Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Ҳисобҳои ҳисобгирии муҳосибӣ ва навишти дугона

Моҳияти ҳисобҳои бухгалтерӣ сохт ва намуди онҳо. Навишти дутарафа – тарзи инъикоси ба ҳам алоқаманди амалиётҳои хоҷагӣ дар Хисобхои ҳисобгирии бухгалтерӣ, ки ҳар як амалиёт ва маблағи он дар дебети як счёт ва кредити счёти дигар навишта мешавадҲисобҳои ҳисобгирии муҳосибӣ ва навишти дугона

Нақша:

Моҳияти ҳисобҳои бухгалтерӣ сохт ва намуди онҳо
Ҳисобҳои активӣ ва пассивӣ. Навишти дугона ва алоқамандии ҳисобҳо.
Ҳисобҳои синтетики ва аналитикӣ.
Нақшаи ҳисоби муҳосибӣ

Моҳияти ҳисобҳои бухгалтерӣ сохт ва намуди онҳо.
Навишти дутарафа – тарзи инъикоси ба ҳам алоқаманди амалиётҳои хоҷагӣ дар Хисобхои ҳисобгирии бухгалтерӣ, ки ҳар як амалиёт ва маблағи он дар дебети як счёт ва кредити счёти дигар навишта мешавад
Баҳисобгирии бухгалтерӣ ҳамчун системаи ахборотии таъмини идоракунӣ бо ахбороти фоидаовар фаҳмида мешавад. Ба мақсади дастрас намудани ахбороти зарурӣ системаи ҳисобҳои бухгалтерӣ истифода бурда мешаванд.
Нисбати муайян намудани моҳияти ҳисоби бухгалтерӣ ду нуқтаи назар вуҳуд дорад:
Ҳисоб ҳамчун тарзи гурўҳбандӣ назорати ҷорӣ ва инъикос намудани тағйирёбиҳои воситаҳои хоҷагии корхона фаҳмида мешавад. Муҳимтаринаш дар ин ақида он аст, ки ҳисоб ҳамчун тарзи гурўҳбандӣ, инъикос ва ҷамъбасткунии ахбороти якхелаи ҳисобдорӣ фаҳмида мешавад.
Ҳисоби бухгалтерӣ инҷузъи системаи ахборотии идоракунӣ ва ё соҳиби ахборот. соби бухгалтерӣ тарзи таснифот, инъикос ва муқоисакунии ахборот ба мақсади ҷамъбасткунии нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагӣ. Бавоситаи системаи ҳисоб мушоҳидакуни бефосилаи ҷорӣ ва назорат аз рўи ҳолат ва ҳаракати воситаҳои хоҷагии субъекти хоҷагидорӣгузаронида мешавад.
Ҳисобҳои бухгалтерии ва навишти дугона яке аз усулҳои пешбурдани ҳисобгирии бухгалтерии буда он вазифаи ҷамънамудани маълумотҳои ҳисобгирииро ва ба гуруҳҳо тақсим намуда аз болои онҳо назорат бурданро дар ҳисобгирии бухгалтерӣ мебозад ҳисоб гуфта ин олот. Восита ва ётарзи ба гуруҳҳо ҷудо намудани воситаҳои хоҷагиро меноманд.
Ҳисоб ду тараф дошта онро бо шакли ҳарфи Т- ифода мекунанд, ки тарафи чапи онро дебет ва рости онро кредит меноманд.
Калимаи дебит ва кредит лотини буда маънояшон (debet) медиҳам ва кредит(credit) бовар мекунам. Ин чунин дар ҳисобҳои бухгалтерии дар ҳар авали моҳ аз баланси бухгалтерии боқимондаи маблағҳоро гирифта менависанд, ки онро салдо (бақия) меноманд.
Салдо калимаи итолиявӣ буда Ҳисоббаробар куниро ифода мекунад .Сохтори ҳисоб чунин шаклро дорад.
Дебит (Дт) номгуи ҳисоб № Кредит (Кт)

