Суббота, Ноябрь 16Вместе создадим светлое будущее!


Таърихи пайдоиши андозҳо

Муаммоҳои андозбандӣ ҳамавақт фикрҳои иқтисодчиёни ҷаҳонр, файласуфон, кормандони давлатро дар ҳама давру замон ҷалб мекунанд. Фомаи Аквинӣ андозро ҳамчун шакли иҷозатдодашудаи ғорат ё дуздӣ маънидод мекард. ..Муаммоҳои андозбандӣ ҳамавақт фикрҳои иқтисодчиёни ҷаҳонр, файласуфон, кормандони давлатро дар ҳама давру замон ҷалб мекунанд. Фомаи Аквинӣ андозро ҳамчун шакли иҷозатдодашудаи ғорат ё дуздӣ маънидод мекард. Шарл Луи Монтескъе андеша мекард, ки ҳеҷ чиз ҳамон қадар донишу ақлу фаҳмро талаб намекунад, ба монанди муайян намудани он ҳиссаи даромаде, ки давлат аз аҳолии худ мегирад ва ба ӯ боқӣ мемонад. Яке аз асосгузорони назарияи андозбандӣ Адам Смит мегуфт: «….андозҳо барои шахсоне, ки онҳоро мепардозанд, хусусияти ғуломӣ нею хосияти озод буданро маънидод мекунанд….».
Андозҳо дар авали тамаддуни инсонӣ ҳанӯз истифода бурда мешуданд. Пайдоиши онҳо ба эҳтиёҷотҳои аввалини ҷамъиятӣ алоқаманд мебошанд. Ягон давлат наметавонист ва ҳоло ҳам наметавонад аз андозҳо аз шаҳрвандони худ истифода набарад. Нависанда ва таърихчии фаронсагӣ Франсуа – Мари Волтер гуфта буд: «Пардохти андозҳо – ин додани як қисми моликияти худ бо мақсади нигоҳ доштани моликияти боқимондаи худ».
Дар инкишофёбии усулҳои андозситонӣ мо метавонем 3 давраи асосиро ҷудо намоем:

Дар давраи I – аз дунёи қадим то авали асрҳои миёна давлат аппарати молиявӣ барои муайянкунӣ ва ҷамъоварии андозҳоро надошт. Давлат танҳо маблағеро муайян мекард, ки ба он эҳтиёҷ дорад ва ҷамъовариро ба шаҳр ва ҷамоа месупорид.
Дар давраи II – асри XVI то авали асри XIX – дар як қатор мамлакатҳо муассисаҳои молиявӣ пайдо гардида, давлат як қисми вазифаҳоро ба ӯҳдаи худаш мегирад. Он имтиёзҳои андозбандиро муайян намуда, аз болои ҷамъоварии андозҳо назорат мебарад.
Дар давраи III – давраи муосир – давлат тамоми вазифаҳоро оиди муқарракунӣ ва ситонидани андозҳоро ба зиммаи худ мегирад, чунки қоидаҳои андозбандӣ аллакай сохта шудаанд. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо давлат роли ёрии тарафайнро мебозад, ки ин ё он дараҷаи мустақилиятро доранд.
Ҳамин тавр, системаи андозбандӣ бо баробари давлат пайдо гардида, инкишоф ёфт. Илова бар он дар асрҳои XIII- XII (то мелод) оиди андози сарикасидар шаҳри Вавилон тазаккур карда мешавад. Тақрибан ба ҳамин давра маълумоти аввалин оиди андозбандии умумӣ дар Хитой ва қаламрави Эрон рост меояд. Дар давраи ҳукмронии аввалин фараонҳо дар Миср аллакай андози замин ситонида мешуд.
