Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Ўҳдадориҳо

Мақсади омўзиш Дар ҷараёни азхудкунии ин мавод, Шумо бояд тасаввуротро оиди моҳияти ўҳдадориҳо, намудҳои онҳо ва усулҳои баҳисобгирии онҳо пайдо кунед. Мавзўи мазкурро омўхта, Шумо бояд: • ўҳдадориҳоро дуруст ба ҷорӣ в дарозмуддат тасниф карда тавонед; • таърифи ўҳдадориҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддатро дода, баҳодеҳии онҳоро тасвир намоед; • ўҳдадориҳои шартӣ, оянда, ҷорӣ ва ғайраро фарқ карда, меъёрҳои кушоиши онҳоро дар ҳисоботи молиявӣ тасвир кунед; • баҳисобгирии хароҷоти қарзиро бурда тавонед; • мувофиқан мукотиботи бухгалтерии амалиётҳои вобаста ба ўҳдадориҳоро тартиб дода тавонед.Ўҳдадориҳо Мақсади омўзиш Таърифи ўҳдадориҳо Баҳодеҳии ўҳдадориҳо Эътирофи ўҳдадориҳо Таснифи ўҳдадориҳо Баҳисобгирии ўҳдадориҳои ҷорӣ Баҳисобгирии ўҳдадориҳои дарозмуддат Вомбаргҳо Васиқаҳои дарозмуддат ва гаравхат Баҳисобгирии хароҷоти қарз Кушоиши ахборот дар ҳисоботи молиявӣ Адабиёти тавсияшаванда Супориш барои худсанҷӣ Мақсади омўзиш Дар ҷараёни азхудкунии ин мавод, Шумо бояд тасаввуротро оиди моҳияти ўҳдадориҳо, намудҳои онҳо ва усулҳои баҳисобгирии онҳо пайдо кунед. Мавзўи мазкурро омўхта, Шумо бояд: ўҳдадориҳоро дуруст ба ҷорӣ в дарозмуддат тасниф карда тавонед; таърифи ўҳдадориҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддатро дода, баҳодеҳии онҳоро тасвир намоед; ўҳдадориҳои шартӣ, оянда, ҷорӣ ва ғайраро фарқ карда, меъёрҳои кушоиши онҳоро дар ҳисоботи молиявӣ тасвир кунед; баҳисобгирии хароҷоти қарзиро бурда тавонед; мувофиқан мукотиботи бухгалтерии амалиётҳои вобаста ба ўҳдадориҳоро тартиб дода тавонед. Таърифи ўҳдадориҳо Ўҳдадорӣ (обязательство – liabilities) – ин қарздории ҷории ширкат аст, ки аз воқеаҳои давраҳои гузашта пайдо гардида, пардохти он ба камшавии захираҳои фоидаи иқтисодидоштаи корхона бурда мерасонад. Дар баъзе аз манбаъҳои адабиётӣ таърифи зерини ўҳдадориҳоро дучор шудан мумкин аст: «Ўҳдадорӣ – ин масъулияти шахс (қарздор) оиди ба фоидаи шахси дигар (қарздеҳ) амал кардан: моликиятро пешниҳод намудан, пул додан, кореро иҷро кардан ва ғ., ё аз амале даст кашидан, қарздеҳ ҳуқуқ дорад, ки аз қарздор иҷроиши ўҳдадориҳояшро талаб кунад». Ба таври соддатар, ўҳдадорӣ – ин даъвои ашхоси сеюм ба захираҳои иқтисодии ширкат аст. Пайдоиши ўҳдадориҳо Мисолҳо Баамалоии амалиётҳои молиявӣ – хоҷагӣ, ки ба пайдоиши қарз ё ўҳдадории амалкунӣ ё иҷрокунии ягон кор бо тарзи муайян бурда мерасонад. Натиҷаи амалиёт ё воқеаи давраҳои гузашта. Хариди молҳо ё истифодаи хизмат ба пайдоиши қарздории кредиторӣ, гирифтани қарз ба пайдоиши масъулият оиди баргардонидани он бурда мерасонад. Натиҷаи шартномаи ба таври ҳуқуқӣ ҳатмӣ ё талаботи қонунгузорӣ. Маблағе, ки барои молу хизматҳои қабулшуда, андозҳо пардохт мегардад. Аз таҷрибаи маъмули корӣ, анъана ё хоҳиши нигоҳдории муносибатҳои хуби корӣ ё амалнамоии одилона. Агар ширкат қарорро оиди ислоҳи камбудии маҳсулоти хеш қабул кунад, гарчанде яқин аст, ки он пас аз фарорасии мўҳлати кафолатии истифодабарӣ ба миён омадааст, маблағи хароҷоти пешбинишавандаи молҳои фурўхташуда ўҳдадорӣ мешавад. Дигар ҳолатҳо. Корхона дар асоси ахборот оиди хариди ҳарсолаи мизоҷон метавонад зиёдпардохти давраҳои ояндаро ҳамчун ўҳдадорӣ эътироф намояд; дар ин ҳолат, фурўши молҳо дар давраҳои гузашта, амалиётест, ки ба пайдоиши ўҳдадориҳо бурда расонидааст. Меъёрҳои асосии муайянкунии ўҳдадориҳо: мавҷудияти воқеа ё амалиёти гузаштае, ки ўҳдадориро ба миён овардааст; танзими ўҳдадорӣ ҳатман ба камшавии активҳо ё расонидани хизмат бурда мерасонад; характери баҳсноталаби ўҳдадориҳо; дақиқият ва ченшавандагии ўҳдадориҳо. Ҳангоми баҳисобгирӣ мебояд: лаҳзаи бавуҷудоии ўҳдадориҳо; баҳодеҳии ўҳдадориҳо; таснифи ўҳдадориҳоро фарқ намуд. Лаҳзаи бавуҷудоӣ –ўҳдадориҳо танҳо ҳангоми пайдоиши қарздорӣ ба қайд гирифта мешаванд. Дар ҳолати қабули ўҳдадориҳо, онҳо бояд фавран эътироф гардида, дар ҳисобгирӣ инъикос шаванд. Баҳодеҳии ўҳдадориҳо Баҳодеҳии ўҳдадориҳо – қарздории кредиторӣ ба маблағи пуле, ки барои пардохти қарз зарур аст, ё ба арзиши активҳои барои пешниҳод зарур баҳо дода мешаванд. Маблағи ўҳдадорӣ баробари арзиши ҷории ҳамаи пардохтҳои минбаъдаи пулӣ (ё эквиваленти пулии активҳо ва хадамоти ғайрипулӣ), ки бо меъёри фоизӣ мувофиқи хавфи ҷойдошта дисконтиронида шудааст, мебошад Ўҳдадориҳо дар аксар ҳолатҳо аз маблағи асосии қарз ва фоиз аз он иборатанд. Мебояд ўҳдадориҳои ҷорӣ ва ояндаро фарқ кард. Қарори роҳбарият оиди хариди активҳо дар давраи оянда бе ҳеҷ ваҷҳ ба пайдоиши ўҳдадориҳо бурда намерасонад. Одатан, ўҳдадорӣ ҳангоми расонида шудани актив ба корхона, ё вақте, ки корхона шартномаи мансухнашавандаро оиди хариди он мебандад, ба миён меояд. Дар ҳолати дуюм, характери бебозгашти шартнома маънои онро дорад, ки оқибати иқтисодии иҷро накардани шартнома, мисол, мавҷудияти ҷаримаи калон, амалан ба корхона ягон имконияти наҷотро аз хориҷшавии активҳо ба ҷониби дигар намедиҳад. Пардохти қарзи ҷорӣ одатан бо дасткаши корхона аз захираҳои фоидаи иқтисодидоштаи худ барои қонеъгардонии даъвои ҷониби дигар алоқаманд аст. Пардохти ўҳдадории ҷорӣ бо усулҳои зерин ба амал бароварда мешавад: (a) пардохти воситаҳои пулӣ ; пешниҳоди активҳои дигар; пешниҳоди хадамот; ивазнамоии як ўҳдадорӣ бо ўҳдадории дигар; ё гузарониши ўҳдадорӣ ба капитали азонихудӣ. Ўҳдадорӣ инчунин метавонад бо усулҳои дигар, мисол, дасткашии кредитор аз он ё аздастдеҳии ҳуқуқи кредитор, пардохт гардад (ниг. СБҲМ «Принсипҳо»). Баъзан маблағи ўҳдадориҳоро метавон танҳо бо рақами тахминӣ муайян кард. Баъзе корхонаҳо ин гуна ўҳдадориҳоро ҳамчун провизия нишон медиҳанд. Дар як қатор мамолик провизияҳои мазкур ҳамчун ўҳдадорӣ дида намешаванд, зеро консепсияи ўҳдадорӣ хеле танг муайян карда шудааст, ва он танҳо маблағи бе истифодаи бузургиҳои тахминӣ муқарраршударо дарбар мегирад. Ҳамин тариқ, вақте, ки провизия бо ўҳдадории ҷорӣ алоқаманд буда, ба дигар шартҳои таърифи ўҳдадорӣ ҷавобгўст, он ҳамчун ўҳдадорӣ эътироф ва қайд мегардад, гарчанде, ки маблағи он бо рақами тахминӣ баҳо дода шудааст. Мисоли ин гуна ўҳдадориҳо провизияҳои таъмини пардохт аз рўи ўҳдадориҳои кафолатӣ ва провизия оиди таъмини ўҳдадориҳои нафақавӣ буда метавонанд. Баъзан маблағи ўҳдадориро чен кардан хеле мушкил аст. Амалиёте, ки ўҳдадориро ба миён овардааст, бояд асосро барои ченкунии маблағи он таъмин созад. Маблағи ўҳдадорӣ бояд бо сабаби он бевосита алоқаманд бошад. Эътирофи ўҳдадориҳо Ўҳдадорӣ дар баланс эътироф мегардад, агар эҳтимолияти хориҷшавии активҳои фоидаи иқтисодидошта дар натиҷаи пардохти ўҳдадории ҷорӣ мавҷуд буда, бузургии ин пардохт бо боварии комил муайян карда шавад. Дар амалия ўҳдадории шартномавии иҷронагардида (мисол, ўҳдадориҳо оиди захираҳои супоришдодашуда вале гирифтанашуда) чун қоида, ба сифати ўҳдадорӣ дар ҳисоботи молиявӣ эътироф намегардад. Аммо ин гуна ўҳдадориҳо ба таърифи ўҳдадорӣ метавонанд, мувофиқат намоянд, ва агар дар шароитҳои конкретӣ онҳо ба меъёрҳои эътироф мусоидат намоянд, он вақт эътироф гардиданашон мумкин аст. Дар ин мавридҳо эътирофи ўҳдадориҳо ҳатман ба эътирофи актив ё хароҷот бурда мерасонад.