Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Фоидаи тақсимношуда ва ҳисобот оиди фоида ва зарар дар ҷамъияти саҳҳомӣ

Фоидаи тақсимношуда (фоидаи реинвестиронидашуда – retained earnings) қисми сармояи азонихудӣ, ки дар байни мулкдорон (соҳибон) тақсим нашудааст. Дар баробари сармояи баровардашуда фоидаи тақсимнашуда сарчашмаи пайдоиши активҳо мебошад. Асосан, ҳисоби «Фоидаи тақсимношуда» бақияи кредитӣ дорад. Бақияи кредитии ҳисоби «Фоидаи тақсимношуда» маблағи фоидаи софро дар давоми мавҷудияти ширкат тарҳи зарарҳо, пардохтҳо аз рўи ҳаққуссаҳм ва фоидаи ба сармояи саҳҳомии баровардашуда реинвестиронидашуда дарбар мегирад. Ин ҳисоб баъзан бақияи дебетӣ дорад, ки зиёд будани пардохти ҳаққуссаҳм ва зарарҳоро аз маблағи фоидаи тақсимношуда нишон медиҳад. Норасоии фоидаи тақсимнашуда аз сармояи гузошташуда тарҳ карда мешавад.Фоидаи тақсимношуда ва ҳисобот оиди фоида ва зарар дар ҷамъияти саҳҳомӣ

Мақсади омўзиш
Таърифи фоидаи тақсимношуда
Амалиёти ба фоидаи тақсимношуда таъсир расонанда
Маҳдудиятҳои фоидаи тақсимношуда
Ҳисобот оиди фоида ва зарар дар ҷамъияти саҳҳомӣ
Кушоиши ахборот
Адабиёти тавсияшаванда
Супориш барои худсанҷӣ

Мақсади омўзиш

Пас аз омўзиши боби мазкур Шумо бояд қобилияти:

додани таърифи фоидаи тақсимнашуда;
тартиби ҳисобот оиди фоидаи тақсимношуда;
додани таърифи ҳаққуссаҳм;
бурдани баҳисобгирии фоидаи тақсимношуда ва амалиётҳои вобаста бо ҳаққуссаҳм;
бурдани баҳисобгирии маблағҷудокуниҳо аз фоидаи тақсимношуда;
бурдани баҳисобгирии амалиётҳои ба фоидаи тақсимношуда таъсир расонанда;
тавсифи маҳдудиятҳои фоидаи тақсимношуда;
тартиби ҳисобот оиди фоида ва зарар, тавсифи қисмҳои (элементҳои) асосии он;
тавсифи ҳодисаҳои шартӣ, минбаъда ва фавқулодда, муайянкунии таъсири онҳоро ба ҳисоботи молиявӣ;
муайянкунии таъсири тағйироти қурби арзӣ ба ҳисоботи молиявӣ;
баамалбарории навиштҳои бухгалтериро барои инъикоси зарари фавқулодда ва фарқияти қурбӣ;
баамалбарории кушоиши ахборотро дошта бошед.
Таърифи фоидаи тақсимношуда

Сохти (таркиби) сармояи азонихудии ширкатҳои саҳҳомӣ аз ду боби асосӣ иборат аст:

сармояи гузошташуда;
фоидаи тақсимношуда.
Фоидаи тақсимношуда (фоидаи реинвестиронидашуда – retainedearnings) қисми сармояи азонихудӣ, ки дар байни мулкдорон (соҳибон) тақсим нашудааст. Дар баробари сармояи баровардашуда фоидаи тақсимнашуда сарчашмаи пайдоиши активҳо мебошад.
Асосан, ҳисоби «Фоидаи тақсимношуда» бақияи кредитӣ дорад. Бақияи кредитии ҳисоби «Фоидаи тақсимношуда» маблағи фоидаи софро дар давоми мавҷудияти ширкат тарҳи зарарҳо, пардохтҳо аз рўи ҳаққуссаҳм ва фоидаи ба сармояи саҳҳомии баровардашуда реинвестиронидашуда дарбар мегирад. Ин ҳисоб баъзан бақияи дебетӣ дорад, ки зиёд будани пардохти ҳаққуссаҳм ва зарарҳоро аз маблағи фоидаи тақсимношуда нишон медиҳад. Норасоии фоидаи тақсимнашуда аз сармояи гузошташуда тарҳ карда мешавад.
Фоидаи тақсимношуда ҳамчун активи ширкат ба ҳисоб нарафта, мавҷудияти он аз зиёдшавии активҳои ширкат дар натиҷаи амалиётҳои фоидаовар шаҳодат медиҳад.

Амалиёте, ки ба фоидаи тақсимношуда таъсир мерасонанд

Ҳисобот оиди фоидаи тақсимношуда ҳамчун қисми таркибии ҳисоботи молиявӣ натиҷаи тағйиротро дар таркиби фоидаи тақсимношудаи давраи ҳисоботӣ инъикос менамояд. Ҳисобот оиди фоидаи тақсимношуда сохти зеринро дорост:

Ширкати «Хингоб»
Ҳисобот оиди фоидаи тақсимношуда барои соле, ки 31 декабри соли 1999 ба анҷом расидааст
Бақияи фоидаи тақсимношуда дар 1 январи с.1999…………………….50000

Ҷамъ: Фоидаи соф………………………………………………..14000
Тарҳ: Ҳаққуссаҳм………………………………………………….5000…………….9000
Бақияи фоидаи тақсимношуда дар 31 декабри с. 1999…………………59000

Чӣ тавре, ки аён аст, ба ҳаҷми фоидаи тақсимношуда пеш аз ҳама маблағи фоидаи (зарари) софи давраи ҷорӣ таъсир мерасонад.
Фоидаи софи давраи ҷорӣ, ки бо тарзи тарҳ кардани ҳама гуна хароҷот аз даромади умумӣ ҳисоб карда мешавад, ҳаҷми фоидаи тақсимношударо меафзояд. Дар ин ҳолат навишти зерин гузаронида мешавад:
Маҷмўаи даромад ва хароҷот (фоидаи соф)………….……15000
Фоидаи тақсимношуда ………………………………….………15000
Ҳаққуссаҳм ин тақсими фоидаи субъект байни саҳҳомони он мебошад. Асосан ҳаққуссаҳм бо пули нақд ва ё саҳмияҳои иловагӣ баровардашуда пардохта мешавад. Шакли дигари ҳаққуссаҳм ин ҳаққуссаҳм дар намуди аслӣ мебошад, масалан, ҳаққуссаҳме, ки ба воситаи маҳсулот, мол, саҳмияҳои дигар корхонаҳо (ин гуна ҳаққуссаҳм аз рўи арзиши бозории активҳои тақсимшуда баҳо дода мешаванд) пардохта мешавад.
а) Ҳаққуссаҳми пулӣ
Ҳаққуссаҳми пулӣ ин тақсими фоидаи софи ширкат дар намуди пулӣ мебошад.
Мисоли 1. 15 январи соли 2000 Шўрои директорони АО «Афрўз» аз маблағи 120000 в.ш ҳаққуссаҳми пулии семоҳаи 3% эълон кард (1/4 ҳиссаи ҳаққуссаҳми солона барои 1000 саҳмияҳои имтиёзноки 12%, бо арзиши номиналии 100 в.ш.). Ҳаққуссаҳм 1 марти соли 2000 пардохта мешавад.
15 январи с. 2000
Фоидаи тақсимношуда…………………………………………..3600
Ҳаққуссаҳм барои пардохт…………………………………………3600
1 марти с. 2000
Ҳаққуссаҳм барои пардохт……………………………………….3600
Воситаҳои пулӣ………………………………………………………..3600

b) Ҳаққуссаҳми бо саҳмия пардохтшаванда
Пардохти ҳаққуссаҳм бо саҳмия дар активҳо ва ўҳдадориҳои ширкат тағйирот намеорад, чунки дар ин ҳолат ба мисли пардохти пулӣ тақсимот ба амал намеояд. Пардохти ҳаққуссаҳм бо саҳмия танҳо ба тағйироти сохти сармоя оварда мерасонад.
Шўрои директорон ҳаққусаҳми бо саҳмия пардохтшавандаро бо чунин мақсадҳо эълон карда метавонад53:

нигоҳдории активҳои ҷории ширкат;
пасткунии нархи бозории саҳмия ва афзудани миқдори саҳмияҳо;
бартараф кардани андозбандии дубора, чунки ин гуна тақсимот даромад ба ҳисоб нарафта, андозбандӣ намешавад.
зиёдшавии сармояи пардохтшудаи ширкат аз ҳисоби гузаронидани воситаҳо аз фоидаи тақсимношуда.
Ҳаққуссаҳми бо саҳмия пардохташуда ба ҳаҷми умумии сармояи азонихудӣ таъсир намерасонад. Натиҷаи ин – гузаронидани маблағи ҳаққуссаҳм аз моддаи «Фоидаи тақсимношуда»-и баланс ба моддаҳои «Саҳмияҳои оддӣ» ва ё «Саҳмияҳои имтиёзнок» дар санаи эълони ҳаққуссаҳм. Ин маблағ ҳамчун арзиши саҳмияҳои иловагӣ баровардашуда бо нархи бозории ҷорӣ муайян карда мешавад.
Мисоли 2. Сохти сармояи азонихуди ширкат чунин аст:

Сармояи азонихудӣ:
Саҳмияҳои оддӣ (ном. 10 в.ш.)……………………………………….200 000
Сармояи иловагӣ пардохтшуда………………………………………..50 000

Ҷамъ сармояи пардохтшуда…………………………………………..250 000
Фоидаи тақсимнашуда…………………………………………………150 000

