Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


Активхои ҷорӣ: захираҳои моддию молӣ

Баъди омўзиши ин мавзўъ Шумо бояд амалҳои зеринро донед ва иҷро карда тавонед:  таърифи ЗММ ва фарқияти гурўҳҳои асосии онҳо;  фарқияти тарзҳои асосии баҳодиҳии ЗММ;  тасаввуроти амиқи элементҳои асосии арзиши аслии ЗММ;  муайянкунии арзиши аслии моли фурўхташуда, захира ва бузургии фоидаи умумӣ ҳангоми истифодабарии усулҳои идентификатсияи хосса, арзиши миёнаи баркашида, FIFO ва LIFO;  бо истифодаи системаҳои бе фосила ва даврии баҳисобгирии захираҳо бурда тавонистани баҳисобгирии ЗММ;  дар ҳисоботҳои молиявӣ кушодани итилоот оиди ЗММ. Таъриф ва таснифоти ЗММ. Мувофиқи СББМ – 2 «Захираҳо», захираҳо – активҳоеанд, ки:  барои фурўш дар раванди фаъолияти муқаррарӣ таъин шудаанд;  дар раванди истеҳсолот барои фурўш; ёАктивхои ҷорӣ: захираҳои моддию молӣ

Мақсади омўзиш
Таъриф ва таснифоти захираҳои моддию молӣ
Баҳои захираҳои моддию молӣ аз рўи арзиш аслӣ
Усулхои баҳодиҳии арзиши аслии захираҳои моддию молӣ (ЗММ)
Баҳодиҳии ЗММ аз рўи арзиши софи фурўш
Системаҳои баҳисобгирии ЗММ
Эътирофи хароҷоти ЗММ
Таҳлили захираҳои молӣ
Кушоиши ахборот дар ҳисоботи молиявӣ
Адабиёти тавсияшаванда
Супоришҳо барои кори мустақилона
Мақсади омўзиш
Баъди омўзиши ин мавзўъ Шумо бояд амалҳои зеринро донед ва иҷро карда тавонед:

таърифи ЗММ ва фарқияти гурўҳҳои асосии онҳо;
фарқияти тарзҳои асосии баҳодиҳии ЗММ;
тасаввуроти амиқи элементҳои асосии арзиши аслии ЗММ;
муайянкунии арзиши аслии моли фурўхташуда, захира ва бузургии фоидаи умумӣ ҳангоми истифодабарии усулҳои идентификатсияи хосса, арзиши миёнаи баркашида, FIFO ва LIFO;
бо истифодаи системаҳои бе фосила ва даврии баҳисобгирии захираҳо бурда тавонистани баҳисобгирии ЗММ;
дар ҳисоботҳои молиявӣ кушодани итилоот оиди ЗММ.

Таъриф ва таснифоти ЗММ.
Мувофиқи СББМ – 2 «Захираҳо», захираҳо – активҳоеанд, ки:

барои фурўш дар раванди фаъолияти муқаррарӣ таъин шудаанд;
дар раванди истеҳсолот барои фурўш; ё
дар шакли ашёи хом ё масолеҳ барои истифодабарӣ дар раванди истеҳсолот ё хизматрасонӣ таъин шудаанд.
Захираҳои моддию молӣ – ин активҳо дар намуди:
а) маҳсулоти тайёр ва молӣ барои фурўш дар рафти фаъолияти субъект таъин шуда; аз ҷумла мол дар роҳ, ки ба вай соҳиби ҳуқуқӣ гаштаанд:
б) истеҳсолоти нотамом, иҷроиши кор ва хизматрасонӣ;
в) захираи ашёи хом, масолеҳ, масолеҳи нимтайёри харидоришаванда ва мосолеҳи пуракунанда, маҳсулоти сохтмони ва деталҳо, сўзишворӣ, зарф ва масолеҳи зарфӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар масолеҳи барои истифода дар раванди истеҳсолот, иҷроиши кор ва хизматрасонӣ таъиншуда.
ЗММ ба воситаҳои гардон тааллуқ доранд, зеро ки одатан онҳо дар давоми як сол ба пули нақд мубаддал мегарданд. Дар баланс ЗММ баъди моддаи «Хисоб барои гирифтан» инъикос мешавад, зеро онҳо нисбатан камтар бозоргиранд.
Ба қатори ЗММ дохил карда намешаванд:

молҳои ҳангоми барўйхатгирӣ ошкор шуда, ки ба онҳо корхона соҳибҳуқуқ нест. Ин молҳое мебошанд, ки бо фармоиши мизоҷон тайёр карда шудаанд ва боркуниро нигаронанд.
Молҳои дар консигнатсия буда. Консигнатсия (consignment) ҷойгиркунии соҳиби мол (ки бо номи «комитент» ё ин ки «консигнант» (consigner) маълум аст) молашро дар анборҳои дигар фирма (бо номи «таҳвилгар» («консигнатор» «consignee»)). Таҳвилгар набояд ингуна молро ба таркиби захираҳои молии худ дохил кунад, зеро то вақти фурўш ин молҳо моликияти консигнант мебошанд.
Баҳои захираҳои моддию молӣ аз рўи арзиши аслӣ
Мувофиқи СБҲМ –2 «Захираҳо», захираҳо аз рўи қимати хурдтарин аз ду бузургии зерин баҳо дода мешаванд: арзиши аслӣ ва арзиши софи фурўш (нархи софи фурўши имконпазир).
Пеш аз дида баромадани баҳои ЗММ, арзиши аслии ЗММ-ро барои соҳаҳои гуногун муайян мекунем.
Арзиши аслии ЗММ корхонаҳои истеҳсолӣ аз:
А) хароҷоти хариди ЗММ, ки аз арзиши харид (маблағи ҳисоб –фактура бо тарҳи тахфифи харид), боҷи гумрукии воридот ва дигар андозҳо (бо тарҳи андози барқароршаванда), хароҷоти нақлиётӣ (бо назардошти боркунӣ, борфарорӣ ва суғуртаи мол дар роҳ), дигар хароҷоти бевоситаи бо харид вобаста;
В) хароҷот барои коркард, хароҷоти бевосита бо истеҳсоли маҳсулоти тайёр алоқаманд буда, аз ҷумла:

хароҷоти музди меҳнат ва ҳиссаҷудокуниҳо аз фонди музди меҳнати коргарони бевосита дар дастгоҳ ва таҷҳизот бо коркарди ашёи хом ва масолеҳ ба маҳсулоти тайёр машғулбуда;
тақсимкунии даврии хароҷоти иловагии доимӣ ва тағйирёбандаи ҳангоми коркарди ашёи хом ва масолеҳ ба маҳсулоти тайёр баамаломада;
С) дигар хароҷоти ҳангоми ба ҷои ҷойгиркунии ЗММ кашондан ё ба ҳолати лозима овардан (ба анбор кашонидани маҳсулоти тайёр, хароҷоти ба тартибории мол аз рўи фармоишҳои мушаххас ва ғайра), иборат аст.
Ба арзиши ЗММ дохил намешаванд:

талафоти аз меъёр зиёди ашёи хом, меҳнати сарфшуда ё дигар хароҷоти истеҳсолӣ;
хароҷоти нигоҳдории ЗММ байни давраҳои алоҳидаи раванди истеҳсолӣ, ба ғайр аз хароҷоте, ки дар ҷараёни истеҳсолот зарур аст;
хароҷоти маъмурӣ – идоракунӣ;
хароҷоти тиҷоратӣ.
Арзиши аслии ЗММ корхонаҳои соҳаи хизматрасонӣ аз:
А) хароҷоти музди меҳнат ва ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоии кормандони бевосита ба хизматрасонӣ машғул буда, аз ҷумла ҳайати роҳбарияти миёна;
В) хароҷоти масолеҳи ёрирасон;
С) хароҷоти иловагии бевосита дар раванди хизматрасонӣ ба амал омада, иборат аст.
Музди меҳнат ва дигар хароҷоти тиҷоратӣ ва маъмурӣ ба арзиши аслии ЗММ дохил карда нашуда, ҳамчун хароҷоти давр аз эътибор соқит карда мешаванд.

Усулҳои баҳодиҳии арзиши аслии ЗММ

Ҳангоми баҳодиҳии арзиши аслии ЗММ усулҳои зеринро истифода бурдан мумкин аст:
идентификатсияи махсус (specific identification method);
арзиши миёнаи баркашида (average- cost method);
ФИФО (First – In, First – Out – method FIFO);
ЛИФО (Last – in, First – Out – method LIFO);
Усули идентификатсияи махсус барои баҳодиҳии арзиши аслии ЗММ, ки якдигарро ивазкунанда намебошанд, мол ва хизматрасонии истеҳсолшуда ва барои фармоишу лоиҳаҳои махсус таъиншуда, истифода бурда мешавад.
Усули идентификатсияи яклухтро ҳангоми харид ва фурўши молҳои қимматбаҳо аз қабили автомобил, таҷҳизоти мошинавии техникии вазнин, маҳсулоти заргарӣ истифода бурдан мумкин аст. Бо сабабҳои зерин ин усул кам истифода бурда мешавад:

дар бисёр ҳолатҳо назорати харид ва фурўши воҳидҳои мушаххаси мол мушкил ва ғайриамалӣ мебошад;
агар корхона бо харид ё фурўши молҳои якҷинса машғул бошад, муайян намудани он, ки кадом молҳо фурўхта шудаанд, вакадомашон не, то андозае шартӣ мебошад..
Барои бо усули арзиши миёна муайян намудани арзиши ЗММ дар охири давра арзиши аслии миёнаи як воҳид ЗММ-ро муқаррар кардан лозим аст. Барои ин, арзиши ЗММ дар ибтидо ва арзиши аслии ЗММ-и харидашударо дар давоми давра муайян намуда, ҷамъи онҳоро ба миқдори ЗММ тақсим намудан лозим аст. Арзиши аслии миёнаро ба миқдори захираҳо дар охири давра зарб намуда, арзиши аслии захираро дар охири давра ҳосил мекунем.
Мисоли 1. Аз рўи маълумоти зерин арзиши аслии захираҳои молӣ дар 31 май ва арзиши аслии моли фурўхташуда дар моҳи май муайян карда шавад.

