Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


Таърихи пайдоиши шакли баҳисобгӣ

Пеш аз ҳамаи шаклҳои баҳисобгирӣ, аз шакли куҳнаи итолёвӣ оғоз меёбад. Шакли итолёвӣ дар асри 14 соли 1340 дар управленияи шаҳри Генуя ҷорӣ гардид. Соли 1458 дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ, аввалин маротиба дастури дастнавис тартиб дода шуда буд ва он бо қалами сокини далматини Венедикт Котрульи таъллуқ дошт.1.Пеш аз ҳамаи шаклҳои баҳисобгирӣ, аз шакли куҳнаи итолёвӣ оғоз меёбад. Шакли итолёвӣ дар асри 14 соли 1340 дар управленияи шаҳри Генуя ҷорӣ гардид.
Соли 1458 дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ, аввалин маротиба дастури дастнавис тартиб дода шуда буд ва он бо қалами сокини далматини Венедикт Котрульи таъллуқ дошт.
2.Нахустин асари чопие, ки техникаи пур кардани китобро аз рўйи шакли итолёвӣ баён кардааст, чун асари илми дар бораи счётҳо ва қайдҳо соли 1494 ба дунё омад ва олими маълуму машҳури математик Лука Паҷоли навишта буд.
Асари илми Л. Паҷоли дар бораи баҳисобгири ва қайдҳо (навиштаҳо), ки аз 36 боб иборат аст, ба ду қисм тақсим мешуд. Қисми якуми онро Паҷоли «Инвентар» ва қисми дуюми онро «Диспозиция» меномид.
Диспозиция ҳолат ва мазмуни се китобро нишон медод:
а)Мемориал (дафтари бухгалтери)
б)Журнал
в)Дафтар – китоби асосӣ номида мешуд
Мемориал – менависад Лука Паҷоли – китобест, ки дар он ҳар кадом тоҷир молҳои фурухтаашро рўз бо рўз, соат ба соат ба қайд мегирифт. Мемориал дафтари ҳотиравии ҳомаки буда, ҳангоми ба ҷо овардани амалиёт онро шогирдон ё хизматчиёни тиҷоратҳона тартиб медоданд.
Дар ҳамин дафтар тамоми мулу мулки соҳибаш дар шакли натурал (миқдор) ва пул нишон дода мешавад.
Аз таърихи инкишофи ҳисобгирии Россия китоби баланси ҳисобгири маълум буда, он соли 1912 аз тарафи професори немис Альберт Кальмес навишта шудааст. Дар Россия ҳисобчигии балансӣ буд, барои он ки моҳият ва мазмуни маълумотҳои ҳисобгириро фақат дар баланс ҷамъбаст мекарданд.
Аз таърихи инкишофи ҳисобчигии Россия маълум аст, соли 1870 Ф.Езерский нишон дода шудааст, ки системаи ҳисобчигӣ аз 3 китоб иборат мебошад.
1.«Капитал», ки вазифаи қайди хронологиро иҷро мекард.
2.«Иловагӣ» – китоби ҳисобгирии доимӣ.
3.\”Ҳисоби ҷамъбастӣ\”, ки китоби асосиро иваз менамуд.
Асосаш дар он буд, ки дар китоби «Капитал» маблағҳои гардиши ба қайд гирифта мешуданд, ки он аз се қисм иборат буд:
а)Дар касса (хазина
б)Арзиши мол
в)Боқия (боқимонда)
Мақсади асосии ин қисмҳо аз он иборат буд, ки шуъбаҳои касса ва мол графаҳои даромад ва хароҷот доштанд. Боқия бошад зарар ва фоидаро нишон медод.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.