Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Активҳои ғайригардишӣ: Воситаҳои асосӣ

Мақсади омўзиш Баъди омўхтани ин боб шумо бояд: • хусусиятҳои асосии воситаҳои асосиро номбар созед; • арзиши ибтидоии воситаҳои асосиро муайян карда тавонед; • омилҳои асосие, ки ба истеҳлок таъсир мерасонанд, номбар карда тавонед. • усулҳои гуногуне, ки барои ҳисобкунии истеҳлок истифода мешаванд фаҳмонида дода тавонед; • хароҷоти сармояшаванда ва ғайрисармояшавандаро фарқ карда тавонед; • барои хориҷшавии воситаҳои асосӣ ҳисоб тайёр карда, мукотиботи бухгалтериро нависед; • баҳисобгирии ивазшавии воситаҳои якхела ва гуногунро ба амал бароред.Активҳои ғайригардишӣ: Воситаҳои асосӣ
Мақсади омўзиш
Таърифи воситаҳои асосӣ
Таснифи воситаҳои асосӣ
Эътироф ва баҳодиҳии воситаҳои асосӣ
Тарзҳои бадастоварии воситаҳои асосӣ
Баҳисобгирии воситаҳои асосӣ дар лаҳзаи харид
Истеҳлоки воситаҳои асосӣ
Хароҷоти баъди харид
Баҳисобгирии хориҷшавии воситаҳои асосӣ
Ошкоркунии ахборот дар ҳисоботҳои молиявӣ
Адабиёти тавсияшаванда
Машқҳо барои санҷиш

Мақсади омўзиш

Баъди омўхтани ин боб шумо бояд:

хусусиятҳои асосии воситаҳои асосиро номбар созед;
арзиши ибтидоии воситаҳои асосиро муайян карда тавонед;
омилҳои асосие, ки ба истеҳлок таъсир мерасонанд, номбар карда тавонед.
усулҳои гуногуне, ки барои ҳисобкунии истеҳлок истифода мешаванд фаҳмонида дода тавонед;
хароҷоти сармояшаванда ва ғайрисармояшавандаро фарқ карда тавонед;
барои хориҷшавии воситаҳои асосӣ ҳисоб тайёр карда, мукотиботи бухгалтериро нависед;
баҳисобгирии ивазшавии воситаҳои якхела ва гуногунро ба амал бароред.
Таърифи воситаҳои асосӣ
СБҲМ 16: «Воситаҳои асосӣ – ин активҳои моддие мебошанд, ки барои:

истифодабарӣ ё нақли мол, хизматрасонӣ, додан ба иҷора, инчунин барои мақсадҳои идоракунӣ пешбинӣ шудаанд;
истифодабарӣ дар фаъолияти корхона ба муддати зиёда аз як сол пешбинӣ гардидаанд.
Агар аз тарафи дигар ба мазмуни иқтисодии воситаҳои асосӣ назар афканем, он гоҳ мебинем, ки онҳо он воситаҳое мебошанд, ки дар ҷараёни фаъолияти асосӣ дуру дароз иштирок карда, арзиши худро ба маҳсулоти тайёр мунтазам дар муддати хизмати худ мегузаронанд.
Аз ин таърифҳо бармеояд, ки воситаҳои асосӣ – ин воситаҳое мебошанд, ки:

мўҳлати хизмати дуру дароз доранд;
фақат барои истифодабарӣ дар фаъолияти корхона истифода мешаванд;
бо мақсади фурўхтан ба даст оварда нашудаанд.
Ба воситаҳои асосӣ, ки дар ихтиёри корхонаанд, инҳо дохил мешаванд: замин, бино, иншоот, воситаҳои нақлкунанда, мошинаҳо, таҷҳизот, нақлиёт, асбобҳои ченкунанда, техникаи ҳисоббарорӣ, асбобҳо, ҳайвоноти калони корӣ ва маҳсулдиҳанда, дарахтони бисёрсола, экспонатҳои олами ҳайвонот, хароҷот барои беҳтаркунии замин, хароҷоти сармояшаванда барои воситаҳои иҷоравии дарозмуддат, боигариҳои табиӣ (канданиҳои фоиданок, захираҳои обию ҷангалҳо ва ғайра).

Таснифи воситаҳои асосӣ
Ҳамаи воситаҳои асосиро шартан ба се гурўҳ тақсим мекунанд:

активҳои истеҳлокнашаванда (замин);
активҳои истеҳлокшаванда (бино, иншоот ва ғайра);
активҳои камшаванда (боигариҳои табиӣ).
Барои инъикос дар баланс воситаҳои асосӣ ба чунин синфҳо тақсим мешаванд:

замин
бино
мебел ва таҷҳизот
беҳтарсозии замин
захираҳои табиӣ.
Эътироф ва баҳодиҳии воситаҳои асосӣ
СБҲМ 16 «Воситаҳои асосӣ: «Объекти воситаҳои асосӣ ба сифати актив он вақт эътироф карда мешавад, ки агар:

эҳтимолияти бадастории фоидаи минбаъда аз истифодаи он мавҷуд ҳаст;
хароҷоти ҳақиқии хариди актив бо боварии калон баҳо дода шавад.
Воситаҳои асосӣ аз рўи арзиши аслияшон баҳо дода мешаванд. Мувофиқи СБҲМ 16 чунин таърифи арзиши аслӣ ҷой дорад: «Арзиши аслӣ (арзиши ҳақиқӣ) – ин маблағи воситаҳои пулӣ ва ё муодили онҳост, ё арзиши одилонаи дигар ҷубронкуние, ки барои хариди актив дар лаҳзаи харид ё сохтмони он пардохта шудааст». Ба арзиши аслии воситаҳои асосӣ дохил мешаванд: нархи харид, азҷумла боҷи воридотӣ ва дигар андозҳои ҷуброннашавандаи харид, инчунин ҳама гуна хароҷоти дигари ба дараҷаи ҳолати корӣ барои истифода аз рўи таъинот овардани актив. Ҳама гуна тахфифи савдоӣ ҳангоми муайянкунии нархи харид тарҳ карда мешаванд.
Воситаҳои асосӣ ҳангоми харид ё дигар воридшавӣ ба ширкат аз рўи:

арзиши ибтидоӣ;
арзиши бозории ҷуброн;
арзиши ивазкунӣ;
арзиши софи фурўш;
арзиши сатҳи нарх(ченкунии арзиши ҷорӣ) баҳо дода мешаванд.
Қоидаҳои умумии баҳодиҳии воситаҳои асосӣ вобаста ба шакли бадастории онҳо тағйир намеёбанд. Мувофиқи СБҲМ воситаҳои асосӣ баъди бадасторӣ аз рўи арзиши ибтидоӣ бо тарҳи истеҳлок ба ҳисоб гирифта мешаванд. Мувофиқи ҳамин стандартҳо истеҳлоки воситаҳои асосиро то лаҳзаи истифодабарии онҳо ҳисоб намекунанд.

Тарзҳои бадастоварии воситаҳои асосӣ

Воситаҳои асосӣ бо чунин тарзҳо ба даст оварда мешаванд:

бо пули нақд;
ба ивази саҳмияҳо;
ба қарз;
ҳамчун тўҳфа аз дигар субъект;
бо роҳи сохтмон бо қувваи худ;
ба ивази дигар активҳо.
Хариди воситаҳои асосӣ бо пули накд
Усулҳои муайянкунии арзиши ибтидоии гурўҳҳои гуногуни воситаҳои асосӣ ҳангоми харид бо пули нақд аз ҳам фарқ мекунанд. Барои замин арзиши ибтидоӣ дарбар мегирад:

нархи харид;
хароҷоти ҳуҷҷатикунонӣ;
хароҷот барои то ҳолати зарурӣ овардани замин;
қабули ягон хел ҳуқуқи нигоҳдорӣ;
хароҷоти иловагӣ барои беҳтарсозии замин.
Арзиши ибтидоии дигар воситаҳои асосӣ ҳамчун ҷамъи нархи харид ва дигар хароҷоте, ки воситаи асосиро то дараҷаи истифодабарӣ тайер мекунанд, муайян карда мешавад.

