1.Предмет ва методи баҳисобгирии бухгалтерӣ. Гурӯҳбанди воситаҳои хоҷаги ва манбаи ташаккули онҳо.

Дар зери мафҳуми ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ дар маҷмӯъ низоми шароитҳо ва элементҳои сохтани раванди баҳисобгирӣ бо мақсади ба даст овардани итилооти боваринок ва саривақтӣ оид ба фаъолияти хоҷагидории корхона ва бурдани назорат аз рӯи истифодаи оқилонаи амволи корхона фаҳмида мешавад. Маҷмӯи элементҳои асосии низоми ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ аз баҳисобгирии ибтидоӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо, ҳисобрасӣ, нақшаи ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, шаклҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, шаклҳои ташкили корҳои баҳисобгирию ҳисобӣ, ҳаҷм ва таркиби ҳисобот, ташкили масъулиятноки сиёсати ҳисобдории корхона иборат аст.
Мутобиқи низомнома дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот масъулият барои ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ба ӯҳдаи роҳбари корхона (ташкилот) гузошта шудааст. Роҳбар барои ба роҳ мондани раванди баҳисобгирии муҳосибӣ ӯҳдадор аст шароити зарурӣ фароҳам созад, инчунин фаъолияти ҳатмии ҳамаи зерсохторҳоро ба роҳ монад, иҷроиши талаботҳои сармуҳосибро аз ҷониби кормандони шӯъбаи баҳисобгирӣ ва сохторҳои дигари дахлдор дар самти таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳо барои баҳисобгирӣ таъмин намояд,
Баҳисобгирии муҳосибӣ – низоми итилоотии назорат буда, баҳодиҳӣ, коркард ва пешниҳоди иттилооти молиявиро оид ба корхона ба амал меорад.
Корхона – ҳар гуна субъекти хоҷагидорй, тиҷоратӣ, саноатии давлатӣ ё сектори хусусӣ мебошад (моддаи 144 КШ. Ҷ.Т.)
Заминаҳои асосии ташкили оқилонаи баҳисобгирии муҳосибӣ иборатанд аз: омӯзиши низоманомаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, нишондодҳо, дастуруламалҳои танзимкунанда дар бораи баҳисобгирӣ ва ҳисобот ва инчунин хусусиятҳои ташкилӣ ва истеҳсолии корхона; муаӣянкунии ҳаҷм ва мушаххасоти корҳои баҳисобгирӣ; таъсис намудани сохтори дастгоҳи муҳосибот ва шаклҳои алоқаманди он бо қисмҳои алоҳидаи корхона (ташкилот).
Баҳисобгирии муҳосибӣ низоми ягонаи ҷамъоварӣ. Банақшагирӣ, ҷамъбасти иттилоот дар бораи молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва асрмояи ташкилот, ки аз рӯи шаклҳои муқаррашуда тартиб дода шудаанд.