(СБҲМ «Принсипҳо» м.91). Ўҳдадорӣ дар рўзи пайдоиши он эътироф мегардад. Амалиёте, ки ўҳдадориро ба миён овардааст, одатан санаи пайдоиши онро муайян мекунад. Аммо, баъзан санаи эътирофи ўҳдадориро бо сабаби номуайянӣ ё мавҷудияти якчанд меъёри эътироф муайян кардан хеле душвор аст. Мисоли ин ҳолат ўҳдадории шартӣ аз рўи даъвои судӣ буда метавонад. Таснифи ўҳдадориҳо Аз рўи мўҳлати пардохт ўҳдадориҳо ба ду синф: кўтоҳмуддат (ҷорӣ) ва дарозмуддат тақсим мешаванд. Таснифи ўҳдадориҳо ба ҷорӣ ва дарозмуддат аҳамияти муҳимро дорост. Азбаски пайдоиши ўҳдадорӣ маънои хориҷшавии минбаъдаи активҳоро дорад, мўҳлати иҷроиши ин ўҳдадорӣ барои баҳодеҳии дурусти вазъи молиявии корхона хеле муҳим аст. Яъне бо ин тасниф, дараҷаи баланди таҳлилияти баланс таъмин мегардад. Чӣ хеле, ки маълум аст, дар баъзе ҳолатҳо шартҳои ҳуқуқӣ ё шартномавӣ ҳисобкунии коэффисиенти бозоргириро талаб менамоянд. Ўҳдадориҳо ҳамчун кўтоҳмуддат тасниф мегарданд, агар: онҳо дар шароитҳои мўътадили сикли амалиётӣ пардохт гарданд; онҳо дар давоми дувоздаҳ моҳ аз санаи ҳисоботӣ пардохт гарданд. Ҳамаи ўҳдадориҳои дигар ҳамчун дарозмуддат тасниф мегарданд. Ўҳдадориҳои кўтоҳмуддат ба якчанд категория ҷудо шуда метавонанд. Баъзе аз ўҳдадориҳои кўтоҳмуддат ба мисоли қарздорӣ дар назди таъминкунандагон ва пудратчиён ва дигар хароҷоти амалиётӣ қисми капитали гардонро, ки дар сикли мўътадили амалиётии корхона истифода мешаванд, ташкил менамоянд. Ин гуна моддаҳои амалиётӣ ҳамчун ўҳдадориҳои кўтоҳмуддат тасниф мегарданд, гарчанде мўҳлати пардохти онҳо муддати зиёда аз дувоздаҳ моҳро ташкил кунад. Дигар ўҳдадориҳои кўтоҳмуддат ҳамчун қисми сикли амалиётии ҷорӣ пардохт намегарданд, гарчӣ пардохтро дар давоми дувоздаҳ моҳи пас аз санаи ҳисоботӣ талаб кунанд. Мисол, қисми ҷории ўҳдадориҳо, ки пардохти фоизҳоро дарбар мегиранд, овердрафти бонк, ҳаққусаҳм барои пардохт, андоз аз фоида ва дигар қарздориҳои ғайритиҷоратии кредиторӣ, ки дар давоми дувоздаҳ моҳ пардохт намешаванд, ўҳдадориҳои дарозмуддат мебошанд. Дар ҳолатҳои зерин корхонаро мебояд ўҳдадориҳои пардохти фоизҳоро дарбаргирандаи худро ҳамчун дарозмуддат тасниф намуд, гарчанде, ки онҳо дар давоми дувоздаҳ пардохт бигарданд: (a) мўҳлати ибтидоии онҳо давраи зиёда аз дувоздаҳ моҳро дарбар мегирифт; (b) ин ўҳдадориро корхона ба таври дарозмуддат азнав молиягузорӣ (рефинансирование) карданист; ва (c) ин ният бо шартномаи азнавмолиякунонӣ ё тағйири ҷадвали пардохт то лаҳзаи тасдиқи ҳисоботи молиявӣ мустаҳкам карда шудааст. Баъзан чунин мешавад, ки ўҳдадориҳои дар давоми сикли ояндаи амалиётӣ пардохтшаванда бо қарори корхона метавонанд аз нав молиягузорӣ ё лонгиронида шаванд. Аз ин рў, онҳо истифодабарии капитали гардони корхонаро талаб намекунанд. Ин гуна ўҳдадориҳо ҳамчун қисми молиягузории дарозмуддати корхона ҳисобида мешаванд. Аммо, агар азнавмолиякунонӣ бо қарори корхона ба амал наомада бошад (ё шартномаи азнавмолиякунонӣ мавҷуд набошад), он ҳамчун ўҳдадории кўтоҳмуддат инъикос меёбад. Ба шарте, ки шартномаи азнавмолиякунонӣ то тасдиқи ҳисоботи молиявӣ ҳамчун исботи дарозмуддат будани ин ўхдадорӣ баромад кунад, танҳо дар ин сурат, ин ўҳдадорӣ чун дарозмуддат тасниф мегардад. Баъзе шартномаҳои пешниҳоди қарз дар худ метавонанд чунин шарте дошта бошанд, ки мувофиқи он ҳангоми вайронсозии низоми муайяни бо вазъи молиявии қарзхоҳ вобаста, ўҳдадорӣ бояд бо талаби қарздеҳ пардохт шавад. Дар ин ҳолатҳо ўҳдадорӣ ҳамчун дарозмуддат тасниф мегардад, агар: (a) кредитор пеш аз тасдиқи ҳисоботи молиявӣ оиди талаб накардани пардохт дар ҳолати риоя нашудани шарт розигӣ диҳад; ва (b) эҳтимолияти вайронкунии минбаъдаи шартҳои аҳднома дар давоми дувоздаҳ моҳи пас аз санаи ҳисоботӣ мавҷуд нест . Баҳисобгирии ўҳдадориҳои ҷорӣ Мувофиқи СБҲМ ба ҳайати ўҳдадориҳои дарозмуддат дохил мешаванд: Ҳисобҳо барои пардохт – ҳисоби ҳисоббаробаркуниҳо бо таъминкунандагон, ки барои баҳисобгирии ўҳдадориҳои такроршавандаи тиҷоратӣ таъин гардидаанд. Ин ўҳдадориҳо дар рафти фаъолияти мунтазами корхона оиди хариди ашёи хом, молҳо, масолеҳ, инчунин хадамоти барои ҷараёни истеҳсол ва фурўши маҳсулот, молҳо, хадамот ва кор зарур ба вуҷуд меоянд. Ҳама гуна қарздории кредитори дигар алоҳида нишон дода мешавад. Мисоли 1. 1 марти соли 200Х аз таъминкунандагон ба таври насия молҳо ба маблағи 10000 в.ш. қабул шуд. Ин амалиёт дар ҳисобгирӣ чунин инъикос меёбад: Молҳо…………………………………………………………..10 000 Ҳисобҳо барои пардохт……………………….…………………………..10 000 Васиқаҳо барои пардохти кўтоҳмуддат – васиқаи савдоӣ барои пардохт, ки дар натиҷаи амалиётҳои монанд бо ҳисобҳо барои пардохт пайдо мегарданд, ё ки, васиқаи ғайрисавдоӣ барои пардохт, ки дар натиҷаи амалиётҳои дигар ба вуҷуд меоянд, ё қисми ҷории ўҳдадории дарозмуддат, ки дар давоми давраи ҳисоботӣ пардохт мегардад. Васиқаҳо барои пардохт таъминшуда ё таъминношуда мешаванд. Новобаста аз ном, ҳуҷҷатҳои қарзӣ, мустақим ё ғайримустақим пардохти фоизро ба қарздеҳ талаб мекунанд. Ин ҳама аз барои он, ки камбаҳошавии пулҳоро бо мурури вақт наметавон кафолат дод. Маблағи фоизи даврӣ аз рўи ўҳдадориҳои қарзӣ – ин: Маблағи асосии қарз ´ меъёри фоиз ´ вақт = Маблағи фоиз Меъёри муқарраршудаи фоизӣ – ин меъёри фоизе, ки дар ҳуҷҷати қарзӣ нишон дода шудааст. Меъёри муқарраршудаи фоизӣ маблағи пардохтҳои фоизиеро, ки ҳамроҳи маблағи асочсии қарз пардохта мешаванд, муайян мекунад. Азбаски меъёри фоизӣ дар бозори молиявӣ бо вазъи иқтисодӣ умуман муайян мегардад ва дар давоми вақт тағйир меёбад, вай аз дарозмуддатии қарз вобастагӣ дорад. Меъёри ҳақиқии фоизи қарз ба меъёри бозорӣ ҳангоми қарзгирӣ ба ҳамин мўҳлат мувофиқат менамояд. Фоизи ҳақиқии фоизӣ барои дисконтиронидани пардохтҳои минбаъдаи пули қарз истифода мегардад. Ба маблағи воситаҳои пулӣ ё ҳамвазни онҳо меъёри ҳақиқии фоизӣ истифода мегардад. Маблағи пурраи қарз – ин маблағи дар рўзи пардохти қарз додашаванда бо тарҳи ҳама гунна пардохтҳои фоизие, ки то ин рўз ба амал бароварда шуда буданд. Чӣ тавре, ки пештар қайд карда будем, васиқаҳо фоизнок ва бефоиз мешаванд. Мувофиқан, баҳисобгирии ҳар яке аз ин намуди васиқа хусусияти худро дорад. Васиқаи фоизнок Мисоли 2. 1 октябри соли 2001 ширкати “Ахтар” ба маблағи 20 000 в .ш. аз рўи васиқаи солона бо пардохти 10% ҳангоми баргардонидани қарз воситаҳои пулиро гирифт. Маблағи гирифтаи ширкати “Ахтар” баробари маблағи номиналии васиқа – 20000 в.ш. буд. Соли ҳисоботӣ 31 декабри соли 2001 ба охир расида, мўҳлати пардохти васиқа – 30 сентябри соли 2002 аст. Барои инъикоси амалиёти мазкур навиштаҷотҳои зерин талаб карда мешаванд: 1 октябри соли 2001 – Инъикоси васиқаи фоизӣ бо арзиши ҷорӣ: Воситаҳои пулӣ……………………………………………………………………………………………… 20 000 Васиқаҳои кўтоҳмуддат барои пардохт…………………………………………………….. 20 000 31 декабри соли 2001 – Навишти ислоҳӣ оиди ҳисобкунии фоиз: Хароҷоти фоиз (20 000) ´ (10%) ´ (312)…………………………………………………………. 500 Фоизи ҳисобкардашуда барои пардохт…………………………………………………………………………… 500 31 декабри соли 2001 – сатр дар ҳисобот оиди фоида ва зарар: Хароҷоти фоиз……………………………………………………………………………………………………… 500 Инъикос дар баланси бухгалтерӣ: Ўҳдадориҳои кўтоҳмуддат: Васиқаҳои кўтоҳмуддат барои пардохт…………………………………………………… 20 000 Фоизи ҳисобкардашуда барои пардохт……………………………………………………………………… ….500 Навишт дар рўзи пардохти васиқа: 30 сентябри соли 2002 – Пардохти маблағи номиналӣ бо ҷамъи фоиз дар мўҳлати пардохт: Фоизи ҳисобкардашудабарои пардохт….………………………………….….500 Хароҷоти фоиз (20 000) ´ (10%) ´ (9/12) ……………. ……………………………1 500 Васиқаҳои кўтоҳмуддат барои пардохт……………………………………..20 000 Воситаҳои пулӣ………………………………………………………………………………………………………………. 22 000 Васиқаҳои бефоиз Мисоли 3. Ширкати “Шоҳона” васиқаи солонаи бефоизро ба маблағи 22 000 в.ш. навишта ба маблағи 20 000 в.ш. пул гирифт. Васиқа бо меъёри фоизии 9.091% (2 000 ¸ 22 000) дисконтиронида шуд. Аммо, ширкати “Шоҳона” танҳо 20 000 в.ш. гирифт; аз инҷо, меъёри ҳақиқии фоизӣ 10% (2 000 ¸ 20 000)-ро ташкил дод. Арзиши ҷорӣ ин васиқа 20000 в.ш.