Хариди воситаҳои асосӣ бар ивази саҳмия

Дар ҳолати хариди воситаҳои асосӣ бар ивази саҳмияҳо арзиши ибтидоии воситаҳои асосӣ баробари:

арзиши одилонаи бозории саҳмияҳо; ё
арзиши одилонаи бозории активҳои қабулшуда дар сурати имконнопазир будани муайянкунии арзиши бозории саҳмияҳо аст.
Дар сурати ғайриимкон будани муқарраркунии арзиши бозории саҳмияҳо ва актив барои баҳодиҳӣ муносибати субъективӣ (яъне муайянкунии арзиши актив бо райъи роҳбарият) истифода мешавад, гарчанде он ғайри қобили қабул аст. Аз ин рў, арзиши актив бештар аз ҷониби баҳодиҳандагони мустақил муайян карда мешавад.

Хариди қарзии воситаҳои асосӣ
Воситаҳои асосии ба таври қарз харидашуда асосан бо 1) арзиши бозории актив ё 2) аз рўи арзиши ҷории пардохтҳои пулии минбаъда дар асоси ҳуҷҷати қарзӣ баҳо дода мешаванд.
Агар ҳуҷҷати қарзӣ бефоиз бошад, муайянкунии арзиши ҷории актив мушкил мегардад. Дар чунин ҳолат арзиши актив дар асоси дисконтиронӣ аз рўи меъёри интихобии фоизӣ муайян карда мешавад. Аксаран, меъёри бозории фоизиро интихоб мекунанд. Фарқи байни арзиши ҷорӣ ва арзи аз рўи ҳуҷҷати қарзӣ ҳамчун хароҷот дида шуда, он ба тамоми мўҳлати хизмати актив тақсим карда мешавад.
Бадастории воситаҳои асосӣ ба сифати тўҳфа аз ашхоси дигар
Дар бисёр маврид корхонаҳо воситаҳои асосиро аз дигар субъектҳо ҳамчун тўҳфа мегиранд. Дар ин ҳолат нархи ибтидоии воситаи асосиро дар асоси нархи бозории вай муайян мекунанд. Лекин дар ин ҳолат масъалаи баҳисобгирӣ пайдо мешавад. Чунки тўҳфа ду намуд мешавад:
1 Тўҳфаи бебозгашт;
2 Тўҳфа дар намуди ёрдами давлатӣ.
Тўҳфаи бебозгашт ҳамон вақт ҷой дорад, агар саҳҳомон ва дигар ашхоси манфиатдор воситахои худро ба ихтиёри корхона барои ҳимояи манфиатҳои худ бе пул супоранд.

Тўҳфа дар намуди ёрдами давлатӣ ҳамон вақт ҷой дорад, агар давлат барои ҳимояи манфиатҳои худ (беҳсозии асоси андозғункунӣ, кушодани ҷойҳои кории нав ва ғайра) воситаҳои асосиро ба ихтиёри корхона супорад. Фарқи тўҳфаи давлатӣ аз тўҳфаи бебозгашт дар ин аст, ки ин тўҳфа самти яктарафа надорад ва дар асоси ягон ўҳдадориҳои бадўшгирифтаи корхона супорида мешавад. Агар корхона ўҳдадории бадўшгирифтаашро иҷро насозад, он гоҳ давлат метавонад тўҳфаи додаашро қафо гирад.
Дар атрофи баҳисобгирии воситаи асосии ба тариқи тўҳфа гирифташуда фикру ақидаҳои гуногун мавчуданд. Қисме аз мутахассисон дар ин фикранд, ки тўҳфа ҳамчун зиёдшавии сармоя нишон дода шавад, дигар мутахассисон дар он ақидаанд, ки зиёдшавии сармоя танҳо ҳангоми маблағгузории саҳҳомон ба вучуд омаданаш мумкин аст. Аз ин рў, тўҳфаро ҳамчун даромади корхона нишон додан лозим аст. Тарафдорони фикри якум бошанд, дар ин ақидаанд, ки даромадро бо меҳнат ба даст овардан мумкин аст, лекин воситаҳои тўҳфашуда бе ягон меҳнат ба даст меоянд. Тарафдорони фикри дуюм мегўянд, ки чунин тўҳфаҳоро ба шумо ҳеҷ кас бе ягон тамаъ намедиҳад. Пеш аз он, ки ба шумо ягон чизро тўҳфа кунанд аз шумо ягон фоида ҷустанӣ мешаванд, ки на ҳама вақт ба фоидаи корхона мебошад. Аз ин рў, гуфтан мумкин аст, ки тўҳфа ҳам бо меҳнат ба даст меояд, бинобар ин онро ҳамчун даромад шуморидан мумкин аст. КСБҲМ ҳоло барои ҳалли ин мушкилот стандартро надорад, бинобар ин, мавқеи КСБҲМ то андозае сари ин масъала равшан нест. Вале дар асоси маълумотҳои ҳозира гуфтан мумкин аст, ки КСБҲМ тарафдори фикри дуюм мебошад.
Бунёди активҳо бо қувваи худӣ
Арзиши аслии воситаҳои бо қувваи худ бунёдшуда баробари ҷамъи хароҷоти моддӣ, меҳнатӣ ва иловагӣ мебошад. Арзиши аслии воситаҳои бо қувваи худ бунёдшуда на ҳама вақт бо арзиши бозории чунин воситаҳо мувофиқ меафтад. Аз ин рў, ҳангоми муайянкунии арзиши ибтидоии чунин объектҳои ба истифода додашаванда пешниҳод мешавад, ки арзиши камтарин аз арзиши аслӣ ва ё арзиши бозорӣ қабул карда шавад. Яъне агар арзиши бозорӣ аз арзиши аслии чунин объектҳо паст бошад, он гоҳ ҳамчун арзиши ибтидоӣ арзиши бозории объект қабул карда мешавад. Дар акси ҳол арзиши аслии он арзиши ибтидоии объектро ташкил менамояд. То ба охир расидани сохтмон ҳамаи хароҷотро дар ҳисоби «Сохтмони нотамом» ҷамъ меоваранд. Бо ба анҷом расидани сохтмон ва ба истифодадиҳӣ объекти мазкур ба ҳисоби «Биноҳо» гузаронида мешавад.

Бадастовари воситаҳои асоси бо рохи ивазкунӣ

Ҳангоми ивазкунӣ активҳо бо нархи бозориашон баҳо дода мешаванд. Агар активҳои якхела иваз карда шаванд, фоида эътироф карда намешавад. Зарар ҳамон вақт эътироф карда мешавад, ки зиёдадиҳӣ бо пули нақд сурат гирад. Дар дигар хел ҳолатҳо зарар низ эътироф карда намешавад. Агар активҳои ҳархела иваз карда шаванд, онгоҳ онҳо бо нархи бозорӣ баҳо дода мешаванд. Даромад ва зарар аз чунин ивазкуниҳо дарҳол эътироф карда мешавад.

Беҳтарсозии замин

Чӣ хеле ки мо қайд намуда будем, замин мўҳлати беохири хизматро доро мебошад. Бинобар ин, онро ба воситаҳои асосие, ки истеҳлок намешаванд, мутаалиқ мешуморанд. Дар фарқият аз замин бехтарсозии он мўҳлати муайяни хизматро дорад, бинобар ин вай истеҳлокшаванда мебошад. Ба беҳтарсозии замин тааллуқ доранд: такмилдиҳии майдон, сохтани заҳбурҳо, сохтани панчараҳо ва ҷойи исти мошинҳо. Ҳангоми бурдани баҳисобгирии воситаҳои асосӣ беҳтарсозии замин дар ҳисоби алоҳидаи махсус нишон дода шуда, аз рўи он истеҳлок ҳисоб карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки беҳтарсозии хислати доимӣ дошта, ба монанди бунёди кўлҳои сунъӣ, чангалзорҳо барои истироҳат ва ғайра ба арзиши замин илова карда мешавад ва аз рўи ин беҳтарсозӣ истеҳлокро ҳисоб намекунанд.
Хариди гурўҳии воситаҳои асосӣ (усули якҷоягӣ)
Аксар вақт ширкатҳо заминро бо дигар воситаҳо якҷоя мехаранд. Чунин тарзи бадастоварии активҳо мушкилоти муайянеро ба вуҷуд меорад, чунки замин ба мисли дигар активҳо истеҳлокшаванда намебошад. Дар ин ҳолат ширкатҳо хароҷоти бадасториро байни активҳо аз рўи нархи баҳодиҳияшон тақсим мекунанд. Инро дар мисол дида мебароем.
Мисоли 1. Ширкати «Саид» заминеро бо бино бо нархи 250 000 в.ш. харид. Арзиши баҳододашудаи замин баробари 150 000в.ш. буда, арзиши баҳододашудаи бино 150 000в.ш.-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи хароҷоте, ки ба ҳар як актив рост меояд, бо чунин тарз муайян карда мешавад:

Актив

Баҳодиҳии актив

Ҳиссаи актив

Замин

150000

50%

Бино

150000

50%

Ҳамагӣ

300000

100%

Арзиши аслии ҳар як актив бо чунин роҳ ҳисоб карда мешавад:
Замин 50%х250 000=125 000
Бино 50%х250 000=125 000
Навиштҳои бухгалтерӣ барои инъикоси ин амалиёт чунин мешаванд:
Замин ………………………..125000
Бино…………………………125000
Воситаҳои пулӣ……………….250000

Баҳисобгирии воситаҳои асосӣ дар лаҳзаи харид
Ҳангоми хариди воситаҳои асосӣ бо пули нақд навишти зеринро барои инъикоси ин амалиёт тартиб медиҳанд.
Воситаҳои асосӣ…………………………..хххх
Воситаҳои пулӣ……………………………..хххх
Мисоли 2. Ширкати « Аъзам» биноеро бо нархи 10 000 в.ш. харид. Ин амалиёт бо чунин навишти бухгалтерӣ қайд мегардад:.
Бино………………………….10000
Воситаҳои пулӣ…………………..10 000
Хариди воситаҳои асосиро бо қарз аз рўи арзиши ҳозираи маблағи дар оянда дода мешуда инъикос месозанд.
Мисоли 3. Ширкати «Аъзам» таҷҳизотеро бо нархи 7000 в.ш. бо тариқи насия харид. Пули таҷҳизот баъди як сол супорида мешавад. Меъёри ҳозираи бозорӣ барои чунин қарзҳо 10%-ро ташкил мекунад. Ҳачми пулие, ки ҳоло дар ҳучҷатхои бухгалтерӣ бояд инъикос намоем 6363,64в.ш.-ро ташкил мекунад. Ин рақам бо чунин тарз муайян шуда аст: 7000 : 1,1=6363,64.
Ҳама гуна хароҷоти аз ин маблағ зиёд ҳамчун хароҷот аз рўи фоизи қарз эътироф мегардад.
Навишти бухгалтерии ин амалиёт чунин сурат мегирад:
Таҷҳизот ………………………..6363,64
Хароҷоти фоиз…………………..636,36
Ҳисобҳо барои пардохт………7000
Воситаҳои асосие, ки ба ивази саҳмияҳо ба даст оварда шудаанд, бо нархи бозории саҳмияҳо ва ё бо нархи бозории актив ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳангоми пардохти маблағи зиёда аз нархи бозорӣ фарқият дар ҳисоби «Сармояи изофа пардохтшуда» ба қайд гирифта мешавад.
Мисоли 4. Ширкати «Аъзам» таҷҳизотеро ба ивази 1000 саҳмияи нархи номиналиашон 8 в.ш. барои як саҳмия харид намуд. Ин саҳмияҳо дар бозор бо нархи 10 в.ш. фурўхта мешаванд. Навишти бухгалтерии ин амалиёт чунин мебошад:
Таҷҳизот ……………………….10000
Саҳмияҳои оддӣ …………………..8000
Сармояи изофа пардохтшуда……2000
Агар ширкат воситаҳои асосӣро ҳамчун тўҳфа ба даст орад, вобаста ба усулҳои ҳоло вуҷуддошта зиёдшавии сармоя ва ё даромади давраҳои ояндаро нишон додан даркор аст.
Мисоли 5. Ширкати «Аъзам» биноеро, ки нархаш 15000 в.ш. мебошад, тўҳфа гирифт. Ин амалиёт бо чунин навишти бухгалтерӣ нишон дода мешавад:
1.Усули якум зиёдшавии сармояро нишон медиҳад:
Бино……………………15000
Сармояи худӣ…………………..15000
2.Ҳангоми истифодаи усули дуюм зиёдшавии даромадро нишон медиҳанд:
Бино……………………..15000
Даромади давраҳои оянда……15000

Истеҳлоки воситаҳои асосӣ

Пас аз харид, арзиши ибтидоии воситаҳои асосиро ба воситаи истеҳлок ба маҳсулоти тайёр мегузаронанд. Истеҳлок ё фарсудашавӣ – ин тақсимкунии арзиши воситаҳои асосӣ дар давоми мўҳлати хизмати муфиди онҳо мебошад. Ҳангоми тақсимкунӣ қисми арзиши воситаҳои асосӣ ҳамчун хароҷот дониста шуда, асоси андозситониро кам мекунад. Аз ин рў, дуруст муайян кардани маблағи истеҳлок ниҳоят муҳим аст.
Андозаи истеҳлоки актив аз:

мўҳлати хизмат;
арзиши ибтидоии воситаҳои асосӣ;
арзиши барҳамдиҳии воситаҳои асосӣ;
ҳаҷми корие, ки аз ин актив интизор шудан мумкин аст, вобаста аст.
Ҳаҷми ҳисобшавандаи истеҳлок вобаста аз ин вобастагиҳо бо усулҳои зерин муайян карда мешавад:
-Усули ростхаттаи истеҳлок;
-Усули истеҳлок вобаста аз ҳаҷми иҷроиши кор;
-Усулҳои таъҷилии истеҳлок:
а. усули ҷамъкунии ракамҳо;
б. усули бақияи камшаванда.

Усули ростхаттаи истеҳлок

Усули ростхаттаи истеҳлок – усулест, ҳангоми истифодаи он бузургии истеҳлок барои ҳамаи давраи хизмати актив доимӣ мемонад. Ҳангоми ҳисобкунии истеҳлок бо ин усул арзиши истеҳлокшаванда ба давраҳои ҳисоботӣ, ки ба мўҳлати хизмати актив рост меоянд, тақсим карда мешавад. Формулаи ҳисобкунии бузургии истеҳлок бо ин усул чунин шакл дорад:

Формулаи мазкурро метавон ба шакли зер ифода намуд:
Истеҳлок=N(Арзиши ибтидоӣ- Арзиши барҳамдиҳӣ)
Дар ин ҷо N- меъёри солонаи истеҳлок, ки бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
N=100%/ мўҳлати хизмат
Мисоли 6. Ширкати «Саид» трактореро бо нархи 8000 в.ш. харид. Арзиши барҳамдиҳии он баробари 2000в.ш. буда, мўҳлати хизматаш 5 солро ташкил менамояд. Талаб карда мешавад, ки реҷаи истеҳлок барои тамоми мўҳлати хизмати он тартиб дода шавад.
Сараввал маблағи истеҳлоки солонаи онро муайян мекунем:
Истеҳлок=(8000-2000):5=1200
Реҷаи истеҳлок бо усули росхатта чунин намуд дорад:

Арзиши ибтидоӣ

Истеҳлоки солона

Ҷамъшавии истехлок

Арзиши балансӣ

Дар лаҳзаи харид

8000

8000

Охири соли 1-ум

8000

1200

1200

6800

Охири соли 2-юм

8000

1200

2400

5600

Охири соли 3-юм

8000

1200

3600

4400

Охири соли 4-ум

8000

1200

4800

3200

Охири соли 5-ум

8000

1200

6000

2000

Чӣ хеле, ки аз реҷа дида мешавад, истеҳлоки солона дар тамоми мўҳлати хизмат маблағи якхеларо ташкил мекунад. Ҷамъшавии истеҳлок ба таври мунтазам сурат гирифта, арзиши балансӣ мунтазам кам мешавад ва бо расидан ба арзиши барҳамдиҳӣ ҳисобкунии истеҳлок қатъ мегардад.

