Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Баланси муҳосибӣ

Мафҳуми умумии баланси муҳосибӣ сохт ва таркиби он Амволи корхона дар ҷараёни истеҳсолот бетанаффус иштирок менамояд. Барои муайян кардани бузургии ҳамаи амвол, додани баҳои иқтисодии он дар давраи ҳисоботӣва идоракунии фаврии фаъолияти молиявию хоҷагии корхона, бояд дар корхона нишондиҳандаҳои ҷамъбастии амвол вуҷуд дошта бошад. Ин ҷамъбасткунӣбо роҳи сохтани баланси бухгалтерӣба амал бароварда мешавад.«Баланси муҳосибӣ »

Нақша:

Мафҳуми умумии баланси муҳосибӣ.
Намуд сохт ва таркиби баланси муҳосибӣ.
Тағиротҳо дар баланс ва хелҳои он

1.Мафҳуми умумии баланси муҳосибӣ сохт ва таркиби он
Амволи корхона дар ҷараёни истеҳсолот бетанаффус иштирок менамояд. Барои муайян кардани бузургии ҳамаи амвол, додани баҳои иқтисодии он дар давраи ҳисоботӣва идоракунии фаврии фаъолияти молиявию хоҷагии корхона, бояд дар корхона нишондиҳандаҳои ҷамъбастии амвол вуҷуд дошта бошад. Ин ҷамъбасткунӣбо роҳи сохтани баланси бухгалтерӣба амал бароварда мешавад.
Яке аз вазифаҳои ҳисобгирии бугалтерӣ ин барои истифодабарандагон оиди амвол ва ҳолати молиявии корхона ахборрот додан мебошад. Манбаи муҳими ин ахборот баланси бухгалтерӣ мебошад.
Баланси (аз калимаи франсавӣ – тарозу) ифодаи муқаррари мутаносибии тарафҳо баробарвазншавандаи ҳар кадом зуҳурот ва ҷараёни доима тағирёбанда мебошад.
Баланси бухгалтерӣ–ҳамчун сарчашмаи ахборот, тарзи гурўҳбандии иқтисодӣва ҷамъбасткунии амвол аз рўи ҳайат ва ҷойгиршавӣва манбаъҳои пайдоиши онҳо дар санаи муайян бо баҳои пулӣмебошад. Баланс аз рўи сохти худ нақшаи дутарафаро ташкил медиҳад, ки аз актив ва пассив иборат аст.
Қисми чапи баланс, ки ҳайат, ҷойгиршавӣва истифодабарии амволи корхонаро инъикос менамояд активи баланс номида мешавад.
Қисми рости он, ки пассиви баланс номида мешавад, бузургии воситаҳои ба фаъолияти хоҷагии корхона гузошташуда ва шакли иштироки онҳоро дар ташкили амвол нишон медиҳад. Ин бузургӣҳамчун ўҳдадорӣбарои гирифтани масолеҳи қимматнок ва захираҳо ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҳар як намуди алоҳидаи амвол дар актив ва пассив моддаи баланс мебошад, ки дар онҳо ном ва рақами Хисобхои синтетикӣ оварда мешаванд.
Дар баланс баробарии ҷамъи актив ва пассив ҳатмист, чунки ҳар ду қисми баланс ҳамон як амволро нишон медиҳанд, ки аз рўи аломатҳои гуногун гурўҳбандӣшудаанд: дар актив – аз рўи ҳайат ва нақши он, яъне ҷи хел ҷойгиршавии онҳо (воситаҳои асосӣ, активҳои ғайримоддӣ, таҷҳизот, маблағгузориҳои асосӣ, масолеҳ, маҳсулоти тайёр, воситаҳои пулӣва ғ) ва дар корхона кадом вазифаро иҷро мекунанд; дар пассив – аз рўи манбаъҳои (сарчашмаҳои пайдоиши онҳо , яъне аз кӣ чӣ қадар воситаҳо дохил шудааст (аз муассисон, фоидаи корхона, аз буҷет, қарзҳо ва заёмҳо, аз таъминкунандагон ва ғ.). Ҳамин тавр, ҳар як намуди амвол ба корхона аз ҳисоби ягон сарчашма (манбаъ) дохил мешавад.
Аз ҳамин сабаб маблағи умумии амвол аз рўи ҳайат ва ҷойгиршавӣ(активи баланс) бо маблағи умумии манбаъҳои амвол (пассиви баланс) ҳатман бояд баробар бошад. Ҷамъи актив ва пассиви балансро арзи баланси бухгалтерӣ меноманд. Ин баробариро чунин нишон додан мумкин аст:
Активҳо ӯ ўҳдадориҳои молиявӣ ӯ капитали (захираҳои иқтисодӣ)
Дар ин формулаҳо захираҳои иқтисодӣҳамчун активҳо дида баромада мешавад, ки арзиши умумии амволи дар корхона мавҷудбуда ва дар гардишбударо инъикос мекунад.Ўҳдадориҳои молиявӣ(кaпитали ҷалбкардашуда), камшавии фондҳоро пешбинӣменамояд, андозаи маблағгузории активҳои корхонаро аз тарафи шахсони ҳуқуқӣва воқеӣ, яъне бузургии (ҳаҷми) қарзи кредитории ўро нишон медиҳад.Капитали худӣарзиши маблағгузориҳоро аз тарафи соҳибони корхона тасниф менамояд. Баъзан онро капитали бақиявӣниз меноманд, зеро дар ҳолати ҳамаи пассивҳоро пардохт кардани ин воситаҳо боқӣмемонанд. Дар ин ҳолат баробарии баланс чунин намудро мегирад:
Капитали худ ӯ Активҳо –Ўҳдадориҳои молиявӣ.
Ин онро ифода менамояд, ки кредиторон барои таъмини талаботи молиявии худ нисбат ба молики корхона ҳуқуқи зиёдтар доранд. дар як вақт, ин баробарӣбузургии активҳои корхона ва дараҷаи иштироки кредиторон ва соҳибони корхонаро барои ташкил намудании капитал нишон медиҳад. Аз ин мутаносибӣустувори молиявӣва натиҷаи молиявии корхона вобастагӣдорад.

