Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Баҳисобгирии сармоягузориҳо (инвеститсияҳо)

СБҲМ 25 «Баҳисобгирии сармоягузориҳо»: «Сармоягузориҳо (инвестиции) – активҳоеанд, ки корхона бо мақсади афзоиши боигарии худ тавассути тақсимот (бо шакли фоиз, роялти, ҳаққуссаҳмия ва иҷорапулӣ), баландкунии арзиши капитали азонихудӣ ё бадастории фоидаи дигаре ба мисли онҳое, ки бо воситаи муносибатҳои байниҳамдигарии тиҷоратӣ ба даст меоянд, нигоҳ медорад».Баҳисобгирии сармоягузориҳо (инвеститсияҳо) Мақсади омўзиш Мафҳуми сармоягузорӣ Таснифи сармоягузориҳо Баҳодеҳӣ ва эътирофи сармоягузориҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддат Баҳисобгирии хариди сармоягузориҳо Баҳисобгирии қоғазҳои қимматноки қарзӣ Баҳисобгирии қоғазҳои қимматноки ҳиссавӣ Баҳисобгирии азнавбаҳодеҳии сармоягузориҳо Хориҷшавӣ ва гузарониши сармоягузориҳо Сармоягузориҳо ва моликияти ғайриманқул Кушоиши ахборот дар ҳисоботи молиявӣ Адабиёти тавсияшаванда Супориш барои худсанҷӣ Мақсади омўзиш Пас аз омўзиши ин мавзўъ, Шумо бояд: мафхуми сармоягузорӣ (инвеститсия) – ро муайян карда, мазмуни онро кушода диҳед; сармоягузориҳоро дуруст тасниф намоед; мувофиқи СБҲМ баҳисобгирии ҳаракати сармоягузориҳоро бурда тавонед ва мукотиботи бухгалтериро дуруст тартиб диҳед; принсипҳои баҳодеҳӣ ва азнавбаҳодеҳии сармоягузориҳоро фаҳмед ва дуруст истифода баред; арзиши сармоягузориҳоро дуруст ҳисоб карда дар баланс нишон дода тавонед; ахборотро оиди сармоягузориҳо дар ҳисоботи молиявӣ кушода диҳед. Мафҳуми сармоягузориҳо СБҲМ 25 «Баҳисобгирии сармоягузориҳо»: «Сармоягузориҳо (инвестиции) – активҳоеанд, ки корхона бо мақсади афзоиши боигарии худ тавассути тақсимот (бо шакли фоиз, роялти, ҳаққуссаҳмия ва иҷорапулӣ), баландкунии арзиши капитали азонихудӣ ё бадастории фоидаи дигаре ба мисли онҳое, ки бо воситаи муносибатҳои байниҳамдигарии тиҷоратӣ ба даст меоянд, нигоҳ медорад». Ба сифати сармоягузорӣ дигар намуди активҳо: захираҳои моддиву молӣ, воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддиро қабул намудан ҷоиз нест. Сармоягузориҳо – ин молиягузорӣ ба қоғазҳои қимматноки ширкатҳои дигар аст. Мебояд сармоягузор – инвестор ва эмитентро фарқ намуд. Инвестор – ширкатест, ки воситаҳои пулии худро ба қоғазҳои қимматноки аз ҷониби эмитент баровардашуда мегузорад. Инвесторон востаҳои пулии озоди худро ба қоғазҳои қимматнок бо мақсади: бадастории фоида дар шакли фоиз ва ҳаққусаҳм; афзоиши капитали азонихудӣ; бунёди захираи воситаҳои зиёдаазмеъёрӣ ва ихтисори пулҳои «мурда»; устуворгардонии минбаъдаи муносибатҳои расмии корӣ ё тиҷоратӣ бо ширкат-эмитент; таҳти назорат қарор додани ширкати сармоягузоридашаванда; барпо сохтани афзалияти тиҷоратӣ; ташкили фаъолияти конкретӣ бо усули осон; бадастории имтиёзу афзалиятҳои гуногун, мегузоранд. Таснифи сармоягузориҳо СБҲМ 25 «Баҳисобгирии сармоягузориҳо» сармоягузориҳоро ба дарозмуддат ва кўтоҳмуддат ҷудо месозад. Маҷмўаи қоғазҳои қимматноки зери назорати ширкат буда, портфели инвеститсионӣ номида мешавад. Расми №10. Таснифи сармоягузориҳо /* ба ғайр аз қоғазҳои қимматноки конвертиронидашаванда, ки бароварда шудаанд, ва баъдтар пасхарид гардидаанд, инчунин саҳмияҳои имтиёзноки барои пардохт пешниҳодгардида. Мувофиқи СБҲМ 39 «Инструментҳои молиявӣ: эътироф ва баҳодеҳӣ», сармоягузориҳо – активҳои молиявӣ ба категориҳои зерин тақсим мешаванд: Баҳодеҳӣ ва эътирофи сармоягузориҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддат Сармоягузориҳои кўтоҳмуддат Мувофиқи СБҲМ 25 зери мафҳуми сармоягузориҳои кўтоҳмуддат сармоягузориҳоеро мефаҳманд, ки «аз рўи табиати худ хеле осон фурўхта шуда ба мўҳлати на зиёда аз як сол нигоҳ дошта мешаванд». Сармоягузориҳои кўтоҳмуддат сараввал бо арзиши харид ба ҳисоб гирифта мешаванд. Минбаъд, сармоягузориҳои кўтоҳмуддат дар баланс бо: арзиши бозорӣ;ё камтарини арзиши харид ё бозорӣ, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ширкатҳоро арзиши умумии портфели сармоягузориҳои кўтоҳмуддат назар ба арзиши ҳар як сармоягузории алоҳида бештар пуризтироб месозад, зеро онҳо дар маҷмўъ ҳамчун захираи боигарӣ нигоҳ дошта мешаванд. Мувофиқи ин нуқтаи назар, СБҲМ 25 чунин талаб мекунад: агар сармоягузориҳои кўтоҳмуддат аз рўи нархи камтарин аз арзиши харид ва бозорӣ ба ҳисоб гирифта шаванд, онгоҳ арзиши балансии онҳо бояд: умуман, аз рўи усули портфели умумии сармоягузориҳо, ё; аз рўи гурўҳҳои сармоягузориҳо; ё дар асоси сармоягузориҳои алоҳида, муайян карда шавад. Мисоли 1. Ширкат сармоягузориҳои кўтоҳмуддати худро аз рўи бузургии камтарин аз арзиши харид ва арзиши одилонаи бозорӣ дар асоси портфели умумӣ ба ҳисоб мегирад. Умуман, портфели сармоягузориҳои кўтоҳмуддат аз инҳо иборат аст: Арзиши харид, ҳаз. в.