Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Сармояи худӣ

Ҳисобгирии капитали азонихудӣ дар рафоқат аз рўи ҳисоби сармоягузорӣ ва бозгирифти капитали ҳар як иштирокчии рафоқат ва байни онҳо тақсим намудани фоида ба роҳ монда мешавад. Аз ин лиҳоз, дар фасли ҳисоботи балансии «Капитали шарикон» алоҳида бақияи ҳар ҳисоб нишон дода мешавад.
Тартиби бароҳмонии ҳисобгирии капитали азонихудиро бо истифодаи мисоли зерин дида мебароем.Сармояи худӣ
Мақсади омўзиш
Муайянкунии мафҳум ва тавсифи намудҳои капитал
Тавсифи рафоқат(товарищество)
Ҳисобгирии капитали азонихудӣ дар рафоқат
Тақсимкунии фоида ва зарар дар рафоқат
Барҳамдиҳии рафоқат
Тавсифи корпоратсия
Баҳисобгирии хароҷотҳои ташкилӣ
Сохтори капитали азонихудӣ
Баҳисобгирии барориши саҳмия
Баҳисобгирии бозгирифти капитал
Баҳисобгирии капитали иловагӣ
Ҳисобот оиди тағирёбӣ дар сохтори капитали саҳҳомӣ
Адабиёти тавсияшаванда
Супоришот барои худсанҷӣ

Мақсади омўзиш
Баъди омўхтани фасли мазкур, Шумо бояд:

таърифи капитали азонихудиро дода тавонед;
рафоқатро тавсиф кунед;
баҳисобгирии капитали шариконро дар рафоқат бурда тавонед;
мукотиботи тақсимоти фоида ва зарарро дар рафоқат нишон диҳед;
баҳисобгирии барҳамдиҳии рафоқатро бурдатавонед;
фарқиятҳои асосии бурдани баҳисобгирии капитали азонихудиро дар рафоқат ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ муайян карда тавонед;
баҳисобгирии капитали саҳҳомӣ ва бозгирифти капиталро дар корпоратсияҳо нишон дода тавонед;
ҳисобот оиди ҳаракати капитали азонихудиро тартиб дода тавонед;
қисматҳои капитали азонихудиро тавсиф диҳед.
Муайянкунии мафҳум ва тавсифи капитали азониҳудӣ
Истилоҳи «Капитал» (фр. англ. capital ё equity, лат. Capitalis – асосӣ) дар маънои васеъ, ин ҳамаи он чӣ, ки имконияти овардани даромадро дорад, ё захираҳоест, ки инсон баҳри истеҳсоли молҳо ва ҳадамот офарида аст. Ин категорияи муҳимтарини иқтисодӣ мебошад.
Намудҳо (асосӣ, гардон, пулӣ) ва шаклҳои (истеҳсолӣ ва ғ.) гуногуни капитал мавҷуданд.
Аз нуқтаи назари ҳисоботи молиявӣ пассивҳо (сарчашма) – и корхона ба капитали азонихудӣ ва ўҳдадорӣ тақсим мешаванд.
Пассивҳо = Капитали азонихудӣ + Ўҳдадорӣ
Капитали азонихудӣ аз ҳисоби воситаҳои мулкдорон ташкил ёфтааст. Миқдори капитали азонихудӣ аз натиҷаҳои фаъолияти молиявии корхона (даромад, зарар) вобаста буда, ҳамчун фарқи байни активҳои (ҳамаи боигарӣ) ва ўҳдадориҳои корхона муайян мешавад:
Капитали азонихудӣ = Активҳо – Ўҳдадорӣ
Сарчашмаҳои ташкилёбии капитали азонихудӣ:

воситаҳои муассисон (капитали оинномавӣ; капитали ҷамъшаванда, фонди уставӣ);
фоидаи софи солҳои гузашта ва соли ҳисоботӣ бо тарҳи пардохти даромадҳо ва дивидендҳои муассисон;
аъзоҳаққии беподоши муассисон, инчунин шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ;
воситаҳои маблағгузории мақсадноки дар асоси беподош гузошташуда.
Капитали азонихудӣ иборат аз:

капитали оинномавӣ (капитали ҷамъшаванда, фонди уставӣ) ё капитали саҳмдорон дар ҷамъиятҳои саҳҳомӣ;
капитали изофагӣ (баъзан «капитали иловагӣ» ё «капитали барилова пардохташуда» меноманд);
фоидаи тақсимношуда;
капитали захиравӣ.
Ҳамаи сарчашмаҳои номбаршудаи капитали азонихудӣ ғайр аз капитали иловагӣ, танҳо аз ҳисоби фоидаи корхона ташкил меёбанд.

Тавсифномаи рафоқат
Рафоқат – ин ҷамъияти ду ва ё зиёда шахсоне, ки фаъолияти тиҷоратиро ба сифати соҳибмулк бо мақсади бадастории фоида ё зиёдкунии боигарӣ ба роҳ мондаанд. Нишонаҳои асосии фарқкунандаи рафоқат:

интихоби ихтиёрии шарикон;
таъсис додани рафоқат аз бастани шартномаи муассисон вобастааст, ки низомномаи асосиро оиди идоракунии рафоқат, тақсимоти фоида, ўҳдадории шарикон, пўшонидани зарар, барҳамхўрии рафоқат ва ғ. муайян менамояд;
ҷавобгарии якҷояи номаҳдуди шариксоҳибмулкон ба ҳамаи ўҳдадориҳои рафоқат;
мўҳлати маҳдудшудаи фаъолият;
умумияти намояндагон, яъне, ҳар яке аз шарикон аз номи рафоқат баромад карда шартнома баста метавонад, агар ғайри ин дар шартномаи рафоқат муқаррар нашуда бошад;
соҳибикунии муштараки молу мулки рафоқат.
Рафоқат бо хоҳиши иштирокчиён созмон дода шуда, дар чунин ҳолатҳо фаъолияти худро бозмедорад:

бозхости ҳиссаи худ аз тарафи шарикон;
муфлисшавии шарик;
қобилияти ғайрикорӣ доштани шарик;
фавти шарик;
пайдо шудани шарики нав;
гузаштани мўҳлати амалкунии шартномаи рафоқат.
Баҳисобгирии капитали азонихудӣ дар рафоқат
Ҳисобгирии капитали азонихудӣ дар рафоқат аз рўи ҳисоби сармоягузорӣ ва бозгирифти капитали ҳар як иштирокчии рафоқат ва байни онҳо тақсим намудани фоида ба роҳ монда мешавад. Аз ин лиҳоз, дар фасли ҳисоботи балансии «Капитали шарикон» алоҳида бақияи ҳар ҳисоб нишон дода мешавад.
Тартиби бароҳмонии ҳисобгирии капитали азонихудиро бо истифодаи мисоли зерин дида мебароем.
Гузоштани капитал.
Активҳои гузоштаи шарикон дар асоси шартномаи муассисон аз рўи нархи одилонаи бозории додани активҳо ба рафоқат баҳо дода мешавад.
1 январи соли 2001 Карим ва Саид оиди таъсис додани рафоқат аҳду паймон бастанд. Карим воситаҳои пулиро ба маблағи 15 000 в.ш. ва иншооти нархи одилонаи бозориаш 15000 в.ш.-ро гузошт. Саид ба маблағи 40 000 в.ш. воситаҳои пулӣ ва ба маблағи 20 000в.ш. таҷҳизотҳои гуногунро гузошт. Ин амалиётҳо дар ҳисобгирӣ чунин инъикос меёбанд:
1 январ
Воситаҳои пулӣ …………………………………………….15 000
Бино…….………………………………………..…………..15 000
Капитали Карим…………………………………………………………30 000
1 январ
Воситаҳои пулӣ………………………………………….40 000
Таҷҳизот …………………..………………..…………..20 000
Капитали Саид..…………………………………………………………60 000
Рафоқат метавонад дар оянда ўҳдадориҳои вобаста бо маблағгузориро қабул намояд.
Карим 1 маи соли 2001 барилова ба рафоқат автомобилро бо арзиши 20000 в.ш. гузошт. Қарздории кредиторие, ки ба ин молу мулк дахл дорад, дар ҳаҷми 10 000 в.ш. ба рафоқат қабул карда мешавад. Навиштаҷоти бухгалтерӣ оиди ин амалиёт:
1 май
Автомобил………………………………………….………….20 000
Васиқаҳо барои пардохт…….…..…………………………..…………..10 000
Капитали Карим..…….…………………………………………………10 000

Тақсимоти фоида ва зарар дар рафоқат
Фоида ва зарар дар рафоқат байни шарикон бо тарзҳои гуногуни дар шартномаи муассисон нишон дода шуда тақсим карда мешавад.
Фоидаи рафоқат чун қоида ба се қисм ҷудо мешавад:

ҳаққусаҳми капитали шарикон (ҳамчун фоизи капитали гузошташуда);
ҷуброни хадамоти аз тарафи шарикон иҷро шуда (ҳамчун музди маоши шарикон);
фоидаи иловагии шарикон аз хавфи(риск) тиҷоратӣ.
Тақсимоти фоида ба се қисм имконияти муайянкунии андозаи саҳми шариконро ба рафоқат медиҳад.
Усулҳои зерини тақсими фоида маълуманд:

аз рўи таносуби муқарраршуда;
вобаста ба андозаи капитали гузошташуда;
вобаста ба андозаи ҳаққи хизмат ва фоизи капитал аз рўи таносуби муқарраршуда.
Ин вариантҳои тақсими фоидаро дида мебароем.

Усули таносуби муқарраршуда

Вобаста ба хароҷоти меҳнативу интеллектуалии гузошташуда, фоида/зарари рафоқат аз рўи таносуби бо шартномаи муассисӣ муқарраршуда байни шарикон тақсим карда мешавад.
Фарз кардем, ки Карим ва Саид дар соли 2001 ба маблағи 60 000 в.ш. фоида гирифтанд. Аз рўи шартномаи рафоқат фоидаву зарар бо таносуби 50% ба 50% байни Карим ва Саид тақсим карда мешаванд.Навиштаҷоти бухгалтерӣ дар ин ҳангом чунин аст:
31 декабри соли 2001.
Фоидаи рафоқат………………………………….………….60 000
Капитали Саид……….……………………………………..…………..30 000
Капитали Карим..………………………………………………………30 000

Усули вазни қиёсии капитали гузошташуда

Дар ҳолат вобастагии андозаи фоида/зарари гирифташаванда аз капитали гузошташуда, фоида/зарар мувофиқи андозаи капитали шарикон тақсим карда мешавад. Ду усули зерини тақсими фоида/зарар дар байни шарикон мавҷуд ҳаст:

Дар асоси бақияи ибтидоии аввали сол аз рўи ҳисобҳои гузориши капитали ҳар яке аз шарикон (бозгирифт ва капиталгузории иловагӣ ба назар гирифта намешавад):
31 декабри соли 2001.
Фоидаи рафоқат ………………………………….………….60 000
Капитали Саид ……….……………………………………..…………..40 000
Капитали Карим..………………………………………………………20 000

Дар асоси истифодабарии бақияи миёнаи солонаи ҳисобҳои гузориши капитал:
Вақте, ки ҳиссаи капитали шарикон дар давоми сол тағйир меёбад, шарикон метавонанд фоида ва зарари рафоқатро дар асоси ҳиссаи миёнаи ченкардашудаи капитали ҳар як шарик тақсим намоянд.
Фарз кардем, ки 1 июли соли 2001 Саид 20 000 в.ш.-ро бозгирифт намуд, 1 августи соли 2001 Карим 25000 в.ш.-ро бозгирифт намуд. Ғайр аз ин 1 декабри соли 2001 Карим ба таври иловагӣ 45 000 в.ш.-ро ба капитали рафоқат гузошт. Ҳисобкунии капитали миёнаи солона чунин сурат мегирад:

Шарик

Давра (моҳ, сол)

Капитал

Миқдори моҳҳо

Капитал ´ моҳ

Капитали миёна

Саид

01.01 ¸ 06.01

60 000

6

360 000

06.01 ¸ 12.01

40 000

6

240 000

12

600 000

50 000

Карим

01.01 ¸ 04.01

30 000

4

120 000

05.01 ¸ 07.01

40 000

3

120 000

08.01 ¸ 11.01

15 000

4

60 000

12.01

60 000

1

60 000

12

360 000

30 000

Ҳамагӣ, капитали миёна

80 000

Таносуби фоизии капитали:
Саид = 50 000¸80 000 = 62.5% .
Карим = 30 000¸80 000 = 37.5%
Навишти бухгалтерӣ оиди тақсимкунии фоида:
31 декабри соли 2001.
Фоидаи рафоқат………………………………….………….60 000
Капитали Саид……….……………………………………..…………..37 500
Капитали Карим..………………………………………………………22 500

Усули баҳисобгирандаи музди меҳнати шарик, фоизи капитали гузошташуда ва меъёри муқарраршуда

Ҳангоми ҳиссагузории нобаробар, рафоқат метавонад ҳаққи хизмат ва фоизи капитали гузошташударо муқаррар кунад. Комбинатсияи онҳо ҳангоми тақсимкунии фоида ба ҳисоб гирифта мешавад. Фоизҳо ва музди кор ҳамчун хароҷот то лаҳзаи муайянкунии фоида дида баромада намешаванд.
Фарз кардем, ки Саид ва Карим қарор карданд, ки ҳар яке 20% аз капитали гузошташудаи ибтидоӣ ва музди кори солона (Саид – 15 000 в.ш. и Карим – 25 000 в.ш.) бигиранд.Фоида ё зарари боқимонда бояд баробар тақсим гардад. Фоидаи умумӣ 60 000 в.ш.-ро ташкил дод.
Маблағи манфии фоида пас аз тақсимкунӣ аз рўи таносуби муқаррарнамудаи шартнома пўшонида мешавад. Айнан ҳамин хел муносибат ҳангоми зарар гирифтани рафоқат ҷой дорад.