Намуд сохт ва таркиби баланси муҳосибӣ.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳисобгирии бухгалтерӣ, ки аз 25 март соли 2011, № 720 Вазорати Молияи ҶТ тасдиқ кардааст, ҳамаи корхона ва муассисаҳо, фаъолияти соҳибкории худро ба роҳ мондаанд ва шахсони ҳуқуқӣҳисобида мешаванд, новобаста аз шакли моликияташон (инчунин корхонаҳое, ки маблағгузории хориҷӣдоранд), баланси бухгалтерии шакли ягонаро тартиб медиҳанд.
Баланси бухгалтерӣба ду қисм тақсим мешавад: актив аз ду боб ва пассив аз се боб иборат аст.
Активи баланс аз бобҳои зерин иборат аст:
Боби 1 «Активҳои гардишӣ» маълумотҳоро оиди бақияи захираҳо, хароҷотҳои истеҳсолоти нотамом, инчунин масолеҳ ва молҳоро дар бар мегирад. Дар ин боб ҷои намоёнро захираҳои моллӣишғол менамоянд, ки дар счёти 10 «Масолеҳ» (ашёи хом ва масолеҳ, нимтайёрҳои харидашуда ва маснуоти комплектӣ, детал ва конструксияҳо, сўзишворӣ, зарфҳо ва масолеҳи зарфӣ, қисмҳои эҳтиётӣва ғ) ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ғайр аз ин дар ин боб моддаҳое мавҷуданд, ки ҳолати қарзи дебитории корхона, маблағгузориҳои кўтоҳмуддати молиявӣбо қоғазҳои қимматнок ва дигар активҳои даромаднок, инчунин мавҷудияти воситаҳои пулӣдар хазина, дар Хисобхои банкӣ ва дигар активҳои гардиширо тасниф менамоянд. Дар байни ин моддаҳо нақши муҳимро воситаҳои пулӣва қарзҳои дебитории харидорон ва супоришчиён мебозанд.
Боби II «Активҳои ғайригардишӣ» ном дорад, ки аз активҳои ғайримоддӣ, воситаҳои асосӣ, маблағгузориҳои асосии ба итмом нарасида, маблағгузориҳои молиявии дарозмуддат ва ғайра иборат аст. Ба ҳам овардани онҳо дар як боб аз он сабаб аст, ки онҳо ба активҳои ғайри гардишӣ мансубанд.
Пассиви баланс аз бобҳои зерин иборат аст:
Боби III «ӯҳдадориҳои ҷорӣ» дорои ахборот оиди ҳолати ҳисоббаробаркуниҳо бо қарзҳо ва заёмҳои кўтоҳмуддати банкӣ, инчунин оиди мавҷудияти қарзҳои кредитории дигар пассивҳои кўтоҳмуддат мебошад. Даромадҳои давраҳои оянда, «Фонди истеъмолот» ва «Захираҳои хароҷот ва пардохти дар пешистода» дохил мешаванд.
Боби IV «ӯҳдадориҳои дарозмуддат» қарзҳои соли ҳисоботӣ оиди қарзҳо ва заёмҳои дарозмуддати банкӣ, аз дигар корхонаву муассисаҳо гирифташударо инъикос менамояд.
Боби V «Сармоя ва захираҳо» ном дошта, ҳайат ва таркиби капитали худиро инъикос менамояд, ки аз ҷиҳати мазмуни иқтисодӣ, принсипҳои ташкилшавӣва истифодабарии сарчашмаҳои захираҳои молиявии корхона гуногунанд: капитали уставӣ, капитали захиравӣ, фондҳои таъиноти махсус, дохилшавӣва молиягузории мақсаднок, фоидаи тақсимнашудаи соли ҳисоботӣва солҳои гузашта.