Вазифаҳои асосии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ таъмин намудани шахсони манфиатдор бо иттилооти пурра ва дақиқ оид ба ҳолати молиявӣ, натиҷаи фаъолият ва тағйироти вазъи молиявии ташкилотҳо мебошад.
Ҳисобгирии бухгалтерӣ (аз калимаи олмонии Вuch-китоб, haltеn-доштан гирифта шуда, маънояш китоб-доранда, китоб-баранда), ҷараёни бетанаффус ва ба ҳам алоқаманди мушоҳида ва назорати фаъолияти хоҷагии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо мақсади гирифтани маълумотҳои ҷорӣва ҷамъбастӣ мебошад.
Хусусияти хоси ҳисобгирии бухгалтерӣдар он аст, ки дар он ҳамаи амалиётҳои хоҷагӣпурра, паиҳам ба қайд гирифта мешаванд. Хусусияти дигари ҳисобгирии бухгалтерӣ ҳуҷҷатнокӣ мебошад, яъне ҳар як амалиёти баамаломада дар ҳуҷҷати ҳисобгирии бухгалтерӣ ба қайд гирифта мешавад, ки ин ҳуҷҷатҳо сарчашмаи асосии нишондиҳандаҳои ҳисобгирии бухгалтерӣба ҳисоб мераванд. Ҳисобирии бухгалтерӣ як чанд ўҳдадориҳоро таъмин менамояд, ки асоси онҳоро ахборот, банақшагирӣ, назорат ва таҳлил ташкил медиҳад.
Объекти ҳисобгирии бухгалтериро амволи корхона, ўҳдадориҳои вай ва амалиётҳои хоҷагӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти молиявию хоҷагӣ ба вуҷуд меоянд, ташкил медиҳад.
Объектҳои ҳисобгирии бухгалтерӣба се қисми ба ҳам алоқаманд ҷудо мешаванд:
-амволи корхона аз рўи ҳайат ва ҷойгиршавӣ;
-амволи корхона аз рўи сарчашмаҳои пайдоиши он (капитал ва ўҳдадорӣ)
-амалиётҳои хоҷагӣва натиҷаҳои он, ки дар ҷараёнҳои хоҷагӣ:таъминот, истеҳсолот ва фурўш ба амал меоянд.
Аз ин ҷо, предмети ҳисобгирии бухгалтериро низ ба се қисми маъмул, ки ҳар яки онҳо дар худ амволи алоҳидаро дар бар мегиранд, ҷудо намудан мумкин аст:
Аз ин ҷо, предмети ҳисобгириӣ бухгалтерӣ- ин cистемаи ахборотии батартиб ва батанзимдаровардашудае мебошад, ки инъикоси маҷмўи амволро аз рўи ҳайат ва ҷойгиршавӣ, сарчашмаҳои пайдоиши онҳо, амалиётҳои хоҷагӣва натиҷаи фаъолияти корхонаро дар ифодаи пулӣ бо мақсади иҷроиши нақшаҳо (вазифаҳои ) пешбинишуда муайян менамояд.
Дар асоси қонуни Ҷумҳури тоҷикистон объекти баҳисобгирии бухгалтерӣ ин амволи муассиса, ӯҳдадориҳои он ва амалиётҳои хоҷагие, ки дар давраи фаъолити он гузаронида мешавад.
Гурӯҳбандии воситаҳои хоҷагӣ.
Мулки ташкилот ифодаи пули дошта дар ҳисобгирии бухгалтерӣ воситахои хоҷагӣ номида мешавад.
Тамоми воситаҳои хоҷагӣ аз руи ду аломат ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд:
а) – аз рӯи намуд ва чойгиршавии онҳо.
б) – аз рӯи манбаъи ташаккул ва истифодаи максаднок.

