Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


«Баҳисобгирӣ ва аудити ӯҳдадориҳо»

Тасниф намуд ва баҳодиҳии ӯҳдадориҳо. Уҳдадорӣ (обязателҳство) – ин қарздорни ҷории ширкат аст, ки аз воқеаҳои давраҳои гузашта пайдо гардида, пардохти он ба камшавии захираҳои фоидаи иқтисоди доштаи корхона бурда мерасонад.ЛЕКСИЯ №12
Мавзӯъ: «Баҳисобгирӣ ва аудити ӯҳдадориҳо»

Нақша:

1.Тасниф намуд ва баҳодиҳии ӯҳдадориҳо.
2. Баҳисобгирии ӯҳдадориҳои куҳтоҳмуддат ва дарозмуддат.

Аудити ӯҳдадориҳо.
1. Тасниф намуд ва баҳодиҳии ӯҳдадориҳо.
Уҳдадорӣ (обязателҳство) – ин қарздорни ҷории ширкат аст, ки аз воқеаҳои давраҳои гузашта пайдо гардида, пардохти он ба камшавии захираҳои фоидаи иқтисоди доштаи корхона бурда мерасонад.
Дар баъзе аз сарчашмаҳо таърифи зерини ӯҳдадориҳоро дучор шудан мумкин аст: «Ӯҳдадорӣ – ин масъулияти шахс (қарздор) оиди ба фоидаи шахси дигар (қарздех) амал кардан: моликиятро пешниҳод намудан, пул додан, кореро иҷро кардан ва»., ё аз амале даст кашидан, қарздеҳ ҳуқуқ дорад, ки аз қарздор иҷроиши ӯхдадориҳояшро талаб кунад».
Меъёрҳои асосии муайянкунии ӯҳдадориҳо:

Мавҷудияти воқеа ё амалиёти гузаштае, ки ӯхдадориро ба миён овардааст;
танзими ӯхдадорӣ ҳатман ба камшавии активҳо ва расонидани хизмат бурда мерасонад;
хислати баҳснопазири ӯҳдадориҳо;
дақиқият ва ченшавандагии ӯҳдадориҳо
Ҳангоми баҳисобгирӣ мебояд:

лаҳзаи бавуҷудоии ӯҳдадориҳо;
баҳодиҳии ӯҳдадорихо;
таснифи ӯхдадориҳоро фарқ намуд.
Лаҳзаи бавуҷудоӣ-ӯҳдадориҳо танҳо ҳангоми пайдоиши қарздорй ба қайд гирифта мешаванд.
Дар ҳолати қабули ӯхдадориҳо, онҳо бояд фавран эътироф гардида, дар ҳисобгирӣ инъикос карда шаванд.
Баҳодиҳии ӯҳдадориҳо қарздории кредиторй ба маблағи пуле, ки барои пардохти қарз зарур аст, ё ба арзиши активҳои барои пешниҳод зарур баҳо дода мешаванд.
Маблағи ӯхдадорй баробари арзиши ҷории ҳамаи пардохтҳои минбаъдаи пулӣ (ё муодили пулии активҳо ва хадамоти ғайрипулӣ) мебошад, ки бо меъёри фоизӣ мувофиқи хавфи ҷойдошта дисконтиронида шудааст.
Уҳдадориҳо дар аксар ҳолатҳо аз маблаги асосии қарз ва фоиз аз он иборатанд.
Пардохти қарзи ҷорӣ одатан бо дасткашии корхона аз захирахои фоидаи иқтисоди доштаи худ барои қонеъгардонии даъвои ҷониби дигар алоқаманд аст.
Пардохти ӯҳдадории ҷорӣ бо усулҳои зерин ба амал бароварда мешавад: (а) пардохти воситаҳои пулӣ ;
(б)пешниҳоди активҳои дигар;
(в) пешниҳоди хадамот;
(г) ивазнамоии як ӯҳдадорӣ бо ӯҳдадории дигар; (д)гузарониши ӯҳдадорӣ ба сармояи худӣ.
Ӯҳдадорй инчунин метавонад бо усулҳои дигар, мисол, дасткаши қарздеҳ аз он ё аздастдиҳии ҳуқуқи қарздеҳ, пардохт гардад.
Баъзан маблағи ӯҳдадориҳоро метавон танҳо бо рақами тахминӣ муайян кард. Баъзе корхонаҳо ин гуна ӯҳдадориҳоро ҳамчун тӯъма(провизия) нишон медиҳанд. Дар як қатор мамолик тӯъмаҳои мазкур ҳамчун ӯҳдадорӣ дида намешаванд, зеро фарзияи ӯҳдадорӣ хеле танг муайян карда шудааст, ва он танҳо маблаги бо истифодаи бузургиҳои тахминй мукарраршударо дарбар мегирад. Ҳамин тариқ, вакте, ки тӯъма бо ӯҳдадории ҷорӣ алоқаманд буда, ба дигар шартҳои таърифи ӯҳдадорй ҷавобгӯст, он ҳамчун ӯҳдадорй эътироф ва кайд мегардад, гарчанде, ки маблағи он бо рақами тахминӣ баҳо дода шудааст. Мисоли ин гуна ӯҳдадориҳо захираҳои таъмини пардохт аз рӯи ӯҳдадориҳои кафолатӣ ва провизия оиди таъмини ӯхдадориҳои нафақавӣ буда метавонанд.
Баъзан маблағи ӯҳдадориро чен кардан хеле мушкил аст. Амалиёте, ки ӯҳдадориро ба миёи овардааст. бояд асосро барои ченкунии маблағи он таъмин созад. Маблаги ӯхдадорӣ бояд бо сабаби он бевосита алоқаманд бошад.
ӯҳдадорӣ дар баланс эътироф мегардад, агар эҳтимолияти хориҷшавии активҳои фоидаи иқтисодӣ дошта дар натиҷаи пардохти ӯҳдадории ҷорй мавҷуд буда, бузургии ин пардохт бо боварии комил муайян карда шавад. Дар амалия ӯҳдадории шартномавии ичронагардида (мисол, ӯҳдадориҳо оиди захираҳои супоришдодашуда валс гирифтанашуда) чун қоида, ба сифати ӯхдадорӣ дар ҳисоботи молиявӣ эътироф намегардад. Аммо ин гуна ӯҳдадориҳо ба таърифи ӯҳдадорй метавонанд, мувофиқат намоянд ва агар дар шароитҳои мушаххас онҳо ба меъёрҳои эътироф мусоидат намоянд, он вақт эътироф гардиданашон мумкин аст. Дар ин мавридҳо эътирофи ӯҳдадориҳо ҳатман ба эътирофи актив ё хароҷот бурда мерасонад.
Уҳдадорӣ дар рӯзи пайдоиши он эътироф мегардад. Амалиёте, ки ӯҳдадориро ба миён овардааст, одатан санаи пайдоиши онро муайян мекунад. Аммо баъзан санаи эътирофи ӯҳдадориро бо сабаби номуайянй ё мавҷудияти якчанд меъёри эътироф муайян кардан хеле душвор аст.