Усули муайянкунии истеҳлок вобаста аз ҳаҷми иҷроиши кор
Ҳангоми ҳисоби истеҳлок бо ин усул мўҳлати хизмати воситаи асосӣ ба инобат гирифта намешавад. Чунин мешуморанд, ки актив мунтазам вобаста аз ҳаҷми кори иҷронамудааш истеҳлок мегардад. Барои ҳисобкунии маблағи истеҳлок бо ин усул аввал меъёри истеҳлокро барои як воҳиди кори иҷрошаванда меёбанд. Формулаи ҳисобкунии ин меъёр чунин шакл дорад:
Ми=(Арзиши ибтидоӣ- Арзиши барҳамдиҳӣ)/ Ҳаҷми кори иҷрошаванда
Дар ин ҷо, Нх-меъёри истеҳлок, ки ба як воҳиди кори иҷромешуда рост меояд. Баъди ин истеҳлокро бо воситаи чунин формула муайян мекунанд:
Маблағи истеҳлок=Ми * К дар ин ҷо, К- ҳаҷми кори ичрошуда.
Фарз мекунем, ки трактори дар боло номбаршуда барои шудгори 6000 га замин пешбинӣ гардидааст. Онгоҳ меъёри истеҳлок барои 1га баробар аст ба Ми=(8000-2000)/6000=1в.ш./га
Фарз мекунем, ки трактор дар соли якуми корӣ 1000га, дуюми корӣ – 2000га, сеюми корӣ – 500га чоруми корӣ – 1500га ва дар соли панҷуми корӣ 1000га заминро шудгор намудааст. Дар ин ҳолат, реҷаи ҳисобкунии истеҳлок чунин шаклро мегирад.

Арзиши ибтидоӣ

Ҳачми кор (га)

Истеҳлоки солона

Ҷамъшавии истеҳлок

Арзиши балансӣ

Санаи харид

8000

8000

Охири соли якум

8000

1000

1000

1000

7000

Охири соли дуюм

8000

2000

2000

3000

5000

Охири соли сеюм

8000

500

500

3500

4500

Охири соли чорум

8000

1500

1500

5000

3000

Охири соли панҷум

8000

1000

1000

6000

2000

Камбудии ин усул дар он аст, ки ҳаҷми кори иҷромекардаи активро дар мўҳлати хизматаш муайян кардан на ҳама вақт имконпазир аст.

Усулҳои ҳисобкунии таъҷилии истеҳлок

А) Усули соқитнамоии арзиш аз рўи ҷамъи солҳои хизмат – тарзи кумулятивӣ
Бузургии маблағи истеҳлок бо усули ғункунӣ (кумулятивӣ) бо формулаи зерин муқаррар карда мешавад:
Маблағи истеҳлок=((Мх-(Си-1))/ҷамъи рақамҳои мўҳлати хизмат)х(Арзиши ибтидоӣ –Арзиши барҳамдиҳӣ)
дар ин ҷо, Мх-мўҳлати хизмат, Сх-соли истеҳлок.
Барои мисоли пешина истеҳлок барои солҳои якум то панҷум баробар аст ба:
Х1=((5-(1-1))/(1+2+3+4+5))х(8000-2000)=2000
Х2=((5-(2-1))/(1+2+3+4+5))х(8000-2000)=1600
Х3=((5-(3-1))/(1+2+3+4+5))х(8000-2000)=1200
Х4=((5-(4-1))/(1+2+3+4+5))х(8000-2000)=800
Х5=((5-(5-1))/(1+2+3+4+5))х(8000-2000)=400
Реҷаи истеҳлоки воситаҳои асосӣ аз рўи ин усул чунин шакл мегирад:

Арзиши ибтидоӣ

Истеҳлоки солона

Ҷамъшавии истеҳлок

Арзиши балансӣ

Санаи харид

8000

8000

Охири соли якум

8000

2000

2000

6000

Охири соли дуюм

8000

1600

3600

4400

Охири соли сеюм

8000

1200

4800

3200

Охири соли чорум

8000

800

5600

3400

Охири соли панҷум

8000

400

6000

2000

Б)Усули бақияи камшаванда
Усули бақияи камшаванда низ ба усули таъҷилии истеҳлок дохил шуда, аз рўи қоидаҳои худ ба усули ҷамъи рақамҳо монанд аст. Ҳмангоми истифодабарии ин усул истеҳлок аз рўи меъёри баланд ар солҳои аввали истифодаи актив ҳисоб карда мешавад. Одатан, меъёри ҳисобкунии истеҳлок – меъёри дукаратаи истеҳлоки ростхатта мебошад. Баъзан, меъёри муқарраршуда мавриди истифода қарор мегирад. Формулаи муайянкунии истеҳлок аз рўи ин усул чунин аст:
Истеҳлок=(Аб х 2)/Мх
Дар ин ҷо, Аб-арзиши балансӣ дар охири соли гузашта ё аввали соли ҷорӣ;
Мх-мўҳлати хизмати актив.
Барои мисоли пешина маблағи истеҳлок бо чунин тарз барои солҳои гуногун ҳисоб карда мешавад:
Соли 1-ум Х=8000х2/5=3200. Аб дар аввали сол ҷорӣ – 8000в.ш.
Соли 2-ум Х=4800х2/5=1920. Аб дар аввали соли ҷорӣ 8000-3200=4800в.ш.
Соли 3-юм Х=2880х2/5=1152. Аб дар аввали соли ҷорӣ 4800-1920=2880в.ш.
Соли 4-ум Х=0, чунки, Аб дар аввали соли ҷорӣ 2880-1152=1728 <2000 мебошад.
Агар арзиши балансӣ дар аввали сол аз арзиши бақиявӣ (арзиши барҳамдиҳӣ) кам бошад, фарқи байни арзиши балансӣ дар аввали соли гузашта ва арзиши барҳамдиҳӣ ҳамчун ҳаҷми истеҳлоки соли ҷорӣ қабул карда мешавад. Дар мисоли мо ( 2880-2000=880).
Реҷаи истеҳлок дар ин ҳолат чунин шакл мегирад:

Арзиши ибтидоӣ

Истеҳлоки солона

Ҷамъшавии истеҳлок

Арзиши балансӣ дар охири сол

Саниа харид

8000

8000

Охири соли якум

8000

3200

3200

4800

Охири соли дуюм

8000

1920

5120

2880

Охири соли сеюм

8000

880

6000

2000

Охири соли чорум

8000

Охири соли панҷум

8000

Чӣ хеле, ки аз реҷа мебинем, гуфтаҳои боло тасдиқ шуданд.

Истеҳлоки воситаҳои асосие,ки дар байни давраҳои ҳисоботӣ харида шудаанд
Пештар мо фарз карда будем, ки воситаҳои асосӣ дар аввали сол ба даст оварда мешаванд. Бинобар ин аз рўи ин фарзия, мо истеҳлокро ҳисоб карда будем. Дар амалия, корхонаҳо воситаҳои асосиро метавонанд дар байни давраҳои ҳисоботӣ ба даст оваранд. Дар ин ҳолатҳо ҳисобкунии истеҳлок барои соли нопурра лозим мешавад. Дар асоси мисоли дар боло овардашуда истеҳлокро барои соли нопурра хисоб мекунем. Фарз мекунем, ки трактор якуми сентябр ба даст оварда шудааст ва мо истеҳлокро бо чор усул муайян месозем.
Усули ростхатта
Муайянкунии маблағи истеҳлок бо усули ростхатта яке аз осонтаринҳо мебошад. Дар ин ҳолат, маблағи истеҳлоки солонаро ба 12 тақсим намуда, ба шумораи моҳҳои давраи ҳисоботӣ зарб мезананд. Азбаски активи мо якуми сентябр харида шудааст, ҳиссаи вай дар ин давра ба 4:12 баробар аст. Истеҳлоки солона барои мисоли мо баробари 1200 (8000-2000=6000:5=1200) аст. Аз ин ҷо, истеҳлок барои давраи ҳисоботӣ баробари 1200х4:12=400в.ш. аст.
Усули истеҳсолӣ
Ҳисобкунии истеҳлок бо усули истоҳсолӣ хамчун ҳосили зарби меъёри истеҳлок ба ҳаҷми кори иҷрошуда дар давраи ҳисоботӣ ба амал бароварда мешавад. Фарз мекунем, ки трактори мо дар муддати 4 моҳ 200 гектар заминро шудгор намуд. Меъёри истеҳлок барои трактори мо (ба мисоли пешина нигоҳ кунед) 1в.ш. /га ташкил мекунад. Аз ин рў, ҳаҷми хароҷоти истеҳлок барои 200 гектар баробар 200х1у.е/га=200 в.ш. аст.
Усули ғункунӣ
Ҳисоби истеҳлоки воситаҳои асосӣ бо усули ғункунӣ нисбатан мушкил аст. Мушкилот вақте пайдо мешавад, ки агар мо ҳиссаи истеҳлокро ҳангоми истифодаи усули ғункунӣ барои давраи ҳисоботӣ муайян созем. Барои мисоли мо трактор 1 сентябри соли 1997 ба даст оварда шудааст. Аз ин рў, маблағи истеҳлокро мо аввал барои 4 моҳи аввал меёбем:
Соли 1-уми ҳисоботӣ (8000-2000)х5/15х1/3=666.7 в.ш.
Барои соли дуюм бошад, маблағи бо чунин роҳ ҳисоб карда мешавад:
Барои 2/3 ҳиссаи сол (6000х5/15х2/3)=1333.4 в.ш.
Барои 1/3 ҳиссаи дигари сол (6000х4/5х1/3)=533.3 в.ш.
Барои соли пурраи 1998 бошад, маблағи истеҳлок 1866.7 в.ш. -ро ташкил мекунад.
Ҳамин тавр, маблағи истеҳлокро барои тамоми солҳои хизмат меёбанд. Инро дар ҷадвали зерин дида мебароем:

Солҳо

Истеҳлок барои ҳар соли истифодабарӣ
(1 сентябр-31 август)

Истеҳлок барои ҳар соли ҳисоботӣ
(1 январ-31 декабр)

1

6000х5/15=2000

+

1997
1сентябр-31 декабр (2000х1/3)= 666.7
1998
1 январ-31 август (2000х2/3)=1333.4

2

6000х4/15=1600

+

1 сентябр-31декабр (1600х2/3)=533.3
1866.6
1999
1январ-31 август (1600х2/3)=1066.6

3

6000х3/15=1200

+

1сентябр-31декабр (1200х1/3)=400
1466.6
2000
1январ-31август (1200х2/3)=800

4

6000х2/15=800

+

1 сентябр-31 декабр (800х1/3)=266.7
1066.7
2001
1январ-31август (800х2/3)=533.3

5

6000х1/15=400

1сентябр -31декабр (400х2/3)=133.3
666.6
2002
1январ-31август (400х2/3)=266.7 266.7

Маблағи умумии истеҳлок =6000

Маблағи умумии истеҳлок = 6000

Усули бақияи камшаванда
Тарзи муайянкунии маблағи истеҳлок бо усули бақияи камшаванда аз усули ғункунӣ дида осонтар аст. Барои ин ҳиссаи ҳамон солро ёфта, ба меъёри истеҳлок зарб задан даркор аст. Барои мисоли пешина ин бо чунин тарз муайян карда мешавад:
Барои соли 1997 = 8000х0.4х1/3=1066,7
Барои соли 1998 = (8000-1066,7)х0,4=2773,3 ва ғайра.

Таъсири азнавбаҳодиҳӣ ба истеҳлок

Ҳангоми ба арзиши нобудкуни расидан ширкатҳо дигар хароҷоти хурдашавиро барои активҳо ҳисоб намекунанд, ҳатто агар ин актив солҳои зиед истифода шавад(ба мисоли кумулятивии дар боло буда назар афканед).Ин барои он аст,ки хурдашави ин процесси баҳодихи нест вай процесси қафо гирифтани маблағи гузошташуда ба ин актив мебошад.
Ҳачми маблағи қафо гирифта мешуда аз арзиши нобудсози ва муҳлати хизмати актив вобастагии калоне дорад.Барои ширкат ин ниҳоят муҳим аст ,ки арзиши нобудсози ва муҳлати хизмати актив дуруст муайян карда шуда бошад. Агар ширкатҳо ба хулосае биоянд,ки арзиши нобудсози ва муҳлати хизмат нодуруст муайян карда шудааст онҳо ин нишондиҳандаҳоро метавонанд тағир диҳанд. Дар ҳолати руй додани ин ҳодиса лозим мешавад,ки ҳаҷми хурдашавии ҳисобимешударо таъгир диҳем. Инро дар мисол нишон медиҳем.
Мисоли 7.Ширкати «Сомон» таҷҳизоти арзиши ибтидоиаш 60000у.е ва арзиши нобудсозиаш 1000у.е –ро доро ҳаст.Дар аввали давраи истифодабари мепиндоштанд,ки таҷҳизот 10 сол хизмат мекунад ,локин баъди 4 соли кор менеҷерон ба хулосае омаданд ки таҷҳизот на 6 соли дигар (10-4) балки боз 8соли дигар хизмат расонида метавонад. Талаб карда мешавад ки ҳаҷми хурдашавиро барои соли 5-уми истифодабари бо усулҳои гуногун ёбед агар арзиши бақиявӣ барои ин актив на 1000 у.е балки 5000у.е шуда бошад.

Усули росхата
Ҳачми хурдашави бо усули росхата ин тавр муаян карда мешавад.
Арзиши ибтидои ——————————————————————————–60000
Минус: ҷаъмшави хурдашави дар охири соли 4-ум ((60000-1000)х4/8=29500)—-29500
Арзиши баланси дар аввали соли 5-ум —————————————————-30500
Минус: арзиши нави нобутсози (5000)—————————————————–5000
Базаи хурдашавандаи боқимонда————————————————————25500
Ҳаҷми хурдашави дар соли 5-ум (25500/8) ———————————————–3187.5

Усули истеҳсолӣ
Агар ширкати додашуда усули истеҳсолиро истифода барад он гоҳ нормаи нави хурдашави барои як воҳиди маҳсулоти истеҳсолшуда бо чунин тарз муаян карда мешавад
Нормаи хурдашави = (арзиши ибтидои – арзиши нобутсози) /ҳаҷми махсулоте ки ин актив мебарорад (баъди аз нав баҳодиҳи).
Баъдан ҳаҷми хурдашави барои дилхоҳ соли баъди аз нав боҳо диҳи бо чунин формула ёфта мешавад.
Хурдашави = ( нормаи хурдашави) х ( ҳачми маҳсулоти дар ин давраи ҳисоботи бароварда шуда).

Усули камшави боқия
Агар усули камшавии бақия истифода бурдашавад он гоҳ ҳаҷми хурдашави то соли 5-ум бо ин тарз муаян карда мешавад.

Арзиши ибтидои

Хурдашави солона

Ҷамъшави хурдашави

Арзиши баланси

Охири соли-1

60000

12000

12000

48000

Охири соли-2

60000

9600

21600

38400

Охири соли-3

60000

7680

29280

30720

Охирисоли-4

60000

6144

35424

24756

Чи хеле ки мебинем арзиши баланси дар аввали соли 5-ум 24756 у.е ташкил медиҳад.
Хароҷот барои хурдашави дар соли 5-ум дар асосӣ фоизи нав ёфта мешавад.
Ин фоиз бо ин тарз ҳисоб карда мешавад: 100%х2/8=25% ҳаҷми хурдашави барои соли 5-ум дар асосӣ ин фоиз ин тавр ҳисобида мешавад: 24576х25%=6144.
Усули кумулиятиви
Аввал арзиши балансиро то аввали соли 5-ум меёбем.Суммаи рақамҳои муҳлати хизмат барои мисоли мо баробар аст ба 1+2+3+4+5+6+7+8+9+10=55

Арзиши ибтидои

Хурдашави солона

Ҷаъмшавии хурдашави

Арзиши баланси

60000

60000

Охири соли-1

60000

10727.27

10727.27

49272.8

Охири соли-2

60000

9654.54

20381.81

39618.19

Охири соли-3

60000

8581.82

28963.63

31036.37

Охири соли-4

7509.09

36472.72

23527.28

Пас аз нав боҳодиҳи суммаи нави ракамҳои хизматро меёбем: 8+7+6+5+4+3+2+1=36
Коэфисент барои муаянкуни ҳаҷми хурдашави барои соли 5-ум боробар мешавад баъд 8/36 ва хароҷот барои ин давра (соли 5-ум )ин тавр муаян карда мешавад.
Нархи баланси 23527.28
Нархи нобутсози 5000
Нархи хурдашаванда 18527.28
Хароҷот барои хурдашави баробар аст 18527.28х8/36=4117.17
Харочотҳои баъди ба дастовари (капитали ва ғайри капитали) барои воситаҳои асосӣ