Ҳамагӣ сармояи азонихудӣ…………………………………………….400 000
10 феврал Шўрои директорон ҳаққуссаҳми бо саҳмия пардохташавандае, ки 1 март дар байни саҳҳомони 25 феврал ба қайд гирифташаванда тақсим карда мешавад, дар ҳаҷми 10% саҳмияҳои дар гардиш буда, эълон кард. Нархи бозории саҳмия рўзи 20 феврал 20 в.ш.-ро ташкил медод.
10 феврал:
Фоидаи тақсимношуда……………………………………………40 000
Саҳмияҳои оддии тақсимшаванда……………………………………20 000
Сармояи иловагӣ пардохташуда………………………………………20 000
Ҳисобкунӣ:
20 000 саҳмия х 10% = 2000 саҳмия
2 000 саҳмия х 20 в.ш.барои як саҳмия = 40000 в.ш.
2 000 саҳмия х 10 в.ш. барои як саҳмия = 20000 в.ш.
25 феврал: Навишти бухгалтерӣ талаб карда намешавад.
1 март:
Саҳмияҳои оддии тақсимшаванда………………………………..20 000
Саҳмияҳои оддӣ………………………………………………………….20 000
Натиҷаи мисоли овардашуда – гузаронидани арзиши бозории сармояи азонихудӣ ба маблағи 40 000 в.ш. аз фоидаи тақсимношуда ба сармояи пардохташуда ва афзоиши миқдори саҳмияҳои дар гардиш буда ба миқдори 2 000 дона. Сохти сармояи азонихудӣ баъди ин амалиёт чунин аст:
Сармояи азонихудӣ:
Саҳмияҳои оддӣ (ном. 10 в.ш.)………………………………………. 220 000
Сармояи иловагӣ пардохтшуда………………………………………..70 000

Ҷамъ сармояи пардохтшуда…………………………………………..290 000
Фоидаи тақсимношуда…………………………………………………110 000

Ҳамагӣ сармояи азонихудӣ…………………………………………….400 000
Аз мисоли дар боло овардашуда, хулосаҳои зерин бармеоянд:

ҳаҷми умумии сармояи азонихудӣ тағйир наёфт;
активҳои ширкат кам нагардиданд;
миқдори саҳмияҳо зиёд шуданд, аммо ҳаққи мутаносиби (пропорциональная доля) саҳҳомон дар сармоя тағйир наёфт.
с) Ҳиссаҷудокуниҳо аз фоидаи тақсимношуда
Фоидаи тақсимнашуда метавонад барои мақсадҳои муайян равона ва ё дар натиҷаи амалҳои маъмурияти субъект ва ё мувофиқи қонунгузорӣ захира карда шавад. Дар ин ҳолат баҳисобгирии ҳиссаҷудокуниҳо бо як тарз бурда мешавад.
Фоидаи тақсимношудаи ҷудокардашуда, ки ҳамчун сармояи захиравӣ маълум аст, барои мақсадҳои муайяни маъмурият ба монанди васеъ кардани иқтидори истеҳсолӣ ташкил мегардад.
Ба ҳар ҳол, мақсади бавоситаи ташкили сармояи захиравӣ – маҳдуднамоии тақсими ҳаққуссаҳм ба дорандагони саҳмия мебошад. Ҳиссаҷудокуниҳо бо соҳибии активҳои муайян пайваст нестанд ва маънои ҷойгир кардани маблағи муайяни пули нақд ё дигар активҳоро ба фонди махсус надоранд. Маблағи нақдинае, ки ҳамчун ҳаққуссаҳм тақсим карда мешавад, барои мақсадҳои муайян истифода ва ё барои таъмини фондҳо, масалан пўшонидани қарзҳо, нигоҳ дошта мешавад.
Ҳиссаҷудокуниҳо аз фоидаи тақсимношуда бо роҳи гузаронидани маблағ аз ҳисоби «Фоидаи тақсимношуда» ба ҳисоби «Сармояи захиравӣ» амалӣ мегарданд.
Фоидаи тақсимношудаи соли ҳисоботӣ……………………….25 000
Дигар сармояи захиравӣ…………………………………………….25 000
Баъд аз он ки ҳиссақҷудокуниҳо ба мақсади худ хизмат мекунанд ва ё маҳдудият бардошта мешавад, маблағҳои ҷудокардашуда бояд ба таркиби фоидаи тақсимношуда баргардонида шаванд.
Азбаски ҳиссаҷудокуниҳо барои мақсадҳои муайян пешбинӣ шудаанд, бояд аққалан соле як маротиба таҳлили ҳамаи маблағҳои ҷудокардашуда ва амиқияти ҳиссаҷудокуниҳо гузаронида шавад.
d) Баҳисобгирии ҳиссаҷудокуниҳо аз фоидаи тақсимношуда
Ҳисобот оиди фоидаи тақсимношуда асосан аз ду қисм иборат аст:
(1) ҷудокардашуда (ассигновано);
(2) ҷудокарданашуда (неассигновано).
Дар қисми якум барои ҳисоби маблағҳои ҷудокардашуда бақияи ибтидоии ҳисоб, зиёдшавӣ ва камшавии маблағ дар давоми давра, бақияи охирии ҳисоб нишон дода мешавад.
Дар қисми дуюм барои ҳисоби ҷудокарданашудаи фоидаи тақсимношуда бақияи аввалии ҳисоб, даромади ё зарари софи давра, ҳаққуссаҳм, гузаронидан ба ҳисоб ва аз ҳисоби ҳиссаҷудокуниҳо, бақияи охирии ҳисоб нишон дода мешавад.
Рақами охирин дар ҳисобот – ин фоидаи тақсимношудаи ниҳоӣ дар охири давра аст.
Мисоли 3. Ҳисобот оиди фоидаи тақсимношудаи дорои ҳиссаҷудокуниҳо (бо в.ш.)
Маблағҳои ҷудокардашуда:
Ҳиссаҷудокуниҳо барои васеъкунии истеҳсолот
дар 1 январи с.2001……………………………………………………..80 000
Ҳиссаҷудокуниҳои иловагӣ (ниг. поёнтар)………………………….20 000
Ҳиссаҷудокуниҳои фоидаи тақсимнашуда
дар 31 декабри с. 2001…………………………………………………100 000
Маблағҳои ҷудокарданошуда:
Бақия дар 1 январи с. 2001………………………….550 000
Фоидаи софи сол………………………….…………..70 000……….. 620 000
Ҳаққуссаҳми пулии эълоншуда……………….…….30 000
Гузаронидан ба ҳиссаҷудокуниҳо
Барои васеъ кардани истеҳсолот (ниг. ба боло)…..20 000………..(50 000)
Фоидаи тақсимношудаи озод дар 31 декабри с. 2001…………..….570 000
Ҳамагӣ фоидаи тақсимношуда дар 31 декабри с. 2001…..……….670 000

е) Ислоҳи фоидаи тақсимношуда
Амалиёте, ки ба фоидаи тақсимнашуда бевосита таъсир мерасонад, бояд дар ҳисобот оиди фоидаи тақсимношуда кушода дода шавад. Дар поён амалиётҳои асосие, ки ба фоидаи тақсимношуда таъсир мерасонанд, дида мешаванд. Ҳаҷми фоидаи соф ва ҳолати молиявӣ ҳангоми тағйири принсипҳои баҳисобгирӣ тағйир меёбанд. Ҳангоми қабули қарор дар бораи тағйирдиҳии усули баҳисобгирии объектҳои мушаххас (усули баҳодиҳии захираҳои моддию молӣ, ҳисоб кардани хўрдашавӣ), вақте, ки усули нав нисбат ба усули кўҳна беҳтар аст, бояд мувофиқан ҳаҷми фоидаи тақсимношуда ислоҳ карда шавад ва дар ҳисоботи молиявӣ инъикос гардад.
Мисоли 4. 1 январи соли 2000 ширкат дастгоҳеро бо мўҳлати истифодабарии 4 сола ба маблағи 10 000 в.ш. харид. Ширкат хўрдашавиро аз рўи усули ҷамъи ададҳо ҳисоб мекард, вале дар аввали соли 2002 қарор шуда буд, ки он ба усули мунтазами азҳисоббарории арзиш иваз карда шавад. Таъсири тағйирот дар принсипҳои баҳисобгирӣ бо тарзи зерин ҳисоб карда мешавад:
Аз рўи усули ҷамъи ададҳо:
Хўрдашавӣ дар соли 2000 – 10 000 х 4/10……………….….……………..4 000
Хўрдашавӣ дар соли 2001 – 10 000 х 3/10…………………….……………3 000
Бақияи хўрдашавии ҷамъшуда дар аввали соли 2002……….………….7 000
Аз рўи усули мунтазами хўрдашавӣ (агар истифода мешуд):
Хўрдашавӣ дар соли 2000 – 10 000/4……………………..………………..2 500
Хўрдашавӣ дар соли 2001 – ………………………………..……………….2 500
Бақияи хўрдашавии ҷамъшудае,
ки дар соли 2002 мешуд…………………………………………………….5 000
Фарқият……………………………………………………………………….2 000
Ҳангоми истифодабарии усули мунтазами хўрдашавӣ бақияи ҳисоби хўрдашавии ҷамъшуда ба маблағи 2 000 в.ш. кам мебуд ва ба ҳамин маблағ хароҷоти хўрдашавӣ низ дар ду сол кам мешуд. Андоз аз даромад дар натиҷаи тағйирот ба маблағи 600 в.ш. зиёд мебуд (2 000 х 30%). Таъсири соф (чистый эффект) аз тағйирот ба 1 400 (2 000 – 600) в.ш. баробар аст.
Ислоҳи тағйирот дар принсипҳои баҳисобгирӣ:
Хўрдашавии ҷамъшуда – дастгоҳҳо…………………………………2 000
Фоидаи тақсимнашудаи соли ҳисоботӣ……………………………1 400
Андози ҷорӣ аз фоида барои пардохт………………………………..600

