Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Андоз аз даромади шахсони воқеӣ

Андозҳо – яке аз шакли нисбатан демократии танзими муносибатҳои иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд, чунки агентҳои андоз дар назди қонунҳое, ки ӯҳдадориҳои андозиро муқаррар мекунанд, баробар мебошанд, яъне усулҳои муносибатҳои якхелаи давлат бо корхонаҳо ва аҳолӣ амалӣ мегарданд.1 Рӯёнидани андозҳо аз даромади аҳолӣ моҳияти махсуси худро дорад ва инчунин характери баргандандагӣ дорад…Андозҳо – яке аз шакли нисбатан демократии танзими муносибатҳои иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд, чунки агентҳои андоз дар назди қонунҳое, ки ӯҳдадориҳои андозиро муқаррар мекунанд, баробар мебошанд, яъне усулҳои муносибатҳои якхелаи давлат бо корхонаҳо ва аҳолӣ амалӣ мегарданд.1 Рӯёнидани андозҳо аз даромади аҳолӣ моҳияти махсуси худро дорад ва инчунин характери баргандандагӣ дорад. Ин маънои онро дорад, ки андозҳои ситонидашуда дар шакли нафақаҳо, ҷубронпулиҳо, ҳар гуна пардохтҳо ва ғайраҳо ба воситаи фондҳои ғайрибуҷетии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пардохта мешаванд. Яке аз чунин андозҳо андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба шумор меравад.
Андоз аз даромади шахсони воқеӣ андози мустақим ба ҳисоб рафта, пардохти ҳатмӣ аз аҳолӣ шуморида мешавад. Ин андоз аввалан дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи андози даромад аз шаҳрвандони ҶТ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа », ки Шӯрои Олии ҶТ аз 6 январи 1992 тасдиқ намуданд, ситонида мешуд. Баъдан мувофиқи Кодекси андози ҶТ ва дастурамали қабулгардидаи Вазорати молияи ҶТ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ тағйироту иловаҳо ворид гардиданд.
Андозсупорандагони ин намуди андоз шахсони воқеии резидент ва ғайрирезиденте, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ё шахсоне, ки даромади андозбандишавандаро аз фаъолияти соҳибкорӣ мегиранд, ба ҳисоб мераванд.
Барои резидентҳо ба сифати объекти андозбандии даромад даромади андозбандишавандаи онҳо ба ҳисоб меравад, ки он ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ дар соли тақвимӣ ва маблағи тарҳшудаи хароҷот ҳамчун андоз барои ҳамин давра муайян карда мешавад.
Андозсупорандагон – ғайрирезидент, ки дар ҶТ ҳамчун муассисаи доимӣ фаъолият менамоянд, нисбати даромади андозбандишавандае, ки ба муассисаи доимӣ алоқаманд аст ва ҳамчун фарқи байни даромади умумии соли тақвимӣ аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда ва маблағи хароҷот муайян карда мешавад, мебошанд. Даромади умумии ғайрирезидент бояд аз манбаи пардохт бе нигоҳ доштани маблағ андозбандӣ карда шавад. Шахси воқеи – ғайрирезидент, ки аз манбаи воқеъ дар ҶТ аз меҳнати кироя, аз фурӯш ё додани амволе, ки ба муассисаи доимиаш дар ҶТ алоқаманд намебошад, даромад мегирад, нисбати даромади умумии чунин намуд дар соли тақвимӣ бо кам кардани он ба маблағи нигоҳдошташуда ва марбут ба чунин даромад барои ҳамин давра, супорандаи андоз аз даромад ба ҳисоб меравад.
Воситаи асосии даромади шахсони воқеӣ ин пеш аз ҳама музди меҳнат мебошад, ба ғайр аз ин шахсони воқеӣ метавонад пардохтҳо ва фоида аз кори кироя гирад, инчунин ёрдампулиҳо, нафақа, даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ ва ғ. дохил мешаванд.
Даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ аз рӯи меъёрҳои зерин аз даромад андозбандӣ мешавад:

№№

Миқдори даромади андозбандишаванда (ба ҳисоби миёна дар як моҳ)

Меъёр ва маблағи андоз

1.

На зиёда аз музди меҳнати ҳадди ақали моҳона

Аз даромад андозбандӣ намешавад (меъёри сифрӣ)

2.

Зиёда аз музди меҳнати ҳадди ақали моҳона то 100 сомонӣ

8 фоиз аз маблағи даромади андозбандишавандаи зиёда аз музди меҳнати ҳадди ақали моҳона

3.