Дар шаҳрҳои Юнони Қадим аз шаҳрвандон аз 1/20 ҳисса ва баъзан аз 1/10 ҳиссаи даромадҳои онҳо ситонида мешуданд. Ин ғайр аз «даҳҳаи масҷидҳо», ки дар шакли хайрияҳои ихтиёрӣ ситонида мешуданд. Инчунин аксизҳо ба намуди ҷамъовариҳои назди дарвозаи шаҳр ситонида мешуданд. Ин имконият медод, ки воситаҳоро барои таъмин намудани артиши кироя, барои пурқувват гардонидани деворҳои шаҳрҳо-давлатҳо, барои сохтани масчидҳо, роҳҳо, системаи обтаъминкунӣ, гузаронидани идҳо, тақсимкунии пул ва маҳсулот барои камбағалон ва барои дигар мақсадҳои ҷамъиятӣмуттамарказонида ва хароҷот карда мешуданд. Дар баробари ин афинагиҳо тайёр буданд, ки хайрия намоянд ва бештар онҳо аз давлатҳои забткардаашон хироҷ ва аз давлатҳои иттиҳодӣ тӯҳфаҳоро мегирифтанд. Аммо ҳангоми эҳтиёҷ доштан ба хароҷотҳои калон, шӯрои аҳолӣ ва ё маҷлиси аҳолӣ аз даромад фоизҳои таъиншударо меситониданд.
Дар давлатҳои Рими Қадим дар давраҳои оромӣ андозҳо тамоман истифода намешуданд. Хароҷотҳо барои идоракунии шаҳр минималӣ буданд, чунки магистрҳо вазифаҳои худро ба таври ройгон ё аз ҳисоби воситаҳои худ иҷро мекарданд. Моддаи асосии хароҷотҳоро сохтмони иншоотҳои ҷамъиятӣ ташкил медод. Ин хароҷотҳоро мабла ғҳое, ки аз ҳисоби ба иҷора додани замин ҷамъоварӣ мешуданд, рӯйпӯш мекарданд. Лекин др давраҳои ҷангӣ давлат маҷбур шуд, ки аз даромадҳои гирифтаи аҳолӣ андоз ситонад.
Муайянкунии маблағи пардохтҳои андозӣ ҳар 5 сол аз ҷониби мансабдорон-сензорон гузаронида мешуданд. Шаҳрвандони Рим аризаро оид ба ҳолати молиявӣ ва оилавии худ ба сензорон тартиб дода, ба онҳо пешниҳод мекарданд. Ҳамин тавр, асосҳои баённома оид ба даромадҳо сохта мешуданд. Бо баробари авҷ ёфтани давлати Рим ва забткунии минтақаҳои нав дар системаи андозбандӣ тағйироту ислоҳотҳои нав дароварда мешуданд.
Сарчашмаи асосии даромадҳо дар деҳотҳои Рим ин андози замин ба ҳисоб мерафт. Меъёри миёнаи он 1/10 ҳиссаи қисми даромад аз минтақаи замин ташкил медод. Инчунин игар моликият ҳам андозбандӣ мешуд: амволи ғайриманқул, сарватҳо, моҳӣ, чорво. Азбаски андозҳо ба таври нақдӣ ситонида мешуданд, моликон маҷбур буданд, ки маҳсулоти зиёдатӣ истеҳсол намоянд, то ки онҳоро фурӯхта нақдинаро ба даст оранд. Ин ба инкишофёбии муносибатҳои пулию савдо, зиёдшавии ҷараёни тақсимоти меҳнат ва ҷараёни муттамарказонидани аҳолӣ ва ҳаёти иқтисодӣ дар шаҳрҳои калон оварда расонд.
Бисёре аз таҷрибаи хоҷагидории Рими Қадим ба Византия гузаштанд. Дар давраи аввали ҳукмронии империяи византигӣ то асрҳои VII 21 намуди андозҳои мустақим вуҷуд доштанд, аз ҷумла: андози замин, андози сарикасӣ, андоз барои таъминоти артиш, андоз аз аскарони нав (агар онро пардохт намоянд, пас аз пардохти андози ҳарбӣ озод мешаванд). Баръакс, бо сабаби андозбандии аз ҳад зиёд ба камкунии базаи андозҳо ба миён овард, ки ба бӯҳрони молиявие, ки қувваи давлатро суст гардонид, оварда расонид.
Андак дертар системаи андози Русия сохта шуд. Сарчашмаи асосии даромадҳои хазинаи князӣ – ин хироҷ аз халқҳо ва деҳотҳои забтшуда мебошад. Хироҷ бо пул – аксар вақт бо тангаҳои арабӣ ё ин к ибо воситаи моддӣ – пашмҳо дода мешуд. Ҳамчунин андозбандии ғайримустақим дар шакли боҷҳои андозӣ ва судӣ амал мекарданд. Сарчашмаи ниҳоят калонтарини даромади хазина – ҷамъовариҳои савдоӣ буданд, ки аз ҳисоби дохил шудани заминҳои нав ба Княжествои Москва ва алалхусус марказҳои бузурги савдо зиёд мегаштанд.
