Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Баҳисобгирии андоз ва фоида

Мақсади баҳисобгирии молиявӣ ин таҷассуми воқеии вазъи молиявӣ ва натиҷаи фаъолияти ширкат аст. Ба ин мақсад стандартҳо тобеъанд, ва дар асоси онҳо ҳисоботи молиявӣ тартиб дода мешавад. Масъалаҳои андозситонӣ бо қонунгузории андоз танзим ёфта, на ҳамеша бо ғояҳои тартиб ва пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ дар асоси талаботҳои стандартҳо мутобиқанд.Баҳисобгирии андоз ва фоида

Мақсади омўзиш
Таърифи даромади андозситонидашаванда ва баҳисобгирифташаванда
Тавсифи фарқияти доимӣ ва муваққатӣ
Тартиби баҳисобгирии андоз аз зарари фаъолияти иқтисодӣ

Усули ўҳдадорӣ дар баланс
Баҳодиҳӣ

Ошкори маълумот оиди андоз аз фоида
Адабиёти тавсияшаванда
Замима
Масъала барои худсанҷиш

Мақсади омўзиш
Пас аз омўзиши мавзўи мазкур шумо бояд амалҳои зеринро донед ва тавонед:

додани таърифи даромади баҳисобгиришаванда ва андозситонидашаванда;
шарҳи сабабҳои пайдоиши фарқияти муваққатӣ ва доимӣ;
номбарнамоии мисолҳои фарқияти доимӣ;
тавсифи фарқияти муваққатӣ;
шарҳи ҳолатҳои бавуҷудоии фарқиятҳои муваққатӣ;
баҳисобгирии самараи андоз аз фарқияти муваққатї бо усули ўҳдадорӣ ва тамдид (мавқуфгузорӣ, ба таъхир андохта шуда);
баҳисобгирии андози тамдидшуда;
ошкори маълумот оиди андоз аз фоида дар ҳисоботи молиявӣ.
Таърифи андозситонӣ ва баҳисобгирии даромад
Мақсади баҳисобгирии молиявӣ ин таҷассуми воқеии вазъи молиявӣ ва натиҷаи фаъолияти ширкат аст. Ба ин мақсад стандартҳо тобеъанд, ва дар асоси онҳо ҳисоботи молиявӣ тартиб дода мешавад. Масъалаҳои андозситонӣ бо қонунгузории андоз танзим ёфта, на ҳамеша бо ғояҳои тартиб ва пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ дар асоси талаботҳои стандартҳо мутобиқанд. Мувофиқан дар ҳар давлат Кодекси андоз усули баҳисобгирии андоз аз фоидаи субъектҳоро, ки тибқи қонунгузорӣ андозсупоранда ба шумор мераванд, муайян менамояд.
Сарфи назар аз ин, мафҳумҳои «фоидаи баҳисобгирӣ» ва «фоидаи андозситондашаванда»- ро фарқ менамоянд.
Даромади андозситонидашаванда – ин ҷамъи фоида (зарари) давраи ҳисоботӣ, ки тибқи қонунгузории андоз муқаррар карда мешавад, мебошад.
Корхона даромади андозситондашавандаро бо роҳи тарҳнамоии тамоми харољот (вобаста аз фаъолияти тиҷоратӣ) аз ҷамъи даромади умумӣ муайян менамояд. Рўйхати намудҳои даромад ва хароҷотро қонунгузории андоз муайян менамояд.
Даромади баҳисобгирӣ – ин даромади умумӣ ё зарари давраи ҳисоботӣ, аз ҷумла, моддаҳои фавқулоддаи дар ҳисобот оиди фоида ва зарар инъикосёфта то тарҳнамоии андоз ё ҷамъи маблағи потенсиалии ихтисори андози ҳисобкардашудаи бо зарар вобастабуда, аст.
Андоз барои пардохт – ин маблағи андози ҳисобкардашуда аз даромади (фоида) андозситондашаванда ва дар давраи ҳисоботӣ барои пардохт воҷиббуда аст.
Мисоли 1. Ширкат дар давоми фаъолияти худ ба маблағи 25000 в.ш фоида ба даст овард. Дар давоми соли ҳисоботӣ ширкат ҷаримаро ба андозаи 400в.ш. ба буҷа супорид ва зарарро аз фурўши қоғазҳои қимматнок ба андозаи 1600 в.ш. акс намуд. Ин хароҷот мувофиқи кодекси андоз барои тарҳкунӣ воҷиб нест. Пас даромади андозситондашаванда аз даромади ҳисоботӣ ба маблағи ҷамъи ин хароҷот зиёд аст, яъне ба 2000 в.ш (400+1600).
Хароҷот оиди пардохти андоз ё камшавии потенсиалии андози ҳисобгардидаи бо зарар вобаста буда дар давраи ҳисоботӣ -ин маблаѓи андози дар ҳисобот оиди фоида ва зарар инъикосёбанда мебошад.
Маблағи андози пардохтшаванда мутобиқи Кодекси андози давлатҳо муайян мегардад. Дар аксар мавридҳо қоидаҳои муайянкунии даромади (фоида) андозситондашаванда аз сиёсати баҳисобгирии барои муайянкунии фоидаи баҳисобгирӣ истифодашаванда фарқ дорад.
Номувофиқии даромади баҳисобгирӣ ва андозситондашаванда аз мавҷудияти ду намуди фарқият: доимӣ ва муваққатӣ вобастагӣ дорад.

Тавсифи фарқияти доимӣ ва муваққатӣ
Фарқияти доимӣ
Фарқияти байни даромади андозситондашаванда ва ба ҳисобгирӣ дар ҳолатҳое ба миён меояд, ки қисми моддаҳои даромад ба як ҳисоб дохил карда шуда, аз дигар ҳисоб хориҷ мегарданд.
Масалан, баъзе хароҷот ҳангоми муайян кардани фоидаи андозситондашаванда тарҳ карда намешаванд, вале, барои муайян намудани фоидаи баҳисобгирӣ тарҳ мегарданд. Чунин фарқиятҳоро доимӣ меноманд.
Фарқияти доимӣ – ин фарқи байни даромади андозситондашаванда ва баҳисобгирии давраи ҳисоботӣ аст, ки дар давраи ҳисоботии ҷорӣ пайдо шуда, дар давраҳои оянда пардохт намегардад.
Фарқияти доимӣ бо ҳисобкунии андози умумӣ аз фоида, ки онро корхона дар рафти фаъолияти худ мепардозад, вобастагӣ дорад.
Мисоли фарқияти доимӣ:

ёрии моддии ба коргарон додашаванда, ки дар навбати худ ҳамчун моддаи хароҷот аз фаъолияти асосӣ зикр гашта, аз даромади андозситондашаванда тарҳ намегардад;
фоизи ба дастомада аз вомбаргҳои давлатӣ, ҳамчун қисми даромади баҳисобгирӣ баромад карда, тибқи қонунгузории андоз, андоз ситонидашаванда нест;
амортизатсияи гудвилли дар ҳисобот ҳамчун хароҷот аксёфта, вале аз даромади андозситондашаванда тарҳнашаванда аст;
пардохти ҷаримаи ширкат дар ҳисобот ҳамчун хароҷот инъикос ёфта, вале аз даромади андозситондашаванда тарҳ намегардад;
хароҷоти беҳуҷҷати ҳангоми ҳисобкунии фоидаи баҳисобгирӣ ба назар гирифта шаванда, ки аз даромади андозситондашаванда тарҳ карда намешавад;
хароҷоти намояндагии ба ҳисобкунии фоидаи баҳисобгирӣ дохил буда, ки ба тарҳ аз фоидаи андозситгнидашаванда тибқи қонунгузорӣ мансуб нест.
Фарқияти доимӣ танҳо ба маҷмўи андоз таъсир расонида, ҳангоми тақсимоти андоз аз фоида ягон проблемаи амалӣ ва назариявиро ба миён намеорад. Ба ғайр аз ҳисоботи молиявӣ, онҳо берун аз доираи таъсири бухгалтерон берун мебошад. Аз ин рў, минбаъд мо чунин мепиндорем, ки аллакай тасҳеҳи фоидаи баҳисобгирӣ (то андозситонӣ) ба маблағи фарқияти доимӣ иҷро шудааст.