Воситаҳои гардон ифодакунандаи сармояи гардони ташкилот мебошад. Ба таркиби он воситаҳои пули, захираи маводҳои истеҳсолӣ, хароҷотҳои истеҳсоли нотамом, хароҷотҳои дар пешистода, воситаҳои дар маблағгузории молиявии кутоҳмуддат, дохил мешаванд.

Схемаи 1. Гурӯҳбандии воситаҳои хоҷагӣ аз рӯи намуд ва ҷойгиршавӣ

Воситаҳои хоҷагӣ

Маблағгузории
молиявӣ дарозмуддат

Активҳои ғаӣри моддӣ

Воситаҳои асосӣ

Воситаҳои ғаӣри гардон

Схемаи 2. Гурӯҳбандии воситаҳои хоҷагӣ аз рӯи манбаи ташаккулёбӣ

Таснифи амволи муассиса аз рўи ҳайат ва ҷойгиршавӣ.
Корхонаҳо дар ихтиёри худ объектҳои гуногун доранд, ки асоси фаъолияти молиявию хоҷагии корхонаро таъмин ва ташкил мекунад. Дар як вақт ҳар як объект ба сифати амвол баромад мекунад, ки мувофиқи моҳияти иқтисодӣ ба се қисми ба якдигар алоқаманд тақсим мешаванд:
Амволи корхона аз рўи ҳайат ва ҷойгиршавӣ ба гурўҳҳо тақсим мешавад:
1. Воситаҳои гардишӣ ба ду қисм тақсим мешаванд:
-предметҳои меҳнат (ашҳёи хом, масолеҳ, сўзишворӣ ва ғ), ки намуди худро тағир медиҳанд ё гум мекунанд, дар як давраи истеҳсолӣ пурра истеъмол шуда, арзиши худро пурра ба маҳсулот мегузаронанд.
-маҳсулоти тайёр ва молҳои ба фурўш баровардашуда.
2. Воситаҳои пулӣ – маблағи воситаҳои пулии нақдина дар хазинаи корхона, воситаҳои пулии озод, ки дар счёти ҳисоббаробаркунӣ, арзӣ ва дигар Ҳисобҳои банкӣ мавҷуданд.
3. Активҳои молиявӣ – ин гузоришот барои гирифтани маблағгузориҳои кўтоҳмуддати молиявӣ ба давраи на зиёда аз як сол.Ба инҳо дохил мешаванд: саҳмияҳо (аксияҳо), облигасияҳо, заёмҳо, сертификатҳои амонатӣ, векселҳо ва ғайра.1.Воситаҳои асосӣ (сч. 11000). Воситаҳои асосӣ – ин қисми амволест, ки ба сифати воситаи меҳнат барои истеҳсоли маҳсулот, ирои корҳо ва расонидани хизмат ё идоракунии ташкилот дар давраи муайян, яъне зиёда аз 1 сол хизмат менамояд.
Ба ҳайати воситаҳои асосӣ дохил мешаванд: биноҳо, иншоотҳо, мошину таҳҷизотҳо, воситаҳои нақлиёт, техникаи ҳисоббарор, асбобу анҷоми истеҳсолӣ ва хоҷагӣ, ҳайвоноти корӣ, гўштӣ ва дар парваришбуда, дарахтони бисёрсола ва ғайра .
4.Активҳои ғайримоддӣ .
Ба активҳои ғайримоддӣ активҳое дохил мешаванд, ки ба меъёрҳои зерин ҷавоб мегўянд:
-баҳои пулӣ доранд;
-давраи дурудароз(зиёда аз як сол) истифода бурда мешаванд;
-даромад меоранд;
Яъне, активҳои ғайримоддӣ –объектҳоеанд, ки дурудароз (зиёда аз як сол) истифода бурда шуда, баҳои пулӣ доранд ва даромад меоранд, вале барои корхона чизи қиммат ҳисоб намешаванд.
Сарчашмаҳои пайдоиши амволи муассиса.
Дар баробари нишондиҳандаҳои тавсифкунандаи ҳайат ва ҷойгиршавии амвол, дар ҳисобгирии бухгалтерӣ нишондиҳандаҳое инъикос меёбанд, ки манбаъҳои пайдоиши амволро ифода менамоянд. Новобаста аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва намуди моликият амволи корхона аз рўи сарчашмаҳои пайдоиш ба ду гурўҳ тақсим мешаванд:капитали худӣ ва қарзӣ.
Сарчашмаҳои худии амвол базаи моли корхонаро дар ифодаи пулӣ ташкил менамоянд. Онҳо аз капитали худӣ, хўрдашавӣ, фондҳо, захираҳо, фоида, маблағгузории буҷавӣ ва гирифтани воситаҳо ҳамчун ҳадя иборатанд. Ба ҳайати капитали худии корхона, капитали уставӣ, иловагӣ ва захиравӣ, фоидаи тақсимнашуда ва дигар захираҳо дохил мешаванд.
Капитали уставӣ, капитали захиравӣ, капитали иловагӣ, фоидаи тақсимнашуда ва ғайра.
Сарчашмаҳои қарзии (заёмии) ташкилшавии амвол ба ихтиёри корхона ба давраи муайян дохил мешаванд, ки бо гузаштани ин мўҳлат бояд ба моликон бо фоиз ё бе фоиз баргардишӣида шаванд. Ба инҳо дохил мешаванд:
-қарзҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддати банки, заёмҳои кўтоҳмуддат дарозмуддат, қарзҳои кредиторӣ, қарзҳои ҳисоббаробаркуниҳои буҷетӣ, ўҳдадориҳои қарзии корхона дар назди коркунони худ оиди пардохти музди меҳнат, ки дар натиҷаи фарқи байни ҳисобкунӣ ва додани музди меҳнат ба вуҷуд омадааст;