Баъдазнавиштани салдои аввала дар ҳисобҳо ҳамаи он амалиётҳое. Ки дар давоми моҳи ҳисоботи ба амал меоянд дар қисми дебет ва кредитии ҳисоб вобаста аз хусусиятҳояшо инъикос намуда дар охири моҳ ҷамъбаст карда мешаванд, ки онро гардиши ҳисоб меноманд .Гардишро ба ду намуд ҷудо мекунанд. Гардиши дебит ива гардиши кредити.
Гардиши дебити гуфта ҳамаи он ҳаракати тағиротҳое.ки дар давоми таркиби намуди ҷойгиршави ва манбаи пайдоиши воситаҳои хоҷаги ба амал омада дар тарафи дебитии ҳисоб навишта мешаванд меноман.
Гардиши кредити гуфта ҳамаи он ҳаракуту тағиротҳоро ,ки дар давоми моҳ дар таркиби намуду ҷойгиршави ва манбаи пайдоиши воситаҳои хоҷаги ба амал омада дар тарафи кредити ҳисоб навишта мешаванд меноманд.
Инчунин пас аз ҷамбасти гардишҳои дебити ва гкредити дар ҳисоб натиҷабарори намуда дар охири моҳ салдои (бақияи) охирро муайян меномоянд.

Ҳисобҳои активӣ ва пассивӣ.
Баланси бухгалтерӣ аз ду қисм иборат аст. Ҳисобҳои бухгалтерӣ низ вобаста бо инъикос дар баланс ба ду гуруҳ тақсим мешавад:
Активӣ. Пассивӣ.
Ҳисобҳои активӣ гуфта он ҳисобҳоро меноманд ,ки барои ҳисобгирии ҳолат ва ҳаракати воситаҳои хоҷаги аз руи намуд ҷойгиршави таъмин шудаанд. Ба монанди активҳои ғаӣри модди мавод ва воситаҳои пулӣ ва ғайраҳо, ки дар тарафи автивии баланс ҷоӣгиранд.
Салдои аввалаи ҳисобҳои активи дебити буда гардиши дебити он зиёдшавиро (+) ва гардиши кредити он камшавиро (-) инъикос намуда дар тарафи дебит салдои охири он аз руи формулаи зерин ҳисобкарда муайян карда мешавад.
С аввала ӯ Г(гардиши дебитӣ) – Г (гардиши кредитӣ) + С охирон .
Сохтори он чунин шаклро мегирад:
Дебит (Дт) номгуи ҳисоб № Кредит (Кт)

Бақияи воситаҳои хоҷагӣ дар ибтидо
Зиёдшавӣ (+)

Камшави (-)

Бақияи воситаҳои хоҷагӣ

Ҳисобҳои пассивӣ гуфта ҳисоберо меноманд.ки барои ҳисобгирӣ ҳолат ва ҳаракати манбаҳои пайдоиши воситаҳои хоҷагӣ таъмин шудаанд ба монанди уҳдадориҳо ва сармоя . ки дар тарафи пассивӣ ҷойгиранд.
Салдои инҳисобҳо кредитӣ буда, гардиши кредитии он зиёдшавиро ва гардиши дебитии он камшавиро нишон медиҳад ва дар салдои охири он аз руи формулаи зерин муайян карда мешавад.
С.охир ӯ С.аввала+ Гардиши кредитӣ- Гардиши дебитӣ.
Сохторӣ он бошад чунин шаклро мегирад.