Воситаҳои асосӣ ки дар ихтиёри кампания мебошанд баъде ба дастовари хароҷотҳои иловагиро талаб месозонд. Ин хароҷотҳо ба ду гуруҳи калон тақсим мешаванд. Гуруҳи якумро хароҷотҳои капитали ташкил медихад . Гуруҳи дуюмро хароҷотҳои ғайрикапитали ташкил медиҳад. Хароҷотҳое ки ба ҳисоби воситаҳои асосӣ ё ҷаъмшави хурдашави дебет карда мешаванд хароҷотҳои капитали номида мешавад.
Бо дигар тарз мегуянд ки хароҷотҳо капиталонида шудаанд. Капиталонида шудани хароҷотҳо маънои онро дорад ки ин хароҷот ба воситаи хурдашави ба арзиши асли маҳсулот гузаронда мешавад . Мувофиқи МСФО 16 «хароҷотҳои баъдина яъне баъди ба дастовари ки ба воситаҳои асосӣ сарф мешаванд ба сифати актив ҳамон вақт дониста
(ё капиталонида)мешаванд ки агар онҳо ҳолати активро хуб намуда ҳосилнокии ваёро аз нормаҳои пешаки ҳисоб кардашуда зиёдтар намоянд.
Дар фарқият аз хароҷотҳои капитали хароҷотҳои ғайри капитали капитолонида намешаванд ва онҳо ҳамчун харочот дониста мешаванд. Мувофиқи МСФО 16 хароҷотҳои ғайри капитали чунин таъриф дода мешаванд: «Хароҷотҳои маъмурият ва дигар хел хароҷотҳои болокори элементи арзиши ибтидоии воситаҳои асосӣ дониста намешаванд, агар онхо мустақиман ба бадастовари актив ё расонидани вай ба дараҷаи коршоями алоқа надошта бошанд ва айнан ҳамин хел хароҷотҳое ки барои ба истифодадиҳи ва истифодабарию дигар хел хароҷотҳои пешаки ба арзиши актив илова намешаванд агар онҳо барои овардани актив то ҳолати кори лозим дониста нашаванд. Зарарҳои амалиётие, ки то пастшавии нишондодҳои кории воситаҳои асосӣ пайдо мешаванд ҳамчун хароҷот дониста мешаванд.»

Хароҷотҳое ки капиталонда мешаванд
Чи хеле ки мо қайд намудем хароҷотҳо бо ду усул капиталонда мешаванд:
1).Вакте ки ба ҳисоби актив дебет мешаванд
2). Вакте,ки ҳисоби «Чамъшавии хурдашави» дебет карда мешавад.
Капиталондани хароҷот бо роҳи дебетонидани ҳисоби актив
Хароҷотҳое,ки нишондодҳои сифатии активро беҳтар сохта муҳлати хизмати вайро зиед намекунад бо роҳи дебетонидани ҳисоби воситаҳои асосӣ капиталонида мешаванд.Ба сифати чунин мисол шинондани таҷҳизоти видеои дар салони автобус мебошад. Ин хел хароҷотҳо бо роҳи дебетонидани ҳисоби «нақлиети автомобили» капиталонида мешаванд.
Капиталондани хароҷот бо роҳи дебетонидани ҳисоби «Чамъшавии хурдашави»
Хароҷотҳое ки нишондодҳои миқдории воситаҳои асосӣро беҳтар месозанд (мисол муҳлати хизмат) онҳо бо роҳи дебетонидани ҳисоби «ҷаъмшави хурдашави капиталонида машаванд. Мисол ширкат таъмири капитали карда муҳлати хизмати автобусро дароз месозад. Ин хел хароҷотҳо бо роҳи дебетонидани ҳисоби «Ҷаъмшави хурдашави» капиталонида мешаванд . Ҳангоми чунин тарзи капиталонтдан арзиши баланси актив ки хурдашаванда мебошад зиёд мегардад.
Мисоли 8. Ширкати мусофиркаш баъди 7 соли истифодабарии автобус 2500 у.е ба таъмири капитали сарф намуда муҳлати хизмати вайро аз 8 то 10 сол зиёд намуд. Тарзи навишти бухгалтерии ин амалиёт чунин аст:
Дт Ҷамшави хурдашави – нақлиёт —————————————2500
Кт Воситаҳои пули ————————————————————-2500
Фарз мекунем ки арзиши ибтидоии автобус бе арзиши нобутсози 20000 у.е ташкил медиҳад.
Дар охири соли 7-ум ҳангоми росхата будани муаянкунии хурдашави ҷаъмшавии хурдашави баробар аст ба 20000/8х7=17500 у.е.. Баъди дебетонидани ҳисоби «Ҷаъмшави хурдашави» таъғироти қимати баланси воситаи асосӣ чунин хоҳад буд.

Пеш аз таъмири капитали

Баъд за таъмири каптали

Арзиши ибтидои

20 000

20 000

Ҷаъмшавии хурдашави

17500

15000

Арзиши баланси (охири соли -7

2500

5000

Баъди таъмири капитали хароҷоти хурдашави ҳамчун таносуби байни арзиши нави балансии актив ба муҳлати хизмати боқимонда муаян карда мешавад. Дар мисоли мо баъди таъмир муҳлати хизмат то 10 сол зиёд шуд.Ин муҳлати хизматро 3-сол зиёд намуд(10-7=3). Ҳаҷми хурдашави дар ин ҳолат баробар мешавад ба 5000:3=1650у.е.

Масрафиёте,ки хароҷот ҳисобида мешаванд
Ҳар сол ширкатҳо маблағҳои калони пулиро барои нигоҳдории воситаҳои асосӣ дар ҳолати кори сарф мекунанд. Ин масрафиётҳо асосан барои ба даст овардани даромад дар ҳамин давраҳои ҳисоботи нигаронда шудааст. Ба ин гуна хароҷот масрафҳои пулии корхонаҳо барои таъмири ҷори ва нигахдориҳо таълуқ доранд. Чунин масрафҳои корхонаҳоро ҳамчун хароҷот кабул менамоянд.

Азнавбаҳодихии воситаҳои асосӣ
Мувофиқи МСФО 16 ширкатҳо ҳуқуқ доранд активҳои худро азнав баҳо диҳанд агар маълум шавад,ки нархи бозории актив аз нархи балансии вай фарқ мекунад. Локин бояд дар назар дошт,ки агар як бор актив азнав баҳо дода шуд ин процедура бояд доимо такрор ёбад агар фарқият дар байни балансу нархи бозори хувайдо гардад.

Баҳисобгирии азбайнравии воситаҳои асосӣ
Воситаҳои асосӣ бо сабаби маҳдудияти муҳлати хизматашон ва характеристикаҳои сифати аз корхона ихроҷ мешаванд.Вақте.ки корхонаҳо воситаҳои асосӣро ихроҷ мекунанд онҳо ин воситаҳоро аз ҳисобҳои бухгалтери низ мебардоранд.Ихроҷшави бо се роҳ руй медихад.
1.Бо роҳи фурухтан
2.Бо роҳи аз байн бурдан
3.Ивазкуни
Ихроҷкуни бо кадом шакле,ки руй надиҳад процесси аз ҳисоб баровардан иҷрокунии чунин кадамҳоро талаб мекунад.
-дар ҳисобҳо хурдашавиро барои соли нопура (агар лозим бошад) то лаҳзаи ихроҷшави нишон додан даркор аст.
-ихроҷшавиро бо роҳи :
а)дебетонидани ҳисоби «Ҷамшавии хурдашави» ва
б)кредитонидани ҳисоби «Воситаҳои асосӣ» нишон додан даркор аст.
-Воридшави ва е ихроҷшавии воситаҳоро (одатан воситаҳои пулиро) ки дар натиҷаи ивазкуни руй додааст нишон додан даркор аст.
-Фоида ва зараре,ки дар натиҷаи ивазкуни ҳосил шудааст бояд нишон дод.