3.Тағиротҳо дар баланс ва хелҳои он
Дар амал намудҳои гуногуни балансҳои бухгалтерӣмавҷуданд:
-даврагӣ;
-солона;
-баланси ибтидоӣ(муқаддимавӣ), ки дар вақти ташкил ё аз- навсозии корхонаи пеш амалкунанда сохта мешавад.
-баланси ҷамъбастӣ(маҷмўӣ), бо роҳи як кардани балансҳои алоҳидаи ҷамъбастӣ сохта мешавад; асосан вазоратҳо, идораҳо ва консернҳо истифода мебаранд;

баланси маҷмўӣ-муттаҳид карда шуда, ки бо роҳи ба ҳам овардани балансҳои корхонаҳои ҳуқуқии мустақили байни ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣвобаста сохта мешаванд; ин тарзи балансҳоро компанияҳои холдингӣ, ки маҷмўи саҳмияҳои дигар компанияҳоро дороянд, корхонаҳои болоӣбо ҷамъиятҳои фаръӣва вобастаи худ истифода мебаранд.
-баланс-брутто – баланси бухгалтерие, ки моддаҳои батанзим дароранда дорад
-баланс-нетто- баланси бухгалтерии бе моддаҳои батанзим дароваранда.
Баланси бухгалтерӣ сарчашмаи асосии нишондиҳандаҳо оиди ҳолати молиявии корхона дар давраи ҳисоботӣ ба шумор меравад. Вай имкон медиҳад, ки ҳайат ва таркиби амволи корхона, инчунин ҳаракат ва гардиши воситаҳои гардишӣ, ҳолат ва ҷараёни инкишофи қарзҳои дебиторӣва кредиторӣ, натиҷаи ниҳоии молиявӣ(фоида ё зарар) муайян карда шавад. Баланси бухгалтерӣмуассисон, менедҷерон ва дигар шахсони ба идоракунии амвол алоқамандро бо ҳолати молиявии корхона, мавҷудияти миқдорӣва сифатии захираи воситаҳои молӣ, истифодабарии ин захираҳо, шинос менамояд.
Аз рўи баланси бухгалтерӣмуайян кардан мумкин аст, ки дар вақтҳои наздик корхона ўҳдадориҳои гирифтаи худро дар назди саҳҳомон, маблағгузорон, қарздиҳандагон (кредиторон), харидорон, фурўшандагон иҷро карда метавонад ё ки ба душвориҳои молиявӣрў ба рў мешавад. Нишондиҳандаҳои (маълумотҳои) баланси бухгалтериро нозирот ва полисияи андоз, муассисаҳои қарздиҳанда (банкҳо ва ғ.) , идораҳои омор ва дигарон васеъ истифода мебаранд.
Дар баланс баробарии ҷамъи актив ва пассив ҳатмист, чунки ҳар ду қисми баланс ҳамон як амволро нишон медиҳанд, ки аз рўи аломатҳои гуногун гурўҳбандӣ шудаанд:
– дар актив – аз рўи ҳайат ва нақши он, яъне чи хел ҷойгиршавии онҳо (воситаҳои асосӣ, активҳои ғайримоддӣ, таҷҳизот, маблағгузориҳои асосӣ, масолеҳ, маҳсулоти тайёр, воситаҳои пулӣ ва ғ) ва дар корхона кадом вазифаро иҷро мекунанд;