f) Ислоҳкуниҳои давраҳои гузашта
Дар бисёр ҳолатҳо, дар давраи ҷории ҳисоботӣ ҳар гуна хатогиҳо ёфт мешаванд, ки аз истифодабарии нодурусти принсипҳои баҳисобгирӣ ва ё иштибоҳи арифметикии давраҳои ҳисоботии гузашта ба вуҷуд омадаанд. Ин гуна хатогиҳо талаб мекунанд, ки мувофиқи бузургии онҳо фоидаи тақсимношуда ислоҳ карда шавад, яъне ислоҳкунӣ дар ҳисоботи аллакай интишор шуда, ба амал бароварда шавад.
Ислоҳи ҷорие, ки дар натиҷаи фаъолияти баҳисобгирӣ ба амал меояд, ҳамчунин хатогиҳое, ки дар давоми давраи баҳисобгирӣ ислоҳ карда шудаанд, ба ислоҳи давраҳои гузашта дахл надоранд. Мутобиқи СБҲМ 1, хатогиҳое, ки ба давраи гузашта таъсир мерасонанд, дар давраи ҷории ҳисоботӣ ислоҳ карда мешаванд, ё ин ки ислоҳи фоидаи тақсимношуда мумкин аст.
Мисоли 5. Таҷҳизоти харидаи ширкат ба маблағи 10 000 в.ш. ба ҷои ҳисоби «Таҷҳизот» дар ҳисоби хароҷот инъикос гардида буд. Ошкорсозии ин хатогӣ 1 апрели соли 2001, баъди интишори ҳисоботи молиявии соли 2000, ислоҳи бақияи ҳисоби «Фоидаи тақсимношуда» – ро талаб мекунад. Бо сабаби ин хатогӣ дар соли 2000 ба маблағи 3 000 в.ш. (10 000 х 30%) андоз супорида нашуда буд. Дар ин ҳолат навишти ислоҳотӣ чунин намуд дорад:
1 апрели с. 2001:
Таҷҳизот…………………………………………………….10 000
Даромади тақсимнашудаи солҳои гузашта…………………..7 000
Андози ҷорӣ аз даромад барои пардохт……………………….3 000
Ин ислоҳкунӣ дар ҳисобот оиди фоида ва зарар инъикос намеёбад, вале дар ҳисоботи молиявӣ ҳамчун ислоҳ ба бақияи аввалаи фоидаи тақсимношуда дар ҳисобот оиди фоидаи тақсимношуда нишон дода мешавад:
Ширкати «Мадина»
Ҳисобот оиди фоидаи тақсимношуда барои соли 2001
Фоидаи тақсимношуда дар 1 январи с. 2001………………………….550 000
Ислоҳ барои давраи гузашта:
Ислоҳ кардани хатогии бурдани арзиши таҷҳизот
ба хароҷоти истеҳсолот
(тарҳи андоз ба маблағи 3 000 в.ш.)…………………………….………7 000
Фоидаи тақсимношудаи ислоҳшуда…………………………………557 000
Ҷамъ: Фоидаи соф…………………………………………………70 000
Тарҳ: Ҳаққуссаҳм………………………………………………….30 000 …… 50 000
Фоидаи тақсимношуда дар 31 декабри с. 2001………………………607 000

Маҳдудияти фоидаи тақсимношуда

Ширкатҳо барои маҳдуд кардани истифодабарии пурра ё қисми муайяни фоидаи тақсимношуда ўҳдадор ва ё ҳавасманданд. Маҳдуд кардани истифодабарии фоидаи тақсимношуда маънои эълон кардани ҳаққуссаҳмро танҳо ба маблағи аз маблағи маҳдуд карда шуда зиёд дорад. Сабабҳои маҳдуд кардани тақсимоти фоидаи тақсимношуда:

талаботи шартномаҳои басташуда;
манъ аз ҷониби санадҳои қонунгузорӣ;
қарорҳои мустақилонаи Шўрои директорон.
Тарзҳои зерини инъикоси маҳдудкуниҳои фоидаи тақсимношуда дар ҳисоботи молиявӣ мавҷуданд:
а) дар баланси бухгалтерӣ, дар қисми «Сармояи саҳҳомӣ» инъикос намудани маҳдудкуниҳои фоидаи тақсимношуда;
b) инъикоси маҳдудкуниҳои фоидаи тақсимнашуда дар эзоҳномаи (шарҳияи) ҳисоботи молиявӣ.
Маҳдудкуниҳои фоидаи тақсимношуда сармояи азонихудиро тағйир намедиҳад, танҳо фоидаи тақсимношударо ба ду қисм: маҳдудкардашуда ва маҳдудкарданашуда ҷудо мекунад. Моддаи «Фоидаи тақсимношудаи маҳдудкардашуда» нишон медиҳад, ки воситаҳои он барои пардохти ҳаққуссаҳм истифода шуда наметавонанд.
Мисоли 6. Шўрои директорони ширкати «Башоро» бо мақсади васеъ кардани иқтидори истеҳсолӣ қарор дод, ки фоидаи тақсимношударо ба маблағи 25 000 в.ш. маҳдуд кунад. Қисми «Сармояи саҳҳомӣ» дар баланси корпоратсияи «Башоро» намуди зеринро дорад:
Сармояи саҳҳомӣ
Сармояи гузошташуда
Саҳмияҳои оддӣ, номинал 10 в.ш………………………………………….100 000
Сармояи аз номинал зиёд дохил кардашуда……………………………….25 000
Ҷамъ…………………………………………………………………………….125 000
Фоидаи тақсимношуда
Фоидаи тақсимношудаи маҳдудкардашуда………………………………..25 000
Фоидаи тақсимношудаи маҳдудкарданашуда……………………………..50 000
Ҷамъ……………………………………………………………………………..75 000
Ҳамагӣ…………………………………………………………………………..200 000
Ин амал дар эзоҳнома ба ҳисоботи молиявӣ дар намуди зерин нишон дода мешавад:
Сармояи гузошташуда …….. ……………………………125 000
Фоидаи тақсимношуда ……………………………………75 000
Эзоҳ: Шўрои директорон бо мақсади васеъ кардани истеҳсолот фоидаи тақсимношударо ба маблағи 25 000 в.ш аз пардохти ҳаққуссаҳм маҳдуд кард.

Ҳисобот оиди фоида ва зарар дар ҷамъияти саҳҳомӣ
Ҳисобот оиди фоида ва зарар (ҳисобот оиди натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ – хоҷагӣ) фаъолияти ширкатро дар давраи ҳисоботӣ тавсиф медиҳад. Ў тағйирёбии бузургии сармояро зери таъсири даромад ва хароҷоти дар давраи ҳисоботӣ ҷой дошта, нишон медиҳад.
СБҲМ шакли ҳисобот оиди фоида ва зарарро ба қоида намедароранд, аммо ахбороти дар ин ҳисобот инъикосшавандаро муайян мекунанд (ниг.мавзўи 2).
Ба ин нигоҳ накарда, таснифи моддаҳои ҳисобот оиди фоида ва зарар бо мақсади таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи мазкур аз тарафи ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини муқоисашавандагии ҳисоботи субъектҳои гуногун ва дар давраҳои гуногун зарур аст. СБҲМ тартиби кушодани ахборотро нисбати моддаҳои гуногуни фоидаи соф ё зарар аз фаъолияти асосӣ ва ғайриасосӣ, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои шартӣ, тағйирёбиҳо дар сиёсати баҳисобгирӣ ва ислоҳи хатогиҳои муҳим тавсия медиҳад.
Фоида ҳамчун ченаки самаранокии фаъолият ё ҳамчун асос барои ҳисоб кардани коэффитсиентҳои гуногун, ба монанди фоида аз як саҳмия баромад мекунад. Элементҳое, ки бевосита бо ченкунии фоидаи соф алоқаманданд, даромад ва хароҷот ба ҳисоб мераванд.
Даромад аз фурўш (пули фурўш – выручка)дар ҳисобот оиди фоида ва зарар мувофиқи усули ҳисобкунӣ (начисления) инъикос меёбад – даромад дар ҳамон даврае, ки ҳуқуқи моликияти актив ба харидор гузашт, хизматҳо воқеан расонида шуданд, кор иҷро шуда аст, новобаста аз давраи қабули пардохт эътироф карда мешавад.
Дар ҳисобот дар сатри «Даромад» фурўши соф (нетто-реализация), яъне даромади умумӣ аз фурўш тарҳи баргардониши мол ва пешниҳоди тахфифҳо инъикос меёбад.
Хароҷоте, ки дар ҳисобот оиди фоида ва зарар эътироф мегарданд, ба арзиши аслии фурўш ва хароҷоти давра ҷудо мешаванд.
Арзиши аслии фурўш – ин хароҷот барои истеҳсоли маҳсулот кор, хизматҳо, хариди молҳо барои бозфурўшӣ (перепродажа), мутаносиб бо даромад аз фурўши дар давраи ҳисоботӣ эътироф гардида мебошад.
Ба арзиши аслии фурўш хароҷоте дохил мешаванд, ки новобаста бо ҷараёни истеҳсолот алоқаманданд. Ба онҳо дохил мешаванд:

дар саноат – хароҷоти бевоситаи моддию меҳнатӣ, хароҷоти иловагии истеҳсолии доимӣ ва тағйирёбанда
дар савдо – арзиши молҳои харидашуда;
дар соҳаи хизматрасонӣ – хароҷоти моддию меҳнатӣ, аз ҷумла меҳнати ҳамаи коргароне, ки бо хизматрасонӣ машғуланд, хароҷоти иловагие (накладные), ки бевосита бо расонидани хизмат алоқаманданд.
Хароҷоти давра – ин хароҷоте, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ширкат ҷой доштанд ва бо ҳаракати воҳидҳои воқеии маҳсулоти тайёр алоқаманд нестанд. Ин хароҷот ба арзиши аслӣ бурда нашуда, ба активҳо дохил намешаванд ва ҳатман ҳангоми ба вуҷуд омадан ҳамчун хароҷоти давра эътироф мегарданд.
Даромад ва хароҷот дар ҳисобот оиди фоида ва зарар бо мақсади таъмин кардани истифодабарандагон бо ахбороти барои қабули қарорҳои идоракунӣ зарур бо тарзҳои гуногун нишон дода мешаванд. Дар ҳисобот даромад ва хароҷот алоҳида нишон дода мешаванд – аз фаъолияти асосӣ (ҷорӣ (амалиётӣ), муқаррарӣ) ва аз фаъолияти ғайриасосӣ (ғайриамалиётӣ). Муқаррарӣ – фаъолияти доимо такроршавнда.
Ба ҳисобот оиди фоида ва зарар моддаҳои зерин дохил мешаванд:
а) даромад аз фаъолияти асосӣ;
b) арзиши аслии фурўш;
с) фоидаи умумӣ (даромади умумӣ – валовый доход) – натиҷаи фаъолияти амалиётӣ, ки ҳамчун фарқияти байни даромад аз фаъолияти асосӣ ва арзиши аслии фурўш муайян карда мешавад;
d) хароҷоти давра – хароҷоти амалиётӣ. Ба онҳо дохил мешаванд:

дар савдо – ҳамагуна хароҷоте, ки дар ҷараёни харид, нигоҳдорӣ ва фурўши молҳо ба миён меоянд, ғайр аз хароҷоте, ки ба арзиши аслии молҳо дохил мешаванд;
дар саноат – хароҷоти маъмурӣ ва тиҷоратӣ, аз ҷумла:
хароҷоти музди меҳнати коркунони маъмурӣ – идоракунӣ ва ҳисобкуниҳо ба фондҳои иҷтимоӣ ва суғурта;
хароҷоти сафари хизматӣ;
хароҷоти асбобҳои идоравӣ (канселярӣ)
пардохти хизмати ҳуқуқшинос, аудитор, мушовирони касбӣ;
хароҷоти иҷораи бинои маъмурият;
хароҷоти телекоммуникатсионӣ;
хароҷоти тиҷоратӣ (реклама, борпечонӣ, пардохти ҳаққи коргарони бо фурўш машғул);
дар соҳаи хизматрасонӣ – хароҷот барои меҳнат, ҳисобкуниҳо ба фонди иҷтимоӣ ва суғуртаи коргарони бо фурўш машғул ва маъмурӣ, хароҷоти иловагие, ки бо хизматрасонӣ алоқаманд нестанд.
е) фоида аз фаъолияти амалиётӣ, ки ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ ва хароҷоти амалиётӣ ҳисоб карда мешавад;
f) даромад ва хароҷот аз фаъолияти ғайриасосӣ;
g) фоидаи то андозбандӣ, ки ҳамчун фоида аз фаъолияти асосӣ тарҳи (ҷамъи) даромад (хароҷот) аз фаъолияти ғайриасосӣ муайян карда мешавад;
h) андоз аз фоида, ки аз рўи меъёрҳои муқарраркардаи Кодекси андоз ҳисоб карда мешавад. Азбаски қоидаҳои гуногуни ҳисоб кардани фоида бо мақсади андозбандӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ мавҷуданд, маблағи андоз аз фоида аз рўи ин мақсадҳо низ фарқ мекунад. Дар эъломияи андоз андоз барои пардохт, ки дар баланс ҳамчун ўҳдадориҳо инъикос меёбад, навишта мешавад. Дар ҳисобот оиди фоида ва зарар ҳаҷми хароҷот аз рўи андоз инъикос меёбад. Фарқияти байни онҳо ҳамчун андози ба таъхирмондашуда ба ҳисоб меравад.
Алоқамандии байни онҳо намуди зеринро дорад:
Хароҷот аз рўи андоз аз фоида = Андоз барои пардохт + андози ба таъхирмонда
i) фоида бе баҳисобгирии моддаҳои фавқулодда;
j) моддаҳои фавқулодда тарҳи андоз аз фоида;
k) фоидаи соф.
Шакли намунавии ҳисобот оиди фоида ва зарар чунин аст:

Ҳисобот оиди фоида ва зарар
барои давраи аз 01.01. то 31.12. соли 2001
Корхона___________________________________________________________________
Соҳа______________________________________________________________________
Ҷои қайд__________________________________________________________________
Нишонӣ___________________________________________________________________
Воҳиди ченак ҳазор в.ш.

Даромад аз фурўш
1 200

Арзиши аслии фурўш

(500)

Фоидаи умумӣ

640

Хароҷоти амалиётӣ

Хўрдашавӣ

55

Хароҷот аз рўи фурўш

43

Хароҷоти умумихоҷагӣ

112

Ҷамъи хароҷоти амалиётӣ

(210)

Фоида аз фаъолияти амалиётӣ

430

Даромад ва хароҷот аз фаъолияти ғайриасосӣ

Даромад аз сармоягузориҳо

130

Хароҷоти пардохти фоизҳо

(250)

Даромад (зарар) аз фарқияти курсӣ

10

Дигар даромад ва хароҷот

(30)

Ҷамъи даромад ва хароҷот аз фаъолияти ғайриасосӣ

(50)

Фоида то пардохти андоз ва моддаҳои фавқулодда

380

Андоз аз фоида

(114)

Фоида бе баҳисобгирии моддаҳои фавқулодда

266

Моддаҳои фавқулодда тарҳи андоз аз фоида

Фоидаи соф

266

Баъзе моддаҳои ҳисобот оиди фоида ва зарарро муфассалтар дида мебароем:

Фоида (зарар) -и шартӣ. Дар ҳисоботи молиявии мутобиқи СБҲМ тартиб дода шуда, натанҳо он воқеаҳое, ки дар давраи ҳисоботӣ ба амал омада, таъсири аниқи онҳо ба ҳолати молиявии ширкат ва натиҷаи фаъолияти он инъикос ёфтаанд, балки ҳодисаҳои шартӣ низ инъикос меёбанд.
Ҳодисаҳои шартӣ – вазъияти дар санаи ҳисоботи молиявӣ ҷой дошта, ки натиҷаи охирини онҳо – фоида ва зарар танҳо ҳангоми рўй додан ва ё рўй надодани як ва ё зиёда ҳодисаҳои номуайян дар оянда тасдиқ карда мешавад.
Ҳодисаи шартӣ метавонад:

Эҳтимолӣ. Рўй додани (ё рўй надодани) ҳодисаи оянда эҳтимолист;
Ғайриэҳтимолӣ. Рўй додани (ё рўй надодани) ҳодисаи оянда аз эҳтимол дур аст, бошад.
Роҳбарияти ширкат вобаста аз натиҷаҳои омўзиши ахборот дар санаи ҳисоботи молиявӣ, ки таҳлили воқеаҳои пас аз санаи ҳисоботи молиявӣ баамалояндаро дарбар мегирад, инчунин бо назардошти таҷрибаи мавҷудаи хеш таъсири молиявии ҳодисаҳои шартиро баҳо медиҳад.
Ҳодисаи шартӣ метавонад ба пайдоиши фоида ё зарари шартӣ оварда расонад.
СБҲМ талаб мекунанд, ки зарари шартӣ бояд дар ҳисоботи молиявӣ бо воситаи камкунии фоида ҳангоми риояи шартҳои зерин инъикос ёбад:

эҳтимолияте вуҷуд дорад, ки ҳодисаи оянда камшавии актив ва ё пайдоиши ўҳдадориҳоро дар санаи ҳисоботӣ собит мекунад;
маблағи зарар метавонад ба таври асоснок ҳисоб карда шавад.
Зарари шартие, ки ба талаботҳои дар боло зикр шуда ҷавобгў ҳаст, бояд дар баланс ҳамчун ўҳдадорӣ ва дар ҳисобот оиди фоида ва зарар ҳамчун хароҷот ё зарари ҳамон даврае, ки дар як вақт мавҷудияти ҳардуи ин талабот ҷой дошт, инъикос ёбад.
Барои қобили қабул будани кушоиши ахборот зарарҳои шартӣ, ба мисли зарар аз қарздории дебиторӣ(захираи қарзҳои шубҳанок), ўҳдадории ҳисобкардашуда аз рўи хизматрасонии кафолатнок, даъвоҳои судӣ ва баргардониши маблағи андоз, зарари чашмдошт аз фурўши қисми бизнес бояд ҳаматарафа омўхта шаванд. Агар маблағи зарари баҳоӣ ба таври муҳим фарқият дошта бошад, ягон маблағе ҳисоб карда намешавад. Танҳо дар сурат мавҷудияти боварии комил оиди пардохти яке аз маблағҳои зарари баҳоӣ он маблағи минималӣ эътироф ва ҳисоб карда мешавад. Аммо дар ин сурат ҳам кушоиши иловагии ахборот қобили қабул аст.

Эҳтимолияти рух додани ҳодисаҳои шартӣ
Маблағро ҳисоб кардан мумкин аст

Маблағро ҳисоб кардан имконнопазир аст

Эҳтимол аст

Зарари шартӣ

Зарар ҳисоб карда мешавад ва ўҳдадориҳо дар ҳисобот инъикос меёбанд.

