Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Боҷи давлатӣ

Боҷи давлатӣ ин пардохтҳое мебошад, ки барои иҷрои хизматрасониҳо ситонида мешавад…Боҷи давлатӣ ин пардохтҳое мебошад, ки барои иҷрои хизматрасониҳо ситонида мешавад. Нисбат ба дигар андозҳо ҳаҷми воридоти боҷи давлатӣ паст буда, аз соли 1992 то соли 2007 дар ҳудуди 1,4 – 0,7% -и ҳаҷми умумии даромадҳои буҷетро ташкил медиҳад ва сол то сол ин фоиз паст шуда истодааст. Ба ин нигоҳ накарда давлат аз ин андоз даст намекашад ва онро бекор намекунад, чунки дар рафти муносибатҳои гуногуни ҳуқуқӣ, пулӣ ва ғайра пайдо мешаванд ва дар рафти он ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафайн муайян мегарданд.
Боҷи давлатиро шаҳрвандони ҶТ, шаҳрвандони ҷумҳуриҳои мустақил, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, сохторҳои хоҷагӣ, иттиҳодияҳои динӣ, корхонаҳою ташкилотҳое, ки дар ҶТ ҷойгиранд, пардохт мекунанд. Ин андоз аз тарафи мақомотҳои ваколатдоршуда барои амалӣ намудани амалиётҳои андозбандишаванда ва додани ҳуҷҷатҳо ситонида мешавад. Ба ин мақомотҳо дохил карда мешаванд: судҳои доираи ҳуқуқи умумӣ, судҳои иқтисодӣ, суди Конститутсионии ҶТ, идораҳои нотариалии давлатӣ, мақомоти қайди ҳолати шаҳрвандӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, муассисаҳои консулгарии ҶТ дохил мешаванд.
Боҷи давлатӣ аз аризаҳои даъвогӣ, ариза (шикоят), ки ба судҳои дорои салоҳияти умумӣ, судҳои иқтисодӣ ва суди Конститутсионии ҶТ дода мешаванд, ситонида мешавад:

Барои аҷом додани амалиётҳои нотариалӣ ба идораҳои нотариалии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, муассисаҳои консулгарии ҶТ, барои додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳои нотариалӣ тасдиқшуда;
Барои қайди давлатии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣва амалҳои муҳими ҳуқуқие, ки мақомоти қайди санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ анҷом медиҳанд;
Барои баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳое, ки ба соҳиб шудани шаҳрванди ҷумҳурӣ ё баромадан аз шаҳрвандии ҷумҳурӣ;
Барои додани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи сафар ба хориҷа ва ба ҶТ даъват намудани шахсони ҷумҳуриҳои дигар ва даровардани тағйиротҳо ба ин ҳуҷҷатҳо;
Барои додан ва тағйир намудани мӯҳлати қайди шиносномаҳои хориҷӣ ва ҳуҷҷатҳои онҳоро ивазкунанда;
Барои додани рухсатнома ба шиносномаҳои хориҷӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои онҳоро ивазкунанда барои сафар кардан ба ҶТ ва ариза дар бораи қабул кардани шаҳрвандии ҶТ;
Барои қайди маҳалли зист;
Барои додани рухсатнома барои шикор;
Барои муомилот бо қоғазҳои қиматнок ва муомилоте, ки дар ширкатҳои савдо, ашёи хом, асъорӣ ва ғайра ба амал бароварда мешаванд;
Барои гузаронидани музоядаҳо ва муомилоте, ки дар музоядаҳо анҷом дода мешаванд;
Барои харидани моликияти корхонаҳои давлатӣ;
Барои додани гувоҳномаҳо оиди қайди давлатии соҳибкор бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ
Аз рӯи аризаҳои даъвогии корхонаҳо ва ташкилотҳои дигари ҷумҳурии соҳибистиқлол, ки дар ҶТ дар судҳои иқтисодӣ баррасӣ мешаванд;
Меъёри боҷи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати ҶТ муқаррар карда мешавад ва бо фоиз ба нархи даъво, ба маблағи дар ҳуҷҷат зикргардида, ё ба ҳадди ақали музди меҳнат муқаррар карда мешавад.
Меъёри боҷи давлатӣ барои анҷом додани амалиётҳои муҳими ҳуқуқӣ ва додани ҳуҷҷатҳо дар ҷадвал оварда шудааст:

Аз рӯи парвандаҳои дар судҳои дорои ҳуқуқи умумӣ баррасишаванда:
Аз аризаҳои даъвогии хусусияти амволидошта