Баҳисобгирии фуруши воситаҳои асосӣ
Тез –тез ширкатҳо воситаҳои асосии худро мефурушанд.Натиҷаи чунин амалиётҳо ё фоида ва ё зарар шуда метавонад.Одатан натиҷаро ҳангоми муқоисаи нархи баланси ва нархи фуруш муайян мекунанд.
Мисоли 9.
Ширкати «Роҳи абрешим» мошини боркашеро ки нархи балансиаш 15000у.е ташкил мекунад ба 10000у.е фурухт. Ҷамшавии хурдашави барои мошини боркаш 8000у.е. ро ташкил медихад. Фоида аз фуруши мошини боркаш бошад 3000у.е.-ро ташкил медиҳад.
Арзиши ибтидоии мошини боркаш —————————————————–15000у.е.
Ҷамъшавии хурдашави——————————————————————-8000у.е
Нархи балансии мошини боркаш——————————————————-7000у.е
Нархи фуруш——————————————————————————–10000у.е
Фоида аз фуруш—————————————————————————–3000у.е
Тарзи навишти бухгалтерии ин амалиёт чунин аст:
Дт Воситаҳои пули ————————————————10000
Дт Ҷамъшавии хурдашави—————————————-8000
КтВоситаҳои асосӣ——————————————————15000
Кт Фоида аз ихроҷшавии воситаҳои асосӣ————————–3000
Агар мошини боркаш ба 6000у.е. фурухта шавад онгоҳ зарар (6000-7000=-1000) ба маблағи 1000 у.е. пайдо мешавад.
Дт Воситаҳои пули————————————————–6000
Дт Ҷамъшавии хурдашави—————————————–8000
Дт Зарар аз ихроҷшави———————————————-1000
Кт Воситаҳои асосӣ—————————————————-15000
Локин агар мошини боркаш бо нархи 7000у.е. фурухта шавад онгоҳ на фоида ва на зарар ҳосил намешавад. Ин амалиёт дар ҳисобҳои бухгалтери ин тавр нишон дода мешавад.

Дт Воситаҳои пули ———————————————————- 7000
Дт Ҷамшавии хурдашави —————————————————-8000
Кт Воситаҳои асосӣ ——————————————————————–15000

Ба ҳисобгирии аз байн бурдани воситаҳои асосӣ
Воситаҳои асосӣ бо ду сабаб аз байн бурда мешаванд:
1 Воситаҳои асоси бо сабаби хурдашави эътибори ва ё бо сабаби мучахас сохтани таҷҳизотҳои нав барои истеҳсоли маҳсулоти нав аз байн бурда мешавад.
2 Воситаҳои асосӣ бо сабабхои нохуш низ аз байн бурда шуданашон мумкин аст (оташгири, заминларза ва ғайра)
Дар лаҳзаи аввал ҳисобдор на танҳо арзиши ибтидои ва ҷаъмшави хурдашавиро инчунин арзиши нобудшавии воситаи асосиро бо натиҷаҳои иқтисодиаш (фоида ва зарар) нишон медиҳад
Мисоли 10 Ширкати «Давлат» таҷҳизотеро ки арзиши ибтидоиаш 1500 у.е ва ҷамшави хурдашавиаш 1000 у.е нобут месозад. Таҷҳизот нархи нобутсози 100 у.е-ро доро мебошад. Ин амалиёт дар ҳисобҳои бухгалтери бо чунин тарз нишон дода мешавад
Дт Масолеҳ аз нобутсози —————————————- 100 у.е
Дт Ҷаъмшавии хурдашави —————————————1000 у.е
Дт Зарар аз нобутсози ———————————————-400 у.е
Кт Воситаҳои асосӣ ——————————————————–1500
Дар ҳолате ки воситаҳои асосӣ бо сабабҳои дар пункти дуюм нишондода шуда аз байн раванд он гоҳ арзиши нобутшави нишон дода намешавад.
Мисоли 10.1 Бинои офиси ширкат оташ гирифта сухта нобут гардид. Нархи ибтидоии бино 40000 у.е буда ҷаъмшавии хурдашавиаш 5000 у.е ташкил мекунад. Нархи нобутсозии ин бино 2000 мебошад. Иртиботҳои бухгалтериро барои ду ҳолат нависед.

Бино барои ҳолатҳои ногаҳони суғурта надошт.
Бино ба маблағи 30000 сомони суғурта шуда буд
Барои ҳолати якум чунин тарзи навишти бухгалтериро истифола мебаранд.
Дт Зарар аз оташгири —————————————————– 35000
Дт Ҷаъмшавии хурдашави ———————————————-5000
Кт Бино ———————————————————————–40 000
Барои ҳолати дуюм бошад тарзи навишти бухгалтери ин тавр мешавад.
Дт Ҳисобҳо барои гирифтан – ширкати суғуртасози ————–30000
Дт Зарар аз оташгири —————————————————–5000
Дт Ҷаъмшавии хурдашави ————————————————5000
Кт Бино————————————————————————–40000

Баҳисобгирии ивазкунии воситаҳои асосӣ
Ду намуди ивазкуни воситаҳои асосӣ вуҷуд дорад.

Ивазкуни воситаҳои асосиӣ якхела.
Ивазкуни воситаҳои асосиӣ хархела
Ивазкунии воситаҳои асосии якхела
Ивазкуни воситаҳои асосии якхеларо чунин фаҳмидан лозим аст.
Ивазкунии мошини боркаш бо мошини боркаши дигари ҳамин тағма,бино бо бинои дигар ва ғайра. Ҳантоми ивазкунии активҳои якхела фоида эътироф карда намешавад. Фоидае ки ҳангоми ивазкуни ба вуҷуд меояд арзиши ибтидоии активи навро кам мекунад.
Мисоли 11. Ширкати «Азиз» таҷҳизоти куҳнаро бо таҷҳизоти нави ҳамин тағма иваз мекунад. Арзиши ибтидоии тачхизоти кухна 45000 ,чамъшавии хурдашави бошад 38000 ташкил менамояд. Нархи хакикии бозории тачхизоти кухна 9000 –ро ташкил мекунад ва нархи эълоншудаи таҷҳизоти нав 55000-ро ташкил мекунад.
Аз болои ин таҷҳизоти куҳна ширкат иловатан 46000 пул дод. Фоида аз чунин ивазкуни 2000 ташкил мекунад.
Арзиши ибтидоии таҷҳизоти куҳна ———————————- 45000.
Ҷаъмшави хурдашави таҷҳизоти куҳна ————————–38000.
Нархи баланси таҷҳизоти куҳна ————————————- 7000.
Нархи ҳақиқии бозории таҷҳизоти куҳна ————————–9000.
Фоида аз ивазкуни ———————————————————2000.
Фоида аз чунин амалиёт эътироф карда намешаванд. Таъсири фоида ба амалиёти ивазкуни ин хел нишон дода мешавад:
-Ҳаҷми фоида аз арзиши ибтидои кам карда мешавад ё
-ба сифати баҳодиҳи (арзиши ибтидои) нархи балансии активи куҳна плюс пули нақдаи дода шуда қабул карда мешавад. Барои якум ҳолат ки мо қайд кардем арзиши ибтидоии таҷҳизоти нав бо чунин роҳ ёфта мешавад:
Арзиши ибтидоии таҷҳизоти нав ————————————–55000.
Фоида аз ивази таҷҳизоти куҳна ————————————–2000 .
Арзиши ибтидоии нави таҷҳизоти нав ——————————-53000
Ҳангоми дуюм ҳолат арзиши ибтидои бо чунин роҳ ёфта мешавад.
Арзиши балансии таҷҳизоти куҳна ——————————-7000
Пули нақдае ки иловатан дода шудааст ———————–46000
Арзиши ибтидоии нави таҷҳизоти нав ————————— 53000
Чихеле ки мебинем дар харду холат натичаи якхеларо мо доро мешавем ,бинобар ин иртибот барои инъикоси ин амалиет чунин мешавад.
Дт Тачхизот (нав)——————————————————–53000
Дт Чамъшавии хурдашави-тачхизоти кухна———————–38000
Кт Тачхизот (кухна)———————————————————-45000
Кт Воситахои пули————————————————————46000
Дар фаркият аз фоида , зарар дархол эътироф карда мешавад,ки аз принципи консервативи сарчашма мегирад.
Фарз мекунем ки (дар мисоли боло ) таҷҳизоти куҳна нархи бозории 3000-ро доро буда
барои вай иловатан 52000 пул доданд. Онгоҳ инъикоси амалиёт бо чунин тарз суръат мегирад.
Арзиши ибтидоии таҷҳизоти куҳна ————————————45000.
Ҷаъмшавии хурдашави таҷҳизоти куҳна —————————– 38000
Нархи баланси таҷҳизоти куҳна ——————————————-7000
Нархи бозори таҷҳизоти куҳна ——————————————-3000
Зарар аз ивазкуни ————————————————————-4000
Тарзи навишти бухгалтерии ин амалиёт чунин аст.
Дт Таҷҳизоти нав ————————————————————55000.
Дт Ҷаъмшави хурдашави таҷҳизоди куҳна—————————38000
Дт Зарар аз ивазкуни ——————————————————-4000
Кт Таҷҳизоти куҳна ———————————————————–45000
Кт Воситаҳои пули ————————————————————–52000