Шарикон

Фоидаи тақсимшаванда

Саид

Карим

Фоида барои тақсимкунӣ

60 000

Тақсими музди меҳнат

15 000

25 000

40 000

Фоида пас аз тақсимкунии музди кор

20 000

Тақсими фоизи капитали гузошташуда:

Саид (60 000 ´ 20%)

12 000

Карим (30 000 ´ 20%)

6 000

18 000

Маблағи фоида пас аз тақсими музди меҳнат ва фоиз

2 000

Тақсими баробари маблағи боқимонда

1 000

1 000

2 500

ҶАМЪ

28 000

32 000

60 000

Навишти бухгалтерӣ оиди тақсимкунии фоида:
31 декабри соли 2001.
Фоидаи рафоқат………………………………….………….60 000
Капитали Саид……….……………………………………..…………..28 000
Капитали Карим..………………………………………………………32 000

Боби мазкур аз рўи китоби дарсии «Принципы бухгалтерского учета» тайёр карда шудааст, зеро мувофиқи барномаи тайёркунии бухгалтерони касбӣ омўзиши ин масъалаҳо дар назар дошта шудааст. ( Эзоҳи М.А.)

Парокандакунии (азнавбақайдгирӣ) рафоқат
Дар ҳолати пайдоиши шарики нав бо розигии шарикони пештара рафоқати нав ташкил карда мешавад. Ин маънои парокандашавӣ ё азнавбақайдгирии рафоқатро дорад. Шарики нав ба рафоқат бо роҳҳои зерин қабул карда мешавад:
(1) бо роҳи хариди ҳиссаи капитали як ё якчанд шарики пештара;
(2) бо роҳи гузориши капитал ба рафоқат.

Хариди ҳиссаи капитали шарик

Саид қарор кард, ки қисми ҳиссаи худро дар андозаи 25 000 в.ш. ба маблағи 40 000 в.ш. ба Умед фурўшад. Карим ба амали шарики худ Саид розист. Ин амалиёт дар ҳисобгирӣ ба таври зер қайд меёбад:
31 декабр.
Капитали Саид…………………………………………..………….25 000
Капитали Умед……….……………………………………..…………..25 000

Гузориши капитал ба рафоқат

Шарикон – Саид ва Карим розианд Умедро ба рафоқат қабул кунанд агар ў 25 000 в.ш.-ро ба рафоқат гузорад.
31 декабр.
Воситаҳои пулӣ…………………………………………..…….25 000
Капитали Умед……….……………………………………..…………..25 000

Мукофот ба шарикони пешина

Шарикона пешина шарики навро ба аъзогии рафоқат он гоҳ қабул ва андозаи ҳиссаи ўро муайян мекунанд агар он ба шарикони пешина мукофот диҳад. Агар усули тақсими мукофот дар шартнома муайян карда нашуда бошад, дар ин ҳолат мукофот мисли фоидаву зарар тақсим карда мешавад.
Фарз кардем, ки Умед хоҳиши гузоштани 100 000 в.ш.-ро ба рафоқат дорад. Дар ин сурат ҳиссаи ў дар капитал 80000 в.ш.-ро ташкил менамояд. Пули зиёдатӣ ба маблағи 20 000 в.ш. мукофот ба шарикони пешина аст. Фарз кардем, ки Саид ва Карим дар рафоқат якчанд сол кор карданд ва бузургии капитали онҳо ба таври зер аст:

Шарик
Капитал

Ҳисса

Саид

160 000

55%

Карим

140 000

45%

Ҷамъ

300 000

100%

Умед мехоҳад, ки ба рафоқати мазкур ҳамроҳ шавад ва гузоштани 100000 в.ш.-ро дар 1 январ барои панҷяк ҳиссаи фоидаи гирифташаванда пешниҳод менамояд. Ҳисобкунии мукофот ба шарикони пешина чунин сурат мегирад:
Капитали шарикони аввала…………………………………………………………………………………………. 300 000
Капиталгузории Умед……………………………………………………………………………………………………. 100 000
Капитали рафоқати нав………………………………………………………………………………………………… 400 000
Мукофот ба шарикони аввала:
Капиталгузории Умед…………………………………………………………………….. 100 000
Тарҳ: Ҳиссаи капитали Умед (400 000 ´ 1/5)………………………………….. 80 000………… 20 000
Тақсими мукофот:
Саид (20 000 ´ 55%)…………………………………………………………………………….. 11 000
Карим (20 000 ´ 45%)…………………………………………………………………………… 9 000………… 20 000
Ҳангоми бақайдгирии далели капиталгузории Умед навишти зерин ҷой дорад:
1 январ.
Воситаҳои пулӣ…………………..……………….………….100 000
Капитали Саид……….……………………………………..…………..11 000
Капитали Карим..……………………………………………………… 9 000
Капитали Умед..…………………………………………………….… 80 000

Мукофот ба шарики нав

Бо баъзе сабабҳо рафоқат барои қабули шарики нав манфиатдор аст ва шарикони аввала розианд, ки қисми капитали худро ҳамчун мукофот ба шарики нав бидиҳанд.
Фарз кардем, ки Саид ва Карим қарор карданд, ки Умедро ба рафоқат ҳамроҳ кунанд. Умед розӣ аст, ки 60 000 в.ш. гузорад, лекин мехоҳад, ки ¼ қисми капитали рафоқат азони ў бошад. Ҳисобкунии мукофот ба Умед:
Капитали Саид………………………………………………………………………………………………………………… 160 000
Капитали Карим…………………………………………………………………………………………………………….. 140 000
Гузориши Умед…………………………………………………………………………………………………………………. 60 000
Капитали рафоқати нав………………………………………………………………………………………………… 360 000
Мукофот ба умед:
Ҳиссаи капитали Умед (360 000 ´ ¼)………………………………………………. 90 000
Гузориши Умед………………………………………………………………………………….. 60 000………… 30 000
Тақсимкунии мукофот:
Саид (30 000 ´ 55%)…………………………………………………………………………….. 16 500
Карим (30 000 ´ 45%)…………………………………………………………………………. 13 500………… 30 000
Ҳангоми азнавбақайдгирии рафоқат бо сабаби ҳамроҳшавии Умед ба он чунин навишти бухгалтерӣ тартиб дода мешавад:
1 январ.
Воситаҳои пулӣ…………………..……………….………….60 000
Капитали Саид……….………………………………………16 500
Капитали Карим..……………………………………………13 500
Капитали Умед..…………………………………………………….… 90 000

Барҳамдеҳии рафоқат
Барҳамдеҳии рафоқат – ин ҷараёни қатънамоии фаъолияти хоҷагии корхона буда, дар худ фурўши қисми активҳои он, ки барои пўшонидани ҳамаи ўҳдадориҳо кофист, ва тақсими қисми боқимондаи активҳоро дар байни шарикон дарбар мегирад. Дар афзалият аз азнавбақайдгирӣ ҳангоми барҳамдеҳӣ фаъолияти хоҷагӣ қатъ мегардад. Сикли баҳисобгирӣ ба анҷом расида, фоида ё зарар муайян карда мешавад, ки он дар байни шарикон мувофиқи шартнома тақсим мегардад. Дар ҳолатҳои гуногун барҳамдеҳии рафоқат ба натиҷаҳои зерини молиявӣ оварда мерасонад:

фурўши активҳо бо фоида;
фурўши активҳо бо зарар, ва ин зарар аз ҳисоби капитали шарикон пўшонида мешавад;
фурўши активҳо бо зарар, аммо барои пўшонидани он капитали шарикон кифоятӣ намекунад.
Фарз кардем, ки сикли баҳисобгирии рафоқати «Said & Co» ба анҷом расид ва баланси он чунин аст:
Said & Co
Ҳисоботи балансӣ дар 1 январи соли 200Х (бо в.ш.)
Активҳо
Воситаҳои пулӣ…………………………………………………………………………………… 60 000
Ҳисобҳо барои қабул…………………………………………………………………………. 40 000
Захираҳо…………………………………………………………………………………………….. 100 000
Воситаҳои асосӣ (бо тарҳи истеҳлок)……………………………………………….. 200 000
Ҷамъ: активҳо………………………………………………………………………………………………… 400 000
Ўҳдадориҳо
Ҳисобҳо барои пардохт………………………………………………………………………………………….. 120 000
Капитали шарикон
Капитали Саид………………………………………………………………………………………………………….. 85 000
Капитали Карим………………………………………………………………………………………………………. 95 000
Капитали Умед……………………………………………………………………………………………………….. 100 000
Ҷамъ: капитал ва ўҳдадориҳо…………………………………………………………………………………………….. 400 000
Таносуби муқарраршудаи тақсими фоида(зарар): Саид – 30, Карим– 30, Умед – 40.

Фурўши активҳо бо зарар: зарар он қадар бузург набуда аз ҳисоби капитали шарикон пўшонида мешавад

Фарз кардем, ки ҳангоми барҳамдеҳӣ маблағи ниҳоии воситаҳои пулии аз пардохти қарздории дебиторӣ ва фурўши активҳо бадастомада 140 000в.ш.-ро ташкил намуд. Навиштаҷотҳо оиди бақайдгирии ҷараёни барҳамдеҳӣ:
Фурўши активҳо ва гирифтани маблағи қарздории дебиторӣ:
10 январ
Воситаҳои пулӣ…………………..……………….………….140 000
Фоида ва зарар аз барҳамдеҳӣ..……………….……………200 000
Ҳисобҳо барои қабул.……………………………………..……………..40 000
Захираҳо………….………………………………………………………100 000
Воситаҳои асосӣ….………………………………………………….… 200 000
Натиҷаи ниҳоӣ аз фурўши активҳо – зарар ба маблағи 200 000 в.ш..
Ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон:
11 январ
Ҳисобҳо барои пардохт………..……………….……………120 000
Воситаҳои пулӣ……..……………………………………..……………120 000
Тақсимкунии зарар дар байни шарикон (мувофиқи шартнома):
12 январ
Капитали Саид……….……………………………………..…….60 000
Капитали Карим..…………………………………………………60 000
Капитали Умед……………………………………………………80 000
Фоида ва зарар аз барҳамдеҳӣ…..……………………………….… 200 000
Тақсими капитали боқимонда:
13 январ
Капитали Саид……….……………………………………..…….25 000
Капитали Карим..…………………………………………………35 000
Капиталм Умед……………………………………………………20 000
Воситаҳои пулӣ ..………………..…………………………………… 80 000

Фурўши активҳо бо зарар: ҳиссаи зарари яке аз шарикон он қадар бузург аст, ки бо капитали ў пўшонида намешавад
Дар ин ҳолат консепсияи масъулияти номаҳдуд мавриди амал қарор ёфта, шарик бояд қисми мувофиқи зарарро аз ҳисоби воситаҳои худӣ бипўшонад.
Фарз кардем, ки пас аз фурўши активҳо ва пардохти қарздории кредиторӣ баланс чунин намуд дорад:
Активҳо
Воситаҳои пулӣ…………………………………………………………………………………………………………. 30 000
Капитали шарикон
Капитали Саид……………………………………………………………………………………. 25 000
Капитали Карим………………………………………………………………………………… 20 000
Капитали Умед………………………………………………………………………………….. (15 000)………. 30 000
Умед бояд 15 000 в.ш.-ро ба ҳисоби рафоқат аз ҳисоби моликияти хусусии худ барои пўшонидани ҳиссаи зарари худ гузаронад:
Воситаҳои пулӣ………………………………………………15 000
Капитали Умед………………..……………………………………… 15 000
Капитали Саид……….………………………………..…….25 000
Капитали Карим..……………………………………………20 000
Воситаҳои пулӣ…..………………..………………………………… 45 000

Агар Умед имконияти гузаронидани 15 000в.ш.-ро надошта бошад, онгох, шарикони дигар бояд ҳиссаи зарари ўро байни худ мувофиқи таносуби муқарраршуда тақсим намоянд. Таносуби Саид ва Карим 0,3 ва 0,3 буд, аз ин рў ҳар яке онҳо бояд 50%-и зарари Умедро пўшонад.
10 январ
Капитали Саид……….……………………………………..….….7 500
Капитали Карим..…………………………………………………7 500
Капитали Умед…..………………..………………………………… 15 000
Капитали Саид……….……………………………………..…….17 500
Капитали Карим..…………………………………………………12 500
Воситаҳои пулӣ…………………..………………………………… 30 000
Қобилияти пўшонида натавонистани ҳиссаи зарари худ Умедро аз масъулият оиди ўҳдадорӣ дар назди Саид ва Карим озод намекунад.

Тавсифи корпоратсия
Корпоратсия – ин шахси ҳуқуқиест, ки мустақил аз муассисон – соҳибмулкон фаъолият мебарад.
Саҳҳомон(мулкдорон) ҳуқуқи идоракунии корпоратсияро ба Шўрои директорон медиҳанд, он аз ҷониби худ ин ҳуқуқро ба дирексияи иҷроия (маъмурият-и копроатсия медиҳанд.
Ташкили фаъолияти корпоративӣ ба таври зер сурат мегирад :

Тавсифномаҳои фарқкунандаи корпоратсия:

Мулкдорон дар идоракунии копоратсия тавассути интихоби Шўрои директорон ва овоздеҳӣ ҳангоми танзими масъалаҳо дар маҷлисҳои умумӣ иштирок мекунанд;
Шўрои директорон ки бо идоракунии умумии фаъолияти ширкат машғул аст, аз ҳисоби шахсони мансабдори корпоратсия ва якчанд ашхоси беруна, азҷумла, аудиторони аз болои объективияти фаъолияти Шўрои директорон назораткунанда созмон дода мешавад;
Маъмурияти корпоратсия, ки аз ҷониби Шўрои директорон киро карда мешавад, фаъолияти ҷории корпоратсияро ба амал бароварда, дар назди ҳамаи истифодабарандагон тавассути ҳисоботи молиявии ҳарсола нашршаванда ҳисобот медиҳад.
Корпоратсияҳо аз мулкдорони хусусӣ ва рафоқат бо чунин афзалиятҳо фарқ мекунанд:

мавҷудияти қонуникардашудаи мустақил;
масъулияти маҳдуд, яъне соҳибмулкон барои қарзҳои корпоратсия ҷавобгар нестанд ва баръакс;
озодии ҷамъкунии (генерация) капитал;
мустақилият аз масъулияти муттафиқ;
мавҷудияти дарозмуддат;
марказонидани идоракунӣ ва масъулият;
идоракунии касбӣ.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки корпоратсия якҷоя бо афзалиятҳои номбаршуда боз камбудиҳоро ба мисли танзими давлатӣ, андозбандии баланд ва масъулияти маҳдуд дорад.