Фарқияти муваққатӣ
Сабаби дигари пайдоиши фарқияти байни фоидаи андозситондашаванда ва баҳисобгирӣ ин ба давраҳои гуногуни ҳисобкунӣ дохил карда шудани он моддаҳое, ки ҳангоми ҳисоби ҳар ду маблағ истифода шудаанд мебошад.
Фарқияти муваққатӣ – ин фарқи байни даромади андозситондашаванда ва баҳисобгирии давраи ҳисоботӣ, ки ҳангоми мувофиқ наомадани давраи ҳисоботии дохилкунии баъзе моддаҳои даромад ва хароҷот ба даромади андозситондашаванда ва даромади баҳисобгирӣ ба миён меоянд, аст.
Масалан, сиёсати баҳисобгирӣ метавонад муқарар созад, баъзе даромадҳо ҳангоми таъмини молу хадамот ва даромади баҳисобгири дохил гардад, вале қоидаи андозситони метавонад талаб ё иҷозат диҳад, ки ҳангоми воситаи пули ба даромад дохил кунад. Мисол, сиёсати баҳисисобгирӣ талаб мекунад, ки даромади муайяне ба ҳисобкунии фоидаи баҳисобгирӣ ҳангоми қабулнамоии пули фурўш дохил карда шавад, вале мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи кодекси андоз, ин гуна даромад бояд ҳангоми пешниҳоди молу хизмат бояд ба ҳисобкунии фоида дохил карда шавад. Маблағи умумии ин даромадҳо, ки ба ҳисобкунии фоидаи баҳисобгирӣ ва андозситондашаванда дохил карда мешаванд, як хела буда, давраҳои ҳисоботии он гуногун мешаванд. Мисоли дигар ин усули амортизатсия аст, ки барои муайян намудани фоидаи андозситондашаванда истифода шуда, аз усули ҳангоми муайяннамоии фоидаи баҳисобгирӣ истифода шавандп, фарқ дорад. Чунин фарқиятро фарқияти муваққатӣ меноманд.
Фарқияти муваққатӣ дар як ё якчанд давраҳои оянда соқит мегардад.
Шароити пайдоиши фарқияти муваққатӣ

Усулҳои истифодашаванда бо мақсади тартиби ҳисоботи молиявӣ

Усулҳои истифодашаванда бо мақсади андозситонӣ

Эътирофи хароҷот

Мувофиқи усули ҳисобкунӣ ва тамдидӣ (хароҷоти оянда, захираҳои пардохти оянда)

Мувофиқи усули хазинавӣ (дар асоси ҳуҷҷатҳо дар лаҳзаи баамалбарории хароҷот).

Ҳисобҳо барои қабул

Иститифодаи тахфиф ва захираи қарзҳои шубҳанок

Азҳисоб барории мустақими қарзҳои шубҳаноки эътирофшуда пас аз ду сол.

Қоғазҳои қимматнок

Эътирофи зарар дар лаҳзаи бавуҷудоӣ

Пўшонидани қарзҳо дар давоми панҷ сол аз ҳисоби баландшавии арзиш аз фурўши қоғазҳои қимматноки дигар.

Воситаҳои асосӣ

Бемаҳдудиятии хароҷоти таъмир. Аз ҳисоб баровардан дар лаҳзаи барҳамдиҳӣ.

Хароҷоти таъмир дар ҳудуди 5% аз арз.иши балансии гурўҳ дар охири сол эътироф мегардад. Арзиши гурўҳи камтар аз 50 даромади минималии андозситондашаванда буда – барои тарҳнамоӣ.

Амортизатсия

Усули муайяннамудаи сиёсати баҳисобгирии корхона

Меъёри амортизатсияи дар кодекси андоз муайян гардида.

Захираи мол

Масалан, истифодаи баҳодиҳии захираҳои молӣ бо арзиши миёна

Масалан, истифодаи усули FIFO барои баҳодиҳии захираҳои молӣ.

Пайдоиш ва соқити фарқияти муваққатӣ метавонад дар давоми якчанд давраи ҳисоботӣ рух диҳад. Барои истифодабарандаи ҳисоботи молиявӣ маълумот доир ба намуд ва маблаѓи фарқияти муваққатї муфид аст. Усули инъикоси фарқияти муваққатӣ метавонад таѓйир ёбад. Маълумотҳо баъзан ба шарҳияи ҳисоботи молиявї дохил карда шуда, баъзан бо роҳи истифодаи усулҳои баҳисобгирии самараи андозии фарқияти муваққатї инъикос мегарданд.
Мисоли 2. Даромади бухгалтерии ширкат то ситонидани андоз 200 000 в.ш.- ро ташкил медод. Меъёри андоз аз фоида ба 30% баробар аст. Мутобиқан хароҷоти андоз аз фоидаи бо мақсади баҳисобгирии молиявӣ ҳисобшуда ба 60 000 в.ш. баробар аст. Фарз кардем, ки ба таркиби даромад аз фурўш маблағҳои ба фоидаи андозситондашаванда дохилнашаванда мавҷуданд. Ин имконпазир аст, агар ширкат ба мақсади ҳисоботи молиявӣ усули ҳисобкунӣ ва барои ҳисоби андоз усули хазинавиро истифода барад.
Фарз кардем, ки фоидаи андозситондашаванда тибқи конунгузорӣ ба 40 000 в.ш. баробар буда қарздории ҷории андоз барои пордохт 12 000 в.ш.-ро ташкил медиҳад.
Хароҷоти андоз аз фоида 30% х 200 000 =60 000 в.ш.
Андоз барои пардохт 30% х 40000=12000 в.ш.
Фарқи байни ду маблағ ин тамдиди пардохти андоз ба маблағи 48 000 в.ш. аст. Ин маънои онро дорад, ки ширкат дар ин лаҳза андозро аз фоида ба маблағи 12 000 в.ш. ва дар оянда 48 000 в.ш. месупорад.
Фарқияти муваққатғ дар ҳолатҳои зерин ба миён меояд:
а) фарқи вақти гузаронидани маблағ ба дебит ва кредити ҳисоби фоида.
Мисоли 3. Дар соли 2000 зарар аз фурўши қоғазҳои қимм атнок 10 000 в.ш. ва дар соли 2001 фоида аз фуруши дигар қоғазҳои қимматнок 20 000 в.ш. – ро ташкил дод.

Дар ҳисобгири бухгалтерӣ

Дар ҳисобгирии андоз

Фарқияти муваққат

2000

(10)

10

2001

20

10

(10)

Ҳамагї

10

10

б) Фарқиятҳое, ки ҳангоми истифодаи усулҳои гуногуни баҳодеҳӣ дар баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисобгирии андозӣ пайдо мегарданд.
Фарқияти муваққатӣ аз ҳисоби вақти гузаронидан ба фоида
Вақте, ки воқеоти ҳаёти хоҷагӣ ба андозаи фоидаи андозситондашавандаи як давраи ҳисоботӣ ва фоидаи баҳисобгирии дигар давраи ҳисоботӣ инъикос меёбанд, зарурати тақсими андоз аз фоида байни давраҳои ҳисоботӣ пайдо мешавад. Фарқияти муваққатии ба ин монанд дар ҳолатҳои зерин ба вуҷуд меояд:

ҳангоме, ки маблағи муайян аз фоидаи андозситондашаванда кам карда шуда ба хароҷоти давраҳои оянда дар давраи ҷории ҳисоботӣ дохил карда мешавад. Масалан, истифодаи усули амортизатсияи таъҷилии воситаҳои асосӣ бо мақсади ҳисоботи молиявӣ ва усули амортизатсияи мунтазам барои андозситонӣ;
ҳангоме, ки даромад ба ҳисоботи давраи ҷорӣ дохил карда шуда, бо мақсади андозбандӣ дар оянда ба қайд гирифта мешавад. Масалан, фоидаи ҳисоботӣ аз фурўш бо усули тибқи СБҲМ муқарраршуда, яъне, бо мурури фиристодани мол, эътироф карда мешавад, вале фоидаи андозситондашаванда бо усули хазинавӣ мувофиқи Кодекси андоз, яъне, бо мурури пардохти он, эътироф мегардад;
агар фоида ба ҳисоби андоз дохил карда шуда, дар баланс ҳамчун даромади давраҳои оянда инъикос ёбад. Масалан, пешпардохт барои иҷора дар баланс ба даромади давраи оянда мансуб буда, бастани андоз дар мўҳлати ҷорӣ бо усули хазинавӣ амалӣ мегардад;
агар дар ҳисобот оиди фоида ва зарар маблағ ҳамчун хароҷоти ҷории давраи ҳисоботӣ инъикос ёбад, аммо маблағи фоидаи андозситондашавандаи давраи ояндаро кам намояд. Масалан, ҳисобкунии хароҷот барои таъмири кафолатӣ танҳо дар лаҳзаи воқеъ гардидани таъмир аз ҳисоби андоз аз фоида тарҳ карда мешавад.
Фарқияти баҳодиҳии муваққатӣ
Гоҳе ҳолатҳое дучор меоянд, ки фарқият бо сабаби истифодаи усулҳои мухталифи баҳодиҳӣ дар баҳисобгирии молиявӣ ва андозӣ ба вуҷуд омадааст. Азҷумла:
1. Пастнамоии базаи андозситонии моликияти амортизатсияшаванда дар натиҷаи қарзи андозӣ. Асоси пайдоиши фарқият дар ин ҳолат номутаносибии интихоби андозсупоранда аст: истифодаи низоми имконпазири амортизатсияи таъҷилӣ бе қарзи андозиро ба кор бурдан, ё ки инро истифода намуда, аз амортизатсияи таъҷилӣ даст кашидан;
2. Фаъолияти хориҷӣ, ки асъори ҳисоботи он ҳамчун асъори функсионалӣ баромад мекунад. Дар натиҷаи тағирёбии қурби асъори хориҷӣ баҳодиҳии мувофиқи активҳо ва қарздории кредиторӣ, ки ҳамчун асос барои андозбандӣ ҳисоб карда мешавад, аз баҳодиҳии онҳо бо асъори миллӣ метавонанд, фарқ кунанд.
3. Афзоиши баҳодиҳии активҳо чун асоси андозбандӣ дар натиҷаи индексатсияи амвол, ки боиси инфлятсия (таворрум) аст. Баъзан мақомоти андозҳисобкунии базаи андозбандиро дар асоси индексатсияи арзиши ибтидоии баъзе намудҳои амвол талаб кунанд. Дар ин маврид, баҳодиҳии балансии активҳо тағйир намеёбад.
4. Муттаҳидшавии корхона дар шакли харид. Аксар вақт фарқияти баҳодиҳии активҳо, ки дар натиҷаи муттаҳидшавии корхонаҳо ба миён меояд, аз баҳодиҳии ҳамон активҳо, ки барои ҳисоби андоз аз амвол истифода мешавад, ба вуҷуд меояд.

Баҳисобгирии самараи андоз аз фарқияти муваққатӣ
Мувофиқи СБҲМ андоз аз фоида ҳамчун харољоти корхона дар рафти гирифтани даромад ба шумор рафта, дар давраи пайдоиши даромаду хароҷоти мувофиқ ҳисоб карда мешавад. Самараи андози фарқияти муваққатии бавуҷудомада дар ҳисобот оиди фоида ва зарар ба хароҷоти пардохти андоз дохил карда шуда, дар моддаи «Андози мавқуфгузошташуда» -и баланс инъикос меёбад. Ширкатҳо мувофиқи сиёсати баҳисобгирии қабулшуда, андоз аз фоидаро бо усулҳои зерин метавонанд, инъикос намоянд.
А) усули андоз барои пардохт, ки бурдани баҳисобгирии андоз аз фоидаро мувофиқи қонунгузории амалкунандаи андоз пешбинӣ намуда, инъикоси фарқиятҳои муваққатӣ талаб карда намешавад;
Б) усули тамдидӣ (мавқуфгузорӣ), ки мувофиқи он самараи андози фарқияти муваққатӣ ба тамдид воҷиб буда, дар ҳисоботи давраҳои оянда тақсим карда мешавад;
В) усули ўҳдадорӣ, ки мувофиқи он самараи андози фарқияти муваққатии дар давраи ҳисоботӣ пайдошуда, дар баланс ҳамчун ўҳдадорӣ ё актив инъикос мегардад.
Андоз аз фоидаро мебояд дар ҳисоботи молиявӣ бо тариқи зайл инъикос намуд:

андоз аз фоида, ки ба лаҳзаи кунунӣ барои пардохт воҷиб аст, ҳамчун ўҳдадорӣ тасниф карда мешавад;
андози тамдидӣ, ки онро мебояд пардохт дар оянда пардохт намуд ва ё дар оянда имконияти имтиёзро дорад, ба сармояи саҳҳомӣ дохил набуда, дар баланс аз рўи моддаҳои актив ё ўҳдадорӣ инъикос меёбад.
Маблаѓи андоз аз фоидаро мебояд бо усули тамдид ё бо усули ўҳдадорӣ муайян карда, дар ҳисобот оиди фоида ва зарар якљоя бо чунин қисмҳои таркибї дохил намуд:

фарқияти муваққатӣ;
фарқияти доимӣ.
Усули тамдидӣ
Тибқи усули тамдидӣ самараи андози фарқияти муваққатии љорї ба тамдид вољиб аст ё ба ҳисоботи давраи оянда, ки тўли онҳо фарқиятҳои муваққатї пурра соқит мегарданд, тақсим карда мешавад.
Мувофиқи усули тамдидӣ ба хароҷоти пардохти андоз барои давраи ҳисоботӣ:

андози ҳисобгардида барои пардохт;
самараи андози фарқияти муваққатии ба дигар давраҳо мавқуфгузошташуда ё аз давраҳои пеш гузашта, дохил карда мешавад.
Самараи андози фарқияти муваққатии дар давраи ҷорӣ пайдогашта, бо ёрии истифодаи меъёри андоз аз фоида муайян мегардад. Самараи андози фарқияти алоҳидаи муваққатии давраи пешина, ки дар ҳисоботи давраи ҷорӣ соқит мегардад, бо истифодаи меъёри андози аввал муқарар гашта муайян мегардад. Бо мақсади содда намудани усули мазкур фарқияти муваққатии монанд гурўҳбандӣ карда мешавад.
Мисоли 4. Ширкат дар соли 2001 даромадро ба андозаи 100 000 в.ш. ба даст овард. Барои муайян кардани даромади андозбандишаванда, фарқияти муваққатии натиљаи гуногунии ҳисоби амортизатсия ба андозаи 10 000 в.ш. ва зарар аз фурўши қоѓазҳои қимматноки подошнашуда ба андозаи 30000 в.ш ҳисоб гардид. Дар ҳисобгирии бухгалтерӣ ҳангоми истифодаи усули тамдид харољоти андоз аз фоида 30000 в.ш.-ро ташкил намуд (меъёри андоз –30%). Ҳисобкуниҳо барои муқараркунӣ:

