Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Баҳисобгирии музди меҳнат

Намуд шакл ва системаи музди меҳнат. Музди меҳнат ва намуди музди меҳнат дар сиситемаи баҳисобгирии муассисаҳо яке аз ҷӣҳои марказиро ишғол менамояд .Вазифаҳои асоси баҳисобгирии музди меҳнат инҳоянд;Нақша:
1. Намуд шакл ва системаи музди меҳнат.
2. Ҳуҷҷатгузори ва ҳисобнамудани музди меҳнати вақтбай.
3. Ҳуҷҷатгузори ва ҳисобнамудани музди меҳнати корбай.

1.Намуд шакл ва системаи музди меҳнат.
Музди меҳнат ва намуди музди меҳнат дар сиситемаи баҳисобгирии муассисаҳо яке аз ҷӣҳои марказиро ишғол менамояд .Вазифаҳои асоси баҳисобгирии музди меҳнат инҳоянд;

Дуруст ва сари вақт ҳисобнамуданги музди меҳнат ва пардохти он дар муҳлати муқаррра гардида .
Дуруст тақсим намудани маблағи музди меҳнати ҳисобкарда шуда.
Дуруст ва сари вақт нигаҳдории андозҳо аз даромади шахсони воқеъи
Назорат аз болои истифодабарии захираҳои меҳнати ва фонди музди меҳнат.
Музди меҳнат ду намуд дорад.
1.музди меҳнати асосӣ
2. музди меҳнати иловагӣ.
Музди меҳнати асоси – музди меҳнатест ,ки баамаи категорияҳои коргарон барои вақти крикарда шуда барои миқдори маҳсулоти истеҳсол шуда ва ҳаҷми корҳои иҷро шуда пардохта мешавад.
Музди меҳнати иловагӣ – ба ҳамаи категорияи коргарон барои нишондодҳои муайяни фаъолияташон пардохта мешавад.Ба музди меҳнати иловаги дохил мешавад.

Музди меҳнат барои рухсати меҳнати навбати
Ҷубронпули (компенсасия) барои рухсати истифода нашуда.
Барои рузҳои корношоями ( беморӣ)
Барои иҷрои уҳдҷадорииҳои давлати ва ҷамъияти
Барои соатҳои кори барзиёд иҷро шуда
Барои кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид
Барои ислоҳи нуқсон дар истеҳсолот
Ҳамаи намуди мукофотпулиҳо.
Низоми амалкунандаи ташкил ва пардохти музди меҳнат имкон медиҳад аз як тараф ба ташкилотҳо дар интихоби шакли пардохти меҳант муқаррар кардани реҷаи кори ва ғайраҳо ҳуқуқи зиёдтар дода шавад, аз тарафи дигар механизими ҳимояи кормандон, махсусан оиди сатҳи пасти пардохти меҳнат, давомноки камтарини рухсати меҳнати, имтиёзҳо барои гуруҳи алоҳидаи кормандон, давомноки рӯзи кори дароз карда шавад. Бо вуҷуди ин танзими марказонидашудаи муносибатҳои кори меъёрҳоеро муқарар менамояд, ки барои ҳар як ташкилот, новобаста аз навъи фаъолият ва шакли ташкиливу ҳуқуқӣ, ҳатми мебошад. Музди меҳнат ду шаклдорад.
Музди меҳнати вақтбай ва корбай.
Музди меҳнати вақтбай- ин музди меҳнат ба ҳамаи категорияи коргарон барои миқдори вақти кори коркарда шуда аст.
Музди меҳнати корбай – ин музди меҳнат ба ҳамаи коргарони дар музди меҳнати корбай буда барои миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда ва ҳаҷми корҳои иҷрошуда мебошад.
Ҳар як шаклҳои музди меҳнат боз системаи худро доранд., музди меҳнати вақтбай 2- системаро дар бар мегирад.
1.музди меҳнати квақтбайи оддӣ
2.музди меҳнати вақтбайи мукофотӣ.