ш.. Арзиши одилона, ҳаз. в.ш.. Саҳмияҳои ширкати «Алфа» 40 30 Саҳмияҳои ширкати «Бетта» 50 55 Саҳмияҳои ширкати «Гамма» 30 25 Ҷамъ: 120 110 Дар ҳолати мазкур, арзиши одилонаи ҳамаи сармоягузориҳои кўтоҳмуддат 110000 в.ш. –ро ташкил менамояд, ки он ба маблағи 10 000 в.ш. аз арзиши харид камтар аст. Ҳамин тариқ, дар баланс сармоягузориҳо бо арзиши 110 000в.ш. инъикос гардида, 10 в.ш.-и фарқият ҳамчун зарар акс мегардад. Арзиши ибтидоии сармоягузориҳо ҳатман дар баланси санҷишӣ (пробный баланс) нишон дода мешавад. Ба ҳисоби балансии «Сармоягузориҳои кўтоҳмуддат» контрҳисоби «Камшавии арзиши сармоягузориҳо», ки дар он амалиётҳои азнавбаҳодеҳии сармоягузориҳо инъикос мегарданд, кушода мешавад. СБҲМ 25: Арзиши бозорӣ – маблағе, ки аз фурўши сармоягузориҳо дар бозори фаъол ба даст меояд. Вай аз: омилҳои ба шароитҳои умумии иқтисодӣ таъсиркунанда; муносибати сармоягузорон ба ин ширкат – эмитент; фоидаи гирифташавандаи ширкат-эмитент, вобастагӣ дорад. Агар ширкат сармоягузориҳои худро бо арзиши одилонаи бозорӣ ба ҳисоб гирад, бояд ба таври даврӣ бояд тағйирёбии он низ ба ҳисоб гирифта шавад. Дар ин ҳангом, афзоиши арзиши сармоягузориҳои кўтоҳмуддат ҳамчун даромад, ва камшавии он ҳамчун хароҷот дар давраи ҳисоботие, ки ин тағйирёбиҳо ба амал омаданд, эътироф мегарданд. Мисоли 2. 1 марти соли 2000 ширкат инвеститсияҳои кўтоҳмуддатро бо нархи 20 000 в.ш. харид намуд. Дар 31 декабри соли 2000 арзиши одилонаи бозории ин сармоягузориҳо 25 000 в.ш.-ро ташкил намуд. Аз ин рў, арзиши балансии ин сармоягузориҳо дар 1 январи соли 2001 25 000 в.ш.-ро ташкил менамояд. Маблағи фарқ – 5 000 в.ш. ҳамчун даромад эътироф мегардад. Дар айни замон, якчанд нуқтаи назар дар мавриди баҳодеҳии арзиши сармоягузориҳои кўтоҳмуддат мавҷуд аст. Гурўҳи аввали мутахассисон чунин мешуморанд, ки сармоягузориҳо бояд аз рўи камтарин бузургӣ аз арзиши харид ва бозорӣ ба ҳисоб гирифта шаванд. Дар ин ҳол, риоя шудани принсипи консерватизм (дурандешӣ) ҳамчун асоси ин гуна равия баромад мекунад, зеро ин усул, « арзиши дурандешонаи (бомулоҳизаи) балансиро дода, ба эътирофи фоидаи коркарданошуда бурда намерасонад». Гурўҳи дуюми мутахассисин мувофиқи мақсад будани баҳодеҳии сармоягузориҳоро танҳо аз рўи арзиши одилонаи бозорӣ пуштибонӣ менамоянд. Барои исботи ақидаи худ онҳо дараҷаи баланди бозоргирии ин активҳоро далел меоранд. СБҲМ истифодабарии ҳардуи усулҳоро маъқул мешуморад. Сармоягузориҳои дарозмуддат Мувофиқи СБҲМ 25 ба сармоягузориҳои дарозмуддат ҳамаи сармоягузориҳое, ки кўтоҳмуддат нестанд, дохил мешаванд. Сармоягузориҳое, ки асосан барои ҳимоя, беҳтарсозӣ ё инкишофи муносибатҳои кориву тиҷоратӣ истифода шуда, аксар вақт сармоягузориҳои тиҷоратӣ номида мешаванд, ва он сармоягузориҳое, ки фурўхтанашавандаанд, ҳамчун дарозмуддат тасниф мегарданд. Сармоягузориҳои дигар ба монанди сармоягузорӣ ба моликияти ғайриманқул, ки ба мўҳлати якчанд сол бо мақсади бадастории фоида ба амал бароварда мешавад, новобаста аз осонфурўшиашон, ҳамчун сармоягузории дарозмуддат тасниф карда мешаванд. Сармоягузориҳои дарозмуддат маъмулан дар баҳисобгирӣ аз рўи арзиши харид эътироф гардида, минбаъд дар баланс: аз рўи арзиши харид; аз рўи арзиши азнавбаҳододашуда; ё дар ҳолати қоғазҳои қимматноки ҳиссавии бозорӣ – аз рўи камтарин бузургӣ аз арзиши харид ва арзиши бозорӣ, ки бо усули портфели умумӣ муайян мегарданд, ба ҳисоб гирифта мешаванд. СБҲМ 25: Дар ҳолати истифодабарии арзиши азнавбаҳододашуда, бояд сиёсати мунтазамии гузаронидани азнавбаҳодеҳӣ тасдиқ карда шуда, ҳамаи намудҳои сармоягузориҳои дарозмуддат бояд дар як вақт аз нав баҳо дода шаванд. Арзиши балансии ҳамаи сармоягузориҳои дарозмуддат бояд пастшавии арзиши сармоягузориҳоро ба ғайр аз пастшавиҳои муваққатӣ ба ҳисоб бигирад, ва ин гуна пастшавӣ барои ҳар як