-ро ташкил менамояд: 22 000 ¸ 1.1 = 20 000. Қарз бо арзиши ҷорӣ инъикос мегардад. Ўҳдадорӣ аз рўи васиқаи бефоиз мувофиқи Принсипи нетто ё брутто бақайд гирифта мешавад. Ҳардуи ин усулро дар зер нишон медиҳем. Навишт Принсипи нетто Принсипи брутто 1 окт. соли 2001 Васиқаи кўтоҳмуддат барои пардохт бо арзиши ҷорӣ (соф) инъикос мегардад: Воситаҳои пулӣ ………….20 000 Васиқаҳои кўтоҳмуддат барои пардохт1…………..…………..20 000 Васиқаи кўтоҳмуддат барои пардохт бо арзиши умумӣ (номиналӣ) инъикос мегардад: Воситаҳои пулӣ……………………20 000 Тахфифи васиқаи кўтоҳмуддат…..2 000 Васиқаи кўтоҳмуддат барои пардохт………………………….22 000 31 дек. соли 2001 Навишти ислоҳӣ барои инъикоси фоизи ҳисобкардашуда(20 000)´(0,1)´(312): Хароҷоти фоиз ……….……500 Васиқаҳои кўтоҳмуддат барои пардохт2…………..……….……..500 Навишти ислоҳӣ аз рўи фоизи ҳисобкардашуда(2 000´312): Хароҷоти фоиз ………….…………..500 Тахфифи васиқаи кўтоҳмуддат………………..…………..…..500 31 дек. соли 2001 Сатре дар Ҳисобот оиди фоида ва зарар: Хароҷоти фоиз…….…………………500 Инъикос дар баланси бухгалтерӣ: Ўҳдадориҳои ҷорӣ: Васиқаи кўтоҳмуддат барои пардохт (20 000 + 500)……………………..20 500 Сатре дар Ҳисобот оиди фоида ва зарар: Хароҷоти фоиз…….…………………500 Инъикос дар баланси бухгалтерӣ: Ўҳдадориҳои ҷорӣ: Васиқаи кўтоҳмуддат ……………22 000 Тарҳ: Тахфифи амортизатсияношуда.….1 500 20 500 30 сен. соли 2002 Навишт ҳангоми пардохт: – инъикоси: (а) фоизи то ин сана ҳисобкардашуда (б) пардохти арзиши номиналии васиқа дар рўзи пардохт: Хароҷоти фоиз (20 000 ´ (10%) ´ 9/12)……….1 500 Васиқа барои пардохт………..1 500 Васиқа барои пардохт (20 000 + 500 + 1 500)……22 000 Воситаҳои пулӣ ………………22 000 Навишт ҳангоми пардохт: Пардохти маблағи номиналии васиқа: Хароҷоти фоиз (2 000 ´ 9/12 )…1 500 Васиқа барои пардохт…….…22 000 Тахфифи васиқа………………..1 500 Воситаҳои пулӣ…..……….…..22 000 СБҲМ 1. «Пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ» саҳ. 63-65 1Васиқа аз рўи арзиши ҷорӣ (маблағи асосӣ), на аз рўи арзиши номиналӣ акс ёфт. Навишт аз рўи фоиз рақами дар ибтидо навишташуда- 20 000 в.ш.-ро то 22 000 в.ш. меафзояд. 2Арзиши балансии васиқа пас аз ин навишт 20 500 .ш.-ро ташкил мекунад. Варианти дигар ин кредитонидани фоизи ҳисобкардашуда аст. 3. Пешпардохти аз харидорон ва супоришдеҳандагон қабулшуда. Ўҳдадорӣ инчунин ҳангоми қабули пешпардохт ё депозитҳо аз мизоҷон барои таъмини кафолати пардохти ўҳдадориҳои минбаъд бавуҷудоянда ё кафолати иҷроиши шартнома ё хизматрасонӣ ба миён меояд. Мисол, ҳангоми қабули супориш ширкат метавонад пешпардохтро талаб намояд. Дар сурат дасткашӣ аз супориш ин маблағ аз ҷониби ширкати иҷроишгар нигоҳ дошта мешавад, зеро аллакай ширкати иҷроишгар корро ба анҷом расонидааст ё хароҷоте намудааст. Аз ин рў, дар ширкати қабулкунандаи пешпардохт ўҳдадорӣ то ба анҷомрасии амалиёт ба вуҷуд меяод. Мисоли пешпардохт: маблағи омўзиш, иҷорапулӣ, фурўши чиптаҳо, обунапулӣ ва ғ. Мувофиқи принсипи эътирофи даромад, воситаҳои пулии қабулшуда то мавриди расонидани хизмат ё бурдарасонии мол ҳамчун даромад шинохта намешаванд. Ин гуна амалиётҳо дар дебети ҳисоби воситаҳои пулӣ ва кредити ҳисобҳои мувофиқи ўҳдадориҳои ҷорӣ ба қайд гирифта мешаванд. Бо фиристонидани мол ё расонидани хизмат ҳисобкунии даромад ба амал бароварда мешавад. Ба маблағи даромади эътирофгардида ҳсоби ўҳдадорӣ дебитонида ва ҳисоби даромад кредитонида мешавад. Мисоли 4. 1 ноябри соли 2001 ширкат иҷорапулиро барои шаш моҳи минбаъда ба маблағи 36 000 в.ш. қабул намуд. Ин амалиёт дар баҳисобгирӣ чунин қайд меёбад: (а) 1 ноябри соли 2001 дар лаҳзаи қабули пул: Воситаҳои пулӣ…………………………………..36 000 Пешпардохти қабулшуда……………..……………………….36 000 (б) 31 декабри соли 2001 – навишти ислоҳӣ аз рўи қисми эътирофшавандаи пешпардохт: Пешпардохти қабулшуда………………………12 000 Даромад аз иҷора……………………………………………….12 000 Маблағи боқимондаи пули гирифташуда – 24 000 в.ш. ҳамчун ўҳдадории ҷорӣ дар баланс инъикос мегардад. Мисоли 5. 1 январи соли 2001 нашриёти «Симо», ки маҷаллаи ҳармоҳаро мебарорад, обунапулии солонаро ба маблағи 480 в.ш. қабул кард. Қабулкунии пул ва ҳисобкунии ҳармоҳаи пўшонидани ўҳдадории мазкур дар ҳисобгирӣ ба таври зер акс меёбад:: (а) Ҳангоми қабули обунапулӣ: Воситаҳои пулӣ……………………………………..480 Даромади давраҳои оянда ………………………….480 (б) Навишти ҳармоҳа оиди эътирофи даромад: Даромади давраҳои оянда.………………………..40 Даромад……… …………………………………………40 4. Ҳаққусаҳм барои пардохт. Ҳаққусаҳм ин қисми фоида, ки байни саҳҳомон тақсим мегардад. Ўҳдадорӣ аз рўи ҳаққусаҳм аз лаҳзаи эълони расмии пардохти онҳо пайдо мешавад. Мисоли 6. 1 декабри соли 2001 ширкат оиди пардохти 0,20 в.ш. ҳаққусаҳм ба ҳар яке аз 10 000 дона саҳмияи оддии муомилотӣ эълон намуд. Дар лаҳзаи эълон навишти зерини бухгалтерӣ ҷой дорад: Ҳаққусаҳми эълоншуда…………………………. 2 000 Ҳаққусаҳм барои пардохт…………………………….2 000 Ўҳдадориҳои ҳисобкардашуда. Ўҳдадориҳои ҳисобкардашуда – ўҳдадориҳое, ҳисоб карда шудаанд, вале то ҳол пардохт нагардидаанд. Ба қатори ўҳдадориҳои ҳисобкардашуда музди кор, фоизҳо, ҳиссаҷудокуниҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ, пардохти хизмати кредиторон ва ғ. дохил мешаванд. Ўҳдадориҳои ҳисобкардашуда дар охири давраи ҳисоботи дар натиҷаи навиштҳои ислоҳӣ ба вуҷуд меоянд. Мисол, ҳама гуна ҳаққи хизмати пардохтаношударо, ки ба давраи ҳисоботӣ тааллуқ дорад, мебояд дар охири давраи ҳисоботӣ бо дебитонидани ҳисоби хароҷот ва кредитонидани ҳисоби ўҳдадории ҷорӣ ҳисоб намуд. Бо ин роҳ, муқоисаи даромаду хароҷоти давраи ҳисоботӣ таъмин карда мешавад. Эътирофи ўҳдадориҳои ҳисобкардашуда ба таърифи ўҳдадориҳо ва принсипи мувофиқат рост мегирад. Ҳамин тариқ, мувофиқи СБҲМ, ҳама гунна хароҷоти пардохти ҳаққи хизмат ва рухсатпулии ҳисобшуда бояд дар ҳамон даврае эътироф гарданд, онҳо дар он давра ба вуҷуд омадаанд. Дар ин маврид риояи шартҳои зерин муҳим аст: мавҷудияти далели пардохт барои хизматҳои аллакай иҷрошуда; гузаронишу ба ҳисоб гирифтани рўзҳои ҷамъшуда; эҳтимолияти пардохт (имконияти рухсатӣ ё ба кор ҳозирнашавӣ); имконияти баҳои бовариноки хароҷот барои пардохт. Риояи ин принсипҳо бо зарурияти баамалбарории навиштҳои ислоҳӣ дар охири ҳар як соли молиявӣ алоқаманд аст. Дар ҳисоби ўҳдадориҳои ҳисобкардашуда инъикос мегарданд: маблағи хароҷоти ҳисобкардашуда аз рўи қоғазҳои қиматнок ва қарзҳои дигар- дар мукотибот бо ҳисоби хароҷоти фоиз; маблағи ҳисобкардашуда аз рўи пардохти рухсатии минбаъдаи кормандон ва пардохти мукофот – дар мукотибот бо ҳисобҳои баҳисобгирии хароҷоти истеҳсолот, хароҷоти тиҷоративу маъмурӣ; маблағи зиёдатии арзиши фурўши вомбаргҳои баровардашуда аз болои арзиши номиналии онҳо- дар мукотибот бо ҳисобҳои ўҳдадориҳои қарзӣ, воситаҳои пулӣ ё қарздории дебиторӣ; қисми маблағи зиёдатии арзиши фурўши вомбаргҳои баровардашуда аз болои арзиши бозории онҳо – тахфифи дар давоми соли ҷорӣ азҳисоббаровардашаванда – дар мукотибот бо ҳисобҳои хароҷоти фаъолияти ғайриамалиётӣ; ўҳдадорӣ оиди пардохти дарпешистодаи нафақа ба кормандон – дар мукотибот бо ҳисобҳои баҳисобгирии хароҷоти истеҳсолот, хароҷоти тиҷоративу маъмурӣ; маблағи ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминотит нафақавӣ, ки бояд ба фондҳои мувофиқ гузаронида шаванд – дар мукотибот бо ҳисобҳои баҳисобгирии хароҷоти истеҳсолот, хароҷоти тиҷоративу маъмурӣ; маблағи дигар ўҳдадориҳои ҳисобкардашуда – дар мукотибот бо ҳисобҳои баҳисобгирии хароҷот. Мисоли 7. Менеҷери ширкати «Веста» дар моҳи сентябри соли 2001 25 рўзи кории пурра кор кард. Бухгалтери ширкат барои ҳар як соати кори рўзи кории ҳаштсоата 2 в.