Зарар ва ўҳдадориҳо ҳисоб карда намешаванд, лекин онҳо дар шарҳияи ҳисоботи молиявӣ инъикос меёбанд.

Эҳтимол нест

Ҳисобкунӣ, эзоҳ талаб карда намешавад, аммо эзоҳ дар шарҳияи ҳисоботи молиявӣ қобили қабул аст.

Эҳтимол аст

Фоидаи шартӣ

Эҳтимол нест

Ба истиснои ҳолатҳои бисёр ғайриоддӣ ҳисоб карда намешавад, аммо дар эзоҳнома кушоиш талаб карда мешавад

Дар эзоҳнома кушоиш талаб карда мешавад. Ин бо мақсади пешгирии хулосаҳои нодуруст ба амал бароварда мешавад.

Эҳтимол нест

Кушоиш тавсия карда намешавад

СБҲМ 10: Дар ҳисоботи молиявӣ зарари шартӣ бояд ҳамчун даромад ё актив эътироф нагардад. Агар эҳтимолияти гирифтани фоида бошад, мавҷудияти зарарҳои шартӣ бояд ошкор карда шавад. Муҳим он аст, ки ошкоркунӣ дар бораи эҳтимолияти гирифтани фоида маълумоти бардурўғ надиҳад.
2. Ҳодисаҳои минбаъда. Ҳодисаҳои минбаъда – ҳодисаҳои муҳими мусоид ва номусоид, ки баъди санаи балансӣ, аммо то санаи интишори ҳисоботи молиявӣ ба амал меоянд. Одатан, фарқияти байни ин ду сана аз чор моҳ зиёд нест.
Намудҳои зерини ҳодисаҳои минбаъдароро ҷудо мекунанд:

шароитҳои дар давраи ҳисоботӣ мавҷуд бударо тасдиқи иловагӣ мекунанд;
ба шароите, ки баъди санаи ҳисоботӣ пайдо мешаванд, ишора менамоянд.
Ҳодисаҳое, ки ба ҳисоботи молиявӣ таъсири муҳим мерасонанд, ҳамчун ҳодисаҳои минбаъда дида баромада мешаванд. Ҳодисаҳои минбаъда ахборотеро дар бар мегиранд, ки ба фаҳмиш ва баҳодиҳии пешомади бизнес аз тарафи истифодабарандагон таъсир расонда, метавонанд ба зарурияти ислоҳи ҳисоботи молиявӣ ишора кунанд ва ё ошкоркуниро дар эзоҳнома талаб намоянд.
Натиҷаҳои ҳодисаҳои минбаъда дар ҳисобот ҳамон вақт эътироф мегардад, агар онҳо:

ҳамчун далели иловагии шароитҳои дар санаи баланси бухгалтерӣ мавҷуд буда, хизмат кунанд;
ба ҳисобкуниҳо, ки қисми ҷудонашавандаи ҷараёни тайёр кардани ҳисоботи молиявист, таъсир расонанд;
дар натиҷаи ҳисобкунӣ дар ҳисоботи молиявӣ ислоҳкунӣ талаб карда шавад.
Ҳодисаҳои минбаъда ҳамон вақт дар ҳисоботи молиявӣ ошкор карда мешаванд, агар онҳо ба шароитҳои дар санаи ҳисоботӣ мавҷуд буда тааллуқ надоранд, аммо он қадар муҳиманд, ки ошкор накардани онҳо ба қабули қарорҳои иқтисодии истифодабарандагон таъсири муҳим мерасонад. Намунаи онҳо:

фурўши вомбарг ва ё афзоиши сармояи саҳҳомӣ;
ҷараёни судӣ аз рўи ҳодисаи баъди санаи баланси бухгалтерӣ ҷой дошта;
талафоти захираҳои моддию молӣ бо сабаби садамаи баъди санаи баланс воқеъ шуда;
зарарҳое, ки дар натиҷаи ҳолати баъди санаи баланси бухгалтерӣ ҷой дошта, ба миён омадаанд.
3. Ҳодисаҳои фавқулодда. Ҳодисаҳои фавқулодда ҳамчун амалиёт ва ё ҳодисаҳои баъзан ба амал оянда, ки барои фаъолияти асосӣ хос нестанд ва аз қарорҳои роҳбарият вобастагӣ надоранд, муайян карда мешаванд. Дар ҳисобот оиди фоида ва зарар бо сабаби таъсири муҳим доштани онҳо ба ҳолати молиявии субъект, натиҷаи ҳодисаҳои фавқулоддӣ – даромад ва ё хароҷот ҳамчун моддаҳои алоҳида инъикос мегарданд.
Моддаҳо фавқулоддӣ ҳисобида мешаванд, агар онҳо сифатҳои зеринро доро бошанд:

онҳо дар давоми якчанд сол зуд–зуд пайдо намешаванд;
қисми фаъолияти муқаррарии хоҷагӣ ба шумор намераванд;
аз қарорҳои маъмурият ё моликон вобастагӣ надоранд.
Фоида ва ё зараре, ки ширкат дар натиҷаи фаъолияти муқаррарӣ ба даст меорад, ҳамчун моддаҳои фавқулоддӣ шинохта намешаванд. Ҳодиса бояд ғайриоддӣ бошад ва аз фаъолияти муқаррарӣ фарқ кунад.
Барои муайян кардани ҳодисаҳои фавқулоддӣ дида баромадани муҳити бизнеси ширкат, ки аз чунин омилҳо ба монанди соҳаи фаъолияти ширкат, мақоми ҷуғрофӣ, хусусият ва дараҷаи танзими давлатӣ иборат аст, зарур аст.
Ҳолатҳои зерин фавқулоддӣ буда наметавонанд:

зарар ва захираҳо барои зарар, бо баҳисобгирии қарзҳои чоранопазир ва ЗММ;
фоида ва ё зарар аз тағйирёбии қурби арзӣ;
ислоҳкунии нархҳо;
фоида ва зарари азҳисоббарорӣ ё фурўши моликият, таҷҳизот ва дигар сармоягузориҳо;
пастшавии андоз аз даромад барои пўшонидани зарари давраи гузашта ва ё бекор кардани имтиёзҳои пешинаи андозӣ.
Ҳодисаҳои фавқулодда дар ҳисобот оиди фоида ва зарар дар қисми алоҳида бе маблағи андоз аз фоидае, ки бо пайдоиши онҳо вобаста аст, инъикос меёбанд. Аз нуқтаи назари андозситонӣ, фоидаи фавқулоддӣ ба афзоиши андоз аз фоида, зарари фавқулоддӣ бошад, ба камшавии андоз оварда мерасонад. Дар ҳарду ҳолат маблағи андоз аз маблағи фоида ва ё зарар барои инъикоси маблағи софи бе андоз партофта мешавад.
Бузургии маблағи фоида ва ё зарар ба сифати меъёри ҳамчун фавқулоддӣ шинохтани модда баромад намекунад, гарчанде маблағҳои муҳими фоида ва зарар алоҳида инъикос мегарданд.
Мисоли 7. Дар натиҷаи сел бинои арзиши бақиявиаш 100 000 в.ш. вайрон шуд. Меъёри андоз аз фоида – 30%.Талаб карда мешавад: а) навиштҳоро нишон диҳед, агар ширкат суғурта шуда бошад, б) навиштҳоро нишон диҳед, агар ширкат суғурта нашуда бошад,
а) Дар ҳолате, ки ширкат аз ҳолатҳои фавқулоддӣ суғурта шуда бошад:

бақайдгирии зарар:
Даромад (зарар) аз ҳодисаҳои фавқулоддӣ…………………………100 000
Бино…………………………………………………………………………100 000

товони зарар аз рўи шартномаи суғурта:
Воситаҳои пулӣ…………………………………………………………..100 000
Даромад (зарар) аз ҳодисаҳои фавқулоддӣ……………………………100 000
б) Дар ҳолате, ки ширкат суғурта нашуда бошад:

бақайдгирии зарар:
Зарари ҷуброннашаванда аз ҳодисаҳои фавқулоддӣ……………….100 000
Бино………………………………………………………………………….100 000

ҳисоб кардани сарфа аз рўи андоз аз фоида:
Андози ҷорӣ аз фоида барои пардохт………………………………….30 000
Зарари ҷуброннашаванда аз ҳодисаҳои фавқулоддӣ………………….30 000
Мисоли 8. Дар поён нишондиҳандаҳои ширкати «Алфа» барои соли 1998 (бо ҳазор в.ш.) оварда шудаанд:
Даромад (зарар) аз фаъолияти муқаррарӣ 3 000
Зарар аз ҲФ (200)
Даромади муҳосибӣ 2 800
Фарқияти доимӣ (фарқияти қурбӣ) (400)
Фарқияти муваққатӣ (300)
Фоидаи андозситондашаванда 2 100
Меъёри андоз аз фоида – 30 %. Дар пассиви баланс дар ҳисоби «Андозситонии ба таъхирмонда» 600 в.ш. нишон дода шудааст.
Талаб карда мешавад:

ҳисоб кардани хароҷот аз рўи андоз аз фоида ва инъикос дар баҳисобгирӣ;
инъикоси натиҷаи ҳисобкунӣ дар ҳисобот оиди фоида ва зарар;
кушодани ахборот дар шарҳия.
Ҳисобкуниҳо барои муайян намудани хароҷот аз рўи андоз аз фоида ҳангоми истифодабарии усули ўҳдадориҳо чунин аст:
a) андоз аз фоида барои пардохт: 2 100 х 30%=630 ҳазор в.ш.;
b) таъсири андозии фарқиятҳои муваққатӣ: 300 х 30%=90 ҳазор в.ш.;
c) ислоҳи ҳисоби «Андоз аз фоидаи ба таъхирмонда»;
d) сарфаи андоз аз фоида аз сабаи талафоти ҳодисаҳои фавқулодда: 200х30%=60ҳазор в.ш..
Навиштҳои баҳисобгирӣ:
Хароҷоти андоз аз фоида……………………………………….780
Андози ҷорӣ аз фоида барои пардохт………………………….630
Андоз аз фоидаи ба таъхир монда……………………………….90
Зарар аз ҳодисаҳои фавқулодда………………………………… 60
Инъикос дар ҳисобот оиди фоида ва зарар:
Даромад (зарар) аз фаъолияти муқаррарӣ то андозситонӣ 3 000
Андоз аз фоида (780)
Даромад (зарар) аз фаъолияти муқаррарӣ баъди андозситонӣ 2 220
Даромад (зарар) аз ҳолатҳои фавқулоддӣ тарҳи андоз аз фоида (140)
Фоидаи соф 2 080
Кушоиш дар шарҳия

андоз аз фоида барои пардохти давраи ҷорӣ иборат аст аз:
Андоз аз фоида, ки ба даромад аз фаъолияти асосӣ тааллуқ дорад: 780 ҳазор в.ш.
Андоз аз фоида, ки ба ҳолатҳои фавқулоддӣ тааллуқ дорад: -60 ҳазор в.ш.
Ҷамъ: 720 ҳазор в.ш.

