Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт

Ҳама гуна шахси соҳиби воситаи нақлиёт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба қайд гирифта шавад, андозсупоранда мебошад.
Моддаи 332. Боъекти андозбанди…Моддаи 331. Андозсупорандагон
Ҳама гуна шахси соҳиби воситаи нақлиёт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба қайд гирифта шавад, андозсупоранда мебошад.
Моддаи 332. Боъекти андозбанди
1. Объекти андозбанди ҳама гуна воситаи нақлиётест, ки дар гурўҳи 87 (таҳти рамзҳои 8702-8705, 8711) номгўи молии фаъолияти ҳориҷии иқтисоди нишон дода шудааст.
2. Дар воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қайд наистодани воситаҳои нақлиёт, ки бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд, инчунин вайрон будан ё бо дигар сабабҳо истифода набурдани воситаҳои нақлиёте, ки аз қайди номбаршуда гузаштаанд (дар ҳисоб мебошанд), барои насупоридани маблағи андоз аз ҷониби соҳибони чунин воситаҳои нақлиёт асос шуда
наметавонад. Танҳо воситаҳои нақлиёте, ки аз қайди воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиб ва асосҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқи бароварда шудаанд, бояд аз таркиби объектҳои андозбанди ҳориҷ карда шаванд.
Моддаи 333. Озодкуни аз пардохти андоз
Аз андозбанди инҳо озод мебошанд:
1) мошинҳо ва механизмҳои тасмачарх;
2) комбайнҳои муҳаррикдори ғаллағундори ва махсус, аз ҷумла комбайнҳои пахтачини;
3) автобусҳо ва тролейбусҳое, ки корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи омма барои мусофиркашони дар шаҳрҳо истифода мебаранд;
4) мотоколяска ва автомобилҳои бо даст идорашавандаи ба маъюбон тааллуқдошта.
5) як автомобил новобаста аз иқтидори муҳаррик, ки моликияти Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсоне, ки бо ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ доир ба муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ,
ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил мебошад (Конун аз 20.03.2008 № 376).
Моддаи 334. Манбаи андоз
Манбаи андоз иқтидори муҳаррики воситаи нақлиёт мебошад, ки бо воҳидҳои қувваи асп ифода ёфтааст.
Моддаи 335. Меъёрҳои андоз
Меъёрҳои андоз вобаста ба намуди воситаҳои нақлиёт тафриқа шудаанд ва дар як сол ҳаҷмҳои зеринро ташкил медиҳанд (ба ҳисоби 1 қувваи аспи иқтидори муҳаррик) (Конун аз 22 декабри соли 2006 № 219):

1. Андоз ба буҷети дахлдори маҳалли бояд дар ҷои бақайдгирии воситаҳои нақлиёти дар мўҳлати на дертар аз мўҳлате пардохта шавад, ки барои гузаштани бақайдгири, аз нав бақайдгири ё муоинаи ҳарсолаи техникии нақлиёти автомобили муқаррар шудааст. Мўҳлати муоинаи ҳарсолаи техникии воситаҳои нақлиётро Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақоми
ваколатдори давлати ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд. Вайрон намудани мўҳлати супоридани андоз барои ҳисоб намудани фоиз тибқи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс асос мебошад. Ҳангоми аз нав ба қайд гирифтани воситаи нақлиёт андоз супорида намешавад, агар соҳиби пештараи он барои соли мазкур андозро пардохта бошад.
2. Бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар хусуси супоридани андоз барои соли ҷори бақайдгири, аз нав бақайдгири ва муоинаи техники гузаронида намешавад.
Андозсупоранда ҳуқуқ надорад бе пардохти андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт барои соли ҷори воситаи нақлиётро истифода барад.
3. Дар сурати набудани ҳуҷҷат дар хусуси гузаштани муоинаи ҳарсолаи техники Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибони воситаҳои нақлиёт бояд ҳуҷҷати супоридани андозро талаб намояд.
4. Ҳисобу китоби маблағи андозе, ки бояд барои соли ҷори пардохта шавад, шахсони ҳуқуқи ба мақоми андози ҷои бақайдгирии худ то 1 апрели соли ҷори пешниҳод менамоянд. Шакли ҳисобу китобро оид ба маблағи ҳисобшудаи андоз мақоми ваколатдори давлати муқаррар мекунад. Мақомоти андоз воситаҳои нақлиётро дар миқёси шахсони ҳуқуқи – соҳибони воситаҳои нақлиёт ва маблағи ҳисобшударо оид ба онҳо тибқи шакл ва
тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлати ба ҳисоб мегиранд.
5. Ҳар сол, то 1 апрели соли баъди соли ҳисоботи, Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми ваколатдори давлати оид ба воситаҳои нақлиёте, ки ба санаи 31 декабри соли ҳисоботи дар қайди мақомоти Бозрасии давлатии автомобили мебошанд, шумораи воситаҳои нақлиёте, ки аз муоинаи ҳарсолаи техники гузаштаанд ва маблағи андози дар соли ҳисоботи супоридашуда, тибқи
шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлати бо мувофиқаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд.

6. Мақоми ваколатдори давлати ва мақомоти ҳудудии андоз назорати андозсупорандагон, инчунин воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини пурра ва саривақт супоридани андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт анҷом медиҳанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.