сармоягузорӣ алоҳида муайян ва ба амал бароварда шавад. Сармоягузориҳои дарозмуддат маъмулан аз рўи арзиши харид ба ҳисоб гирифта мешаванд. Аммо, ҳангоми пастравии арзиши он, ба истиснои пастравии муваққатӣ, арзиши балансии сармоягузориҳо барои эътирофи ин пастравӣ кам карда мешавад. Арзиши сармоягузориҳо аз: калавишҳои курси бозории қоғазҳои қимматнок; арзиши бозории активҳои ширкат; натиҷаҳои фаъолияти ширкат-эмитент; дохилшавиҳои пулии интизорӣ аз сармоягузориҳо; хавф (риск); намуд ва андозаи ҳиссаи инвестор; маҳдудиятҳои тақиснамоии фоидаи эмитент; маҳдудиятҳои фурўши сармоягузориҳо аз ҷониби инвестор, вобастагӣ дорад. Бо сабаби муҳимият, аксаре аз сармоягузориҳо дар асоси инфиродӣ баҳо дода мешаванд. Агар ширкат баҳодеҳии арзишро аз рўи усули камтарин аз ду бузургӣ: арзиши харид ва арзиши бозорӣ дар асоси портфели сармоягузориҳо ба амал барорад, онгоҳ, камкуниҳои муваққатӣ ва барқароркунии онҳо ба капитали азонихудӣ дохил карда мешаванд. Камкуниҳое, ки бо пастнамоии муваққатии арзиши балансӣ ягон алоқамандие надоранд, агар он азнавбаҳодеҳии пештараро ҷуброн накунад, дар ҳисобот оиди фоида ва зарар нишон дода мешаванд. Қоғазҳои қимматноке, ки ба сифати сармоягузориҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддат харида шудаанд, ду портфели алоҳидаи қоғазҳои қимматнокро ифода намуда, усули баҳодеҳӣ аз рўи камтарин аз ду бузургӣ: арзиши харид ва арзиши бозорӣ, барои ҳар як портфел алоҳида истифода бурда мешавад. Баҳисобгирии хариди сармоягузориҳо Сармоягузориҳо бо роҳи: додани воситаҳои пулӣ; ивазнамоӣ бо активҳои дигар – захираҳои моддиву молӣ, воситаҳои асосӣ, активҳои ғайримоддӣ; ивазнамоӣ бо қоғазҳои қимматноки азонихудӣ, ба даст оварда мешаванд. Ҳангоми хариди қоғазҳои қимматнок ҳисобҳои «Сармоягузориҳои кўтоҳмуддат» ва «Сармоягузориҳои дарозмуддат» аз рўи арзиши харид бо баҳисобгирии хароҷоти бо харид вобаста, дебитонида мешаванд. Арзиши хариди сармоягузориҳо ҳамаи хароҷоти харид, азҷумла, ҷамъовариҳои брокерӣ ва комиссионӣ, ҳаққи хизмат, боҷ, андозҳои ҷуброннашаванда ва ғ.-ро дарбар мегирад. Мисоли 3. Ширкати «Рустами Достон» саҳмияҳои ширкати «Судоба»-ро бо нархи 15000 в.ш., мехарад. Ҳаққи хизмати брокер 1 000 в.ш.-ро ташкил менамояд. Навиштҳо дар баҳисобгирӣ: Сармоягузориҳо……………….. ………………………………………………..16 000 Воситаҳои пулӣ………………………………………………………………………..16 000 Дар ҳолати хариди ғайрипулӣ, арзиши хариди сармоягузориҳо баробари: арзиши одилонаи бозории қоғазҳои қимматноки баровардашуда, на арзиши номиналии онҳост. Ин ҳолат танҳо дар сурати хариди сармоягузориҳо ба ивази қоғазҳои қимматноки баровардашуда ҷой дорад; арзиши одилонаи бозории активи додашуда, ё дар ҳолати яқинӣ, арзиши одилонаи сармоягузорист. Ин ҳолат дар сурати хариди сармоягузориҳо ба ивази активи дигар ҷой дорад. Мисоли 4. Ширкати «Кайковус» саҳмияҳоро баровард, ки арзиши умумии номиналии онҳо баробари 120 000 в.ш. аст. Арзиши одилонаи бозории саҳмияҳо 150 000 в.ш.-ро ташкил менамояд. Саҳмияҳо ба вомбаргҳо, ки арзиши умумиашон 80 000 в.ш.-ро ташкил менамояд, иваз карда шуданд. Ҳаққи хизмати брокер 5 000 в.ш. –ро ташкил дод. Навиштаҷотҳо дар баҳисобгирӣ чунин сурат мегиранд: (а) Инъикоси барориши (эмиссияи) саҳмияҳо: Ҳисоббаробаркунӣ аз рўи пардохти капитал………………………………120 000 Капитали саҳҳомӣ….. ………………………………………………………………..120 000 (б) Инъикоси хариди вомбаргҳо: Сармоягузориҳои дарозмуддат.…………….………………………………..155 000 Ҳисоббаробаркунӣ аз рўи пардохти капитал …..…………………………………120 000 Воситаҳои пулӣ….……………………………………………………………………….5 000 Капитали иловагии пардохташуда..…………………………………………………30 000 Мисоли 5. Ширкати «Авесто» саҳмияҳои ширкати «Ёсуман» -ро ба ивази таҷҳизот харид. Арзиши одилонаи бозории саҳмияҳо 20 000 в.ш.-ро ташкил менамояд. Арзиши ибтидоии таҷҳизот дар лаҳзаи ивазнамоӣ – 25 000 в.ш., истеҳлоки ҷамъшуда – 2 500 в.ш.-ро ташкил менамояд. Хароҷоти бо хариди саҳмия вобаста 500 в.ш.-ро ташкил менамояд. Дар баҳисобгирӣ ин амалиёт ба таври зер инъикос меёбад: Сармоягузориҳои дарозмуддат …………… ……………………………………..20 500 Истеҳлоки ҷамъшуда….…………………….. ………………………………………2 500 Зарар аз фаъолияти ғайриамалиётӣ……….………………………………………2 500 Воситаҳои пулӣ…….…………………………….. ………………………………………500 Таҷҳизот (Воситаҳои асосӣ) ………..