Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Андоз аз истифодабарандогони қаъри замин

Конҳо дар ҶТ объектҳои моликияти махсуси давлат ба ҳисоб рафта онро хусуси гардонидан қатъиян манъ аст. Ҳамаи он конҳое, ки дар ҳудуди ҶТ мавҷуд мебошанд дар маҷмӯъ фонди конҳои давлатиро ташкил медиҳанд…Конҳо дар ҶТ объектҳои моликияти махсуси давлат ба ҳисоб рафта онро хусуси гардонидан қатъиян манъ аст. Ҳамаи он конҳое, ки дар ҳудуди ҶТ мавҷуд мебошанд дар маҷмӯъ фонди конҳои давлатиро ташкил медиҳанд. Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи конҳо» аз 20.07.1994с. ва «Низомнома дар бораи тартиби литсензиякунонии конҳо (қаъри замин)» аз 4 марти соли 2002 намудҳои зерини истифодаи конҳо, ки ба онҳо литсензия дода мешавад, пешбинӣ шудааст, яъне барои омӯзиши геологии қаъри замин, истихроҷи маъданиҳои фоиданок, коркарди технологии ҷинсҳои ташкилёфта ва ғ. Номгӯи маъданиҳои фоиданоки барои истихроҷи ташаббуси худӣ аз ҷониби Ҳукумати ҶТ тасдиқ карда мешавад. Пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи истифодаи қаъри замин бояд ба мақомоти салоҳиятдор мутобиқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2001с. «Тартиби бастани қарордод барои истифодаи қаъри замин»қарордод муқаррар намоянд.

Андозсупорандагон
Объекти андозбандӣ

Тартиби пешниҳоди эъломия

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки амалиётро оид ба истифодаи қаъри замин дар ҶТ иҷро мекунанд

Доир ба ҳама намудҳои канданиҳои фоиданок аз ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки дар асоси воҳидҳои дахлдори натуралии ченак муайян шудааст, иборат мебошад

Эъломияҳо доир ба пардохти андози мазкур дар мақоми андоз дар маҳали баҳисобгирӣ пешниҳод карда мешавад

Дар ҶТ мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи конҳо (қаъри замин)» ва Кодекси андози ҶТ ба истифодабарандагони қаъри замин ба ҷои пардохтҳо барои захираҳои табиӣ ва пардохтҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин, ки шумораи онҳо аз нӯҳ намуд зиёд буд, пардохтҳо ва андози махсус ҷорӣ карда шуд. Пардохтҳо ва андозҳои махсус барои истифодаи қаъри замин дар бар мегиранд:

Бонусҳо
Роялти
Бонусҳо – Бонусҳо пардохтҳои устуворонаи истифодабарандагони қаъри замин мебошанд ва дар шакли пулӣ, тибқи ҳаҷм ва тартиби дар қарордоди истифодаи қаъри замин муқарраргардида супорида мешаванд. Истифодабарандагони қаъри замин, бо дарназардошти шартҳои инфиродии истифодаи қаъри замин намудҳои зерини бонусро месупоранд:
1) бонуси обунавӣ;
2) бонуси кашфи тиҷоратӣ;
3) бонуси истихроҷ.
Мутобиқи самаранокии иқтисодии қарордодҳои имзошаванда мумкин аст дар онҳо як ё якчанд намуди бонусҳо муқаррар карда шавад.
Бонуси обунавӣ ин пардохти яккаратаи устувори истифодабарандаи қаъри замин буда, барои ҳуқуқи фаъолият барои истифодаи қаъри замин дар ҳудуди қарордодӣ мебошад ва ҳангоми бастани қарордод мувофиқи тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Ҳаҷмҳои ибтидоии бонусҳои обунавиро, аз ҷумла мувофиқи шартҳои гузаронидани тендер, мақоми салоҳиятдор бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд. Ҳаҷми ниҳоии бонуси обунавӣ дар қарордод вобаста ба аҳамияти иқтисодии конҳои (ҳудудҳои) барои истифода супоридашаванда, аммо на пасттар аз ҳаҷмҳои ибтидоӣ муқаррар карда мешавад. Мӯҳлати пардохти бонуси обунавиро қарордод дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи бастани қарордод, муқаррар менамояд. Эъломия оид ба бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии худаш то рӯзи 15-уми моҳи минбаъдае, ки баъди моҳи фарорасии мӯҳлати пардохт омадааст, супорида мешавад.
Бонуси кашфи тиҷоратӣ – ин маблағсупорӣ барои ҳар як кашфи тиҷоратӣ дар ҳудуди қарордодӣ, аз ҷумла барои кашфи канданиҳои фоиданок дар рафти гузаронидани кофтукови иловагии конҳо мебошад, ки боиси афзоиши захираҳои дар ибтидо муқарраршудаи истихроҷшаванда мегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда зикр шудаанд. Бонуси кашфи тиҷоратӣ тибқи қарордодҳо барои кашфи конҳои канданиҳои фоиданоке, ки истихроҷи минбаъдаи онҳоро пешбинӣ намекунанд, муқаррар карда намешавад.
Кашфи тиҷоратӣ – ин захираҳои навъҳои алоҳидаи канданиҳои фоиданок мебошад, ки дар доираи ҳудуди қарордодӣ кашф шуда, мувофиқи тартиби муқарраршуда тасдиқ гардидаанд ва барои истихроҷ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок мебошанд.
Тартиби ҳисоб намудани бонуси кашфи тиҷоратиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва ҳаҷми бонуси кашфи тиҷоратиро қарордод муқаррар менамояд.
Эъломияи оид ба бонуси кашфи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин ба мақоми андози маҳали баҳисобгирии худ дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи тасдиқ шудани кашфи тиҷоратӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида пешниҳод гардида, бонуси кашфи тиҷоратӣ на дертар аз ҳамин мӯҳлат пардохта мешавад.
Бонуси истихроҷ – ин пардохти устувор буда, мунтазам, ҳангоми расидан ба дараҷаи ҳаҷми истихроҷ, ки дар қарордод муайян шудааст, аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин супорида мешавад.
Тартиби ҳисоб намудани бонуси истихроҷро доир ба гурӯҳҳои канданиҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Ҳаҷми бонуси истихроҷро қарордод барои истифодаи қаъри замин муқаррар менамояд. Бонуси истихроҷ дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи 15-уми моҳи минбаъда, ки дар он дараҷаи ҳаҷми истихроҷи дар қарордод муайяншуда фаро расидааст, пардохта мешавад.
Эъломияи оид ба бонуси истихроҷ аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин ба мақоми андоз дар маҳалли баҳисобгирии худаш на дертар аз мӯҳлати муқарраршуда барои супоридани бонуси истихроҷ пешниҳод карда мешавад. Шакли эъломияҳои андоз ва тартиби навиштани онҳоро доир ба бонуси обунавӣ, бонуси кашфи тиҷоратӣ ва бонуси истихроҷ мақоми ваколатдори давлатӣ бо мувофиқаи мақоми салоҳиятдор муқаррар менамояд.
Роялти – ин пардохте мебошад, ки истифодабарандаи қаъри замин дар алоҳидагӣ, доир ба ҳар як намуди канданиҳои фоиданоки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷшаванда месупорад, новобаста аз он, ки онҳо ба харидорон ё таҳвил шудаанд ё барои эҳтиёҷоти худӣ истифода гардидаанд.
Дар рафти фаъолият тибқи қарордод шакли пулии пардохти роялти бо қарори Ҳукумати ҶТ метавонад дар асоси созишномаи иловагии истифодабарандаи қаъри замин бо мақоми салоҳиятдор муваққатан пурра ё қисман ба шакли пардохти натуралӣ, ки ба шакли пулӣ баробар аст, иваз карда шавад.
Супорандагони роялти истифодабарандагони қаъри замине мебошанд, ки канданиҳои фоиданок, аз ҷумла канданиҳои фоиданокро аз ташкилаҳои минералии техногенӣ истихроҷ менамоянд, новобаста аз он, ки таҳвили (бор карда фиристодани) онҳо дар давраи ҳисоботӣ сурат гирифтааст ё не.
Ҳаҷми роялти дар асоси объекти андозбандӣ, заминаи ҳисобкунӣ ва меъёр муайян карда мешавад. Барои ҳисоб намудани роялти:
1) объекти андозбандӣ доир ба ҳамаи намудҳои канданиҳои фоиданок аз ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ё ҳаҷми маҳсулоти молии якуми аз истихроҷи аслии канданиҳои фоиданок гирифташуда, ки дар асоси воҳидҳои дахлдори натуралии ченак муайян шудааст, иборат мебошад.
Ҳамзамон маҳсулоти молии якум метавонанд инҳо бошанд:
а) худи канданиҳои фоиданок:
– нафт, гази табиӣ ва конденсати газ;
– ангишт ва слансҳои сӯзишворӣ;
– маъданҳои молӣ;
– обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла аз коркарди аввалин гузашта;
– слюда, асбест, ашё барои истеҳсоли маводи сохтмон;
– ашёи хоми ғайримаъданӣ барои металлургия;
б) металлҳои қиматбаҳо ва ё металлҳои софи химиявӣ дар қум, маъданҳо, консентратҳо;
в) консентрати металлҳои сиёҳ, ранга, нодир ва радиоактивӣ, ашёи кимиёвии кӯҳӣ;
г) сангҳои қиматбаҳо, ашёи сангҳои ороишӣ ва пьезооптикии аз коркарди якум гузашта;
д) оид ба дигар канданиҳои фоиданок – ашёи минералии аз коркарди якум гузашта;
2) заминаи ҳисоби роялти арзиши канданиҳои фоиданок мебошад;
3) меъёри роялти дар ҳар як қарордод ба таври инфиродӣ, вобаста аз самаранокии иқтисодии лоиҳа алоҳида доир ба ҳар намуди канданиҳои фоиданок, ба истиснои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ муқаррар карда мешавад. Дар баробари ин меъёри ҳадди ақали роялти доир ба ҳама гуна канданиҳои фоиданок бояд на камтар аз 0,5 фоиз бошад.
Меъёри роялти нисбати карбогидридҳо тибқи ҷадвали тағйирёбанда , чун фоизе мебошад, ки вобаста ба ҳаҷми истихроҷ бо воҳидҳои натуралии ченак ва ё аз арзиши ҳаҷми истихроҷ бо яке аз ду усули зерин муқаррар карда мешавад:
1) аз ҳаҷми истихроҷи ҷамъшуда ва (ё) арзиши истихроҷи ҷамъшудаи карбогидридҳо дар тамоми давраи фаъолияти дар қарордод пешбинишуда;
2) аз ҳаҷми истихроҷи ҷамъшуда ва (ё) арзиши истихроҷи ҷамъшуда дар ҳар соли алоҳидаи фаъолият тибқи қарордод.
Меъёрҳои роялтии истифодаи қаъри замин барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ дар ҳаҷмҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