2.Методи баҳисобгирии муҳосибӣ. Шартҳои асосии баҳисобгирии муҳосибӣ

Методи (усули) ҳисобгирии бухгалтерӣ– ин тарзу усулҳоеанд, ки бо ёрии онҳо предмети ҳисобгирии бухгалтерӣомўхта мешавад.
Ҷузъҳои (элементҳои) асосии методи ҳисобгирии бухгалтериро ташкил мекунананд: ҳуҷҷатноккунӣ, барўйхатгирӣ, ҳисобҳо, навишти дутарафа, баланс, ҳисобот, баҳодиҳӣва калкулятсия.
Ҳуҷҷатноккунӣ– шаҳодати хаттӣоиди амалиёти хоҷагии баамаломада мебошад, ки маълумоти (нишондиҳандаи) ҳисобгирии бухгалтериро аз ҷиҳати ҳуқуқӣтасдиқ менамояд. Ҳар як амалиёти хоҷагие, ки дар ҳисобгирии бухгалтерӣакс меёбад, бояд бо ҳуҷҷат ба расмият дароварда шавад.
Барўйхатгирӣ– ин аниқ кардани мавҷудияти ҳақиқии амвол ва ўҳдадориҳои молиявӣ бо роҳи муқоиса намудани онҳо бо нишондодҳои ҳисобгирии бухгалтерӣдар санаи муайян мебошад. Дар натиҷаи барўхатгирӣмувофиқати нишондиҳандаҳои ҳақиқии ҳисобгирӣ, камомад ва зиёдомади амволи корхона муайян карда мешавад. Хисобхои ҳисобгирии бухгалтерӣ- тарзи гурўҳбандӣва инъикоси ҷории амволи хоҷагӣ, ўҳдадориҳо ва амалиётҳо бо аломатҳои бо якдигар шабоҳатдоштае мебошад, ки бо усули навишти дутарафа иҷро шудааст.
Навишти дутарафа – тарзи инъикоси ба ҳам алоқаманди амалиётҳои хоҷагӣдар Хисобхои ҳисобгирии бухгалтерӣ, ки ҳар як амалиёт ва маблағи он дар дебети як счёт ва кредити счёти дигар навишта мешавад.
Баланси бухгалтерӣ–ин тарзи гурўҳбандӣва ҷамъбасти иқтисодии амволи хоҷагии корхона, ки дар шакли пулӣифода ёфта, дар санаи муайян тартиб дода шудааст. Баланс аз ду қисм – актив ва пассив иборат аст.
Ҳисоботи бухгалтерӣ– ин маҷмўи нишондиҳандаҳои ҳисобгирӣ мебошад, ки дар шакли нақшаҳои муайяншуда инъикос ёфта, ҳаракати амвол, ўҳдадориҳо ва ҳолати молиявии корхонаро дар давраи ҳисоботӣ тасниф менамояд.
Баҳодиҳии пулӣ– тарзи ифодаи пулии амвол, ўҳдадориҳо ва амалиётҳои хоҷагӣбарои гирифтани нишондодҳои ҷамъбастшуда дар давраи ҷорӣва ҳисоботӣ умуман дар корхона.
Калкулятсия–тарзи гурўҳбандии хароҷотҳо ва муайян намудани арзиши аслии намудҳои алоҳидаи маҳсулот (кору хадамот) ва масолеҳи қимматноки тайёр шударо ифода менамояд.

3. Низоми иттилоотии баҳисобгирии муҳосибӣ.
Мақсади бурдани баҳисобгирии бухгалтерӣ – ин ҷамъоварӣ, коркард ва танзими маълумот оиди вазъи соҳибкорӣ, воқиф сохтани роҳбар ва менеҷерон оиди ҳаҷми корҳои иҷрошуда, даромад, хароҷот ва фоида, андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, оиди тағйирот дар ҳаракати захираҳои моддӣ ва меҳнатӣ мебошад.
Аз ин мебарояд, ки системаи баҳисобгирии бухгалтерӣ манбаи иттилоотиро барои идоракунӣ ба вуҷуд оварда, назорат ва таҳлили фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебарорад.
Системаи иттилоотии баҳисобгирии бухгалтерӣ ва истифодабарандагони он.
Пешбарии бомуваффақияти соҳибкорӣ дар шароити ҳозира асосан бо азхудкунии маълумоти иқтисодӣ вобастагӣ дорад. Ба қатори рукнҳои муҳимтарини ахбороти иқтисодӣ системаи иттилоотии баҳисобгирии бухгалтерӣ дохил мешавад.Ба сифати истифодабарандагони ахброти баҳисобгирӣ ва ҳисобот гурўҳҳои мухталифи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ , ки дорои манфиатҳои гуногун – дохилӣ ва берунӣ мебошанд, баромад мекунанд.
Истифодабарандагони дохилии иттилоот, ки асосан бевосита бо идораи сармоя (капитал) машғуланд, моликони хусусӣ ва дастҷамъӣ, мақомоти олии идоракунандаи муассиса, дастгоҳи иҷроия, менеҷерон, сардорони шўъба, қисм ва сехҳо мебошанд.
Гурўҳи дуюми истифодабарандагони иттилооти бухгалтериро онҳое ташкил медиҳанд, ки кормандони бевоситаи муассиса набуда, лекин манфиатҳои молиявӣ доранд. Ба қатори чунин судмандон маблағгузори ҳақиқӣ (воқеъӣ) ва эҳтимолӣ, қарздиҳандагони воқеъӣ ва эҳтимолӣ, аз он ҷумла саҳмдорон, таъмингарон ва харидорон мансубанд.
Гурўҳи сеюми истифодабарандагони иттилооти бухгалтерӣ манфиатҳои молиявии бавосита (ғайримустақим) доранд. Ба қатори чунин истифодабарандагон дар навбати аввал давлат дар шахсияти мақомоти андоз, молия ва омор, мақомоти батанзимоваранда, аудиторон, мушовирон мансубанд.
Истифодабарандагони иттилооти бухгалтерӣ
word