………………………………………………..25 000 Дар ҳолати хариди қоғазҳои қимматнок бо фоизи ҳисобкардашуда барои давраи то лаҳзаи харид, аммо то ҳол пардохтношуда, ба фурўшанда дар рўзи харид ба ғайр аз арзиши сармоягузорӣ, боз фоизи ҳисобкардашуда барои давраи гузашта пардохта мешавад. Зеро то санаи харид фурўшанда ин қоғазҳои қимматнокро нигоҳ дошта, мувофиқан фоизи муайяни мазкурро кор кард. Ҳангоми расидани мўҳлати навбатии пардохт, харидор фоизро барои ҳамаи давра пурра мегирад. Дар айни замон, фоизҳои гирифташуда байни давраҳои то ва пас аз харид тақсим мешаванд: қисми ба давраи то харид дахлдошта аз арзиши сармоягузорӣ тарҳ карда шуда, қисми ба давраи пас аз харид дахлдошта, ҳамчун даромад инъикос мегардад. СБҲМ 25: Фоизҳо, роялти, ҳаққусаҳм ва рентаи гирифташавандаи бо сармоягузорӣ робитадошта, маъмулан чун фоида, ки даромад аз сармоягузорӣ аст, дида мешаванд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо, ин гуна дохилшавии воситаҳо ҷуброни хароҷот буда қисми даромад буда наметавонанд. Мисол, дар ҳолати ҳисобкунии фоизҳои пардохтношуда то хариди сармоягузории фоизӣ фоизи ҳисобкардашуда ба нарх ҳамроҳ карда шуда, дохилшавии минбаъдаи фоизҳо байни давраҳои то харид ва пас аз харид тақсим карда мешаванд. Дар ин ҳангом, қисми фоизи то харид аз арзиши харид тарҳ карда мешавад. Ҳамин гуна муносибат дар ҳолати эълони ҳаққусаҳм аз рўи қоғазҳои қимматноки ҳиссавӣ то лаҳзаи харид истифода мегардад. Агар тақсимоти мазкурро ба амал баровардан мушкил бошад, арзиши хариди сармоягузориҳоро одатан ба маблағи ҳаққусаҳмҳои гирифташаванда кам мекунанд, ба шарте, ки онҳо ба таври возеҳ ҷубронпулии қисми арзиши харидро ифода кунанд. Мисоли 6. Ширкат 1 маи соли 2002 бо нархи 12 400 в.ш. вомбаргҳои арзиши номиналиашон 12 000 в.ш. -ро бо меъёри эълоншудаи 10% харид. Фоизҳо ҳар як нимсола пардохта мешаванд. Ҳангоми расидани мўҳлати навбатии пардохти фоиз – 30 июни соли 2002 навишти зерин ҷой дорад: Варианти якуми баҳисобгирӣ: Маблағи фоизҳо барои 6 моҳ (12 000 х 0,1х 6/12) = 600 в.ш.. Маблағи даромади фоизӣ баробар аст ба 200 в.ш. = 600 – 400 Мукотиботи: (а) хариди вомбаргҳо бо фоизи ҳисобкардашуда: Сармоягузориҳои дарозмуддат………………………………………………….12 400 Воситаҳои пулӣ….………………………………………………………………………..12 400 (б) гирифтани фоизҳо дар 30 июни соли 2002: Воситаҳои пулӣ ……………….……………………………………..……………… 600 Даромади фоизӣ……………………………………………………………………………. 200 Сармоягузориҳои дарозмуддат .…………………………………………………………..400 Варианти дуюми баҳисобгирӣ: 1 май – Инъикоси хариди вомбаргҳо бо фоизи ҳисобкардашуда: Сармоягузориҳои дарозмуддат …………………………………………………12 000 Қарздории дебитории ғайр………………………………………………………….400 Воситаҳои пулӣ ………………………………………………………………………….12 400 30 июн – Ҳисобкунии даромади фоизӣ: Фоизҳо барои қабул (12 000х0,1х2/12) ……………………………………………200 Даромади фоизӣ аз сармоягузориҳо.……………………………………………………200 1 июл – Дохилшавии даромади пулӣ барои ҳамаи давраи пардохти фоиз: Воситаҳои пулӣ …………….……………………………………………………… 600 Фоизҳо барои қабул ……………………………………………………………………….200 Қарздории дебитории ғайр ………………………………………………………………400 Баҳисобгирии қоғазҳои қимматноки қарзӣ Намудҳои асосии қоғазҳои қимматноки қарзӣ ин вомбаргҳо ва васиқаҳои хазинавианд. Вомбарг (Облигация) – ин як инструменти молиявиест, ки дар худ шакли қарздории эмитентро ифода намуда, байни инвесторон тақсим карда мешавад. Вомбаргҳо бояд дар мўҳлати муайяншуда пардохта шуда, инчунин пардохти даврии фоизҳоро талаб менамоянд. Мебояд меъёри номиналӣ ва бозории фоизиро фарқ кард. Меъёри номиналии фоизӣ – ин меъёри фоизиест, ки ба дорандагони вомбарг дар асоси арзиши номиналии вомбарг пардохта мешавад. Ин гуна меъёри фоизӣ ва маблағ дар давоми ҳамаи мўҳлати қарз бетағйир мемонад. Меъёри бозории фоизӣ – ин меъёрест, ки бар маблағи дар бозори инвеститсионӣ аз рўи вомбаргҳои шароити қарз ва хавфашон монанд пардохташаванда асос ёфтааст. Меъёрҳои бозории фоизӣ ҳар рўз тағйир меёбанд. Азбаски ширкат меъёрҳои бозории фоизиро назорат карда наметавонад, аксар вақт дар санаи барориши вомбарг фарқият байни меъёрҳои бозорӣ ва номиналӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳангоми баланд будани меъёри бозории фоизӣ аз меъёри номиналӣ арзиши бароришии вомбарг пасттар аз арзиши номиналӣ мешавад. Дар ин ҳолатҳо вомбаргҳо бо тахфиф (дисконт) бароварда мешаванд. Аз тарафи дигар, агар меъёри бозории фоизӣ пасттар аз меъёрӣ номиналӣ бошад, арзиши бароришии вомбаргҳо аз арзиши номиналӣ баланд мешавад. Дар ин ҳолат, мегўянд, ки вомбаргҳо бо подош (нархи барилова) бароварда шудаанд. Подош баробари маблағи зиёдатии арзиши бароришӣ аз номиналӣ аст. СБҲМ 25: Фарқи байни арзиши харид ва арзиши пардохти сармоягузориҳо ба қоғазҳои қимматнок (партофт ё подоши харид) маъмулан аз ҷониби инвестрон дар давоми давраи аз рўзи харид то расидани мўҳлати пардохт амортизатсия мешаванд, то ки аз сармоягузорӣ ба таври мунтазам даромад гирифта шавад. Партофт ё подоши амортизатсияшаванда бо ҳисоби даромад дебитонида ё кредитонида мешавад, гўё, ки онҳо дар худ фоизро ифода менамоянд ва ба арзиши балансии қоғази қимматнок ҷамъ ё тарҳ карда мешаванд. Арзиши балансии ниҳоӣ ҳамчун арзиши харид ба ҳисоб гирифта мешавад. Вомбарги бо тахфиф бароварда шуда Мисоли 7. Ширкати «Millenium» 1 январи соли 2001 вомбаргҳои сесолаи 6%-ро ба маблағи 20 000 в.ш. баровард. Фоизҳо 1 январ ва 1 июли ҳар сол пардохта мешаванд. Ҳангоми меъёри бозории фоизӣ баробари 8% будан, тахфифи вомбаргҳо чунин ҳисоб карда мешавад: Арзиши номиналии вомбарг……………………………………..20 000 Тарҳи: PVA (6 давра, 4% аз 600 в.ш.)….3145 PV (n=6, r=4%, 20 000)…………..15806……………….(18951) Ҷамъ……………………………………………………..1049 Навиштаҷотҳои эмитент Навиштаҷотҳои инвестор Навишти барориши вомбарги тахфифнок: 1 январ Воситаҳои пулӣ ………………18951 Тахфифи пардохтношуда……..1049 Вомбаргҳо барои пардохт…………..20 000 Навишти хариди вомбарг: 1 январ Сармоягузориҳои дарозмуддат…..18951 Воситаҳои пулӣ…………………..….18951 Азҳисоббарории тахфифи вомбарг Инъикоснамоии пардохти фоиз: 1 июл Хароҷоти фоизҳо ……………….775 Тахфифи пардохтношуда…………………175 Воситаҳои пулӣ…..………………………..600 Азҳисоббарории тахфифи вомбарг Инъикоси гарифтани даромади фоизӣ: 1 июл Воситаҳои пулӣ……………………600 Сармоягузориҳои дарозмуддат…175 Даромади фоизӣ………………………..775 Вомбаргҳои бо подош баровардашуда Мисоли 8. Ширкати «Sodium» вомбаргҳои сесолаи арзиши номиналиашон 20 000в.ш.-бударо бароварда барои онҳо 21 200 в.ш. гирифт. Меъёри номиналии фоизӣ – 6% аст. Фоизҳо 1 январ ва 1 июли ҳар сол пардохта мешаванд. Меъёри бозории фоизӣ баробари 4% аст. Навишти барориши вомбарг: 1 январ Воситаҳои пулӣ……………… 21 200 Подоши пардохтношуда……….….……1 200 Вомбаргҳо барои пардохт ……….…..20 000 Навишти хариди сармоягузорӣ: 1 январ Сармоягузориҳои дарозмуддат …21 200 Воситаҳои пулӣ …..……………….…..21 200 Азҳисоббарории подоши вомбарг: 1 июл Хароҷоти фоизӣ…..………….….400 Подоши пардохтношуда(1200/3 года/2)…….200 Воситаҳои пулӣ ….……………………….600 Гирифтани даромади фоизӣ: 1 июл Воситаҳои пулӣ ………………….600 Сармоягузориҳои дарозмуддат …………..200 Даромади фоизӣ ………..…………………..400 Баъзан калимаи «скидка» – ро дар адабиётҳо чун «партофт» тарҷума менамоянд. Ба назари мо истифодабарии ҳарду калима – партофт ва тахфиф хато нест. ( Эзоҳи М.А.) Барориши қоғазҳои қимматнок бо тахфиф маънои онро дорад, ки ин қоғазҳои қимматноки эмитент барои инвесторон он қадар ҷолиб нестанд, аз ин рў, эмитент розӣ ҳаст, ки онҳоро бо нархи арзонтар аз арзиши номиналӣ фурўшад. Барориши қоғазҳои қимматнок бо подош дар он ҳолат ба амал меояд, агар инвесторон бо сабаби обрўи (имиджи) хуби молиявӣ ё дигари эмитент қоғазҳои қимматноки онро бо нархи гаронтар аз арзиши номиналиашон мехаранд. Маблағи тахфиф (подош) бояд дар давоми мўҳлати қоғазҳои қимматнок аз ҳисоб бароварда шавад. Чӣ хеле аз мисолҳои 5 ва 6 мебинем, азҳисоббарории подош бо роҳи кредитонидани ҳисобҳои сармоягузориҳои дарозмуддат ва кўтоҳмуддат, азҳисоббарории тахфиф бошад, бо роҳи дебитонидани ин ҳисобҳо ба амал бароварда мешавад. Мақсади амортизатсияи тахфифу подош он аст, ки дар лаҳзаи пардохти вомбаргҳо арзиши балансии онҳо баробари арзиши номиналиашон гардад. Азҳисоббарории тахфиф (подош) дар давоми давраи ҳисобкунии даромади фоизӣ аз рўи вомбаргҳо ба амал бароварда мешавад. Маблағи тахфиф (подош)-и дар ҳамин давра азҳисоббаровардашаванда ҳамчун даромад ё хароҷоти фоизӣ тасниф карда мешавад. Васиқаҳои хазинавӣ (Казначейские векселя) – ин қарзи кўтоҳмуддати ҳукумат буда, одатан даромади фоизии муқарраршударо надоранд ва бо тахфиф, ки даромади фоизиро аз рўи ин васиқа ташкил менамояд, бароварда мешаванд. Мисоли 9. 