ш. музд ҳисоб мекунад. Меъёри андоз аз даромад -10%. Ғайр аз ин аз музди кори ҳисобкардашуда 1% барои таъминоти иҷтимоӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳиссаҷудокунӣ аз фонди музди меҳнат барои таъминоти нафақа -25%, барои нигоҳдории нақлиёти ҷамъиятӣ – 2%-ро ташкил менамояд. Навишти бухгалтерӣ ҳангоми ҳисобкунӣ: Хароҷоти музди меҳнат.. ……….…………………………….400 Хароҷоти таъминоти иҷтимоӣ…………………………… …100 Хароҷоти нигоҳдории нақлиёти ҷамъиятӣ………………. …..8 Музди меҳнат барои пардохт………………………………………..356,40 Андоз аз даромад барои пардохт…..……………………… ………..39,60 Ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои махсус.…… …………… ………..112 Навишти бухгалтерӣ дар лаҳзаи пардохт: Музди меҳнат барои пардохт ……………………………… 356 Андоз аз даромад барои пардохт ………..…………………. 40 Ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои махсус.……..………………112 Воситаҳои пулӣ…………… ………………………………………..508 Мисоли 8. 1 октябри соли 2001 ширкати «Оби Сарой» аз бонки маҳаллӣ қарзи кўтоҳмуддатро ба мўҳлати шаш моҳ ба маблағи 10 000 в.ш. бо меъёри солонаи фоизӣ -12% гирифт. Фоизҳо дар охири ҳар як семоҳа пардохта мешаванд. Навиштҳои бухгалтерӣ чунин сурат мегиранд: 1 октябри соли 2001 дар лаҳзаи қабули пул: Воситаҳои пулӣ………. ………………………………..10 000 Қарзи кўтоҳмуддати банк…………………… ……………………….10 000 31 октябри соли 2001 – ҳисобкунии фоиз (10,000*12%*1/12): Хароҷоти фоиз…………..………………………………100 Фоизи ҳисобкардашуда………………………………………………100 31 декабри соли 2001 – пардохти фоиз: Фоизи ҳисобкардашуда…………………………………300 Воситаҳои пулӣ……………………………………………………….300 31 марти соли 2002 – пардохти қарз: Қарзи кўтоҳмуддати банк …….…………………….10 000 Фоизи ҳисобкардашуда……………………………….. 300 Воситаҳои пулӣ……………………..……………………………….10 300 Ўҳдадориҳо аз рўи андоз. Кодекси андоз аз ширкат ҷамъоварии андозҳои муайянро аз мизоҷон, харидорон, кормандонва гузаронидаани онҳоро ба буҷет талаб мекунад. Ба қатори ин гуна андозҳо андоз аз фурўш, андоз аз арзиши изофа, андоз аз даромад ва дигар нигоҳдориҳо аз музди меҳнат ва ғ. дохил мешаванд. Дар ин маврид, ширкат ҳамчун миёнарав баромад намуда, андозҳоро барои тарафи сеюм – давлат ҷамъ меоварад. Маблағи андози ҷамъовардашуда барои тарафи сеюм ба афзоиши ўҳдадориҳои ҷорӣ ва воситаҳои пулӣ (қарздории дебиторӣ) бурда мерасонад. Мисоли 9. Ҳаҷми фурўши ширкати «Заврон» дар моҳи ҷорӣ 5 000в.ш.-ро ташкил дод. Меъёри андоз аз фурўш – 5% аст. Навишти бухгалтерӣ дар ин маврид: Дар санаи андозбандӣ (лаҳзаи фурўш): Воситаҳои пулӣ (Қарздории дебиторӣ)……5 250 Даромад аз фурўш………………………………………….5 000 Андоз аз фурўш..……………………………………………. 250 Дар санаи гузаронидани андоз: Андоз аз фурўш …………………………………250 Воситаҳои пулӣ …………………………………………. 250 Баъзе аз андозҳо ба монанди андоз аз фоида, андози моликият аз ҷониби ширкат мувофиқи тартиби муайянкардаи кодекси андоз дар асоси ҳисобкуниҳо ҳисоб карда мешаванд. Маблағи ҳисобкардашудаи ин гуна андозҳо ҳамчун ўҳдадориҳои ҷорӣ ба қайд гирифта мешаванд. Қисми ҷории ўҳдадориҳои дарозмуддат. Дар ҳолате, ки қисми ўҳдадориҳои дарозмуддат бояд дар давраи ҷорӣ аз ҳисоби активҳои ҷорӣ пардохта шаванд, он ҳамчун ўҳдадории ҷорӣ тасниф мегардад. Мисоли 10. Ширкати «Моно» қарзи дарозмуддатро ба маблағи 200 000 в.ш., ки бояд дар давоми 5 сол бо маблағи 40 000 в.ш. ҳар сол пардохт гардад, дорад. Ҳиссаи соли ҷорӣ ҳамчун ўҳдадории ҷорӣ тасниф гардида, дар ҳисобгирӣ ба таври зер инъикос мегардад: Қарзи дарозмуддат…………………………40 000 Қисми ҷории ўҳдадории дарозмуддат…………….40 000 Ўҳдадориҳои шартӣ ва баҳоӣ. Ўҳдадориҳои кафолатӣ дар ҳолатҳои муайян ҳамчун ўҳдадориҳои баҳоӣ ё шартӣ баромад мекунанд. Ўҳдадориҳои кафолатӣ ҳамчун баҳоӣ баромад мекунанд, агар имконияти нишон додани пешакии маблағи аниқи онҳо мавҷуд набошад. Ўҳдадориҳои кафолатӣ шартианд, агар бузургии аниқи онҳо аз баамалоӣ ё ба амал наомадани воқеаҳои минбаъда вобастагӣ дошта бошад. Ўҳдадориҳои кафолатӣ вақте ба миён меоянд, ки ширкат ҳангоми фурўш кафолатро барои маҳсулоти хеш пешниҳод кунад. Маблағи кафолат аз рўи дебети ҳисоби хароҷот дар он даврае, ки фурўш ба амал омадааст, инъикос мегардад. Зеро, кафолат тавсифномаи сифатии маҳсулот ё хизмат буда, яке аз сабабҳои харидкунӣ аст. Мисоли 11.Ширкати «Симо» бо фурўши телевизорҳо машғул буда, ба харидорони худ ҳуқуқи истифодабарӣ аз хизматрасонии кафолатиро дар ҳолати вайрон баромадани(ноқисияти) телевизорҳои харидашуда дар давоми дувоздаҳ моҳ аз рўзи харид пешниҳод менамояд. Дар давоми соли 2001 ширкат ба маблағи 300000 в.ш. телевизор фурўхт. Аз таҷрибаи солҳои пешин ширкат хароҷоти хизматрасонии кафолатиро дар андозаи 2%- и фурўш муқаррар намудааст. Мукотиботи бухгалтерӣ дар ин маврид чунин сурат мегирад: Дар соли фурўш: Воситаҳои пулӣ………………………………300 000 Даромад аз фурўш…………………………………..300 000 Дар охири сол (ё ба таври даврӣ): Хароҷоти хизматрасонии кафолатӣ.………..6 000 Ўҳдадорӣ аз рўи хизматрасонии кафолатӣ……..… 6 000 Ахиран, хароҷоти ҳақиқии хизматрасонии кафолатӣ 2 400 в.ш.-ро ташкил дод: Ўҳдадорӣ аз рўи хизматрасонии кафолатӣ… 2 400 Воситаҳои пулӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, музди кор…….2 400 Мувофиқи СБҲМ 37 зери мафҳуми ўҳдадориҳои шартӣ: Ўҳдадории имконпазир, ки аз воқеаҳои гузашта пайдо гардида, мавҷудияти он танҳо бо баамалоӣ ё ба амал наомадани як ё якчанд воқеаи оянда тасдиқ гардида, ба таври нопурра зери назорати ширкат аст; ё ўҳдадории ҷорие, ки аз ҳодисаҳои пешин пайдо гардидааст, вале эътирофнопазир аст, зеро: (i) эҳтимолияти хориҷшавии захираҳои дар худ фоидаи иқтисодиро таҷассумкунанда барои танзими ўҳдадорӣ нест; ё (ii) маблағи ўҳдадорӣ ба таври боваринок баҳо дода намешавад, фаҳмида мешавад. Дар СБҲМ : (а) захираҳо (провизияҳо), ки ба сифати ўҳдадорӣ ҳангоми баҳои бовариноки онҳо эътироф мегарданд, зеро онҳо дар ҳақиқат ўҳдадории ҷорӣ буда, эҳтимолияти хориҷшавии захираҳои дар худ фоидаи иқтисодиро таҷассумкунанда барои пардохти ин ўҳдадориҳо мавҷуд аст; ва (б) ўҳдадориҳои шартиро, ки ба сифати ўҳдадорӣ эътироф намегарданд, зеро онҳо дар худ: (i) ўҳдадориҳои имконпазиреро, ки зарурияти тасдиқашон ба миён меояд; ё (ii) ўҳдадориҳои ҷории ба меъёрҳои эътирофии СБҲМ ҷавобгў набударо таҷассум менамоянд, фарқ мекунанд. Захира он гоҳ эътироф мегардад, агар: (а) ширкат ўҳдадории ҷориро дар натиҷаи воқеаи пешин дошта бошад; (б) эҳтимолияти хориҷшавии захираҳои дар худ фоидаи иқтисодиро таҷассумкунанда мавҷуд бошад; (в) имконияти баҳодеҳии маблағи ўҳдадорӣ бо роҳи ҳисобкунӣ мавҷуд бошад. Мисоли захираи ҳисобкардашуда ўҳдадорӣ оиди пардохти рухсатӣ аст. Мувофиқи қонунгузории ҷории мамлакат, кормандони ширкат, новобаста аз шакли моликият ва намуди фаъолият ҳуқуқи рухсатии пардохташавандаро доранд. Маблағи рухсатпулӣ бояд дар намуди хароҷот барои ҳамаи сол тақсим карда шавад, гарчанде, ки он дар давраи конкретӣ пардохт мегардад. Мавсимияти ба рухсатӣ баромадани кормандонро ба назар гирифта, ширкатҳо захираҳоро бунёд менамоянд. Мисоли 12. Фонди музди меҳнати ширкати «Мизроб» 10 000 в.ш.-ро ташкил менамояд. Аз рўи ҳисобкуниҳо маблағи солонаи пардохти рухсатипулӣ 20%-и фонди музди меҳнатро ташкил менамояд. Тақрибан 75% -и кормандон ҳар сол рухсатипулӣ мегиранд. Ҳисобкунии хароҷоти пардохти рухсатипулӣ чунин сурат мегирад: 10 000*12*20%*75%=18 000 яъне, маблағи моҳонаи ҳисобкунии захира оиди пардохти рухсатипулӣ 1 500 в.ш. –ро ташкил менамояд. Навишти ҳармоҳа дар ҳисобгирӣ чунин аст: Хароҷоти пардохти рухсатӣ ………………….……1 500 Захира оиди пардохти рухсатии дарпешистода………1500 Ҳангоми додани рухсатипулӣ: Захира оиди пардохти рухсатии дарпешистода …ХХХ Воситаҳои пулӣ………… …………..