Меъёри боҷи давлатӣ

То 50 ҳадди ақали музди меҳнат

4% аз нархи даъво

Аз 50-75 ҳадди ақали музди меҳнат

3% аз нархи даъво

Аз 75-100 ҳадди ақали музди меҳнат

2% аз нархи даъво

Зиёда аз 100 ҳадди ақали музди меҳнат

1,5% аз нархи даъво

Ҳангоми фавти зан ё шавҳар

20%-и ҳадди ақали музди меҳнат

Барои додани нусхаҳои дигари ҳуҷҷатҳое, ки дар парвандаҳои идораи нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва муассисаҳои консулгарӣ нигоҳ дошта мешаванд

50%-и музди меҳнати ҳадди ақал

Барои тасдиқи шартномаи мусодираи амволи гайриманқул ва дигар амволи бақайдгирифташуда тариқи музояда (тендер) ба фурӯш мераванд

7 каратаи музди меҳнати ҳадди ақал

Аз рӯи аризаҳои даъвогии корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатҳои дигар, ки дар Суди иқтисодии ҶТ баррасӣ менамоянд – 1% аз нархи даъво. Барои аризаҳои даъвоӣ, ки ҳам талаботи хусусияти амволӣ ва ҳам ғайриамволиро дар бар мегиранд, яку якбора боҷи давлатие, ки барои аризаҳои даъвоии хусусияти амволинадошта муқаррар гардидааст, ситонида мешавад.

Аз рӯи парвандҳое, ки Суди Конститутсионии ҶТ баррасӣ менамояд:
Аз ниёз ё дархост

4 каратаи музди меҳнати ҳадди ақал

Аз шикояти шахсони ҳуқуқӣ

10 каратаи музди меҳнати ҳадди ақал

Аз шикояти шахсони воқеӣ

1 каратаи музди меҳнати ҳадди ақал

Барои иҷрои амалиётҳои нотариалӣ аз ҷониби нотариусҳои идораҳои нотариалии давлатӣ ё аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти иҷроия ҳокимияти маҳаллӣ ва муассисаҳои консулгарӣ барои додани нусхаҳо ва дубликатҳои ҳуҷчатҳо:
1)Барои тасдиқи шартномаҳои мусодира (хариду-фурӯш, тӯҳфа, иваз намудан ва ғ.)-и амволи ғайриманқул:

а) ба кӯдакон (аз ҷумла духтархоншуда ё писархоншуда), ҳамсар, волидайн:

-ш. Душанбе

10% музди меҳнати ҳадди ақал

-ш. Хуҷанд

7% музди меҳнати ҳадди ақал

-ш. Қурғон-Тепа, Кӯлоб, Хоруғ

5% музди меҳнати ҳадди ақал

-дигар шаҳрҳо ва ҷамоатҳо

2%музди меҳнати ҳадди ақал

-минтақаҳои хоҷагӣ

1% музди меҳнати ҳадди ақал

б) ба бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобою бибӣ:

-ш. Душанбе

20% музди меҳнати ҳадди ақал

-ш. Хуҷанд

15% музди меҳнати ҳадди ақал

-ш. Қурғон-Тепа, Кӯлоб, Хоруғ

10% музди меҳнати ҳадди ақал

-дигар шаҳрҳо ва ҷамоатҳо

5%музди меҳнати ҳадди ақал

-минтақаҳои хоҷагӣ

2% музди меҳнати ҳадди ақал

в) ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ:

-ш. Душанбе

40% музди меҳнати ҳадди ақал

-ш. Хуҷанд

30% музди меҳнати ҳадди ақал

-ш. Қурғон-Тепа, Кӯлоб, Хоруғ

20% музди меҳнати ҳадди ақал

-дигар шаҳрҳо ва ҷамоатҳо

10%музди меҳнати ҳадди ақал

-минтақаҳои хоҷагӣ

5% музди меҳнати ҳадди ақал

2) барои тасдиқи шартномаҳои мусодира (хариду фурӯш, тӯҳфа, ивазкунӣ ва ғ.)-и воситаҳои нақлиёт