1 март ширкат бо нархи 6 500 в.ш. васиқаи хазинавиро, ки мўҳлати пардохташ пас аз 120 рўз мерасад ва пардохт дар он вақт 7 000 в.ш.-ро ташкил мекунад, харид. Ин амалиёт дар баҳисобгирӣ чунин акс меёбад: Навишти хариди сармоягузорӣ: 01 март Сармоягузории кўтоҳмуддат………………………………………… 6 500 Воситаҳои пулӣ …………………………..………………………………………..6 500 Пардохти васиқаи хазинавӣ: 30 июн Воситаҳои пулӣ………………………………………………………….7 000 Сармоягузории кўтоҳмуддат ……………………………………………………6 500 Даромади фоизӣ… ………………………………………………………………….500 Баҳисобгирии қоғазҳои қимматноки ҳиссавӣ Қоғазҳои қимматноки ҳиссавӣ дар худ ҳиссаи мулкдории инвесторро ифода намуда, ҳуқуқи харид ё фармонфармоии ҳиссаи мулкро бо нархи муқарраршуда ё муайяншаванда медиҳанд. Ба қоғазҳои қимматноки ҳиссавӣ саҳмияҳои оддӣ, имтиёзнок ва дигар дохил мешаванд. Маҳз нисбати қоғазҳои қимматноки ҳиссавӣ қоидае, ки мувофиқи он вобаста ба андозаи ҳиссаи сармоягузорӣ ба ширкати сармоягузоришаванда усули баҳисобгирии сармоягузориҳо интихоб мегардад, истифода мешавад. Мувофиқи принсипҳои GAAP таърифи зерини таъсири муҳим ва назорат дода мешавад: Таъсири муҳим – таъсири баръало ба сиёсати амалиётӣ ё молиявии эмитент, вақте ки ҳиссаи сармоягузории инвестор аз 20% то 50% – ро ташкил медиҳад. Назорат – қобилияти назорат намудани сиёсати корӣ ва молиявии ширкат бо шарти соҳиби зиёда аз 50% -и саҳмияҳои эмитент будан аст. Сармоягузориҳое, ки ҳуқуқи нозириро намедиҳанд ва таъсири муҳимро намерасонанд Сармоягузориҳое, ки расонидани таъсири муҳимро имкон медиҳанд, аммо назоратӣ нестанд Сармоягузориҳое, ки ҳуқуқи назоратиро медиҳанд Андозаи ҳисса То 20% Аз 20% то 50% Зиёда аз 50% Усулҳои баҳисобгирӣ Усули камтарин аз арзиши аслӣ ва арзиши бозорӣ Усули арзиши аслӣ Усули тақсими пропорсионалии фоида (иштироки ҳиссавӣ) Усули харид Хусусиятҳои баҳисобгирӣ ва ҳисобот баҳисобгирии сармоягузориҳо аз рўи арзиши аслӣ ҳангоми харид ва азнавбаҳодеҳии даврӣ бо мақсади инъикоси арзиши бозорӣ; истифодабарии ҳисоби контрарии «Захираҳои камшавии арзиши сармоягузориҳои дарозмуддат»; истифодабарии ҳисоби контрпассивии «Фоида ва зарари баамалнаомада аз азнавбаҳодеҳии сармоягузориҳо». Баҳисобгирии хариди сармоягузориҳо аз рўи арзиши аслӣ; Қайди ҳиссаи фоида дар дебети ҳисоби «Сармоягузориҳои дарозмуддат» ва кредити ҳисоби «Фоида ва зарар аз сармоягузориҳо»; Кредитонидани ҳисоби «Сармоягузориҳои дарозмуддат» ҳангоми гирифтани ҳаққусаҳм. Тартибдеҳии ҳисоботи мутаҳҳида; Баҳисобгирии ҳиссаи аққалият. Вобаста аз ҳиссаи мулкдорӣ методикаи баамалбарории маросимҳои баҳисобгирӣ фарқ мекунанд. Ҳамин тариқ, ҳангоми тасарруфи камтар аз 20%-и капитали саҳҳомӣ сармоягузориҳо дар баҳисобгирӣ бо усули арзиши аслӣ инъикос мегарданд. Ин маънои онро дорад, ки сармоягузориҳо бо маблағи ҳақиқии хароҷот ва ҳаққусаҳми гирифташаванда ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ин усул баҳодеҳии саҳмияҳои харидашударо аз рўи арзиши хариди онҳо ё нархи бозорӣ вобаста ба он, ки кадоме аз онҳо пасттаранд, пешбинӣ менамояд. Ба таври даврӣ арзиши бозории сармоягузориҳо муайян карда шуда, он бо арзиши аслӣ муқоиса карда мешавад. Агар арзиши бозорӣ пасттар аз арзиши аслӣ бошад, фарқият ба кредити ҳисоби «Захираҳои камшавии арзиши сармоягузориҳо» бо дебетонидани ҳисоби «Зарари баамалнаомада аз рўи сармоягузориҳо»-и қисмати «Капитали азонихудӣ» навишта мешавад. Агар пастрави нархи саҳмияҳо давом ёбад, ҳисоби «Зарари баамалнаомада» бо ҳисоби «Ҷамъи даромаду хароҷот» ё «Фоидаи тақсимношуда» маҳкам карда мешавад. Агар нархи бозорӣ аз арзиши аслӣ ҳангоми истифодаи усули баҳисобгирӣ аз рўи арзиши бозорӣ баланд бошад, ҳисоби захираҳо ба сармоягузориҳои дарозмуддат ҷамъ карда шуда, фоида ва зарари баамалнаомада ҳамчун иловаи капитали азонихудӣ навишта мешавад. Мисоли 10. 1 октябри соли 2001 ширкати «Абр» 5 000 дона саҳмияҳои ширкати «Зар»-ро ки 10%-и капитали саҳҳомии онро ташкил менамояд, бо нархи 4 в.ш. барои як дона саҳмия; 4 000 дона саҳмияи ширкати «Хон»-ро ки 8 %-и капитали саҳҳомии онро ташкил менамояд, бо нархи 6 в.ш. барои як дона саҳмия харид. 31 декабри соли 2001 дар бозори фаъоли қоғазҳои қимматнок нархҳои зерин муқаррар шуданд: барои як дона саҳмияи ширкати «Зар» 4,20 в.