қисматҳои пардохти андоз:
Андоз аз фоида барои пардохт дар давраи ҷорӣ 630 ҳазор в.ш
Андоз аз фоидаи ба таъхир монда 90 ҳазор в.ш.
Хароҷоти умумӣ аз рўи андоз аз фоида 720 ҳазор в.ш.

ҳангоми муайян кардани даромад аз фаъолияти муқаррарӣ фарқияти қурбӣ аз рўи амалиётҳои арзӣ ба маблағи 400 ҳазор в.ш. ба ҳисоб гирифта шуда буд, ки ба манбаи андозситондашавандаи давраи ҷорӣ дохил карда намешавад.
Инъикос дар баланси муҳосибӣ:
Ўҳдадориҳои дарозмуддат:
Андози ба таъхир монда 690 ҳазор в.ш.
Ўҳдадориҳои ҷорӣ:
Андоз барои пардохт 630 ҳазор в.ш.
4. Амалиётҳои қатъшуда. Амалиёти қатъшуда – фурўш ё барҳамдиҳии қисми муҳими фаъолияти ширкат, активҳо, ўҳдадориҳо, фоидаи соф ё зараре, ки ба таври моддӣ ё амалиётӣ, инчунин барои ҳисоботи молиявӣ ҷудо карда мешаванд. Натиҷаи амалиётҳои қатъшуда ба истиснои ҳолатҳои ҳодисаҳои фавқулодда одатан ба фоида ё зарари фаъолияти муқаррарӣ дохил карда мешаванд.
5. Даромад (зарар) аз фарқияти қурбӣ. Ширкатҳо дар рафти фаъолияти муқаррарии худ метавонанд амалиётҳои арзии гуногуни алоқаманд бо:
а) харид ва ё фурўши активҳо ё хизматҳо бо нархи арзи хориҷӣ;
б) гирифтан ё пешниҳоди қарз бо арзи хориҷӣ;
в) иштирок дар шартномаи амалинагаштаи мубодила;
г) дигар харид ё фурўши активҳо, гирифтани ўҳдадориҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо бо арзи хориҷиро амалӣ гардонанд.
Навиштҳо дар баҳисобгирии бухгалтерӣ аз рўи амалиётҳое, ки бо арзи хориҷӣ амалӣ мегарданд, бояд дар ҳисобҳои бухгалтерӣ бо арзи миллӣ бо назардошти азнавҳисобкунӣ аз рўи қурби муайянкардаи Бонки Миллӣ инъикос ёбанд.
Фарқияти қурбӣ – ин фарқиятест, ки дар натиҷаи дар ҳисобот инъикос намудани ҳамон миқдори воҳиди арзи хориҷӣ бо арзи ҳисоботӣ аз рўи дигар қурби арзӣ ба миён меояд.
Ҳангоми инъикоси аввала дар баҳисобгирии бухгалтерӣ амалиётҳо бо арзи хориҷӣ дар арзи миллӣ бо роҳи азнавҳисобкунӣ аз рўи қурби санаи воқеъ шудани амалиёт, баҳо дода мешаванд.
Инъикоси тағйироти фарқияти қурбӣ аз мубодилаи асъор дар санаи ҳисоботи балансӣ:

моддаҳои пулӣ, аз ҷумла қарздориҳои дебиторӣ ва кредиторӣ бо арзи хориҷӣ бояд бо арзи миллӣ бо истифодаи қурб дар вақти ба анҷомрасии давраи ҳисоботӣ инъикос ёбанд;
моддаҳои ғайрипулӣ, аз ҷумла сармояи азонихудӣ, воситаҳои асосӣ, захираҳои моддию молӣ, активҳои ғайримоддие, ки аз рўи арзиши аввала бо арзи хориҷӣ баҳо дода мешаванд, бо арзи миллӣ ва истифодаи қурби рўзи воқеъшавии амалиёт инъикос меёбанд.
Фарқияти қурбӣ дар давраи байни санаи воқеъшавии амалиёти хоҷагӣ ва санаи ҳисоббаробаркунии ин амалиёт, ё санаи ҳисоботӣ пайдо мешавад.
Дар баланси бухгалтерӣ ва ҳисобот фарқияти қурбие инъикос карда мешавад, ки дар натиҷаи:

фарқияти қурби Бонки миллӣ аз қурби санаи инъикос ва ё санаи тайёркунии ҳисоботи молиявӣ аз рўи амалиётҳои алоқаманд бо пурра ва ё қисман пўшонидани қарздории кредиторие, ки бо арзи хориҷӣ ифода ёфта аст;
амалиётҳои вобаста бо азнавҳисобкунии арзиши бақияи воситаҳои пулӣ бо арзи хориҷӣ дар ҳар санаи ҳисоботӣ ва пеш аз ҳар як амалиёти ҳаракати воситаҳо дар ин ҳисобҳо ба вуҷуд меоянд.
Фарқияти қурбӣ дар баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар даврае инъикос меёбанд, ки санаи ҳисобкунии онҳо ба он давра дахл дорад, ё ҳисоботи молиявӣ тартиб дода шудааст.
Фарқияти қурбӣ ба таркиби даромад ва хароҷоти субъект дохил шуда, дар системаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ аз дигар намудҳои даромаду хароҷот аз фаъолияти субъект ҷудогона инъикос меёбанд.
Ширкатҳо метавонанд, худро аз талафоте, ки дар натиҷаи аҳдномаҳои бо арзи хориҷӣ басташуда ба вуҷуд меоянд, суғурта намоянд.
Фарқияти қурбиро аз дигар намудҳои даромад ва хароҷоти бо амалиётҳо бо арзи хориҷӣ вобаста, аз ҷумла аз фарқияти пулие, ки ҳангоми истифодабарии намудҳои гуногуни қурбҳо ба вуҷуд меоянд, фарқ кардан зарур аст. Масалан, ҳангоми амалиёти хариду фурўши арзи хориҷӣ, фарқияти маблағии пайдо шуда ҳамчун фарқияти қурбӣ тасниф намеёбад, чунки он аз истифодабарии ду намуди гуногуни қурбҳо дар ҳамон як санаи қурби Бонки Миллӣ, ки аз рўи он арзи хориҷӣ дар баҳисобгирии бухгалтерӣ ба ҳисоб гирифта мешавад ва қурби ҳаққонии додугирифт, яъне қурбе, ки аз рўи он ин арз дар айни замон харида ва ё фурўхта мешавад, ба вуҷуд омадааст. Фарқияти пулии мусбӣ, ки субъект – фурўшандаи арзи хориҷӣ дар натиҷаи фарқияти қурби Бонки Миллӣ ва қурби додугирифти ҳаққонии аҳднома пайдо мекунад, ҳамчун даромад аз фурўши ғайр шинохта мешавад.
Мисоли 9. Ширкати «Сипеҳр», ки дар Тоҷикистон ҷойгир аст, ба харидор аз ИМА ба маблағи $40000 молро бо ўҳдадории пардохт дар давоми 90 рўз фурўхт. Қурби арзӣ дар санаи харидуфурўш 2,80 сомонӣ барои 1$ -ро ташкил медод.
«Сипеҳр» ба маблағи фурўш дар санаи боркунӣ 40 000$ х 2,80 сомони = 112 000 сомонӣ қарздории дебиториро акс намуда, даромадро эътироф мекунад:
Ҳисобҳо барои қабул………………………………………………..112 000
Даромад аз фурўш…………………………………………….….112 000
Фарз мекунем, ки соли молиявии «Сипеҳр» баъди 60 рўзи пас аз боркунӣ, то пўшонидани қарздории дебиторӣ, ба анҷом мерасад ва қурби амалиётҳои хазина дар ин сана 2,90 сомонӣ барои 1$ мебошад.
Дар баланс қарздории дебиторӣ бо баҳисобгирии қурб дар санаи додугирифти хазина ислоҳ карда мешавад:
40 000$ х 2,90 сомонӣ = 116 000 сомонӣ.
Маблағи тағйироти қарздории дебитории балансӣ ҳамчун даромад, чуноне ки дар поён нишон дода шудааст, эътироф мегардад:
116 000 – 112 000 = 4 000 сомонӣ.
Ҳисобҳо барои қабул………………………………………………….4 000
Даромад аз фарқияти қурбӣ………………………………….…..4 000
Фарз мекунем, ки рўзи пардохти қарздории дебиторӣ қурб аз рўи амалиётҳои хазина 2,85 сомони барои 1$ ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, қарздории дебитории гирифташуда бо тарзи зерин ҳисоб карда мешавад:
40 000$ х 2,85 сомонӣ = 114 000 сомонӣ.
Пули нақд дар ҳисоби арзии дохили мамлакат……………….114 000
Хароҷот аз рўи фарқияти қурбӣ……………………………………2 000
Ҳисобҳо барои қабул……………………..……………………116 000
6. Тағйирот дар баҳодиҳии баҳисобгирӣ. Бисёр моддаҳои ҳисоботи молиявӣ аниқ чен карда нашуда танҳо баҳо дода мешаванд. Баҳодиҳии баҳисобгириро танҳо ҳангоми пайдоиши тағйироти шароитҳое, ки баҳодиҳӣ ба онҳо асос меёбад ва ё дар натиҷаи пайдоиши ахбороти нав аз нав дида мебароянд. Натиҷаи тағйироти баҳодиҳии ҳисобгирӣ ба ҳисобкунии фоидаи соф ва ё зарар дар:

даврае, ки тағйирот воқеъ шуд, агар тағйирот танҳо ба давраи ҷорӣ таъсир расонад;
даврае, ки тағйирот дар давраҳои оянда ба миён омад, агар тағйирот ба ҳар ду давра таъсир расонад, дохил карда мешавад.
Масалан, тағйирот дар баҳодиҳии қарзҳои чоранопазир танҳо ба давраи ҷорӣ таъсир мерасонад ва барои ҳамин, ҳатман эътироф мегардад, тағйирот дар баҳодиҳии мўҳлати хизмати активҳо бошад, ба хароҷоти хўрдашавии давраи ҷорӣ ва ҳам давраи боқимондаи мўҳлати фоиданоки актив таъсир мерасонад. Дар ҳар ду ҳолат натиҷаи тағйироти бо давраи ҷорӣ алоқаманд ҳамчун даромад ва ё хароҷоти давраи ҷорӣ эътироф мегардад.

Кушоиши ахборот
Нисбати маълумоти зер дар ҳисоботи молиявӣ ва ё шарҳия кушоиши ахборот ҳатмист:
а) таркиби фоидаи тақсимношуда – фоидаи тақсимношудаи солҳои гузашта, давраи ҳисоботӣ, зарари тарҳшавандаи солҳои гузашта, давраи ҳисоботӣ;
б) ҳиссаҷудокуниҳо аз фоидаи тақсимношуда, таркиби сармояи захиравӣ;
в) маҳдудиятҳои фоидаи тақсимношуда (ба фоидаи тақсимношуда вогузошта), мўҳлати амали маҳдудият;
г) шароити пардохти ҳаққуссаҳм, маблағ ва шаклҳои ҳаққуссаҳм, дар ҳолати саҳмияҳои имтиёзноки кумулятивӣ – маблағи ҷамъшудаи ҳаққуссаҳм;
д) ҳангоми кушоиши ахборот оиди фоидаи тақсимношуда бояд ахбороти иловагӣ дар бораи сармояи азонихудӣ ва таркиби он мавҷуд бошад.
Нисбати ҳодисаҳои шартӣ:

зарарҳои шартӣ танҳо дар эзоҳнома кушода мешаванд. Зарарҳои эҳтимолӣ, масалан кафолати адо карда натавонистани қарз, хатари мусодираи активҳо, аккредитиви захиравӣ (кафолати пешниҳоди қарз ба тарафи сеюм), хавфи алоқаманд бо сўхтор, обхезӣ ва дигар намудҳои хатар бояд мутобиқи СБҲМ баҳо дода шуда ба ҳисоб гирифта шаванд.
Зарарҳои шартӣ ва ўҳдадориҳои бо он алоқаманд дар ҳисобот танҳо ҳангоми имкони талафот ва баҳои оқилонаи маблағ ҳисоб ва пешниҳод карда мешаванд. Дар эзоҳнома табиати ҳодисаҳои шартӣ тасвир гашта, баҳои эҳтимолии талаф ва талафот дода мешавад, ё дар он гуфта мешавад, ки пешбинии оқилонаи зарари эҳтимолӣ ғайриимкон буд.
Нисбати ҳодисаҳои минбаъда, ки бояд кушода шаванд, дар эзоҳномаи ҳисоботи молиявӣ ахборот дар бораи характери ҳодиса ва баҳои ҳисобкардашудаи оқибатҳои молиявӣ, ё ғайриимкон будани чунин баҳодиҳиро муқаррар мекунанд.
Барои ҳар як амалиёти қатъшуда кушоиши зерин талаб карда мешаванд:

Характери (хислати) амалиёти қатъшуда;
Санаи воқеии қатъи амалиёт барои баҳисобгирӣ;
Тарзи қатъкунӣ;
Фоида ва ё зарар аз қатъкунӣ ва сиёсати баҳисобгирӣ барои чен кардани онҳо ва ғайра.
Адабиёти тавсияшаванда:

Международные стандарты финансовой отчетности. Алматы, 2001.
Разъяснения Международных стандартов финансовой отчетности. Учебно-справочное пособие. Алматы, 2002.
Финансовый учет. Часть1 и 2. Учебное пособие. Алматы, 1999.
Кыргызские стандарты бухгалтерского учета. Комментарии./ Под ред. Е. Морозовой. – Б: «Ариал-Принт», 2000.
Матиюс М.Р., Перера М.Х.Б. Теория бухгалтерского учета Пер. с англ. Под ред. Я.В.Соколова – М: ЮНИТИ, 1999.
Нидлз Б. И др. Принципы бухгалтерского учета (пер. с англ. / Под ред. Я. В. Соколова). 2-е изд. – М.: Финансы и статистика. 1997.
Хендриксен Э.С., Ван Бреда М.Ф. Теория бухгалтерского учета – М.: Финансы и статистика, 1997.
Энтони Р., Рис Дж. Учет: Ситуации и примеры. – М: Финансы и статистика, 1996.
Accounting principles /Jack L. Smith, Robert M. Keith William L. Stephens. – 4th ed. – New York – 1993.
Kieso and Weygandt. Intermediate Accounting. John Wiley &Sons,1989. ISBN: 0-471-63098-5
Супориш барои худсанҷӣ
1. Фоидаи тақсимношуда.
Маълумоти зерин дар бораи фаъолият ва ҳолати молиявии ширкати АВС барои соли 1996 (бо в.ш.) дода шудааст:
Оё ба ҳисобот оиди фоидаи
тақсимношуда дохил мешавад
Ҳа Не
Хўрдашавӣ барои соли 1996 21 400
Фоидаи соф барои соли 1996 34 100
Камшавии ЗММ 24 100
Ҳаққуссаҳми пардохташуда 12 000
Сармоягузориҳо ба сармоя 57 000
Зарар аз хориҷшавии таҷҳизот 4 000
Фоидаи тақсимношуда дар 31.12.95 167 300
Супориш:

қайд кунед, ки кадоме аз маълумоти дар боло овардашуда ба ҳисобот оиди фоидаи тақсимношуда барои соли 1996 дохил карда мешаванд;
барои 31 декабри соли 1996 ҳисоботро оиди фоидаи тақсимношуда тартиб диҳед.
2. Ҳодисаҳои фавқулоддӣ
Моддаҳои зерин аз баланси санҷишии то ислоҳкунии ширкати «Вахш» дар 31.12.99с. гирифта шудаанд:
Даромад аз фурўш 300 000
Даромад аз хизматрасонӣ 100 000
Арзиши аслии молҳои фурўхташуда
(баҳисобгирии муттасили (доимии) ЗММ) 150 000
Хароҷоти умумӣ ва маъмурӣ 50 000
Дигар даромади ғайриамалиётӣ 25 000
Зарари фавқулоддӣ (то тарҳи андозҳо) 40 000
Меъёри андоз 30%. Тайёр кардани ҳисобот оиди фоида ва зарар ва навишти журналӣ барои инъикоси андоз аз даромад талаб карда мешавад.

3. Ҳодисаҳои минбаъда
Барои ҳар яке аз ин ҳолатҳо, дар ҷое, ки зарур аст, нишон диҳед:
А – ислоҳкуниҳо ба баланс;
Б – кушоиш бе ислоҳкуниҳо дар баланс.
_______1. Муфлисшавии мизоҷе, ки оиди пўшонида нашудани ҳисобҳои тиҷоратӣ барои қабул дар санаи тартиб додани баланс тасдиқ мекунад;
_______2. Таъсири тағйироти қурби мубодила ба моддаҳо аз рўи арзи хориҷӣ ё ба ҳисоботи молиявӣ дар бораи амалиёт бо арзи хориҷӣ, ки баъди санаи баланс рўй медиҳанд;
_______3. Бадшавии натиҷаҳои фаъолият ва ҳолати молиявии ширкат, ки қобили қабул будани истифодаи принсипи муттасилии фаъолиятро ҳангоми тайёркунии ҳисоботи молиявӣ зери шубҳа мегузоранд. Беҳтаршавии натиҷаҳо ва вазъи молиявӣ ҳамчун тасдиқи истифодаи минбаъдаи принсипи муттаасилии фаъолият баромад карда метавонанд.
_______4. Фурўши активи дарозмуддат ба маблағи камтар аз арзиши балансӣ, ки оиди то санаи баланс ҷой доштани шикаст гувоҳӣ медиҳад;
_______5. Нобудшавии таҷҳизоти асосии истеҳсолӣ дар натиҷаи сўхтор ва ё дигар зуҳуроти табиии баъд аз санаи баланс ба амал омада;
_______6. Пастшавии арзиши бозории сармоягузориҳо баъди санаи тартиби баланс;
_______7. Фурўши ЗММ ба маблағе, ки аз арзиши софи фурўши ЗММ дар санаи тартиби баланс пасттар аст;
_______8. Хариди корхонаи дигар. То даме, ки ин амал иҷронашавандааст, чунин ахборотро барои муттаҳид намудани ширкатҳо, ки баъди санаи баланс ба вуқўъ омадааст ва муттаҳидияти ширкатҳо, ки ҳангоми давраи ҳисоботӣ ба амал омадааст, кушоед.