Музди меҳнати корбай бошад 4- системаро дар бар мегирад.
1.музди меҳнати корбайи оддӣ.
2.музди меҳнати корбайи мукофотӣ.
3.пузди меҳнати корбайи мукофотӣ прагресивӣ.
4.музди меҳнати корбаи мукофоти акордӣ- ин системаи музди меҳнат асосан дар сохтмон дида мешавад.
Музди меҳнат аз руи нархнома пардохта мешавад.вобаста аз маҳсулоти истеҳсол карда шуда.
Шаклҳои асосии музди меҳнат вақтбайъ, корбайъ, аккорди ба ҳисоб мераванд. Ду шакли аввалаи музди меҳнат низоми худро доранд: соддаи вактбайъ, вактбайъи- мукофотдор, мустақим корбайъ, корбайъи- мукофотпули дошта, корбайъи тараққикунанда, бавосита-корбай.
Шакли вақтбайъи маош музди меҳнатро барои миқдори муайяни вақти коркардшуда новобаста аз миқдори кори иҷрошуда пешбинӣ менамояд.
Музди маоши коргарон бо рохи зарб задани меъёри тарофаи соатӣ ё рӯзонаи дараҷаи онҳо ба миқдори соатҳо ё рӯзҳои коркардшудаи онҳо муайян карда мешавад. Маоши категорияи дигари кормандон чунин муаӣян карда мешавад: агар кормандон ҳамаи_рӯзҳои кории моҳро коркард намуда бошанд, онгоҳ музди онҳо аз руи маоши ба онҳо ҷудошуда дода мешавад, агар онҳо шумораи нопурраи рӯзҳои кориро коркард намуда. бошанд, он гоҳ маоши онҳо бо тақсими меъёри муқарраргардида ба миқӣори рӯзҳои тақвимии корӣ ва зарби натиҷаи бадастовардашуда ба миқӣори рӯзҳои кории аз ҳисоби корхона пардохтшаванда муайян карда мешавад.
Дар рафти истифода аз низоми вақтбайъ- мукофотии музди мехнат ба маблағи коркардшуда аз рӯи тарофа дар фоизи муаӣян ба меъёри тарофа ё бо дигар ченкунанда мукофот зам менамоянд. ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ оид ба баҳисобгирии меҳнати кормандон дар пардохти вақтбайъ табел ба ҳисоб меравад.
Дар низоми бевоситаи корбайъи музди меҳнат маоши кормандон аз шумораи вохиди махсулоти таиёркардаи онҳо ва корҳои иҷрошуда назар ба нарҳои қатъии корбайъ бо назардошти тахассуси зарурӣ ҳисоб карда мешавад.
Низоми корбайъиву- мукофотии музди меҳнати коргарон барои аз меъёри коркард зиёд иҷро намудан ва ба даст овардани нишондиҳандаҳои муайяни сифатӣ мукофотпулӣ пешбинӣ менамояд.
Дар низоми корбайъи- прогрессивии пардохти меҳнат ваӣ барои коркарди аз меъёр зиёд баланд мегардад.
Дар низоми ба восита- корбайъ музди меҳнати танзимгарон, бастабандҳо, ёрдамчии усто ва дигар кормандон, музди меҳнат дар фоизҳо ба маоши кормандони асосии қитъаи корӣ ҳисоб карда мешавад.
Меҳнати баъзе кормандон баъзан ҳам бо музди меҳнати корбайъ ва ҳам бо вақтбаӣъ пардохт мегардад. Масалан, музди меҳнати роҳбари колективи на чандон калон, ки роҳбарии коллективро ҳамзамон бо фаъолияти бевоситаи истеҳсолӣ, ки бо нархҳои корбайъи пардохт карда мешаванд, якҷоя иҷро менамояд.
Шакли паймонкории аккордии пардохти меҳнат муайян кардани маоши маҷмӯиро барои иҷрои зинаҳои муайяни кор ё истеҳсоли ҳаҷми муайяни маҳсулот пешбинӣ менамояд.
Маош дар шакли корбайъи музди меҳнат бо ҳуҷҷатҳои оиди коркард ҳисоб карда мешавад.