Дебит (Дт) номгуи ҳисоб № Кредит (Кт)

Камшави (-)

Бақияи воситаҳои хоҷагӣ дар ибтидо
Зиёдшавӣ (+)

Бақияи воситаҳои хоҷагӣ

3.Навишти дугона ва алоқамандии ҳисобҳо
Дар ҳисобгирии бухгалтерӣ ҳамаи амалиётҳои хоҷагӣ дар ҳисобҳо бо қоидаи навишти дугона нишондода мешавад.
Навишти дугона – ин дар ҳамбастаги инъикос намудани абъектҳои бухгалтерии дар дебити як ҳисоб ва кредити дигар ҳисоб бо маблағи якхела.
Агар мо ҳаряк ҳисобро дар алоҳидаги дида бароем онгоҳ дар он танҳо тағиротҳоро яъне камшави ё зиёдшавиро мебтинем ва агар ҳисобҳоро бо ҳамдигар алоқаманд карда гирем онгоҳ мазмуни додугирифро фаҳмидан мумкин аст.
Навишти дугона аҳмияти назорати низ дорад зеро дар натиҷаи он дар охири моҳи ҳисоботи бояд маблағи гардиши дебетии ҳамаи ҳисобҳои синтетики бо гардиши кредитии он баробар бошад .Дар ҳолати мавҷуд набудани чунин баробари ин аз он гувоҳи медиҳад,ки дар вақти инъи коси амалиётҳо дар ҳисобҳои синтетики ба хатоги роҳдода шудааст .Ҳамаи амалиётҳо дар ҳисобҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои ибтидои сабт карда мешавад барои он,ки ҳаряк амалиёти хоҷагиро дар ду ҳисоб дарҷ намоем,
Мисол: Аз таъминкунандагон маводҳо ворид шудаанд, бо маблағи 40000 сом аммо пардохт нашудааст ин онро нишон медиҳад,ки захираи маводҳо аз як тараф зиёд шуд ва аз тарафи дигар қарзи таъмин кунандагон низ зиёд шуд ва дар ҳисобгирӣ чунин нишондода мешавад:
Дт ҳисоби № Кт ҳисоби № 40000сом.
Аз ин навиштаҷот чунин хулоса баровардан мумкин ,ки мувофиқи қоида зиёдшавиии ҳамаи ҳисобҳои активи дар дебити ҳисоб ва камшавиашон дар кредити ҳисоб ва ҳисобҳои пассивӣ бошанд, бар акси активи нишондода мегшвад ва аз хамон сабаб мавоҳо ,ки ҳисроби активанд зиёдшави дар Дт ва таъминкунанда ,ки ҳисоби пассив аст зиёдшави он дарт Кт навишта мешаванд.
Пеш аз инъикоси амалиётҳо дар ҳисобҳо баотарзи навишти дугона бояд шартҳои зеринро иҷро намуд:

Бо кадом объектҳои ҳисобгирии ин амалиётҳои хоҷаги таъсир мерасонад (активҳо, уҳдадориҳо ва сармоя)
Дар натиҷаи амалиёти хоҷагӣ бо объектҳое,ки ба ҳисобгирифта шдаанд, чи рух медиҳад (зиёдшавӣ ё камшавӣ).
Объектҳои ҳисобгирии дар кадом ҳисобҳои бухгалтерӣ инъикос мешаванд (яъне дар кадом ҳисоб)
Дар муносибат бо баланс чи гунна ҳисобҳоанд (яъне активӣ, пассивӣ)
Дар кадом қисми ҳисоб ин амалиётҳоро сабт намуд. (дар қисми дебити ё дар қисми кредитӣ ҳисоб).
Мисол:

Муросилоти ҳисобҳо

маблағ

Дт

Кт

1

Азтаъмин кунандагон молҳо воридшуд бо маблағи

12000

10710

22010.

2

Аз ҳисоби қарзи кутоҳмудати бонк карз ба таъминкунандагон пардохта шуд .

10000

22010

22110.

3

Аз суратҳисоб ба хазина маблағҳо барои пардохти музди кор гирифта шуд.

8500

10100

10200.

4

Аз хазинаи корхона ба коргарон коргарон музди меҳнат дода шуд.

8500.

22210

10100.