Май

Миқдор, воҳид

Арзиши аслии воҳид, в.ш

Арзиши аслии умумӣ, в.ш

1

Захира

200

3,10

620

7

Харида шуд

200

3,20

640

15

——//——-

200

3,30

660

20

—–//——–

300

3,40

1020

27

——//——–

300

3,50

1050

Ҳамагӣ

1200

3990

Захира дар охир 500 воҳид.
Ҳал:
Арзиши миёнаи воҳиди мол 3990/1200=3,325 в.ш
Арзиши аслии мол барои фурўш 3990в.ш.
тарҳи: ЗММ дар 31 май 500*3,325 1662,5 в.ш.
арзиши аслии моли фурўхташуда 2327,5 в.ш.
Ҳангоми истифодаи усули ФИФО арзиши аслии моли дар навбати аввал харидашуда ба моли дар навбати аввал фурўхташуда мансуб дониста мешавад.
Арзиши аслии моли дар охири давра мавҷуд буда ба харидҳои охирин мансуб дониста мешавад. Усули ФИФО ҳаракати арзишро ба назар мегирад, на балки ҳаракати молро, барои ҳамин онро дар дилхоҳ намуди корхона истифода бурдан мумкин аст.
Дар мисоли як усули ФИФО-ро истифода бурда, арзиши аслии захираро дар охир ва арзиши аслии моли фурўхташударо муайян мекунем:

300 воҳид *3,50в.ш./воҳид 1050 в.ш.
200 воҳид *3,40в.ш./воҳид 680 в.ш.
Арзиши аслии захира дар охир 1730 в.ш.
Арзиши аслии мол барои фурўш 3990 в.ш.
Тарҳ: арзиши аслии ЗММ дар 31 май 1730 в.ш.
Арзиши аслии моли фурўхташуда 2260 в.ш.
Ҳангоми беқурбшавӣ (инфлятсия) усули ФИФО фоидаи софи нисбатан баландро медиҳад. Сабаб дар он аст, ки ҳангоми зиёдшавии нарх, корхона молро бо нархи нисбатан баланд савдо мекунад. Ҳангоми пастшавии нархи мол натиҷаи баръакс мушоҳида мешавад.
Усули ЛИФО арзиши аслии моли дар охир харидашударо ба моли дар навбати аввал фурўхташуда мансуб медонад. Арзиши аслии захира дар охир аз арзиши моли дар аввал харидашуда иборат аст. Усули ЛИФО –ро татбиқ намуда, арзиши аслии захираро дар охир ва арзиши аслии моли фурўхташударо дар мисоли 1 муайян мекунем:
200 воҳид бо арзиши аслии 3,10 620 в.ш.
200 воҳид бо арзиши аслии 3,20 640 в.ш.
100 воҳид бо арзиши аслии 3,30 330 в.ш.
Арзиши аслии захира дар охир 1590 в.ш.
Арзиши аслии мол барои фурўш 3930 в.ш.
Тарҳи: арзиши аслии захира дар охир 1590 в.ш.
Арзиши аслии моли фурўхташуда 2400 в.ш.

Баҳои ЗММ аз рўи арзиши софи фурўш

Арзиши софи фурўш (нархи софи фурўши имконпазир) – ин нархи фурўши эҳтимолии мол тарҳи хароҷот оиди тайёркунӣ ва фурўши он мебошад. Арзиши софи фурўш дар ҳолате истифода мешавад, ки арзиши аслиро бо сабабҳои зерин барқарор кардан имконнопазир аст:

маълумотҳо оиди ЗММ нуқсон доранд;
онҳо қисман ё пурра кўҳна шудаанд;
нархи бозории ЗММ паст шудааст.
Баҳодиҳии ЗММ яке аз масъалаҳои нисбатан шавқовар ва васеъ муҳокимашавандаи баҳисобгирии бухгалтерӣ мебошад. Баҳои хатои ЗММ дар охири давра ба натиҷаҳои номатлуби фоидаи соли ҷорӣ ва соли оянда оварда мерасонад. Ин ба миқдори андоз аз фоида низ таъсир мерасонад.
Барои муайянкунии камтарин аз арзиши аслӣ ва арзиши софи фурўши ЗММ усулҳои зерин истифода мешаванд: моддавӣ, гурўҳҳои асосии молӣ ва дараҷаи умумии захираҳо.
Усули моддавӣ барои ҳар як номгўи ЗММ интихоби ифодаи камтаринро аз арзиши балансӣ ва арзиши софи фурўш пешбинӣ менамояд.
Бо усули гурўҳи асосии молӣ барои ҳар як гурўҳи ЗММ қимати хурдтарин аз арзиши балансӣ ва арзиши софи фурўш интихоб карда мешавад.
Бо усули дараҷаи умумии захираҳо барои тамоми ЗММ қимати хурдтарин аз арзиши балансӣ ва арзиши софи фурўш интихоб карда мешавад.
Мисоли 2. Корхона бо фурўши автомобил машғул аст. Дар поён рўйхати номгўи ЗММ дар 31 декабри соли 2001 оварда шудааст. Захира аз 15 автомобил иборат аст, ки ба 3 гурўх тақсим мешавад. Дар асоси арзиши аслӣ ва арзиши софи фурўш бақияи дурусти ЗММ-ро, ки дар баланси бухгалтерӣ инъикос намудан лозим аст, бо усулҳои зерин муайян кунед:
А) воҳидҳои ЗММ (усули моддавӣ);
В) гурўҳҳои асосии ЗММ;
С) ҳаҷми умумии ЗММ.

