Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


«Баҳисобгирӣ ва аудити воситаҳои асосӣ»

Воситаҳои асосӣ— ин дороиҳои моддие мебошанд, ки барои истифодабарӣ дар раванди истеҳсолот, барои таҳвили молҳо, расонидани хизматҳо, ба иҷора додан ва ё ба мақсадҳои маъмурӣ истифода бурдан ва барои истифода дар муддати зиёда аз як давраи ҳисоботӣ пешбинӣ карда шудаанд (СБҲМ – 16 \”Воситаҳои асосӣ\”). Воситаҳои асосӣ – қисми амволест, ки ба сифати воситахои«Баҳисобгирӣ ва аудити воситаҳои асосӣ»

Нақша:

Баҳисобгирии воситаҳои асосӣ.
Усулҳои ҳисобкардани истеҳлоки воситаҳои асосӣ.
Аудити воситаҳои асосӣ.

1. Баҳисобгирии воситаҳои асосӣ.
Воситаҳои асосӣ— ин дороиҳои моддие мебошанд, ки барои истифодабарӣ дар раванди истеҳсолот, барои таҳвили молҳо, расонидани хизматҳо, ба иҷора додан ва ё ба мақсадҳои маъмурӣ истифода бурдан ва барои истифода дар муддати зиёда аз як давраи ҳисоботӣ пешбинӣ карда шудаанд (СБҲМ – 16 \”Воситаҳои асосӣ\”).
Воситаҳои асосӣ – қисми амволест, ки ба сифати воситахои меҳнат ҳангоми истеҳсоли маҳсулот, иҷрои корҳо ё хизматрасонй, ё барои зарурияти идоракунии ташкилот дар муддати бештар аз 12-моҳ ё давраи оддии муомилотӣ, эгар он аз 12-моҳ зиёдтар бошад, истифода мешавад.
Воситаҳои асосӣ дар навбати худ ба истеҳсолӣ ва гаӣриистеҳсолӣ тақсим мешаванд.
Ба воситаҳои асосии истеҳсолӣ дохил мешаванд: биноҳо, иншоотҳо, таҷҳизот. мошинаҳо, воситаҳои нақлиёт ва объектҳову воситаҳои дигаре. ки ба амалидошти фаъолияти оинномавии субъекти хоҷагидорӣ, яъне сохтмон, истеҳсоли маҳсулот, кишоварзӣ, тиҷорат ва ғ. алоқаманданд,
Ба воситаҳои асосии ғайриистеҳсолӣ дохил мешаванд: объектҳои ба тавозуни субъекти хоҷагидорӣ дохилбуда, вале ба амалидошти фаъолияти оинномавии он алоқа надошта, яъне дар соҳаҳои ғайри истеҳсолӣ истифодашаванда.
Ҳисоби 11000 \”Воситаҳои асосӣ\” барои ҷамъбаст намудэни итилоот оид ба мавҷудият ва ҳаракати воситаҳои асосии ба субъект чун моликият тааллукдошта ва ё тибқи шартҳои иҷораи молиявӣ ба иҷора гирифташуда, инчунин воситаҳои асосии дар истифода буда ё чун захира нигоҳ дошташаванда, ё тзҷҳизоти бзрои насбкунӣ эҳтиёҷдошта, объектҳои сохташаванда муқаррар карда шудааст.
Ба ҳисоби 11000 \”Воситаҳои асосӣ\” зерҳисобҳо зерин кушода шуда метавонанд:
11010\”3амин\”;
11020 \”Бино ва иншоот\”;
11030 \”Таҷҳизот\”;
11040\”Таҷҳизоти идоравӣ\”;
11050 \”Мебел ва ашё\”;
11060 \”Воситаҳои наклиёт\”;
11070 \”Сохтмони нотамом\”;
11080 \”Ободонии моликияти иҷоравӣ ва қитъаҳои замин\”;
11090 \”Воситаҳои асосии дигар\”.
Тарзҳои ба даст овардани воситаҳои асосй Воситаҳои асосӣ ба даст оварда мешаванд: -бо воситэҳои пулӣ;
-бо роҳи табдили (ивази) сармояи ширкати бадастоваранда ба саҳмияҳо;
-бо қарз;
-ба сифати тӯҳфа аз дигар субъектҳо;
-бо роҳи сохтмон бо қувваи худӣ;
-бо роҳи табдили (ивази) дороиҳои дигар.
Ба даст овардани воситаҳои асосӣ бо воситаҳои пулӣ
Усулҳои муаӣян кардани арзиши ибтидоӣ барои гурӯҳҳои гуногуни воситаҳои асосии ба пул харидоришаванда аз ҳам фарқ мекунанд.
Арзиши ибтидоӣ барои замин дар бар мегирад:
-нархи харид;
-хароҷотҳо барои бақайдгирӣ;
-хароҷотҳо барои овардани замин ба ҳолати зарурй ;
-қабули ягон намуди ҳуқуқ барои нигоҳдорӣ;
-хароҷотҳои иловагӣ барои ободонии маҳаллии замин.
Арзиши ибтидоии воситаҳои асосии дигар ҳамчун маблағи харидорӣ ва хароҷотҳои дигари бо омодасозии воситаҳои асосй барои истифода (суғурта, хароҷотҳои нақлиётӣ ва ғайраҳо) алоқаманд муайян карда мешавад.
Мисол:. Ширкати \”Икром\” замин ва биноро ба маблағи 250 000 сомонӣ ба даст овард. Арзиши баҳодиҳандаи замин 150 000 сомонӣ ва бино 150 000 сомониро ташкил менамояд. Ҳиссаи хароҷоти ҳар як дорой (замин, бино) чунин муаӣян карда мешавад:

Дороиҳо

Баҳои дороиҳо

Ҳиссаи дороиҳо

11010-Замин

150 000

50%

11020-Бино

150 000

50%

Ҳамагӣ

300 000

100%

Арзиши ибтидоӣ барои ҳар як дороӣ чунин аст:
Замин 50% х 250 000ӯ125 000 сомонй
Бино 50% х 250 000ӯ125 000 сомонӣ
Гузарониши ҷурналӣ барои инъикоси ин муомилот чунин аст:
Дебети 11010 \”Замин\”………………… 125 000 сомонӣ,
Дебети 11020 \”Бино\”………………….. 125 000 сомонӣ,
Кредити 10210 \”Ҳисоб дар асъори миллӣ\” …250 000 сомонӣ.
Баҳисобгирии воситаҳои асосй дар лаҳзаи ба даст овардан
Вақте ки воситаҳои асосӣ ба ивази воситаҳои пулй ба даст оварда мешаванд, гузарониш барои инъикоси амалиёти мазкур чунин мешавад:
Дебети 11000 \”Воситаҳои асосй\”,
Кредити 10200 \”Воситаҳои пулӣ дар бонк\”,
Мисол: Ширкати \”Алӣ\” биноро бо арзиши ибтидоии 10 000 сомонӣ ба даст овард.
Дебети 11020 \”Бино\”……………………. 10 000 сомонӣ
Кредити 10210 \”Ҳисоб дар асъори миллӣ\” 10 000 сомонӣ
Воситаҳои асосии бадастовардашуда дар кредит бо арзиши ҷории пардохтҳои ояндаи пулӣ, ки дар ҳуҷчати қарздорӣ нишон дода шудааст, инъикос мегардад.
Ба воситаҳои асоси аз рӯи:
– Арзиши аввалаи баланси.
– Арзиши барқароркунӣ ,
– Арзиши бақиявӣ.
Арзиши аввалаи баланси-арзишест, ки ҳамаи хароҷотҳоро оиди ба даст оварани воситаҳои асоси дар бар мегирад, яъне арзишест, ки воситаҳои асоси дар баланси бухгалтерӣ нишондодашудааст.
Арзиши барқароркунӣ- арзишест,ки аз руи воситаҳои аоси аз нав баҳодода мешаванд.(дар вақти беқурбшави пули милли).
Арзиши бақиявӣ- ин фарқи байни арзиши аввалаи баланси арзиши барқароркуни ва маблағи истеҳлоки ҳисобкарда шуда дар вақти истифодабари мебошад.
Баҳисобгирии аналитикии воситаҳои асоси дар варақаҳои инвентарибурдамешаванд, ки дар он номгуи воситаҳои асоси санади қабул ва истифодабарии арзиши авввалаи баланси меъёри истеҳлок нишондоад мешаванд.
Дар вақти аз навбаҳодиҳии воситаҳои асоси ва аз ҳисоббаровардани восиатҳои асоси варақаҳои инвентарирр истифода мебаранд.
Воситаҳои асоси дар вақти итифодабари зиёд мешваванд ва кам мешаанд. Воридшави воситаҳои асоси ва аз ҳисоб баровардани воситаҳои асоси дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин ба амал меоянд:
– санади қаули воситаҳои асоси
– санади аз ҳисоббаровардани воситаҳои асоси
– борхати воридотию хароҷотӣ.
Барҳамдиҳии воситаҳои асосй бо супориши роҳбари ташкилот ба амал оварда мешавад. Одатан дар тартиби бозоргирй аз тавозун биноҳо ва иншоотҳое аз ҳисоб бароварда мешаванд, ки бо оғози сохтмони нав, васеъшавии истеҳсолот, таҷдиди техникии корхонаи амалкунанда ва обҳектҳо вобастаанд, ичунин истеҳсопоти аз ҷиҳати маънавӣ кӯҳна ва корношоям шуда, ки барои истифодаи ояндэ ин дастгоҳҳо, воситаи нақлиёт ва таҷҳизотҳо имкон надоранд ва барқарорнамоии онҳо ғайриимкон ё аз нигоҳи иқтисодӣ мақсаднок нестанд низ аз ҳисоб бароварда мешаванд.