Зиёда аз 100 сомонӣ

Маблағи андози сатри 2 ҷамъ 13 фоиз аз маблағи даромади андозбан-дишавандаи зиёда аз 100 сомонӣ

Мисоли якум: Ба корманд дар моҳи январ 450 сомонӣ музди меҳнат ҳисоб карда шудааст.
Маблағи андози даромад ба тариқи зерин ҳисоб карда мешавад:
450 сомонӣ-4,5 сомонӣ =445,5 сомонӣ,
дар ин ҷо, 4,5 сомонӣ – маблағи андози иҷтимоӣ, ки бо меъёри 1 фоиз аз маблағи умумии музди меҳнати ҳисобшуда муайян карда мешавад;
445,5 сомонӣ – манбаи (базаи) андозбандишаванда барои ҳисобкунии андози даромад ҳисобида мешавад;
Маблағи андози даромад 50 сомонӣ 92 дирамро ташкил медиҳад (аз 100 сомонӣ маблағи андоз 6 сомонӣ ((100-35)х8%), аз 100 сомонӣ зиёд 44 сомонию 92 дирам, яъне 13 фоиз аз 345,50 сомонӣ).

Мисоли дуюм: Ба коргар дар моҳи аз январ – март музди меҳнат ба маблағи 1350 сомонӣ пардохт намуданд.
Маблағи андози даромад ба тариқи зерин ҳисоб карда мешавад:
1350 сомонӣ – 13,5 сомонӣ = 1336,5 сомонӣ,
дар ин ҷо, 13,5 сомонӣ – маблағи андози иҷтимоӣ, ки бо меъёри 1 фоиз аз маблағи умумии музди меҳнати ҳисобшуда муайян карда мешавад;
1336,5 сомонӣ – манбаи андозбандишаванда барои ҳисобкунии андози даромад, ки дар ҷадвали замимаи № 1 нишон дода шудааст, ҳисобида мешавад;
Маблағи андози даромад чунин ҳисоб карда мешавад:
(300-105)* 8% = 18 сомонӣ
(1336,5 – 300)*13% = 1036,5 * 13% = 134,75 сомонӣ
18+134,75+13,5=166,25 сомонӣ
Маблағи андоз аз даромад 166 сомонӣ 25 дирамро ташкил медиҳад.

Дар мисоли дуюм дида баромадем, ки дар моҳи март мувофиқи Замимаи 1 меъёри андозбандинашаванда ба 300 сомонӣ баробар буда, аз ҷамъи музди маоши семоҳаи коргкар тарҳ карда шуд.

Замимаи № 1

Қисми I. Барои шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи 139 Кодекси андози Ҷумхурии Тоҷикистон зикр шудаанд

Қисми II. Барои шахсоне, ки дар қисми 2 моддаи 139 Кодекси андози Ҷумхурии Тоҷикистон зикр шудаанд

Ҳаҷми даромад бидуни андози иҷтимоӣ (1%)

Маблағи

андоз

Ҳаҷми даромад бидуни андози иҷтимоӣ (1%)