4. Ҳодисаҳои шартӣ
Ширкати «Сокина» ҳисоботи молиявии солонаро 31 декабри соли 1999 тайёр мекунад. Дар соли 1999 мизоҷ ҳангоми ба боло баромадан дар эскалатор афтид ва бо сабаби захми тахтапушт ба маблағи 20 000 в.ш. даъво пешниҳод кард. Ширкат адвокатеро киро кард, ки ў аҳамият ва оқибати ҳодисаро баҳо дод.
Супориш:
Бо ҳодисаи шартие, ки дар соли 1999 ба амал омадааст, дар ҳар яки ин ҳолатҳои зерин чӣ бояд кард?
Ҳамаи навиштҳои заруриро инъикос кунед ва / ё дар эзоҳнома кушоиш диҳед:

Фарз мекунем, ки адвокат ва маъмурияти ширкат ба хулосае омаданд, ки ширкат ҷавобгар мешавад ва аз рўи ҳисобкуниҳо маблағи товон 20 000 в.ш.-ро ташкил медиҳад.
Фарз мекунем, ки адвокат, муҳосиби мустақил ва маъмурият бо дили нохоҳам ба хулосае омаданд, ки эҳтимолияти қонеъгардонии даъво мавҷуд ҳаст, аммо онҳо дар муайян кардани маблағ душворӣ мекашанд.
Фарз мекунем, ки аз рўи хулосаи адвокат ва маъмурияти ширкат зарари шартӣ ҷой надорад. Онҳо боварӣ доранд, ки даъво бо ҳолатҳои мушаххас тасдиқ намешавад.
Фарқияти қурбӣ
Заводи консервабарории ш. Гулобод 10 ноябр аз ширкати олмонӣ ба маблағи 40 000 евро таҷҳизот харид. Аз ин 40 000 евро 10 000 евро – аш бояд ҳангоми оварда расонидан ва 30 000 евро бошад баъди 90 рўз пардохта шаванд. Ҳангоми оварда расонидан қурби мубодилаи 1 евро = 2,60 в.ш.-ро ташкил медод. Минбаъд арзиши в.ш. нисбат ба евро паст мешавад ва 31 декабр қурби мубодилаи 1 евро = 2,70в.ш.-ро ташкил медиҳад. Дар санаи пардохти маблағи боқимонда қурби мубодилаи 1 евро = 2,80 в.ш.-ро ташкил медиҳад.
Талаб карда мешавад:

навиште, ки хариди таҷҳизотро нишон медиҳад, инъикос кунед;
навишти заруриро барои 31 декабр инъикос намоед;
навиштро оиди пардохти пурра инъикос намоед.
Дар назар дошта бошед, ки навиштҳо бояд бо в.ш. инъикос ёбанд.

6. Ҳисобот оиди фоида ва зарар
Маълумоти дар поён оварда шуда, аз китобҳои бухгалтерии ширкати «Хуршед» барои санаи 31 декабри соли 1999 гирифта шудааст (бо в.ш.):

Сармояи гузошташуда

6 000

Ҳисоби фоида ва хароҷот (1 январ)

2 000

Қарздории дебиторӣ

4 000

Қарздории кредиторӣ

2 000

Харид

26 000

Музди меҳнат

6 000

Тақсимот (хароҷот аз рўи фурўш)

3 000

Фурўш

44 000

Захираи мол (1 январ)

4 000

Пардохти иҷоравӣ ва ҷамъкуниҳои коммуналӣ

3 000

Хароҷоти почта ва канселярӣ

1 000

Суғурта

1 000

Амволи ғайриманқул аз рўи арзиши аввала

20 000

Фоиз аз рўи қарзе, ки дар давоми сол пардохта шудааст

1 000

Дастгоҳ ва таҷҳизот

3 000

Овердрафти бонкӣ

3 000

Вомбарги 10% -и соли 1999

17 000

Ҳаққи хизмати пардохташуда (хароҷоти маъмурӣ)

2 000

Маълумоти зерин низ пешниҳод гардидааст:

захираи охирии мол ба маблағи 6 000 в.ш. баҳо дода шуд.
барои пўшонидани хароҷоти ҳисобкардашудаи зерин захира ташкил кардан лозим аст:
музди меҳнат 200 в.ш
хароҷоти почта ва канселярӣ 400 в.ш.
пардохтҳои иҷоравӣ ва ҷамъкуниҳои коммуналӣ (ба эзоҳи 4 ниг.)
хизматонаи тиҷоратӣ 700 в.ш.
фоизи аз рўи қарз пардохташаванда ?
(3) хароҷоти зерин пешакӣ пардохта шудаанд:

суғурта 200 в.ш.
пардохтҳои иҷоравӣ ва ҷамъкуниҳои коммуналӣ (ба эзоҳи 4 ниг.)
(4) пардохти иҷора ва ҷамъкуниҳои иҷоравии солона
(дар ҳаҷми 3 000 в.ш.) маблағи зеринро дар бар мегиранд:

ҷамъкуниҳои коммуналӣ барои ним сол то 31.03. 2000с. 1 000 в.ш.
(5) вомбаргҳои 10% чанд сол боз дар муомилотанд
(6) андозситонӣ бояд аз рўи меъёри 40% аз фоида амалӣ гардонида шавад.
Талаб карда мешавад:
Ҳисоби даромад ва хароҷотро барои соле, ки 31 декабри с. 1999 ба анҷом мерасад бо якҷоягӣ бо баланс дар ҳамин сана тартиб диҳед.

7. Ҳисобот оиди фоида ва зарар

Ба шумо муштарии нав – корхонаи «Лион», ки соли якуми фаъолияти соҳибкории худро ба анҷом расонида истодааст, муроҷиат кард. Ўро тартибдиҳии ҳисоботе, ки дар он бояд натиҷаи фаъолияти ў инъикос ёбад, мушавваш сохтааст. Ў ба шумо маълум мекунад, ки китобу журналҳои бухгалтерӣ ба таври лозимӣ бурда нашудаанд ва баъди сўҳбат бо ў ахбороти зерин ба шумо маълум гардид (барои соле, ки 31 декабри с. 1999 ба анҷом мерасад):

Вақте, ки аз волидайн 20 000 000 в.ш. мерос гирифт, ў имконияти ташкили кори худро пайдо кард. Вай ин маблағро ба суратҳисоб дар банк гузошта, фаъолияти худро ҳамчун савдогари чакана оғоз кард.
Ҳамаи даромадҳо аз фурўши молҳо ба хазина дохил карда мешуданд. Баъд ў аз хазина хароҷоти зеринро мепардохт:
музди меҳнати коргарон – 7 500в.ш. дар як ҳафта
рубўчин – 1 000в.ш. дар як ҳафта
музди меҳнати менеҷерҳо – 2 500 в.ш. дар як ҳафта
Бақияи воситаҳои пулиро ў ба суратҳисоб мегузаронид. Маблағи пул дар хазина дар охири давра 25 000 в.ш.-ро ташкил дод.

Иттилооти мухтасар оиди ҳаракати воситаҳои пулӣ дар суратҳисоби ширкат:
Сармояи дохил карда шуда – 20 000 000 в.ш.
Аз хазина пардохта шудааст – 12 575 000 в.ш.
(гирифта шудааст)
Хариди биноҳо 15 000 000в.ш.
Хариди автомобили боркаш 600 000 в.ш.
Пардохти пули телефон 89 600 в.ш.
Пардохти иҷорапулӣ 168 200 в.ш.
Пардохтҳо ба молтаъминкунандагон 8 623 200 в.ш.
Музди меҳнати хизматчиён 1 528 200 в.ш.
Таъмир 363 700 в.ш.
Музди меҳнати менеҷерҳо 32 300 в.ш.
Бақия дар охири давра 6 169 800 в.ш.

Иттилоот оиди дигар активҳо ва ўҳдадориҳо дар 31 декабри соли 1999 ҳолати зеринро дорад:
ЗММ 840 000 в.ш.
Ҳисобҳо барои қабул 1 035 000 в.ш.
Ҳисоббаробаркуниҳо бо молтаъминкунандагон 2 995 700 в.ш.
Барои телефон ҳисоб карда шудааст 12 500 в.ш.
Иҷораи пешпардохташуда 25 800 в.ш.

Хўрдашавӣ аз рўи автомобили боркаш дар ҳаҷми 25 % аз арзиши аввалаи он ҳисоб карда мешавад, аз рўи биноҳо бошад – дар ҳаҷми 2% аз арзиши аввала дар як сол.
Талаб карда мешавад:

Оиди даромад ва хароҷот барои соле, ки 31 декабри соли 1999 ба анҷом мерасад, ҳисобот тартиб диҳед;
Барои 31 декабри соли 1999 баланси бухгалтериро тартиб диҳед.

53 Нидлз Б. И др. Принципы бухгалтерского учета/ Б.Нидлз, Х. Андерсон, Д. Колдуэлл: Пер. с англ. / Под ред. Я. В. Соколова, – 2-е изд., стереотип. – М.: Финансы и статистика, 1999. – 496с. стр. 278


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.