Иттиҳоди сиёсии заминҳои русӣ ба асри XV рост меояд. Аммо низоми пурқуввати идоракунии молияи давлат ҳоло чандҳо сол вуҷуд надошт. Бисёре, аз андозҳои мустақимро Хазинахонаи сафорати калон (Приказ большого прихода) ҷамъоварӣ мекард. аммо бо баробари он ба андозбандии аҳолӣ хазинахониҳои минтақавӣ машғул буданд.
Дар замони феодализм тақрибан дар асрҳои XII – XVII андозҳо дар намуди боҷ, андози молӣ ё пулӣ ё дар намуди пардохти ӯҳдадориҳои меҳнатӣ рӯёнида мешуданд. Давлат барои рӯйпӯш намудани хароҷотҳои худ меъёри андозҳоро баланд ва шумораи онҳоро зиёд менамуд. Бояд қайд кард, ки бо баробари он барои минбаъд ғулом гардонидани деҳқонон андози ягонаи давлатиро ҷорӣ намуданд, ки андози чорвои корӣ номида мешуд. Баъд аз ҷорӣ намудани ҳамин ислоҳотҳои андозӣ сатҳи зиндагии аҳолӣ ниҳоят бад ва вазнин шуда, онҳоро ба қашшоқӣ ва дар навбати худ ба пастравии инкишофёбии қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ оварда расонд.
Дар асрҳои XVIII – XIX баробари пайдоиш ва барқароршавии муносибатҳои иқтисодии буржуазӣ андозҳо бо мақсади истисмори меҳнатӣ истифода мешуд. Пардохткунандагон оброки пулӣ, сенза, андози моддӣ, андози сарикасӣ, 1/10 ҳиссаи калисо, андоз барои намак ва дигар намудҳои бешумори андозҳоро пардохт менамуданд ва ин барои онҳо бори гарон буд.
Дар давраҳои ҳукмронии Пётри 1 дар асри XVIII бо сабаби ҷангҳои зиёд, сохтмони калон, дигаргуниҳои калон дар микёси давлат норасогии доимии захираҳои молиявӣ ҳис карда мешуд. Барои пур кардани хазинаи давлат тарзҳои нав ба нави ситонидани андозҳо ихтироъ шуда, намудҳои нави андоз ҷорӣ мешуданд. Княз вазифаи нави махсус – муфидон, ки ба вазифаи онҳо ихтироъ намудани намудҳои нави андозҳо дохил мешуд, таъин намуд.
Лекин бо баробари ин княз як қатор чорабиниҳоро оид ба адолати андозбандӣ, тақсимоти баробари андози чорвои корӣ андешид. Вазнинии андозҳои пештара аввалан барои камбизоатон сабук шуд. Барои пешгирии суиистеъмоли барӯйхатгирии хазинахонаҳо андози сарона дохил карда шуда буд. Дар давраи ҳукмронии Екатеринаи II бошад системаи идоракунии молия тағйир дода шуд. Александри 1 дар навбати худ соли 1802 Вазорати молияро ташкил дод.
Ҳоло бошад системаи муосири Федератсияи Русия ба мустаҳкамкунии бозори аввал дар хоҷагидорӣ, мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ ва бо баробари ин ҳамчун монеа дар роҳи пастшавии сатҳи иҷтимоии табақаҳои каммузд хизмат менамояд.
Системаи андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таърихи пурмазмунро дорад. Он аз давраҳои қадим авҷ ёфта, то замони мо таҷрибаи андозбандии худро ҷамъоварӣ намуда аст. Таърихи халқҳои Шарқ ва Осиёи Марказӣ дар давраҳои Дунёи Қадим ва асримиёнагӣ ба мо нишон медиҳад, ки андозҳо дар ин мамлакатҳо ҳанӯз барвақт ба вуҷуд омаданд. Масалан, қаблан андозҳо дар шакли натуралӣ дар намуди оброкӣ, инъом, андози сарона, ӯҳдадории меҳнатӣ ва меҳнати бемузди деҳқонон ба манфиати мулкдор амал мекарданд. Инчунин дар давраҳои қадим дар давраи инкишофёбии заминдории қабилагӣ андозҳои молӣ ба сардорони қабила месупориданд ва давлат бошад аз сардорони қабила хироҷ меситонид. Бояд қайд кард, ки рентаи замин (хироҷ) ба давлат вобаста аз шакли моликият аз рӯи меъёрҳои муайянгардида ситонида мешуданд. Масалан, аз заминҳои давлатӣ – 3/10 ҳиссаи ҳосил, аз заминҳои масҷидҳо – 1/10 ҳиссаи ҳосил, аз заминҳои шахсӣ – 2/10 ҳиссаи ҳосил пардохта мешуданд.