Номгӯи канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ

Меъёрҳои роялтии истифодаи қаъри замин бо фоиз нисбат ба манбаи ҳисоби роялтии истифодаи қаъри замин

1

Рег (ба ғайр аз қолибрезӣ, шишасозӣ барои саноати чиниворию фаянсӣ ва сементбарорӣ)

2-4

2.

Реги қолибрезӣ, шишасозӣ барои саноати чиниворию фаянсӣ ва сементбарорӣ

1-2

3.

Омехтаи регу шағал

2-4

4.

Гил (ба ғайр аз гили оташбардор, мушкилгудоз, қолибрезӣ барои саноати чинисозию фаянсӣ ва сементбарорӣ, флоридонӣ, рангрезӣ, бентонитӣ, кислотабардор ва каолин)

2-3

5.

Гили оташбардор, мушкилгудоз, қолибрезӣ барои саноати чинисозию фаянсӣ ва сементбарорӣ, флоридонӣ, рангрезӣ, бентонитӣ, кислотабардор ва каолин

1-2

6.

Гилхок (ба ғайр аз гилхоки саноати сементбарорӣ)

2-3

7.

Гилхок барои саноати семент

1-2

8.

Санги бинокорӣ

2-3,5

9.

Регсанг (ба ғайр аз битуминоз, барои рӯйкашкунӣ, динас ва барои саноати шишабарорӣ)

2-3,6

10.

Регсанги битуминоз, барои рӯйкашкунӣ, динас ва барои саноати шишабарорӣ

2-3

11.

Бӯр (ба ғайр аз бӯр барои саноати семент, кимиёвӣ, шишасозӣ, резинбарорӣ ва барои ҳосил кардани гилхок аз нефелин)

2-3

12.

Бӯр барои саноати семент, кимиёвӣ, шишасозӣ, резинбарорӣ ва барои ҳосил кардани гилхок аз нефелин

2-3

13.

Квартсит (ба ғайр аз динас, флюсӣ, рӯйкашкунӣ, оҳандор барои истеҳсоли карбиди кремнӣ, кремнии булӯрин ва хӯлаи оҳан)

2-3,0

14.

Квартсити буттахишт, флюсӣ, рӯйкашкунӣ, оҳандор барои истеҳсоли карбиди кремний, кремнийи булӯрин ва хӯлаи оҳан

1-2

15.

Доломит (ба ғайр аз битуминоз ва барои саноати семент)

1,6-3,6

16.

