Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Активҳои ҷорӣ: Ҳисобҳо барои қабул ва қарздории дебитории ғайр

Қарздории дебиторӣ (receivables) – ин активҳои гардони ширкат, ки дар ҷараёни фаъолияти молиявӣ – хоҷагӣ ба вуҷуд омада, дар худ ҳуқуқ ва даъвоҳои ширкатро ба актив ва дигар захираҳои ширкатҳои қарздор ифода мекунанд. Соддатар гўем, қарздории дебиторӣ – ин талаботҳоест, ки ба харидорон, супоришдеҳандагон ва дигар шахсон барои гирифтани захираҳои иқтисодӣ пешниҳод мегарданд. Қарздории дебиторӣ одатан бо ҳуқуқҳои юридикӣ, азҷумла, ҳуқуқи моликият алоқаманд аст.Активҳои ҷорӣ: Ҳисобҳо барои қабул ва қарздории дебитории ғайр

Мақсади омўзиш
Таъриф, тасниф ва эътирофи қарздории дебиторӣ
Баҳои ҳисобҳо барои қабул
Баҳисобгирии тахфиф
Баргардониши молҳо
Қарзҳои шубҳанок ва усулҳои баҳодеҳии онҳо
Усулҳои ҳисобкунии бузургии хароҷоти қарзҳои шубҳанок
Баҳисобгирии васиқаҳо барои қабул
Кушоиши ахборот дар ҳисоботи молиявӣ
Адабиёти тавсияшаванда
Супориш барои худсанҷӣ

Мақсади омўзиш
Бо омўзиши мавзўи мазкур, Шумо бояд:

тасаввуроти комилро оиди моҳияти иқтисодии қарздории дебиторӣ пайдо кунед;
таърифи қарздории дебиториро дода тавонед;
қарздории дебитории тиҷоратӣ, ғайритиҷоратӣ, ҷорӣ ва дарозмуддатро фарқ кунед;
бузургии қарздории дебитории софро муайян карда тавонед;
усулҳои баҳодеҳии қарзҳои шубҳанокро дониста дар амалия истифода бурда тавонед;
баҳисобгирии ҳисобҳо ва васиқаҳо барои қабулро бурда тавонед;
дар ҳисоботи молиявӣ ахборотро оиди қарзҳои дебиторӣ кушода диҳед.
Таъриф, тасниф ва эътирофи қарзҳои дебиторӣ
Таъриф. Қарздории дебиторӣ (receivables) – ин активҳои гардони ширкат, ки дар ҷараёни фаъолияти молиявӣ – хоҷагӣ ба вуҷуд омада, дар худ ҳуқуқ ва даъвоҳои ширкатро ба актив ва дигар захираҳои ширкатҳои қарздор ифода мекунанд. Соддатар гўем, қарздории дебиторӣ – ин талаботҳоест, ки ба харидорон, супоришдеҳандагон ва дигар шахсон барои гирифтани захираҳои иқтисодӣ пешниҳод мегарданд. Қарздории дебиторӣ одатан бо ҳуқуқҳои юридикӣ, азҷумла, ҳуқуқи моликият алоқаманд аст.
Ба қарздории дебиторӣ нишонаҳои зерин хос аст:

бозоргирӣ – имконияти баланди мубаддалшавӣ ба пул;
таҷассуми суди (фоидаи) оянда;
тасвири захираҳое, ки ба онҳо ширкат ҳуқуқ дорад;
даъво ба активҳои ширкатҳои дигар;
тасниф гардидан вобаста ба мўҳлат ё санаи интизории пардохт ба ду намуд: кўтоҳмуддат (ҷорӣ) ва дарозмуддат.
Қарздории дебиторӣ аксар вақт бо счёт-фактура тасдиқ мегардад.
Тасниф. Барои мақсадҳои ҳисоботи молиявӣ қарздории дебиторӣ ба ҷорӣ ва дарозмуддат тақсим карда мешавад. Қарздории дебиторие, ки дар давоми 12 моҳ ё як сикли амалиётӣ пардохт мегардад, қарздории дебитории ҷорӣ номида мешавад. Ҳамаи қарздории дебитории боқимонда ҳамчун дарозмуддат шинохта мешавад.
Дар ҳисоботи балансӣ қарздории дебиторӣ ба тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ҷудо карда мешавад. Қарздории дебитории тиҷоратӣ – ин қарздории харидорон – мизоҷон барои молу хадамот аст, ки дар рафти фаъолияти муқаррарии ширкат ба вуҷуд меояд. Қарздории дебитории тиҷоратӣ маъмулан дар баланс бо ҳисобҳо ва васиқаҳо барои қабул пешниҳод мегардад.
Қарздории дебитории ғайритиҷоратӣ ҳангоми баамалбарории амалиётҳое, ки аз фаъолияти муқаррарии ширкат фарқ доранд, ба вучуд меояд. Мисоли қарздории дебитории ғайритиҷоратӣ:

маблағҳои таҳтиҳисоботӣ;
бунаки (аванси) додашуда;
ҳаққусаҳм ва фоизҳо барои қабул;
ҷиҳозоти баргардонидашаванда ва зарф;
даъвоҳои судии пешниҳодшуда;
товони суғуртавӣ;
дохилшавиҳои кафолатӣ;
депозитҳо ва ғ


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.