Дарси амалӣ
Предмет ва методи баҳисобгирии бухгалтерӣ
Мақсади дарс:
Омӯхтани тарзи гурӯҳбандии воситаҳои хоҷагӣ, намуд, ҷоӣгиршави ва истифодаи мақсадноки манбаи пайдоиши воситаҳои хоҷагӣ.
Масъалаи 1.1.
Дар асоси маълумотҳои зерин гуруҳбандии воситаҳои хоҷагии маркази савдои «Нигина»-ро барои 1 январи соли 2011 гурӯҳбанди намоед.
Таркиби воситаҳои ба холати 1 январи соли 2011.

Номгуи воситаҳои хоҷагӣ

маблағ

1

Бинои маркази савдо

26400

2

Кампютер

4700

3

Ҷевони метали

2300

4

Автомашинаи сабукрав

9100

5

Молу маводҳо

18750

6

Хазина

8350

7

Суратҳисоб

25280

8

Таҷҳизот

12355

9

Телфонҳо

300

10

Асбобҳои камарзишу тезхурдашаванда

6830

11

Молҳо дар анбор

5690

12

Қарзи дебитори барои хаариди молҳо

3200

Ҷамъ:

123255

Гурӯҳбандии манбаи пайдоиши воситаҳои хоҷагӣ

Номгуи гурӯҳҳо ва намудҳои манбаи ташакулёбии воситаҳои хоҷагӣ

маблағ

1

Сармояи оинномавӣ

96645

2

Қарз оиди музди меҳнати кормандон

7320

3

Фойдаи тақсимнашуда

6800

4

Қарзи кредитори барои молҳо

2750

5

Қарз ба буҷет оиди андозҳо

2685

6

Қарзи кутоҳмудати бонки

6000

7

Қарзи кормандон оиди маблағи истифода нашудаи сафари хизматӣ

320

8

Қарз ба фойдаи иҷтимои аҳолӣ

735

Ҷамъ:

123255

Супориш: 1

Гурӯҳбандии воситаҳои хоҷагии маркази савдои «Нигина»-ро ба намуди ҷадвали № 1тартиб диҳед.

Номгуи воситаҳои хоҷагӣ

маблағ

1

Воситаҳои гардиш

2

Маблағҳои пули дар Хазина

8350

3

Маблағҳои пулӣ дар суратҳисоб

25250

4

Молу маводҳо

24440

5

Асбобҳои камарзиш ва тезхурдашаванда

7130

6

Қарзи дебиторӣ

3200

7

Ҷамъ:

68400

Воситаҳои ғайри гардон

8

Бино ва иншоот

26400

9

Таҷҳизот

12355

10

Таҷҳизоти идоравӣ

4700

11

Мебел ва лавозимот

2300

12

Нақлиёт

9100

Ҷамъ:

54855

Ҳамагӣ

123255

Супориш: 2
Гуруҳбандии манбаи ташакулёбии воситаҳои хоҷагӣ ба намуди ҷадвали 2 тартиб диҳед.

Манбаи пайдоиши воситаҳои хоҷагӣ

маблағ

+ҳдадориҳои кутоҳмуддат

2

Қарзи кормандон оиди музди меҳнат

7320

3

Қарзи кормандон иоиди сафари хизмати

720

4

Қарзи кредитори барои молҳо

2750

5

Қарз ба буҷет оиди андозҳо

2685

6

Қарзғ ба фонди ҳифзи иҷтимои аҳоли

735

7

Қарзи бонки кутоҳмуддат

6000

Ҷамъ гуруҳи 1

19810

Сармоя

9

Сармояи оинномавӣ

96645

10

Фойдаи тақсимнашуда

6800

Ҷамъ гуруҳи 2

103445

Ҳамагӣ

123255

Кори мустақилона бо ҳамроҳии устод
Пурсиш ва ҳал намудани тестҳо доир ба мавзӯъи гузашта