андоз аз фоида барои пардохт (100000+300000-10000)*30%=36000 в.ш.
самараи андози фарқияти муваққатӣ (30000-10000)*30%=+6000в.ш.
Навишт дар баҳисобгирии бухгалтерӣ:
Хароҷоти андоз аз фоида…………………….30000
Андози тамдидӣ аз фоида…………………….6000
Андоз аз фоида барои пардохт………………36000
Усули ўҳдадорӣ
Мутобиқи усули ўҳдадорӣ, самараи андозии интизории фарқияти муваққатии ҷорӣ дар баланс ё чун ўҳдадорӣ дар моддаи «Андозҳои тамдидӣ» ва ё чун актив дар моддаи «Харооти тамдидӣ – андоз», ки дар худ пардохти пеш аз мўҳлати андози ояндаро таҷассум мекунад, муайян ва инъикос карда мешавад. Бақияи андози тамдидӣ мувофиқи тағирёбии меъёри андоз аз даромад тасҳеҳ карда мешавад.
Мувофиқи усули ўҳдадорӣ ба харољотҳои пардохти андоз дар давраи ҳисоботӣ дохил мегардад:
а) андоз барои пардохти ҳисобкардашуда;
б) маблағи андози пардохташаванда ё пешпардохт ҳисобшаванда мувофиқи фарқияти муваққатии дар давраи ҷорӣ пайдошуда ё соқитшаванда;
в) тасҳеҳи моддаи «Андози тамдидӣ» дар баланс, ки барои инъикоси тағйироти меъёри андоз аз фоида зарур аст.
Мисоли 5. Ширкат дар соли 2001 даромадро ба андозаи 200 000 в.ш. гирифт. Барои муайян кардани даромади андозбандишаванда фарқияти муваққатии натиљаи фарқияти ҳисобкунии амортизатсия ба андозаи10 000в.ш. ва зарари пўшониданашуда аз фурўши қоѓазҳои қимматнок ба андозаи 30 000в.ш. ба ҳисоб гирифта шуд. Дар соли 2001 меъёри андоз 30% буд, вале дар ҳаминин сол меъёри андоз барои давраи ҳисоботии оянда 35% муқаррар гардид.
Ҳисобкуниҳо барои муқарраркунӣ:

Андоз аз фоида барои пардохт (200 000+30 000-10 000)*30%=66 000 в.ш.
самараи андоз аз фарқияти муваққатї (30 000-10 000)*35%=7 000в.ш.
ислоҳи андози тамдидї (10 000*30%)-(10 000*35%)=(500)в.ш.
Навишт дар баҳисобгирии бухгалтерї:
аз рўи ҳисобкунии пардохти андоз:
Хароҷоти андоз аз фоида……………………..59 000
Андози тамдидӣ аз фоида………………………7 000
Андоз аз фоида барои пардохт…………………66 000
Аз рўи ислоҳи андози тамдидї дар ибтидои давраи ҳисоботї:
Хароҷоти андоз аз фоида…………………………500
Андози тамдидӣ аз фоида………………………….500
Усули андоз барои пардохт
Хароҷоти пардохти андоз аз фоида – ин хароҷот аз фоидаи ширкат, ки аз фаъолияти ҷорӣ ба даст омада аст. Ҷамъи ин хароҷот метавонад баробар ва метавонад ба ҷамъи андози пардохташудаи аслии ширкат нобаробар бошад. Ин маблағ дар асоси Кодекси андоз муайян мегардад. Барои бисёр ширкатҳои хурд бурдани навиштҳои бухгалтерӣ дар асоси қонунгузории андоз мусоид мебошад. Ҳамин тариқ, хароҷот барои пардохти андоз дар ҳисобот оиди фоида ва зарар оварда шуда, ба маблағи ба буҷа пардохташаванда баробар аст. Ҳангоми набудани фарқияти моддӣ байни фоидаи мувофиқи СБҲМ ҳисобгардида ва бо усули қонунгузории андоз муайянкарда ҳисобшуда, чунин амалия, қобили қабул аст.
Тартиби баҳисобгирии андоз дар вақти гирифтани зарар аз фаъолияти иқтисодӣ
Қонунгузории андоз мавқуфгузории зарари фаъолияти соҳибкориро ба муддати муайяне барои пўшонидани он аз ҳисоби даромади андозбандишавандаи давраҳои оянда иљозат медиҳад. Дар ин маврид зарар камшавии потенсиалии маблаѓи андози ҳисобкардашударо (сарфаи андоз аз фоида) таъмин менамояд.
Камшавии потенсиалии маблаѓи андози ҳисобкардашудаи бо зарар алоқаманд ба ҳисобкунии фоидаи давраи ҳисоботї дар ҳолатҳои зерин дохил карда мешавад:

мављудияти боварии комил нисбати он, ки фоидаи андозситондашавандаи оянда барои пўшонидани ин зарар кифоя аст;
мављудияти бақияи кредитии ҳисоби «Андози тамдидї аз фоида».
Дар ҳолате, ки талафоти андоз бо камшавии андози давраи оянда ба ҳисоб гирифта мешаванд, имтиёзҳои андозї дар давраи љории ҳисоботї муқаррар карда шуда, вале танҳо дар давраҳои оянда истифода мешаванд. Дар шароитҳои дигари баробар ширкате, ки имтиёзи андозии мавқуфгузоштаро дорад, нисбати ширкати чунин имтиёзро надошта, мавқеи бурднокро дорост.
Варианти дигари шарҳи ин модда ҳамчун актив, мавқуфгузории эътирофи имтиёз то он лаҳзае, ки ширкат фоидаро барои истифодаи имтиёзи андоз ба даст меорад, мебошад. Агар подош ҳамчун камкунии андози пардохташаванда инъикос ёбад, дар ин ҳолат имтиёз ба давраи истифодаи он дохил мегардад, вале ҳамчун тасҳеҳи маълумотҳои он даврае, ки ин имтиёз ба миён омадааст, инъикос мегардад. Чунин тартиб бо тасаввуре оиди он, ки манбаъи подош ихтисори пардохтҳои андозист, на балки фоидаи ояндаи ин гуна подошро имкондиҳанда, мувофиқ аст.
Имтиёзи андоз дар ҳисобот дар ҳолате инъикос мегардад, ки вай ба ҳисоботҳои давраи оянда гузаронида шавад. Маблағи подоши андозие, ки аз гузаронидани тахфифи андоз ба давраҳои оянда пайдо мешавад, бояд дар ҳисобот оиди натиҷаҳои молиявй дар соли истифодаи он тахфиф, на дар соли пайдоиши он, инъикос гардад.

Усули ўҳдадорӣ дар баланс
Усули ўҳдадорӣ, ки онро гоҳо усули ўҳдадорӣ дар баланс низ меноманд, таваҷҷўҳро ба фарқияти муваққатӣ ҷалб менамояд.
Фарқияти муваққатӣ – ин фарқияти базаи андозии актив ё ўҳдадорӣ ва арзиши балансии ўст.
Базаи андозии актив – ин бузургии арзиши ин актив ё ўҳдадорӣ бо мақсади андозбандист.
Мувофиқи СБҲМ 12 «Андоз аз фоида» фарқияти муваққатӣ метавонад:

андозбандишаванда бошад, яъне ба пайдоиши маблағҳои андозбандишаванда ҳангоми муайянкунии фоида (зарар)_-и андозбандишавандаи давраҳои оянда, вақте ки арзиши балансии актив ё ўҳдадорӣ подош ва ё пардохт мешаванд, бурда расонад;
тарҳшаванда бошад, яъне фарқияте, ки натиҷааш тарҳкуниҳо ҳангоми муайянкунии фоида(зарар)-и андозбандишавандаи давраҳои ояндааст, вақте, ки арзиши балансии актив ё ўҳдадории мувофиқ подош ё пардохт кунонида мешаванд.
Базаи андозии актив – ин бузургиест, ки бо мақсади андозбандї аз ҳама гуна манфиати иқтисодии андозситондашаванда, ки ширкат пас аз подоши арзиши балансии актив мегирад, тарҳ карда мешавад. Агар ин манфиатҳои иқтисодї андозбандї нашаванд, онгоҳ базаи андозии актив ба арзиши балансии он баробар мегардад.
Мисоли 6. а) Даромади фоизии гирифташаванда дар баланс баробари 1 000 в.ш аст. Ин даромад бо усули хазинавї андозбандї мегардад. Яъне манфиати иқтисодии андозбандишаванда ба 1 000 в.ш баробар буда, маблаѓи балансии актив аз манфиати иқтисодї тарҳ нашуда, базаи андозии актив ба 0 баробар мешавад.
б) Таҷҳизот 10 000 в.ш арзиш дорад. Бо мақсади андозбандї амортизатсия аллакай ба маблағи 3 000 в.ш дар давраи ҷорӣ ва гузашта нигоҳ дашта шудааст, арзиши боқимонда дар давраи оянда ё ба шакли ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионї, ё ҳангоми хориљшавии таљҳизот тарҳ карда мешавад. Пули фурўш аз натиљаи истифодабарии таљҳизот ва ҳама гуна даромад аз фурўши таљҳизот андозбандї карда шуда, ҳама гуна зарар аз фурўш бо мақсади андозбандї тарҳ мешавад. Базаи андозии таљҳизот ба 7 000 в.ш баробар аст.
в) Қарздории дебеторї аз рўи амалиётҳои тиљоратї дар баланс 4 000 в.ш – ро ташкил медиҳад. Даромади мувофиқ аллакай ба фоидаи андозбандишаванда (зарари андозї) дохил гаштааст.Базаи андозии қарздории дебиторї ба 4 000 в. ш баробар аст. Арзиши балансии қарзҳо барои қабул ба 4 000 в.ш. баробар аст. Подоши қарз ягон оқибати андозиро надорад. Базаи андозии қарз ба 4 000 в. ш баробар аст.
Базаи андозии ўҳдадорї ба арзиши балансии он тарҳи ҳама гуна маблаѓи бо мақсади андозбандї нисбати ин ўҳдадорї дар давраҳои оянда тарҳшаванда, баробар аст. Дар ҳолати пешпардохти гирифташуда, базаи андозии ўҳдадории пайдошуда ба арзишии балансии он тарҳи ҳама гуна маблаѓи даромади дар давраҳои оянда андозбандинашаванда, баробар аст.
Мисоли 7. Ба ўҳдадории кўтоҳмуддат харољоти ҳисобкардашуда ба арзиши балансии 100в.ш. дохил аст. Харољоти мазкур бо мақсади андозбандї бо усули хазинавї ҳисоб карда мешавад. Базаи андози харољоти ҳисобшуда бо 0 баробар аст. Ба ўҳдадории кутоҳмуддат даромад аз фоизи пешпардохтшуда ки арзиши балансии он ба 100 в.ш. баробар аст, дохил мешавад. Даромад аз фоиз бо усули хазинавї андозбандї карда мешавад. Базаи андози фоизи бо таври пешпардохт гирифташуда ба 0 баробар аст.
Ўҳдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда – ин маблаѓи андоз аз фоида, ки дар давраи оянда барои пардохт нисбати фарқияти муваққатии андозбандишаванда вољиб аст, мебошад. Он бояд барои тамоми фарқиятҳо ба эътибор гирифта шавад, ба ѓайр аз:

гудвилл (обрўи кории мусбї), ки бо максади андозбандї амортизатсияи он тарх карда намешавад;
эътирофи ибтидоии актив ва ўҳдадорї, ки вобаста ба созишнома оиди:
мутахидшавии корхона нест, ва
дар лахзаи баамалої ба фоидаи баҳисобгирї ё андозбандишаванда таъсир намерасонад.
Талаботи андозии мавқуфгузошташуда – ин маблаѓи андоз аз фоида, ки дар давраҳои минбаъда нисбати:
(а) фарқияти муваққатии тарҳшаванда;
(б) зарари андозии кабулнагардидаи ба давраи дигар гузаронидашуда;
(в) қарзҳои андозии истифоданагардидаи ба давраи дигар гузаронидашуда, подош мегардад, мебошад.
Он бояд барои ҳамаи фарқияти муваққатї дар андозае, ки имконияти гирифтани фоидаи андозбандишаванда ва насбати он фарқияти муваққатї истифодашаванда мављуд ҳаст, эътироф мегардад, ба ѓайр ҳолатҳои зерин:
(а) бэдвилл (обрўи кории манфї), ки амортизатсияи он ҳамчун андози мавқуфгузошташуда ба ҳисоб гирифта мешавад;
(б) эътирофи ибтидоии актив ва ўҳдадории вобаста ба созишномае, ки:

мутахидшавии корхона нест, ва
дар лахзаи баамалої ба фоидаи баҳисобгирї ё андозбандишаванда таъсир намерасонад.
Дар ҳисоботи молиявии љамъбастї фарқияти муваққатї бо роҳи муқоисаи арзиши балансии актив ва ўҳдадорї бо базаии андозии мувофиқ муайян мегардад. Базаи андоз нисбати изҳороти (декларатсияи) љамъбастии андоз дар доираҳои муайяни ҳуқуқї муайян карда мешавад.
Барқарорсозии фарқияти муваққатии тарҳшаванда бо роҳи кам кардани фоидаи андозситонидашаванда дар давраҳои оянда инъикос мегардад.

Баҳодиҳӣ
Ўҳдадориҳои (талаботҳои) андозї бояд ба маблаѓи барои пардохт ба идораҳои андоз пешбинишуда бо истифодаи меъёри андозии дар рўзи хисоботї амалкунанда баҳо дода шавад.
Талаботҳои (ўҳдадориҳои) мавқуфгузошташудаи андозї бояд бо истифодаи он меъёри андозие, ки дар давраи қонеъшавии талабот ва пардохтшавии ўҳдадориҳо истифода мегардад, баҳо дода шавад.
Талаботҳо ва ўҳдадориҳои мавқуфгузошташудаи андозї набояд дисконтиронида шаванд.
Арзиши балансии талаботҳо ва ўҳдадориҳои мавқуфгузошташудаи андозї метавонад ҳатто дар холати бетаѓйир мондани бузургии фарқияти муваққатї таѓйир ёбад. Ин дар натиљаи таѓйирёбии меъёри андоз, азнавбаҳодиҳии баркароршавии активи андозии мавқуфгузошташуда ё таѓйирёбии усули пешбинишудаи подоши актив, метавонад рўй диҳад.
Мисоли 8. Арзиши балансии актив 100 в.ш. ва базаи андозии он баробари 60 в.ш. аст. Дар ҳолати фурўши актив меъёри андозии 20% истифода гардида, нисбати дигар даромадҳо меъёри андозии 30% истифода мешуд.
Дар ҳолати фурўши актив бе истифидобарии минбаъдаи он, ширкат ба маблаѓи 8 в.ш. (40в.ш. бо меъёри 20%) ўҳдадории андозии мавқуфгузоштаро эътироф менамояд. Дар ҳолати нигоҳдории актив бо подошнамоии арзиши балансии он бо роҳи истифодабарї, ширкат ба маблаѓи 12в.ш.(40в.ш. бо меъёри 30%) ўҳдадории мавқуфгузоштаи андозиро эътироф менамояд.

Ошкори маълумот оиди андоз аз фоида
Моддаҳои умумии зерин бояд дар ҳисоботи молиявї алоҳида ошкор гарданд:
а) камшавии потенсиалии маблаѓи андози ҳисобкардашуда, ки ба давраи ҳисоботии дидани зарар дохил карда мешавад;

камшавии потенсиалии маблаѓи андози ҳисобкардашуда, ки ба ҳисобкунии фоидаи софи давраи ҳисоботї ҳамчун натиљаи баназаргирии зарар дохил карда мешавад;
в) маблаѓи пўшонидани минбаъдаи зарар, ки барои он самараи мувофиқи андозї ба ҳисобкунии фоидаи софи давраҳои гуногун дохил нагардидааст.
Моддаҳои зерин оиди сарфаи андоз бояд ошкор карда шаванд:
а) харољоти пардохти андоз, ки ба фоида аз фаъолияти маъмулї мансуб мебошад;
б) харољоти пардохти андоз, ки ба моддаҳои фавқулодда, хатоихои муҳим ва таѓйирёбии сиёсати баҳисобгирї дохиланд;
в) шарҳи таносуби байни харољоти пардохти андоз ва даромади баҳисобгирї, агар он бо меъёри андозии дар давлати фаъолиятдоштаи корхона амалкунандатавзеҳ нагардад.