Баҳисобгирии хароҷоти ташкилӣ
Хароҷоти ҳангоми ташкилнамоии корпоратсия баамаломада ҳамчун хароҷоти ташкилӣ(organization costs) маълум аст. Ба хароҷоти ташкилӣ – боҷи давлатӣ, хароҷоти қайди ҳуқуқӣ, хароҷоти тайёркунии ҳуҷҷатҳои муассисӣ, инчунин ҳаққи хизмат ба ашхоси ба ташкилёбии корпоратсия мусоидаткунанда дохил мешаванд. Азбаски хароҷоти ташкилӣ худро бароварда, даромадро дар тамоми муддати мавҷудияти корпоратсия меоранд (бе онҳо корпоратсия вуҷуд дошта наметавонад), онҳоро ҳамчун активҳои ғайримоддӣ капитализатсия намуда дар давоми якчанд сол амортизатсия мекунанд. Чун қоида, амортизатсия хароҷоти ташкилӣ на зиёда аз 5 сол тўл мекашад. Мисоли баҳисобгирии хароҷоти ташкилиро дида мебароем:
Мисоли 1. Корпоратсия 13 000 в.ш.-ро ба ҳуқукшиносе барои расонидани хизмат дар ҷараёни тайёркунии ҳуҷчатҳои таъсисӣ пардохт намуд. Амалиёти мазкур дар ҳисобгирӣ чунин акс меёбад:
Хароҷоти ташкилӣ…………………………………………13 000
Воситаҳои пулӣ…..………………..………………………………… 13 000
Қайди амортизатсияи хароҷоти ташкилӣ дар соли якум:
Амортизатсияи хароҷоти ташкилӣ………………………..2 600
Хароҷоти ташкилӣ……..…………..………………………………… 2 600

Сохтори капитали азонихудӣ
Фарқи асосии баҳисобгирии бухгалтерӣ дар корпоратсияҳо (ҷамъиятҳои саҳҳомӣ) аз хоҷагиҳои хусусӣ ва рафоқат дар ҳисобгирии капитал аст. Дар баланси корпоратсия капитали соҳибмулкон дар қисмати «Капитали саҳҳомӣ», ки аз моддаҳои зерин иборат аст, нишон дода мешавад:
Капитали саҳҳомӣ
Капитали гузошташуда
Саҳмияҳои имтиёзнок –
арзиши номиналӣ 50в.ш.,
1 000 дона, барои барориш иҷозатдодашуда
ва баровардашуда…………………………………………………………………………………………………….. 50 000
Саҳмияҳои оддӣ –
арзиши номиналӣ 5в.ш.,
иҷозат барои барориши 30 000 саҳмия,
20 000 саҳмия бароварда шудааст………………………………………………… 100 000
Капитали зиёда аз номинал гузошташуда…………………………… 50 000……… 150 000
Ҷамъ, капитали гузошташуда…………………………………………………………………. 200 000
Фоидаи тақсимношуда………………………………………………………………………………………………………….. 60 000
Ҳамагӣ капитали саҳҳомӣ………………………………………………………………………. 260 000
Расми №11. Сохтори капитали азонихудии корпоратсия

Нидлз Б. И др. Принципы бухгалтерского учета/ Б. Нидлз, Х. Андерсон, Д.Колдуэлл: Пер. с англ. /Под ред. Я. В. Соколова, -2-е изд., стереотип. – М.: Финансы и статистика, 1999. –496с. стр. 258

Баҳисобгирии барориши саҳмияҳо
Воҳиди моликият дар копроатсияҳо ин саҳмия аст. Дорандаи саҳмия шаҳодатномаи саҳҳомиро мегирад, ки он ҳиссаи саҳми ин саҳҳомро тасдиқ менамояд.
Дар оинномаи корпоратсия миқдори максималии саҳмияҳои барои барориш иҷозатдодашуда нишон дода мешавад.
Одатан, корпоратсияҳо барои барориши миқдори зиёдтари саҳмияҳо назар ба миқдори лозима ҳангоми бунёдшавии худ иҷозат мегиранд. Ин ҳама ба корпоратсия имконияти ҷалби капитали иловагиро бо роҳи барориши саҳмия медиҳад.
Саҳмияҳо баровардашуда номида мешаванд, агар онҳо фурўхта ё бо роҳи дигар дастраси саҳхомон гардида шуда бошанд. Мисол, ба корпоратсия барои барориши 10 000 саҳмия ичозат дода шуда буд, вале дар лаҳзаи кушодашавии корпоратсия 8 000 саҳмия фурўхта шуд. Ин 8 000 саҳмия дар худ саҳмияҳои баровардашударо ифода мекунанд. Ба дорандагони ин саҳмияҳо 100% -и моликияти ҷамъияти саҳҳомӣ дахл дорад. Боқимонда 2 000 саҳмия бароварданошуда ҳисобида мешаванд. Онҳо ягон ҳуқуқе ё имтиёзеро намедиҳанд.
Саҳмияҳо даврзананда ҳисобида мешаванд агар онҳо бароварда шуда дар муомилот бошанд. Саҳмия даврзанада нест, агар онро корхона-эмитент бозхарид намудааст, ё, саҳҳом баргардонидааст. Саҳмияҳои баровардашудае, ки бозхарид шуда дар ихтиёри корхонаанд, саҳмияҳои бозхаридшуда ё бозгирифтшуда номида мешаванд.
Корхона ҳуқуқи барориши ду намуд саҳмия – оддӣ ва имтиёзнокро дорад. Агар корхона як намуди саҳмияро бароварда бошад, он оддӣ аст. Маҷмўаи ин саҳмияҳоро капитали бақиявӣ меноманд.Ин маънои онро дорад, ки дар ҳолати барҳамдеҳии ширкат аввал кредиторон ва дорандагони саҳмияҳои имтиёзнок даъвоҳои худро ба моликияти корхона қонеъ намуда, пас аз он талаботҳои дорандагони саҳмияҳои оддӣ дида баромада мешаванд.
Саҳмияҳои имтиёзнок нисбат ба саҳмияҳои одӣ як қатор афзалиятҳоро ба мисоли: бартарӣ ҳангоми пардохти ҳаққусаҳм, бартарӣ ҳангоми тақсими воситаҳои корхонаи барҳамдодашаванда, бозгардандагӣ ва ғайрибозгардандагӣ, опсион ва ғ. доранд. Саҳмияҳои имтиёзнок дар афзалият аз саҳмияҳои оддӣ ҳуқуқи овозро намедиҳанд.
Арзиши номиналии саҳмия – ин маблағе, ки дар ҳисобҳои саҳмияҳо акс ёфта, капитали саҳҳомии корпоратсияро ташкил менамояд.
Корпоратсияҳо он гоҳ ҳаққусаҳм эълон карда наметавонанд, агар он капитали саҳҳомиро назар ба капитали оинномавӣ камтар намояд. Аз ин рў, номинал – ин ҳамон қисми минималии капитал аст, ки пардохти даъвои кредиторонро кафолат медиҳад. Ҳама гуна маблағи зиёда аз арзиши номиналӣ ҳангоми фурўши саҳмияҳо гирифташуда дар ҳисоби «Капитали иловагӣ пардохтшуда» қайд гардида, қисми капитали гузошташудаи ширкатро ташкил менамояд.