Сабткуни дар ҳисобҳои бухгалтерӣ дар асоси ҳуҷҷатҳо гардонаида мешавад аз ин ру ҳамаи он ҳуҷҷатҳое.ки ба муҳосибот қабулкарда мешавад. Коркарди муҳосиби гузаронида мешавад .яке аз марҳилаҳои он ин сабти ҳисобҳои алоқамандшаванда барои ҳар як амалиёти ддар ҳуҷҷат инъикосшуда мебошад. Алоқамандие.ки дар натиҷаи нишондиҳии амалиётҳои хоҷаги дар байни ҳисобҳо ба амал меояд алоқамандии ҳисобҳо номаида мешавад. Худи ҳисобҳоро бошад ҳисобҳои алоқамандшаванда мноманд.
Масъаланд: дар асоси ҳисоботи пешпардохти тартибдода шуда ба хазинаи ташкилот маблағи истифода нашудаи шахси ҳисобдеҳ баргардонидашуд-500 сомонӣ.
Дт хазина ————————————-500с
Кт Қарзи дебитори кормандон————–500с.
Муросилоти бухгалтерӣ – ин сабтнамудан ва нишондодани номгуи ҳисобҳои дебитӣ ва кредитӣ бо маблағи нишондодашудаи амалиётҳои хоҷагӣ мебошад.
Муросилоти бухгалтерӣ ду хел мешавад. Оддӣ ва мураккаб.
Муросилоти одди – ин сабти амалиёти хоҷагӣ дар дебити як ҳисоб ва кредити дигар ҳисоб ( бо иштироки ду ҳисоб) мебошад.
Муросилоти мураккаб – ин сабти амалиётҳои хоҷагӣ дар дебити як чанд ҳисобҳо ва кредити як ҳисоб ё ин . ки кредити як чанд ҳисобҳо ва дебити як ҳисоб( яъне иштироки зиёда аз ду ҳисоб).мебошад.
Инчунин бояд маблағи дебити як ҳисоб ва кредити як чанд ҳисоб баробар бошад.
Масъаланд:
Аз хазинаи ташкилот пардохта шуд ба: Дт Кт
Коргарон музди меҳнат 22210 – 10100.
Қарзи кредитор ибо кредиторон 22000 – 10100.
Ба суратҳисоб бақияи маблағи хазина 10200 – 10100.
ё ин, ки баръакс:
Ба хазинаи ташкилот ворид шуд аз :
Фуруши маҳсулот 10100 – 44010.
Аз суратҳисоб 10100 – 10200.
Қарзи дебиторӣ 10100 – 10400.
Аз шахсони ҳисобдеҳ бақияи маблағи
Ҳисоби истифода нашуда. 10100 – 22000.
Ҳисобҳои синтетики ва аналитикӣ.
Вобаста аз дараҷаи ҷамъбасти маълумот оиди объектҳои ҳисобгири ҳисобҳо ба синтетики ва аналитики ҷудо мешаванд:
Ҳисобҳои синтетики дар асоси моддаҳои баланси бухгалтерии кушодашуда танҳо барои гирифтани маълумотҳои ҷамъбаст шуда оиди объектҳои баҳисобгир имконият медиҳанд. Ки объектҳои ҳисобгир бо ченаки пули инъикос карда мешавад.Ҳисобҳое.ки дар онҳо воситаҳои хоҷаги ва манбаи пайдоиши онҳо бо намуди ҷамъбасти ё умуми инъикос карда мешаванд. Ҳисобҳои синтетики номида мешавад.
Калимаи синтетики – юнони буда маънояш якҷоя куни пайвасткуни мебошад.
Ҳисобгириро дар ҳисобҳои синтетики ҳисобҳои синтетики меноманд.
Дар ҳисобгири бухгалтерии барои пурраю равшан бурдан назорат аз болои нигоҳдории захираҳову хароҷотҳо барои идоракуни ҳисобгирии синтетики басанда намебошад. Аз ин сабаб барои пурратар гирифтани маълумот. Ҳисобгирии аналитикиро истифода мебаранд. Дар ҳисобгири аналитики ба ғайр аз ченаки пулӣ . ченакҳои асли ҳам истифода бурда мешаванд.
Ҳисобҳое.ки дар онҳо маълумотҳои саҳеҳ оиди ҳар як намуди алоҳидаи воситаҳои хоҷаги ва манбаи пайдоиши онҳо инъикос карда мешавад.ҳисобҳои аналитики номида мешавад.
Калимаи аналитики низ юнони буда маънояш тақсимкуни тақимкуни ҷудо куниро мефаҳмонад.
Ҳисобҳои аналитики дар асоси ҳисобҳои синтетики кушода мешаванд, бо мақсади гирифтани маълумоти саҳеҳ оиди ҳар як воситаҳои хоҷагӣ ва манбаҳои пайдоиши онҳо. Байни ҳисобҳои синтетики ва аналитики алоқаманди мавҷуд аст. Ки бояд ба қойдаҳои зерин дар рафти ҳисобгири риоя карда шавад