2. Истеҳлоки воситаҳои асосӣ

Пас аз харид, арзиши ибтидоии воситаҳои асосиро ба воситаи истеҳлок ба маҳсулоти тайёр мегузаронанд. Истеҳлок ё фарсудашавӣ – ин тақсимкунии арзиши воситаҳои асосӣ дар давоми мўҳлати хизмати муфиди онҳо мебошад. Ҳангоми тақсимкунӣ қисми арзиши воситаҳои асосӣ ҳамчун хароҷот дониста шуда, асоси андозситониро кам мекунад. Аз ин рў, дуруст муайян кардани маблағи истеҳлок ниҳоят муҳим аст.
Андозаи истеҳлоки актив аз:

мўҳлати хизмат;
арзиши ибтидоии воситаҳои асосӣ;
арзиши барҳамдиҳии воситаҳои асосӣ;
ҳаҷми корие, ки аз ин актив интизор шудан мумкин аст, вобаста аст.
Ҳаҷми ҳисобшавандаи истеҳлок вобаста аз ин вобастагиҳо бо усулҳои зерин муайян карда мешавад:
1.Усули ростхаттаи истеҳлок;
2. Усули истеҳлок вобаста аз ҳаҷми иҷроиши кор;
3. Усулҳои таъҷилии истеҳлок бо ҷамъкунии рақамҳо
4. Усули бақияи камшаванда.

1. Усули ростхаттаи истеҳлок

Усули ростхаттаи истеҳлок – усулест, ҳангоми истифодаи он бузургии истеҳлок барои ҳамаи давраи хизмати актив доимӣ мемонад. Ҳангоми ҳисобкунии истеҳлок бо ин усул арзиши истеҳлокшаванда ба давраҳои ҳисоботӣ, ки ба мўҳлати хизмати актив рост меоянд, тақсим карда мешавад. Формулаи ҳисобкунии бузургии истеҳлок бо ин усул чунин шакл дорад:

Формулаи мазкурро метавон ба шакли зер ифода намуд:
ИстеҳлокӯN(Арзиши ибтидоӣ- Арзиши барҳамдиҳӣ)
Дар ин ҷо N- меъёри солонаи истеҳлок, ки бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
Nӯ100%/ мўҳлати хизмат
2.Усули муайянкунии истеҳлок вобаста аз ҳаҷми иҷроиши кор
Ҳангоми ҳисоби истеҳлок бо ин усул мўҳлати хизмати воситаи асосӣ ба инобат гирифта намешавад. Чунин мешуморанд, ки актив мунтазам вобаста аз ҳаҷми кори иҷронамудааш истеҳлок мегардад. Барои ҳисобкунии маблағи истеҳлок бо ин усул аввал меъёри истеҳлокро барои як воҳиди кори иҷрошаванда меёбанд. Формулаи ҳисобкунии ин меъёр чунин шакл дорад:
Миӯ(Арзиши ибтидоӣ- Арзиши барҳамдиҳӣ)/ Ҳаҷми кори иҷрошаванда
Дар ин ҷо, Нх-меъёри истеҳлок, ки ба як воҳиди кори иҷромешуда рост меояд. Баъди ин истеҳлокро бо воситаи чунин формула муайян мекунанд:
Маблағи истеҳлокӯМи * К дар ин ҷо, К- ҳаҷми кори ичрошуда.
Фарз мекунем, ки трактори дар боло номбаршуда барои шудгори 6000 га замин пешбинӣ гардидааст. Онгоҳ меъёри истеҳлок барои 1га баробар аст ба Миӯ(8000-2000)/6000ӯ1в.ш./га
Фарз мекунем, ки трактор дар соли якуми корӣ 1000га, дуюми корӣ – 2000га, сеюми корӣ – 500га чоруми корӣ – 1500га ва дар соли панҷуми корӣ 1000га заминро шудгор намудааст. Дар ин ҳолат, реҷаи ҳисобкунии истеҳлок чунин шаклро мегирад.