Баҳисобгирии ӯҳдадориҳои куҳтоҳмуддат ва дарозмуддат.
Ҳисоби 22000 \”Ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат\” барои баҳисобгирии ӯҳдадории субъект муқаррар шудааст.
Зерҳисобҳои зерин мавҷуданд:
22010 \”Ҳисобҳо барои пардохти молҳо ва хизматрасони\”;
22020 \”Дигар ҳисобҳо барои пардохт\”;
22030 \”Васиқаҳои кутоҳмуддат барои пардохт\”;
22040 \”Пешпардохти харидорон ва фармоишгарон\”;
22050 \”Қарзҳои фармоишгарон оиди шартномаҳо ба сохт-мон\”;
22060 \”Дигар ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат\”.
Ҳисоби 22010 \”Ҳисобҳо барои пардохти молҳо ва хизматрасонӣ\”
Ҳисоби ҳисоббаробаркуниҳо бо таҳвилгарон барои баҳисобгирии ӯҳдадории савдои такрорёбанда муқаррар шудааст. Ин ӯҳдадориҳо дар рафти фаъолияти доимии ширкат ҳангоми ба даст овардани молҳо, ашёи хом, масолеҳ ва инҷунин хизматрасонии дар раванди истеҳсолот зарур ба амал меоянд.
Ҳисоби 22010 \”Ҳисобҳо барои пардохти молҳо ва хизматрасонӣ\” барои ҷамъбасти иттилоот оиди савдои кӯтоҳмуддати қарзҳои кредитории \”субъект барои ба даст овардани молҳо, кбр ва хизматрасонӣ, ки аз тарафи таҳвилгарон фактурабандӣ шудааст, муқаррар гардидаст.
Таҳвилгарон – ташкилотҳое мебошанд, ки ашёи хом, мавод ва дигар арзишҳои моддӣ-молиро таҳвил мекунанд ва инчунйн намудҳои гуногуни хизматрасонӣ ва иҷрои корҳои гуногунро амалй месозанд.
Воридшавии арзишҳои моддй-молӣ аз таҳвилгарои. иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи паймонкорон дар асоси шартно-маҳои баӣни корхона, таҳвилгарон ва ҳамкорон басташуда иҷро мегарданд. Дар шартномаҳо навъи таҳвили арзишҳои моддӣ – молӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, шарти тиҷорати таҳвил, нишондиҳандаҳои микдорӣ ва арзишӣ, мӯҳлати ҳамлу нақли арзишҳои моддӣ-молӣ дар байни корхонаҳо ва таҳвилгарону ҳамкорон муқаррар карда мешаванд.
Ҳисобӣ 22100 \”Ӯхдадориҳои кӯтоҳмуддати қарзӣ\” барои ҷамъбасти иттилоот оид ба ӯҳдадориҳои субъект, ки дар натиҷаи ба маблағгузорӣ ҷалб намудани фаъолияти воситаҳои қарзие, ки аз бонк ва қарздиҳандагони дигар дар асъори миллӣ ва хориҷӣ дар ҳудуди мамлакат ва хориҷа ба даст оварда шудаанд, инчунин аз қоғазҳои қиматноки қарзии ба муомилот баровардашуда ва қисми ҷории ӯҳдадориҳои дарозмуддати қарзии мӯҳлати иҷроишашон камтар аз,12- моҳ баъди санаи ҳисобот ба миён омадааст, таъйин гардидааст. (СБҲМ-1 \”Пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ\”).
Нақшаи ҳисобҳои зерин пешбинӣ шудаадй-.,
22110 \”Қарзҳои бонкӣ, насияҳо\”;
22120 \”Дигар қарзҳо, насияҳо\”;
22130 \”Қисмати ҷории ӯҳдадориҳои дарозмуддати қарзӣ\”;