Дар давраи феодализм заминдории қабилагӣ барҳам хӯрда, ташкилёбии моликияти хусусӣ ба замин, тақсимоти ҷамъият ба синфҳо, тақсимот ба заминдорони хурд ва миёна, феодалҳои заминдорони калон амалӣ гашта, онҳо рентаи замин, ки ба андозаи 1/10 ҳиссаи ҳосил пардохта мешуд, месупориданд. Рентаи заминро ба ғайр аз феодалону заминдорон ва деҳқонон, инчунин рӯҳониёни мусулмон месупориданд. Дар ин давра муносибатҳои иҷоравӣ инкишоф ёфта буданд. Давлат ва заминдорон ба деҳқонон заминҳои худро ба иҷора дода, аз онҳо рентаи заминро дар шакли пулӣ ё молӣ мепардохтанд. Азбаски тамоми ҳуқуқҳои деҳқонон поймол мешуданд, яъне заминдорон қариб тамоми даромади аз замин гирифтаро ҳамчун пардохти ӯҳдадории иҷоравӣ мегирифтанд, деҳқонон доиман побанди заминдорон буданд. Ба воситаи андозҳо ва иҷораҳаққӣ деҳқонон истисмор мешуданд ва бе воситаи зиндагӣ мемонданд, чунки дар намуди ин пардохтҳои ҳатмӣ тамоми маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо ситонида мешуданд.
Дар асрҳои IX дар Мовароуннаҳру Хуросон дар посбонгоҳҳои махсус банд, дар гузаргоҳҳои дарёҳои назди шаҳрҳои азим ё дар сарҳадҳои қаламрави корвонгузар боҷи савдо рӯёнида мешуд. Дар гузаргоҳҳои Амударё аз савораҳои асп боҷ меситониданд. Дар Осиёи Миёна дар давраҳои то феодализм ва феодализм чунин намудҳои андоз ситонида мешуданд, ба монанди: закоти замин, ушр, андози мерос, андози хона, тарозуҳаққӣ, рентаи замин, ӯҳдадориҳои корҳои хоҷагӣ ва ҳашар ва ғ.
Дар асари худ «Дар бораи молия» Насриддини Тусӣ системаи молиявию андозӣ пурра тавсиф намуд. Ӯ чунин намудҳои андозҳо:

Андоз аз заминдорон – хироҷ
Андоз аз савдогарон – тамъ
Андоз аз чорводорӣ – марал
Андоз аз мерос
Андози сарикасӣ – копчур
ва пардохтҳои ғайриандозӣ:

Даромадҳои тасодуфӣ – тайёрат
Пардохтҳо ба фоидаи ҷамъовардагони андозҳо
Супоридани тарозугӣ ва андозбандии ҷой (иморат)
Иҷозатнома барои ҳунармандӣ
Боҷ аз роҳҳо ва киштиҳо1
Инчунин, авариз – андози фавқулода, саридарахт – андози сарона, ки аз рӯи дарахтони мевадиҳанда рӯёнида мешуд, муҳассилона – андози саронаи махсус, ки ба фоидаи муҳассилин – ҷамъоварандагони андоз, пардохт аз манзил ё замини наздиҳавлигӣ, саршумор – андози сарикасӣ, закот, исқот, идрор, хумс, амвол, танобпулӣ, кавсан ва ғ.
Дар асрҳои XVIII – XIX муносибатҳои феодалӣ ба пешрафти ҷамъиятию иқтисодӣ сад шуда, иқтисоди мамлакатро ба бӯҳрон оварда расонд. Ин давра бо гарониӣ андозӣ арзёбӣ гардид.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.