Маблағи

андоз

Январ

аз 35-01 то 100

8%

аз 120-01

13%

аз 100 зиёд

6 + 13% аз 100 зиёд

Январ – Феврал

аз 70-01 то 200

8%

аз 240-01

13%

аз 200 зиёд

12 + 13% аз 200 зиёд

Январ – Март

аз 105-01 то 300

8%

аз 360-01

13%

аз 300 зиёд

18 + 13% аз 300 зиёд

Январ – Апрел

аз 140-01 то 400

8%

аз 480-01

13%

аз 400 зиёд

24 + 13% аз 400 зиёд

Январ – Май

аз 175-01 то 500

8%

аз 600-01

13%

аз 500 зиёд

30 + 13% аз 500 зиёд

Январ – Июн

аз 210-01 то 600

8%

аз 720-01

13%

аз 600 зиёд

36 + 13% аз 600 зиёд

Январ – Июл

аз 245-01 то 700

8%

аз 840-01

13%

аз 700 зиёд

42 + 13% аз 700 зиёд

Январ – Август

аз 280-01 то 800

8%

аз 960-01

13%

аз 800 зиёд

48 + 13% аз 800 зиёд

Январ – Сентябр

аз 315-01 то 900

8%

аз 1080-01

13%

аз 900 зиёд

54 + 13% аз 900 зиёд

Январ – Октябр

аз 350-01 то 1000

8%

аз 1200-01

13%

аз 1000 зиёд

60 + 13% аз 1000 зиёд

Январ – Ноябр

аз 385-01 то 1100

8%

аз 1320-01

13%

аз 1100 зиёд

66 + 13% аз 1100 зиёд

Январ – Декабр

аз 420-01 то 1200

8%

аз 1440-01

8%

аз 1200- зиёд

72 + 13% аз 1200 зиёд

Тартиби
таҳия ва пешниҳод намудани эъломияи андоз даромад аз шахсони воқеӣ
1. Варақаи эъломияи мазкур ва тартиби таҳияи он мутобиқи муқаррароти қисми 11 моддаи 2 Кодекси андози Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
2. Барои пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани эъломияи мазкур, инчунин саркашӣ аз супоридани андозҳо, бо роҳи дидаю дониста ба эъломия дохил намудани маълумотҳои таҳрифшуда Кодекси Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст.
Дар эъломия маълумотҳои зерин дарҷ карда мешаванд:
Қисми I. Даромади умумӣ

Дар сатрҳои 1-10 маблағи даромади умумии андозсупоранда, ба истиснои ААИ, аксизҳо ва андоз аз фурӯши чакана дарҷ карда мешавад.
Дар сатри 2 маблағи даромад, ки дар шакли музди меҳнат аз кори кироя аз тамоми манбахҳо, дар асоси маълумотномаҳои пешинҳод намудаи корфармоён дарҷ карда мешавад.
Дар сатри 7 маблағи даромади умумӣ, ба истиснои даромад аз фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ дарҷ карда мешавад.
Дар сатри 8 маблағи даромадҳои аз андоз озод дарҷ карда мешавад.
Дар сатри 9 маблағи даромади умумӣ, ба истиснои даромадҳои аз андоз озод дарҷ карда мешавад (сатри 7 – сатри 8).
Қисми II. Тарҳҳо.

Дар сатрҳои 11-20 арзиши хароҷот ва пардотҳо дарҷ карда мешавад. Барои супорандагони ААИ хароҷотҳо ба истиснои ААИ, ки дар эъломияи андоз оид ба ААИ ба эътибор гирифта шудаанд, ҳисоб карда мешаванд.
Дар сатри 21 маблағи тарҳи шахсӣ, ки ҳамҷун маблағи солонаи ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали моҳона, бо назардошти гурӯҳи шахсони имтиёздор ҳисоб карда мешавад, дарҷ карда мешавад.
Қисми III. Ҳисобкунии маблағи андоз.

Дар сатри 23 фарқи маблағҳоӣ сатри 9 ва сатри 22 .
Дар сатри 24 маблағи андози иҷтимоӣ, ки ҳамчун ҳосили зарби сатри 23 ба 20% муайян карда мешавад, дарҷ карда мешавад. Тибқи Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон № 250 аз 6 июни соли 2003 маблағи ин сатр аз 3,6 (18 х 20%) каратаи ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали моҳона кам набояд бошад.
Дар сатри 25 даромадҳо аз фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ, ба истиснои суди саҳмияҳо (дивидендҳо) ва фоизҳо, дарҷ карда мешавад.
Дар сатри 26 зарарҳои аз солҳои пешинаи гузаронидашавандаи мӯҳлаташон то 3-сол дарҷ карда мешавад.
Дар сатри 27 ҳосили ҷами маблағи сатртҳои 23 ва 25 ва тарҳи маблағи сатрҳои 24 ва 26 дарҷ карда мешавад ((23+25)-(24+26)).
Дар сатри 28 маблағи андоз тибқи моддаи 140 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад.
Дар сатри 29 маблағи андозҳое, ки дар манбаи пардохт нигоҳ дошта шуда, берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридашуда, ки ба ҳисоб гирифта мешаванд, дарҷ карда мешавад.
Дар сатри 30 фарқи байни сатри 28 ва сатри 29 дарҷ карда мешавад.
Дар сатри31 маблағи пардохтҳои ҷории (пешпардохти) семоҳа барои соли ояндаи андоз, ки ҳамчун ҳосили зарби сатри 28 ба коэффитсиенти 1,1 ва тақсим ба 4 ҳисоб карда мешавад, дарҷ карда мешавад (сатри 28 х 1,1/4).