Салдои ҳамаи ҳисобҳои аналитики ба салдои ҳисоби синтетики баробар бошад.
гардиши дебити ҳисобҳои аналитики бояд ба гардиши дебити ҳисоби синтетики баробар бошад.
Гардиши кредити ҳисобҳои аналитики бояд бо гардиши кредитии ҳисоби синтетики баробар бошад.
Салдои охири ҳамаи ҳисоҳои аналитики бояд бо салдои охири ҳисоби синтетики баробар бошанд.
Дар ҳисобгирии бухгалтерӣ на ҳамаи ҳисобҳои синтетики кушодану бурдани ҳисобҳои ананлитикиро талаб мекунанд.
Ҳисобҳое, ки кушодани бурдани ҳисобҳои аналитикиро талаб намекунад ҳисобҳои одди меноманд.
Ҳисобҳое.ки ҳисобгирии аналитикиро талаб мекунанд ҳисобҳои мураккаб меноманд.
Барои аниқ гардонидани назорат аз болои ҳисобҳо тартибдтҳии баланс ва ҳисобҳо дар ҳисобҳои бухгалтерии тартибдиҳи ведамости гарди тадбиқ карда мешавад
Ведамости гардиши ин роҳи ҷамъбасткунии нишондиҳандаҳои ҳисобҳо ҳисобида шуда дар он бақия ва гардиши воситаҳои хоҷаги ва манбаи пайдоиши онҳоро ба қайд мегиранд.
Ведамости гардишии ҳисобҳои синтетики – дар асоси ҳисобҳои синтетики дар давоми моҳ кушодашуда тартиб дода мешавад. Дар он номгуи ҳисобҳо бақияи аввалаи моҳ. Гардиши дар давоми моҳ ва бақияи дар охири моҳ навишта мешавад. Дар сутунҳои бақияи аввала ва бақияи охири моҳ барои ҳисобҳои активӣ дар Дт ва барои активопассивӣ ҳам Дт ва ҳам дар Кт навишта мешавад.

Дарси амалӣ
Мақсади дарс: омӯхтани тарзи навишти амалиётҳои хоҷагӣ дар ҳисобҳои муҳосибӣ
Супориш: Дар асоси маълумотҳои зерин;
– кушодани ҳисобҳои муҳосибӣ
– гузаронидани амалиётҳои хоҷагӣ ба ҳисобҳои муҳосибӣ бо тарзи навишти дутарафа
– ҷамъ намудани гардиш дар охири моҳ ва муайян намудани бақияи ҳисобҳо
– тартибдодани баланси муҳосибӣ барои 1- майи соли 2010

Баланс барои 1-апрели 2010

Номгўи востаҳои хоҷагӣ ва манбаи ташакулёбии воситаҳо

Маблағ

Активҳои гардон

1

Хазина

50

2

Маблағи пули дар суратҳисоб

85000

3

Маводҳо

12000

4

Истеҳсолоти нотамом

8000

5

Маҳсулоти тайёр дар анбор

15000

6

Қарзи дебитори оиди сафари хизмати

950

Ҷамъ

71000

Активҳои ғайри гардон

7

Воситаҳои асосӣ

150000

Ҷамъ:

150000

Ҳамагӣ

221000

+ҳдадориҳои ҷорӣ

8

Қарзи кормандон оиди музди меҳнат

5000

9

Ҳисобҳо барои пардохт

50000

10

Андози иҷтимои

3000

11

Қарзи кутоҳмуддати бонк

60000

12

Қарзи кредитори асосӣ

3000

Ҷамъ

121000

Сармоя

13

Сармояи оинномавӣ

90000

14

Сармояи захиравӣ

10000

Ҷамъ:

100000

Ҳамагӣ

221000

Амалиётҳои ҶММ «Дустӣ» барои моҳи апрели соли 2010

Мазмуни додугирифтҳо

Маблағ

Дт

Кт

1

Аз суратҳисоб ба хазина пулҳои нақд ворид гардид

5000

10110

10210

2

Аз хазина музди меҳнат пардохта шуд

4500

55220

10110

3

Аз хазина ба шахсони ҳисобдеҳ маблағ дода шуд

250

10590

10110

4

Ба хазина аз шахсони ҳисобдеҳ бақияи маблағи истифода нашуда баргардонида шуд.

50

10110

10520

5

Ба суратҳисоб бақияи маблағҳои нақд супорида шуд

300

10210

10110

6

Аз таминкунандагон ба анбор маводҳо ворид шуд

54000

10720

22010

7

Қарзи кутоҳмуддати бонк ба суратҳисоб гузаронида шуд

15000

10210

22110

8

Ба истеҳсолот ба анбор маводҳо ворид шуд

25900

10730

10720

9

Аз суратҳисоб ба таминкунандагон қарз пардохта шуд

40000

22010

10210

10

Аз ҳисоби қарзи кутоҳмуддати бонк ба таъмин кунандагон қарз пардохта шуд

30000

22010

22110

Кори мустақилона бо ҳамроҳии устод
Пурсиш ва ҳал намудани тестҳо доир ба мавзӯъи гузашта
1.Истифодабарии навишти дутарафа аз кадом асрҳо шурӯъ гардид?
а) Аз асрҳои 13-14
б) Аз асрҳои 18-19
в) Аз асрҳои 11-12
г) Аз асрҳои 19-20;
2. Ки аввалин бор мафҳуми навишти дутарафаро мавриди истифодабарӣ қарор додааст?
A) Алҳвизе Казанова
Б) Людовико Флори
В) Лука Пачоли
Г) Алҳвизе Пачоли
3. Дар асоси бақияи охирон чӣ тартиб дода мешавад?
А) варақаи гардон
Б) ведомост
В) баланс
Г) ҳисобот
4. Счетҳои синтетикӣ?
А) счетҳои зерсчетҳо
Б) счетҳое, ки камтар истифода мебаранд
В) счетҳои асоси
Г) ҳисобҳои иловагӣ
5. Ҳисобҳои аналитикӣ?
А) ҳисоби асосӣ
Б) зерҳисоби ҳисобҳо
В) ҳисобҳои номгӯи аниқ дошта.
Г) ҳисобҳои балансӣ
6. Фарқи варақаи гардони счётҳои синтетикӣ аз аналитикӣ?
А) маблағҳо баробаранд.
Б) бақияи аввал надоранд
В) маблагҳо баробар намешаванд.
Г) бақияи охир надоранд.
7. Нақши счётҳои ҳисобгирии бухгалтерӣ дар чист?
а) барои инъикоскунии маълумоти ҷамъбастӣ оиди амалиёти хоҷагидорӣ дар давраи ҳисоботӣ пешбинӣ шудаанд;
б) барои инъикоскунии ҷории амалиёти хоҷагидории соли ҳисоботӣ пешбинӣ шудаанд;
в) барои гурўҳбандии амвол, инъикоси ҷорӣ ва назорат аз болои маълумоти амалиёти хоҷагидорӣ, аз рўйи аломатҳои сифатии монанд пешбинӣ шудаанд;
г) счёт – ин усули баҳисобгирии нишондиҳандаҳои анлитикӣ (ҷузъӣ).


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.