2. Ҳуҷҷатгузори ва ҳисобнамудани музди меҳнати вақтбай.
Баҳисобгирии вақти кор дар табели баҳисобгирии вақти кор бурда мешавад.
Табел ин ҳуҷҷатест,ки дар он ҳисобгирии вақти корӣ (соатҳо) ё иҷроиши корҳои аз тарафи ҳар як коргар иҷро шуда бо номгӯи ихтисосмандии онҳо дар давоми моҳ тартиб дода мешавад.
Табелҳо дар як нусха табелчӣ табелро ҷамъбаст намуда ба бухгалтерия месупорад. Бухгалтер оиди ҳисобкардани музди меҳнат дурустии тартибдода шудани он тафтиш карда баъд аз рӯи он музди меҳнатро ҳисоб мекунад.
Ҳуҷҷати асосие,ки дар асоси он музди меҳнати вақтбай ҳисобкарда мешавад. Ин табели Т-12 мебошад. Ба коргарони дар маоши устувор буда музди меҳнати вақтбай чунин ҳисоб карда мешавад.
1.Агар коргар дар маоши устувор будар ӯзҳои кориро пурра кор кунад музди меҳнати ваӣ маош мешавад.
Мисол: Директор бо маоши 300 сомонӣ дар моҳи январ рӯзҳои корииро пурра кор кард (23-рӯз) музди меҳнати вай 300 сом, ҳисобкарда мешавад.
2.Агар коргари дар маоши устувор будар ӯзҳои кориро пурра кор накунад онгоҳ маошро ба миқдори рӯзҳои кори ҳамон моҳ тақсим карда музди меҳнати як рӯзаро меёбанд ,баъд музди меҳнати миёнаи як рузаро ба рӯзҳои корӣ дар ҳақиқат коркарда шуда зарб мезананд.
Мисол: Коргар бо маоши 300сом, дар моҳи январ 18-рӯзи кори коркард, рӯзи кори дар ин моҳ 23-рӯз.
300 : 23ӯ 13,04 музди меҳнати якрӯза.
13,04 *18 ӯ 234,72 музди меҳнат.
3. Агар коргар соатҳои кориро пурра кор накунад онгоҳ маошро бо соатҳои кори ҳамон моҳ тақсимкарда музди меҳнати миёнаи як соатаро меёбанд, маблағи ҳисобшудҷаро бо миқдори соатҳои кори дар ҳақиқат коркарда шуда зарб мезанем.
Мисол: коргар ба маоши 250 сом дар моҳи январ 20-рӯзу 3-соат коркард рӯзҳои кори моҳи январ 23- рӯз ё 184 соат .
23*8 ӯ 184 соат
250 : 184-соат ӯ 1,36 музди меҳнати миёнаи як соата
(20*8) + 3 ӯ 163
1,36 * 163 ӯ 221,68 сомони музди меҳнат.
Музи меҳнати вақтбай ба коргароне, ки аз рӯи дараҷа (разряд) кор мекунанд чунин ҳисоб карда мешавад.
Миқдори соатҳои коркардашударо ба меъёри тарифи дараҷааш зарб мезананд.
Мисол. Челонгари дараҷаи II дар як моҳ 180-соат кор кард, меъёри тарифии вай 1,20 сомонй, музди меҳнати як моҳа чунин маблағро ташкил медиҳад.
180*1,20 ӯ 216 музи меҳнат.
Меъёри тарифи – ин музди меҳнати вақтбай барои 1-соати коркарда шуда.
3. Ҳуҷҷатгузори ва ҳисобнамудани музди меҳнати корбай
Музди меҳнати корбай ба ҳар як коргари дар музди меҳнати корбай буда чунин ҳисоб карда мешавад. Миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда ва ё ҳаҷми корҳои иҷрошударо ба нархнома зарб мезананд.
Нархнома – музди меҳнати корбай барои як адад маҳсулоти истеҳсол шуда ё ҳаҷми корҳои иҷро шуда. Музди меҳнати корбай дар асоси чунин ҳуҷҷатҳо истифода бурада мешаванд.
Коргарони дар музди меҳнати корбай буда асосан дар системаи бригадави кор мекунанд. Барои ҳамин ҳам мебояд музди меҳнати корбайро барои ҳар як аъзои биргада дар шартҳои гуногуни кори дар алоҳидагӣ ҳисоб кард. Хусусан дараҷаҳои гуногун ва вақти кори коркарда шудаи гуногун.
Мисол; Бригадаи устоҳои пояфзол иборат аз 4-нафар дар 10-моҳ, 2 намуд пояфзол истеҳсол намуданд.
М- 100- 600 адад, нархнома-1,20
М- 101 – 400 адад, нархнома-1,50
600 * 1,20 ӯ 720
400 * 1,50 ӯ 600 720+600 ӯ 1320 музди меҳнати корбай.
1320 : 4 ӯ 330 сом музди меҳнати корбай.
1. Ҳама устоҳои бригадаи дараҷаи як хела доранд ва соати якхела.
1. дараҷаи 5 – 150 соат
2. дараҷаи 5 -150 соат
3. дараҷаи 5 – 150 соат
4. дараҷаи 5 – 150 соат 1320 ; 4 ӯ 330 соат.
2. Ҳамаи коркунони биргада дараҷаи як хела доранд, вале соатҳои кори гуногун музди меҳнати корбайи умумиро ба миқдори соатҳои коркарда шуда тақсим карда музди меҳнати миёнаи як соатаро барои тамоми коргунони биргадаи ҳосил мекнем ин ададро ба миқдори соатҳои кори ҳар як коргар дар алоҳидагизарб мезанем .
1. 5 150 соат *2,14ӯ 321,45 1320 : 616 ӯ 2,14 музди меҳ.1- соата.
2. 5 174 соат *2,14ӯ 372,85
3. 5 132 соат *2,14ӯ282,85 4. 5 160 соат *2,14ӯ 342,85
616 соат 1320сом.