Ҳангоми истифодаи ҳар яке аз ин усулҳо арзиши аслии ЗММ ба кадом маблағ кам мешавад?
Кадоме аз ин усулҳо нисбатан консервативӣ аст? Кадоме аз ин усулҳо нисбатан беҳтар аст?
Агар ЗММ аз 1500 автомобил иборат мебуд ва корхона системаи баҳисобгирии автоматикунонидашударо намедошт ин ҳолат оё ба ҷавоби шумо таъсир мерасонад? Агар ҳа, пас чӣ хел ва барои чӣ?

Гурўҳ

Арзиши аслӣ

Арзиши софи фурўш

Хурдтарин аз арзиши аслӣ ва арзиши софи фурўш

1

А

10000

10500

2

А

11000

10500

3

А

12000

10500

4

А

10000

10500

Ҳамагӣ

5

Б

14000

15000

6

Б

15000

15000

7

Б

14000

15000

8

Б

13000

15000

9

Б

17000

15000

10

Б

16000

15000

Ҳамагӣ

11

В

10500

14000

12

В

11000

14000

13

В

12500

14000

14

В

12000

14000

15

В

13000

14000

Ҳамагӣ

Ҳал:

Гурўҳ

Арзиши аслӣ

Арзиши софи фурўш

Хурдтарин аз арзиши аслӣ ва арзиши софи фурўш

1

А

10000

10500

10000

2

А

11000

10500

10500

3

А

12000

10500

10500

4

А

10000

10500

10000

Ҳамагӣ

43000

42000

41000

5

Б

14000

15000

14000

6

Б

15000

15000

15000

7

Б

14000

15000

14000

8

Б

13000

15000

13000

9

Б

17000

15000

15000

10

Б

16000

15000

15000

Ҳамагӣ

89000

90000

86000

11

В

10500

14000

10500

12

В

11000

14000

11000

13

В

12500

14000

12500

14

В

12000

14000

12000

15

В

13000

14000

13000

Ҳамагӣ

59000

70000

59000

Ҷамъ

191000

202000

186000

а) 186000 в.ш.
в) 190000 в.ш.
с) 191000 в.ш.
1) 5000, 1000
2) а) аз арзиши аслӣ; в) вобаста ба вазъият
3)агар таносуб дар гурўҳҳо ва арзишҳо нигоҳ дошта шавад, пас натиҷаҳо бо зарбкунии 1000 фарқ мекунанд. Фақат дар ин ҳолат ҳисобкуниҳо мураккаб мешаванд. Агар таносуб нигоҳ дошта нашавад, тағйир ёфтани ҷавобҳо мумкин аст.
Мебояд ба хотир гирифт, ки дар саноат арзиши захираи масолеҳ ва ашёи хом то арзиши софи фурўш аз ҳисоб бароварда намешавад, агар маҳсулоти тайёре, ки аз онҳо коркард мешавад, бо нархи ба арзиши аслӣ баробар ё аз он зиёд фурўхта мешавад.

Системаи баҳисобгирии ЗММ

Ду системаи баҳисобгирии ЗММ мавҷуд аст:

баҳисобгирии даврӣ;
баҳисобгирии бефосила.
Хангоми баҳисобгирии даврӣ дар давоми сол баҳисобгирии муфассали ЗММ бурда нашуда, арзиши аслии моли фурўхташударо танҳо дар сурат гузаронидани барўихатгирӣ дар охири сол муайян кардан имконпазир аст.
Барои муайянкунии арзиши аслии моли фурўхташуда формулаи зеринро истифода мебаранд:
Арзиши аслии ЗММ дар ибтидои давр + арзиши аслии ЗММ-и харидашуда = арзиши аслии ЗММ барои фурўш.
Арзиши аслии ЗММ барои фурўш – арзиши аслии ЗММ дар охири давр = арзиши аслии ЗММ –и фурўхташуда.
Фарқияти асосии баҳисобгирии бефосилаи ЗММ аз баҳисобгирии даврии ЗММ дар он аст, ки ҳангоми баҳисобгирии бефосила дар хисоби «молҳо» доимо харидҳои нав, фурўш ва дигар амалиётҳои бо ҳаракати молҳо вобаста инъикос мегарданд. Ҳангоми беҳисобгирии даврӣ маълумотҳои ин хисоб то вақти гузаронидани барўйхатгирӣ бо маблағи ибтидоӣ меистад. Ҳисобҳои муваққатие, ки ҳангоми баҳисобгирии даврӣ истифода бурда мешаванд, ҳангоми баҳисобгирии бефосила истифода бурда намешаванд. Ба ин ҳисобҳо «Хариди молҳо», «Баргардонидан ва баҳои молҳои харидашуда», «Кам кардани нархи харид» ва «Хароҷоти нақлиётӣ оиди хариди мол» монсубанд. Ба ғайр аз ин ҳисоби «Арзиши аслии молҳои фурўхташуда» ҳангоми баҳисобгирии бефосила барои ҷамъшавии арзиши аслии тамоми молҳои ба харидорон фурўхташуда истифода бурда мешавад.
Мисоли 3. Корхонаи «Сайёд» дар 1 январи соли 2001 бақияҳои зеринро дошт:
Дар ҳисоби «Воситаҳои пулӣ» 5 000в.ш.
Дар ҳисоби «Мол» 7 000в.ш.
аз ҷумла, моли А 5 дона бо нархи 200 в. ш. як донааш =1000 в. ш.
моли Б 6 дона бо нархи 500 в. ш. як донааш =3000 в. ш.
моли В 20 дона бо нархи 150 в. ш. як донааш =3000 в. ш.
Дар ҳисоби «Саҳмияҳои одди» 12000 в. ш.
Амалиётҳои зеринро бо истифодаи системаи баҳисобгирии даврии ЗММ инъикос кунед:
1) 20 январи соли 2001 бо пули нақд 15 дона моли А бо нархи 200 в.ш. барои як донааш харида шуд:

Хариди моли А…………………… 3000
Воситаҳои пулӣ………………………. 3000
2) 15 марти соли 2001 ба таври насия 2 дона моли Б бо нархи 500 в.ш. барои як донааш харида шуд:
Хариди моли Б ……………………1000
Ҳисоб барои пардохт ………………..1000
3) 15 маи соли 2001 ба таври насия 18 дона моли В бо нархи 150 в.ш. барои як воҳид харида шуд:
Хариди моли В……………………2700
Ҳисоб барои пардохт ………………..2700
4) 20 июни соли 2001 10 дона моли А бо нархи 450 в.ш. фурўхта шуд:

Ҳисоб барои қабул………………4500
Даромад аз фурўш …………………..4500
5) 25 августи соли 2001 бо пули нақд 3 дона моли Б бо нархи 1200 в.ш. фурўхта шуд:
Воситаҳои пулӣ…………………..3600
Даромад аз фурўш ……….………..3600
6) 25 декабри соли 2001 ба таври насия 14 дона моли В бо нархи 325 в.ш. фурўхта шуд:

Ҳисоб барои қабул………………4550
Даромад аз фурўш ………………….4550
7) 31 декабри соли 2001 аз рўи натиҷаи барўйхатгирӣ дар ҳисоби «Молҳо» ислоҳ дароварда шуд. Мавҷудияти мол дар 31 декабри соли 2001 чунин аст:
Моли А 10 дона бо нархи 200в. ш. =2000 в. ш.
Моли Б 5 дона бо нархи 500 в. ш. =2500 в. ш.
Моли В 24 дона бо нархи 150 в. ш. =3600 в. ш.
Ҷамъ: 8100 в. ш.
Молҳо…………………………….. 1100
Ислоҳи ЗММ……………………….1100
8) 31 декабри соли 2001 ислоҳкунӣ оиди пўшидани хисобҳои муваққатӣ ва муайянкунии натиҷаҳои молиявии ниҳоии фаъолияти хоҷагӣ дар соли 2001 гузаронида шуд.
а) пўшидани ҳисобҳои даромад:
Даромад аз фурўш…………… 12650
Маҷмўаи даромад ва хароҷот……12650
б) пўшидани ҳисобҳои хароҷот:
Маҷмўаи даромад ва хароҷот .. 5600
Ислоҳкунии ЗММ ……..………1100
Хариди молҳо ……..………………..6700
в) Муайянкунии натиҷаҳои молиявии ниҳоӣ:
Маҷмўаи даромад ва хароҷот…7050
Фоидаи тақсимношуда… …………7050

Воситаҳои пулӣ

Ҳисобҳо барои қабул

Молҳо

Бақия 5000
5) 3600

1) 3000

4500
6) 4550

Бақия 7000
7) 1100

5600

9050

8100

Ҳисобҳо барои пардохт

Саҳмияҳои оддӣ

Фоидаи тақсимношуда

2) 1000
3) 2700

12000

6) 7050

3700

12000

7050

Даромад аз фурўш

Хариди молҳо

Ислоҳи ЗММ

12650

4) 4500
5) 3600
6) 4550

1000
2000
3) 3700

8б) 6700

8б) 1100

7) 1100

12650

6700

6700

1100

1100

0

0

0

Маҷмўаи даромад ва хароҷот

8б) 5600
8в) 7050

8а) 12650

12650

12650

0

Ҳисобот оиди фоида ва зарар дар давраи аз 1 январ то 31 декабри соли 2001
Даромад аз фурўш 12650
Арзиши аслии молҳои фурўхташуда (5600)
Фоидаи умумӣ 7050

