Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ

Боҷи гумрукӣ ба гурӯҳи андозҳои ғайримустақим дохил мешавад ва дар қаламрави ҶТ он аз соли 1992 ситонида мешавад. Он дар асоси Кодекси гумрукии ҶТ ва дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохти пардохтҳои гумрукӣ» ситонида мешавад.Боҷи гумрукӣ ба гурӯҳи андозҳои ғайримустақим дохил мешавад ва дар қаламрави ҶТ он аз соли 1992 ситонида мешавад. Он дар асоси Кодекси гумрукии ҶТ ва дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохти пардохтҳои гумрукӣ» ситонида мешавад.
Боҷи гумрукӣ – аз молҳои воридшаванда ва аз молҳои транзитӣ ё бо ибораи дигар аз гардиши савдои берунаи молҳое, ки аз сарҳади гумрукӣ мегузаранд, ситонида мешавад.
Тарифи гумрукии ҶТ ногӯи молҳои мувофиқи номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки дар савдои беруна гардиш мекунанд, дар бар мегирад.
Ҷамъовариҳои гумрукӣ – ин пардохт барои амалӣ намудани хизматрасониҳои гуногун аз тарафи мақомотҳои гумрук дар шакли ҷобаҷокунӣ дар анборҳо, назорат аз болои сифати молҳо ва дигар хизматрасониҳо ситонида мешавад.
Субъекти андозбандии боҷи гумрукӣ декларант мебошад. Декларант – шахси воқеӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки молҳоро ба воситаи сарҳад интиқил медиҳад, яъне бо воридоту содироти молҳо машғуланд.
Ба объекти андозбандӣ арзиши гумрукӣ, нархи молу маводҳо ва ғ. дохил мешавад.
Тарифҳои гумрукӣ ба намудҳои зерини боҷҳои гумрукӣ истифода мешаванд:

Боҷи гумрукии воридотӣ
Боҷи гумрукии содиротӣ
Боҷҳои гумрукии транзитӣ (ҳоло истифода намешавад)
Боҷи гумрукии мавсимӣ
Мутобиқи Кодекси гумрукии ҶТ ба пардохтҳои гумрукӣ дохил мешаванд:

Боҷи гумрукӣ
ААИ, ки дар мавриди воридоти мол ба сарҳади гумрукии ҶТ ситонида мешавад
Аксиз, ки дар мавриди воридоти мол ба сарҳади гумрукии ҶТ ситонида мешавад
Боҷҳои махсус, антидемпингӣ ва ҷубронӣ нисбати молҳое ситонида мешаванд, агар таҳти режими гумрукӣ гузошта шудаанд, ки он татбиқи маҳдудиятҳо ва манъкуниҳоро мувофиқи Кодекси гумрукии ҶТ ва дигар санадҳои ҳуқуқии ҶТ пешбинӣ менамоянд.
Имтиёзҳои боҷи гумрукӣ дар мавридҳои зерин истифода мегарданд:

Нисбати молҳо шарти пурра озод будан аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳо пешбинӣ шудааст
То баровардани мол ба гардиши озод ҳангоми вуҷуд надоштани вайронкуниҳо, иҷрои талаботҳо ва шартҳое, ки Кодекси гумрукии ҶТ пешбинӣ намудааст, молҳои хориҷӣ дар ҳолати садамаҳо нобуд шуданд ё гум карда шуданд ё истеҳлок гардидаанд
Молҳо дар асоси Кодекси гумрукии ҶТ ҳамчун моликияти давлатӣ гардиш мекунанд
Ҳангоми воридоти молҳо боҷи гумрукӣ бояд надертар аз 15 рӯзи пешниҳоди молҳо ба мақомоти гумрукӣ дар ҷои воридгардида ба сарҳади гумрукии ҶТ ё ин ки аз рӯзи анҷом ёфтани транзити гумрукӣ, агар декларатсиякунонии молҳо дар ҷои воридгардида амалӣ намешавад. Ҳангоми содироти молҳо боҷи гумрукӣ бояд надертар аз рӯзи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ пардохт карда шавад. Дар дигар ҳолатҳо ҳангоми содироти молҳо аз сарҳади гумрукии ҶТ ба воситаи нақлиёти лӯлагин на кам аз 50% маблағи боҷи гумрукии содиротӣ на дертар аз 20-уми моҳи таҳвил ва боқимонда на дертар аз 20 моҳи минбаъдаи моҳи тақвимӣ пардохта мешавад.

12. Андози ҳадди ақал аз даромад

Андозсупорандагон
Объекти андоз

Меъёри андоз

Давраи андоз ва мӯҳлати пардохт

-корхонаҳои резидентӣ;
-корхонаҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкориро тавассути муассисаҳои доимии худ анҷом медиҳанд.;
-соҳибкорони инфиродӣ

даромади умумӣ (ба истиснои ААИ, андоз аз фурӯши чакана ва дар мавриди таҳвили нахи пахта ва алюминийи аввалия ба истиснои маблағи ҳисобкардашудаи андоз аз фурӯш)

1% аз даромади умумӣ

соли тақвимӣ, то 10 апрел

Эъломияи солона оид ба андози ҳадди ақал аз даромадҳо барои соли ҳисоботии андоз то 1 апрели соли баъди соли ҳисоботии андоз фарорасанда пешниҳод карда мешавад. Шакл ва тартиби пешниҳоди эъломияи солонаро оид ба андози ҳадди ақал аз даромадҳо мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
Баҳисобгирии маблағи ҳисобшудаи андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ё андоз аз даромади шахсони воқеӣ-соҳибкорони инфиродӣ барои давраи ҳисоботии андоз ба ҳисоби маблағи ҳисобшудаи андози ҳадди ақал аз даромадҳо барои ҳамон давраи андоз анҷом дода мешавад. Агар маблағи андоз аз фоида ё андоз аз даромад камтар аз маблағи андози ҳадди ақал аз даромадхо бошад, андоз аз фоида ё андоз аз даромад пардохта намешавад. Агар маблағи андоз аз фоида ё андоз аз даромад аз маблағи андози ҳадди ақал аз даромадҳо зиёд бошад, андоз аз фоида ё андоз аз даромад бояд ба буҷет дар ҳаҷме, ки маблағи андоз аз фоида ё андоз аз даромад аз маблағи андози ҳадди ақал аз даромадҳо зиёд аст, пардохта мешавад. Дар ҳама ҳолат маблағи андози ҳадди ақал аз даромадҳо бояд ба буҷет дар ҳаҷми пурра пардохта шавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.