Доломити битуминоз ва барои саноати семент

1,6-2

17.

Мергел (ба ғайр аз битуминоз ва барои саноати семент)

1,7-3,7

18.

Мергели битуминоз ва барои саноати семент

1-2

19.

Оҳаксанг (ба ғайр аз битуминоз, рӯйкашкунӣ, хока барои саноати семент, металлургия, кимиёвӣ, шишабарорӣ, селлюлозаю коғазбарорӣ ва қандистеҳсолкунӣ, инчунин барои истеҳсоли гилхок)

1,5-3,5

20.

Оҳаксанги битуминоз, рӯйкашкунӣ, хока барои саноати семент, металлургия, кимиёвӣ, шишабарорӣ, селлюлозаю коғазбарорӣ ва қандистеҳсолкунӣ, инчунин барои истеҳсоли гилхок

1,5-2

21.

Оҳаксанги ковок (ба ғайр аз оҳаксанги рӯйкашкунӣ ва ороишӣ)

2-3,5

22.

Оҳаксанги ковоки рӯйкашкунӣ ва ороишӣ

1-2

23.

Варақсанг (ба ғайр аз варақсанги сӯзанда ва бомпӯшӣ)

1,5-3,5

24.

Варақсанги сӯзанда ва бомпӯшӣ

1-2

25.

Аргиллитҳо ва алевролитҳо (ба ғайр аз онҳое, ки дар саноати семент истифода мешаванд)

2-3

26.

Аргиллитҳо ва алевролитҳое, ки дар саноати сементбарорӣ истифода мешаванд

1,5-2

27.

Ҷинсҳои магмативӣ, вулканӣ ва ҷинсҳои метаморфозӣ (ба ғайр аз ҷинсҳои рӯйкашкунӣ, ороишӣ, барои истеҳсоли маводи оташбардор ва кислотабардор, гудозиши сангин ва пахтаи маъданӣ, ба ғайр аз маводе, ки дар саноати семент истифода бурда мешаванд)

1,5-3,2

28.

Ҷинсҳои магмативӣ, вулканӣ ва ҷинсҳои метаморфозӣ рӯйкашкунӣ, ороишӣ, барои истеҳсоли маводи оташбардор ва кислотабардор, гудозиши сангин ва пахтаи маъданӣ, инчунин дар саноати семент истифода бурда шаванда

1,5-2

29.

Обҳои зеризаминӣ

5-10

Меъёрҳои роялтии истифодаи қаъри замин барои канданиҳои фоиданок ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

Номгӯи канданиҳои фоиданок

Меъёрҳои роялтии истифодаи қаъри замин бо фоиз нисбат ба манбаи ҳисоби роялтии истифодаи қаъри замин

1.

Нафт, конденсати газ ва гази табиӣ

4-6

2.

Ангишт, варақсанги сӯзанда, торф

2-4

3.

Металлҳои сиёҳ (оҳан, марганец, хром, ванадий)

2-4

4.

Металлҳои ранга ва нодир (мис, сурб, руҳ, қалъагӣ, никел, кобалт, молибден, симоб, сурма, висмут, кадмий, алюминий, стронсий, титан, сирконий, литий, волфрам, тантал, ниобий ва ғайра)

4-7

5.

Маъданҳои пароканда

7-9

6.

Металлҳои асил (тилло, нуқра, платиноидҳо)

7-9

7.

Алмос ва сангҳои қиматбаҳо

7-9

8.

Сангҳои ранга (ҷилонок) ва ашёи хоми пезооптикӣ

7-9

9.

Ашёи хоми радиоактивӣ

3-5

10.

Ашёи хоми кӯҳии кимиёвӣ ва обҳои гарм

3-5

11.

Ашёи хоми маъдани кӯҳӣ ва хоми ғайримаъданӣ барои металлургия

3-5

12.

Масолеҳи бинокории ғайримаъданӣ

2-3

13.

Дигар канданиҳои фоиданоке, ки дар ҳамин ҷадвал барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ нишон дода нашудаанд

2-3

Давраи ҳисоботӣ оид ба муайян кардан ва пардохтани роялти моҳи тақвимӣ мебошад. Эъломияи ҳисоби роялтиро истифодабарандаи қаъри замин тибқи шакл ва тартиби бо мувофиқаи мақоми салоҳиятдор муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақоми андози маҳали баҳисобгирии худ то рӯзи даҳуми моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботӣ пешниҳод менамояд. Роялти доир ба тамоми навъҳои канданиҳои фоиданок дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи 15-уми моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботӣ пардохта мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.