Баланс дар 31 декабри соли 2001
Активхо Ўҳдадорӣ
Воситаҳои пулӣ 5600 Ҳисобҳо барои пардохт 3700
Ҳисобҳо барои қабул 9050 Ҷамъи ўҳдадорӣ 3700
ЗММ 8100 Сармоя
Саҳмияҳои оддӣ 12000
Ҷамъи активҳо 22750 Фоидаи тақсимношуда 7050
Ҷамъи сармоя 19050
Ҷамъи ўҳдадорӣ ва сармоя 22750

Инъикоси амалиётҳо бо истифодаи системаи баҳисобгирии бефосилаи ЗММ.

20 январи соли 2001 бо пули нақд 15 дона моли А бо нархи 200 в. ш. харида шуд:
Моли А………………………………… 3000
Воситаҳои пулӣ……………………………3000
2) 15 марти соли 2001 ба таври насия 2 дона моли Б бо нархи 500 в. ш. харида шуд:
Моли Б…………………………………..1000
Ҳисоб барои пардохт………………….….1000
3) 15 маи соли 2001 ба таври насия 18 дона моли В бо нархи 180в. ш. харида шуд:
Моли В……………………………..…… 2700
Ҳисоб барои пардохт……………………..2700
4) 20 июни соли 2001 ба таври насия 10 дона моли А бо нархи 450 в. ш. фурўхта шуд:
а) Ҳисобҳо барои қабул………………… 4500
Даромад аз фурўш………………..……. 4500
б) Арзиши аслии моли фурўхташуда……2000
Моли А……………………………………2000
б) 25 августи соли 2001 бо пули нақд 3 дона моли Б бо нархи 1200 в. ш. фурўхта шуд:
а) Воситаҳои пулӣ………………………… 3600

Даромад аз фурўш………………..…….3600
б) Арзиши аслии моли фурўхташуда……..1500
Моли Б…………………………………..1500
6) 25 декабри соли 2001 насия 14 дона моли В бо нархи 325 в. ш. фурўхта шуд:
а) Ҳисобҳо барои қабул…………………….4550
Даромад аз фурўш……………………. 4550
д) Арзиши аслии моли фурўхташуда……..2100
Моли В ………………………………….2100
7) 31 декабри соли 2001 оиди маҳкамкунии ҳисобҳои муваққатӣ ва муайянкунии натиҷаҳои молиявии фаъолияти хоҷагӣ дар соли 2001 навишти ислоҳӣ гузаронида шуд:
а) маҳкамкунни ҳисобҳои даромад:
Даромад аз фурўш………………………. 12650
Маҷмўаи даромад ва хароҷот………12650
б) маҳкамкунни ҳисобҳои хароҷот:
Маҷмўаи даромад ва хароҷот………..5600
Арзиши аслии моли фурўхташуда………5600
в) муайянкунии натиҷаи молиявии ниҳоӣ:
Маҷмўаи даромад ва хароҷот ………..7050
Фоидаи тақсимношуда……………………7050

Воситаҳои пулӣ Ҳисобҳо барои қабул Молҳо

Бақия 5000
1) 3000

4) 4500

Бақия 7000

5) 3600

6) 4550

1) 3000

4) 2000

2) 1000

5) 1500

3) 2700

6) 2100

8600

3000

13700

5600

5600

9050

8100

Ҳисобҳо барои пардохт Саҳмияҳои оддӣ Фоидаи тақсимношуда

2) 1000

12000

7в) 7050

3) 2700

3700

12000

7050

Даромад аз фурўш Арзиши аслии молҳои фурўхташуда Маҷмўаи даромад ва хароҷот

4) 4500

4) 2000

7б) 5600

5) 3600

5) 1500

7в) 7050

7а) 12650

7а) 12650

6) 4550

6) 2100

7б) 5600

12650

12650

5600

5600

12650

12650

0

0

0

Ҳисобот оиди фоида ва зарар дар давраи аз 1 январ то 31 декабри соли 2001
Даромад аз фурўш 12650
Арзиши аслии моли фурўхташуда (5600)
Фоидаи умумӣ 7050
Баланс дар 31 декабри соли 2001
Активҳо Ўҳдадорӣ
Воситаҳои пулӣ 5600 Ҳисобҳо барои пардохт 3700
Ҳисобҳо барои қабул 9050 Ҷамъи ўҳдадорӣ 3700
ЗММ 8100 Сармоя
Саҳмияҳои оддӣ 12000
Фоидаи тақсимношуда 7050
Ҷамъи сармоя 19050
Ҷамъи активҳо 22750 Ҷамъи уҳдадорӣ ва сармоя 22750

Эътирофи хароҷоти ЗММ

Ҳангоми фурўши захираҳои моддию молӣ арзиши балансии онҳо ҳамчун хароҷот дар давраи эътирофи даромади бо он алоқаманд эътироф карда мешавад (принсипи мувофиқат).