\”Дигар ӯхдадориҳои кӯтоҳмуддати қарзӣ\”.
\”Тахфиф оид ба вомбарг ва васиқа\”
\”Изофапулӣ оид ба вомбарг\”
Ҳисобӣ 22110 \”Қарзҳои бонкӣ, насияҳо\”.
Дар ҳисоби 22110 \”Қарзҳои бонкӣ, қарзҳо\” ӯҳдадориҳои қӯтоҳмуддати қарзӣ бо қарзҳои бонкӣ ва насияҳо инъикос мешаванд.
Асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои кредитӣ дар қонунҳои ҶТ \”Дар бораи Бонки Милли Тоҷикистон\”, \”Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ\” ва инчунин дар моддаҳои 827-843 КШ ҶТ тақвият ёфтаанд.
Кредитҳо ба корхонаҳо бо назардошти риояи шартҳои баргар-донандагӣ, фаврият, пардохтнамоӣ ва таъминот, ки аз тарафи қонунгузории амалкунанда пешбини шудааст ва розигии тарафҳо дода мешавад. Ҳамаи масъалаҳои алоқаманди додан ва ҷуброн кардани кредитҳо тибқи қоидаҳои бонкҳо ва шартномаҳои кредитии байни корхона, қарзгиранда ва бонк тавассути бастани шартномаи кредитӣ танзим карда мешавад. Дар онҳо объектҳои қарздиҳанда, мӯҳлати қарз, шартҳо, тартиби додани қарз ва ҷуброн кардани он, шаклҳои таъмини ӯҳдадорӣ, меъёрҳои фоизй, тартиби пардохти онҳо, ҳуқуқ ва масъулияти тарафҳо оид ба додан ва ҷуброн кардани қарзҳо, номгӯи ҳуҷҷатҳо ва мӯҳлати пешниҳоди кардани онҳо ба бонк, инчунин дигар шартҳо ба назар гирифта мешаванд.
Корхона барои гирифтани қарз ба бонк аризаи дархостӣ ирсол мекунад. Ба ариза нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисдиҳй ва дигар ҳуҷҷатҳои (оиннома, тасдиқнома, патент, ҳисоботи муҳосибӣ ва оморӣ ва ғайраҳо) тасдиқкунандаи таъминоти бозгардонии қарзҳо замима карда мешавад.
Қарз вобаста аз муҳлате дода шуданаш ба дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат ҷудо мешавад. Фаврй будани қарз бо мӯҳлатҳои баргардонидан ва ҷуброни он муайян карда мешавад. Ҳамин тавр, қарзҳои кӯтоҳмуддат ба муҳлати на зиёда аз 12 моҳ дода мешазанд. Қарзҳои дарозмуддат чун қоида ба муҳпати зиёда аз 1 сол барои хароҷотҳое, ки ба ҷорӣ намудани техникаи нав, васеънамоии истеҳ-солот, азнавсозии он, гирифтани дастгоҳҳои арзиши баланд-дошта ва дигар барномаҳои мақсаднок вобастаанд, дода мешавад.
Бонкҳо меъёри фоизи қарзҳоро барои шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба мӯҳлати истифодаи қарз ва инчунин бо назардошти талабот ва пешниҳодот барои захираҳои қарзӣ муайян менамоянд. Меъёрҳои мушаххас, тартиби пардохти фоизҳо ва дигар шартҳо дар шартномаи қарз ба қайд гирифта мешаванд.
Баҳисобгирии муомилот оид ба гирифтану пардохтани кре-дитҳо ва қарзҳо дар ҳисобҳои ғайрифаъоли \”Қарзҳои бонкй, насияҳо\” бо истифодаи гузаронишҳои зерин бурда мешавад:
Дебети ҳисоби 10100 \”Воситаҳои пулӣ дар хазина\”, 10200 \”Воситаҳои пулӣ дар бонк\”,
Кредити ҳисоби 22110 \”Қарзҳои бонкӣ, насияҳо\”- гирифтани қарзҳо аз тарафи корхона:
Дебети 22110 \”Қарзҳои бонкй, насикҳо\”,
Кредити ҳисоби 10100 \”Воситаҳои лулй дар хазина\”, 10200 \”Воситаҳои пулй дар бонк\”- қисман ё пардохти пурраи қарз ва насияҳо.
Ӯҳдадориҳои дарозмуддат – ин ӯхдадории дорои мӯҳлати пардохти зиёда аз дувоздаҳ моҳ аз таърихи воқеии тавозуни (ё сикли муомилоти) қарзгиранда, вобаста ба он ки давом мекунад, мебошад (СБҲМ- 1. \”Пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ\” СБҲМ-39 \”Воси-таҳои молиявӣ: эътироф ва ченкунй\”).
Ӯҳдадориҳои дарозмуддат асосан бо сабабҳои зерин ба амал меоянд:

– бадастории сармояи ҷалбгардида назар ба сармояи саҳҳо-
мӣ осонтар аст;

дар муқоиса ба саҳҳомон қарздиҳандагон ҳуқуқи овоз надоранд ва амалан дар идораи ширкат иштйрок намекунанд;
арзиши пурраи воситаҳои ҷалбшудаи қарзӣ мумкин аст назар ба маблағгузорӣ бо роҳи истеҳсоли саҳмияҳои нав пасттар бошад;
– баъзе субъектҳо аз ҳиссаи баланди воситаҳои қарзӣ фоида
ба даст меоранд, ки меъёри пардохти фоизро баланд мебардорад.
Ҳисоби 22600 \”Уҳдадориҳои дарозмуддат\” барои ҷамъбасти иттилоот дар бораи ӯҳдадориҳои субъекти дорои мӯҳлати иҷрои зиёда аз дувоздаҳ моҳ баъд аз таърихи хисобот таъйин шудааст.
Ба ҳисоби 22600 \”Уҳададориҳои дарозмудат\” мумкин аст зер-ҳисобҳо кушода шаванд:
22610 \”Вомбаргҳо баром пардохт\”;
22620\” Қарзҳои бонкӣ, насияҳо\”;
22630 \” Дигар қарзҳо, насияҳо\”;
22640 \” Васиқа барои пардохт\”
22650 \”Ӯҳдадориҳо оид ба иҷораи молиявӣ\”;
22660 \”Дигар ӯҳдадориҳои дарозмуддат\”.
Вомбарг- қоғази киматнок буда, хукуқи дорандаи онро барои ба даст овардан аз шахси вомбаргро истехсолкунанда дар мӯҳлати дар он пешбинишудаи арзиши исмӣ ё дигар муодили амволиро тасдиқ менамояд.
Вомбарг- ин шаҳодатномаи қарзист, ки аз тарафи ширкатҳо ва ташкилотҳои давлатӣ барои гирифтани қарзи зиёди сармоя дар асоси дарозмуддат бароварда мешавад е ба таври дигар, ин ваъдаи расмӣ мебошад, ки ширхат- интишоргар барои пардохти маблағи асосӣ ва фоизҳо барои баргардонидани сармояи соҳибони вомбарг-ҳои сармоягузорикунанда додааст.

Аудити ӯҳдадориҳо

ӯҳдадори ин қарзи ташкилот дар назди дигар ташкилотҳо ва шахсони алоҳида мебошад.
Дуруст ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳо ва пурқуватшавии гирдгардиши маблағҳо мустаҳкамшавии интизоми шартномавӣ ва ҳисоббаробаркунӣ баҳтаршавии ҳолати молияви оварда мерасонад. Ғайр аз он ташкили дурусти ҳисоббаробаркуниҳо бо пешгирии ҳолатҳои ғари қонуни сабаб мешавад, бинобар он ба тафтиши аудитори ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳо дар бар гирифта мешаванд.
Таҳлили ҳолати ҳисоббаробаркуниҳо нишон медиҳад, ки тафтишро аз мавҷудияти уҳдадориҳо мувофиқии нишондиҳандаҳои ҳисоби синтетики ва аналитики ва ҳисоботи молиявӣ бо бақияи ин ё он қарзҳо баъди он сана ва характери пайдоиши қарзро тафтиш карда бароянд бисёр хуб мешуд.
Ҳақиқият, қонуният ва роҳҳои саривақт пардохтани қарз мустаҳкамкунии интизоми ҳисоббаробаркуниҳо ба воситаи гузаронидани назорати ҳақиқи ва ҳуҷҷати ба амал бароварда мешавад.
Манбаи маълумотҳо барои гузаронидани тафтиши аудитори ин навиштаҷотҳои маълумоти ҳисобҳои бухгалтерӣ ҳуҷҷатҳои аввала китобҳои асоси ва ҳисоботҳои молиявӣ мебошад. Аудитор дар вақти тафтиш мавҷудияти ҳуҷҷатҳои меъёри оиди ҳисоббаробаркунӣ ҳамчун ҳуҷҷатҳои истифода шаванда ба тартибдарори онҳо тарзи номер гузори ҷурналҳои ба қайдгирии ҳуҷҷатҳо графики гирдгардиши ҳуҷҷатҳо чи хел ба архив супоридани онҳо ташкили назорати дохилиро тафтиш карда мебарояд.
Тафтиши ҳолати ҳисоббаробаркуниҳо аз гузаронидани баруйхатгирии онҳо ё таҳлили маводҳо баруйхатгирии гузаронида шуда ба амал бароварда мешавад.
Муоинаи таҳлили ин ҳолатҳо ба аудитор ба аудитор имконият медиҳа, ки диққати худро ба ҳолатҳое, ки аз сустии системаи назорати дохили зиддият ихтилоф шубҳанокии қонуният ё ҳаққоният дошта бошад равона кунад.