– дар пассив – аз рўи манбаъҳои (сарчашмаҳои пайдоиши онҳо , яъне аз ки чи қадар воситаҳо дохил шудааст (аз муассисон, фоидаи корхона, қарзҳо ва заёмҳо, аз таъминкунандагон ва ғ.) . Ҳамин тавр, ҳар як намуди амвол ба корхона аз ҳисоби ягон сарчашма (манбаъ) дохил мешавад.
Бисёр намуди баланси бухгалтерӣ вуҷуд дорад. Вобаста аз мақсади тартибдиҳӣ баланс аз рӯи хусусиятҳои зерин таснифкарда мешавад: вақти тартибдиҳӣ , манбаъи тартибдиҳӣ, ҳаҷми ахбор, характери фаъолият, шакли моликият, инъикоси объект усули тозакунӣ.
Доир ба вақти тартибдиҳӣ балансҳои ибтидоӣ, ҷорӣ, барҳамдиҳӣ, тақсимкунӣ ва мутаҳидкунанда фарқ карда мешавад.
– Баланси ибтидоӣ-дар вақвти ташкили корхона тартибдода шуда, дар он сармояе,ки корхона фаъолияти худро оғоз мекунад, интихоб карда мешавад.
– Баланси ҷорӣ-давра ба давра дар вақти амалиёти корхона тартиб дода мешавад. Баланси ҷорӣ ба баланси аввала , мобайнӣ ва ҷамъбасти ҷудо мешавад.
– Баланси барҳамдиҳӣ – дар вақти барҳам додани корхона тартибдода мешавад.
– Баланси тақсимкунанда- дар вақти тақсим кардани корхонаи калон ба якчанд, нисбатан ба корхонаҳои хурд тартиб дода мешавад.
– Баланси муттаҳидкунӣ- дар вақти муттаҳидкунии якчанд ташкилот тартиб дода мешавад.
Дар натиҷаи фаъолияти хоҷаги таркиб ва бузургии сармояи ташкилот рӯз аз рӯз тағйир меёбад.
Азнуқтаи назари амалия пас аз ҳар як амалиёт нишондиҳандаҳои актив ва пассив тағир меёбад . Аммо баъди ҳар як тағирот баланс тартиб додан ғайри имкон буда маҳз барои ҳамин ҳам дар таърихи муаян тартиб дода мешавад.( як маротиба дар як моҳ, семоҳа, солона).

Тағирёбии баланс

Актив Пассив
зиёдшавӣ камшавӣ зиёдшавӣ камшавӣ

Шакли 1. Шакли 2.

Шакли 3.

Шакли 4.

Ҳамаи амалиётҳои хоҷаги вобаста ба тағирёбии моддаҳои баланс ба 4 шакл ҷамъбаст карда мешавад.
1. Дар амалиёти якум – дар тарафи активи баланс бо иштироки ҳисоби активи дар яке зиёд шавӣ ва дар дигаре камшавӣ ба амал меояд, ки ин амалиёт танҳо ба актив таъсир мерасонад.
2. Дар ин амалиёт ҳисобҳои пассиви иштирок намуда яке зиёд ва дигаре кам мешаванд, ки ин тағйирот танҳо ба пассиви баланс таъсир мерасонад.
3. Дар ин амалиёт ҳам ҳисобҳои активи ва ҳам пассиви иштирок намуда дар тарафи актив зиёдшави ва дар тарафи пассив камшавиро ба амал меоранд.
4. Дар ин амалиёт низ ҳам ҳисобҳои активи ва ҳам пассиви иштирок намуда камшавиро дар тарафи актив ва зиёдшавиро дар пассив нишон медиҳад.

Дарси амалӣ
Баланси муҳосибӣ

Мақсади дарс: – омўхтани моддаҳои баланси муҳосибӣ. Гуруҳбандии бобҳои актив ва пасиви баланс.