Нозироти андоз дар
________________________
Мӯҳр ё қайд оид ба қабул намудан
  

Замимаи № 2

ЭЪЛОМИЯИ
андози даромад аз шахсони воқеӣ
барои соли ________

Андозсупоранда __________________________________________
Рақами мушаххаси андозсупоранда 
Эъломияи навбатӣ  тағйирдодашуда  бинобар барҳам хурдан 

Усули муҳосибот: кассавӣ  ҳисобу замкунӣ 

Нишондиҳандаҳо

Маблағ

I. Даромади умумӣ

1

Даромад аз таҳвили маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ

2

Даромади дар шакли музди меҳнат гирифташуда

3

Фоида аз фурӯши воситаҳои асосие, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд

4

Маблағе, ки аз фурӯши воситаҳои асосӣ гирифта шудааст ва ба даромад дохил карда шудаанд

5

Тарҳои ҷуброншуда

6

Ҳама гуна дигар даромаде, ки маънои афзоиши арзиши холиси активҳои андозсупорандаро дорад

7

Даромади умумӣ, ҳамагӣ

8

Даромадҳои аз андозбандӣ озод

9

Даромади умумӣ баъди тасҳеҳ

10

Аз ҷумла даромаде, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст (барои резидентҳо)

II. Тарҳҳо

11

Хароҷот оид ба таҳвили маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ

12

Фоизҳо, ҷаримаҳои супоридашуда

13

Қарзҳои беэътимод

14

Хароҷот барои тадқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструкторӣ

15

Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ ва тарҳ доир ба воситаҳои асосӣ

16

Хароҷот барои таъмир

17

Хароҷот нисбати саҳмҳои суғурта

18

Хароҷот барои корҳои ҷустуҷӯию геологӣ ва омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ

19

Хароҷот барои активҳои ғайримоддӣ

20

Андозҳо, аз ҷумла андози иҷтимоии 1%-и дар манбаи пардохт нигоҳдошташуда.

21

Ҳуқуқ барои тарҳҳои шахсӣ

22

Ҳамагӣ тарҳҳо

III. Ҳисобкунии маблағи андоз

23

Даромади андозбандишаванда аз фаъолияти соҳибкорӣ (сатри 9 – сатри 22)

24

Андози иҷтимоӣ (сатри 17 х 20%)

25

Даромадҳо аз фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ

26

Зарарҳои гузаронидашуда аз фаъолияти соҳибкорӣ

27

Даромади андозбандишаванда
(сатри 23 – сатри 24+ сатри 25- сатри 26)

28

Маблағи андоз

29

Баҳисобгирии иҷозат додашуда оид ба андози даромад

30

Ҳамагӣ бояд ба буҷет
(сатри 28- сатри 29): супорида шавад (+)
баргардонида шавад (-)

31

Маблағи пардохтҳои ҷорӣ (пешпардохт) барои соли андози оянда

Дурустии маълумотҳои дар ин эъломия дарҷшударо тасдиқ менамоем:

Роҳбар _____________________ ____________________

(насабу ном) (имзо)

Сармуҳосиб _____________________ ____________________

Ҷ.М. (насабу ном) (имзо)

Аудитор РМА___________ № _________ шаҳодатнома _____________
(имзо)
рӯзи таҳияи эъломия «___» _________ 20_____г. _________________________________________________________________________

Қайди мақоми андоз:
Тибқи эъломияи мазкур дар сурратҳисоби
андозсупоранда, бо назардошти пардохтҳои ҷории андоз,
ки дар давоми соли андоз пардохта шудаанд барои:
супоридан (+) ё кам кардан (-) _____________ сомонӣ дарҷ карда шуд.

Нозироти андоз дар
________________________
Мӯҳр ё қайд оиди қабул намудан
  

Замимаи № 3

Маълумотнома

Оид ба пардохтҳои ҷории (пешпардохти) андози даромад аз шахсони воқеӣ
Барои семоҳаи ______________ соли_____

Андозсупоранда _______________________________
Рақами мушаххаси андозсупоранда 

Маълумотҳо

Маблағ (сомонӣ)

1

Даромади умумӣ дар семоҳаи ҳисоботӣ

2

Коэффитсиенти нишондиҳандаи вазни қиёсии маблағи солонаи ин андоз дар ҳаҷми умумии даромад (бе тарҳҳо) барои соли пешомад

3

Маблағи пардохти ҷории (пешпардохти) андози даромад (сатри 1 х сатри 2)

Андозсупоранда ______________________ ___________________

(насабу ном) (имзо)

Муҳосиб ______________________ ___________________

(насабу ном) (имзо)

Рӯзи пешниҳод намудан «___» ______________ 20_____г.
Қайди мақоми андоз:
Дар суратҳисоб барои моҳи ҳисоботӣ __________ сомонӣ дарҷ шуд;
Нозири андоз ______________ _____________
(насабу ном) (имзо)
сана «___» ________ 20___ г.