Фурўши саҳмияҳо аз рўи арзиши номиналӣ
Мисоли 2. Ба корпоратсияи «Мираж» барои барориши 20 000 саҳмияи оддии арзиши номиналиашон 5 в.ш. иҷозат дода шудааст. Ин маълумот пурра бо ҳуҷҷатҳои муассисӣ мувофиқат мекунад. 1 январ «Мираж» 10 000 саҳмияро бо арзиши номиналӣ мефурўшад.
1 январ
Воситаҳои пулӣ………..…………………………………………50 000
Саҳмияҳои оддӣ…..………………..………………………………… 50 000

Фурўши саҳмияҳо бо арзиши бозорӣ
Агар дурнома ва потенсиали корхона мусбӣ ҳисобида шавад, роҳбарият метавонад оиди барориши саҳмияҳои иловагӣ бо подош қарор қабул кунад. Ин ҳолат бо ширкати саҳмияҳояш дар бозори фаъол баҳододашаванда(котировка), вақте, ки нархи бозории саҳмияҳо аз арзиши номиналӣ баланд аст, ҷой дошта метавонад.
Тасаввур мекунем, ки 1000 дона саҳмияҳои оддии ширкати «Мираж» бо нархи 10 в.ш. барои як саҳмия 1 март фурўхта шуданд.
1 март
Воситаҳои пулӣ………….……………….…………………10 000
Саҳмияҳои оддӣ ….……………………………………..……………..5 000
Капитали иловагӣ пардохтшуда..…………………………………..5 000
Маблағи охирин қисми капитали гузошташуда аст. Ҳисоби капитали иловагӣ пардохтшуда барои тақсимот дар байни саҳҳомон ҳамчун ҳаққусаҳм тақсим карда намешавад. Бо ибораи дигар, пас аз гирифтани эквиваленти пулии даромади эмиссионӣ, он зери ихтиёри ширкат мемонад.
Дар баланси корпоратсияи «Мираж» қисмати «Капитали саҳҳомӣ» чунин намуд дорад:
Капитали саҳҳомӣ
Капитали гузошташуда
Саҳмияҳои имтиёзнок……………………………………………………………………………………………………… 0
Саҳмияҳои оддӣ –
арзиши номиналӣ – 5в.ш.,
иҷозат барои барориши 20 000 саҳмия,
бароварда шудааст – 11 000 саҳмия………………………………………………… 55 000
Капитали зиёда аз номинал гузошташуда…………………………….. 5 000………… 60 000
Ҷамъ, капитали гузошташуда………………………………………………………………. 60 000
Фоидаи тақсимношуда………………………………………………………………………………………………………………. –
Ҳамагӣ, капитали саҳҳомӣ…………………………………………………………………… 60 000

Барориши саҳмияҳо ба ивази активҳои ғайрипулӣ
Аксар вақт саҳмияҳо бар ивази моликияти ғайрипулӣ ё хадамот бароварда мешаванд. Дар ин ҳолатпроблемами зерин ба миён меояд: ин гуна гузоришро чӣ тавр бо баҳои пулӣ инъикос намуд. Мувофиқи СБҲМ, дар ин гуна ҳолат амалиёт ё бо арзиши бозории актив, ё бо арзиши бозории саҳмия вобаста ба он, ки кадоме аз онҳо ба таври объективитар ва бовариноктар баҳо дода мешаванд, инъикос мегардад.
Мисоли 3. Ҳангоми ташкилшавии корпоратсияи «Мираж», Шўрои директорон барои харҷи 100 дона саҳмия бо мақсади пардохти хадамоти ба ширкат расонидашуда розӣ шуд.Дар лаҳзаи барориши саҳмияҳо нархи бозориашон маълум набуд. Аммо, мувофиқи супоришҳои монанд, хадамоти ба ширкат расонидашуда 1 500 в.ш. арзиш дошт. Аз ин рў, навишти бухгалтерӣ чунин сурат мегирад:
1 январ
Хароҷоти ташкилӣ…….……………….…………………1 500
Саҳмияҳои оддӣ….……………………………………..……………… 500
Капитали иловагӣ пардохтшуда……….…………………………..1 000
Фарз кардем, ки корхона пас аз ду сол 1 000 дона саҳмияҳои худро бо қитъаи замин ваз намуд. Дар лаҳзаи ивазкунӣ саҳмия дар бозор 25 в.ш. нарх дошт, аммо нархи замин аниқ набуд. Дар ин ҳолат навишти зерини бухгалтерӣ ҷой дорад:
10 январ
Замин……………………..…….……………….……………..……25 000
Саҳмияҳои оддӣ ….……………………………………..………….….5 000
Капитали иловагӣ пардохтшуда………..…………………………..20 000

Опсион
Опсион ин аҳдномаи байни маъмурияти корхона ва хизматчиёни он оиди паҳнкунии саҳмияҳо дар байни кормандон бо шароитҳои муайяни имтиёзнок аст. Имтиёз асосан дар он аст, ки саҳмияҳо ба кормандон бо нархи наздиктар ба арзиши бозорӣ дар рўзи фурўш дода мешаванд.
Мисоли 4. Корпоратсия 1 июли соли 1998 кормандони аппарати идоракуниро бо ҳуқуқи хариди 5000 саҳмияи оддӣ бо нархи бозории ин сана – 15 в.ш. мукофотонид. Ноибраис бо ин ҳуқуқи опсион истифода бурда, 30 марти соли 1999 100 дона ҳмияро бо нархи бозории ин сана – 20в.ш. харид. Навишти баҳисобгирӣ дар ин маврид чунин аст:
30 март
Воситаҳои пулӣ…….……………….…………………15 000
Саҳмияҳои оддӣ ….……………………………………..…………..….5 000
Капитали иловагӣ пардохтшуда……………………………………..10 000
Новобаста ба он, ки ноибраис 5 000 в.ш. мукофотро кор кард(нархи бозорӣ 20 000 – 15 000), ягон хел мукофотдеҳи аз ҷониби бухгалтерия қайд намегардад.