Дар асоси маълумотҳои зерин баланси муҳосиби фабрикаи мебелбарори « Маҳина»-ро ба ҳолати 1- январи соли 2011.

Номгўи востаҳои хоҷагӣ ва манбаи ташакулёбии воситаҳо

Маблағ

1

Маводлҳои асоси дар анбор

53000

2

Сармояи оинномавӣ

508500

3

Қарзи кормандон оиди музди меҳнат

15000

4

Бинои фабрика

285000

5

Қарз ба буҷет оиди андозҳо

25000

6

Манбаи пули дар хазина

3000

7

Сармояи иловагӣ

41000

8

Қарз оиди фонди ҳифзи иҷтимои аҳолӣ

18300

9

Таҷҳизоти иловаагӣ

48000

10

Автомабили сабукрав

75000

11

Маҳсулоти тайёр дар анбор

19500

12

Хароҷотҳо барои обунаи маҷаллаҳо

800

13

Қарзи кредиторӣ

38000

14

Фойдаи тақсимнашуда

15000

15

Қарзи дебитори оиди сафари хизмати

300

16

Қарзи мол таъминкунандагон

13200

17

Асбобҳои камарзишу тез хурдашаванда

26400

18

Таҷҳизот

18000

19

Қарзи кутоҳмудати бонки

21000

20

Маблағи пули дар суратҳисоб

166000

Ҷамъ

1390000

Баланс.

Актив

Маблағ

Пасив

маблағ

Баланс

Баланс

Дар асоси Маълумотҳои зерин гурўҳҳои тағирёбии дар баланси муҳосиби муайян намуда. Баланси ҶСК « Нигина»-ро ба 1-апрели соли 2011 тартиб диҳед.

Мазмуни амалиёҳои хоҷагӣ

Маблағ

1

Аз суратҳисоб ба хазина маблағ ворид гардид

85000

2

Аз хазина барои сафари хизмати маблағи пешпардохт дода шуд

500

3

Аз хазина маблағи музи меҳнат дода шуд

76800

4

Аз молтаъминкунандагон мавоҳо даромад карда шуд

18000

5

Аз суратҳисоб ба молтаъминкунандагон маблағи карз барои маводҳо гузаронида шуд.

45000

6

Ба кормандони истеҳсолот музди меҳнат ҳисобкарда шуд.

18000

7

Аз музди меҳнат андоз аз шахсони воқеъи нигоҳ дошта шуд.

2380

8

Аз суратҳисоб маблағи қарзи буҷет барои андоз пардохта шуд.

2000

9

Ба хазина маблағ аз фуруши молҳо ворид гардид

21000

10

Аз истеҳсолот маҳсулоти тайёр бароварда шуд.

5000

11

Ба истеҳсолот маводҳо дода шуд

28000

12

Ба фонди иҷтимои 25- фоиз андози суғурта ҳисоб карда шуд.

Мазмуни амалиётҳои хоҷагӣ

Маблағ

Тағирёби дар баланси муҳосибӣ

Гўруҳи тағирёбӣ

Актив

Пасив

3иёд

кам

3иёд

кам

Ҷадвали №5

Актив

Баланс1 марти 2011

Тағирёбии март 2011(ӯ,-)

Баланс 1 апрели 2011

Аз рўи бобҳо

Супориш:
Иловаи тағирот дохилшудани амалиёти хоҷагиро муайян намоед ва баланс ба 1- апрели 2011 тартиб диҳед.
1.
2.
3.
4.
Супориш масъалаи 3 ба намуди ҷадвали 4 ва 5 тартиб диҳед.