Адабиёти тавсияшаванда

Международные стандарты финансовой отчетности. Алматы, 2001.
Финансовый учет. Часть1и 2. Учебное пособие. Алматы 1999.
Финансовый учет. Учебное пособие. – Бишкек. ОБА. 2001. – 318с.
Кыргызские стандарты бухгалтерского учета. Комментарии./ Под ред. Е. Морозовой. – Б: «Ариал-Принт», 2000.-324с.
Мюллер Герхард Г. и др. Учет: международная перспектива – 2–е изд. перераб. – М: Финансы и статистика, 1996. –136с.
Матиюс М.Р., Перера М.Х.Б. Теория бухгалтерского учета Пер. с англ. Под ред. Я.В.Соколова – М: ЮНИТИ, 1999 – 663с.
Нидлз Б. и др. Принципы бухгалтерского учета (Пер. с англ. / Под ред. Я. В. Соколова). 2-е изд. – М: Финансы и статистика. 1997. – 496с.
Хендриксен Э.С., Ван Бреда М.Ф. Теория бухгалтерского учета – М: Финансы и статистика, 1997
Замима

Роҳнамо ба шакли таҳқиқи андоз
Тамоми ҳисобкуниҳо барои муайянкунии фоидаи андозбандишаванда мутобиқи талаботҳои Кодекси андози Љумҳурии Тољикистон амалї мегардад.
Хариди воситаҳои асосї (моддаи 167). Ба арзиши активҳо харољоти хариди онҳо, истеҳсол, сохтмон, васеькунї ва насб, инчунин дигар харољоте, ки арзиши онҳоро зиёд мекунад, ба ѓайр аз харољоте, ки нисбати онҳо андозсупоранда ҳуқуқи нигоҳдории маблаѓро дорад, дохил карда мешавад.
Дар сурати фурўш ё додани қисми активҳо, арзиши актив дар лаҳзаи фурўш ё пешниҳод байни қисматҳои боқимонда ва фурўхташуда (пешниҳодшуда) тақсим карда мешавад.
Амортизатсия. Тибқи СБҲМ арзиши активҳо бояд ба таври мунтазам дар давоми мўҳлати фоидаоварии онҳо аз ҳисоб бароварда шавад. Усулҳои амортизатсия ва меъёрҳои Кодекси андоз метавонанд бо усули амортизатсия ва меъёрҳои бо мақсади молиявї истифодашаванда номувофиқ бошанд. Фарқи байни ин ду усул барои тасҳеҳи фоидаи баҳисобгирї истифода мешавад (ниг. моддаи 138 К А).
Таъмир. Мувофики СБҲМ харољоти таъмир ва нигоҳубини љорї, ки барои активро ба ҳолати корї овардан ба амал бароварда шуда, фоидаи иқтисодиашон аз фоидаи иқтисодии интизории аввалиндараља зиёд нест, ба харољоти давра дохил мегардад. Мувофики Кодекси андоз маҳдудияте мављуд ҳаст, ки тибқи он маблаѓи харољот барои таъмир на зиёда аз 5%-и арзиши балансии гурўҳи воситахои асосї дар охири соли пешина бошад. Маблаѓи аз маҳдудият зиёд буда, ҳамчун арзиши воситаҳои асосї, ки ба арзиши синф (категория) дар давоми соли андозї илова шудааст, дида шуда, арзиши балансии гурўҳро зиёд мегардонад. Бояд фоидаи баҳисобгириро ба маблаѓи харољоти аз маҳдудият зиёдбуда тасҳеҳ намуда, онро ҳангоми ҳисобкунии амортизатсия андозї ба назар гирифт (ниг. моддаи 139 К А).
Пардохтҳои хайриявї. Кодекси андоз тарҳкуниҳоро барои пардохтҳои хайриявї (моддаи 11-2;3) ба андозаи пардохти ҳақиқї, вале на зиёда аз 2%-и фоидаи андозбандишаванда (ба ѓайр аз баҳисобгирии маблаѓи тарҳшавандаи моддаи зикргашта) иљозат медиҳад. Ҳангоми пардохт ба шакли моликият ба сифати маблаѓи ҳақиқии пардохтгардида камтарин аз ду андоза: арзиши бозории моликият ва арзиши аслии он қабул карда мешавад.
Тарҳкунии харољот оиди пардохти фоиз.Мувофиқи Кодекси андоз андозаи тарҳкунї вобаста аз маблаѓи қарзе, ки мебояд дар давоми соли андозии љорї пардохт намуд, вале на зиёда аз 125 фоизи меъёри қарзии музоядаи байнибонкии қарзии Банки миллии Точикистон бошад.
Дар мавриди корхонае, ки зиёда аз 20% сармояи оинномавиаш бевосита ё бовосита ба ѓайрирезидентҳо ё шахсони ҳуқуқии аз андози фоида аз рўи ҳар як қарзи дар доираи давраи андозсупорї истифодашуда озод кардашуда тааллуқ дорад, фоизи пардохтшуда тарҳ карда мешавад, аммо дар айни ҳол маблаѓи максималии фоизҳое, ки тарҳ карда мешаванд, бо маблаѓҳои зерин маҳдуд карда мешавад: а) ҳамагуна даромади фоизии чунин корхона, љамъи
б) 50 фоизи даромади умумии ин корхона (ба ѓайр аз даромади фоизї), ки ба маблаѓхои нигоҳдошташавандаи ичозатдодашуда кам карда шудааст ва ин амал тибқи ҳамин боб роҳ дода мешавад, ба ѓайр аз маблаѓҳои нигоҳдодашаванда нисбати фоизҳо.
Қарзҳои шубҳанок. Кодекси андоз ичозатро барои тарҳкунии қарзҳои шубҳанок дар лаҳзаи тарҳкунї аз китоби бухгалтерї медихад, агар даромади бо он алоқаманд қаблан ба даромади умумии фаъолияти соҳибкорї дохил шуда бошад. (моддаи 135). Ҳангоми истифодабарии усули хазинавї корхона қарзҳои шубҳаноки худро бо ба итмом расидани давраи даъвої баъди 4 сол тарҳ мекунад.
Харољоти тадқиқоти илмї, лоиҳакашї ва корҳои таљрибавию конструкторї. Мувофиқи Кодекси андоз харољоти тадқиқоти илмї, корҳои лоиҳакашї ва тачрибавию конструкторї ба ѓайр аз харољот барои харидани воситаҳои асосї, шинонидани онҳо ва дигар харољоти дорои хусусияти капиталї аз маљмўаи даромадҳо тарҳ карда мешаванд (моддаи 137).
Харољоти пардохти суѓурта. Аз пардохтҳои суѓуртавї, ки суѓуртакунандагон аз рўи шартнома ба амал мебароранд, бояд ба ѓайр аз пардохтҳои суѓурта аз рўи шартномаи дорои хусусияти захиракунї ва баргардонї маблаѓ нигоҳ дошта мешавад (моддаи 140).
Харољоти љустуљўи захираҳои табиї. Тибқи Кодекси андоз, харољоти корҳои геологию љустуљўї ва корҳо оиди тайёрї ба коркарди захираҳои табиї бояд аз даромади умумї аз рўи меъёри амортизатсияи воситаҳои асосї гурўҳи 2 тарҳ карда шуда, гурўҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд. Ба фоидаи баҳисобгирї мебояд маблаѓи ихрољро, ки ҳамчун харољоти ихрољи захираҳои табиї дар баҳисобгирии бухгалтерї эътироф мегардад, илова намуд.
Харољоти активҳои ѓайримоддї. Активҳои ѓайримоддї дар ҳисобгирї аз рўи арзиши аслї инъикос гардида, дар давоми мўҳлати мављудияти муфид, аммо на зиёда аз 20 сол амортизатсия мешаванд. Бо мақсади андозситонї активҳои ѓайримоддї бояд аз рўи меъёри гурўҳи 5 воситаҳои асосї (ниг. моддаи 142) капитализатсия ва амортизатсия кунонида шаванд. Мебояд фоидаи баҳисобгириро ба маблаѓи фарқияти байни онҳо тасҳеҳ намуд.
Љарима ва фоизи ба бучет пардохташаванда. СБҲМ тарҳи харољоти бо пардохти љарима ва фоиз алоқамандро имкон медиҳанд. Аз рўи Кодекси андоз љарима ва фоизи ба буљети Љумҳурии Тољикистон ва буљетҳои дигар давлатҳо пардохташаванда аз даромади солона тарҳшаванда ба ҳисоб намеравад. Фоидаи баҳисобгирї бояд ба маблаѓи харољоти барои пардохти љарима ва фоиз ба буљети Љумҳурии Тољикистон ва буљети дигар давлатҳо пардохташаванда тасҳеҳ карда шавад (моддаи 134 б).
Харољоти андоз. Кодекси андоз тарҳкуниро нисбати андоз аз музди меҳнат ё андоз аз фоидаи дар қаламрави Љумҳурии Тољикистон ё берун аз он (моддаи 143 а) ва андоз аз амволи корхона (моддаи 143 в) пардохтшударо иљозат намедиҳад. Ба фоидаи баҳисобгирї бояд маблаѓи харољоти бо ҳисобкунии андозҳои мазкур дахлдор љамъ карда шавад
Харољоти намояндагї ва дигар харољоти ба он монанд. Нисбати харочоти намояндагї ва дигар харољоти ба он монанд Кодекси андоз (моддаи 132-3) (барои гузаронидани тантанаҳо, љойгирнамоии меҳмонон ва ѓайра) ягон навъи тарҳкунии маблаѓро роҳ намедиҳад. Андозсупорандае, ки фаъолияти соҳибкории он характери дилхушнамоиро дорад, ва ин харољот дар доираи фаъолияти ўст, истисност.
Зарар аз фурўш ё додани амвол. Тибқи СБҲМ зарар аз фурўш ё додани амвол бо далели пайдоиши онҳо эътироф карда мешавад. Мувофиқи Кодекси андоз чунин зарар (ба ѓайр зараре, ки аз фурўш ё додани амволи дар фаъолияти соҳибкорї истифодашаванда ё амволе, ки фоида аз фурўш ё додани он аз андоз озод карда шудааст) аз ҳисоби фоида аз фурўш ё додани амволи дигари шабеҳи он љуброн карда мешавад. Дар ҳолати имконнопазир будани љуброни чунин зарар он ба мўҳлати панљ сол мавқуф гузошта шуда, бо фоида аз фурўш ё додани амволи дигари монанд љуброн мегардад (моддаи 144).
Гузаронидани зарар. Мувофиқи Кодекси андоз дар сурати зиёд будани тарҳкуниҳо нисбати даромади умумии корхона (зарар аз фаъолияти соҳибкорї) онҳо ба давраҳои оянда – то панљ сол гузаронида шуда, аз ҳисоби фоидаи давраҳои оянда пўшонида мешавад. Харољот аз ҳисоби фоидаи умумї то андозбандї пўшонида мешавад. Зараре, ки дар давоми панљ сол бо фоида пўшонида намешавад, аз ҳисоби фоидаи соли шашум пўшонида намешавад.
Эзоҳ. Тасҳеҳҳои овардашуда мукаммал буда, объектҳои баҳисобгирии андоз мебошанд. Онҳо имконияти инъикоси ўҳдадориҳои ҳисобкардашудаи андоз аз фоидаро дар ҳисобгирии бухгалтерї медиҳанд. Аммо барои инъикоси маблаѓи даромади андозситондашаванда бояд дар изҳорот(декларатсия) маблаѓи фоидаи андозситондашаванда аз шакли таҳқиқии андозї ба маблаѓи фоида ё зарар, ки дар баҳисобгирии бухгалтерї бевосита ба зиёд ё камкунии сармояи азонихудї дар моддаи «Фоидаи тақсимношуда» тибқи СБҲМ №12 бурда шудааст, зиёд ё кам карда шавад.
Ҷадвали корӣ – амортизатсияи андозӣ.