……………………ХХХ Баҳисобгирии ўҳдадориҳои дарозмуддат Ўҳдадориҳои дарозмуддат – ин ўҳдадориҳое, ки мўҳлати пардохташон зиёда аз дувоздаҳ моҳ аз санаи ҳақиқии баланс ё як сикли амалиётӣ, вобаста ба он, ки кадоме аз онҳо дарозтараст, мебошад. Сабабҳои асосии пайдоиши ўҳдадориҳои дарозмуддат: осонтар будани гирифтани капитали ҷалбшуда назар ба капитали саҳҳомӣ; дар афзалият аз саҳҳомон кредиторон ҳуқуқи овозро надошта, дар идоракунии ширкат иштирок намекунанд; арзиши пурраи воситаҳои қарзии ҷалбшуда аз молиягузорӣ бо роҳи барориши саҳмияҳои нав пасттар аст; баъзе корхонаҳо бо ҳиссаи баланди воситаҳои қарзӣ фоидаро аз воситаҳои қарзӣ ба даст меоранд, ки он аз меъёри пардохтҳои фоизӣ зиёд аст. Ба ин нигоҳ накарда, афзоиши ўҳдадориҳо хавфнок аст, зеро ҳиссаи хароҷоти фоизӣ аз рўи онҳо меафзояд. Аҳдномаҳои қарзӣ фаъолият ё сохтори молиявии корхона-қарзгирро бо мақсади пастнамоии хавфи иҷронашавии ўҳдадорӣ маҳдуд месозанд. Маҳдудият метавонад бузургии максималии ҳаққусаҳм, талабот оиди нигоҳдории сатҳи даромаднокӣ ва бозоргириро дарбар бигирад. Аз нуқтаи назари инвестор- қарздеҳӣ – усули бовариноктари сармоягузорист, зеро кредиторон аз дараҷаи баланди бехатарии пардохтҳои қонунии қарзӣ (баргардониши актив ба таври мунтазам сурат мегирад) бархурдор буда, ҳуқуқҳои афзалиятнокро ба активҳо ҳангоми барҳамхўрии дебитор доранд. Ба даромади нисбатан пасттар нигоҳ накарда, сармоягузориҳои қарзӣ нисбати сармоягузориҳо ба саҳмияҳо бехавфтаранд. Ҳангоми баҳодеҳӣ ва ченкунии ўҳдадориҳо мебояд принсипҳои зеринро ба назар гирифт: ўҳдадориҳои дарозмуддат бо арзиши одилонаи бозории молу хадамоти ба қарз гирифташуда қайд мегарданд. Меъёри бозории фоизӣ- ин меъёри бечунучарои амалиётист, ки ба арзиши ҳақиқии пардохтҳои талабшавандаи ояндаи нақдӣ аз рўи арзиши одилонаи бозории молу хадамот баробар аст; пардохти даврии фоизҳо бо меъёри бозории фоизӣ дар санаи бавуҷудоии ўҳдадорӣ асос ёфтааст; арзиши бақиявии ўҳдадории дарозмуддат дар санаи балансӣ – ин арзиши ҳақиқии ҳамаи пардохтҳои боқимондаи нақдӣ, ки то меъёри бозории фоизӣ ҳангоми барориш дисконтиронида шудаанд, мебошад. Меъёри фоизии бо ин мақсад истифодашаванда дар давоми мўҳлати ўҳдадорӣ тағйир намеёбад. Ўҳдадориҳои дарозмуддат дар баланс аз рўи нишонаҳои гуногун тасниф мегарданд. Вомбаргҳо Вомбарг – ин шаҳодатномаи қарзие, ки аз ҷониби ширкатҳо ва муассисаҳои ҳукуматӣ барои ба қарз гирифтани маблағи калони капитал ба мўҳлати дароз бароварда шудааст, ё, бо ибораи дигар, ин ваъдаи расмии ширкат-эмитент оиди пардохти маблағи асосӣ ва фоизҳо барои баргардонидани капитали аз ҷониби нигоҳдорандагони вомбаргҳо сармоягузоришуда мебошад. Аҳдномаи вомбаргӣ мўҳлати вомбарг, ҳуқуқ ва масъулияти эмитент ва нигоҳдорандаи вомбарг, ҳама гуна маҳдудиятҳои ширкат-эмитентро ба маблағи пулии тасидқкунандаи барориш, меъёри фоизӣ, мўҳлати пардохт ва конверсияро ба ўҳдадории ҳомии мустақил, ки манфиатҳои эмитент ва инвесторро ҳимоя менамояд, муайян мекунад. Ба сифати ҳомӣ одатан муассисаҳои молиявӣ, ки бақайдгирӣ ва пардохти ўҳдадориву фоизҳоро бар дўш мегиранд, баромад мекунанд. Инвесторон сертификатҳои вомбаргиро мегиранд, ки он дар худ ўҳдадории шартномавиро байни эмитент ва инвестор ифода менамояд. Вомбаргҳо бо чанд роҳ фурўхта мешаванд. Одатан, ҳамаи барориши вомбаргҳо аз ҷониби банкҳо-инвесторон фурўхта мешаванд. Банкҳои сармоягузорӣ метавонанд барориши вомбаргҳоро аз рўи нархи муайян кафолат дода, ҳангоми фурўш ба эмитент кўмак намоянд ва қисм ё ҳамаи хавфро ба гардан бигиранд. Ҷойгирсозии мустақими хусусӣ аз ҷониби муассисаҳои молиявӣ ва инвесторони алоҳида кафолати алтернативӣ аст. Вомбаргҳо аксар вақт бо қурби пасттар бароварда мешаванд, то ки: дастрасшавиашон ба инвесторон; афзоиши имконияти инвесторон барои сармоягузорӣ ба намудҳои гуногуни қоғазҳои қимматнок; пастнамоии хавфи сармоягузорӣ, таъмин карда шавад. Аксари барориши вомбаргҳо ба таври хаттӣ пешниҳод карда мешаванд. Пешниҳоди хаттӣ – ин ҳуҷчатест, ки ба он ҳисоботи молиявии санҷидашудаи эмитент, далелҳои пешниҳодшуда, тасвири фаъолияти ширкат – эмитент ва шароитҳои фурўши ин шаҳодатнома дохил гардида, нархи пешниҳодшаванда муқаррар карда мешавад. Тавсифномаи асосии вомбарг: ҳатмияти пардохт дар мўҳлати муайяншудаи вақт; ҳатмияти пардохти даврии фоизҳо; барориш пас аз иҷозати ҳукумат. Баҳисобгирии вомбаргҳои дарозмуддати баровардашуда аз ҷониби эмитент бо арзиши номиналӣ (арзиши пардохтӣ) амалӣ мегардад. Фарқи байни арзиши номиналӣ ва арзиши бароришии вомбарг – тахфиф(дисконт) ё подош аз ҷониби эмитент дар ҳисобҳои алоҳида – «Тахфифи мавқуфгузоштаи вомбаргӣ»ва «Подоши мавқуфгузоштаи вомбаргӣ» ба ҳисоб гирифта мешаванд. Вомбарг ва саҳмияҳоро мебояд фарқ кард. Саҳҳомон мулкдор буда, имконияти идоракунии ширкати эмитентро доранд, нигоҳдорандагони вомбарг бошад, танҳо кредиторанду халос. Қарздорӣ аз рўи вомбаргҳо, инчунин тахфифу подоши пардохтношудаи бо он алоқаманд дар баланс ҳамчун ўҳдадории дарозмуддат нишон дода мешаванд. Баҳисобгирии бухгалтерии амалиётҳои бо вомбаргҳои дарозмуддат алоқаманд ба тарзи зер сурат мегирад : (а) Барориши вомбарг бо арзиши номиналӣ. Мисоли 13. Корпоратсияи «Best» қарор кард, ки 1 январи соли 2001 вомбаргҳои 6%-ро ба маблағи 40000 в.ш. ба мўҳлати 5 сол барорад. Фоизҳо ҳар нимсола пардохта мешаванд. Фурўши вомбаргҳо аз рўи арзиши номиналӣ чунин инъикос меёбад: 01.01.01. Воситаҳои пулӣ…………………………….. 40 000 Вомбаргҳо барои пардохт…………………………..40 000 Ҳисобкунии ҳармоҳаи фоиз: Маблағи қарз х меъёри фоиз х мўҳлат = 40 000х 0,06х1/12 = 200 Хараҷоти фоизи вомбарг……..……………… 200 Фоизҳо барои пардохт…………………………………200 Пардохти фоиз дар 1 июли соли 2001: Фоизҳо барои пардохт ……………………..1 200 Воситаҳои пулӣ …….…………………………………1 200 (б) Баҳисобгирии меъёри фоиз Чӣ тавре, ки дар бобҳои гузашта қайд гардида буд, меъёри номиналии фоиз – ин меъёри пардохташавандаи фоиз дар асоси арзиши номиналии вомбарг аст. Меъёри бозории фоиз – ин меъёрест, ки бозори фаъол дар асоси маблағҳои пардохташаванда аз рўи вомбаргҳои хавф ва шароити қарздеҳиашон монанд муқаррар менамояд. Ба кўшиши ширкатҳо оиди муқарраркунии меъёри номиналӣ наздиктар ба меъёри бозорӣ нигоҳ накарда, аксар вақт дар санаи барориши вомбарг фарқият байни онҳо ба миён меояд. Мисолҳоро дида мебароем. Вомбаргҳои бо тахфиф баровардашаванда Вомбаргҳои бо подош баровардашаванда Агар меъёри бозории фоизӣ аз меъёри номиналӣ баланд бошад, вомбарг бо тахфиф (дисконт – discount) бароварда мешавад. Тахфиф баробари маблағи зиёдатии арзиши номиналӣ аз арзиши бароришии вомбарг аст. Тахфиф бояд дар давоми мўҳлати вомбарг аз ҳисоб бароварда шавад. Дар санаи пардохти вомбарг арзиши ҷории он бояд баробари арзиши номиналиаш шуда, маблағи тахфиф баробари сифр гардад. Агар меъёри бозории фоизӣ аз меъёри номиналӣ паст бошад, вомбарг бо подош (premium) бароварда мешавад. Подош баробари маблағи зиёдатии арзиши бароришӣ аз арзиши номиналист. Подош – ин камкунии фоизи дар давоми мўҳлати вомбарг пардохташавандае, ки ба таври бунак ба амал оварда мешавад. Подош ҳамчунин бояд дар давоми мўҳлати вомбарг аз ҳисоб бароварда шавад. Дар санаи пардохти вомбарг арзиши ҷории он бояд баробари арзиши номиналиаш шуда, маблағи подош баробари сифр гардад. Муфассалтар нигаред ба маводҳои китобҳои Нидлз Б. И ва ғ. «Принципы бухгалтерского учета» ва Ван Хорн Дж.К. «Основы управления финансами». Баҳисобгирии бухгалтерии барориши вомбарг Мисоли 14. 1 январи соли 2001 корпоратсияи «Best» алмбаргҳои 5-соларо ба маблағи 40000 в.ш. баровард. Меъёри номиналии фоизии он 6% буда, меъёри бозорӣ 8% аст. Навиштаҷот ҳангоми барориш: Воситаҳои пулӣ ………… 36 758 Тахфифи пардохтношудаи вомбаргӣ* ………..…………3 242 Вомбаргҳо барои пардохт……. 