1. Калимаи «Бухгалтер» чӣ маъно дорад?
а) калимаи лотинӣ буда маънояш «барандаи китоб» аст;
б) калимаи олмонӣ буда маънояш «барандаи китоб» аст;
в) калимаи олмонӣ буда маънояш «ҳисобдор» аст;
г) калимаи итолиёвӣ буда маънояш «барандаи китоб» аст;
2.Низоми ҳисобгирӣ гуфта, чӣ дар назар дошта мешавад?
а) маҷмӯи намудҳои гуногуни ҳисобгирии ба ҳам алоқаманд, ки фаъолияти хоҷагидории корхонаро ҷамъбаст намуда, маълумоти мукаммалро тайёр менамояд;
б) низоми мунтазам ва саросарии инъикоскунии амалиётҳои хоҷагидорӣ;
в) Яке аз шаклҳои ҳисобгирии хоҷагӣ ва ҳисобгирии бухгалтерӣ мебошад;
г) Низоми саривақт ва бамаврид инъикоскунии ҷараёни бухгалтерӣ бо мақсади идоракунии он;
3. Барои ҳисобгирии захираҳои молӣ-истеҳсолӣ кадом ченак истифода бурда мешавад?
а) меҳнатӣ; б) аслӣ, арзишӣ ва меҳнатӣ; в) арзишӣ ва меҳнатӣ;
г) аслӣ ва арзишӣ;
4. Хусусиятҳои фарқкунандаи ҳисобгирии бухгалтерӣ аз дигар намудҳои ҳисобгирии хоҷагӣ дар чист?
а) мавҷуд набудани хадамоти махсус;
б) фавран дастрас намудани ахборот;
в) истифодабарии усулҳои махсуси ҷамъоварии ахборот;
г) истифодабарии ченакҳои меҳнатӣ, арзишӣ ва пулӣ;
5. Ташаккулёбии ахбори пурра ва дақиқ оид ба фоъолияти корхона ва ҳолати молиявӣ- хоҷагидории он вазифаи кадом намуди ҳисобгирӣ аст?
а) фаврӣ; б) бухгалтерӣ; в) оморӣ; г) фаврӣ ва оморӣ;
6. Ахбори кадоме аз ин намудҳои ҳисобгирӣ барои дигар намудҳои ҳисобгирии хоҷагӣ хусусияти заминавӣ (базавӣ) дорад?
а) фаврӣ; б) оморӣ; в) бухгалтерӣ; г) фаврӣ ва оморӣ.
7. Объекти ҳисобгирии бухгалтерӣ гуфта чиро мегӯянд.
а) амволи ташкилот
б) ӯҳдадории ташкилот
в) амалиёти хоҷагӣ
г) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.
8. Маҷмӯи тарзу усулҳое, ки ба воситаи онҳо ҳисобгирии предмети ҳисобгирии бухгалтерӣ амалӣ гардонида мешавад,ин:
а) Предмети ҳисобгирии бухгалтерӣ
б) Методҳои ҳисобгирии бухгалтерӣ
в) Объекти ҳисобгирии бухгалтери
г) А+В

Кори мустақилонаи донишҷӯ.
Ҳалли масъалаҳо.
Масъалаи 1.2.
Дар асоси маълумоти зерин гуруҳбанди воситаҳои хоҷагӣ ва манбаи ташакулёбии дар фабрикаи мебелбарорӣ «Наргис» – ро барои 1-январи соли 2011тартиб диҳед.

Номгуи воситаҳои хоҷаги ва манбаи ташакулёбии воситаҳои хоҷагӣ

маблағ

1

Бинои фабрика

28300

2

Қарзи кредитор ибо молтаъминкунандагон барои молҳо

7500

3

Маблағҳои пули дар суратҳисоб

22400

4

Қарзи кормандон оиди музди меҳнат

9280

5

Сармояи оинномавӣ

100985

6

Бинои анбор

7300

7

Маблағҳои пули дар хазина

3200

8

Қарз оиди буҷет

3570

9

Сармояи захирави

18900

10

Маҳсулоти тайёр

18300

11

Қарзи бонки кутоҳмуддат

8700

12

Автомашинаи сабукрав

9400

13

Хароҷотҳо барои обуна

1250

14

Таҷҳизотҳо

23450

15

Кампютер

6700

16

Инвентарҳои хоҷагӣ

15100

17

Асбобҳои камарзиши ва тезхурдашаванда

8300

18

Қарз оиди фонди ҳифзи иҷтимои аҳолӣ

925

19

Автомашинаи боркаш

13450

20

Қарзи фабрика ба кредиторон

7290

Ҷамъ

314300


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.