Синф
№1

№2

№3

№4

№5

Арзиши балансии синф дар охири соли гузаштаи андозї

Тарҳ
Амортизатсияи соли гузаштаи андозї***

Љамъ
Арзиши воситаи асосии ба синф дар соли љории андозї љамъгардида

Тарҳ
Нархи бароришии воситаҳои асосии дар давоми соли андозї фурўхташуда

Баробар
Арзиши балансї дар охири сол

Меъёри ҳудуди амортизатсия

20%

15%

8%

7%

10%

Амортизатсия бо мақсади андоз

*ниг. моддаи 138 Кодекси андоз
**ба ҳар як иншоот, биноҳо, таљҳизот ва сохтмонҳо амортизатсия алоҳида ҳисоб карда мешавад.
*** агар бузургии арзиши балансии синф дар охири сол камтар аз 50 даромади ҳадди ақалли андозситондашаванда бошад, тамоми арзиши балансии синф тарҳ карда мешавад.
Моддаи 138 Кодекси андози ҶТ. Ҳиссаҷудокунии амортизатсионӣ ва маблағтарҳкунӣ аз воситаҳои асосӣ:
Аз ҳиссаљудокуниҳои амортизатсионї аз воситаҳои асосї, ки дар фаъолияти иқтисодї истифода бурда мешаванд, тибқи муқаррароти ҳамин модда маблаѓ тарҳ карда мешавад.
Ба активҳое, ки набояд амортизатсия шаванд, дохил мешаванд:
-Замин;
-Асарҳои санъат;
-Захираҳои моливу моддї;
-амволе, ки арзиши онҳо дар соли андозии љорї ҳангоми муайян кардани фоидаи андозбандишаванда пурра нигоҳ дошта мешавад ва дигар активҳои хўрданашаванда.
Воситаҳои асосии амортизатсияшаванда, аз рўи меъёрҳои зерин ба 5 гурўҳи зерин тасниф мешаванд:

Гурўҳ
Намуди амвол

Меъёри амортизатсия %

1

Автомашинаҳои сабукрав, техникаи автотрактории роҳсозї, асбобу анљом, инвентар ва лавозимоти махсус, мошинҳои электронии ҳисоббарор, дастгоҳу воситаҳои коркарди маълумот

20

2

Ҳайати мутаҳарики нақлиёти автомобилї: автомашинаҳои боркаш, автобусҳо ва автоприсепҳои махсус. Мошинҳо ва таљҳизот барои тамоми соҳаҳои саноат, истеҳсолоти рехтагарї, таљҳизоти электронї; таљҳизоти бинокорї; мошину таљҳизоти кишоварзї. Мебели идоравї

15

3

Воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан, баҳр ва дарё, мошинҳо ва таљҳизоти электрикї; таљҳизоти техникии гармдиҳї, таљҳизоти турбинавї, электродвигателҳо ва дизелгенераторҳо, воситаҳои интиқоли барқ ва алоқа; трубопроводҳо

8

4

Биноҳо, иншоот ва иморатҳо

7

5

Активҳои амортизатсияшавандае, ки ба дигар синфҳо дохил нашудаанд.

10

Ҳиссаљудокуниҳои амортизатсионї аз рўи ҳар як гурўҳи воситаҳои асосї бо роҳи истифодаи меъёри амортизатсияи дар пункти 3-и ҳамин модда ба баланси арзишии гурўҳ дар охири соли андозї ҳисоб карда мешавад.
Ҳиссаљудокуниҳои амортизатсионї барои биноҳо, иншоот ва иморатҳо (минбаъд «иморатҳо») на аз рўи гурўҳ, балки барои ҳар як иморат алоҳида ба амал бароварда мешаванд.
Баланси арзишии гурўҳ дар охири сол ба маблаѓи ба тариқи зерин муайяншаванда (аммо на камтар аз сифр) баробар аст:
а) баланси арзиши гурўҳ дар охири соли гузашта бо нигоҳ доштани маблаѓи амортизатсия барои соли гузашта, инчунин маблаѓи дар бандҳои 8 ва 9 ҳамин модда нишондодашуда;
б) љамъи арзиши маблаѓгузории асосї (мутобиқи моддаи 167) ки дар давоми сол ба гурўҳ илова карда мешавад;
в) тарҳи маблаѓи ҳангоми фурўши воситаҳои асосї дар давоми соли андозбандї гирифташуда, ки дар асоси нархи фурўш муқаррар карда мешавад;
Агар маблаѓи аз фурўши воситаҳои асосии гурўҳи муайян дар давоми сол ба даст овардашуда дар охири сол аз баланси арзиш зиёд бошад, маблаѓи зиёдатї ба даромад ҳамроҳ карда, баланси арзиши гурўҳ ба сифр баробар мешавад.
Агар дар охири сол баланси арзиш камтар аз 50 ҳадди аққали андозбандинашавандаро ташкил диҳад, аз маблаѓи баланси арзиши гурўҳ пурра нигоҳ дошта мешавад.
Агар ҳамаи воситаҳои асосии гурўҳ фурўхта, дода ё барҳам дода шуда бошанд, аз баланси арзиши гурўҳ дар охири соли андозбандї бояд маблаѓ нигоҳ дошта шавад.