ш. ва барои як дона саҳмияи ширкати «Хон» – 5,00 в.ш. медоданд. 1 марти соли 2002 ширкат 2 000 саҳмияи ширкати «Зар»-ро бо нархи 3,80в.ш. барои як саҳмия фурўхт. 1 маи соли 2002 ҳаққусаҳм аз рўи саҳмияҳои ширкати «Хон» дар андозаи 0,25 в.ш. барои як саҳмия гирифта шуд. 31 декабри соли 2002 дар бозори фаъоли қоғазҳои қимматнок нархҳои зерин муқаррар гардиданд: барои саҳмияҳои ширкати «Зар» – 4,10 в .ш. барои як саҳмия, барои саҳмияҳои ширкати «Хон» – 5,25 в.ш. барои як саҳмия медоданд. Барои инъикоси амалиётҳои мазкур дар баҳисобгирӣ чунин навиштаҷотҳо тартиб дода мешаванд: 1 октябри соли 2001. Хариди қоғазҳои қимматнок: Сармоягузориҳои дарозмуддат……………………………………………………44 000 Воситаҳои пулӣ.………………………………………….………………………………..44 000 Ҳисобкунии маблағи нархгузорӣ (котировка): Ширкат Миқдори саҳмияҳо Арзиши бозории як саҳмия Арзиши умумии бозорӣ Арзиши хариди саҳмияҳо Зар 5 000 4,20 21 000 20 000 Хон 4 000 5,00 20 000 24 000 41 000 44 000 Арзиши харид – арзиши бозорӣ= 44 000 –41 000=3 000 в.ш.. 31 декабри соли 2001. Баҳисобгирии нархгузорӣ: Зарари баамалнаомада аз рўи сармоягузориҳо………….………………………..3 000 Захираҳои камшавии арзиши сармоягузориҳо…………………………………………3 000 1 марти соли 2002. инъикоси фурўши сармоягузориҳо: Воситаҳои пулӣ…… ………………………………………..…………………………..7 600 Зарар аз фурўши қоғазҳои қимматнок..………………………………………………..400 Сармоягузориҳои дарозмуддат..……………………….…………………………………8 000 1 маи соли 2002. Гирифтани ҳаққусаҳм: Воситаҳои пулӣ………………………………………………..………………………..1 000 Даромади ҳаққусаҳмӣ…………………………………………………………………….1 000 Ҳисобкунии маблағи нархгузорӣ дар 31 декабр: Ширкат Миқдори саҳмияҳо Арзиши бозории як саҳмия Арзиши умумии бозорӣ Арзиши хариди саҳмияҳо Зар 3 000 4,10 12 300 12 000 Хон 4 000 5,25 21 000 24 000 33 300 36 000 Арзиши харид – арзиши бозорӣ = 36 000- 33 300 =2 700 3 000 – 2 700 = 300 31 декабри соли 2002. Баҳисобгирии нархгузорӣ: Захираҳои камшавии арзиши сармоягузориҳо ………………………………….300 Зарари баамалнаомада аз рўи сармоягузориҳо ………………………………….300 Дар рўзи эълони ҳаққусаҳм аз ҷониби эмитент, даромади ҳаққусаҳмӣ дар баҳисобгирӣ аз рўи дебети ҳисоби «Ҳаққусаҳм барои қабул» ва кредити ҳисоби «Даромади ҳаққусаҳмӣ» инъикос мегардад. Дар ҳолати зиёд будани ҳаққусаҳми гирифташаванда аз ҳиссаи пропорсионалии инвестор, онҳо ҳамчун баргардониши капитал, на чун даромад аз сармоягузориҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд. Мисоли 11. 1 январи соли 1999 ширкати «Мустанг» 10 % – и саҳмияҳои ҳуқуқи овоздоштаи ширкати «Мачо»-ро ба маблағи 25 000 в.ш. харид. Фоидаи софи ширкати «Мачо» барои соли 1999 50 000в.ш.-ро ташкил дод, аммо ба маблағи 75 000в.ш. ҳаққусаҳм пардохта шуд. Ин амалиёт аз чониби инвестор чунин инъикос мегардад: 1 январ. Қайди хариди қоғазҳои қимматнок: Сармоягузориҳои дарозмуддат ……………………………………..………………..25 000 Воситаҳои пулӣ …..………………………………………………………………………..25 000 Дар рўзи эълони ҳаққусаҳм: Ҳаққусаҳм барои қабул……………………………………………………………….…..7 500 Даромад аз сармоягузорӣ………………………………………………………………………5 000 Сармоягузориҳои дарозмуддат …………………………………………….………………….2 500 Дар рўзи гирифтани ҳаққусаҳм: Воситаҳои пулӣ ………………………. ………………………………………………7 500 Ҳаққусаҳм барои қабул ……………………………………………………………………….7 500 Ҳангоми аз 20% то 50% тасарруф намудани капитали саҳҳомии эмитент усули тақсими пропорсионалии фоида истифода мегардад. Ин усул дохилнамоии ҳиссаи мувофиқи фоида ва зарари эмитентро ба ҳисоботҳои инвестор дар назар дорад, зеро ин гуна сармоягузориҳо на танҳо барои бадастории ҳаққусаҳм ба амал бароварда мешаванд. Мисоли 12. Ширкати «Сано» 1 январи соли 2001 30% – и саҳмияҳои ҳуқуқи овоздоштаи ширкати «Мираж»-ро бо нархи 27 000 в.ш. харид. Дар давоми сол ширкати «Мираж» 60 000 в.ш. фоидаи соф эълон намуда, ба маблағи 20 000 в.ш. ҳаққусаҳм бипардохт. Ин амалиётҳо дар баҳисобгирӣ чунин қайд меёбанд: (а) баамалбарории сармоягузорӣ ба ширкати «Мираж»: Сармоягузориҳои дарозмуддат ……………………………………………………27 000 Воситаҳои пулӣ ………………..………………………………………………..…………..27 000 (б) эътирофи фоида: Сармоягузориҳои дарозмуддат .………………………………………………….18 000 Фоида ва зарар…..…………………………………………………………….…..……….18 000 Ҳисобкунӣ: 30% х 60 000 = 18 000 в.ш.. (в) қабули ҳаққусаҳм: Воситаҳои пулӣ ………………………………………………………………………6 000 Сармоягузориҳои дарозмуддат .……….