40 000 Инъикос дар баланс: Ўҳдадориҳои дарозмуддат Вомбаргҳои 6%-и 1.01.06 пардохташаванда 40 000 Тарҳи тахфифи пардохтношуда 3 242 36 758 Мисоли 15. 1 январи соли 2001 корпоратсияи «Best» алмбаргҳои 5-соларо ба маблағи 40000 в.ш. баровард. Меъёри номиналии фоизии он 8% буда, меъёри бозорӣ 6% аст. Навиштаҷот ҳангоми барориш: Воситаҳои пулӣ …………43 372 Подоши пардохтношудаи вомбаргӣ …………………….……. 3 372 Вомбаргҳо барои пардохт …….. 40 000 Инъикос дар баланс: Ўҳдадориҳои дарозмуддат Вомбаргҳои 6%-и 1.01.06 пардохташаванда 40 000 Ҷамъи подоши пардохтношуда 3 372 43 372 Баҳисобгирии амалиётҳои бо азҳисоббарории тахфиф(подош) алоқаманд (а) Ҳисобкунии маблағи харҷи фоиз Пардохти фоизӣ (40 000 х 0,06х 5 сол) 12 000 Тахфифи вомбаргӣ 3 242 Ҳамагӣ, хароҷоти фоизӣ 15 242 (б) 1 июл дар лаҳзаи пардохти нимсолаи фоиз: Хароҷоти пардохти фоиз…. …..1 524 Тахфифи пардохтношуда (3 194/10)….…324 Воситаҳои пулӣ………………………. 1 200 (а) Расчет суммы расходов по процентам Пардохти фоизӣ (40 000 х 0,08х 5 сол) 16 000 Тарҳи подоши вомбаргӣ 3 372 Ҳамагӣ, хароҷоти фоизӣ 12 628 (б) 1 июл дар лаҳзаи пардохти нимсолаи фоиз: Хароҷоти пардохти фоиз …………1 263 Подоши пардохтношуда (3 372/10) ….337 Воситаҳои пулӣ …….………………..1 600 * Ҳисоби «Тахфифи пардохтношудаи вомбаргӣ» ҳисоби контрпассивӣ бар ҳисоби «Вомбаргҳо барои пардохт» мебошад. Васиқаҳои дарозмуддат ва гаравномаҳо Васиқаи дарозмуддат – ин ҳуҷҷати расмиест, ки мўҳлати қарзро муайян мекунад. Васиқаҳо аксар маврид барои хариди конкретии активҳо ё, барои гирифтани қарзе, ки барои мақсадҳои муайян таъин шудааст, истифода мешаванд. Вомбаргҳо бошанд баръакс,барои афзоиши маблағи капитал пешбинӣ шудаанд. Васиқаҳо умуман мўҳлати кўтоҳтари пардохтиро назар ба вомбаргҳо дошта, одатан дар бозору биржаҳо фурўхта намешаванд. Гаравнома – ин яке аз шаклҳои қарзи дарозмуддат аст, ки бо активҳои ҳақиқӣ таъмин карда мешавад. Гаравнома бо пардохтҳои мувофиқи ҳармоҳа, ки дар худ ҳам фоиз ва ҳам қисми қарзи асосиро дарбар мегиранд, пардохта мешавад . Мисоли 16. Ширкати «Авесто» 1 январи соли 2001 аз рўи гаравномаи 24% 25 000 в.ш. гирифт. Ширкат ўҳдадор шуд, ки ҳар моҳ 1000 в.ш.-ро пардохт кунад. Ҳисобкунии пардохтҳои ҳармоҳа чунин сурат мегиранд: Санаи пардохт Маблағи пардохтношудаи гаравнома дар аввали давра Пардохти ҳармоҳа Фоизи моҳона (2% аз маблағи пардохтношуда) Камшавии қарз Маблағи пардохтношудаи гаравнома дар охири давра 1 январ 25 000 1 феврал 25 000 1 000 500 500 24 500 1 март 24 500 1 000 490 510 23 990 1 апрел 23 990 1 000 480 520 23 470 Навиштаҷотҳои бухгалтерӣ оиди инъикоси амалиётҳои мазкур чунинанд: 1 январ Воситаҳои пулӣ…………………………. 25 000 Гаравнома барои пардохт ………………………………25 000 1 феврал Гаравнома барои пардохт ………………..500 Хароҷоти фоизӣ…………………………….500 Воситаҳои пулӣ ……….…………………………………..1 000 Баҳисобгирии хароҷоти қарзӣ Хароҷоти қарзӣ – хароҷоти пардохти фоизҳо ва дигар хароҷоте, ки субъект вобаста ба гирифтани воситаҳо ба қарз ба амал мебарорад, азҷумла: фоизҳо аз рўи қарзҳои дарозмуддат ва кўтоҳмуддат, азҷумла фоизи оведрафти бонкӣ(маблағ и пардохтаи бонк, ки зиёда аз бақияи ҳисоби ҷорӣ аст); амортизатсияи тахфифҳои вомбаргӣ; хароҷоти иловагии ҳангоми қарзгирӣ ба амаломада; иҷорапулӣ аз рўи иҷораи молиявӣ (лизинг); фарқиятҳои курсии арзӣ, ки ҳангоми қарзгирӣ бо арзи хориҷӣ ба миён меоянд, агар онҳо ҳамчун хароҷоти фоизӣ дида шаванд. Мувофиқи СБҲМ 23, хароҷоти қарзӣ метавонад: ҳамчун хароҷоти давра эътироф шавад (усули асосӣ); бо роҳи дохилшавӣ ба арзиши активи шинохташавандаи харидашуда, сохташудаистода ё истеҳсолшудаистода капитализатсия шавад (усули алтернативӣ). Активи шинохташаванда – активе, ки тайёркунии он барои истифодабарии пешбинишуда ё барои фурўш вақти зиёдеро талаб мекунад. Усули асосии баҳисобгирии хароҷоти қарзӣ Мисоли 17. Ширкати «Сано» ба маблағи 50 000 в.ш. қарзи фоизи солонааш -12%-ро ба мўҳлати 5сол гирифт. Фоизҳо ду маротиба дар як сол- 30 июн ва 31 декабр пардохта мешаванд. 30 июн ва 31 декабр чунин навиштаҷотҳо ҷой доранд: Хароҷоти фоизӣ…………………………………..3 000 Фоизҳо барои пардохт………………………………..3 000 Фоизҳо барои пардохт..………………………….3 000 Воситаҳои пулӣ….…………………………………….3 000 Усули алтернативии баҳисобгирии хароҷоти қарзӣ Хароҷоти қарзӣ ҳамчун қисми арзиши аслӣ дар сурати риояи шартҳои зерин капитализатсия карда мешавад: а) эҳтимолияти фоидаи минбаъдаи иқтисодӣ; б) имконияти ченкунии бовариноки хароҷот. Ҳангоми гирифтани қарз бо мақсади харид, сохтмон ё истеҳсоли активи муайяни шинохташаванда, маблағи хароҷоти капитализатсияшаванда ба хароҷоти ҳақиқии давраи ҳисоботӣ бо тарҳи ҳама гуна даромад аз сармоягузории муваққатии ин қарз то истифодабарии он баробар аст. Дар сурат мураккабии муайянкунии маблағи қарзи бевосита бо хариди активи шинохташаванда алоқаманд, маблағи хароҷоти капитализатсияшаванда увофиқи меъёри капитализатсия муайян карда мешавад. Меъёри капитализатсия – ин арзиши миёнаи хароҷоти ҳамаи қарзҳои пардохтношудаи давраи ҳисоботӣ, ба ғайр аз қарзҳое, ки махсус бо мақсади хариди активи шинохташаванда гирифта шудаанд. Капитализатсияи хароҷот дар он лаҳзае оғоз мегардад, агар: сармоягузориҳо ба актив, ки бо пардохти воситаҳои пулӣ, дода шудани активҳо ё қабули ўҳдадорӣ бо тарҳи ҳама гуна субсидияҳои бо актив алоқаманд ифода меёбад, ба амал бароварда шуд; хароҷотҳои қарзӣ ба амал омаданд; кори зарурӣ оиди тайёркунии актив барои истифодабарии пешбинишудаи он идома дорад. Капитализатсияи хароҷот ба муддати дароз боздошта мешавад, агар дар давоми он азхудкунии фаъоли объект қатъ гардад. Капитализатсияи хароҷот боздошта намешавад, агар: дар давоми давраи ҳисоботӣ қисми афзалиятноки кори техникиву маъмурӣ иҷро гардад; қатъи муваққатии азхудкунии объект қисми зарурии ҷараёни технологии тайёркунии актив барои истифодабарии пешбинишуда ё фурўш аст. Капитализатсияи хароҷот ҳангоми баитмомрасии қисми асосии фаъолият оиди тайёркунии актив барои истифодабарии пешбинишуда ё фурўш қатъ мегардад. Қисми асосии фаъолият оиди тайёркунии актив барои истифодабарии пешбинишуда ё фурўш он гоҳ баитмомрасида ҳисобида мешавад, агар васлкунии объект ба охир расида бошад, гарчанде, ки кори ҳаррўзаи маъмурӣ оиди тайёркунӣ ё кор оиди такмили инфиродии актив бо хоҳиши харидор ё супоришдеҳ идома ёбад. Агар васлкунии актив қисм ба қисм анҷом ёбад, ва ҳар як қисми алоҳида ба таври мустақилона истифода бурда шавад ва васлкунии қисмҳои боқимонда идома ёбад, дар ин сурат капитализатсия хароҷот барои қисмҳои тайёршуда қатъ мегардад. Мисоли 18. Ширкати «Мунир» сохтмони биноро 1 январи соли 2001оғоз намуд. Ягона ўҳдадории қарзӣ дар семоҳаи аввал ин васиқаи дарозмуддати фоизӣ ба маблағи 60 000 в.ш. зери 10% – и солона бо мўҳлати пардохт дар 31 декабри соли 2003 буд. 1 маи соли 2001 ширкат ба маблағи 30 000 в.ш. қарз бо васиқаи 8% гирифт. Васиқа бояд то 30 апрели соли 2002 пардохт шавад. Ширкат хароҷоти фоизии бинои сохташудаистодаро дар асоси арзиши миёнаи хароҷоти семоҳагӣ капитализатсия менамояд. Дар давоми шаш моҳи соли 2001 сармоягузориҳо ба бинои сохташудаистода чунин сурат гирифтанд (бо в.ш.): Сана с. 2001 Хароҷот Сана с. 2001 Хароҷот 1 январ Сохтмон 10 000 1 апрел Сохтмон 20 000 1 феврал Сохтмон 20 000 1 май Сохтмон 30 000 1 март Сохтмон 20 000 1 июн Сохтмон 30 000 Соли ҳисоботии ширкати «Мунир» 31 декабр ба охир мерасад. Фоизҳо ҳар семоҳа пардохт мегарданд. Вазифа: 1. Усули миёнаи арзиширо истифода бурда маблағи хароҷоти фоизии: капитализатсияшаванда; ҳамчун хароҷот эътирофшавандаро муайян кунед. 2. Навиштаҷотҳои зарурии бухгалтерии ба сохтмон ва хароҷоти фоизӣ дахлдорро нишон диҳед. Ҳал: Семоҳаи якуми соли 2001: Ҳисобкунии меъёри капитализатсия: Хароҷоти қарзии бо таври потенсиалӣ капитализатсияшаванда: Маблағи ҳақиқии хароҷот: Бузургии камтарин капитализатсия мешавад: 1 250в.