Эзоҳ: 1) дар сатри 2 коэффитсиенти вазни қиёсии маблагӣ солонаи андоз дар ҳаҷми даромади умумӣ (бе тарҳҳо) дар соли пешомад дарҷ мегардад, ки ба тариқи зайл ҳисоб карда мешавад:
Маблағи андоз дар соли пешомад _____ тақсим ба даромади умумӣ дар соли гузашта (бе тарҳхо)_______ = ______ (коэффициент).
2) маълумотномаи мазкур ба мақоми андози ҷои бақайдгирӣ барои ҳар семоҳа дар мӯҳлатҳои зерин пешниҳод карда мешавад: барои семоҳаи 1 то 15 апрел, барои семоҳаи 2 то 15 июл, барои семоҳаи 3 то 15 октябр ва барои семоҳаи 4 то 15 январи соли минбаъда.
Барои мақсадҳои андозбандӣ ҳам маблағи даромади андозбандишаванда ва ҳам маблағи тарҳшаванда аз аввали сол ба тариқи афзоянда ҳисоб карда мешавад.
Барои чунин намудҳои даромадҳо дар Кодекси андози ҶТ имтиёзҳои мазкур пешниҳод гардидаанд:
1) даромад аз фаъолияти расмии дипломатӣ ё консулии шахсе, ки шаҳрванди ҶТ намебошад;
2) даромад аз меҳнати кирояи шахсе, ки резидент ё шаҳрванди ҶТ намебошад ва дар қаламрави ҶТ дар соли андозӣ камтар аз 90 рӯз истиқомат дошт, агар чунин даромадро корфармо – ғайрирезидент диҳад ё аз номи ё аз ҳисоби корфармое диҳад, ки резиденти ҶТ намебошад ва онро муассисаи доимии ғайрирезидент дар ҶТ намепардозад.
Мисол: Ширкати хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи Доимӣ надошта, барои расонидани ёрии техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаи резидентӣ мутахассиси худро ба мӯҳлати 60 рӯз фиристонд. Корхонаи резидентӣ аз ҳисоби маблағҳои ширкати хориҷӣ ба ин мутахассис даромад пардохт намуд. Даромади мутахассис аз ҳисоб ва аз номи корфармои вай, яъне ширкати хориҷӣ, мебошад. Дар ин маврид даромади ин мутахассис бо андози даромад дар манбаи пардохт андозбандӣ карда намешавад.

тӯҳфа ё мерос;
Мисол: Шахси воқеӣ Абдуллоева Ф.. саҳмияҳои ба вай тааллуқдоштаро дар сармояи оинномавии корхона ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ тибқи шартномаи мукофотӣ ба Неъматулоева Р. бахшид. Дар ин маврид даромади шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди гирифтани саҳмияҳо ба маблағи 100,0 ҳазор. сомонӣ бояд андозбандӣ карда нашавад, суди саҳмияҳое (дивидендҳое), ки бо ин саҳмияҳо дода мешаванд тибқи тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Дастурамал дар бораи тартиби ситонидани андоз аз манбаи пардохт муайян гардидаанд, бояд андозбандӣ карда шаванд.

4) арзиши тӯҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифта, инчунин ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоиш ва мусобиқаҳо гирифташуда, аз ҷумла дар шакли пулӣ, ки агар:
-тӯҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифташуда дар ҳаҷми аз 100 музди меҳнати ҳадди ақалли моҳона дар як сол зиёд нест;
-ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоишҳо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ гирифташуда дар ҳаҷми аз 500 музди меҳнати ҳадди ақалли моҳона дар як сол зиёд нест;
-ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоишҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ гирифташуда дар ҳаҷми аз 100 музди меҳнати ҳадди ақалли моҳона дар як сол зиёд нест;
5) нафақаҳои давлатӣ, идрорпулиҳои давлатӣ ва ҷубронпулиҳои давлатӣ, аз ҷумла пардохт ва ҷубронпулиҳо барои дафн, ҳомиладорӣ ва таваллуд, вобаста бо гум кардани қобилияти меҳнатӣ (аз ҷумла муваққатан), ва аз даст додани саробон;
6) алиментҳо аз ашхосе, ки онро мегиранд;
ва ғ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.