Ҳаққусаҳм
Ҳаққусаҳм – ин қисми даромади соф аст, ки бояд дар байни саҳҳомон тақсим гардад.
Ҳангоми эълони ҳаққусаҳми зиёда аз фоидаи тақсимношуда, ширкат моҳиятан ба саҳҳомон қисми капитали гузоштаи онҳоро мепардозад. Ин ҳаққусаҳм барҳамдеҳӣ (ликвидатсионӣ) номида шуда, одатан ҳангоми қатъи фаъолият ё ихтисори ҳаҷми амалиётҳо пардохт мегардад.
Бо пардохти ҳаққусаҳм се санаи муҳим алоқамандӣ дорад:

санаи эълони ҳаққусаҳм,
санаи бақайдгирии дорандагони саҳмия,
санаи пардохти ҳаққусаҳм.
Санаи якум – санаи эълони расмӣ аз ҷониби Шўрои директорон оиди пардохти ҳаққусаҳм; санаи дуюм – санаи муайянкунии дорандагони саҳмияҳо, ки ҳуқуқи гирифтани ҳаққусаҳмро доранд.
Ҳаққусаҳмҳо танҳо ба он саҳҳомон пардохта мешаванд, ки дар лаҳзаи бақайдгирӣ дар дасти худ саҳмияҳоро доштанд. Пас аз ин сана саҳмия ҳуқуқро ба ҳаққусаҳм гум мекунад, яъне агар саҳҳом саҳмияҳои худро пас ах бақайдгирӣ бифурўшад, ҳуқуқи гирифтани ҳаққусаҳми эълоншуда ба соҳиби нав намегузарад.
Санаи сеюм – санаи пардохти ҳаққусаҳм ба саҳҳомон аст.

Мисоли 5. Шўрои директорон оиди пардохти ҳаққусаҳм ба маблағи 20 000в.ш.қарор кард. Оиди ин амал 21 феврал эълон карда шуд. 31 март ба саҳҳомони дар санаи 10 март бақайдгирифташуда ҳаққусаҳм пардохта шуд. Навиштаҷотҳои бухгалтерӣ аз рўи санаҳо:

21 феврал
Ҳаққусаҳми эълоншуда…………………………………………20 000
Ҳаққусаҳм барои пардохт….……………………………………… 20 000
10 март
Навишти бухгалтерӣ лозим нест
31 мар.
Ҳаққусаҳм барои пардохт ……………………………………20 000
Воситаҳои пулӣ…….………..……………………………………… 20 000

Баҳисобгирии бозгирифти капитал

Бозхариди саҳмияҳо
Корпоратсия бо қарори маҷлиси умумии саҳҳомон ҳуқуқи камкунии капитали оинномавиро (аммо, на камтар аз андозаи минималии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ)бо роҳи бозхариди қисми саҳмияҳо бо мақсади ихтисори миқдори онҳо дорад. Корпоратсия бояд дар ин бора ҳатман ба кредиторон хабар диҳад, ва дар ин маврид, кредиторон ҳақ доранд иҷроиши пешазмўҳлатӣ ё қатъи ўҳдадориҳои ҷамъият ва ҷуброни зарарро талаб намоянд. Саҳмияҳои бозхаридшуда ба таври такрорӣ метавонанд бароварда шаванд.
Мисоли 6. Корпоратсияи «Мираж» қарорро оиди бозхариди 2 000 саҳмия бо арзиши номиналӣ қабул кард:
Саҳмияҳои азонихудии бозхаридшуда………………….……10 000
Воситаҳои пулӣ………………..……………………………………… 10 000

Фурўши саҳмияҳои бозгирифтшуда
арзиши ҳақиқии саҳмияҳои бозхаридшуда баробари арзиши номиналии онҳост:
Воситаҳои пулӣ ………………………………………………10 000
Саҳмияҳои азонихудии бозхаридшуда.…………………………… 10 000

арзиши ҳақиқии саҳмияҳои бозхаридшуда пасттар арзиши номиналии онҳост:
Фарз кардем, ки корпоратсияи «Мираж» саҳмияҳои бозхаридшударо бо нархи 2,50в.ш. барои як саҳмия фурўхт:
Воситаҳои пулӣ ………………………………………………5 000
Капитали иловагӣ пардохтшуда ..………………………… 5 000
Саҳмияҳои азонихудии бозхаридшуда…………………………… 10 000
Агар капитали иловагӣ пардохтшуда кофӣ набошад, ҳисоби «Фоидаи тақсимношуда» дебитонида мешавад.

арзиши ҳақиқии саҳмияҳои бозхаридшуда баландтар арзиши номиналии онҳост:
Фарз кардем, ки корпоратсияи «Мираж» саҳмияҳои бозхаридшударо бо нархи 7,50в.ш. барои як саҳмия фурўхт:
Воситаҳои пулӣ ………………………………………………15 000
Саҳмияҳои азонихудии бозхаридшуда..………….……………… 10 000
Капитали иловагӣ пардохтшуда…………………………………… 5 000

Бозгирифти саҳмияҳои бозхаридшуда
арзиши ҳақиқии саҳмияҳои бозхаридшуда аз арзиши ҷойгирнамоии аввала паст аст:
Фарз кардем, ки арзиши ҳақиқии саҳмияҳои бозгирифтшуда 10 000в.ш.-ро ташкил медиҳад ва арзиши ҷойгиркунии аввала баробари 20 000в.ш. аст.
Саҳмияҳои оддӣ………………………………………………20 000
Саҳмияҳои азонихудии бозхаридшуда..………………………… 10 000
Капитали иловагӣ пардохтшуда..……………..………………… 10 000
(б) арзиши ҳақиқии саҳмияҳои бозхаридшуда аз арзиши ҷойгирнамоии аввала баланд аст:
Арзиши барориши аввала – 10 000в.ш., арзиши ҳақиқӣ – 20 000в.ш.
Саҳмияҳои оддӣ ……………………………………………………10 000
Капитали иловагӣ пардохтшуда………..…………………………10 000
Саҳмияҳои азонихудии бозхаридшуда.………………………… 20 000
Агар капитали иловагӣ пардохтшуда барои пўшонидани маблағи зиёдатии арзиши ҳақиқӣ аз арзиши барориши аввала кофӣ набошад, ҳисоби «Фоидаи тақсимношуда» дебитонида мешавад.

Баҳисобгирии капитали иловагӣ
Капитали иловагӣ пардохтшуда – ин зиёдатии арзиши бароришии саҳмияҳо бар арзиши номиналии онҳост.
Капитали иловагии пардохтношуда(Капитали изофавӣ) аз азнавбаҳодеҳии сармоягузориҳо ва воситаҳои асосӣ – ин зиёдатии арзиши азнавбаҳододашудаи сармоягузориҳо ва воситаҳои асосӣ бар арзиши ибтидоии онҳост.
Фоидаи тақсимношуда – яке аз қисматҳои таркибии капитали азонихудии корхона аст. Бузургии фоидаи тақсимношуда (реинвестиронидашуда) баробари маблағи фоидаи корхона аз лаҳзаи бунёдёбии он бо тарҳи ҳама гуна зарар, пардохтҳои ҳаққусаҳм ва фоидаи ба капитали гузошташуда гузаронидашуда аст.
Капитали захиравӣ – қисми воситаҳои азонихудии ҷамъияти саҳҳомӣ ё рафоқати хоҷагидорист, ки аз ҳисоби ҳиссаҷудокуниҳо аз фоидаи тақсимношуда бунёд мегардад. Капитали захиравӣ барои пўшонидани зарар аз фаъолияти амалиётӣ ва/ё пардохти ҳаққусаҳм дар ҳолати нокифоятии фоидаи соф истифода мешавад. Тартиби истифодабарӣ ва бунёди капитали захиравиро қонунгузории амалкунанда ва ҳуҷҷатҳои муассисӣ муайян мекунанд.
Ҳангоми бунёди капитали захиравӣ ҳисоби «Фоидаи тақсимношуда» дебитонида шуда, ҳисоби «Капитали захиравӣ» кредитонида мешавад.
Истифодабарии воситаҳои капитали захиравӣ бо навиштаҷотҳо бо дебети ҳисоби капитали захиравӣ ва кредити ҳисобҳои зерин акс мегардад:

Ҳисоббаробаркуниҳо аз рўи саҳмияҳо – ба маблағи ҳаққусаҳми бо қарори муассисон аз ҳисоби капитали захиравӣ пардохташаванда;
Фоидаи тақсимношудаи (Зарари пўшониданошудаи) соли ҳисоботӣ/солҳои гузашта – ба маблағи зарари аз ҳисоби воситаҳои капитали захиравӣ пўшонидашаванда.
Ҳисобот оиди тағйиротҳо дар сохтори капитали саҳҳомӣ
Ҳисобот оиди ҳаракати капитали саҳҳомӣ (statement of stockholder’s equity) тағйиротҳоро дар капитали саҳҳомӣ нишон медиҳад. Ин ҳисобот бо таври зер пешниҳод мегардад:
Капитали саҳҳомӣ
Капитали гузошташуда(авансиронидашуда)
Саҳмияҳои имтиёзнок – арзиши номиналӣ 50в.ш…………………………………………………….. 50 000
Саҳмияҳои оддӣ – арзиши номиналӣ 5в.ш……………………………………….. 100 000
Капитали иловагӣ пардохтшуда…………………………………………….. 50 000……… 150 000
Ҳамагӣ, капитали гузошташуда………………………………………………………………. 200 000
Фоидаи тақсимношуда………………………………………………………………………………………………………….. 60 000
Ҳамагӣ, капитали гузошташуда ва фоидаи тақсимношуда………………………… 260 000
Тарҳи: Саҳмияҳои азонихудии бозхаридшуда…………………………………………………………………. 20 000
Ҷамъ капитали саҳҳомӣ………………………………………………………………………… 220 000

Адабиёти тавсияшаванда:

Международные стандарты финансовой отчетности. Алматы, 2001.
Разъяснения Международных стандартов финансовой отчетности. Учебно-справочное пособие. Алматы, 2002.
Финансовый учет. Часть1 и 2. Учебное пособие. Алматы, 1999.
Кыргызские стандарты бухгалтерского учета. Комментарии./ Под ред. Е. Морозовой. – Б: «Ариал-Принт», 2000.-324.
Матиюс М.Р., Перера М.Х.Б. Теория бухгалтерского учета Пер. с англ. Под ред. Я.В.Соколова – М: ЮНИТИ, 1999. 663с.
Нидлз Б. И др. Принципы бухгалтерского учета (пер. с англ. / Под ред. Я. В. Соколова). 2-е изд. – М.: Финансы и статистика. 1997. – 496с.
Хендриксен Э.С., Ван Бреда М.Ф. Теория бухгалтерского учета – М.: Финансы и статистика, 1997
Энтони Р., Рис Дж. Учет: Ситуации и примеры. – М: Финансы и статистика, 1996.
Accounting principles /Jack L. Smith, Robert M. Keith William L. Stephens. – 4th ed. – New York – 1993. 1314p.
Kieso and Weygandt. Intermediate Accounting. John Wiley &Sons,1989. ISBN: 0-471-63098-5
Супоришот барои худсанҷӣ

Корпоратсияи «Осор» соли 2000 ташкил гардид. Ба корпоратсия барои барориши 20000 дона саҳмияҳои оддӣ бо нархи 25в.ш. барои як саҳмия ва 5 000 дона саҳмияҳои имтиёзноки 8%-и ғайрикумулятивӣ иҷозат дода шуд. Дар 1 март ширкат 10 000 саҳмияи оддиро бо нархи 40в.ш. барои як саҳмия ва 4 000 саҳмияи имтиёзнокро бо нархи 100 в.ш. барои як саҳмия фурўхт.
Талаб карда мешавад:

Мукотиботро оиди инъикоси фурўши саҳмияҳо тартиб диҳед.
Дарҳол пас аз барориши саҳмияҳои оддӣ ва имтиёзнок қисмати «Капитали саҳҳомӣ»-и балансро тартиб диҳед.
Ба корпоратсияи «Амир» барои баровардани 20 000 саҳмияи оддӣ аз рўи арзиши номиналӣ- 25в.ш. иҷозат дода шуд. Ҳамагӣ 15 000 саҳмия бароварда шуд. Аз онҳо 12 000 саҳмия фурўхта шуд. 1 июл шўрои директорон, ҳаққусаҳми пулиро дар андозаи 2в.ш. барои ҳар як саҳмия эълон намуд. Ҳаққусаҳм бояд 1 август пардохта шавад. Санаи бақайдгирии саҳҳомон – 20 июл аст. Аз рўи амалиётҳои мазкур мукотиботҳоро тартиб диҳед.

Корпоратсияи «Денилсон» дар соли 2000 ташкил гардид. Дар ҷараёни бунёди корпоратсия хароҷоти зерин ба амал омад:
ҳаққи хизмати адвокат: арзиши бозории хизмати ў- 500в.ш., ба адвокат 80 саҳмияи оддӣ бо арзиши номиналии 5в.ш. барои ҳар як саҳмия ҳамчун пардохти ҳаққи хизмат дода шуд;
пардохти бақайдгирӣ ба давлат – 1 000в.ш.;
бухгалтер розӣ шуд, ки 100 дона саҳмияи арзиши номиналиаш 5в.ш.-ро ба ивази хизмати расондааш, ки 600 в.ш. арзиш дорад, қабул кунад.
Талаб карда мешавад: Мукотиботи заруриро барои инъикоси ин амалиётҳо тайёр кунед. Амортизатсияи хароҷоти ташкилиро барои соли якум бо назардошти он, ки корпоратсия ин хароҷоти ташкилиро дар давоми панҷ сол аз ҳисоб бароварданист, ҳисоб кунед.

Корпоратсияи «Фарас» 1 000 саҳмияи оддии арзиши номиналиашон 25в.ш. –бударо барои пардозти арзиши хариди замин баровард. Арзиши одилонаи бозории замин – 28 000в.ш. аст. Мукотиботи заруриро оиди инъикоси амалиёти мазкур бо назардошти ҳолатҳои зерин тайёр кунед:
дар рўзи бастани шартнома саҳмияҳо бо нархи 30в.ш. барои як саҳмия ба фурўш мерафтанд;
маъмурият кўшиши баҳодеҳии арзиши саҳмияҳоро намуд вале бенатиҷа.

Амалиёти зеринро барои корпоратсияи «Амн» инъикос кунед: Менеҷери корпоратсия опсионро барои хариди 5 000 саҳмияи арзиши номиналиашон – 10 в.ш. буда бо нархи опсионии 15 в.ш. истифода бурд. Арзиши бозории саҳмия дар рўзи бастани аҳднома 15в.ш. ва дар рўзи баамалбарории он 20 в.ш.-ро ташкил дод.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.