Арзиши ибтидоӣ

Ҳачми кор (га)

Истеҳлоки солона

Ҷамъшавии истеҳлок

Арзиши балансӣ

Санаи харид

8000

8000

Охири соли 1-ум

8000

1000

1000

1000

7000

Охири соли 2-юм

8000

2000

2000

3000

5000

Охири соли 3-юм

8000

500

500

3500

4500

Охири соли 4-ум

8000

1500

1500

5000

3000

Охири соли 5-ум

8000

1000

1000

6000

2000

Камбудии ин усул дар он аст, ки ҳаҷми кори иҷромекардаи активро дар мўҳлати хизматаш муайян кардан на ҳама вақт имконпазир аст.

Усулҳои ҳисобкунии таъҷилии истеҳлок ҷамъи солҳои хизмат – тарзи кумулятивӣ

А) Усули соқитнамоии арзиш аз рўи
Бузургии маблағи истеҳлок бо усули ғункунӣ (кумулятивӣ) бо формулаи зерин муқаррар карда мешавад:
Маблағи истеҳлокӯ((Мх-(Си-1))/ҷамъи рақамҳои мўҳлати хизмат)х(Арзиши ибтидоӣ –Арзиши барҳамдиҳӣ)
дар ин ҷо, Мх-мўҳлати хизмат, Сх-соли истеҳлок.
Барои мисоли пешина истеҳлок барои солҳои якум то панҷум баробар аст ба:
Х1ӯ((5-(1-1))/(1+2+3+4+5))х(8000-2000)ӯ2000
Х2ӯ((5-(2-1))/(1+2+3+4+5))х(8000-2000)ӯ1600
Х3ӯ((5-(3-1))/(1+2+3+4+5))х(8000-2000)ӯ1200
Х4ӯ((5-(4-1))/(1+2+3+4+5))х(8000-2000)ӯ800

Х5ӯ((5-(5-1))/(1+2+3+4+5))х(8000-2000)ӯ400

Реҷаи истеҳлоки воситаҳои асосӣ аз рўи ин усул чунин шакл мегирад:

Арзиши ибтидоӣ

Истеҳлоки солона

Ҷамъшавии истеҳлок

Арзиши балансӣ

Санаи харид

8000

8000

Охири соли 1-ум

8000

2000

2000

6000

Охири соли 2-юм

8000

1600

3600

4400

Охири соли 3-юм

8000

1200

4800

3200

Охири соли 4-ум

8000

800

5600

3400

Охири соли 5-ум

8000

400

6000

2000

Б)Усули бақияи камшаванда
Усули бақияи камшаванда низ ба усули таъҷилии истеҳлок дохил шуда, аз рўи қоидаҳои худ ба усули ҷамъи рақамҳо монанд аст. Ҳмангоми истифодабарии ин усул истеҳлок аз рўи меъёри баланд ар солҳои аввали истифодаи актив ҳисоб карда мешавад. Одатан, меъёри ҳисобкунии истеҳлок – меъёри дукаратаи истеҳлоки ростхатта мебошад. Баъзан, меъёри муқарраршуда мавриди истифода қарор мегирад. Формулаи муайянкунии истеҳлок аз рўи ин усул чунин аст:
Истеҳлокӯ(Аб х 2)/Мх
Дар ин ҷо, Аб-арзиши балансӣ дар охири соли гузашта ё аввали соли ҷорӣ;
Мх-мўҳлати хизмати актив.
Барои мисоли пешина маблағи истеҳлок бо чунин тарз барои солҳои гуногун ҳисоб карда мешавад:
Соли 1-ум Хӯ8000х2/5ӯ3200. Аб дар аввали сол ҷорӣ – 8000в.ш.
Соли 2-ум Хӯ4800х2/5ӯ1920. Аб дар аввали соли ҷорӣ 8000-3200ӯ4800в.ш.
Соли 3-юм Хӯ2880х2/5ӯ1152. Аб дар аввали соли ҷорӣ 4800-1920ӯ2880в.ш.
Соли 4-ум Хӯ0, чунки, Аб дар аввали соли ҷорӣ 2880-1152ӯ1728 <2000 мебошад.
Агар арзиши балансӣ дар аввали сол аз арзиши бақиявӣ (арзиши барҳамдиҳӣ) кам бошад, фарқи байни арзиши балансӣ дар аввали соли гузашта ва арзиши барҳамдиҳӣ ҳамчун ҳаҷми истеҳлоки соли ҷорӣ қабул карда мешавад. Дар мисоли мо ( 2880-2000ӯ880).
Реҷаи истеҳлок дар ин ҳолат чунин шакл мегирад:

Арзиши ибтидоӣ

Истеҳлоки солона

Ҷамъшавии истеҳлок

Арзиши балансӣ дар охири сол

Саниа харид

8000

8000

Охири соли якум

8000

3200

3200

4800

Охири соли дуюм

8000

1920

5120

2880

Охири соли сеюм

8000

880

6000

2000

Охири соли чорум

8000

Охири соли панҷум

8000

Чӣ хеле, ки аз реҷа мебинем, гуфтаҳои боло тасдиқ шуданд.

3. Аудити воситаҳои асосӣ.
Аудити воситаҳои асоси бояд дар авввал ба окарда мешвада номузиши системаи назорати дохили равона карда шавад. Расму оинҳои синтетики ва аналитики омузанданиқи тафтиш дар барномаи аудит пешбини карда мешавад. Дар навбати аввал аудиторон бояд таркиб ва сохти воситаҳои асосиро дар асоси маълумотҳои ҳисоби синтетики ва аналитики омузанд.ва таҳлил карда бароянд. Дар рафти чунин омузиш дуруст ба таркиби воситаҳои асоси гузаронда шудани абъктҳо ба хелу гуруҳҳо тақсимкунии онҳо ва тартбдода шудани дурустии карточкаҳои инвентари воситаҳои асоси тафтиш карда мешаванд.
Тасдиқи баҳои аввалаи системаи назорати дохилиро аудиторон ба воситаи тестҳо мегузаронанд. Тестҳо пешаки тартибдода шуда баҳо гузошта мешаванд.
Баҳодиҳи мувофиқи талаботҳои стандартҳои хоҷаги аниқ карда мешавад дар авали тафтиш аудиторон бояд амалиётҳои аҳмияти баланддоштаро тафтиш кунад амалиётҳои вобаста ба воситаҳои асосиро ба типии ва ғайри типии ҷудо мекунад.
Типи- сохтан ва харидани воситаҳои асосӣ
Ғайри типи- харидани воситаҳои асоси бо пули нақд , харид аз шахсони воқеъи, бемаблағ гирифтан ё додани воситаҳои асоси, ҳамчун саҳм ва сармояи оинномавӣ, супоридани воситаҳои асоси ва ғайра.
Амалиётҳои типии интихобӣ, ғайри типии бошад пурра тафтиш карда мешавад. Расму оинҳои назорати дар ҳарду ҳолат ба тафтиши ҳуҷҷатнокуни баҳодиҳи ва дуруст инъикос кардашудани амалиётҳо дар ҳисобҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ бояд равона карда шавад.
Аудиторҳо бояд аҳмияти махсусро ба дуруст ташкилдиҳии арзиши аслии воситаҳои асоси диҳанд. Амалиётҳои аз ҳисоб соқиткунӣ фуру шва ба дигар ташкилоҳо додани воситаҳои асоси таҳти назорати қатъи бояд гирифта шавад.
Дар навбати дигар дурустии ҳисобкардани истеҳлоки восиатҳои асоси тафтиш карда мешавад. Баъд аз он ҳисобҳо барои таъмири воситаҳои асоси тафтиш карда шуда аудитор дар як вақт сари вақт ва пурра гузаронидани баруйхатгирии воситаҳои асосиро тафтиш карда дар охир бахатогиҳои муайян гашта маслиҳатҳо медиҳад.