……………………………………..…………..6 000 Ҳисобкунӣ: 30% х 20 000 = 6 000 в.ш.. Бақияи ҳисоби «Сармоягузориҳои дарозмуддат» пас аз қайднамоии ин амалиётҳо 39 000 в.ш.-ро ташкил мекунад. Сармоягузориҳои дарозмуддат Сармоягузориҳо 27 000 Ҳиссаи фоида 18 000 Гирифтани ҳаққусаҳм 6 000 Бақия 39 000 Фарз кардем, ки ширкати «Мираж» дар соли 2002 ба маблағи 150 000в.ш. зарар дид. Ҳаққусаҳм эълон карда нашуд. Ин амалиётҳо дар баҳисобгирӣ чунин қайд меёбанд: (г) инъикоси ҳиссаи зарар: Фоида ва зарар …………………………………………………………………..45 000 Сармоягузориҳои дарозмуддат …………………………………………………………45 000 Чӣ хеле мебинем, ҳисоби «Сармоягузориҳои дарозмуддат» бақияи кредитӣ пайдо мекунад. Маблағи боқимондаи ҳиссаи ширкати «Сано» дар зарари ширкати «Мираж» – 6 000 (39 000 – 45 000) дар ҳисоби берунибалансӣ то лаҳзаи пўшонида шудани он бо фоидаи соф инъикос мегардад. Дар ҳолати ба худ гирифтани ўҳдадориҳои иловагӣ аз рўи шартнома, маблағи боқимондаи зарарро ширкати «Сано» ҳамчун ўҳдадорӣ инъикос менамояд. Фоида ва зарар ……………………..……………………………………………6 000 Ўҳдадориҳои ғайр….…………………………………………………..………………….6 000 Дар ҳолати аз ҷониби инвестор харида шудани зиёда аз 50% -и саҳмияҳои ҳуқуқи овоздошта ширкати сармоягузор ҳамчун ширкати болоӣ (модарӣ), ширкати сармоягузоришаванда ҳамчун ширкати фаръӣ (духтарӣ) муайян шуда, ҳисоботи молиявии онҳо муттаҳид (консолидатсия) карда мешавад. Ҳангоми муттаҳиднамоии баланс моддаҳои мувофиқи ҳисоботҳои ширкатҳои модарӣ ва духтарӣ муттаҳид кунонида шуда, баъзе амалиётҳои байни онҳо барои пешгирии ҳисобкунии такрорӣ хориҷ мегарданд. Баҳисобгирии азнавбаҳодеҳии сармоягузориҳо Ҳангоми азнавбаҳодеҳии сармоягузориҳо бо мақсади баробар намудани арзиши онҳо ба арзиши одилонаи бозорӣ, барои риояи пайдарпаӣ сиёсати гузаронидани азнабаҳодеҳиҳо кор карда мешавад. Мисоли 13. Ширкати “Шарбат” қоғазҳои қимматноки зеринро дорост: Ширкат Миқдори саҳмияҳо Арзиши хариди саҳмияҳо Арзиши одилонаи бозорӣ Ҳамагӣ, хароҷоти харид, в.ш. 31.12.2001. арзиши умумии бозорӣ бо в.ш. Баландшавӣ (пастшавӣ)-и арзиши бозорӣ «Зар» 100 20 25 2 000 2 500 500 «Азм» 200 15 20 3 000 4 000 1000 «Мир» 300 50 40 15 000 12 000 (3 000) 20 000 18 500 (1 500) Истифодабарии усули баҳодеҳӣ аз рўи камтарин аз арзиши харид ва арзиши бозорӣ нишон медиҳад, ки арзиши портфели саҳмияҳо бояд ба маблағи 1 500 в.ш. – аз 20000 в.ш. то 18 500 в.ш. паст карда шавад. Дар ин ҳангом, арзиши саҳмияҳои ширкатҳои «Зар» ва «Азм» ба 1 500в.ш. афзуда, арзиши саҳмияҳои ширкати «Мир» ба маблағи 3 000 в.ш. арзон гардиданд. Мукотиботи зарурӣ дар охири соли 2001 чунин намуд дорад: 31.12.2001.: Зарар аз сармоягузориҳои кўтоҳмуддат……………………………………………1 500 Сармоягузориҳои кўтоҳмуддат………………………………………………………………..1 500 Агар ширкати “Шарбат“ ҳамаи саҳмияҳои пештар харидаи худро рўзи 1 январи соли 2002 бифурўшад, барои онҳо ҳамагӣ 18 500 в.ш. ба даст меорад, ва ин ба шарте, ки арзиши бозорӣ дар рўзи 31 декабри соли 2001 тағйир намеёбад. Акнун, фарз кардем, ки дар соли 2002 ширкати “Шарбат” саҳмияҳои азнавбаҳододашудаи ширкати «Азм»-ро ба маблағи 5 000 в.ш., яъне, ба маблағи 2 000 в.ш. қимматтар аз нархи харид мефурўшад. Ин амалиёт дар баҳисобгирӣ чунин инъикос меёбад: Воситаҳои пулӣ…………………………………………………………………..…5 000 Сармоягузориҳои кўтоҳмуддат…………..………………………………………………3 000 Даромад аз фурўши сармоягузориҳо..………….……………………………………….2 000 Ҳамин тариқ, ширкате, ки сармоягузориҳои кўтоҳмуддати худро аз рўи арзиши бозориашон ба ҳисоб мегирад, бояд сиёсати баҳисобгирии афзоиш ва камнамоии арзиши балансиро, ки ҳамчун даромад ё хароҷот эътироф мегарданд, кор карда баромада, ба таври муттассил истифода барад. Дар ҳолати дигар, ширкат бояд ин гуна сармоягузориҳоро мувофиқи талаботи зерини п.32 СБҲМ 25 ба ҳисоб бигирад: Афзоиши арзиши балансӣ, ки дар натиҷаи азнавбаҳодеҳии сармоягузориҳо ба вуҷуд меояд, бояд ба кредити ҳисоби капитали азонихудӣ ҳамчун натиҷаи азнавбаҳодеҳӣ гузаронида шавад. Дараҷае, ки ба андозаи он камнамоии арзиши балансӣ зиёднамоии пешинаи онро барои ҳамон як сармоягузорӣ ҷуброн менамояд ва дар кредити ҳисоби капитали азонихудӣ акс ёфтааст, инчунин минбвъд пурра нагардида ва истифода нашудааст, бояд ба муқобили ин натиҷаи азнавбаҳодеҳӣ дебитонида шавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.