Дарси амалӣ
Ҳалли мисолҳо

Мисоли 12. 1 январи соли 2001 нашриёти «Симо», ки маљаллаи ҳармоҳаро мебарорад, обунапулии солонаро ба маблаѓи 480 в.ш. қабул кард. Қабулкунии пул ва ҳисобкунии ҳармоҳаи пўшонидани ўҳдадории мазкур дар ҳисобгирӣ ба таври зер акс меёбад::
(а) Ҳангоми қабули обунапулӣ:
Воситаҳоипулӣ……………………………………..480
Даромади давраҳоиоянда………………………….480
(б) Навишти ҳармоҳа оиди эътирофи даромад:
Даромади давраҳоиоянда.………………………..40
Даромад…………………………………………………40

Мисоли 12.2. 1 октябри соли 2001 ширкати «Оби Сарой» аз бонки маҳаллӣ қарзи кўтоҳмуддатро ба мўҳлати шаш моҳ ба маблаѓи 10 000 в.ш. бо меъёри солонаи фоизӣ -12% гирифт. Фоизҳо дар охири ҳар як семоҳа пардохта мешаванд.
Навиштҳои бухгалтерӣ чунин сурат мегиранд:
1 октябри соли 2001 дар лаҳзаи қабули пул:
Воситаҳоипулӣ………. ………………………………..10 000
Қарзикўтоҳмуддатибанк………………………………….10 000
31 октябри соли 2001 – ҳисобкунии фоиз (10,000*12%*1/12):
Хароҷотифоиз…………..………………………………100
Фоизи ҳисобкардашуда………………………………………100
31 декабри соли 2001 – пардохти фоиз:
Фоизи ҳисобкардашуда…………………………………300
Воситаҳоипулӣ…………………………………………….300
31 марти соли 2002 – пардохти қарз:
Қарзикўтоҳмуддатибанк…….…………………….10 000
Фоизи ҳисобкардашуда……………………………….. 300
Воситаҳоипулӣ………..……………………………….10 300

Кори мустақилонаи донишҷӯ:

Мисоли 12.3.. Менеҷери ширкати «Веста» дар моҳи сентябри соли 2001 25 рўзи кории пурра кор кард. Бухгалтери ширкат барои ҳар як соати кори рўзи кории ҳаштсоата 2 в.ш. музд ҳисоб мекунад. Меъёри андоз аз даромад -10%. Ғайр аз ин аз музди кори ҳисобкардашуда 1% барои таъминоти иҷтимоӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳиссаҷудокунӣ аз фонди музди меҳнат барои таъминоти нафақа -25%, барои нигоҳдории нақлиёти ҷамъиятӣ – 2%-ро ташкил менамояд.
Навишти бухгалтерӣ ҳангоми ҳисобкунӣ:
Навишти бухгалтерӣ дар лаҳзаи пардохт:


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.