Ивазкунии воситаҳои асосии ҳархела

Бисьёр вақт ширкатҳо воситаҳои асоси ҳархеларо иваз мекунад.
Мисол: Ширкат метавонад воситаи нақлиётиро бо таҷҳизот, заминро бо бино ва ғайра иваз кунад ҳангоме ки активҳое ҳар хела иваз карда мешаванд. Ба сифати бахо диҳии активҳои воридшаванда ё
-арзиши бозори, ё ин ки нархи эълон шуда
-агар нархи эълон шуда набошад нархи бозори қабул мешавад.
Ҷаъмшави хурдашавиро дебет намуда арзиши ибтидоии воситаи асосиро кредит намуда ҳисобдорон воситаҳоро аз ҳисоб мебароранд. Дар кредити ҳисоби воситаҳои пули суммаи эълон шударо нишон медиҳанд агар нархи активи воридшавандаро эълон надошта бошанд он гоҳ нархи бозори ин активро кредит месозанд. Дар ин ҳолатҳо фоида ва зараре ки аз ивазкуни ҳосил шудааст қайд карда мешавад.
Мисоли 12. Ширкат биноеро ки нархаш 50 000 бо ҷаъмшавию хурдашавиаш 40 000 ва нархи бозориаш 7000 бо таҷҳизотеки нархи эълоншудааш 55000 аст иваз намуд. Ба болои ин ширкат 48000 пули нақда супорид. Ин амалиёт бо тарзи навишти бухгалтерини зерин ифода мегардад.
Дт Таҷҳизот ——————————————– 55000.
Дт Ҷаъмшави хурдашави – бино —————-40000.
Дт Зарар аз ивазкуни ———————————3000.
Кт Бино ——————————————————-50000
Кт Воситаҳои пули —————————————-48000
Дигар тарзи ҳисобкунии зарар ин тарҳкунии арзиши бозори аз арзиши баланси мебошад яъне:
Арзиши ибтидои – бино ————————————- 50 000
Ҷаъмшавии хурдашави –бино —————————-40 000
Нархи баланси – бино —————————————10 000
Нархи бозории – бино —————————————–7000
Зарари ба даст омада ——————————————3000
Барои он ки фоида аз ивазкуниро нишон диҳем фарз мекунем ки нархи бозории бино 15000 пули иловатан дода шуда 40 000 ташкил мекунад.Иртиботи бухгалтери дар ин ҳолат чунин шаклро мегирад:
Дт Таҷҳизот ——————————— —— 55000
Дт Ҷаъмшави хурдашави – бино ————–40000
Кт Бино —————————————————–50000
Кт Воситаҳои пули ————————————–40000
Кт Фоида аз ивазкуни ———————————-5000
Е ин ки бо тарзи дигар 5000 ин хел хисоб карда мешавад.

Арзиши ибтидоии бино————————————–50000
Чамъшавии хурдашави————————————40000
Нархи баланси————————————————10000
Нархи бозории бино—————————————-15000
Фоидаи бадастомада—————————————-5000
Чи хеле ки мебинем фоида ва зарар аз ивази активхои хархела дархол эътироф карда мешавад.

Кушодадихи дар хисоботхои молияви
Дар хисоботхои молияви бояд инхоро кушода дод:
1.Тарзи ефтани арзиши ибтидои
2.Чи хел усулхои муайянкунии хурдашави истифода шудааст.
3.Нархи умумии балансии воситахои асоси ва бо кайди он ки хурдашави дар аввал ва охири сол чи кадар буд
4.Чандкадар харочотхои капитали ва гайри капитали чой доштанд
5.Чикадар ухдаддори барои воситахои асосии гирифташуда чой дорад
6.Хачми сохтмони нотамом агар актив бо кувваи худи сохта шавад.
7.Азнавбаходихи гузарондашуд ва е не агар чой дошт бояд кайд намуд,ки баходихандаи мустакил даъват шуда буд е не.
8.Нархи балансии воситахои асосии истифоданашаванда.
9.Воситахои асосие,ки пурра хурда шудаанд,локин то хол дар истифода карор гирифтаанд.
10.Нархи балансии активхои аз гардиш гирифта шуда ,ки ихрочшавиро интизоранд.
Адабиети истифодашуда:
1.Б.Нидлз,Х . Андерсон,Д.Колдуэлл.-Принципы бухгалтерского учета –Четвертое издание.М. «Финансы и статистика», 1997
2.International Accounting Standards, 1999
3.Финансовый учет .Учебное пособие, разработанное на основе стандартов бухгалтерского учета.Третье издание, Часть 1.Алматы 1999г.
4.Ван Хорн Дж. К. «Основы управления финансами»-М.:Финансы и статистика, 1999г
5.Финансовый учет . Учебное пособие .Худжанд , 2001г.
Ба хотир нигох доред!
Воситаи асоси ва харочот

Намуди харочот
Воситаи асоси е харочот

Иртиботи бухгалтери

Иловакуни-калонкуни актив ё бахшидани шакли нав

Воситаи асоси

Ҳисоби воситаи асоси дебет мешавад.

Такмилдиҳи-балансозии фоиданокии операциони ё тавонои

Воситаи асоси

Ҳисоби воситаи асоси дебет мешавад

Таъмири махсус- зиёдсози муҳлати актив

Воситаи асоси

Ҳисоби воситаи асоси дебет мешавад

Таъмири оди ва хизматрасони

Хароҷот

Ҳисоби хароҷотҳо дебет мешавад

Масъалаҳо барои ҳали мустақилона
1 Эътирофкуни фоида ва зарар
Агар воситаҳои асосиро ба ҳисоб гиранд кадоме аз ин тасдиқотҳо дуруст аст

Эътироф карда мешавад

Фоида

Зарар

1. Фуруши воситаҳои асоси

Не

Ҳа

Ивази воситаҳои асоси ҳархела

Не

Не

Ивази воситаҳои асоси ҳархела

Не

Ҳа

Ивази воситаҳои асоси якхела

Не

Ҳа

Хариди гуруҳии активҳо
Ширкати «Sky woker» якчанд активро бо нархи 70 000 харид. Нархи ҳар як актив дар алоҳидаги дар таблицаи поён дода шудааст. Нархи ибтидоии ҳар як активро барои инъикас дар баланс муаян созед.

Акив

Нархи актив

Замин

10 000

Мебель

20 000

Бино

20 000

Таҷҳизот

10 000

Хамаги

60 000

3.Муайянкунии арзиши ибтидоии активхо
Гуед,ки дар кадом хисобхо ин харочотхо бояд инъикос ебанд
1.500000в.ш барои хариди замин дода шуд
2.5000в.ш барои хуччаткунии замин дода шуд
3.13000в.ш барои хамворкунии замин дода шуд.
4.10000в.ш барои вайрон кардани бинои дар замин буда сарф карда шуд
5.20000 в.ш барои сохтмони истгоҳи мошинҳо сарф шуд.
6. 10000 в.ш барои сохтмони ариқҳо сарф шуд.
7. 70000 в.ш барои кандани таҳкурси бино сарф шуд.
8. 1000 в.ш барои харидани молҳои канцелияри сарф шуд.
9. 2000 в.ш барои харидани мебель сарф шуд.
10. 2100 в.ш барои харидани сузишвори ва равғанҳои молидани сарф шуд.
Ҷавоби худро дар таблицаи дар поён оварда шуда нишон диҳед

Замин

Бино

Беҳтарсозии замин

Дигар активҳо

Ном

Сумма

4.Муайянкунии хурдашави бо истифадабарии 4 усул
Ширкати «SUN» 1 январи соли 1998 таҷҳизотеро бо нархи 192 000 в.ш харид. Ширкат мехоҳад ин таҷҳизотро 6 сол истифода барад ва арзиши нобутсозии ин таҷҳизот дар охири соли хизматаш 21900 в.ш мебошад. Ҳаҷми коре ки аз ин таҷҳизот интизор шудан мумкин аст 20 000 дона аст ки онҳо ин хел тақсим мешаванд: 1-ум сол,20 000, 2-ум сол,25 000, 3-ум сол 35 000 ,4-ум сол 20 000, 5-ум сол 50 000 ва 6-ум сол 50 000.Барои муайянкунии хурдашави бо 4 усул графикхои(таблица) онҳоро созед (расхата, истеҳсоли, ҷаъми рақамҳои соли хизмат ва усули камшави бақия)


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.