ш. Ҳамчун хароҷот эътироф мегардад: 250в.ш. Семоҳаи дуюми соли 2001: Ҳисобкунии меъёри капитализатсия: Васиқаи 10% : Васиқаи 8%ь: 90 000 Хароҷоти қарзии бо таври потенсиалӣ капитализатсияшаванда: Маблағи ҳақиқии хароҷот: 1 900 в.ш. Бузургии камтарин капитализатсия мешавад: 1 688 в.ш. Ҳамчун хароҷот эътироф мегардад: 212 в.ш. 2. Навиштаҷотҳои бухгалтерӣ оиди сармоягузориҳо ба бинои сохташудаистода: Семоҳаи 1 Семоҳаи дуюм Бино 50 000 80 000 Воситаҳои пулӣ 50 000 80 000 Навиштаҷотҳои бухгалтерӣ оиди капитализатсияи хароҷоти қарз: Бино 1 250 1 688 Хароҷоти фоизӣ 250 212 Фоизҳо барои пардохт 1 500 1 900 Кушоиши ахборот дар ҳисоботи молиявӣ Дар ҳисоботи молиявӣ бояд моддаҳои зерини ўҳдадориҳои ҷорӣ, азҷумла, он ўҳдадорие, ки бо талаби кредиторон пардохт мегардад ва қисми ҷории ўҳдадориҳои дарозмуддат, ки дар мудлат як сол пас аз санаи ҳисоботӣ пардохт мегардад, бояд кушода дода шавад: қарзҳои кўтоҳмуддат ва овердрафт; қисмати ҷории қарзҳои дарозмуддат; қарздории кредиторӣ: ҳисобҳо барои пардохт; пешпардохти аз харидорон ва супоришдеҳандагон қабулшуда; қарздорӣ аз рўи андозҳо; ҳаққусаҳм барои пардохт; қарздорӣ байни рафоқати асосӣ ба рафоқатҳои фаръӣ; қарздории ашхоси мансабдор; қарздории кредитории ғайр; хароҷоти ҳисобкардашуда барои пардохт; даромади давраҳои оянда; пардохтҳои ҳисобкардашуда аз рўи ҳолатҳои ғайричашмдошт. Қисми ҷории ўҳдадориҳои дарозмуддат аз ҳисоби ўҳдадориҳои кўтоҳмуддат бароварда мешавад, агар шахси ҳуқуқӣ қарорро оиди азнавмолиякунонии он дар асоси дарозмуддат мувофиқи шартномаҳои қарзӣ қабул кунад. Дар ин ҳолат маблағи ўҳдадорӣ ва мўҳлати азнавмолиякунонӣ бояд кушода дода шавад. Ҳангоми кушоиши ўҳдадориҳои дарозмуддат бояд ба таври алоҳида моддаҳои зерини балансӣ кушода дода шаванд (ба ғайр аз қисми дар давоми як сол пардохтшаванда): қарзҳои таъминшуда; қарзҳои таъминношуда; қарзҳои аз ҷониби рафоқати асосӣ ва рафоқати фаръӣ пешниҳод шуда; андозҳои мавқуфгузошташуда. Дар шарҳия бояд меъёри фоизӣ, мўҳлати пардохти қарз, навбатнокии пардохт ва дигар хусусиятҳои аҳдномаҳои қарзӣ ва шароитҳои пешниҳоди қарз кушода дода шаванд. Адабиёти тавсияшаванда: Международные стандарты финансовой отчетности. Алматы, 2001. Разъяснения Международных стандартов финансовой отчетности. Учебно-справочное пособие. Алматы, 2002. Финансовый учет. Часть1 и 2. Учебное пособие. Алматы, 1999. Кыргызские стандарты бухгалтерского учета. Комментарии./ Под ред. Е. Морозовой. – Б: «Ариал-Принт», 2000.-324. Стандарты бухгалтерского учета, методические рекомендации, Генеральный план счетов: Сборник документов: – Алматы: Раритет, 2000.-320с. Качалин В.В. Финансовый учет и отчетность в соответствии со стандартами QAAP. 2-ое изд. перераб. – М.: Дело, 1998. – 432с. Мюллер Герхард Г. и др. Учет международная перспектива – 2 –е изд. перераб. – М.: Финансы и статистика, 1996. –136г. Матиюс М.Р., Перера М.Х.Б. Теория бухгалтерского учета Пер. с англ. Под ред. Я.В.Соколова. – М: ЮНИТИ, 1999. 663с. Нидлз Б. И др. Принципы бухгалтерского учета (пер. с англ. / Под ред. Я. В. Соколова). 2-е изд. – М: Финансы и статистика. 1997. – 496с. Хендриксен Э.С., Ван Бреда М.Ф. Теория бухгалтерского учета – М: Финансы и статистика, 1997 Энтони Р., Рис Дж. Учет: Ситуации и примеры. – М.: Финансы и статистика, 1996. Accounting principles /Jack L. Smith, Robert M. Keith William L. Stephens. – 4th ed. – New York – 1993. 1314p. B. E. Needles, H.R. Anderson, J. C. Caldwell, Sh. K. Mills. Principles of Accounting. Sixth Edition. – Houghton Mifflin Company. Boston. 1996 Kieso and Weygandt. Intermediate Accounting. John Wiley &Sons,1989. ISBN: 0-471-63098-5 The development of SEC Accounting. Edited by G.J. Previts. Addisson-Wesley, 1981. ISBN: 0-201-05784-0 Ниг. Нидлз Б. ва дигарон. «Принципы бухгалтерского учета» саҳ. 315. Маводи ин боб асосан аз рўи китоби «Финансовый учет», Алматы -1999 тайёр карда шудааст. Jan R. Williams. Miller GAAP Guide. Harcourt Brace Professional Publishing, 1996. ISBN: 0-15-601913-2 L. Chasteen, R. Flaherty, M. O’Connor. Intermediate Accounting. McGraw-Hill, 1989. ISBN: 0-07-557638-4 R. Baker, V. Lembke, T. King. Advanced Financial Accounting. McGraw-Hill, 1989. ISBN: 0-07-003366-8 Интернет –сайты: www.consulting.ru www.iasb.org.uk www.tasic-bankreform.ru/map.html www.icar.ru www.buhgalter.kz www.fiar.ru www.gaap.ru www.oba.kg Супоришот барои худсанҷӣ Баҳисобгирии васиқаҳои пешниҳодшуда Супориши 1. 28 феврали соли 2001 Ҷамшед ибни Асои Саид аз бонки «Тиҷорат» аз рўи васиқа 10 000 в.ш. гирифта, ўҳдадор шуд ки пас аз се моҳ 20% -и солона пардохт намояд. Инъикос дар баҳисобгирӣ: Варианти 1: Фоиз алоҳида аз арзиши номиналии васиқа нишон дода мешавад: 28..02. Дт…………………………………………………………. Кт………………………………………………………… Варианти 2: Фоиз ба арзиши номиналии васиқа ҳамроҳ карда мешавад: Дт…………………………………………………………. Дт…………………………………………………………. Кт………………………………………………………… Дар рўзи пардохти васиқа: Варианти 1: 31.05. Дт……………………………………………………… Дт………………………………………………………. Кт………………………………………………………. Варианти 2: 31.05. Дт…………………………………………………….. Кт………………………………………………………. Кт………………………………………………………. Баҳисобгирии даромади давраҳои оянда Супориши 2. 1 ноябри соли 1991 ширкати “Астерикс” иҷорапулиро барои шаш моҳи оянда ба маблағи 6 000 в.ш. гирифт. Давраи ҳисоботӣ 31 декабр ба охир мерасад. Навиштҳо чунин мешаванд: 1 ноябри соли 1991. – қабули иҷорапулӣ ба таври пешпардохт: Дт ……………………………………………………… Кт …………………………………………………………… 31 декабри соли 1991. – Навишти ислоҳӣ барои инъикоси қисми коркардашудаи иҷорапулӣ: Дт ……………………………………………………… Кт …………………………………………………………… Баҳисобгирии ўҳдадориҳои кафолатӣ Супориши 3. Ширкати «Памир» бо фурўши яхдон машғул буда, ба мизоҷони худ хизматрасонии бепулро дар давоми як сол кафолат медиҳад. Одатан хароҷоти солонаи хизматрасонии кафолатӣ 10% -и маблағи фурўшро ташкил менамояд. Ширкат ҳангоми хизматрасонӣ 10в.ш. –ро аз мизоҷон мегирад. Арзиши яхдон – 500 в.ш. аст. Дар давоми соли 2001 250 дона яхдон фурўхта шуд. Дар охири сол ўҳдадории кафолатиро дар ҳисобгирӣ ба таври зер қайд мекунанд: Дт………………………………………………………….. Кт……………………………………………………………….. Фарз кардем, ки ширкатро лозим омад, ки 20 яхдонро таъмир кунад. Ин амалиёт дар ҳисобгирӣ ба таври зер акс меёбад: Дт………………………………………………………….. Кт………………………………………………………………… Баҳисобгирии вомбаргҳо Супориши 4. Ширкати «Кедр» 1 январи соли 2000 вомбаргҳои 5% -ро ба маблағи 200 000 в.ш. ба мўҳлати 10 сол бароварда, ўҳдадор шуд, ки пардохти фоизҳоро 1 июл ва 1 январи ҳар сол ба амал барорад. 1 янв. 1 июл Маблағи %= маблағи қарз*меъёри фоиз*мўҳлат Супориши 5. Ширкати «Экстра» 1 январ вомбарги 5%-ро ба маблағи 100 000 в.ш. бо арзиши бароришии 95 000 в.ш.ҳангоми мавҷудияти меъёри бозории 6% ба мўҳлати 10 сол баровард. Инъикос дар баҳисобгирӣ: 1янв. Дт……………………………………………………. Кт……………………………………………………. Пас аз барориши вомбарг қарздории мазкур дар баланс ба таври зер нишон дода мешавад: Ўҳдадориҳои дарозмуддат…………………… Тарҳи тахфифи пардохтношуда…………….. Ҳангоми пардохти фоиз: Ҳисобкунии хароҷоти фоизӣ: Арзиши номиналии вомбарг………………… Фоиз…………………………………………….. Ҳамагӣ……………….…………………………………………….. Тарҳи воситаҳои гирифташуда ҳангоми барориш…………… Ҳамагӣ: хароҷот…………………………………………………………….. Азҳисоббарории тахфифи вомбаргӣ: Шумораи умумии пардохтҳо: Маблағи камшавии тахфиф ҳангоми ҳар як пардохти фоиз: тахфиф/шумораи пардохтҳо= Маблағи фоизи пардохтшаванда: Арзиши номиналӣ* меъёри номиналии фоиз* вақт= Маблағи ниҳоии хароҷоти фоиз дар рўзи пардохт: маблағи пардохти фоизз + камшавии тахфифи вомбаргӣ = Навишт дар ҳисобгирӣ: Супориши 6. Ширкати «Вест» вомбарги 6%-и арзиши номиналиаш 10 000 в.