Кори мустақилона бо ҳамроҳии устод
Пурсиш ва ҳал намудани тестҳо доир ба мавзӯъи гузашта

Намудҳои асосии балансҳои бухгалтериро номбар кунед.
а) балансҳои даврӣ, солона, дохилшавӣ;
б)даврӣ, солона, дохилшавӣ, тақсимкунӣ, якҷоякунӣ, барҳамдиҳӣ, ҷамъбастӣ;
в) солона, дохилшавӣ ва тақсимнамоӣ;
г) даврӣ, якҷоякунӣ ва барҳамдиҳӣ; ибтидоӣ, солона ва барҳамдиҳӣ;
2. Таърифи баланси бухгалтериро гўед.
а) маҷмўаи нишондиҳандаҳои инъикоскунандаи ҳайати амволи корхона бо баҳодиҳии ғайрипулӣ;
б) методи балансии инъикоси маълумот дар давраи ҳисоботӣ;
в) ҷамъбасткунии захираҳои ташкилот (активҳои он) ва ўҳдадориҳои ташкилот (пассивҳо) дар давраи муайяни вақт;
в) усули гурўҳбандии иқтисодӣ ва ҷамъбасткунии амвол аз рўйи ҳайат ва ҷойгиршавӣ ва сарчашмаҳои ташкилкунии он, ки бо нишондиҳандаи пулӣ ифода ёфтааст ва дар санаи муайяни вақт тартиб дода шудааст;
г) тарзи иқтисодии гурўҳбандӣ ва пешниҳодкунии маълумоти ҷамъбастӣ;
3. Кадоме аз бобҳо ва гурўҳҳои овардашудаи объектҳои ҳисобгирии бухгалтерӣ ба пассиви баланс тааллуқ дорад?
а) активҳои ғайригардон, воситаҳои асосӣ;
б) воситаҳои пулӣ, гузоришоти молиявии кўтоҳмуддат;
в) ўҳдадориҳои дарозмуддат ва кўтоҳмуддат;
г) захираҳо, хароҷот, андоз аз арзиши изофа аз рўйи арзишҳои бадастовардашуда;
4.Дар кадом боби баланс маблағи активҳои гардон нишон дода мешавад?
а) дар боби якуми активи баланс;
б) дар боби чоруми пассиви баланс;
в) дар боби дуюми активи баланс;
г) дар боби панҷуми пассиви баланс.
5. Дар кадом боби баланс қарздории кредитории таъминкунандагон ва мақомоти молиявӣ инъикос карда мешавад?
а) дар боби дуюми активи баланс;
б) дар боби панҷуми пассиви баланс;
в) дар боби якуми активи баланс;
г) дар боби сеюми пассиви баланс;
6. Баланси ибтидоӣ (дохилшавӣ) бо кадом мақсад тартиб дода мешавад?
а) барои гузаронидани ҷамъбасткунӣ дар охири сол;
б) ҳангоми созмондиҳӣ ё азнавташкилкунии корхонаи пештар фаъолияткунанда;
в) ҳангоми барҳамдиҳии корхонаи фаъолияткунанда;
г) барои банақшагирии фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории корхона;
7.Баланси бухгалтерӣ аз чанд боб иборат аст?
а) аз чор боб;
б) аз се боби активӣ ва се боби пассивӣ;
в) аз панҷ боб;
г) аз се боб дар актив;
8. Кадоме аз баробариҳои зерин барои баланси бухгалтерӣ ҳатмӣ аст?
а) баробарии натиҷаҳои боби дуюм ва боби чорум;
б) баробарии натиҷаҳои боби якуми актив ва боби панҷуми пассив;
в) баробарии натиҷаҳои боби сеюми актив ва боби чоруми пассив;
г) баробарии натиҷаҳои актив ва пассиви баланс (валютаи баланс);

Кори мустақилонаи донишҷӯ
Ҳалли мисолҳо
Дар асоси маълумоти зерин баланси ҶСК «Нигина»-ро барои 1 марти соли 2011 тартиб диҳед.

Номгўи востаҳои хоҷагӣ ва манбаи ташакулёбии воситаҳо

Маблағ

1

Сармояи оинномавӣ

315250

2

Маблағи пули дар суратҳисоб

135000

3

Бино ва иншоотҳо

355000

4

Қарзи кутоҳмудати бонки

205000

5

Кампютер

81000

6

Таҷҳизот

96000

7

Манбаи пули дар хазина

2600

8

Мавоҳо

168000

9

Қарзи мол таъминкунандагон

85000

10

Сармояи иловагӣ

114000

11

Қарз оиди музди меҳнат бо кормандон

85000

12

Маҳсулоти тайёр

55000

13

Фойдаи тақсимнашуда

67100

14

Қарз оиди фонди ҳифзи иҷтимои аҳолӣ

21250

Ҷамъ

1785200


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.