Дарси амалӣ
Тартибдодани табели баҳисобгирии вақти кор
Масъалаи 13.1.
Дар асоси нишондиҳандаҳои зерин тартибдиҳед:
– Табели баҳисобгирии вақти кор ва ҳисоб намудани музди меҳнат ба коркунони фабрикаи пояфзолбарорӣ
– аз руй табели тартибдода шуда музди меҳнати коргаронро ҳисобнамуда аз музди меҳнат нигаҳдориҳо кунед ва нишондиҳандаҳоро ба китоби музди меҳнат гузаронед.
– алоқамандии ҳисоби музди меҳнатро бо дигар ҳисобҳо нишон диҳед.

Маълумот дар бораи коркунони фабрикаи пояфзолбарорӣ барои моҳи январи соли 2012

Рақами табел

Ному насаб

Вазифа

Маош

Рузи корӣ

Мукофот-пулӣ

001

Муминов Г.Д.

Роҳбар

500

Аз 21то 25 бемор

50

002

Бобоев А.А

Сармуҳосиб

400

Пурра кор кард

50

003

Азимов Н.С

сармуҳандис

380

Аз 14 ба рухсати рафт

50

004

Салимова И.С

Сардори шуъбаи кадрҳо

350

Аз 07 то 10 бемор

50

005

Отаева И.Н

Муовини сармуҳосиб

320

Пурра кор кард

50

006

Усмонова Д.Б

Муҳосиб

300

Санаи 17 ҷавоб гирифт

50

007

Абдуғаниева М.В

Хазинадор

200

Санаи 28-29 ҷавоб гирифт

50

008

Абдураҳмонова М.В

Иқтисодчии калон

280

Пурра кор кард

50

009

Шарипова М.Н

Иқтисодчӣ

250

Пурра кор кард

50

010

Мақсудов М.Г

Ёрдамчии сех

200

Санаи 3-4 ба кор наомад

50

011

Сайдуллоев З.Г

Сардори сех

300

Аз санаи 21 ба рухсати рафт

50

012

Қодирова Н.О

Котиба

180

Пурра коркард

50

Ҷамъ:

Кори мустақилона бо ҳамроҳии устод
Пурсиш ва машварат доир ба мавзӯъи гузашта

Кори мустақилонаи донишҷӯ.
Аз рӯи маълумотҳои додашудаи музди меҳнати вақтбайро ҳисоб кунед.

№ п/п

Ф.И.О

дараҷа

Соати кор кардашуда

Меъёри вақт

Музди меҳнат

1

Рустамов А.Б

VI

180

0-15

2

Расулов Д.З

VI

176

0-15

3

Яхҳяев А.Г

V

170

0-12

4

Муродов Д.Т

IV

165

0-09

5

Вахобов М.Б

V

180

0-12

6

Хабибов С.И

III

168

0-07

7

Мансуров А.Д

V

155

0-09

8

Орипов Х.А

IV

176

0-15

9

Максудов М.А

VI

176

0-15


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.