ш. бударо ба мўхлати 5 бароварда 11 500 в.ш. гирифт. Меъёри бозорӣ – 5 % -ро ташкил медиҳад. Навишт дар ҳисобгирӣ: Азҳисоббарории подоши вомбаргӣ: Пардохти фоизҳо Подоши вомбаргӣ Ҳамагӣ хароҷоти пардохти фоиз Шумораи умумии пардохтҳо: Маблағи азҳисоббарории подош ҳангоми ҳар як пардохт Маблағи фоизи пардохтшаванда Маблағи ниҳоии хароҷот Навишт дар ҳисобгирӣ: Ҳаққусаҳм барои пардохт Супориши 7. 15 марти соли 2001 ширкати сохтмонии “Сохтмон” оиди пардохти ҳаққусаҳм ба маблағи 50 000 в.ш. дар рўзи 25 марти соли 2001 эълон намуд. а. Амалиётро дар лаҳзаи эълони ҳаққусаҳм инъикос кунед. Дт…………………………………………………….. Кт………………………………………………………. б. Амалиётро дар лаҳзаи пардохти ҳаққусаҳм инъикос кунед. Дт…………………………………………………….. Кт………………………………………………………. Ўҳдадориҳои ҳисобкардашуда Супориши 8. Ширкати “Ромит” (осоишгоҳ) ба ронандагони микроавтобусҳо, ки мизоҷонро то осоишгоҳ мерасонанд, дар андозаи 5%-и даромади аз ин мизоҷон гирифташаванда ҳаққи хизмат мепардозад. Дар моҳи август даромад аз ин мизоҷон 220 000 в.ш.-ро ташкил дод. Ширкат ба ронандагон ҳаққи хизматашонро дар моҳи оянда мепардозад. Амалиётро оиди баҳисобгирии ўҳадорӣ аз рўи ҳаққи хизмати ронандагон дар 31 август нишон диҳед. Дт…………………………………………………….. Кт………………………………………………………. Супориши 9. Ширкати компютерии “Charogak Ltd” фурўшандаи беҳтарини худ –Сафарбекро ба семинар равона месозад. Сафарбек бояд ҳангоми ин семинар бо мизоҷон вохўрда, масъалаи фурўши минбаъдаро бо онҳо ҳал намояд. Ширкат ба Сафарбек ба сифати харҷи сафари хидматӣ 50 000 в.ш. дод. Сафарбек дўстдори вақтхушӣ буда, ҳамаи пули гирифтааш ва зиёда аз он аз кисаи худ 5 000 в.ш.-и дигарро низ сарф кард. Ў ба кор дар рўзи охирини моҳ ҳозир шуд. Сари Сафарбек пас аз воқеаҳои маълум сахт дард мекард. Роҳбари ширкат мехост, ки бо ў фавран вохўрад. Роҳбари ширкат розигии худро дар бораи ҷуброни пулҳои ба таври иловагӣ сарфнамудаи Сафарбек дод, зеро сафари хидматӣ дар фурўши моли зиёде кўмак расонид. Аммо барои санҷиши ҳамаи хароҷоти Сафарбек вақт нарасид, зеро Сафарбек мехост, ки тезтар аз кор баромада, доруи аспиринро барои сардардӣ харад. Амалиётро оиди ислоҳи бунак, хароҷот ва ҷуброн инъикос кунед. Ўҳдадориҳои дарозмуддат Супориши 10. Қисми 1. Ширкати консервабарории “Зулол” аз бонк барои хариди таҷҳизоти нав ба маблағи 250 000в.ш қарз гирифт. Ба сифати таъмини қарз, банк хоҳиши онро кард, ки худи таҷҳизот ва ҳуқуқи нигоҳдории захираҳои моддиву молии ширкати «Зулол» баромад кунанд. Мўҳлати пардохти васиқа – 5 сол буда меъёри фоизиаш баробари 20% аст. Ширкат ҳар сол бояд 50 000 в.ш. маблағи асосӣ ва фоизҳоро пардохт намояд. Шартномаи басташуда бо банк чунин шартеро дорад, ки мувофиқи он ҳамаи қарз дар ҳолати паст фаромадани коэфитсиенти бозоргирии ҷории ширкат аз 2,0 бояд фавран баргардонида шавад*. Қарз 10 ноябри соли 1997 гирифта шуд. Дар лаҳзаи тартибдеҳии шартнома ширкати «Зулол» чунин вазъи молиявиро соҳиб буд: активҳои ҷорӣ – 2 500 000 в.ш., активҳои дарозмуддат – 1 500 000 в.ш., ўҳдадориҳои ҷорӣ – 1 200 000 в.ш. ва ўҳдадориҳои дарозмуддат ва ғайра -1 800 000 в.ш.. Супориш: Кадом қисмати ин қарз ҳамчун ўҳдадории ҷорӣ дар баланс дар санаи 31 декабри соли 1997 бояд нишон дода шавад? Кадом қисмати ин қарз бояд ҳамчун ўҳдадории дарозмуддат дар баланс дар санаи 31 декабри соли 1997 бояд нишон дода шавад? Чӣ гунна кушоишро аз рўи қарзи мазкур бояд намуд ва ин кушоиш ба кадом ҳисобҳо дахл дорад? Шарҳияро вобаста ба ин амалиётҳо нависед. Қисми 2. Азбаски ширкат сердаромад буд ва ў воситаҳои пули зиёдеро дошт, роҳбарият қарор кард, ки фоидаро бо роҳи сармоягузории калон ба қоғазҳои қиматноки дарозмуддат афзун намояд. Дар моҳи июни соли 1998 сарбухгалтери ширкати “Зулол” муайян кард, ки дар натиҷаи ин сармоягузорӣ активҳои ҷорӣ 2 000 000 в.ш., активҳои дарозмуддат – 1 280 000 в.ш., ўҳдадориҳои кўтоҳмуддат – 2 400 000 в.ш. ва ўҳдадориҳои дарозмуддат ва ғайр – 2 100 000 в.ш. –ро ташкил медиҳанд. пас аз таҳлили мазкур оё сарбухгалтерро зарур аст, ки мукотиботеро тартиб диҳад? Агар тартиб деҳад, кадом мукотиботро? *) Эзоҳ: Коэфитсиенти минималии бозоргирии ҷорӣ талаботи маъмулӣ ҳангоми қарзгирист. Агар ин нишондиҳандаи ширкат аз минимуми талабшуда паст фарояд, банк ҳуқуқи талаби фаврии пардохтро дорад. Гарчанде, ки банк ин гуна ҳуқуқро дорад, вай сараввал фаъолияти ширкатро омўхта, сипас қарорро дар асоси таҳлили ширкат қабул мекунад. Дар ин ҳангом муносибати ояндаи банк бо ин ширкат низ ба ҳисоб гирифта мешавад. Супориши 11. 1 июн ба ширкати «Моно» оиди барориши вомбарги меъёри номиналии фоизиаш 9% ба маблағи 50 000 в.ш. иҷозат дода шуд. Фоизҳо дар як сол ду маротиба: 1 июн ва 1 декабр пардохта мешаванд. Мукотиботро оиди инъикоси барориши вомбаргҳои ширкати «Моно» тартиб диҳед, агар: а) вомбаргҳо 1 сентябр бо нархи 100 в.ш. барои ҳар як вомбарг бароварда шуданд; б) вомбаргҳо 1 июнбо нархи 105 в.ш. барои ҳар як вомбарг бароварда шуданд. Супориши 12. 1 апрели соли 2001 ширкати «Фазо» вомбаргҳоро ба мўҳлати 10 сол бо нархи 10,60 в.ш. ба маблағи 53 000 в.ш. фурўхт. Меъёри фоиз –9,0%. Фоизҳо дар як сол ду маротиба: 1 апрел ва 1 октябр пардохта мешаванд. Меъёри бозории фоиз – 8,5% аст. Давраи ҳисоботӣ 30 сентябр ба итмом мерасад. Мукотиботро оиди инъикоси фурўши ин вомбаргҳо, ҳисобкунии фоизҳо ва азҳисоббарории подош дар 30 сентябр, инчунин оиди инъикоси пардохти нахустини фоизӣ дар 1 октябр нишон диҳед. Усули фоизии азҳисоббарории подоши вомбаргиро истифода баред. Супориши 13. Ширкати «Аҷам» вомбаргҳоро ба маблағи 700 000 в.ш. бо ҳуқуқи пардохтнамоии пеш аз мўҳлатии 8% баровард. Ҳангоми пардохт шикат ўҳдадор шуд, ки ин вомбаргҳоро бо нархи 104% аз арзиши ибтидоиашон харад. 1 сентябр, дарҳол пас аз инъикоси пардохти фоизии нимсола, тахфифи азҳисоббароварданошуда 21 000 в.ш.-ро ташкил дод. Дар ҳамин рўз, вомбаргҳо ба маблағи 400 000 в.ш. аз муомилот бозгирифт карда шуданд. Мукотиботро оиди бозгирифти вомбаргҳо дар 1 сентябр тартиб диҳед. Супориши 14. Ширкати «Фариз» бо сохтмони объекте,ки аз се қисмат: корпуси асосӣ, золи спротӣ ва бинои ошхона иборат аст, машғул аст. Сохтмони ин объект ба таври зинагӣ ба охир расонида мешавад. Арзиши умумии сметавии объект 900 000 в.ш.-ро ташкил медиҳад. Арзиши сметавии корпуси асосии сохташуда 60% -и арзиши умумии сметавии объектро ташкил медиҳад. Арзиши сметавии золи спортӣ ва бинои ошхона 40%-и арзиши боқимондаи сметавиро ташкил медиҳад. 1 январи соли 2001 барои сохтмони ин объект ширкат аз бонк ба маблағи 500 000 в.ш. бо васиқаи 9% қарз гирифт. Корпуси асосӣ 31 марти соли 2001 ба истифода дода шуд . Соли ҳисоботии ширкати «Фариз» 31 декабри соли 2001 ба охир мерасад. Талаб карда мешавад: 1). Маблағи хароҷоти фоизиро, ки дар сохтмони корпуси асосӣ истифода шудааст, ва бояд: а) капитализатсия шавад; б) ҳамчун хароҷоти давра эътироф гардад, муайян кунед; 2). Мукотиботи бухгалтериро оиди сармоягузориҳо тартиб диҳед. Семоҳаи якуми соли 2001: Арзиши умумии сметавии объект бо в.ш.: Хароҷоти бо сохтмони корпуси асосӣ дахлдор бо в.ш.: Арзиши сметавии қисматҳои боқимондаи объект бо в.ш.: Васиқа барои пардохт, %: Хароҷоти қарзии капитализатсияшаванда бо в.ш.: Бузургии камтарин капитализатсия мешавад бо в.ш.: Ҳамчун хароҷот эътироф мегардад бо в.ш.: Навишти бухгалтерии сармоягузорӣ ба бинои корпуси асосӣ: Навишти бухгалтерӣ оиди капитализатсияи хароҷоти қарзӣ:


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.