Таҳлили захираҳои молӣ
Ҳангоми тахлили захираҳои молӣ ду нишондиҳандаи зерин муфид мебошанд: суръати гардиши захираҳои молӣ ва давомнокии як гардиш бо рўзҳо.
Суръати гардиш = арзиши аслии молҳои фурўхташуда/ захираи молӣ.
Баъзе корхонаҳо ин коэффитсиентро дар асоси захираи молӣ дар охири давра, дигар корхонаҳо дар асоси миқдори миёнаи захираҳои молӣ ҳисоб мекунанд.
Давомнокии гардиш= (захираҳои молӣ / арзиши аслии моли фурўхташуда) х365
Натиҷаи ҳисоби ин нишондиҳандаҳо аз усули истифодашавандаи баҳодиҳии захираҳои молӣ дар корхона вобаста аст.
Мисоли 4. Арзиши аслии ЗММ дар ибтидои давра 5 000 в. ш., дар охири давра 9 000 в. ш. -ро ташкил медиҳанд. Арзиши аслии моли фурўхташуда 28 000 в. ш. –ро ташкил медиҳад.
Суръати гардиши мол ва давомнокии гардиш муайян карда шавад.
Суръати гардиш= 28000/(5000+9000)/2=4 маротиба
Давомнокии гардиш= 7000/28000х365=91,25 рўз

Кушоиши ахборот дар ҳисоботи молиявӣ

Дар ҳисоботи молиявӣ ахбороти зеринро ошкор намудан лозим аст:

сиёсати баҳисобгирии барои баҳодиҳии захираҳои моддию молӣ қабулшуда;
шарҳи арзиши балансӣ аз рўи таснифоти захираҳои моддию молӣ;
аз ҳисоббарории муҳими захираҳои моддию молӣ то арзиши софи фурўш бо тасвири сабабҳо;
агар арзиши аслии ЗММ бо усули ЛИФО муайян карда шуда бошад, пас фарқи байни арзиши балансии ЗММ ва хурдтарин маблағи дар натиҷаи истифодаи усули ФИФО ё арзиши миёна ва арзиши софи фурўш ҳосилшуда;
арзиши аслии ЗММ фурўхташуда;
арзиши балансии ЗММ ба сифати кафолати иҷроиши ўҳдадорӣ узошташуда.
Адабиёти тавсияшаванда

Международные стандарты финансовой отчетности. Алматы, 2001
Разъяснения Международных стандартов финансовой отчетности. Учебно-справочное пособие. Алматы. 2002.
Финансовый учет. часть 142 Учебное пособие. Алматы. 1999.
Нидьлз Б. и др. Принципы бухгалтерского учета (пер. с англ./Под ред. Я.В. Соколова). 2-е изд. – М.: Финансы и статистика. 1997. – 496 с.
Хендриксен Э.С., Ван Бреда М.Ф. Теория бухгалтерского учета – М.: Финансы и статистика, 1997.
Супоришҳо барои кори мустақилона
Супориши 1. Корхона ба фурўши компютерҳо машғул аст. Дар поён номгўи ЗММ дар 31 декабри соли 2001 оварда шудаанд. Захира 15 компютерро дарбар гирифта, ба чор гурўҳ тақсим мешавад. Дар асоси арзиши аслӣ ва арзиши софи фурўш бақияи дурусти ЗММ – ро муайян кунед, ки дар баланси бухгалтерӣ бо усул ҳои зерин инъикос кардан лозим аст:
а) воҳидҳои ЗММ;
в) гурўҳҳои асосии ЗММ;
с) ҳаҷми умумии ЗММ.
1). Ҳангоми истифодаи ҳар яке аз ин усулҳо арзиши аслии ЗММ ба кадом маблағ кам мешавад?
2) а) Кадоме аз ин усулҳо нисбатан консервативӣ аст? в) Кадоме аз ин усулҳо нисбатан беҳтар аст?


Гурўҳ

Арзиши
аслӣ

Арзиши
софи фурўш

Хурдтарин аз арзиши асли
ва арзиши тазаи фуўш

1

А

700

720

2

А

750

720

3

А

800

720

Ҳамагӣ

4

Б

900

960

5

Б

950

960

6

Б

1000

960

7

Б

1100

960

Ҳамагӣ

8

В

1200

1310

9

В

1300

1310

10

В

1350

1310

Ҳамагӣ

11

Г

1400

1650

12

Г

1500

1650

13

Г

1600

1605

14

Г

1700

1605

15

Г

1800

1605

Ҳамагӣ

Ҷамъ

Супориши 2. Аз рўи иттилооти зерин арзиши асли молро дар 31 март ва арзиши аслии моли фурўхташударо дар мохи март бо истифодаи усулҳои зерин муайян кунед: а) арзиши миёна; в) ФИФО; с) ЛИФО;

Сана

Амалиёти
гузаронидашуда

Миқдор,
воҳид

Арзиши аслии
воҳид в. ш.

Арзиши аслии
умумӣ в. ш.