Дарси амалӣ
Ҳисоб намудандани истеҳлоки воситаҳои асосӣ.
Мисоли 11.1. Ширкати «Саид» трактореро бо нархи 8000 в.ш. харид. Арзиши барҳамдиҳии он баробари 2000в.ш. буда, мўҳлати хизматаш 5 солро ташкил менамояд. Талаб карда мешавад, ки реҷаи истеҳлок барои тамоми мўҳлати хизмати он тартиб дода шавад.
Сараввал маблағи истеҳлоки солонаи онро муайян мекунем:
Истеҳлокӯ(8000-2000):5ӯ1200
Реҷаи истеҳлок бо усули росхатта чунин намуд дорад:

Арзиши ибтидоӣ

Истеҳлоки солона

Ҷамъшавии истехлок

Арзиши балансӣ

Дар лаҳзаи харид

8000

8000

Охири соли 1-ум

8000

1200

1200

6800

Охири соли 2-юм

8000

1200

2400

5600

Охири соли 3-юм

8000

1200

3600

4400

Охири соли 4-ум

8000

1200

4800

3200

Охири соли 5-ум

8000

1200

6000

2000

Чӣ хеле, ки аз реҷа дида мешавад, истеҳлоки солона дар тамоми мўҳлати хизмат маблағи якхеларо ташкил мекунад. Ҷамъшавии истеҳлок ба таври мунтазам сурат гирифта, арзиши балансӣ мунтазам кам мешавад ва бо расидан ба арзиши барҳамдиҳӣ ҳисобкунии истеҳлок қатъ мегардад.

Мисол №11.2 Ширкати \”Алӣ\” биноро бо арзиши ибтидоии 10 000 сомонӣ ба даст овард.
Дебети 11020 \”Бино\”……………. 1000сомонӣ
Кредити 10210 \”Ҳисоб дар асъори миллӣ\” 10 000сомонӣ
Воситаҳои асосии бадастовардашуда дар кредит бо арзиши ҷории пардохтҳои ояндаи пулӣ, ки дар ҳуҷчати қарздорӣ нишон дода шудааст, инъикос мегардад.

Мисол 11.3. Ширкати \”Абу\” таҷҳизотҳоро бо арзиши 7 000 сомонӣ ба кредит ба даст овард. Пардохт баъди 12 моҳ ба амал оварда мешавад. Меъёри асосии ҷории бозорӣ барои чунин кредитҳо 10%-ро ташкил менамояд. Маблағе, ки бояд дар ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ инъикос гардад, 6 363,64 сомониро ташкил менамояд. Вай чунин муайян карда мешавад: 7 000:1,1
Тамоми пардохтҳои аз арзиши ҷорӣ зиёд (636,36) чун хароҷот бо фоизҳо ҳисоб карда мешавад. Гузарониш барои ин намуди амалиёт чунин мешавад:
Дебети 11030\’Таҷҳизот\”……………. 6 363,64 сомонӣ,
Дебети 66010 \”Хароҷот дар иамуди фоизҳо\” 636,36
сомонӣ,
Кредити 22020 \”Дигар ҳисобҳо барои пардохт\” ….7 000 сомонӣ.
Баҳисобгирии воситаҳои асосие, ки бо роҳи табдили (ивази) сармояи ширкат ба саҳмия ба даст оварда шудааст, ё бо арзиши одилонаи бозории дороӣ, ё бо арзиши бозории саҳмия бурда мешавад. Дар ҳама гуна ҳолат нархи аз саҳмияи исмӣ зиёд пардохташуда дар моддаи 33110 \”Сармояи ба таври илова пардохташуда\” инъикос мегардад.
Мисол 11.4. Ба ширкати \”Илҳом\” биноро бо арзиши 15 000 сомонӣ тӯҳфа намуданд. Ин муомилот чунин инъикос мешавад:
Нуқтаи назари аввал афзоиши сармояро нишон медиҳад
Дебети 11020\”Бино\”…………….. 15 000сомонй,
Кредити 33000 \”Сармояи оинномавӣ\” 15 000 сомонӣ.
Нуқтаи назари дуюм. Маводҳои бадастовардашударо дар намуди даромадҳои давраҳои оянда нишон медиҳад:
Дебети 11020\”Бино\”…………….. 15 000сомонй,
Кредити 22700 \”Даромадҳои ба таъхир гузошташуда \” …15 000 сомонӣ.