2 музди меҳнати ҳадди ақал

3) барои тасдиқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ ё лизинг

50% музди меҳнати ҳадди ақал

4) барои тасдиқи шартномаҳои иҷора ва вомҳо

1 музди меҳнати ҳадди ақал

5) барои тасдиқи дигар шартномаҳо, ки матлаби онҳо мавриди баҳодиҳӣ қарор дорад

1,5% аз маблағи шартнома, вале на камтар аз 50%-и музди меҳнати ҳадди ақал

6) барои тасдиқи шартномаҳои кафолатӣ

0,5% маблағи замонатӣ, вале на камтар аз 30%-и музди меҳнати ҳадди ақал

7)барои тасдиқи шартномаҳое, ки матлаби онҳо мавриди баҳодиҳӣ қарор надорад

2 каратаи музди меҳнати ҳадди ақал

8)барои тасдиқи васиятномаҳо

2 каратаи музди меҳнати ҳадди ақал

9)барои тасдиқи боваримаҳо барои ҳуқуқи истифодабарӣ ва ихтиёрдории амвол:

-барои кӯдакон, аз ҷумла духтархон ва писархон, ҳамсар, волидайн

50%-и музди меҳнати ҳадди ақал

10) барои тасдиқи бовариномаҳо барои ҳуқуқи истифодабарии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

-барои кӯдакон, аз ҷумла духтархон ва писархон, ҳамсар, волидайн
-барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобою бибӣ:
-барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

1 каратаи музди меҳнати ҳадди ақал

2 каратаи музди меҳнати ҳадди ақал
3 каратаи музди меҳнати ҳадди ақал

Барои гузаронидани амалиётҳои дигар, ки аз тарафи Ҳукумати ҶТ муқаррар гардидаанд, меъёрҳои гуногун ситонида мешаванд.
Аз супоридани боҷи давлатӣ инҳо озод мебошанд:

Аз рӯи парвандҳое, ки дар судҳои иқтисодӣ баррасӣ мешаванд: прокурор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти молия, Фонди ҳифзи иҷтимоии давлатӣ, мақомоти назорати асъорӣ ва содиротӣ ва ғ.
Мақомотҳое, ки амалиётҳои нотариалиро анҷом медиҳанд: мақомоти ҳокимияти давлатӣ; мақомотҳое, ки барои анҷом додани амалиётҳои нотариалӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз тарафи қонун муқаррар карда шудаанд, муроҷиат мекунанд; шаҳрвандоне, ки дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳо, аслӣ будани имзоҳо дар ҳуҷҷатҳо, тасдиқи шаҳодатномаҳо барои гирифтани нафақапулӣ ва ёрдампулӣ ва ғ.
Меросхӯроне, ки то рӯзи муайян кардани мерос ба балоғат нарасидаанд, инчунин беморони рӯҳӣ, ки барои онҳо парастор муқаррар шудааст.
Мақомотҳое, ки қайди давлатии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ амалӣ мегарданд: мақомотҳои маориф, парасторӣ, ва васиятӣ, комиссия оид ба корҳои ноболиғон барои такроран додани шаҳодатномаҳо оид ба таваллуд барои равона намудани кӯдакони бепарастор ва ятим ба хонаҳои кӯдакон ва интернатҳо, додани шаҳодатнома дар бораи фавти падару модари ин кӯдакон; шаҳрвандон барои қайди давлатӣ ва додани шаҳодатномаҳо оиди таваллуд, фавт, бастани ақди никоҳ ва ғ.
Парвандҳое, ки барои соҳиб шудани шаҳрванди ҶТ ё аз шаҳрвандӣ баромадан; сафар кардан ба ҶТ ё аз ҶТ ба сафар баромадан, барои додани шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо барои сафар кардан ба хориҷа ва ғ.
Барои қайди шаҳрвандони ҶТ дар маҳалли зисти онҳо, барои қайди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки дар қаламрави ҶТ зиндагӣ мекунанд: шахсоне, ки дар хона-интернатҳо барои пиронсолон зиндагӣ мекунанд, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, барои кӯдакони ятим ва бепарасторон, муассисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ-техникӣ, ки онҳоро пурра давлат таъмин менамояд ва дар хобгоҳҳо зиндагӣ мекунанд;
Мақомотҳои ваколатдор карда шуда аз рӯи он даъвоҳое, ки барои рӯёнидани зарар расонидан ба муҳити атроф ва ғайрисамаранок истифодабарии захираҳои давлатӣ, инчунин даъвогарон дар рӯи Кумитаи андози ҶТ, агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа оиди даъвоҳо дар бораи рӯёнидани маблағҳои буҷети ғайриқонунан бадастомада, андозҳои саривақт напардохта ва ғайраҳо аз пардохти боҷ озод мебошанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.