1.03

Захира дар ибтидо

300

2,50

750

8.03

Харида шуд

200

2,70

540

12.03

Харида шуд

300

2,90

870

20.03

Харида шуд

350

3,00

1050

26.03

Харида шуд

450

3,20

1440

Ҳамагӣ

1600

4650

Супориши 3. Корхонаи Сайёд телевизор истеҳсол мекунад. Ҳамаи маҳсулот якхела аст. Дар давоми сол хароҷоти зерин ба амал бароварда шуд (бо в. ш.):
музди меҳнат:
коргарони истеҳсолӣ 12 000
коргарони ғайриистеҳсолӣ 45 000
фурўшандаҳо 50 000
коргарони маъмурӣ 20 000
ашёи хоми дар истеҳсолот истифодашуда 180 000
Иҷораи бино 25 000
Хўрдашавии таҷҳизоти истеҳсолӣ 10 000
Хароҷот барои таъмини бино бо барқ 12 000
Маълумоти иловагӣ:
Дар ибтидои давра ЗММ мавҷуд набуд.
Дар давоми сол 1000 воҳид маҳсулот истеҳсол шуд.
Дар охири сол истеҳсолоти нотамом мавҷуд нест.
800 воҳид махсулот бо нархи 600 в. ш. барои ҳар вохидаш фурўхта шуд. 4/5 масоҳати бино барои истеҳсолот ва масоҳати боқимондааш ҳамчун идораи маъмурӣ истифода мешавад.
2/3 қувваи барқи истифодашаванда дар истеҳсолот истифода мешавад.
Корхона ҳангоми фаъолияти худро 1 январ сар кардан 1 000 000 в. ш. сармояи оиномавии саҳмиягузорон гузошташударо дошт.
Дар давраи ҳисоботи ягон чиз ба насия харида ва фурўхта нашудааст.
Талаб карда мешавад:
а) хароҷоти истеҳсоли як воҳид махсулот муайян карда шавад:
в) хароҷоти як воҳид махсулоти дар охири давра мавҷуд буда, муайян карда шавад:
с) фоидаи софи солона муайян карда шавад.

Супориши 4. Корхонаи Дилбар дар 1 январи соли 2001чунин бақияҳоро дошт (в. ш.):
Дар ҳисоби «Воситахои пулӣ» 1500
Дар ҳисоби « Молҳо» 2000
аз ҷумла:
Моли А – 15 дона бо нархи 20 в.ш. барои ҳар донааш 300
Моли Б – 6 дона бо нархи 150 барои ҳар донааш 900
Моли В – 4дона бо нархи 200 барои ҳар донааш 800
Дар хисоби «Саҳмияҳои оддӣ» 3500
Системаҳои баҳисобгирии бефосила ва даврии ЗММ-ро истифода бурда, амалиётҳои зеринро инъикос намоед:

20 январи соли 2001 бо пули нақд 10 дона моли А бо нархи 20 в. ш. барои ҳар донааш харида шуд.
25 феврали соли 2001 ба таври насия 3 дона моли Б бо нархи 150 в. ш. барои ҳар кадомаш харида шуд.
15 апрели соли 2001 ба таври насия 20 дона моли В бо нархи 200 в. ш. барои ҳар донааш харида шуд.
15 июни соли 2001 ба таври насия 15 дона моли А бо нархи 40 в. ш. барои ҳар донааш фурўхта шуд.
20 августи соли 2001 бо пули нақд 4 дона моли Б бо нархи 250 в. ш. барои ҳар донааш фурўхта шуд.
25 декабр ба таври насия 15 дона моли В бо нархи 320 в.ш. барои ҳар донааш фурўхта шуд.
Дар холати системаи бахисобгирии даврии ЗММ:

31 декабри соли 2001 аз рўи натиҷаи барўӣхатгирӣ дар хисоби «Молҳо» ислоҳ дароварда шуд.
Мавҷудияти мол дар 31 декабри соли 2001 чунин аст:
Моли А 9 дона бо нархи 20 в. ш. барои ҳар донааш 180 в.ш.
Моли Б 4 дона бо нархи 150 в. ш. барои ҳар донааш 600 в. ш.
Моли В 9 дона бо нархи 200 в. ш. барои ҳар донааш 1800 в. ш.
Ҳамагӣ 2580 в. ш.
31 декабри соли 2001 ислоҳкунӣ оиди пўшидани хисобҳои муваққатӣ ва муайянкунии натиҷаи фаъолияти хоҷагӣ дар соли 2001 гузаронида шуд.
Дар ҳолати системаи баҳисобгирии бефосилаи ЗММ:
9. 31 декабри соли 2001 ислоҳот оиди пўшидани ҳисобҳои даврӣ ва муайянкунии натиҷаи молиявии фаолияти хоҷагӣ дар соли 2001 гузаронида шуд.
Ҳисобот оиди натиҷаи фаъолияти молиявӣ – хоҷагӣ дар давраи аз 1 январ то 31 декабри соли 2001 ва баланс дар 31 декабр тартиб дода шавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.