Баҳисобгирии самараи андоз аз фарқияти муваққатӣ
Усули ўҳдадорї
Даромади баҳисобгирї тибқи СБҲМ ҳисоб карда мешавад.
Фарқияти даромад ва харољот байни усулҳои истифодашавандаи баҳисобгирии молиявї ва қонунгузории андоз ҳисоб карда мешавад.
Харољоти андоз аз фоида –аз даромади баҳисобгирї бо тасҳеҳи фарқияти доимї ҳисоб карда мешавад.
Маблаѓи фарқияти доимї ва муваққатї барои муайян кардани даромади андозбандї истифода мегардад.
Даромади баҳисобгирӣ + фарқияти доимӣ ва муваққатӣ = даромади андозбандишаванда.
Андоз аз фоида барои пардохт бо меъёри андоз аз фоида аз даромади андозбандишаванда ҳисоб карда мешавад.
Фарқияти байни харољоти андоз аз фоида ва андоз аз фоида барои пардохт, ки бо сабаби фарқияти муваққатї пайдо шудааст, ба ҳисоби ўҳдадории андози мавқуфгузошта дохил мегардад.

Масъала барои худсанҷиш
Натиљаҳои фаъолияти ЉСШК «Наврўз» дар ҳисобот оиди фоида ва зарар нишон дода шудааст. Дар он маблаѓи фоида то пардохти андоз аз фоида инъикос гардидааст.
Дар поён фарқияти байни фоидаи баҳисобгирии молиявї ва фоидаи андозбандишаванда нишон дода шудааст. Ин фарқият натиљаи фарқият дар рўзҳо мебошад.
ЉСШК «Наврўз» маълумотҳои зеринро оиди ҳисобкунии амортизатсияи воситаҳои асосї бо мақсади андозситонї дорад:

Арзиши балансии синф дар охири соли гузашта

Амортизатсия дар соли гузашта

Синфи 1. Таљҳизоти корхона

14,700

6,300

Синфи 2. Мебели идоравї

7,500

2,500

Синфи 5. Бинои корхона

90,000

5,300

Дар соли љорї компютерҳо ба маблаѓи 12,000в.ш. харида шуда, таљҳизоти корхона ба маблаѓи 2,800 в.ш. фурўхта шуд.
Дар ҳисоботи молиявї харољоти қарзҳои шубҳанок 1,500 в.ш.-ро ташкил мекунад. Бо мақсади андоз қарзҳои шубҳанок бояд пас аз гузаштани 3 сол аз ҳисоб бароварда шаванд.
Талаб карда мешавад:
а) Ҳисоб намудани амортизатсия ба мақсади андоз, бо истифодаи љадвали ҳисобкунии амортизатсияи андозї;
b) Ҳисоб намудани маблаѓи фоидаи андозбандишаванда, ки дар изҳороти ЉСШК «Навруз» инъикос мегардад;
с) Ҳисоб намудани андоз аз фоидае, ки бояд дар ҳамин лаҳза пардохта шавад, дар асоси фоидаи андозбандишаванда, агар меъёри андоз 30%-ро ташкил диҳад;
d) Ҳисоб намудани харољоти андоз аз фоида, ки дар ҳисобот оиди натиљаҳои фаъолияти хољагї – молиявї инъикос мегардад;
е) Ҳисоб намудани андозе, ки ЉСШК «Наврўз» пардохти онро ба давраҳои оянда мавқуф гузоштааст.Ин фарқи байни љавобҳои саволҳои 3 ва 4 аст;
f) Гузарониши амалиёте,ки андоз аз фоидаи корхонаро инъикос намояд;
g) Ба анљом расонидани ҳисобот оиди натиљаҳои фаъолияти хољагї- молиявии корхона, аз фоида то пардохти андоз аз фоида оѓоз намуда.

Ҳисобот оиди фоида ва зарар

барои давраи аз 1 январ то 31 декабри соли 2002
ҶСШК «Наврўз»
Соҳа: Сохтмонӣ
Ҷои қайдгирӣ: Душанбе
Суроға:хиёбони Саъдии Шерозӣ 50
Воҳиди ченак: Мўҳлати пешниҳод: 20 январи соли 2003

Даромад
150,000

Арзиши аслии маҳсулоти фурўхташуда

55,000

Даромади умумї

95,000

Харољоти амалиётї:

Амортизатсия

12,00

Харољоти фурўш

4,000

Харољоти умумии маъмурї

9,000

Ҳамагї, харољоти амалиётї

25,000

Фоида аз фаъолияти амалиётї

70,000

Даромаду харољот аз фаъолияти ѓайриамалиётї

Даромад аз сармоягузориҳо

1,000

Харољоти пардохти фоиз

(5,000)

Даромад (харољот) аз фарқи қурби асъор аз амалиётҳо бо асъори хориљї

Дигар даромад ва харољот

(3,000)

Ҳамагї даромад ва харољот аз фаъолияти ѓайриамалиётї

(7,000)

Фоида то пардохти андоз ва моддаҳои фавқулодда

63,000

Андоз аз даромад

Фоида бе баҳисобгирии моддаҳои фавқулодда

Моддаҳои фавқулодда бо тарҳи андоз аз фоида

Фоидаи соф

ҶСШК «Наврўз»

Ҳисобкунии амортизатсияи андозӣ дар соли 2002

Арзиши балансии синф дар охири соли гузашта

№1

№2

№3

№4

№5**

Тарҳ
Тарҳкунии амортизатсияи соли гузашта

Љамъ
Баландшавии арзиши воситаҳои синф дар натиљаи инфлятсия
Љамъ
Арзиши воситаҳои асосии ба синф дар соли љории андозї љамъгардида
Тарҳ
Нархи фурўши воситаҳои асосии
дар соли андозї фурўхташуда
Баробар
Арзиши балансї дар охири сол

Меъёри максималии амортизатсия

20%

15%

8%

7%

10%

Амортизатсияи ҳақиқии бо мақсади андоз изҳорёфта

Ҳамагї, маблаѓи андоз аз амортизатсия

* ниг., моддаи 138-и Кодекси Андоз.
** ба ҳар як бино, таљҳизот ва иншоот алоҳида ҳисоб карда мешавад.
*** агар бузургии арзиши балансии синф дар охири сол камтар аз 50 даромади ҳадди ақалли андозситондашаванда бошад, тамоми арзиши балансии синф тарҳ карда мешавад.

Шакли таҳқиқии андозии ҶСШК «Наврўз» барои соли 2002

Ба инспексияи давлатии андоз _____________________
Номгўи корхона: ЉСШК «Навруз»
РМА____________________________________________
Фоида ва ё зарари соф мувофиқи
ҳисоботи фоида ва зарар (тибқи СБҲМ)_________________________
Тасҳеҳи фоидаи соф барои фарқиятҳои доимї
Амортизатсия+/- ______________________________________________
Љарима+/-____________________________________________________
Ѓайра+/-______________________________________________________
_____________+/-_____________
_____________+/-_____________
Фоидаи софи тасҳеҳшуда_________________________________________
Меъёри андоз__________________________________________________
Харољоти андоз аз фоида _______________________________________
Тасҳеҳи фоидаи соф барои фарқияти
муваққатї______________________________________________________
Баҳодеҳии ЗММ+/-______________________________________________
Амортизатсия +/-________________________________________________
Таъмир+/-______________________________________________________
Харољоти фоиз+/-________________________________________________
Харољоти қарзҳои шубҳанок+/-___________________________________
Ѓайра +/-______________________________________________________
_______+/-___________________________
_______+/-___________________________
Даромади софи андозбандишаванда _______________________________
Меъёри андоз____________________________________________________
Андоз аз фоида барои пардохт ____________________________________

Андози мавқуфгузошташудаи фоида аз фарқияти муваққатї___________
Гузарониш (навишт):


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.