Кори мустақилона бо ҳамроҳии устод
Пурсиш ва ҳал намудани тестҳо доир ба мавзӯъи гузашта

1. Ба воситаҳои асоси чи дохил мешаванд:
а) олоти меҳнат,ки барои истехсоли маҳсулот таъйин шудааст;
б) бинохо, иншоотхо) мошинхои асоси ва кори ва тачхизоте, ки аз як сол зиёд хизмат мекунад;
в) предметхое,ки мухлати хизматашон ах як сол зиёд аст;
г) предметхое, ки хизматашон аз 12 мох зиёд истифода бурда мешаванд новобаста аз арзишашон;
2.Вазифаи асосии тафтиши амалиётхои хиссобгирии воситахои асоси инхо мебошанд:
а) нигохдори ва дуруст истифода бурдани фондхои асоси
б) дуруст хиссоб намудани хиссачудокуни воситахои асоси
в) самаранок ва конуни истифода бурдани воситахои асоси бо мувофикат ва сметахои харочоти молиявӣ;
г) дуруст ҳисобнамудани истеҳлоки воситаҳои асосӣ.
3.Арзиши аввалаи баланси:
а) ин фарки байни арзиши аввалаи баланси ва маблаги истехлоки хиссобкардашуда дар вакти истифодабари мебошад;
б) ин арзишест, ки аз руи он воситаи асоси аз нав бахо дода мешвад;
в) арзише мебошад, ки хамаи харочотхоро оид ба даст овардани воситаи асоси дар бар мегирад яъне арзишест, ки аз руи он воситахои асоси дар баланси бухгалтерии нишон дода мешавад;
г) чавоби дуруст нест.
4.Арзиши барқароркунӣ:
а) ин фарқи байни арзиши аввалаи баланси ва маблағи истеҳлоки хиссобкардашуда дар вакти истифодабари мебошад
б) ин арзишест, ки аз руи он воситахои асоси аз нав бахо дода мешавад
в) арзише мебошад, ки хамаи харочотхоро оид ба даст овардани воситаи асоси дар бар мегирад яъне арзишест, ки аз руи он воситахои асоси дар баланси бухгалтерии нишон дода мешавад;
г) чавоби дуруст нест.
5. Воситаи асосиро чунин баҳо додан мумкин аст:
а) аз руи арзиши аввалаи баланси;
б) арзиши баркароркуни;
в) арзиши бакияви;
г) хамаи чавобхо дуруст.
6. Воситаи асосӣ ин:
а) воситаҳое мебошад, ки муҳлати дуру дароз хизмат намуда дар ҷараёни истифода шакли зоҳирии худро гумм намекунад;
б) воситаҳое мебошад, ки дар муҳлати кутоҳ хизмат намуда ва дар чараёни истифода намуди худро гум мекунад;
в) ҷавоби дуруст надорад;
г) ҷавоби а ва б дуруст.
7. Тафтиши воситаҳои асоси аз ҳисоби бухгалтерии оғоз мегардад:
а) № 11000
б) № 11000
в) № 13000
г) № 14000

Кори мустақилонаи донишҷӯ
Ҳалли мисолҳо
Мисоли 11.5.
Ширкати \”Дустӣ\” Мошинаи боркашонро бо арзиши 11 000 сомонӣ, арзиши барҳамдиҳии 1 000- сомонӣ ва муҳлати хизматиаш 5-соларо харидорӣ намуд. Талаб карда мешавад, ки арзиши истеҳлоки 1-соларо ёфта онро дар ҷадвал нишондиҳед. Бо усули ростхаттаи истеҳлок.

Мисоли 11.6.
Ширкати «Сомон» 1 январи соли 2006 таҷҳизотеро бо нархи 192 000 в.ш харид. Ширкат мехоҳад ин таҷҳизотро 6 сол истифода барад ва арзиши нобутсозии ин таҷҳизот дар охири соли хизматаш 21900 в.ш мебошад. Ҳаҷми коре ки аз ин таҷҳизот интизор шудан мумкин аст 20 000 дона аст ки онҳо ин хел тақсим мешаванд: 1-ум сол,20 000, 2-ум сол,25 000, 3-ум сол 35 000 ,4-ум сол 20 000, 5-ум сол 50 000 ва 6-ум сол 50 000. Барои муайянкунии хурдашави бо 4 усул графикҳои(таблиӣа)онҳоро созед (ростхата, истеҳсоли, ҷаъми рақамҳои соли хизмат ва усули камшави бақия).


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.